Ҳаёт дар ҷазираҳо

Ҷазираҳои уқёнуси ҷаҳон аз рӯи пайдоиш, андоза ва баландияшон фарқ мекунад. Хусусан аз ҷиҳати пайдоиш онҳо материкӣ ё уқёнусӣ шуданашон мумкин аст. Ҷазираҳои уқёнус ҳеҷ гоҳ бо материк пайваста нашудааст. Ҷазираҳои материкӣ қисми континент буда дар таърихи геологӣ ҷудо шудаанд.1.Типҳои ҷазираҳо аз рӯи пайдоиш .
2.Роҳҳои сокиншавии организмҳо дар ҷазираҳо.
3.Ҷинсҳосилшавӣ дар ҷазираҳо.
1.Типҳои ҷазираҳо аз рӯи пайдоиш .
Ҷазираҳои уқёнуси ҷаҳон аз рӯи пайдоиш, андоза ва баландияшон фарқ мекунад. Хусусан аз ҷиҳати пайдоиш онҳо материкӣ ё уқёнусӣ шуданашон мумкин аст. Ҷазираҳои уқёнус ҳеҷ гоҳ бо материк пайваста нашудааст. Ҷазираҳои материкӣ қисми континент буда дар таърихи геологӣ ҷудо шудаанд. Бинобар ин шароит барои инкишофи биота гуногун аст. Ҷазираҳои уқёнусӣ бошандаҳои худро аз уқёнус гирифтанд. Ҷазираҳои материкӣ якҷоя бо бошандаҳои худ аз материкҳо канда шуданд ва дар оянда бо ҷинҳои нав иваз ёфтанд.
Ч. Дарвин муқаррар кард, ки тухми растаниҳо вақти дуру дароз сабзиши худро нигоҳ медоранд. Онҳо бо ҷараёни об, дар рӯдаи парандаҳо, бо хок дар панҷаҳои парандаҳо ва чӯбҳо оварда шуданашон мумкин аст.
Паҳншавии ҳайвонҳоро Дҷ. Грессит ва С. Иошилеото дида баромаданд. Онҳо нишон медиҳанд, ки аз хазандаҳо геконҳо ва суинкаҳо хеле зиёд паҳншуда, дигар гурӯҳи калтакалосҳо, морҳо, намояндаҳои моҳии обҳои ширин дар ҷазираҳои уқёнусӣ кам аст. Ҳашаротҳо хеле зиёд, баъд моллюскаҳои рӯи заминӣ ҷои дуюмро ишщол мекунад. Ҳашаротҳо бо чор роҳ паҳн мешаванд: бо ёрии ҷараёнҳои ҳаво, ҳам суст ва бӯронӣ, ҳам қисмҳои поении атмосфераро дарбар гиранда, ҳам дар қисмҳои болои амосфераро гузаранда; бо дарахтҳои дар оби баҳр шинокунанда; дар паи ва панҷаҳои парандаҳо, бо ёрии инсон. Ҷинсҳои бо инсон паҳншаванда аз дигарҳо хеле фарқ мекунад. Зиёди онҳо арелӣ космополитӣ доранд. Дар паҳншавии растаниҳо инсон роли калонро мебозад. Тухмҳо ва гардҳои растаниҳо гирбод оварда мешаванд. Шумораи организмҳои ба ҷазира оваранда аз андозаи ҷазира, наздикии ӯ ба континентӣ вобаста аст. Агар ду ҷазираи калониаш гуногун ба наздикӣ аз як континент ҷудошуда бошанд дар ҷазираи калонтарин биотаи материкӣ пурра ннигоҳ дошта мешавад, дар хурд бошад нигоҳ дошта шудани таксонҳои калонтари истисно, ҳатто намояндаҳои калонтарини синфи ширхӯрон низ. Одатан ҷазира аз континенти дур ҷойгир шуда бошад биотаи ҳаҷмаш хурд дорад. Дар як манбаи миграсияи ҷинсҳо ба ҷазираҳо, наздиктаринаш ба фаунаи мигрантҳо бой мешавад. Бинобар ин фаунаи ҷазираи наздиктарин нисбат ба дурр бой мебошад. Ин ба флора ҳам тааллуқ дорад. Ҷазираҳои уқёнусӣ ба ин қонуният тобеъ мебошад.
Дар бораи оҳиста маҳв шудани ҷинсҳо дар ҷазираҳо он гувоҳи медиҳад, ки ҷазираҳои на он қадар калони континенталӣ пурра фаунаи уқёнусиро дорад, фарқи аз ҷазираҳои калон.
Бодҳои бӯҳронӣ ба ҷазираҳо на фақат ҳайвон ва растаниҳоро меорад, балки онҳоро гирифта меравад, дарахтҳоро шикаста нест мекунанд. Баъзан тез-тез такроршавии бӯҳрон ҷамоаҳоро масалан бешаи тропикии нам ба вайроншавӣ мутобиқ мешавад ва баъди якчанд сол мутобиқ мешавад. Паҳншавии, дисперсия – фақат марҳилаи ибтидоии мустаҳакамшавии ҷинс дар ҷазира аст. Баъди оварда шудани ҷинс ба ҷазира, ӯ бояд марҳилаи эгзесисро, яъне сикли пурраи инкишофро азпайдоиш дар ҷазира то додани авлоди зинда мегузарад. Ҷинсҳои толерант (тоқатовар) ва эвривалентӣ (яъне имконияти экологии васеъ дошта) марҳилаи эгсезисро нисбати ҷинсҳо кам толерант стенобионтӣ хуб мегузарад.
Эгсезис дар мавҷуд будани шароити мусоид барои ҳаёти организм- рӯшноӣ, гармӣ, намӣ ва хусусан озуқа иҷро мешавад. ӯ бисёр вақт анҷом намеёбад аз сабаби нарасидани яке аз захираҳо. Масалан барои парандаҳо набудани мавзеҳои мутобиқ (қулай) барои лонасозӣ. Дар байни растаниҳо марҳилаи эгсезисро растаниҳои назди соҳил хуб мегузарад, чунки шароити зист ба шароити зисти пештара наздик мебошад. Лекин гузаштани эгсезис, як сикли инкишоф барои муқимӣ шудани ҷинс кифоя не. Дар ҷараёни муқимӣ шудани ҷинс ба ӯ ба шароити нав мутобиқшавиро аз сар мегузаронад, ин шароит ба зисти авлодҳои ӯ мувофиқ не. Дар ҷараёни акклиматизатсия растаниҳо ва ҳайвонҳо то дараҷае хусусиятҳои экологии худро медиҳанд, ки ба зерҷинс ё ҷинсҳои нав табдил меёбанд. Щайр аз акклиматизатсия, ҷинс инчунин ба конкурентсияи ҷинсҳои дар ҷазира ҳаёт баранда мутобиқ шуданаш лозим аст. Конкурентсия бо бошандаҳои кӯҳнаи ҷазира азмарҳилаи эгсезис сар мешавад. Барои ҷазираҳо ҷараёни космополитии биотаи онҳо хос аст. Ин ҷараён то дахолат кардани инсон ба ҳаёти онҳо сар мешавад, чунки доираи муайяни ҳайвон ва растаниҳо ҷазираҳои зиёди уқёнусҳоро забт карданд. Як намуд космополитҳои ҷазираҳо дар минтақа ва маҳалҳои гуногуни иқлим вомехӯрад.
2.Роҳҳои сокиншавии организмҳо дар ҷазираҳо.
Ба шумораи космополитҳо аз растаниҳои бо ҷараёни об, инчунин парандаҳо оварда шуда дохил мешаванд. Инсон аз ҷазира ба ҷазира саёҳат карда ҷараёни космополитизатсияро тезонд. Сураъти ҷойгиршавии ҳайвон ва растаниҳоро дар ҷазираҳо суст. Шумораи ҷинсҳои растании гулдор ва найчадорро ва синни геологии ҷ.Гавайро ба ҳисоб гирифта Ф.Фосберг ба хулоса омад, ки колонизатсияи растаниҳо ба ҳисоби миёна 20-30 ҳазор солро дарбар мегирад, яъне 30-35 маротиба дар 1млн. сол шуда мегузарад. Лекин ин сураътро барои ҳамаи ҷазраҳо қабул карда намешавад. Масалан аттолҳои ҳамвор синни 4000-6000 сол дорад. Аз рӯи ҳисобҳои Ф.Фосберг аттолл Науру синнаш 100000 сол ҳамагӣ 4-5 ҷинси растаниҳо доштанаш зарур буд, лекин дар он наздик 100 ҷинси растаниҳо мавҷуд аст. Барои аттоллҳои ҳамвор як колонизатсияи 200-300сол, барои аттоли бардошташудаи Науру наздик 1000сол, лозим аст. Барои ҷазираҳои уқёнусӣ ду типи шаклёби флора ва фауна мавҷуд аст. Яке а онҳо реликтӣ – дар натиҷаи маҳв шудани ин ё он ҷинсҳои фаунаи ва флораи қадима ба вуҷуд меояд. Типи дуюм – иммигратсиноӣ, бо дур шудани ҷазира аз материк оҳиста шумораи авлодҳои наздик кам мешаванд.
3.Ҷинсҳосилшавӣ дар ҷазираҳо.
Ҷараёни ҷинс ҳосилшавӣ дар ҷазираҳо, нисбат ба континентҳо тезтар, чунки дар ҷараёни мигратсия шумораи ками попуятсия ба ҷазира расида меояд. Ин бе шубҳа ба сураъти эволютсия таъсир мегузорад ва ҷинс ҳосилкуниро метезонад.
Барои ҷинсҳосилшавӣ дар ҷазираҳо шароити зарури изолятсия мебошад.Ҷараёри ҷинсҳосилшавӣ бо гуногуни шароити табии вобастааст: дар ҷазираҳои баланд комплексҳои табии-қаламрав бисёр ва ба пайдоиши зерҷинс ва ҷинсҳо мусоидат мекунад.Дар ҷазираҳои паст шароити табии якхела аст ва имконияти ҷинсҳосилшавиро кам мекунад. Дар ҷазираҳо аз симои ибтидои тащир ёфта мушоҳида мешавад: гигантизм ё андозаи хурд(карлик) сабаб низ
Бисёр вақт барои ҷазираҳо паррандаҳо ва ҳашаротҳои парвоз накунанда хос аст.Барои паррандаҳо дар пайдоиши парвознакунанда, набудани ширхӯрон ҳашаротҳо бодҳои бӯҳрони, ки онҳоро гирифта меравад сабабгор аст.
Дар ҷазирҳои паст марҳилаи инкишофи оҳистаи растаниҳо ва ҳайвонҳо мушоҳида мешавад.
Дар ҷазираҳои мангри ҷамоаҳои обиву-хушкӣ бо иштироки ҳам ба баҳр ҳам ба хушки хос мавҷуд аст.Ин ҷазираҳо, ки аз дарахтҳои мангр иборат аст.Фақат ба мамлакатҳои иҷроише.ки хос аст ва фақат дар вақ т оқибравии об ҷазр кушода мешавад.
Дар маҳалҳои ҳамвор инкишофи ҳаёти рӯи замини зуд баъди кушода шудани ҷазира аз об сар мешавад. Баъди об сабсаҳои сабзу кабуд, ки суб вайрон мекунад ва нитрогенро дар худ медорад, растаниҳои олӣ пайдо мешаванд, ки боқимондаҳои маҳвшудаи онҳо гумус ҳосил мекунад.
Дар ин марҳилаи инкишофи аттолҳо, дар онҳо бутаҳои пемфис ҳукумронӣ мекунад. Баъдтар дар ин ҷо гурӯҳи растаниҳои омехта пайдо мешавад, баъд ҷинсҳои ба шаклҳои гуногуни ҳаёт дохилшаванда пайдо мешавад.Ин ҷамоаҳои растаниҳои илягиҳои регӣ кушод ва ба онҳо шумори калони ҷинсҳои нав дохил шуданаш мумкин. Занҷири озуқа хеле кӯтоҳ.
Дар ҷазираҳои баланди уқёнусӣ (атоллҳои бардошташуда, вулқони ва геосинклиналӣ) таъсири уқёнусҳо оҳиста суст мегардад.
Дар тақсимшавӣ худ ҷамоаҳои ҷазирагӣ ба қонуниятҳои континентали тобеъ шуда аз ҷиҳати структураи амудӣ, уфуқи ва функсионалӣ хеле оддӣ ва аз ҷиҳати таркиби ҷинсҳои растаниҳо ва ҳайвонҳо камбащал аст. Хусусиятҳои номбаршуда, хусусиятҳои ноустувори биотаи ҷазираҳоро дар нисбати таъсири инсон муайян мекунанд. Шумораи хурди популятсияи ҷинсҳои зиёд ба зуд несткарда шудани онҳо аз тарафи инсон меорад.
Бурида шудани бешаҳо ва ташкили плантатсияҳо бисёр вақт барнагарданда аст ва ҷинсҳои хеле зиёд тамоман аз сатҳи Замин нест шудаанд. Аз ҳама катастрофӣ бошурона ё щайришурона овардани ҳаӣвонҳо ба ин ҷазираҳо мебошад. масалан бузҳо дар ҷазираҳои зиёд ҷинсҳои зиёди растаниҳоро нест карданд. Дар ҷ.Еленаи Муқаддас Кермадек флораи зиёд ба худ хоси онҳо нест шуданд.
Посеуми халтадор, ки аз Австралия ба Зеландияи Нав оварда шуд, дар ноҳияҳои зиёди ин мамалакат бешаҳоро нест карданд. Каломушҳо зарари калон меоранд. Онҳо тухм ва чӯҷаҳои парандаҳоро, ки дар Замин лона месозанд нест мекунанд. Масалан дар ҷ.Раул (архипелаги Кермадек) онҳо моҳихӯраки (буривестник) кремадекро пурра нест карданд. Хукҳо ҳам зарари калон меоранд. Дар Зеландияи Нав онҳо отряди эндемикии – гаттерияро, парандаи парвоз накунандаи киви ва тӯтӣ бумро қариб нест карданд. Овардани щизоли европои ба несткардани майдони калони бешаҳо овард. Ин тавр мисолҳоро хеле зиёд овардан мумкин аст.

455
Нет комментариев. Ваш будет первым!