Мафҳуми асосии биогеография ва биосфера

Флора. Ноҳияҳои географӣе, ки аз ҳамдигар бо организмҳои худ – микроорганизмҳо, замбӯрущҳо, растаниҳо ва ҳайвонот фарқ мекунанд флора номида мешаванд. Масалан, растаниҳои қаторкӯҳи Қурама, нишебии ҷанубии он сахт ксерофитшуда аст ва аз поён ба боло, явшони сущдӣ, явшони саҳроӣ, алафи печак, бурган, кийкӯти, нимбутаҳо, эфимерҳои зиёд бо шиблякҳои тунук аз бодомча, олуча, настаран, арчазорҳои тунук, типчоқ ва хорболиштакҳо, болиштакҳо, инчуниналафҳои пасти марщзор хос аст.Нақша:
1. Флора, фауна, биота
2. Ҷамоаҳои наботот, хайвонот ва биомҳо.
3. Фаслҳои биогеография.

Флора, фауна, биота.
Флора. Ноҳияҳои географӣе, ки аз ҳамдигар бо организмҳои худ – микроорганизмҳо, замбӯрущҳо, растаниҳо ва ҳайвонот фарқ мекунанд флора номида мешаванд. Масалан, растаниҳои қаторкӯҳи Қурама, нишебии ҷанубии он сахт ксерофитшуда аст ва аз поён ба боло, явшони сущдӣ, явшони саҳроӣ, алафи печак, бурган, кийкӯти, нимбутаҳо, эфимерҳои зиёд бо шиблякҳои тунук аз бодомча, олуча, настаран, арчазорҳои тунук, типчоқ ва хорболиштакҳо, болиштакҳо, инчуниналафҳои пасти марщзор хос аст.
Маҷмааи намудхо ва дигар таксонхои растанихо, ки дар ин ё он регион бошанда мебошанд, флора номида мешавад.
Фауна. Барои музофоти Қурама намудҳои гуногуни ҳайвонот хос аст- калтакалоси туркистонӣ, уқоби майда, волчак, шитобчии майда, харкафтар, мусича, кӯкқарща, эчкемар, скворетс, булбул, каклик, зощ, чумчуқ, ҷӯри даштӣ, бумчаи биёбонӣ, саъба, фотимачумчуқ, майна, лочин балобан, сущури Мензибир ва юрмони релектӣ, хорпушт, харгӯш, муш, ҷайра, гург, рӯбоҳ, сагобӣ, шапаракҳо, сӯзанакҳо, қунщузҳо, пашшаҳо ва щ.
Маҷмааи намудхо ва дигар таксонхои хайвонот, ки дар ин ё он регион бошанда мебошад, фауна номида мешавад.
Биота. Маҷмааи намудхо ва дигар таксонхои растанихо, хайвонот ва намояндахои олами дигари дунёи органикӣ, ки дар ин ё он регион бошанда мебошанд, биота меноманд.
Хамин тавр, биота дар навбати аввал маҷмааи флора ва фауна аст. Масалан; фауна ва флораи қаторкӯҳи Қурама.
Ин истилоҳҳо нафақат барои маҷмааи растаниҳо, замбӯрущҳо ва микроорганизмҳо ё ҳайвонот, инчунин ба тақсимотҳои калони олами наботот ва ҳайвонот. Мо гуфта метавонем дар бораи флораи гулдорон, растаниҳои спорагӣ, ҷудо карда метавонем флораи замбӯрущҳҳо (микроспораҳо), флораи микроорганизмҳо (микрофлора). Мутобиқан гуфта метавонем дар бораи фаунаи ҳайвоноти ширхӯрон, фаунаи парандаҳо, фаунаи хояндаҳо ва щ.

Ҷамоаҳои растаниҳо, ҳайвонот ва биомҳо.
Растаниҳо, замбӯрущҳҳо, микроорганизмҳо ва ҳайвонот, ки якҷоя зиндагӣ мекунанд бо ҳамдигар муносибатҳои мутақобилаи гуногун доранд ҷамоаҳоро ҳосил мекунанд. Ин ҷамоаҳо хеле гуногунанд: қитъаи бешаи сӯзанбарги назди Москва, саҳрои назди Курск, чӯли назди Ашхобод, бешаи тропики нам дар води Амазонка ва ҳар як дигар ҷамоаи организмҳо, ки ҷойгиршавии географӣ доранд ҷамоа шуда метавонанд. Хусусияти ҷамоа бо муносибатҳои организмҳои ӯро ташкилкунанда ва таъсири он муҳит, ки дар он ҷамоа мавҷуд ( иқлим, хок, шароити релеф, намнокӣ ва щ.) муқаррар мешавад. Масалан, дар шароити ҳарорати пасти тобистон, зимистони сарди дуру дароз, яхбандии доимӣ (бисёрсола) хок ҷамоаҳои тундра инкишоф меёбанд. Дар иқлими гарм ва намӣ доимӣ арзҳои экваториалӣ ва тропикӣ ҷамоаи бешаи тропикӣ инкишоф меёбад ва
Дар ҳар як ҷамоа, ҷамоаҳои растаниҳоро, нуфузи ҳайвонотро (ҷамоаи ҳайвонот), ҷамоаи замбӯрущҳо, ҷамоаи микроорганизмҳоро ҷудо карда метавонем. Аз ҳама ҷамоаҳо фақат ҷамоаи растаниҳо ва ҳайвонот чанде хуб омӯхта шудааст.
Мавҳуми «ҷамоа» беандоза, ҷамоа гуфта умуман бешаро ҳам, бешаи сӯзанбаргро ҳам меномем.
Ҷамоаи растаниҳо. Маҷмааи растанихо, ки бо ҷои зисти умумӣ ва муносибатхои мутакобилаи гуногун вобаста аст, ҷамоаи растанихо номида мешавад.
Ҷамоаи хайвонот ё нуфузи хайвонот. Маҷмааи хайвонот, ки бо ҷои зисти умумӣ ва муносибатхои мутакобилаи гуногун бо хамдигар ва бо кисматхои ҷамоати растанихо вобаста аст, ҷамоаи хайвонот номида мешавад.
Биом маҷмӯаи ҷамоаҳои ягон минтақа ё зерминтақа аст.
Биом. Ҷамоаи растанихо якҷоя бо нуфузи хайвоноти он биом номида мешавад.
Ҳамин тавр флора бо якҷоягии фауна биотаро ташкил мекунад. Маҷмӯаи наботот ва нуфузи ҳайвонот ҷамоаҳоро ва биомро ҳосил мекунанд.
Регионҳои континентҳои гуногун, ки аз ҷиҳати ландшафт монанд аст биотаи ҳархела доранд. Масалан, бешаҳои қисми Аврупоии ИДМ ва шарқи Америкаи Шимолӣ шароити мавҷудии ҷамоаҳо монанд, лекин таркиби биота ҳархела, чунки таърихи геологии ин регионҳои аз ҳамдигар дурр истода фарқ мекунанд. Таркиби биота дар навбати аввал бо таърихи геологии мамлакат муқаррар мешавад.

3.Фаслҳои биогеография.
Тақсимоти нобаробари организмҳо дар курраи Замин бо сабабҳои гуногун муқаррар мешавад – экологӣ ва таърихӣ, геологӣ ин нобаробариро фанни биогеография меомӯзад ва эзоҳ медиҳад.
Дар омӯхтани нуфуси зиндаи Замин ду самт мавҷуд: географӣ- ҷамоаҳои организмҳоро ва фауна ва флораи вилоятҳои гуногуни курраи Заминро таҳқиқ мекунад ва таксономӣ- паҳншавии категорияҳои таксономии алоҳидаро- оила, авлод, намудҳои мавҷудоти зиндаро дар рӯи Заамин меомӯзад.
Мутобиқан ба ин биогеография ба фаслҳои зайл тақсим мешавад: географияи ҷамоаҳо: а) географияи умумии ҷамоаҳо, б)географияи фарши наботот, в)географияи нуфуси ҳайвонот.

Географияи организмҳо ва популясияи онҳо:
а) географияи умумии организмҳо,
б) географияи растаниҳо,
в)географияи ҳайвонот,
г) географияи замбӯрущҳо.
Ҳамин тавр мавҷудияти географияи микроорганизмҳо имконпазир аст, лекин ин фасл ҳоло кам омӯхта шудааст.
Тақсимоти нишондодашудаи биогеография бо он муайян мешавад, ки қонуниятҳои умумии тақсимоти ҷамоаҳо мавҷуд аст, ки фарши наботот ва нуфуси ҳайвонотро, қонуниятҳои ҷузъи паҳншавии фарши наботот ва нуфуси ҳайвонот, Инчунин қонуниятҳои умумии паҳншавии организмҳо ва қонуниятҳои ҷузъи паҳншавии растаниҳо ва ҳайвонотро дарбар мегирад.
Маҷмӯаи қонуниятҳои паҳншавии фарши наботот ва популясияи растаниҳоро географияи ботаникӣ, маҷмӯаи географияи нуфуси ҳайвонот ва популясияи ҳайвонотро географияи зоологӣ (география), қонуниятҳои паҳншавии биомҳо ва биотаҳоро биогеографияи умуми меомӯзад.
Ҳамин тавр биогеографияи ҷамъи оддӣ географияи ботаникӣ ва зоогеографӣ намебошад. Щайр аз вазифаҳое, ки ин илмҳо ҳаллу фасл мекунад ӯ вазифаҳои худро дорад, ки қонуниятҳои умумии паҳншавии ҷамоаҳо ва организмҳоро меомӯзад.
Дар омӯхтани проблемаҳои биогеография се рафтор (марҳилаи тадқиқотҳо) мавҷуд:
1.Флористию- фаунистӣ- ба рӯйхати умумӣ гирифтани (инвентаризатсия) фауна ва флораи регионҳои гуногуни кураи Замин;
2.Муқоисаи регионалӣ- тақсим кардани кураи Замин ба регионҳо аз рӯи флора, фауна, биота, фарши наботот, нуфуси ҳайвонҳо ва маҷмӯаи биоҳо ва муқосаи ин регионҳо.
3.Сабабӣ (каузалӣ) – боисӣ – муайян кардани таъсири умумии омилҳои экологӣ ва шароити экологӣ ба паҳншавии географии организмҳо ва ҷамоаҳои онҳо, инчунин омилҳои таърихӣ – муайянкунии аҳамияти тащирёбӣ шароити экологӣ дар давоми таърихи геологӣ барои паҳншавии ҳозиразамонии организмҳо ва ҷамоаҳои онҳо.
Биогеографияи рӯзҳои мо бо инкишофи рафтори миқдорӣ ба обекти тадқиқотҳо хос аст. Масалан, дар омӯхтани флора ва фаунаи барои гирифтани натиҷаи қиматбаҳо ва аҳамияти амалӣ дошта, нафақат намудҳои растаниҳо ва ҳайвонҳоро, ки дар региони додашуда номбар кардан, балки баҳои миқдорӣ ба ҳар як намуди растанӣ ва ҳайвонҳо додан лозим аст ва кадом намудҳо дар таркиби фауна ва флора зиёд, шумораи кадомҳояш кам нишон дода мешавад. Агар сухан дар бораи ҷамоаҳои растаниҳо ва ҳайвонҳо равад, бисёр вақт ба биомассаи ва маҳсулоти ҳарсолаи ин ҷамоаҳо, аз рӯи нишондоди ин миқдорҳо ҷамоаи омӯхташуда дар байни дигар ҷамоаҳои қаламравидодашуда ё курраи Замин кадом ҷойро ишщол мекунад баҳо додан зарур аст.

710
Нет комментариев. Ваш будет первым!