Тавсифи биомҳои асосӣ хушкӣ

Агар дар шаклёби флора ва фауна роли асосиро сабабҳои таърихӣ бозад, дар барқароршави фарши растаниҳо ва нуфузи ҳайвонот бошад омилҳои иқлимӣ аз ҳамма муҳим.Нақша:
1.Ҷамоаҳои минтақавӣ, интерминтақавӣ, экстраминтақавӣ.
2. Тавсифи ҷамоаҳои минтақавии асосии курраи Замин: биёбонҳои хунук қутбӣ, тундраҳо, бешатундра, бешаҳои сӯзанбарги минтақаи мӯътадил, бешаҳои паҳнбарги минтақаи мӯътадил.
1.Ҷамоаҳои минтақавӣ, интерминтақавӣ, экстраминтақавӣ
Агар дар шаклёби флора ва фауна роли асосиро сабабҳои таърихӣ бозад, дар барқароршави фарши растаниҳо ва нуфузи ҳайвонот бошад омилҳои иқлимӣ аз ҳамма муҳим. Дар зери таъсири омилҳои иқлимӣ хусусияти минтақавӣ бионҳо шакл ёфтааст. Локин минтақаҳо аз рӯи характери фарши наботот ва нуфузи ҳайвонот дар т\\ли худ як хел не. Онҳо фарқи регионалӣ доранд. Ба монандӣ иқлим нигоҳ накарда дар қисмҳои гуногуни мердионалӣ як минтақа ҷамоаҳои қисмҳои гуногун аз рӯи ҷинсҳои, растаниҳо ва ҳайвонҳои, ки ба таркиби онҳо дохил мешаванд фарқ мекунанд.
Ҳар як қаламрав қатори ҷамоаҳои худро доранд. Ҷамоаҳои минтақавӣ хокҳои таркиби механикӣ миёна доштаро, ки бо чим пӯшидашудаст ишщол мекунанд. Одатан онҳо дар доираи зона майдони васеъ доранд.
Щайр аз ҷамоаҳои минтақавӣ, дар ҳар як минтақа ҷамоаҳои интерминтақавӣ ва экстраминтақавӣ вомехӯранд. Ҷамоаҳои интерминтақавӣ дар ягон маҳал минтақаи худро ҳосил намекунанд, локин дар якчанд шароити ҷайри минтақавӣ ҳамсоя ё ҳатто дар ҳамаи минтақа вомехӯранд. Баъзан ҷамоаҳои интерминтақавӣ ки ба шароити щаӣри минтақавӣ як чанд минтақаи ҳамсоя хос ва минтақавӣ, ки ба шароити щайри минтақавӣ ҳаммаи минтақаҳои хушкӣ хосро фарқ мекунанд. Локин дар байни ин котегорияҳо фарқи реалӣ нест. Категорияҳои калони биотсенотики, типҳои растаниҳо (масалан: алафзорҳо, ботлоқҳо) дар ҳаммаи ё қариб ҳаммаи минтақаҳо мавҷуд. Паҳншавӣ категории хурдтар (масалан синфи форматсияи) фақат бо як чанд минтақаҳо маҳдуд мешавад. Растаниҳо ва ҳайвонҳои интерзонали хусусияти он минтақаро ба худ мегиранд, ки бо ӯ вобаста аст бинобарин, дар минтақаҳои аз ҳамдигар дурр ҷойгиршуда онҳо нисбат ба ҳамсоя камтар монанд.
Растаниҳо ва ҳайвонҳои экстраминтақавӣ берун аз доираи додашуда ҷамоаҳои минтақавӣ ҳосил мекунад, лекин аз ҳудуди минтақаи худ берун баромада ба шароити щайриминтақавӣ мутобиқ мешаванд. Масалан бешаҳои паҳнбарг, ки дар чӯл минтақаи махсусро ҳосил мекунанд, дар обтақсимкунак вонахӯрда, баръакс дар нишебиҳои води дарё мефароянд.
Ҳамин тавр дар ҳар як минтақа дар обтақсимкунакҳои чимпӯшида растаниҳои минтақавӣ, дар шароити щайриминтақавӣ- интра- ва эксра минтақавмро дар якҷоягӣ вомехӯрем. Ин ҷамоаҳо барои ҳар як минтақа нақшу нигори хосро ҳосил мекунанд. Ботаник Г.Валтер дар асари худ «Набототи курраи Замин» схемаи континенти идеалиро меорад, ки К.Тролл пешниҳод карда буд. Ин тавр схемаҳоро бисёр олимон сохтанд, аммо схемаи Г.Валтер қабул карда аз ҳама асосноккарда шуда мебошад. Дар континенти идеалӣ ҳамин тавр расми фарши растаниҳо ва нуфузи ҳайвонот дода шудааст, ки агар дар сатҳи хушкии кӯҳҳо набошад ва сарҳади байни хушки ва баҳр меридионалӣ бошад, тӯлкашии хушкӣ бошад аз щарб ба шарқ дар арзҳои гуногун дар миқёси муайян ба тӯлкашии ҳақиқӣ мувофиқ бошад. Минтақаҳо умуман аз щарб ба шарқ тӯл кашидааст ва ба арзҳои муайян вобаста шудааст: онҳо ассиметрӣ, яъне ё қисми фақат щарбӣ, ёфақат қисми шарқӣ, ё фақат қисми марказӣ континентро ишщол мекунанд. Ин схема қонуниятҳои ҷойгиршавии географии ҷамоаҳои минтақавиро дар сатҳи Замин фаҳмиданро сабук мегардонад.
2. Тавсифи ҷамоаҳои минтақавии асосии курраи Замин: биёбонҳои хунук қутбӣ, тундраҳо, бешатундра, бешаҳои сӯзанбарги минтақаи мӯътадил, бешаҳои паҳнбарги минтақаи мӯътадил.
Биёбонҳои хунук (қутбӣ).Растаниҳо фарши бутун ҳосил намекунанд. Бисёр вақт 70% ва аз он зиёд сатҳи онҳо аз хокҳо шащал, санлоқ иборат аст, ки растаниҳои олиро надоран. Барф на он қадар щафс ва бо шамолҳои сахт рӯфта мешавад. Бисёр вақт фақат фақат чимҳои алоҳида дар байни сангҳо вомехӯрад ва фақат дар мавзеҳои паст фарши растаниҳо зич намоён мешавад. Хусусан дар мавзеҳое, ки парандаҳолонаҳои хеле зиёд месозанд, хок бо экскрементҳо бой мегардад растаниҳо хуб инкишоф меёбанд. Дар доираи биёбонҳои қутбӣ парандаҳои бо баҳр вобаста набуда хеле кам. Ҷинсҳои маконӣ (калониалӣ) хеле зиёд, ки бозори парандаҳоро ҳосил мекунанд. Дар биёбонҳои қутбӣ шимолӣ- муощобии шимолӣ (гага), моҳихӯрак (чайка) дар ҷанубӣ- пингвинҳо, лойхӯракҳо хеле бисёр. Бозори парандаҳо бо харсангҳо ё хоки мулоим вобастааст, ки дар ин мавзеҳо парандаҳо лона месозанд. Аз ширхӯрон лемингҳо мавҷуд, лекин шумораи онҳо хеле кам. Аз растаниҳо ушнаҳо (мох, лишайник) гулдорҳо ҳам мавҷуд- лола қазоқи қутбӣ ва щ. дар бордоркунӣ ин растаниҳо ҳашаротҳо, дар навбати аввал ору ва капалакҳо иштирое доранд. Занҷири озуқа кӯтоҳ.
Захираи фитомасса дар биёбони арктикӣ 2,5-50 с/га-ро ташкил мекунад, маҳсулоти солонааш бошад аз 10 с/га камтар.
Тундраҳо – шароити сахти сабзиш характернок. Давраи вегетатсионӣ кӯтоҳ 2-2,5 моҳ. Дар ин давраи тобистон офтоб ба хати уфуқ намефарояд. Боришот кам дар як сол 200-300мм. Шамол сахт, хусусан дар зимистон тунд, барфи камро ба мавзеҳои пасти релеф рӯфта мебарад. Ҳатто дар тобистон ҳарорати шаб аз 0° поён мефарояд. Ҳарорати миёнаи июл аз 10° зиёд не. Яхбандии бисёрсола на он қадар чуқур. Дар зери хокҳои торфӣ табақаи яхбандии бисёрсола аз 40-50см чувқур намефарояд. Дар ноҳияҳои шимолтар бо хокҳои яхбандии мавсимӣ як мешавад ва фарши бутун ҳосил мекунад. Хок таркиби механикии сабук дорад ва дар тобистон то чуқурии 1м ва зиёдтар яхаш об мешавад. Дар мавзеҳои паст, ки бисёрбарф ҷамъ мешавад яхбандии бисёрсола чуқур мефарояд ё тамоман намешавад. Релефи тундра ҳасъмворшуда намебошад, қитъаҳои баланд шуда вомехӯрад.
Тундраи сертеппа мавҷуд, ки теппаҳои баландияшон 1-1,5, васегиашон 1-3м характернок. Дар тундраи баланд тепа баландии онҳо 3-4м, диаметрашон 10-15м. масофаи байни теппаҳо аз 5 то 20-30м. тундраи калонтеппа дар қисми ҷанубтарини тундра мавҷуд.
Набототи тундра бо набудани дарахтҳо ва бисёр будани лишайникҳо ва ушнаҳо хос аст. Аз лишайникҳо ҷинсҳои буттагӣ зиёд. Инҳо авлодҳои CladoniaCelraraSterlocaulon ва щайра, ки сабзиши солона дорад. Аз рӯи маълумотҳои С.Н.Андрева сабзиши солонаи каледонияи бешагӣ аз 3,7 то 4,7мм, каледонияи хушрӯи 4,8-5,2мм, сетрарияи кулоҳчадор-5-6,3мм, сетрарияи барфи 2,5-5,2см, стереокаулон- 4,8мм. Бинобар ин оҳуи шимолӣ давраи тӯлонӣ щизо гирифта наметавонад. Фарши набототи тундра хеле камбащал. Растаниҳои яксола кам, чунки давраи вегетатсионӣ кӯтоҳ. Аз растаниҳои бисёрсола ҷинсҳои зимистонаи сабз зиёд. Буттаҳо хеле зиёд, инчунин растаниҳои алафӣ чимӣ. Ҳамаи ин намуд ҷинсҳо ба замин часпида гармиро сарфа мекунад.
Тундраро аз рӯи фарши растаниҳо ба се зерминтақа тақсим кардан дуруст: арктикӣ, ки тундраи ранго-ранг паҳн шудааст; хос (типикӣ), растаниҳои буттагӣ ва лишайникҳо зиёд, ҷанубӣ, ки торфяникҳои ҷамоаҳои бешагӣ бо водиҳои дарё ба масофаҳои калон дохил мешаванд.
Барои тундра фарқияти растанихо барои обтаксимкунак ва пастихо хело хос аст. Растаниҳои Обтақсимкунак буттаҳои рӯи замин ва буттаҳо бошанд
дар пастиҳои колон 1-1,5 ва зиёдаро мешавад. Хоки Тундра ботлоқшаванда
мебошад.Дар Тундра мавсими зимистона ва тобистона дақиқ ҷудо мешава.Бинобар байни ҳайвонҳои тобистона ва зимистона фарҷият сахт
Ҷинсҳои зиёди паррандаҳо дар зимистон тундраро тарк менамоянд.
Дар тобистон ҷинсҳои зиёди паррандаҳои обӣ-щоз, мурщоби, мурщи куҳи,
Лойхурак, лонамесозанд.Шумораи ҷинсҳои зимистонгузаронӣ мемонанд хело
Кам мушоҳидаи инҳо аз ширхурон-гавазниёбоии шимоли лемингҳо мӯши саҳрои рӯбоҳи шимоли, аз паррандаҳо кабки тундра, буми қутби, ва щ.
Хояндаҳо дар зимистон ба ҷойҳои нисфи, нисфи барфаш зиёд мешаванд.
Дар тундра худ аз худ бордоршавӣ растаниҳо ва бордоршавӣ бо ёрии шамол васеъ паҳншуда аст. Ҳашаротҳо гулҳоро кам зиёрат мекунанд. Бордоркунандаи ягона ин говзанбӯр мебошад.
Фитомасса дар тундраи арктикӣ хеле хурд ~ 50с/га аз онҳо 75с/га ба ҳиссаи органҳои зеризамина рост меояд, 15с/га ба ҳиссаи рӯизамина, аз он ҷумла 10с/га ба ҳиссаи органҳои фотосинтезкунанда.
Дар тундраи буттагӣ фитомассаи умумӣ аз 280-500с/га зиёд не, маҳсулоти ибтидоии солона 25-50с/га, аз он ҷумла қисми зеризамина 23, бисёрсолаи рӯизамина 17, сабз- 32с/га .
Дар субантарктикаи нимкураи Ҷанубӣ захираи фитомасса дар шароити хуб аз 500с/га зиёд намешавад, лекин маҳсулоти солона 2-3 маротиба нисбат тундраи буттагӣ зиёд.
Бешатундра (лесотундра). Одатан ботаник-географҳо бешатундраро қитъаи гузариш ҳисоб карда бисёрвақта ӯро ба тундра дохил мекунанд. Лекин нуқтаи назари биогеграфиро ба назар гирем- ин минтақаи махсус, ки биотсенозаш ҳам аз тундра, ҳам аз беша фарф мекунад. Барои бешатундра бешаи тунук хос астдар байни буттаҳо шумораи зиёди парандаҳои лонасоз пайдо мешаванд. Шумораи щизоии тухмӣ зиёд мешавад ва ба зиёдшавӣ ва гуногунии мушҳо меорад. Яхбандии бисёрсола чуқур мефарояд. Барои бешатундра ҷинсҳои гуногуни тӯс, арча, коҷи баргрез хос аст.
Бешаҳои сӯзанбарги минтақаи мӯътадил. Ин ҷаоаҳо фақат барои минтақаи мӯътадили нимкураи шимолӣ хос аст. Онҳо аз сӯзанбаргҳо- коҷ (арча), сарв(пихта), санавбар(сосна), кедр, коҷи баргрез хос ташаккул меёбанд. Дар доираи ин минтақамоҳи аз ҳама гарм ҳарорати +10-+19°, аз ҳама хунук -9–52° дорад. Қутби хунук дар доираи ҳамин минтақа ҷой мегирад. Давомнокии мавсими ҳарорати миёнаи моҳона аз 10° зиёд не. Ин хел моҳҳо 1-4. давраи вегетатсионӣ хеле кӯтоҳ. Хусусияти бешаҳои сиёҳбарг оддӣ. Шумораи табақаҳо одатан 2-3. щайр аз табақаи дарахт, табақаҳои алафӣ ё алафию- буттагӣ ва ушнагӣ ривоҷ ёфтанаш мумкин. Растаниҳои сабзи зимистона ҳам мавҷуд- брусинка, грушинка.
Дар бешаи сӯзанбарги сиёҳ ҷараёни ҳаво суст, шамол нест. Бинобарин тухмҳои растаниҳои табақаи поён хеле сабук ва бо ҷараёни сусвти ҳаво ҳам аз як ҷой ба дигар оварда мешавад. Овардани бисёр тухмҳоро ҳайвонҳо иҷро мекунанд, меваҳояшонро хӯрда. Инчунин тухмҳои растаниҳоро аз як ҷой ба дигар мӯрчаҳо мекашонанд. Дар тайга чун дар дигар бешаҳо ҳайвонҳои пода-пода кам. Хук дар зимистон гавазни шимолӣ ва гург вомехӯрад. Дар байни парандаҳои даранда- уқоб (лочин, ястреб) характернок. Фарқи ҳайвонҳои тобистона ва зимистона на он қадар қатъи. Нуфузи ҳайвонҳо камбащал. Ҷинсҳои хеле зиёди ширхӯрон ва парандаҳо, ки щизояшон бо дарахт вобаста аст, хуб ба дарахт баромада метавонад ва дар дарахт ҳаёт мебаранд. Ҳамин тавр санҷоб, бурундук. Аз парандаҳо – пишуха, эзорсурхак ва щ. силовсин, хирси сиёҳ ба дарахт хуб баромада метавонанд. Ширхӯрони сумдори заминӣ тайга шоҳгавазн, аз хояндаҳо муши саҳроии зард, аз ҳашаротхӯрон- муши саҳрои мавҷуд.
Амплитудаи тащирёбӣ шумораи хояндаҳо дар бешаҳо аз он ҷумла дар тайга, на он қадар зиёд, к ибо иқлими камтар сахт вобаста аст. Тайга ба тйгаи шимолӣ- ушнаҳои коҷи васеъпаҳншуда, марказӣ- зимистон сабз зиёд ва ҷанубӣ тақсим мешавад, ки дар байни дарахтҳо паҳнбаргҳо ва алафи бешаи паҳнбаргҳо зиёд мешавад. Биомасса дар доираи тайга вобаста аз типии беша хеле тащир меёбад, ки аз бешаҳои тайгаи шимолӣ ба бешаҳои ҷанубӣ зиёд мешавад. Дар тайгаи шимолӣ 800-1000с/га, дар марказӣ 2600, дар ҷанубӣ аз 2800 (дар санавбариҳо) то 3500с/га (дар коҷзорҳо) ташкил мекунад. Биомассаи рӯизамина аз зеризамина хеле зиёд. Зеризамина 1/3- ¼ ҳиссаи рӯизаминаро ташкил мекунад. Ба ҳиссаи бофтаҳои ассимилясиякунанда 60- 165с/га рост меояд. Маҳсулоти ибтидои аз 60-50с/га такрорӣ 100 маротиба камтар ва аз ҳисоби истеъмолӣ моддаҳои органикӣ мурда- сапрофагҳо (бактерия, замбӯрощ, лойхӯраки боронӣ) ташкил меёбанд.
Бешаҳои паҳнбарги минтақаи мӯътадил дар шароити иқлими мулоимтар месабзад. Шароити мавҷудӣ дар онҳо бо шароити мавҷуди дар тайга ва бешаҳои рӯшан Сӯзанбарг монанд, лекин фарқияти муҳим ҳам дорад. Пеш аз ҳама фарқан аз ҷинсҳои сӯзанбарг, дарахтҳоипаҳнбарг дар зимистон хазонрез мебошанд. Бинобар ин дар авали баҳор дар ин бешаҳо дарахтҳо луч мебошанд ват аги онҳо рӯшноӣ. Вобаста бо ин дарахтҳои зиёд (булут, олаш ва щ.) якҷоя бо баргбарорӣ гул мекунанд, буттаҳо пеш аз баровардани барг. Хазонрезаи зиёд сатҳи хокро бо қабати щафси мулоим рӯйпӯш мекунад. Дар зери ин хел қабат ушнаҳо дуруст намесабзад. Рӯпӯши мулоим хокро аз хунукӣ эмин медорад ва дар зимистон яхбандӣ намешавад ё хеле кам. вобаста аз ин як қатор алафҳо дар зимистон ба сабзиш сар мекунанд. Ҳамин тавр алафҳо давраи кӯтоҳи баҳорро барои инкишофи гулҳо истифода мебаранд. Дар ин бешеҳо гурӯҳи эфимерҳои баҳорӣ, дар авали баҳор шукуфта баъд вегетатсия ё органҳои рӯизаминаи худро гумм мекунанд, пиёзи щозӣ ва щ. щунчаҳои ин растаниҳо аз тирамоҳ инкишоф ёфта бо щунча ба зери барф мемонад, авали баҳор дар знри барф шукуфтан сар мекунад.
Қабати щафси баргҳо барои зимистонгузаронии беемӯҳрадорон имкон медиҳад. Бинобар ин фаунаи хок бой. Дар онҳо кӯрмуш хеле зиёд.
Табақаи структурӣ нисбати бешаҳои сӯзанбарг мураккаб. Дар онҳо аз якто се табақаи дарахтӣ, ду табақаи буттагӣ, ду – се табақаи алафӣ ҷудо карда мешавад. Дарахтҳои паҳнбарг бо сохти тана ва шохҳояшон ширхӯрон ва парандаҳои зиёдро барои зист ба худ ҷалб мекунад. Табақанокии беша имкон медиҳад, ки ҷинсҳои зиёди парандаҳо ҳаёт баранд.
Фаъолияти кофтани ҳайвонҳо ба инкишофи чим мусоидат мекунад. Щайр аз мӯҳрадорон дар тащирёбии хок мӯрчаҳо роли калонро мебозанд. Ҷинсҳои зиёди ҳайвонҳо щизогирии махсус доранд. Бо тухми дарахтҳо щизокунанда хеле зиёд. Аз сабаби бод хеле суст буданаш, дар ин бешаҳо ҳашаротҳо хеле зиёд. Зараркунандаҳои – баргхӯр, мевахӯ рва щ. хеле зиёд аст.Бешаҳои паҳнбарг ҳамаи нимкураи шимолиро фарш намекунад. Онҳо дар Европа паҳн шуда мебошанд, дар пешкӯҳи ОлтощиКузнетск, қаламравҳои калони ҷазираҳои Шарқи Дурро ишщол мекунад, инҳо инчунин дар шарқи Америкаи Шимолӣ месабзанд.
Дар нимкураи Ҷанубӣ, дар Патагония ва Замини Оташфишон бешаҳои паҳнбаргро олаши (бук) ҷанубӣ ҳосил мекунад, дар таркиби онҳо ҷинсҳои ҳамешасабз, масалан қарақот мавҷуд.
Биомассаи бешаҳои паҳнбарг ба биомассаи ҷамоаҳои сӯзанбарги ҷанубӣ наздик, аз рӯи ҳисобҳои Л.Е.Родин ва Н.И.Базалеевич – 3700-4000 с/га, аз рӯи ҳисобҳои П.П.Второва ва Н.Н.Дроздов- 4000- 5000 с/га баробар. Маҳсулоти ибтидоии аз рӯи ҳис. Л.Е.Родин ва Н.М.Базилеевич ба 90-100с/га, з рӯи ҳисобҳои П.П.Второва ва Н.Н.Дроздов 100-200 с/га баробар.

462
Нет комментариев. Ваш будет первым!