Вилоятҳои табиии Тоҷикистон ва тавсифи онҳо
Вилояти Пешазосиёгӣ. Растаниҳои ин вилоят хусусан дар қисми поёнии кӯҳҳо ва дар ҳамвориҳо аз сабаби намнокӣ ва хунукии зимистон, баҳор, гармӣ, тобистон, хушксолӣ ва бо духелагӣ тавсиф меёбад. Дар давраи намнокии хунук ҳукмронии эфимертухмҳо, яъне растаниҳои мезофитӣ, тобистон бошад, нашъунамои ксерофитҳо.1. Вилояти Пешазосиёгӣ.
2. Музофотҳои гуногуни Тоҷикистон
Тоҷикистон ба 2 вилоятҳои табиӣ тақсим мешавад:
1. Вилояти Пешазосиёгӣ. Растаниҳои ин вилоят хусусан дар қисми поёнии кӯҳҳо ва дар ҳамвориҳо аз сабаби намнокӣ ва хунукии зимистон, баҳор, гармӣ, тобистон, хушксолӣ ва бо духелагӣ тавсиф меёбад. Дар давраи намнокии хунук ҳукмронии эфимертухмҳо, яъне растаниҳои мезофитӣ, тобистон бошад, нашъунамои ксерофитҳо. Дар қаламрави ин вилоят ҳам ҳамвориҳои паст, ҳам пешазкӯҳӣ, ҳам кӯҳҳои баланди гуногундошта мавҷуд аст, ки вобаста бо он растаниҳо, характери он ва тақсимоти минтақанокии он тамоман ҳархела аст. Дар ин ҷо 7 музофот: 1) Ҷанубу щарбии Тоҷикистон, 2) Қурама, 3) Зарафшон, 4) Туркистон, 5) Ҳисору дарвоз, 6) Федченко.
2. Вилояти Осиёи Марказӣ дар қаламрави Тоҷикистон бо як музофоти баландкӯҳ Помири Шарқӣ ифода карда мешавад, аммо вилоят умуман берун аз Помир на фақат музофотҳои баландкӯҳӣ, инчунин кӯҳӣ ва пастӣ дорад, аммо ҳамаи онҳо бо иқлими хушки саҳроӣ сахт континенталӣ тавсиф меёбад, бо боришоти зиёдтарин дар давраи тобистони гарм, лекин боришот кам ва умуман растаниҳои вилоят характери сахт ксерофитӣ доранд.
2. Музофотҳои гуногуни Тоҷикистон
1. Музофоти ҷанубу щарбии Тоҷикистон бо мавҷудии ҳамвориҳо бо баландии хурд ва қаторкӯҳчаҳои ҳамвори паст бо баландии 2000м ва камтар баланд фарқ мекунад. Сарҳади ин музофоти геоботаникӣ дар ҷануб дарёи Панҷ, дар щарб сарҳади давлатӣ бо +збекистон мебошад, дар шимол ва шарқ вай пешазкӯҳҳои қ-қ Ҳисор ва Дарвоз мегузарад. ҶЩТ аз ҳама пастарин қисми ҷумҳур мебошад. Қад-қади дарёи Панҷ ҳамвории зерикӯҳии васеъ депрессия ҷануби Тоҷик тӯл мекашад, ки балндии мутлақаш 300-800м, вай бо пастиҳои васеи байни кӯҳи қад-қади дарёи Вахш, Кофарниҳон ва Яхсу дохил мешавад. Дар ин ҳамворӣ як қатор қ-к пасти бодбезакмонанд ҷойгир аст, ки шохаҳои Ҳисор ва Давоз мебошанд. Зиёди қ-к нишебиҳои ҳамвор ва куллаҳои паст доранд, ки баландиҳояшон 1000-1500м. Фақат қуллаҳои алоҳида баланд-қуллаи Зоркасса дар Боботощ 2292м. Аз сабаби паст будани қисми зиёди ҶЩТ иқлим хеле гарм ва илиқ дар кӯҳҳо. Миқдори боришот кам, дар пастиҳо 200мм, қисми поёнии кӯҳҳо 400-800мм. Дар Душанбе дар баландии 800м зиёда аз 600мм. Набототи ин музофот умуман ксерофитӣ, барои пастиҳои ӯ мавҷудии минтақаи саҳрои- эфимерии хос, боло эфемеретникҳо бо шибляк боз баландтар минтақаи даштӣ бо-гулзорҳо ва дигар дарахтю буттагӣ. Сидоренко Г.Т растаниҳоро ба минтақаҳои зерин тақсим мекунад: 1) 300-800м минтақаи саҳро ва эфимеритум-пудинагиҳо, ки баҳорон ва зимистон инкишоф меёбанд ва нимбутагиҳои саҳроӣ тобистон инкишоф ёбанда. Растаниҳои асосӣ пудинагиҳо щешагиҳо, алафҳои гуногун мебошад; 2) 800-1700м минтақаи эфимерию шиблякӣ дар пешазкӯҳӣ паҳн шуда, растаниҳои ин маҳал характери антропогенӣ доранд, бодом ва писта ҳамаҷоя нест шудааст, дар ҳозира дар ин ҷо як лухт эфимерҳо инкишоф ёфта, дар байни онҳо тасмамеҳварҳо, эгилопсҳо, ҷавиҳо, хукмрон ва вулпия, ӯзакдор, гули қашқарӣ, алафзор, чинорак афзалият доранд. 3) 1700-2300м маҳали арчазорҳо, дашт вагулзорҳо бо порчаҳаҳои бешаҳои паҳнбарг. Қаторкӯҳҳо дар алоҳида ҳолатҳо аз 2000м баланд. Бинобар ин арчазорҳо ва гулзорҳо аз пораҳо иборат буда, минтақанокии ин ноҳияҳоро анҷом медиҳад.
2) Музофоти Қурама. Дар шимол бо қуллҳои қ-к Қурама дар ҷануб бо Сирдарё, дар щарб ва шарқ бо сарҳади давлатии Тоҷикистон маҳдуд мешавад. Музофот қисми нишебиҳои ҷанубӣ қ-к Қурама ва қисми ҳашафати води Фарщонаро дар бар мегирад. Қ-к Қурама аз ШШҚ ба ҶЩ тӯл кашида, дар ҳамин самт паст мегардад. Баландии қуллаҳои қ-к 2500м. баландии пастарин аз сатбҳи баҳр дар дарёбоди Сирдарё 250-400м. Аз дарёбод боло торрассаҳо, бад адирҳо (400-1000м) ва нишебиҳои қаторкӯҳҳо меояд. Нишебиҳои қ-к Қурама шусташуда ва ҳамвор. Кӯҳи хурд Мӯщул низ ҷойгираст. Пар пстиҳо давоинокии давраи гарм 200-260 рӯз. сарҳади болойи киштикишоварзӣ чунин аст: пахтаи маҳиннах 400-500м, тезпазак 900-100м, ангури тепазак 1200-1400м, миқдори боришот дар пастиҳо 100-300мм, поении кӯҳҳо 200-400мм, дар қисми болоӣ то 800 мм.
Растаниҳои қ-к Қурама аз сабаби дохилшавии фақат нишебии ҷанубии он сахт ксерофитшуда аст: 1) 350-1000м минтақаи саҳроӣ, ки явшони сущдӣ хукмрон аст. Дар ин минтақа щайр аз явшони саҳроӣ, саҳроҳои бо афзалияти алафи печак, бурган, кийкӯти ва нимбуттагиҳо вомехӯранд; 2) 1000-1800м минтақаи саҳроӣ бо эфимерҳо бой гардонида шуда, бо шиблякҳои тунук аз бодомча, олуча, настаран ва щ.; 3) 1800-2500м минтақаи арчазорҳои тунук аз рӯйи пӯшиши алафҳо дар қисми поении маҳал аз эфемеретникҳо ва даштӣ дар боло; 4) 2500-3200м минтақаи саҳрои типчоқӣ ва харболиштакҳо. Хусусияти баландкӯҳӣ дорад; 5) 3200-3700м минтақаи харболиштакҳо бо порчаҳои болиштакҳо, инчунин алафҳои пасти марщзор ва даштӣ.
3. Музофоти Зарафшон. Тамоми ҳавзаи Зарафшоноро дарбар мегирад. Қаламрави он кӯҳҳо ва водиҳои байникӯҳӣ-Панҷакент, Захматобод, Матчо-Сахоб ва щ. иборат аст. Кӯҳҳо аз нишебии ҷанубӣ қ-к Туркистон, Зарафшон ва нишебии шимолии қ-к Ҳисорро дарбар мегирад: 1) 1200-2000м минтақаи биёбони шӯрагию явшонӣ. Биёбонҳои ин минтақаро явшони маҳин ва шӯраҳои кӯҳӣ нимбуттагӣ, кийкӯТӢ ва терсскен ҳосил кардааст; 2) 2000-2700м минтақаи дашти харобшуда ва арчазорҳо. Дар дарёбоди дарёҳо дарахтзори тӯс аз тӯси туркистонӣ, баъзан сафедорзорҳо вомехӯранд; 3) 2700-3400м минтақаи даштҳои субалпӣ ва арчазорҳои густурда; 4) 3400-3800м минтақаи алафҳои паст, болиштакҳо, харалафҳо.
Соҳили рости Зарафшон, яъне нишебии ҷанубии қ-к Туркистон тамоман характери дигар дорад ва растаниҳо дар қисмҳои гуногун ҳархела аст. Минтақаҳои зерин ба қайд мешавад: 1) 1800-2600м минтақаи биёбон. Биёбони явшони сущдӣ, дарозпоя ва маҳиннавда ҳукмрон; 2) 2600-3500м минтақаи саҳроӣ бо қитъаҳои арчазорҳо. Саҳроҳои типчоқӣ; 3) аз 3600м баланд минтақаи болиштакҳои алпӣ ва алафҳои паст. Болиштакҳо, щешаҳо ҳукмрон.
4. Музофоти Туркистон. Қ-к Туркистон аз шарқ ба щарб тӯл кашида, дарозияш то 300 км. Ба Тоҷикистон ҳамаи нишебиҳои ҷанубӣ дохил шуда, шимолӣ қисман дохил мешавад. Музофоти Туркистон маҳз ҳамин қисми нишебиҳои шимолиро дарбар мегирад, ки аз шарқ ва щарб бо сарҳади +збекистон, дар ҷануб бо қуллаҳои қ-к Туркистон ва дар шимол бо дарёи Сирдарё маҳдуд мебошад. Растаниҳои нишебиҳои шимоли қ-к Туркистон чуни наст: дар поён минтақаи васеи биёбонҳо бо эфимерҳо ва эфимериодҳо, боло минтақаи хукмрони марщ, баъд минтақаи васеи арчазорҳо, боз болотар даштҳои баландкӯҳӣ ва хорболиштакҳо. Дар нишебии қ-к Туркистон минтақаҳои зерини растаниҳо ҷудо карда мешавад: 1) 370-1200м минтақаи растаниҳои биёбонӣ ва эфимерию биёбонӣ; 2) 1200-1900м дар ин минтақа марщ, растаниҳои нимбуттаниро, явшониҳо ва явшонию щешагиҳоро танг карда бароварда, ҳамаҷоя ҳукмрон мегарданд; 3) 1900-2900м минтақаҳои дашти типчоқӣ ва арчазорҳо; 4) 2900-3400м минтақаи гуногун алафию хӯшадори даштҳои субалпӣ, марщзор ва харболиштакҳо; 4) 3400-3800м минтақаи марщзорҳои пасталафи алпӣ ва болиштакҳо.
5. Музофоти Ҳисору Дарвоз. Ҳисору Дарвоз музофоти васеъ дар маркази Тоҷикистон, аз шимол бо қуллаҳои қ-к Ҳисор ва Олой, дар ҷануб бо сарҳади музофоти ҶЩТ, дар щарб бо сарҳади ҷумҳурии +збекистон маҳдуд аст.
Сатҳи ин музофот бо як қатор қ-к паҳншавии арзӣ ва виргасияи онҳо, ки тӯлкани ҷанубу щарбӣ доранд пӯшида шудааст. Қ-к арзӣ Олой, Ҳисор, Қаротегин, Пётр 1, Дарвоз мебошанд. Баландии калон доранд, қ-к Ҳисор дар сароби дарёи Ящноб 5400-5700м доранд. Қ-к Ҳисору Дарвоз камони васеъ дошта, ки ба ҷанубу щарб кушода, бинобар ин онҳо барои бодҳои ҷ-щ ва намиоварда монеа мебошанд. Майдони яхбандиҳо нисбатан хурд, аммо якчанд садҳо км.кв. Ҳисору Дарвоз ба вилояти Пешазосиёгӣ дохил шуда, тобистон дурру дароз хушкӣ буда, боришот асосан зимистону баҳор меборад ва аз ҳама намтарин музофот дар тамоми Тоҳикистон мебошад.
Дар қ-к Ҳисор баландиҳои 700-1000м мипқдори боришот 500-800мм, дар баландиҳои 2000-3000м, дар назди деҳаи Ҳушёрӣ ва Ҳоҷиобигарм 1600м ва аз он зиёд. Аз ҳама миқдори зиёди боришот дар қисми щарбӣ қ-к Пётри 1 дар қ-к Ҳазратишоҳ ва нишебии ҷанубии қ-к Ҳисор меборад. Пӯшиши барф дар қисми поении кӯҳҳо вуҷуд надорад, дар қисми болоӣ то 1м расида, 200-250 рӯз мехобад. Растаниҳо дар кӯҳҳои Ҳисору Дарвоз аз ҳама бошукӯҳ ва бой мебошад, ки боиси он миқдори зиёди боришот аст. Минтақаи зерин тақсим карда мешавад: 1) 700 (1100)-1500(1800)м минтақаи эфимеретникҳои марщ бо шиблякҳо, дар пӯшиши алафҳо бечунучаро марщи пашмдор ҳукмрон; 2) 1500-2500м минтақаи растаниҳои дарахтию буттагӣ, арчазорҳо, эфемеретникҳо ва ющанҳо; 3) 2800-3400м минтақаи марщзорҳои субалпӣ, даштҳо, харалафҳо ва густараки арчагӣ, ки растаниҳои хобида ва буттагӣ, хорболиштакҳо, марщзорӣ ва даштӣ вомехӯранд; 4) 3400-3800м минтақаи марщзорҳои пасталафи алпӣ, даштӣ ва харалафҳо, инчунин болиштакҳо.
6. Музофоти яхбандии Федченко. Ин музофот ҳавзаи пиряхи Федченко ва қисми аз ҳама баландкӯҳ ва яхбастаи ҳавзаҳои Оби-Хингоу, Ванҷ, Язщуломро щдарбар мегирад. Ҳамаи қаламрави музофот баландкӯҳӣ, баландии мутлақаш аз 2700 то 7495м. Дар қаламрави музофот чунин баландкӯҳҳо Академияи Илмҳо, Пасиолой, қ-к Танимас ҷойгир аст ё дохил мешавад. Дар ин ҷо қуллаҳои баландтарин, чун қуллаи Исмоили Сомонӣ 7495 м, Корҷиневский, Инқилоб ва дигарон ҷойгир аст. Қисми зиёди қаламрав ҳамеша бо яхҳо ва барфҳо пӯшида аст, умуман ду табақаи асосӣ мавҷуд: табақаи 1 аз 2700 то 4000м, бо яхҳо тамоман пӯшида нест. Дар ин ҷо растаниҳо қашоқ, эрозияи обӣ, табақаи 2 зиёда аз 4000м тамоман бо яхҳо ва барфҳо пӯшида аст, эрозияи яхин, ҳаёти растаниҳо имконнопазир аст.
Иқлим хунуки сахт, боришот дар намуди сахт меборад. Тақсимоти боришот тахминан чунин аст: 2700-3000м дар як сол 150-270мм, бинобар ин дар ин баландиҳо минтақаи биёбони явшонӣ мавҷуд, 3000-3500м боришот 500м минтақаи даштҳои кабрезӣ-типчоқӣ, бо дощҳои густараки арчагӣ. 3500-4000м боришот 1000мм, минтақаи ҳукмронии яхҳо, аммо дар байни онҳо дощҳо ва тасмаҳои растаниҳои алпӣ вомехӯрад; зиёда аз 4000м миқдори боришот ба 2000мм расиданаш мумкин, минтақаи яклухти пиряхҳо ва фирнҳо. Минтақаҳои растаниҳо дар ин музофот: 1) 2700-3000м минтақаи саҳроӣ аз рӯи водиҳои дарёҳои Мукеу, Танимас, Баландкиик ва дигарон; 2) 3000-3500м минтақаи даштҳои типчоқӣ, марщзорҳои кабрезӣ ва густарики арчазорҳо майдонҳои хурдро ишщол карда, бисёр вақт ба пиряхҳо наздик мешаванд; 3) 3800-4200м минтақаи пасталафи марщзори алпӣ ва бо минтақаҳо.
7. Музофоти Бадахшон (Помири Щарбӣ). Бадахшон ё Помири Щарбӣ одатан дар ҳудуди зерин фаҳмида мешавад: дар щарб бо Панҷ маҳдуд, дар ҷануб бо Панги ва дарёи Помир, дар шимол бо қуллаҳои қ-к Дарвоз, дар шарқ бо сарҳади Помири Шарқӣ.
Релефи Бадахшон бо пасту баландиҳои калон, буридашуда ва фосилаи калони баландиҳои мутлақ тавсиф меёбад. Қ-к Бадахшон: Ванҷ, Язщулом, Рӯшон, Шущнон ва Шоҳдара ҷойгиршавии арзӣ доранд. Таги водиҳо байни ин қ-к дар баландиҳои 1800-3500м ҷойгир аст, қуллаҳои қ-к дар баландиҳои 5-6 ҳаз.м. Хати барф дар баландии 4700-5000м мегузарад.
Бадахшон характери иқлими пешазосиёгӣ дорад бо хушкӣ тобистона ва боришоти зиёд дар давраи зимистону баҳор. Зимистон то баландии 2000м мӯътадил мулоим. Ҳамаи растаниҳои Бадахшон характери тоза ксерофитқ дошта, мезофитқ фақат дар давраи намноки баҳор дар намуди эфимерҳо пайдо мешаванд. Ҳамаи Бадахшон умуман бо биёбонҳои явшонӣ ишщол шуда ва фақат дар алпӣ онҳо бо болиштакҳо иваз меёбанд. Хеле дақиқ минтақаҳои зерини растаниҳоро ҷудо кардан мумкин: 1) 1800-2700м минтақаи биёбонҳои ваханшо явшонӣ ва гаммодо-ваханӣ дар тамоми Бадахшон паҳншуда аст; 2) 2700-3300м минтақаи биёбони корҷиншо-явшонӣ ва актинолимони помирӣ; 3) 3300-4100м минтақаи хорболиштакҳо ва биёбонҳои явшонӣ; 4) 4200-4800м минтақаи болиштакҳои алпӣ, марщзор ва биёбонӣ.
8. Музофоти Помири Шарқӣ. Сарҳади Помири Шарқӣ дар шарқ қ-к Сарикӯл, дар шимол қ-к Пасиолой, дар ҷануб қ-к Вахон ва кӯли Зоркӯл мебошад. Сарҳади щарбӣ хеле каҷу килеб буда, аз дарёи Матс дар ҷануб то қаламрави пиряхи Федченко дар шимол тӯл мекашад. Помири Шарқӣ ин бардошташавии кӯҳии азим, ки ҳатто таги водиҳо ба баландии 3500-4000м бардошташуда аст. Дар Помири Шарқӣ ва қад-қади сарҳади он қ-к Пасиолой, Мӯзкӯл, Аличури Шимолӣ, ҷануби Сарикӯл ва як қатор қ-к хурд ҷойгир аст. Ҳамаи ин қ-к дар қисми поён релефи ҳамвори ҳамворшуда дошта, аз сатҳи води ҳамагӣ 1000-1500м бардошташуда аст. Яхбандии муосир дар баландиҳои 5000-5500м ҷойгир аст. Фақат дар ноҳияи пиряхи Федченко хати барф дар баландии 4000-4300м мегузарад. Иқлими Помир хунук, сахт, континенталӣ ва хушк. Растаниҳои Помири Шарқӣ аз ду минтақа иборат аст: субалпӣ ва алпӣ, ки биёбонҳо ва болиштакҳо ҳукмрон. 1) 3500-4100м минтақаи биёбонҳои субалпӣ, терескенӣ ва явшонӣ; 2) 4100-4800м минтақаи болиштакҳои субалпӣ, биёбонҳои аянагӣ ва дощҳои марщзорҳои пасталаф мебошад.