Ноҳиябандии геоботаники Тоҷикистон

Қаламрави Тоҷикистон умуман ба қисми шимолтарини минтақаи субтропикӣ (дар сарҳади минтақаҳои иқлими мӯътадил ва субтропикӣ) тааллуқ дошта, дар пастиҳо растаниҳо ороми равшан ифодаёфта надоранд ва қисми онҳо дар зимистон ҳам нашъунамо доранд.1. Минтақанокии қаламрави Тоҷикистон аз рӯи растаниҳо
2. Ноҳиябандии флористики Тоҷикистон
Қаламрави Тоҷикистон умуман ба қисми шимолтарини минтақаи субтропикӣ (дар сарҳади минтақаҳои иқлими мӯътадил ва субтропикӣ) тааллуқ дошта, дар пастиҳо растаниҳо ороми равшан ифодаёфта надоранд ва қисми онҳо дар зимистон ҳам нашъунамо доранд. Дар қаламрави Тоҷикистон ду вилояти табииро аз ҳам ҷудо кардан мумкин аст. Вилояти ғарбӣ, ки ғайр аз Помири Шарқӣ тамоми қаламрави ҷумҳурро дарбар мегирад, ки ба вилояти Пешазосиё й Баҳримиёназаминӣ тааллуқ дошта, бо он фарқ мекунад, ки дар он боришот дар давраи зимистону баҳор меборад. Бинобар ин дар ин ҷо растаниҳои эфимерӣ хуб инкишоф ёфта, ҳатто аҳамияти минтақанокӣ доранд. Қисми шарқии ҷумҳур ба вилояти Осиёи Марказӣ тааллуқ дорад ва боришот асосан дар давраи гарм (тобистон) меборад, аз ин ҷост, ки растаниҳои эфимерӣ қарибкӣ ифода наёфтааст.
ғайр аз ин дар дохили вилоятҳо ноҳияҳои алоҳида вобаста ба сохти релеф, миқдори боришоти ҳархела доранд, бинобар ин мо гоҳ бо растании ксерофитӣ ё мезофитӣ дучор мешавем.
2.Ноҳиябандии флористики Тоҷикистон
Ноҳиябандии флористики Тоҷикистон чандин маротиба гузошта шудааст. Аввалин маротиба онро Н.Ф.Гангаров соли 1937 гузаронидааст, ки моҳияти он кам тағйир ёфтааст. Тақсимоти флористӣ монандро соли 1957 Овчиников П.Н. иҷро кард. Алоҳида Помирро соли 1947 Б.А.Федченко, дар соли 1963 С.С.Иконников иҷро кард. Солҳои 1949 ва 1968 К.В.Станюкович тақсимоти геоботаникиро пешниҳод кард, ки на фақат бо тақсимоти Тоҷикистон ба ноҳияҳо, инчунин бо мансуби қисми ғарбии он ба вилояти Баҳримиёназамин, шарқӣ ба Осиёи Марказӣ фарқ мекунад, ки иқлим ва растаниҳои ҳархела дорад.
Аммо дар ноҳияҳои геоботаникии гуногуни Тоҷикистон дар як минтақаи гармӣ растаниҳо хеле гуногун бошанд ҳам умуман дар ҷумҳур ҳар як минтақаи ҳароратӣ чанде умумият дорад.
Аз ҷиҳати растаниҳо ин минтақаҳо чунин аст: 1) 300-600м-минтақа пастию ҳамвор, хеле гарм, растаниҳо саҳроӣ ва саҳроии эфимерӣ. Майдони умумии минтақа 1200 ҳаз.га.нимбуттагиҳои саҳроӣ бо табақаи эфимеретникӣ ҳукмрон аст, ки чун чарогоҳи зимистонию баҳорӣ истифода мебаранд. Дар дарёбоди дарёҳо, ки на он қадар калон, тӯқайҳои тӯрангӣ ва алафҳои баланд ҳукмрон аст. Қисми калони майдони ин минтақа дар зери таъсири сахти инсон вуҷуд дошта, заминҳои зироат мебошанд; 2) 650-1100м- минтақаи адирҳои пешазкӯҳӣ, мӯътадил, гарм, растаниҳои саҳроӣ-эфимерӣ. Майдони ин минтақа 1500 ҳаз.га. Дар он асосан эфемеретум ҳукмрон, аз ҷумла роли марғ калон аст. Табақаи дарахти минтақа аз нав барқарор карда шуданаш мумкин-дар қисми поён писта, боло себ ва бо дигар дарахтҳо; 3) 1100-1800м-минтақаи пасткӯҳ, гарм, бешаҳои паҳнбарг, буттаҳо, растаниҳои даштӣ ва бешадаштӣ. Майдони минтақа 1600 ҳаз.га.вобаста аз нами растаниҳо гуногун. Дар ноҳияҳои гуногуни ҷумҳур ё ҷангали дарахтони паҳнбарг, арчазор ё саҳроӣ. Қисми зиёди ин минтақа барои бешабоғ коршоям аст; 4) 1800-2800м-минтақаи миёнакӯҳӣ, салқин, бешагиҳои арчагӣ ва паҳнбарг, буттаҳо ва даштҳо. Майдони минтақа 3000 ҳаз.га. Вобаста аз намӣ минтақа ё бешаҳои арчагӣ ё буттагӣ ё саҳроӣ дар Бадахшон бошад бо растаниҳои харалафҳо ва харболиштакҳо ва саҳро, биёбонҳо фарш гардидааст; 5) 2800-3700м-минтақа баландкӯҳи хунук. Растаниҳо дашти пасталаф, баъзан марғзор, густарак ва буттаҳои паст, бисёр вақт болиштакҳо. Қисми зиёди ин минтақаро сангғалтҳо ва харсангҳо ишғол мекунанд, майдони минтақа 4000 ҳаз.га.; 6) аз 3700(4000)м баланд, минтақаи яхин, беҳаёт. Харсангҳо, сангғалтҳо, пиряхҳо ва барфҳои доимӣ, майдон 300 ҳаз.га.
Аммо ин хел тақсимоти минтақаҳо умуман барои ҷумҳур, дар ҳар як ноҳияи алоҳида тамоман ба худ хос аст. Минтақаҳои дар боло номбаркардашуда дар ноҳияҳои хушк боло бардошта шавад, дар нам поён мефарояд. Дар ноҳияҳои хушк на ҳамаи минтақаҳои растаниҳо аз растаниҳои типии ксерофитӣ иборат, дар нам кӯҳҳо қариб кӣ аз боло то поён бо растаниҳои мезофитӣ фарш гардидааст.

445
Нет комментариев. Ваш будет первым!