Минтақанокии баландӣ дар тақсимоти организмҳои хушкӣ (рӯизаминӣ)

Агар ба хусусиятҳои тақсимоти баландӣ ҷамоаҳоро дида набароем, тавсифи биомҳои хушкӣ пурра намешавад. Фарши растаниҳо ва нуфуси ҳайвонҳои кӯҳ бо тащирёбии минтақаҳо аз домана то қуллаи ӯ ё то худи ҳудуди болои мавҷудии ҳаёт меёбад. Ҳамдигарро ивазкунии растаниҳо ҳайвонот дар кӯҳҳо тасма (дар ҳамворӣ минтақа) меноманд.Нақша:
1.Сохтори (структураи ) минтақанокии баландии кишварҳои кӯҳӣ дар арзҳо в регионҳои минтақаҳои гуногун.
2. Минтақанокии системаи кӯҳҳо.
1.Сохтори (структураи ) минтақанокии баландии кишварҳои кӯҳӣ дар арзҳо в регионҳои минтақаҳои гуногун.
Агар ба хусусиятҳои тақсимоти баландӣ ҷамоаҳоро дида набароем, тавсифи биомҳои хушкӣ пурра намешавад. Фарши растаниҳо ва нуфуси ҳайвонҳои кӯҳ бо тащирёбии минтақаҳо аз домана то қуллаи ӯ ё то худи ҳудуди болои мавҷудии ҳаёт меёбад. Ҳамдигарро ивазкунии растаниҳо ҳайвонот дар кӯҳҳо тасма (дар ҳамворӣ минтақа) меноманд. Одатан дар бораи минтақаҳои баландӣ сухан меронанд, баъзан минтақаҳои амудӣ. Чӣ тавре, ки К.В. Станюкович нишон медиҳад, дар зери минтақанокии растаниҳо мо паҳншавӣ зиёд ё ками яхелаи уфуқӣ растаниҳоро дар кӯҳҳо, ки аз як ё як чанд типии растаниҳо табии ҳамдигарро ивазкунанда ташкил ёфтааст мефаҳмем. Ин муайнкуниро пурра ба биотсенозу минтақаи биом, оробиом қабул кардан мумкин аст. Байни минтақаҳои арзӣ ва минтақаҳои баландӣ фарқи принсипиалӣ мавҷуд. Ин фарқиятҳо: васеии минтақаи арзӣ бо садҳо км.чен карда мешавад, васеии минтақаҳои баландӣ саҳо метр, баъзан км мерасад. Дар доираи ҳар як минтақа ҷамоаҳои майдони калонро ишщол мекунад, дар баландтҳои кӯҳ ин тавр не. Омилҳои муайянкунандаи хусусияти минтақанокии арзӣ ва минтақанокии баландӣ гуногун аст. Дар ҳамворӣ ҷамоаҳои экстраминтақавӣ ва интраминтақавӣ инкишоф меёбад. Ҳамин тавр дар кӯҳҳо ҷамоаҳои берунмнтақавӣ ва байниминтақавӣ ривоҷ ёфтааст. Барои тақсимоти ҷамоаҳои гуногун характери ҷинсҳои кӯҳӣ аҳамияти калон дорад, масалан растаниҳои оҳаксанг, гранитҳо ва щ.қатъи фарқ мекунад. Тақсимоти ҷамоаҳо бо дараҷаи калон азнишебӣ ва экспозитсияи нишебиҳо вобаста аст. Др нимкураи шимолӣ ҷамоаҳои нишебиҳои ҷанубӣ гармихоҳ ва хушкихоҳ ҷамоаҳои нишебиҳои шимопӯлӣ хунуки тобовар ва намихоҳ мебошанд. Одатан дар нишебиҳо ҷанубӣ нисбат ба шимолӣ мнтақаҳои баландӣ бо баландӣ ҷой иваз мекунанд, бинобар ин ҳам ҳудуди болоӣ ва ҳам поёнӣ дар баландӣ мехобад. Нишебӣ ба тақсимоти ҷамоаҳо, хусусан растаниҳо аҳамият дорад, чунки гармшавӣ нишебиҳо аз кунҷи байни нишебӣ ва шуои офтоб вобастааст. Дар кухуи мамлакатхои бо иклими нам минтакаи як болои экспозитсияи нишебиҳо гуногун тавсиф медиҳад. (минтақаҳои бук(олаш) ё 140 коҷ (елҳ) дар Алп минтақаҳои коҷи баргрези даур Сибири Шарқӣ ). Дар кӯҳҳои мамлакатҳои бо иқлими хушк ё мӯтадил нами минтақаҳо ассимеитри ҷой мегиранд. Гуногунӣ минтақаҳо мушоҳида мешавад. Масофае байни сарҳадҳои минтақаҳои баландӣ гуногун аст. Янҳо вобаста аст аз сурати тащӣрёби шароити иқлим аз рӯи баландӣ. аз андозаи амплитудаи экологӣ ҷинсҳои растаниҳои ҳукумрон ( доминаҳоӣ), ки ҷамоатҳои асосӣ минтақаҳоро ҳосил мекунад. Масалан дар Сибири Шарқӣ васеги минтақаи бешаи коҷи баргрез аз рӯи амудӣ 1000 -1500 м такил мекунад, васеги минтақаи бутаҳои ҷалщӯза (кед) ҳамагӣ 50-70м. Сарҳади минтақаҳо базан уфуқи мешавад одатан каҷу -клеб вобаста аз нишебӣ. Нуфуси ҳайвонҳоӣ баландкӯҳҳо аз кӯҳҳои паст фарқ мекунанд. Кӯҳҳои паст аз ҳамворӣ кам фарқ мекунад.Барои баландкӯҳҳо хос аст: фишори пасти ҳово пасти ки барои ҳайвонҳо муҳим аст фишори партисалии оксиген, паст радиатсияи офтоб хеле пурзӯр бо фарқияти қатъи ҳарорати шабонарӯз. ҳарорати баланди рӯз ба гармшавии хок мусоидат мекунад. Умуман шароити мавҷуди дар баланд кӯҳҳо пессимал ва интиоби сахти ҷинсҳо мавҷуд бинобор ин таркиби ҳайвонҳо яхела. Дар кӯҳҳо ҷинсҳои васепаҳншуда ва тангпаҳншударо во мехҳран. Бошандаҳои баландкӯҳҳо ба тангшуда таалуқ доранд.ҷинсҳои васепаҳншуда-эврибионт, эврифак.Аз бемӯҳрадорон канаи ях мӯҳрадорон кӯҳӣ бузи кӯҳӣ дар Амеркаи ҷануби ҷинсҳои щизои шутури бе дӯнг (лама) бо паҳн шавии танг хос аст. Маълумоти камбащали фаунаи баландкӯҳ: Аз 240 ҷинси моллюскаҳои Тирол (Австрия) -80 ба минтақаи алпӣ дохил шавад, ба минтақаи нивал (хунук, барфӣ), ҳамагӣ 8 то. Дар Алпи Швейтсария дар бешаи сӯзанбарг 97 ҷинси шапарак дар баландкӯҳ 27 дар минтақаи субннивал 8 то ҳаёт мебарад. Аз парандаҳо мурщи марҷони кӯҳи (улар) – бошандаҳои кӯҳҳои Кафказ, Осиёи Миёна, Осиёи Марказӣ танг паҳн шудааст.
Кабки тундра дар Олтой ва Саян аз 2500м поён ҳаёт намебарад, дар Шимол дар тундраи ҳамвор ҳаёт мебарад. Растаниҳо ва ҳайвоноти кӯҳиӣ дар Алп шиддатнок омӯхта шуданд, бинобар ин номҳои онҳо аз ин ҷо бармеояд, алпӣ, субалпӣ.
К.Тролл профили амудии тащирёбии минтақаҳои кӯҳӣ аз Арктика то Антарктида сохтааст. Ба фикри ӯ ин схема хусусияти минтақаҳои баландиро инъикос мекунад. Дар профил нишондода шудааст, ки хати барф дар 80°а.ш дар сатҳи баҳр ҷой гирифтааст. Тадриҷан болошуда дар 30°а.ш ба 6000м мерасад, баъд несшуда дар экватор 5000-4800м мерасад, баъд боз баланд шуда дар 25°а.ҷ ба 6000м мерасад баъд оҳиста паст шуда дар мобайни 60ва 70°а.ҷ то сатҳи баҳр паст мефарояд. Сабаби гуногунии типи минтақаҳо дар навбати аввал бо хусусиятҳои бо шароити иқлим вобаста аст.
2. Минтақанокии системаи кӯҳҳо. Минтақанокӣ дар системаи кӯҳҳои минтақаҳои мӯътадили нимкураи ҷанубӣ ба тропикаҳои нимкураи Шимолӣ монанд аст. Ин бо зиёд будани нами ҳаво дар нимкураи Ҷанубӣ вобастаст. Дар регионҳои хушк фарқ мекунад. Дар Баҳримиёназамини хушк қатор минтақаҳои ҳамавақт нам мавҷуд аст.
Барои зерминтақаи тайгаи шимолӣ Авруосиё ивазёбии чунин минтақаҳо мавҷуд: 1.Минтақаҳои бешагӣ, коҷи-санавбарӣ,(сосновқй – берёзовқй) 2.минтақаи каҷбешаи тӯсӣ 3. Минтақаи тӯсии ё ҷалщӯзагӣ 4. Минтақаи тундраи кӯҳӣ 5.минтақаи даштии сангин .
Дар Осиё чунин минтақаҳо хос аст – чӯл, бешачӯл, беша, субалпӣ ва алпӣ. Дар Осиёи Миёна ва Баҳримиёназамин вобаста аз хушкӣ ё намӣ шароит гуногун аст. Мисоли минтақанокиии кӯҳҳои субтропикӣ ва тропикӣ Ҳимолой шуда метавонад. Барои кӯҳии субтропикӣ дарахт, баъд бута, баъд боло майдабуттагӣ хос аст. Сарҳади поении мавҷудии давраи хунук дар Ҳимолой аз баландӣ 1800- 2000м мегузарад. Дар ҳамин баландиҳо ҷинсҳои сӯзанбарг пайдо мешавад, аз баландии 3000- 3800м бешаҳои тоза сӯзанбарг- сарв(пихта), коҷ (елҳ) мавҷуд аст. Дар минтақаҳои алпӣ ва субалпӣ ҷамоаҳои алаф болиштак дар баландии 5000 вомехӯрад. Хати барф дар баланди 5700м аз он баландтар мехобад. Дар Андӣ тропикӣ – ва экваториалӣ- то 1000м баландӣ бешаи тропики нам аз он баландтар дарахтҳои сӯзанбарг бамбук ва папоритникҳои дарахт монанд зиёд мешавад. Дар баландии 2000- 3000м, то 3800м – нефелогилейҳо (бешаҳои тропики туман) ривоҷ ёфтааст, ки хеле ба худ хос аст. Онҳо хеле паст. Эмерҷентҳо нест. Баландии шохҳо як хел. Дар ин кӯҳҳо гули печон ва эпифитҳо хеле зиёд аст.
Аз баландиҳои 3000-3800 то 4500м ҷамоаи ба худ хос мавҷуд аст, ки дар Анд парамос ном дорад. Обу ҳаво сард ва хеле ноустувор шамоли хунук бо борон, баъзан бо барф дар давоми ҳамаи сол шуданаш мумкин аст. Ба онҳо растаниҳои аз оилаи мураккабгулон хос аст, рангашо хокистарӣ- бӯр хӯшадорон ҳам мавҷуд. Дар Анди марказӣ (Перу) се минтақаро фарқ мекунанд: Минтақаи поёнии Серра. Ин саваннаи камбащал, дар давраи сабз. Дар баландии~4000м бо пуно иваз меёбад. Пунаи нормал, хушк ва ш ӯр фарқ мекунанд. Пунаи нормал дар давомнокии давраи хушк 4-7 моҳ миқдори боришот 400- 100мм дар як сол инкишоф меёбад, қадаш паст баъзе аз онҳо 4м ва 10м мерасад. Инҳо – круика, полевиса, астрагал, геран, бунафша (фиалка), нардсунбул(валерианка) ва щ.мебошанд.
Дар Пунаи хушк – давраи хушки зиёда аз 7 моҳ давом мекунад, боришот аз 400мм кам, ҳарорати минималӣ то – 30°, бӯрони сахт. Буттаҳои ҳамешасабз аз оилаи мураккабгулон- гули ханҷарӣ (кактус), тола ҷащаз ва щайра хос аст. Миқдори боришоти солона аз 100мм кам бошад пунаи шӯр вомехӯрад. Растаниҳои қариб нест- намояндаҳои шӯрзамин- шӯра, триостренник, нитрофил ва щайра иборат аст. Дар Африка типи минтақаҳо ба типии Андии марказии наздик ва дар нишебиҳои кӯҳҳои Климанҷаро ва Кения мушоҳида мешавад.
Минтақаи баландӣ дар минтақаи мӯътадили нимкураи ҷанубӣ аз Шимолӣ сахт фарқ мекунад. Масалан дар ҷазираи Ҷанубӣ Зеландияи Нав бешаҳо аз олаши (бук) Ҷанубӣ ва зеркарпус тамоман нест карда шудааст ва бо ҷамоаҳои бегона, ки оварда шудааст, иваз ёфтааст. Баландтар дар минтақаи субалпӣ ва поёнтар аз алпӣ растаниҳо аз туссакҳо иборат, ки баландиҳои 750- 1600м ишщол мекунанд. Боз баландтар (дар баландии ~1600м) туссакҳо бо алпӣ боло иваз ёфта, дар қитъаҳои сангин лишаӣникҳои буттагӣ ва пӯстӣ инкишоф ёфтааст, дар ҷойҳои ҳамвор аз ҷинсҳои оилаи эпакрифҳо, мураккабгулон, норичникҳо, чатргулон, бурачникҳо иборат аст.

488
Нет комментариев. Ваш будет первым!