Тақсимоти флористии Замин
Олами Австралия – флораи баланд эндемикӣ ба худ хос дорад. Дар он зиёда аз 12 оилаи эндемикӣ мавҷуд. Вай маркази инкишофи чунин оилаҳо, чун питтоспориҳо, эпакридиҳо, кунониҳо, миопориҳо, гоодениҳо ва дигарон мебошанд. Роли калонро оилаҳои хӯшадорон (злаковқх), лӯбиёиҳо, мураккабгулон, саҳбалиҳо (орхиднқх), савсаниҳо (лиленқх), зарбатиҳо(молочайнқх), қиёқҳо (соковқх), ҳазориспандҳо (рутовқх), мӯрдиҳо (миртовқх) ва протейниҳо мебозанд.Нақша:
1.Тақсимоти флористӣ хушкӣ.
2.Тақсимоти фаунистӣ хушкӣ.
3. Тақсимоти биотӣ хушкӣ.
1.Тақсимоти флористӣ хушкӣ.
Олами Австралия – флораи баланд эндемикӣ ба худ хос дорад. Дар он зиёда аз 12 оилаи эндемикӣ мавҷуд. Вай маркази инкишофи чунин оилаҳо, чун питтоспориҳо, эпакридиҳо, кунониҳо, миопориҳо, гоодениҳо ва дигарон мебошанд. Роли калонро оилаҳои хӯшадорон (злаковқх), лӯбиёиҳо, мураккабгулон, саҳбалиҳо (орхиднқх), савсаниҳо (лиленқх), зарбатиҳо(молочайнқх), қиёқҳо (соковқх), ҳазориспандҳо (рутовқх), мӯрдиҳо (миртовқх) ва протейниҳо мебозанд. Дар як вақт намояндаҳои чилбущӯмҳо (хвощей), себҳо(миртовқх), настариниҳо (розоӣветнқх), чой, халанҷиҳо(вересковқх), ҳасратгулиҳо(бегониявқх), нардсумбулиҳо (валерияновқх) тамоман вуҷуд надоранд. Намудҳои авлоди акатсия, мӯрдиҳо (эвкалипт, миртовқе), казуарина, авлодҳои зиёди протейниҳо, хусусан банксия сершуморанд. Ҳамагӣ авлодҳои эндемикӣ наздик 570. Бо флораи тропикӣ вобаста аст, оилаҳои мӯрдиҳо, стеркулиҳо, ҳазориспандҳо, авлодҳои акатсия, казуарина, дигар оилаҳо протейиҳо, эпакаридҳо, рестионҳо флораи Австралияро бо дигар флораҳои нимкураи ҷанубӣ мепайвандад.
Ҷудошавии Австралия аз Антарктида аллакай дар давраи табошири бевақт сар шуда, дар эотсен (тахминан 45 млн.сол пеш) тамоман бо воситаи Антарктида алоқа бо Америкаи Ҷанубӣ канда шуд. Австралия тадриҷан аз Гондвана ба шимол ба 150 ҷой иваз кард ва ба вилояти иқлими гармтар ворид шуд. Ивазшавии флораи Австралия бо Антарктида, бо воситаи он бо қисмҳои ҷануби Америкаи Ҷанубӣ то ибтидои олигосен идома ёфт. Бинобар ин дар олами Австралия оилаҳои растаниҳои умумӣ бо Америкаи Ҷанубӣ ва Зеландияи Нав мавҷуданд. Алоқаи мигратсионӣ бо замини Кап дар миёни табошир канда шуд, бинобар ин растаниҳои авлодҳои умумӣ бо олами Кап ва Мадагаскар дар олами Австралия қарибкӣ нест. Бо ҳаракати Австарлия ба шимол дар миотсен (тахминан 25 илн.сол аввал) вобастагии бевоситаи ӯ бо Осиё муқаррар шуд. Бо ҳаракати ба шимол флораи Австралия аридизатсия гардид.
Олами Голантарктикӣ – канори ҷануби Америкаи ҷанубиро бо Замини Оташин ва Патагония, ҷазираҳои Антарктика, Хуан-Фернандес, Зеландияи Нав, Кермадек, Лорд-Хауро дарбар мегирад. Флора 10 оилаи монотипӣ ё олиготипӣ ва авлодҳои эндемикӣ зиёд бо ареалҳои кандашударо дорад. Баъзе зеравлодҳо ва намудҳо ба таксонҳо тааллуқ доранд, ки ба минтақаҳои мӯътадили нимкураи Шимолӣ хос аст-калуҷниса, чинорак (гули арӯсӣ, мотик), қӯноқак (ситник), поливиса, шучка (Антарктикӣ), сулӣ (овсяниса, сулии рост) ва дигарон. Вилоятҳои хушкӣ Голантарктикӣ А.Л.Тахтаҷан ҷудо карда, нисбат вилоятҳои фаунистӣ мувофиқ умуман хурдтар аст.
Олами Голантарктикӣ ба зероламҳо тақсим мешавад: Бореалӣ (бо вилоятҳои Сиркумбориалӣ, Осиёи Шарқӣ, Атлантикаю Америкаи Шимолӣ, вилояти кӯҳҳои Харсанг), Баҳримиёназамини қадима (вилоятҳо Макронезӣ, баҳримиёназаминӣ, саҳрою Арабистон, Эрон-Турон), Мадреан (Санор) бо вилояти ягона Мадреан ё Санор.
Олами Палеотропикӣ зероламҳоро дарбар мегирад: Африкоӣ (бо вилоятҳои Гвиано-Конголез, Судону Замбезий, Карру Намибия, ҷазираҳои Еленаи муқаддас ва Вознесения), Мадагаскар (бо вилояти ягона Мадагаскар), Ҳинду Малезий (бо вилоятҳои Ҳинд, Ҳиндухитой, Малезий, Фидҷи), Полинезия (бо вилоятҳои Полинезия ва Гавай) ва Коледонияи Нав (бо вилояти ягона Каледонияи Нав).
Олами Голантарктикӣ вилоятҳои Кариб, кӯҳсори Гвиана, Амазония, Бразилия ва Андро дохил мекунад.
ба вилоятҳои Австралияи Шимолу Шарқӣ, Австралияи Ҷанубу Щарбӣ, Австралияи Марказӣ ё Эремей тақсим мешавад.
Ба таркиби олами Голантарктикӣ вилоятҳои Хуан-Фернандес, Чили-Патагония, ҷазираҳои Субантарктикӣ, Зеландияи Нав.
Ҳамин тавр, Л.А.Тахтаҷян дар доираи 6 олам 34 вилоят ҷудо мекунад. Ду олам-Голарктикӣ ва Палеотропикиро ба зероламҳо тақсим мекунад
2.Тақсимоти фаунистӣ хушкӣ
Тақсимоти фаунистӣ хушкӣ, чун флористӣ хеле гуногун аст. Системаи регионҳои фаунистиро В.Г.гептнер пешниҳод кардааст.
Фаунистҳо ҳамчун воҳиди калонтарини олам геяро ҷудо мекунанд. Шумораи онҳо аз сето то чорто. В.Г.Гептнер аз паси олимони зиёд мавҷудии се оламро эътироф мекунад, ки аз рӯи фаунаи қадимаи ширхӯрони ба таркиби онҳо дохилшаванда ҷудо карда мешаванд.
Нотогея-як вилоят Австралияро дохил мекунад. Хусусияти хоси ӯ мавҷудии якмаъқадҳо (эндемикӣ барои ин олам), ҳукмронии ширхӯрони халтадор ва тамоман вуҷуд надоштани ҳайвоноти ширхӯрони ҳамроҳдор, ба щайр аз хояндаҳо Неогея. Ба ин олам як вилояти Неотропикӣ тааллуқ дорад, к ибо вуҷуд надоштани якмаъқадҳо. Бо мавҷудии баъзе гурӯҳҳои халтадорон ва тамоман вуҷуд надоштани ширхӯрониҳашаротхӯр аз ҳамроҳдорон дар хеле гуногунии калони нопуррадандонҳо тавсиф меёбад. Арктогея – хушкии боқимонда тааллуқ дорад, ки дар он ширхӯрони халтадор қариб, ки тамоман вуҷуд надорад ва отрядҳои гуногуни ҳамроҳдорон ҳукмрон мебошад.В.Г.Гептнер ба ин олам се вилоят- Эфиопия, Шарқӣ ё Ҳинду Малая ва Голарктикиро дохил мекунад.
Тавсифи вилоятҳо:
Вилояти Австралия. Барои ин вилоятду оила аз зерсинфи ширхӯрони якмаъқад (мурщобинӯл (утканос) ва ехиднагиҳо) ва оилаҳои халтадорон, ки аз онҳо фалангер дар шимол то ҷазираи Сулавеси паҳн шудааст хос аст. Ҳамроҳдорон щайр аз саги овардашуда Динго, ки ёбоӣ гардиданд, аз хояндаҳои гуногуни бой иборат аст, ки ба ин ҷо ногаҳон дохил шудаанд, дар вақти хеле гузашта ва шаклҳои оддӣ ва ба худ хосро дарбар мегирад. Дар ин ҷо намудҳои оилаҳои (зероилаҳои) гидролиид, авлодҳои псевдолис, мушҳои часпакдум, мушҳои кенгурий (нотомис) ва каломуш (конилурус) ва диг. мавҷуданд. Намудҳои эндемикӣ барои вилояти Австралия дар Гвинеяи Нав, ҷазираҳои Саломон, дар Тасмания вомехӯранд. Намудҳои ба хояндаҳои австралий хеш то ҷазираи Люсон (филиппин) мушоҳида мешаванд. Сарҳади вилояти Австралия бо Ҳиндумалая бо «хати Уоллес» ном дошта, байни ҷазираҳои Бал ива Лембок дар шарқ аз ҷазираи Ява мегузарад. В.Г.Гептнер ҷазираи Сулавесиро дар асоси дар қатори барзагови ба худ хоси аноа ва хуки бабирус, вуҷуд доштани ду намуди авлоди фалангери халтадор ба вилояти Австралия дохил мекунад, аммо қайд мекунад, ки ин вилояти хоси (типикӣ) гузариш аст. Фаунаи Сулавеси умуман аз малай сахт фарқ дорад. Дар доираи вилояти Австралия панҷ зервилоят ҷудо карда мешавад: Папуас, Австралий, Зеляндияи Нав, Полинезия, Гавай.
3. Тақсимоти биотӣ хушкӣ.
Вилояти Неотропикӣ – материки Америкаи Ҷанубӣ, Америкаи Марказӣ, инчунин ҷазираҳои Вест-Индия, Галапагос, Хуан-Фернандес, Замини Оташин ва Фолклендро дарбар мегирад. Кӯҳсори Мексикаро ба вилояти Голарктика дохил кардан дуруст аст. Сарҳадро дар щарб аз рӯи соҳил тахминан бо тропикҳо ва дар шарқ аз рӯи поёноби дарёи Рио- Гранде гузоштан лозим аст.
Фауна хеле гуногун аст. Мавҷудии оилаи эндемики болдастон, аз он ҷумла баргбиниҳо (вампир- кӯршапараки калон), инчунин набудани сагҳои парвозкунанда, дар тропикҳои Олами кӯҳан васеъ паҳншуда шоёни таваҷҷӯҳ аст. Аз ширхӯрони халтадор оилаи эндемикӣ семолестҳо ва наздик эндемикӣ оилаи опоссумҳо, ки баъзе намудҳояш ба Америкаи Шимолӣ дохил мешаванд вуҷуд доранд. Маймунҳо хеле зиёданд, ки барои вилоят зеротряди эндемикӣ паҳнбиниҳо дохил мешаванд. Нопуррадандонҳо аз се оила коҳилакҳо(ленивӣами), зиреҳпӯстиҳо ва мӯрчахӯрон иборат аст. Хояндаҳо хеле гуногунанд. Аз онҳо ҷайраи гиродум (часпак), хукчаи баҳрӣ, агути (харгӯшҳои тиллоранг), туко-туко, сагобӣ (нутрий), овезонҳо (вискаши), инчунин мӯинаи қиматбаҳо дошта ва шақиҳоро (шиншиловқх) ва диг. хотиррасон мекунем. Ҳашаротхӯрон кам аз онҳо фақат дар қисмҳои шимолии вилоят дандонтирқишҳо (дар ҷазираҳои Вест-Индия), муши саҳроӣ, баларина ва пармадандон аз авлоди Сорекс мавҷуд. Аз сумдорон – тапирҳо дар шимоли вилоят паҳншуда аст, ки берун аз он мебарояд (дар Осиёи Ҷануби Шарқӣ тапирҳо аз дигар намудҳо иборат), хуки хаббоз (пекари, инчунин дар шимол), шутурҳои (ламаҳои) бед ӯнг, гавазнҳои хурд (мазами) мавҷуд. Даррандаҳо гуногун- юзи аъло (ягуар), гурбамонандбои хурд (ягуарунди, оӣелот ва диг.), гурги ёлдор, саги бутагӣ, енотҳо, аз он ҷумла носухҳои ба худ хос, хирси ойнакдор вомехӯранд.
Аз парандаҳо нандуи беустухони тӯш (шутурмурщи Америкаи Ҷанубӣ), инчунин тинаму, мурщҳои тоскулоҳдор(ё краксҳо), щози пихдор (паламедеи), каргаси (гриф, кондор) америкоӣ, доркӯб (қаламфурхӯрон, туканқ, перӣеядқ) бо нӯли калон, парандаи каркидан (носорог) Олами Кӯҳанро хотиррасонкунанда танагрҳо эндемикӣ мебошанд. Вилояти Неотропикӣ-маркази гуногунии колибри (парандаи хурди зебо) мебошад. Аз калтакалосҳо- игуана, аз морҳо- мори печон аз авлоди боа ва кораллус, инчунин анакондаи бузург хос аст. Аз морҳои заҳрнок ҷарарака ва бушмейстер одатӣ мебошад. Шақшақ мор (гремучий) мавҷуд. Аз сангпуштҳо паҳлӯгарданҳо гуногунанд. Ба тимсоҳҳои ҳақиқӣ алигаторҳо тааллуқ доранд кайманҳо эндемикӣ. Аз оҳиву хокиҳо қурбоққаи дарахтӣ (квакша), қурбоққаи чӯлӣ (ҷаб) бисёр, қурбоққаи безабон – шоёни таваҷӯҳ, хусусан васеъ паҳншудааст. Қурбоққаҳои ҳақиқи кам, онҳо фақат дар шимол вомехӯранд. Аз моҳиҳои обҳои ширин моҳӣ дубаҳра (двоякодқшашая) ӣератод эндемикӣ мебошад.