Регионхои флористӣ, фаунистӣ ва биотӣ хушкӣ

Олами органики Замин дар уқёнус пайдо шуд, ки шароити мавҷудӣ дар он аз руйи реҷими харорат, шароити шӯрӣ ва фаровонӣ моддахои органикӣ махлулшуда ва муаллақ дар об аз хозира сахт фарқ мекард, ки ибтидои организмхои зиндаро дод. Хушкӣ вақти дурру дароз бе хаёт буд. Вай гарм буд, атмосфера бе оксиген, пардаи озон вуҷуд надошт. Шароит барои инкишофи хаёт дар хушкӣ хеле дертар, дар палеозой пайдо шуд.1.Пайдоиши фауна ва флораи замони хозира
2. Таҳлили флористӣ ва биотӣ.
3.Шартхои (принсипҳои) ҷудокунии регионхои биотикӣ ва системаи онхо.
1.Пайдоиши фауна ва флораи замони хозира.
Олами органики Замин дар уқёнус пайдо шуд, ки шароити мавҷудӣ дар он аз руйи реҷими харорат, шароити шӯрӣ ва фаровонӣ моддахои органикӣ махлулшуда ва муаллақ дар об аз хозира сахт фарқ мекард, ки ибтидои организмхои зиндаро дод. Хушкӣ вақти дурру дароз бе хаёт буд. Вай гарм буд, атмосфера бе оксиген, пардаи озон вуҷуд надошт. Шароит барои инкишофи хаёт дар хушкӣ хеле дертар, дар палеозой пайдо шуд.
Маълумотномаи мухтасари палеоонтологӣ дар бораи фауна ва флораи Замин дар замонхо ва даврахои гуногуни мавҷудии ӯ, инчунин дар бораи сини мутлақи сархадӣ ин замон ва даврахоро меорем. Хаёт дар Замин, аллакай дар архей вуҷуд дошт. Онхо аз прокариотхо иборат буданд.
Дар протерозойи боло, ки аз 1250 то 550 млн сол пеш давом кард, обсабзхои гуногун васеъ пахн шуда буд ва якумин хайвонот-исфанҷ, радиолярияхо, бущумпоён пайдо шуданд. Дар якумин давраи эраи палеозой кембрий, ки 430 млн сол пеш анҷом ёфтааст, спорагихои сода ва намояндагони фаунаи қадимтарин археосиатхо, китфпоёни беқулф ва трилобитхо вуҷуд доштанд. Барои давраи ордовик марҷонхо, мшанкахо, триболитхо, граптолитхо, растанихои спорагӣ сода хос буданд ва якумин хайвоноти заминӣ пайдо шуданд. Дар давраи силур фаунаи гуногуни бахрӣ нашъунамо карданд, аз ҷумла марҷонхо, граптолитхо, китфпоён, мохихо ва харчанг-гаҷдумхои бузург пайдо шуданд. Аз давраи девон боқимондахои сершумори растанихои заминӣ маълум, хашаротхо ва хокобихо пайдо шуданд, дар бахрхо марҷонхо, китфпоён зиёд буданд. Барои давраи ангиштсанг нашъунамои плаунхо ва чилбущуммонандхо дар хушкӣ, дар бахрхо фораминиферахо, китфпоён ва марҷонхои чоршуъогӣ хос аст. Барои давраи охирини палеозой перм пайдоиши растанихои лучтухм, бисёр будани хокобихо ва хазандахо хос аст, дар охири давр гурӯххои зиёди палеозой махв шудаанд. Давраи триаси эраи мезозой бо пахншавии васеъи растанихои лучтухм, аммонитхо ва хазандахои заминӣ тавсиф меёбад. Дар давраи юра нашъунамои растанихои лучтухмон, аммонитхо, белемнитхо ва хазандахои бузургҷусса мушохида мешавад. Дар давраи табошир растанихои пӯшидатухмхо пайдо ва васеъ пахн шудаанд, аз хайвонот аммонитхо, белемнитхо ва хазандахои бузургҷусса васеъ пахн шуда буданд. Дар давраи палеогени эраи кайнозой нашъунамои ширхӯрони сода, инчунин растанихои пӯшидатухмон мушохида мешавад. Дар бахрхо фораминиферахои калон, нуммулитхо, нармбаданхои дупаллагӣ ва шикампоён васеъ пахн шуда буданд. Дар неоген таркиби ширхӯрон бо оилахои хозиразамонаи сумдорон, хартумдорон, дарандагон пурра гардид. Растанихо ва беемӯхрахо ба хозира монанд будаанд. Олами растанихо ва хайвоноти давраи чорумин ба хозира наздик будаанд, дар ин давр дар Замин одам пайдо шуд.
Дар ҷараёни инкишофи хаёт дар Замин якчанд даврахои мухим вуҷуд дошт. Якумин ин хел мархила баъди пайдоиши хаёт инкишофи ӯ дар Уқёнуси Ҷаҳон буд. Яке аз қадимтарин бошандагони Уқёнуси Ҷаҳон прокариотхо бактерияхо ва баъдтар обсабзхои сабзу кабуд будаанд. Аз афташ якумин шуда, организмхои гетротрофӣ бактерияхо пайдо шуданд, чунки дар обхои уқёнус сарвати зиёди моддахои органикӣ вуҷуд дошт, ки онхо щизо карда метавонистанд. Хаёт ханӯз дар архей вуҷуд дошт. Охиста захирахои моддахои органикӣ дар обхои уқёнус аз хисоби истеъмоли ӯ бо гетеротрофхо кам шуда, организмхои автотрофӣ пайдо шудаан. Эхтимол, якумин аз автотрофхо хемотрофхо бактерияхо буданд, ки барои синтези моддахои органикӣ энергияи реаксияи оксидшавии кимиёвиро истифода кардаанд. Аз қафои онхо бешубха организмхои фотосинтезкунанда, дар навбати аввал обсабзхои сабзу кабуд пайдо шудаанд, ки барои онхо рӯшноӣ ба Замин афкандаи офтоб манбаи энергия буд. Давомнокии мавҷудияти баъзе прокариотхо дар Замин зиёда аз 1 млрд солро ташкил дод. Мавҷудии дурру дарози хаётро дар уқёнус бо гуногунии сохти типхои хайвоноти уқёнус дар шумораи ками намудхо нисбат ба хушкӣ бо кифоягӣ тасдиқ мекунад. Ин бо якхелагии мухити зисти уқёнусӣ нисбат ба хушкӣ эзох мешавад.
Якумин бошандагони рӯи Замин аз афташ анаэробхо буданд, ки охиста атмосфера ва обхоро бо оксиген бой гардониданд ва мавҷудии организмхои аэробиро дар Замин имконпазир карданд. Дар охири архей ва ибтидои протерозой (26-22млрд.сол пеш)атмосфера, аллакай миқдори оксигенро дошт, ки барои иҷро кардани ҷараёнхои оксидшавӣ кифоя буд. Мавҷудӣ оксигени озод дар обхо ва атмосфера шароит шуд барои мавҷудӣ якумин намояндахои эукариот, (ҳайвоноти соддатарин) аз қафои онхо дар рифей (протерозои боло) шаклхои мураккабтарин пайдо шудаанд. Баъди инкишофи растанихои автотрофӣ фотосинтезкунанда намудхои дуюмингетротрофӣ хайвонот пайдо шуданд, ки дар ҷараёни щизо автотрофхоро истеъмолкунанда.
Дуюмин мархилаи мухим баромадани организмхо ба хушкӣ буд. Дар ин давра таркиби атмосфера аз хозира кулан фарқ мекард, миқдори оксиген кам буда, гази турши карбон зиёд буд. Баъдтар бо инкишофи пардаи озон, ки барои гузаштани нурхои халокатовари кайхони ба Замин монеа буд, эукариотхои сершумор ба хушкӣ баромаданд. Аллакай дар хамон замон самти эволютсияи олами растанихо ва хайвонот бо роххои гуногун рафт. Барои растанихо: мавзунӣ васеи экологӣ, вобаста бо бехаракатнокӣ ва мувофиқан имконнопазир рафтани аз шароити номувофиқ, зиёдшавии сатх нисбат ба хаҷм, яъне зиёдшавии сатхи хамшафат бо мухит, ки барои баландшавии энергияи фотосинтез мусоидат кард, фаъолноки хурди суръати эволютсия, нисбат ба олами хайвонот, ки ба шумораи ками намудхои растанихо нисбат ба хайвонот овард. Барои растанихо инкишофи механикӣ бофтахо мухим шуд. Дар эволютсия хайвонот харакатноки зиёд шуд, ки барои аз шароити номусоид рафтан имконият дод, вобаста бо пурзӯр гардидани узвхои хиссиёт, рафторхои мураккабтарин инкишоф ёфт, аз симметрияи шуоъгӣ ба дутарафа гузашт, ки суръати калони харакатро таъмин кард. Бо баромади ба хушкӣ харакати онхо хеле босуръат шуд, пӯсти химояи боэътимод ҳосил шуд, ки аз хушкшави ва душманон химоя кард.
Сеюм мархилаи мухим тащйирёбӣ намоёни таркиби атмосфера буд, ки вобаста аст бо инкишофи пурзӯри растанихои дарахтмонанди спорагӣ – плаунмонандхо, фонабаргдорхо ва лучтухмхо бенетитихо, сагойихо, кордаитихо ва дигарон. Фаъол баландшавии ҷараёни фотосинтез ба сахт камшавии миқдори гази турши карбон дар атмосфера, мувофиқан ба кам гузаштани нурхои ултрабунафшаро ба сатхи Замин ва инкишофи гуногунии калони иқлим овард. Нобудшавии растанихои дарахтмонанд ба хосилшавии каустоболитхо овард, ки миқдори калони СО2 аз даврзании моддахо дар табиат хориҷ шуд. Хамаи ин тащйиротхо дар худуди мезозой ва палеозой (наздик 185- 200млн. сол пеш) рӯй дод. Дар худуди даврахои триас ва юра (наздик 150млн.сол пеш) ивазшавии растанихои спорагӣ олӣ ва лучтухмон бо пӯшидатухмхо (гулдорон) ба инкишофи бо суръати хашаротхо овард, ки бо растанихои пӯшидатухм зич вобаста аст, ки дар гирифта рафтани тухми онхо, гардолуд кардани гулхо иштирок доарнд. Баъдтар дар давраи табошир (зиёда аз 70 млн. сол пеш) хазандахои бузург, ки да охири палеозой пайдо шуда будаанд, ҷои худро ба хайвоноти гомотермӣ (хунгарм парандаҳова ширхӯрон) холӣ кардаанд, ки бешубха бо тафриқии иқлим ва бо пайдоиши давраи хунуки сол вобаста аст. Синну соли гурӯххои систематикӣ хозира гуногун аст. Баъзе категорияхои калони систематикӣ хозира (типии исфанҷ, бандпоён, синфи радиолярия) дар Замин, ханӯз аз протерозойи боло вуҷуд доранд. Дигарон бадтар пайдо шуданд: мохихо дар силур, хашарот дар девон, растанихои лучтухм дар перм, пӯшидатухмхо дар табошир.
Дар даврахои геологии гузашта гурӯххои инкишофи васеъ дошта, дар хозира нест шудаанд ё роли калон намебозанд. Масалан, триболитҳо дар ибтидои палеозой, растаниҳои лучтухм- дар давраи юра, амонитҳо, бнлнминитҳо ва хазандаҳои бузургҷусса дар давраҳои триас ва юра, растаниҳои папоротникмонандҳо – дар давраи ангиштсанг васеъ паҳн шуда будаанд. Дар замони ҳозира растаниҳои пӯшидатухмҳо, ширхӯрон ва парандаҳо аз мӯҳрадорони заминӣ, ҳашаротҳо аз бемӯҳраҳои заминӣ, нармбаданҳои шикампоён аз бемӯҳраҳои заминӣ ва обӣ васеъ паҳн шуда мебошанд.
Наздикии ҷинсӣ растаниҳо ва ҳайвонҳо аз неоген муқаррар шуда бошад ҳам давраҳои қадимаи таърихи Замин аз нуқтаи назари флористию – фаунистӣ ба мо манфиат дорад, чунки як қатор ҷинс ва авлодҳо нафақат дар палеоген, балки дар мезозой ва ҳатто аз он пеш мавҷуд будаанд. Ҳамин тавр гуногунии ҳозиразамонаи организмҳои рӯи заминӣ, нафақат бо вқти тӯлонӣ, ки баъди ба хушкӣ баромадани онҳо, инчунин бо шароити гуногуни экологӣ, ки дар ҳозира ҳаёт мебаранд вобаста аст.
Регионҳои курраи Заминро фарқ мекунанд, к ибо дараҷаи гуногун бо ҷинсҳои қадима палеоэндемҳо бой. Масалан, Австралия ва Зеляндияи Нав ба ҷинсҳои қадима бой. Фақат дар Австралия ҷинсҳои тухмзо ва халтадоронро вомехӯрем. Дар Зеляндияи Нав ширхӯрони парвозкунанда таоман нест, бошад, хазандаҳои қадима нигоҳ дошта шудааст. Дар ин ҷо растаниҳои эндемикӣ соддатаринҳо боқӣ мондааст.
Дар дигар регионҳои хушкии курраи Замин шумораи ҷинсҳои қадима на он қадар зиёд аст. Аз афташ ин аз он вобаста аст, ки мамлакатҳои номбаршуда, аз дигар регионҳои хушкӣ барвақт ҷудо шудаанд ва гурӯҳҳои (организмҳои) ҷавон ба ин ҷойҳо дохил шуда натавонистаанд, ки ба нигоҳ дошта шудани ҷинсҳои қадима имконият дод. Мо фауна ва флораи ҳар як региони хушкиро ба унсурҳои фаунистӣ ва флористӣ тақсим мекунем, яъне таҳлили флористӣ ва фаунистӣ мегузорем. Пеш аз ҳама дар таркиби онҳо автохтонҳо ва мигрантҳоро ҷудо мекунанд. Автохтонҳо- ҷинсҳои маҳаллӣ ё гуруҳи сиситематикӣ калонтар, ки дар региони додашуда пайдо шудаанд. Мигрантҳо- ҷинсҳои ё гурӯҳи систематикӣ калонтар, ки дар ягон регион пайдо шуда, ба региони додашуда дохил (мигратсия)шудаанд. Дар зери мигрант ба ин қаламрав ба қарибӣ (наздикӣ) дохил шударо мефаҳмем. Чунки дар ин қаламрав дурру дароз зиндагӣ кардан- иммигрантҳо категорияи автохтонӣ маҳаллӣ- зерҷинсҳоро, баъдҷинсро ҳосил мекунанд. Шумораи зиёди иммигрантҳо ҳама вақт ҷавонӣ мамлакатро, аборигенҳо қадимӣ онро нишон медиҳанд.
Унсурҳои флора ва фауна аз ҷиҳати паҳншавии географӣ ба унсурҳои географӣ, аз ҷиҳати синну сол генетикӣ ҷудо кардан мумкин аст. Ин ҳарду тақсимот зич вобаста аст.
Тарҳи қадима ва ҳозиразамонаи континентҳо ва уқёнусҳо бешубҳа ба тақсимоти ҳозиразамонаи фауна ва флораи Замин таъсири бузург гузошт. Дар омӯхтани гузашти сайёра мо ба назарияҳои геологҳо пешниҳод карда такя мекунанд, ки на фақат ба маълумотҳои биогеографӣ, инчунин геологӣ ва палеонтологӣ мувофиқ аст. Мавҳум дар бораи гузаштаи сайёраи Замин чандин маротиба дигар шудааст, ки ҳар яки аз онҳо ба ҳақиқат монанд аст.
Яке аз якумин назарияҳое, ки тақсимоти географӣ организмҳоро маънидод мекард назарияи пулҳои (кӯпрукҳои) хушкӣ буд. Мувофиқи ин назария монанди флора ва фаунаи континентҳои гуногун ё континентҳо ва ҷазираҳо бо он маънидод карда мешавад, ки дар вақтҳои гуногун ин регионҳо бо пулҳои континенталӣ муттаҳид будаанд. Масалан, наздикии фауна ва флораи Ҳиндустон ва ҷазираи Шри – Ланка, Мадагаскар ва Африка бо мавҷудӣ материки Лемурия, ки ин қаламравҳоро як мекард маънидод карда мешавад. Вобастагии авлодии флораи Африкаи Щарбӣ ва Америкаи Ҷанубӣ бо мавҷудии материки Атлантидаи Шимолӣ, монандии биотаи Америкаи Шимолӣ ва Осиёи Шарқӣ бо мавҷудии материки Берингия маънидод карда мешуд ва щ. лекин аз нуқтаи назари геологӣ фақат охирин мисол тасдиқ шуд. Ин назария дар асоси тадқиқотҳои сохти зери уқёнусҳо инкор карда шуд.
Бар ивази ин назария- назарияи фиксизм, доимӣ будани континентҳо ба миён омад. Мувофиқи ин назария тарҳи материкҳо ва уқёнусҳо фақат дар тарҳи дуюминдараҷа тащир ёфт. Тарҳи асосии хушкӣ ва уқёнус доимо бетащир монд. Ҳавзаҳои ҳозиразамонаи уқёнусҳо ва материкҳо аз токемброий мавҷуд аст.
Ин назария кандашавии зиёди ареалҳоро маънидод карда наметавонад. Таваҷҷӯҳи биогеографҳоро назарияи ҳаракати материкҳо, ки олими олмонӣ А.Вегнер кор кардааст ба худ ҷалб кард. Моҳияти ин назария: пораҳои (блокҳои) материкҳо, ки силитсий ва алюминий зиёд хос аст (сиал) ба қабатҳои чуқури Замин, ки силитсий ва магний хос аст (сима) қисман щӯтида шино мекунанд. Ин материкҳо дар охири палеозой як хушкии бузург «Пангея»- ро ҳосил мекардаанд. Дар зери таъсири даврзании Замин дар гирди меҳвари худ Пангея ба қисмҳо тақсим шудан сар кард ва ба щарб ва ҷануб ҷой иваз кард. Дар давраи триас Пангея мавҷуд буд, дар юра бошад хатҳои шикаста пайдо шуда алоқа байни материкҳо қатъ гардид. Алоқа байни Ҳиндустон ва Австралия то давраи юра, байни Африка ва Америкаи Ҷанубӣ, Африка ва Ҳиндустон то эотсен, байни Австралия ва Америкаи Ҷанубӣ, Австралия ва Антарктида тахминан то охири палеоген, байни Аврупо ва Америкаи Шимолӣ, Антарктида ва Америкаи Ҷанубӣ то давраи чорӯмин мавҷуд буд.
Ин назария омилҳои биогеографии зиёдро ва хусусияти паҳншавии ҳайвонот ва растаниҳоро хуб маънидод мекунад. Фақат дар ҳозира биогеографҳо тасдиқи щояҳои (фикрҳои) худро дар назарияи ҳаракати материкҳои А.Вегнер- назарияи плитаи тектоникӣ, ки назарияи нави глобалӣ ном дорад ёфтаанд.
Барои биогеографҳо он муҳим мебошад, ки ин назария қисми зиёди қонуниятҳои паҳншавии организмҳоро маънидод мекунад.
2.Таҳлили флористӣ ва биотӣ.
Яке аз мухимтарин вазифахои биогеография тавсифи регионхои дараҷаи гуногуни хушкӣ ва уқёнус аз руи таркиб ва таносуби хайвонот, растанихо ва дигар организмхои дар ин қаламрав бошанда ва ҷамъиятхои ин организмхоро хосил карда мебошад. Дар вақти тақсим кардани курраи Замин ба регионҳои гуногун шартҳо барои тақсимоти гузошташуда ва шартҳои гузоштани ҳудуд (сарҳад) байни регионҳо ба вуҷуд меояд. Қисми зиёди биогеографҳо ва зоогеографҳо асосҳои ҷудокунии регионҳои гуногунро монанд маънидод кунанд ҳам, лекин гуногунии регионҳои ҷудокардашуда, инчунин мавҳуми гуногун оиди дараҷаи ин регионҳо ва ҳудуди онҳо гувоҳи он аст, ки дар ҷудокунии регионҳо фикри ягона вуҷуд надорад.
Рафторхо ба ин тавсифхо хеле гуногун шуданаш мумкин аст. Саволи асосӣ, ки дар дида баромадани ин масъала ба вуҷуд меояд, ин системаи ягонаи регионалӣ барои хамаи флора ва фаунаи хушкӣ вуҷуд дошта метавонад ё барои категорияхои гуногуни систематикӣ бояд системахои гуногуни флористӣ ва фаунистӣ сохта шавад. Категорияхои систематикӣ зиёд сини геологӣ гуногун, ҳаракатнокии гуногун, пахншавии географӣ гуногун доранд, бинобар ин системаи регионхо, ки барои онхо ҷудо карда мешаванд, бояд хархела бошад. Аммо истисно карда намешавад, ки барои ҳар як категорияи истематикии калони растаниҳо ва ҳайвонҳо системаи регионҳои мувофиқи худ сохтн мумкин аст, фарз карда мешавад, ки қонуниятҳои умумии географӣ мавҷуд, к ибо марҳилаҳои асосии инкишофи сайёраамон вобаста аст, ки нафақат системаи регионҳои флористӣ ва фаунистӣ ягона ҷудо кардан имконият медиҳад, балки ба тақсимоти системаи умумибиотикии ягона биёем.
3.Шартхои (принсипҳои) ҷудокунии регионхои биотикӣ ва системаи онхо.
Барои дуруст сохта шудани системаи умумии вилоятҳо ба як қатор қоидаҳо риоя кардан зарур аст, ки дар асоси онҳо регионҳо ва ҳудуди онҳо сохта мешавад: 1. Гурӯҳҳои систематикӣ бояд ҳамаҷоя паҳн шуда бошад, бинобар ин онҳо бояд калон (дар дараҷаи синф, мумкин тип) бошад. Масалан, дар байни ҳайвонҳо- ҳашаротҳо, нармбаданҳо, парандаҳо, ширхӯрон, хазандаҳо ё амфибияҳо, дар байни растаниҳо барои сохтани системаи регионҳо растаниҳои гулдор (пӯшидатухмҳо) ба дараҷаи калон, камтар лучтухмҳо асоа шуданаш мумкин.
2.Паҳншавии гурӯҳҳои систематикӣ бояд хуб омӯхта шуда бошад.
3. Агар ҳудуди паҳншавии вилоятҳо мувофиқ наояд, дар ҷудокунии регионҳо масъалаи кадом гурӯҳро асосӣ ҳисоб кардан ва интихоб кардан лозим номуайян. Дар ин ҷо қатор регионҳоро ва ҳудуди онҳоро интихоб кардан зарур аст, ки ба паҳншавии шумораи зиёди гурӯҳҳои таксономӣ мувофиқ аст.
Н.А.Бобринский баъди М.А.Мензибир мепиндорад, ки дар сохтани системаи регионҳо фақат бо ҷинсҳо амал карда шавад. Лекин иҷрои ин амал бе тащийрот имконнопазир ва ба мақсад мувофиқ аст. Чунки аҳамияти ҷинс хеле гуногун- ҷинсе, ки ба авлоди политипӣ тааллуқ дошта нисбатба ҷинси монотипӣ тааллуқ дошта вазни зиёд дорад.
Дар хақиқат дар дараҷаи ду калонтарин гурӯххои организмхо растанихо ва хайвонот дар тақсимоти системахои регионалӣ муосири кураи Замин фарқияти намоён мушохида мешавад. Масалан флористҳо олами Капро ҷудо мекунанд, ки ҷануби Африкаро ишщол мекунад. Дар тақсимоти фаунистӣ ин қитъа чун вилояти фаунистии Африкаи Ҷанубӣ ҷудо карда мешавад, ки нисбат ба олами Кап дараҷаи хеле хурд дорад ва сарҳади он аз сарҳади олами Кап хеле шимолтар ҷой мегирад. Ҳамин хел мисолҳо хеле зиёд вуҷуд дорад. Дар ҷудокунии регионхои дараҷаи гуногун то вилоят ва оламхо ба таксонхои дараҷаи гуногундошта такя кардан зарур меояд: аз синфхо ва зерсинфхо то намуд ва зернамудхо. Дар ин холат мувофиқати қатъи байни регионхо ва таксонхо (масалан, ҷудокунии олам фақат бо синфҳо, вилоятҳо бо оила, зервилоятҳо фақат бо авлодҳои ҳайвонот ва растаниҳо) вуҷуд дошта наметавонад. Хар як регион аз рӯи мавҷудӣ ё набудани дар он таксонхои дараҷаи гуногундошта ҷудо карда мешавад. Дар воқеъ, дар ҷудокунии регионхо тавсифи манфӣ(вуҷуд надоштан) бисёр вақт мухимтар аз мусбӣ(вуҷуд доштан) мебошад. Тавсифи манфӣ иловаи хеле калон барои мусбӣ мебошад.
Нохиябандии фаунистӣ хушкӣ дар асоси бошандагонимӯхрадорон, дар навбати аввал ширхӯрон, парандагон, амфибияхо ва хазандагон гузаронида мешавад.
Нохиябандии флористӣ дар асоси пахншавии пӯшидатухмхо, лучтухмхо ва папоротникмонандхо иҷро карда мешавад.
Дар хозира системаи тобеи регионхои флористӣ ва фаунистӣ чуни наст: аз хама калонтарин вохид олам (гея) мебошад. Шумораи оламхо, ки аз ҷониби олимон ҷудо карда мешаванд баробар не. Дар вақтхои охир зиёдшавии онхо мушохида мешавад. Агар дар асри 19, 3-4 олам ҷудо карда бошанд, дар асри 20 шумораи онхо то 6-то ва аз он зиёд гардид. Олам ба вилоятхо (регионҳо) тақсим мешавад. Истилохи «регион» барои забонхо, ки дар он калимаи «вилоят» вуҷуд надорад, зарур аст. Вилоят ба музофот, музофот ба округ, округ ба қитъа тақсим мешавад. Дар хозира чунин категорияхои «мобайнӣ» чун «зеролам», «зервилоят» ва щ. васеъ пахн шудааст.
Дар байни системахои регионхои сершумори флористӣ ва фаунистӣ аз хама муфассал ва асоснок системаи флористӣ Р.Гуд ва А.Л.Тахтаҷан ва фаунистӣ Н.А.Бобринский ва В.Г.Гептнер мебошанд.
Тахтаҷан А.Л. 6 олами флористиро ҷудо мекунад: Голарктикӣ, Палеоарктикӣ, Неотропикӣ, Кап, Австралия, Голантарктикӣ.
1. Олами Голарктикӣ аз ҷихати майдон аз хама калонтарин Европа, қисми шимоли Африкаро тахминан то 200 а.ш., яъне Сахро, щаӣр аз қисми ҷанубу щарбӣ нимҷазираи Арабисторо дарбар мегирад, минбаъд сархади ҷануби ӯ бо Хинд, бо Химолой ва тахминан бо тропики шимолӣ мегузарад. Дар Америкаи Шимолӣ ӯ хамаи қисми берун аз тропикиро ишщол карда, сархади ҷануби ӯ аз пахлӯи ҷануби кӯхсори Мексика мегузарад. Олами голарктикӣ зиёда аз нисфи хамаи хушкиро ишщол мекунад. Зиёда аз 30 оилаи эндемикӣ дорад, ки яктогӣ авлод дошта, бештар монотипӣ мебошанд. Оилахои зиёди онхо ба мо шинос, чунки мо дар ин олам зист дорем (оилахои магнолихо, дарахти щор, чиноракихо, зиркихо, олашихо(бук), тӯсихо (берёза), чормащзихо, мехчагулихо, шӯрагихо (лебеда), марҷумакихо(гречиха), бедихо(ива), чиликгулихо(крестосветних), халанҷихо(верскових), гули наврӯзихо(первосветних), тугмачагулихо(гули хайрӣ, малвових), зарбатихо(малочайних), настаринихо(розасветних), лӯбиёгихо, чатргулон (зонтичних), хулонихо (курушинних), паппигихо (горечавкових), лабгунон (пудина), гулимомогихо(норичникових), мураккабгулихо (лилейних), савсанихо(колоколчикових), савсан(ирисових), сахлабихо(орхидних), қӯноқақихо(ситникових), қиёқихо(осокових), хӯшагихо (злакових), аз пӯшидатухмон, санавбарихо(соснових), арча (ардаҷ), аз сӯзанбаргхо, аспленихо ва полиподиевхо аз папоратникхо.) Зиёди авлод ва намудхои ин оилахо аз доираи олам берун намебароянд.
2. Олами Палеотропикӣ – Африкаро (щайр аз шимоли ӯ, қисми голарктикӣ ва канори ҷанубӣ, ки ба олами махсус Кап тааллуқ дорад), Мадагаскар, Осиёи Ҷанубӣ, ҷазирахои уқёнуси Ором, аз он ҷумла Зонд, Филиппин, Гвинеяи Нав, Каледонияи Нав, Микронезия, Полинезия, Мелонезияро ва Гавайро дар бар мегирад. Наздик 40 оилаи растанихои эндемикӣ дорад, ки аз хама маълумаш 4-то непентесихо (аз он ҷумла растании ҳашаротхӯри авлоди напентес), бананихо, панданихо, флагеллярихо.
3. Олами Неотропикӣ – тропикхои Америкаи Ҷанубӣ ва Марказиро, инчунин канори ҷануби нимҷазираи Флоридароишщол мекунад. 25 оилаи эндемикӣ мавҷуд. Монандии калон бо олами палеотропикӣ гувоҳи он аст, ки флораи олами Нав бо решаи худ ба олами Кухан меравад. Оилахои умумӣ аннонихо, дарахти щор (лаврових), қаланфурихо, газнагулихо(крапивних), пассифлорихо, бомбаксихо, зарбатихо(малочайних), ризофорихо, мӯрдихо (миртових), анакардихо, сапиндихо, малпигихо, протиейнихо, бигноихо, саҳлабиҳо(охридних), арекихо. Авлодхои умумӣ аз 450 кам не. Як қатор оилаҳо насбат ба Палеотропикӣ дар олами Неотропикӣ васеъ паҳншуда аст. Инҳо пассифлориҳо, зарбатиҳо(малочайних), фитолаккиҳо, никтагиниҳо, ангури сагакиҳо(паселонових), мӯрдиҳо(миртових). Барои олами Палеотропикӣ аз ҳама хос: аннониҳо, обнусиҳо (эбеновие), асклепидаҳо, кадуиҳо(тиквеннқе). Як қатор оилаҳои наздик эндемикӣ олами Неотропикӣ дар Африкаи Щарбӣ яктогӣ ё якчандтогӣ намояндагӣ доранд, ки гувоҳи вуҷуд доштани алоқаи байни ин оламҳо то вақтҳои наздик (ибтидои эраи кайнозой) мебошад. Оилаи бромелиҳо (дар Африка фақат як намуди авлоди питкеня мавҷуд), гули ханҷарӣ (кактус, дар Африка якчанд намояндаҳо), рапатиҳо (дар Африка як намуди авлоди монотипӣ масхалоӣефалук)ва щайра чунинанд.
4. Олами Кап – канори ҷануби Африкаро аз гирду атрофи Кванвиляма дар щарб то атрофии Порт-Элизабет дар шарқ ишщол мекунад. Аз ҳама хурдтарин олами флористӣ, ки аз сабаби ниҳоят ба худ хос будани флора, аз ҷониби ягон флорист шубҳа гузошта намешавад. Флора наздик 7000 намуд дорад ва 7 оилаи эндемикиро дарбар мегирад. Зиёда аз 280 авлод аз олами Кап пайдо шуда, аз онҳо 210 барои ӯ эндемикӣ. Флора пайдоиши духела дорад. Бешубҳа ҷануби Африка бо материкҳои ҷанубӣ дар алоқа буда, қитъаи яклухт Гондванаро ҳосил мекард. Вориси Гондвана намояндаҳои оилаи протеиниҳо ва рестиониҳо мебошанд, ки дар он қисми Гондвана пайдо шуданд, ки Австралия гардид ва ба Африка нисбат ба Австралия бо шумораи ками намудҳо расиданд. Аз протейниҳо барои олами Кап протея, намудҳои лукадендрон хос аст, ки аз ҳама дарахти нуқрагин Лукадендрон аргентеум хос мебошанд.
Як қатор растаниҳо бе шубҳа пайдоиши гондванӣ дошта аз афташ баъди порашавии Гондвана ба олами кап дохил шуданд: кунония (1 намуд дар Африкаи Ҷанубӣ, 16 намуд дар Каледонияи Нав), метросидерос-Африкаи Ҷанубӣ, Малайзияи Шарқӣ, Австралия, Зеландияи Нав, Полинезия; сезия-2 намуд дар Африкаи Ҷанубӣ, 1 дар Мадагаскар, 7 дар Австралия, Тасмания, Гвинеяи Нав ва ниҳоят папоритники аҷоиб тодея-Тодея барбара – намуди умумӣ барои Африкаи Ҷанубӣ, Австралия, Тасмания ва Зеландияи Нав. Дар қатори инҳо ва дигар растаниҳои бе шубҳа пайдоиши ҷанубӣ дошта, дар олами кап растаниҳои зиёде мавҷуданд, ки онро бо вилоятҳои шимолӣ-ноҳияҳои тропикӣ Африка ва Баҳримиёназимин мепайвандад. Масалан, дар ин ҷо наздик 20 авлоди эндемикӣ оилаи халанҷ (вересковқх) инчунин зиёда аз 400 намудҳои авлоди халанҷ Эрика, сершумори рутоийо, надуҳои Селтис, Питтоспорум, Илекс, Зайтун(маслина) Олеа ва диг. Намудҳои авлоди пеларгония смингелихризум, салиба (алафи бегона, крестовик) сенекио, эриосперкум ва диг. Флораи Кап-манбаи бепоёни растаниҳои ороишӣ, аз он ҷумла пиёздориҳо ва лӯндадорони якпаллагӣ-наргис (амарилисов), кливӣ, гули ёқут(гладиолус) ва дигарон.

657
Нет комментариев. Ваш будет первым!