Маркетинг дар низоми бонкӣ

Нақша:

1. Маркетинги бонкӣ – қисми таркибии маркетинги молиявӣ.

2. Нақша ва вазифаи маркетинги бонкӣ.

1. Маркетинги бонкӣ – қисми таркибии маркетинги молиявӣ.

Маркетинг – ин раванди банақшагирӣ ва ҷори намудани ақидаҳо, нархгузорӣ, пешбарӣ ва ба амалбарории ғояҳо, молҳо ва хизматҳо, ки бо воситаи ивази онҳо талаботи шахсони гуногун ва ташкилотҳо қонеъ гардонида мешавад.

Маркетинги молиявӣ – ин ифодакунандаи муомилаи низоми сармоягузор — фурӯшанда ба идоракунии раванди фурӯши дороиҳои молиявӣ (пул, қоғазҳои қиматнок, санг ва филизҳои қиматнок) ва муомилаи низоми сармоягузор – харидор ба идоракунии дороиҳои молиявии ҷамъшуда аст. Соҳаи фаъолиятбарии маркетинги молиявӣ ин бозори молиявӣ аст, аммо таркиби қисми маркетинги молиявӣ ин маркетинги молиявии бонкӣ, ки хизматрасониҳоро дар бозори молиявӣ ё дар бозори моли бонкӣ ифода мекунад.

Маркетинги бонкӣ – ин раванд, ки дар худ банақшагирии истеҳсоли маҳсулоти бонкӣ, таҳқиқи бозори молиявӣ, танзими робита, муқаррар намудани нарх, ташкили пешбарии маҳсули бонкӣ ва вусъат додани хизматрасонии бонкиро дар бар мегирад.

Вазифаи маркетинги бонкӣ ин:

1. пешгӯии талаботи мизоҷон нисбати маҳсули бонкӣ;

2. омӯзиши талабот ба маҳсули бонкӣ;

3. барориши маҳсули бонкии ба талаботи мизоҷон мувофиқкардашуда;

4. муқаррар намудани сатҳи нарх ба маҳсули бонк бо ҳисоби шароити рақобатнокӣ;

5. болобардории нуфузи бонкӣ;

6. болобардории саҳми бозори молиявӣ, ки бонк онро назорат мекунад.

Консепсияи (фарз, тахмин) маркетинги бонкӣ фаъолияти бонкро дар бозори молиявӣ тавсиф ва муайян мекунад.

Мизоҷони маҳсули бонкӣ талаботу завқ ва захираҳои пулии гуногун доранд ва барои ин бонк бояд ба кадом гурӯҳ пешкаш намудани маҳсулоти худро бояд донад. Аз ин ҷ оду самти имконияти фаъолиятбарии бонк мавҷуд аст:

1. назардошт ба талаботи устувори омма, нархи паст ба маҳсулоти бонкӣ (меъёри фоизҳо), хизматрасонии маҳдудкардашуда ба мизоҷон;

2. назардошт ба талаботи ноустувор ба гурӯҳи махсуси мизоҷон пешкаш намудани маҳсулоти бонкӣ бон архи баланд, доираи васеӣ хизматрасониҳо.

Бо муқаррар намудани нархҳо, онҳоро набояд ба мизоҷони миёна муайян кард, балки ба гурӯҳи муайян. Типология (намуд) — и истифодабарандагони маҳсули бонкӣ ҳамчун асоси баландбардории фаъолияти самаранокии тиҷоратӣ дида баромада мешавад. Типология – оғозёбии фаъолияти маркетингӣ аст.

Фаъолияти маркетингӣ ин маҷмӯи амалиётҳо оид ба коркарди истеъмоли типологӣ, омӯзиши талабот, банақшагирии истеҳсоли маҳсулоти бонкӣ ва ташкили кор барои фурӯши он аст.

Фаъолияти маркетингӣ бо коркарди схемаи таснифии талабот ба маҳсулоти бонкӣ оғоз меёбад. Таснифи талабот, тақсими талабот ба гурӯҳҳои алоҳида бо нишонаҳои муайян барои муваффақ шудан ба мақсади гузошташударо мефаҳмонад ва бо ин нишонҳо фарқ мекунад:

• талаботи устувор;

• талаботи интихобӣ;

• талаботи ҳавасмандгардонӣ.

Талаботи устувор ин талаботи мустаҳкам ба намуди ҷудогонаи маҳсулоти бонкӣ аст. Масалан, амонатҳо дар бонкҳо бо маблағи минималии пасандоз на зиёда аз 300 сомонӣ, саҳмияҳои бонкҳои калон.

Талаботи интихобӣ, ки пасандозгузор баъди таҳлили имкониятҳои молиявии худ, сатҳи даромад ва фоидаи худ, хавфи гузоштани сармояро ба маҳсулоти бонкӣ қабул менамояд.

Талаботи ҳавасмандгардонӣ талаботи ногаҳонӣ, ки мизоҷ баъди интихоби худ бо маслиҳати дигарон, реклама ва дигар омилҳо қарори худро дигар менамояд. Ба ин қоғази қиматнок дохил мешавад, ки дивиденд ё фоизи баланд ваъда карда мешавад.

Талабот ба маҳсулоти бонкӣ бо сатҳи қонеъгардонии дархости мизоҷон тавсиф карда мешавад ва бо ин нишона тақсим карда мешавад:

1. талаботи амалишуда (он вақте, ки маҳсулот ба мизоҷ пешниҳод мешавад);

2. талаботи қонеъгардида – талабот ба маҳсулоти бонкии буда дар фурӯш;

3. талаботи ташкил мешуда — талаботи номуайян.

Талаботе, ки аз тарафи харидорон ташкил мегардад, талабот ба навовариҳои бонкӣ аст, яъне ба хизматрасонӣ ё амалиёти бонкӣ.

Дар таҳқиқӣ маркетинги фаъолияти бонкӣ нишондиҳандаҳои талаботу пешниҳод ба маҳсули бонкӣ истифода мешавад. Масалан, ҳамчун андозаи ҳақиқии рендит, андозаи ҳақиқии спрэд, сатҳи ӯ бо фоизи максималии талаботи нарх, баҳампайвастшавии ҳаҷми талаботу пешниҳод, нархи миёна ба талаботу пешниҳод.

Рендит – нишондиҳандаи нисбии даромаднокии қоғази қиматнок аст. Масалан, рендити саҳмия бо мутаносиби фоизи пардохтшудаи дивидендҳобо қурби бозории саҳмияҳо муайян карда мешавад. Чи қадаре, ки андозаи рендит зиёд бошад, ҳамон қадар саҳмия даромаднок аст.

Масъала:

Саҳмия бо арзиши 100 сомонӣ ба 200 сомонӣ фурӯхта мешавад. Дивиденди саҳмия дар соли гузашта 200% ё 200 сомониро ташкил карданд: (200 * 100)/ 100.

Рендити саҳмия 2/20* 100 ӯ 10%.

Спрэд – фарқияти байни нархи минималии пешниҳод ва нархи максималии талабот аст.

Масъала, нархи минималии пешниҳод ба саҳмия 0 сомонӣ, нархи максималии талабот – 49 сомонӣбуда, андозаи мутлақи спрэд ба 1 баробар аст: 50 -49 ӯ 1.

Сатҳи спрэд бо фоиз бон архи максималии талабот 2%- ро ташкил мекунад: 1/50 * 100 = 2%.

Раванди маркетинги бонкӣ чунин давраҳоро дар бар мегирад:

1. омӯзиши талаботи мизоҷон ба маҳсулоти бонкии мушаххас;

2. таҳқиқи бозори молиявии соҳавӣ;

3. таҳқиқи имконияти ҷорӣ ва сурати фурӯши маҳсулоти бонкӣ;

4. банақшагирии маркетинг;

5. банақшагирии давраи истифодабарии навоварии бонкӣ;

6. реклама;

7. ташкили кори шӯъбаҳо ва сохти қисмии бонкҳо.

2. Нақша ва вазифаи маркетинги бонкӣ.

Банақшагири сатҳи танзими ояндаро назардошт бо имкониятҳои ҳозира ифода мекунад. Банақшагирӣ ҳама вақт бо муайян намудани сатҳи дурусти ба дастории мақсадҳои гузошташуда амалӣ мешавад: баҳисобгирии дурусти дигаргуниҳои сатҳи хоҷагидорӣ, банақшагирии услубҳо ва ахбори боэътимод.

қисми ҳамаи тиҷорат – нақшаҳо нақшаи маркетингӣ аст, аммо барои амлиёти бонкӣ нақшаи маркетингӣ бонкист.

Объктҳои нақшаи маркетинги бонкӣ мебошанд:

• хизмат ва амалиётҳои бонкие, ки ба мизоҷони бонк маъмуланд;

• навовариҳои бонкӣ: амалиёт ва хизматрасонии нави бонкӣ.

Нақшаи маркетинги бонкӣ, нақшаи баамалбарории маҳсули нави бонкиро ифода мекунад: анъанавӣ ва нав. Ин нақша муайян мекунад, ки кадом маҳсули бонкӣ, кадом навоварии бонкӣ дар кадом территория ва бо кадом нарх ва мӯҳлат фурӯхта мешавад. Нақшаи маркетинги бонкӣ бисёр соҳаҳои банақшагирии дохилибонкиро ба ҳам вобаста мекунад, махсусан нақшаи хароҷоти моддӣ, қувваи корӣ, дохилшавии пулҳо ба хазини бонк, захираҳои ахборотӣ, нақшаи фоида.

Тартиби нақшаи маркетинги бонкӣ аз коркарди стратегияи бонкӣ (барои барориш) дар доираи маркетинг оғозёфта бо истифодаи тактикаи маркетингӣ ба охир мерасад.

1.32K
Нет комментариев. Ваш будет первым!