ТАҚСИМБАНДИИ (ДИФФЕРЕНСАТСИЯ) ВА ОМИЛҲОИ РУШДИ БОЗОРИ ТУРИСТӢ
Тақсимбандии бозори туристӣ. Одатан, бозор ин механизмест, ки имкон медиҳад то муносибатҳои тарафайни арза ва тақозоро ба навъҳои гуногуни мол ва хизматрасонӣ, ба мувозинат орад. Дар он теъдоди зиёд ва аз ҳамдигарон новобастаи фурӯшандагон ва харидорон, ки қобилият ва хоҳиши харидани маҳсулоти туристӣ доранд, шомиланд. Ҳангоми таснифоти бозори туристӣ:
- воситаи асосии хариду фурӯш – хизматрасонӣ мебошад;
- ба ҷузъ харидорон ва фурӯшандагон дар механизми бозори туристӣ шумораи зиёда звенои миёнарав ҷалб мешаванд;
- тақозо ба бозори туристӣ аз рӯи якчанд хусусиятҳо тафовут доранд, яъне гуногунрангии ширкаткунандагони сафар аз рӯи имкониятҳои моддӣ, синну сол, мақсад ва маром, чандириятва ғайра;
- арзаи туристӣ аз рӯи якчанд хусусиятҳо тасниф мегардад, яъне индустрияи туристӣ маблағгузориҳои зиёдеро талаб менамоянд.
Бозори туристӣ сохтори сифатан гуногунро доро мебошад. Бозори тавлидотии туристӣ 10%-и аҳолии кишвар (минтақа, шаҳр ва ғайра)-ро ташкил медиҳад. Ба таркиби он муштариёне дохил мешаванд, ки ба хизматрасонӣ ҳусни таваҷҷуҳ доранд. Ҳамзамон танҳо хоҳиши муштарӣ басанда нест, яъне ӯ маблағи муайянеро ҷиҳати харидории хизматрасонии туристӣ бояд доро бошад. Истеъмолкунандагони қобилияти харидорӣ дошта, бояд аз хизматрасонии туристие, ки талаботи онҳоро қонеъ карда метавонад бархӯрдор бошанд. Ҳанӯз дар бозори ҷаҳонии туристӣ 10%-и туристон нафаронеанд, ки қобилияти харидории баланд доранд. Қариб 50%-и туристон қобилияти харидории миёнаи хизматрасонии туристӣ доранд. Боқимонда 40%-и туристон ба гурӯҳи истеъмолкунандагони хизматрасонии туристии нисбатан поён шомиланд. Ин гуна таснифот барои банақшагирии маркетинг дар бозори туристӣ манфиатнок аст. Боиси тазаккур аст, ки табақабандии туристон аз рӯи қобилияти харидориашон боис мегардад, ки самти фаъолияти ширкатҳои туристӣ ба дараҷаи имкониятҳои харидорӣ равона гардад.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки вобаста ба рушди иқтисодӣ дар кишварҳои Аврупо, Амрико, Ҷопон ва дигар кишварҳо қобилияти харидории хизматрасонии туристӣ нисбатан боло рафтааст. Албатта, ин ҳолат пешниҳодкунандагони хизматрасонии туристиро водор менамояд дараҷаи хизматрасониро сифатан тағйир диҳанд. Вобаста ба шаклҳои хизматрасонӣ, моҳияти туризм, таснифоти туристон, мақсади туризм ва ғайра.
Коршиносон шакли зерини тақсимбандии бозори туристиро пешниҳод менамоянд:
Омӯзиш ва таҳлили бозори туристӣ водор менамояд, ки типҳои гуногуни бозор ҷудо карда шавад. Омӯзиши бозори ҳар як кишвари муайянро, коршиносон аз рӯи нишондиҳандаҳои зерин тавсия медиҳанд:
Аҳолӣ. Қисмҳо: сохтори синну солӣ ва ҷинсӣ, шумораи коркунандагон, хонандагон ва нафақахӯрон, шумора ва сохтори хонавода, суръати рушд;
Иҷтимоӣ-иқтисодӣ. Қисмҳо: сохтори даромад ва хараҷоти аҳолӣ, сатҳи таъминоти иҷтимоӣ, низоми рухсатӣ бо назардошти давомнокӣ ва пардохти он, рӯзҳои ғайрикорӣ;
Мақсади сафар. Қисмҳо: намуди истироҳат давомнокӣ, мавсимӣ, самти ҳаракат, сохтори хароҷотҳои туристони як кишвар, ҳангоми сафар ба кишварҳои дигар. Обрӯи кишвар ва бехатарии сафар;
Нархҳои хизматрасонии туристӣ. Қисмҳо: сафари инфиродӣ ва гуруҳӣ, саёҳатҳои стандартӣ, хизматгузории алоҳида, аз ҷумла тарофаҳои меҳмонхона, нархҳои ғизо, арзиши ҳамлу нақл, мувофиқати хизматрасонии пешниҳодшуда ба меъёрҳои байналмилалӣ;
Таркиби бозор. Қисмҳо: ширкатҳои рақобаткунанда, намудҳои арза, барномаи ташрифотӣ, дараҷаи нарх;
Воситаҳои нақлиёт ва инфрасохтор. Қисмҳо: нақлиёти хушки гард, ҳавоӣ ва обӣ, таснифоти хатсайрҳои нақлиётӣ, ҳамлу нақли омехта;
Воситаҳои таблиғот. Қисмҳо: садов а симо, ВАО-и электронӣ, ахборот, хароҷот барои таблиғ;
Сатҳ ва ҳолатҳои базаҳои моддию техникӣ. Қисмҳо: шумора ва таркиботи воситаҳои ҷойгиркунонӣ, шумораи ҷой ва утоқҳо, муассисаҳои хӯроки умум, ҷаззобиятҳои табиӣ ва фарҳангӣ, имконияти ҳаҷми ғунҷоиш;
Ташкил ва сатҳи рушди туризми миллӣ ва байналмилалӣ. Нақши тураператорҳо ва туроҷонсҳо, созмонҳои ҷамъиятии туристӣ, ҳуҷҷатнигории туристӣ, қоидаҳои вуруд ва ҳуруҷ;
Молҳои тақозои туристӣ. Таҷҳизоти аудио ва видеоӣ, компютерҳо, автомобил, атриёт, соатҳо, сару либос, нӯшоба, армуғонҳо ва ғайра.
Омилҳои фаъолияти бозори туристӣ. Ба тақозои туристӣ, уммуман ба бозори туристӣ омилҳои зерин таъсир мерасонанд. Тақозо ва туризм чун дигар молҳо ва хизматрасонӣ ба қобилияти истеъмолкунандагон, яъне мавҷудияти воситаҳои пулии аҳолӣ ва хоҳиши онҳо ҷиҳати харҷи он барои саёҳат вобаста аст. Туризм ҳамчун бахши иқтисодӣ метавонад дар чунин ҳолат вуҷуд дошта бошад, яъне мавҷудияти вақти фориғии шаҳрвандон ва воситаҳои моддии кофӣ. Тамоюл ба афзуншавии вақти фориғӣ – омили объективии ба вуҷудоӣ ва рушди тақозо ба туризм мебошад.
Омилҳои асосие, ки ба рушди бозори туристӣ таъсир мерасонанд, инҳоянд: сохтори аҳолӣ, синну сол, сатҳи даромаднокӣ, маълумотнокӣ, шакли шуғл, мутаалиқ ба нажоди муайян, ҷинс, тарзи ҳаёт ва ғайра.
Бозори туристӣ вобаста ба пешниҳоди хизматрасонӣ, қобилияти харидорӣ, салиқа, одат тақсимбандӣ мешаванд. На ҳар як ширкат писанди кули харидорони маҳсулот ва хизматрасонии туристӣ мегардад. Захираҳои ширакатҳои туристӣ низ беҳудуд нестанд, яъне ҳар як турист хоҳишу салиқаи ба худ хос дорад ва ширкати туристӣ наметавонад ҳамаи хоҳишу талаби туристонро пурра иҷро намояд. Ҳар як ширкати туристӣ вобаста ба имконот ва майлу хоҳиши туристон, се усули пешниҳоди маҳсулоти туристиро амалӣ мегардонад:
- Маркетинги оммавӣ – истеҳсолоти оммавӣ, тақсимот, танзими фурӯши ягон намуди мол барои ҳамаи харидорон. Мақсади асосии фоидаи маркетинги оммавӣ дар ҳаддалимкон паст будани хароҷот, нарх ва ташаккули бозори аслӣ зоҳир мегардад.
- Маркетинги гуногунмолӣ – истеҳсоли ду ва ё зиёда намуди маҳсулот бо хосиятҳо ва сифатҳои гуногун, аммо бо мақсади умумӣ, яъне ташкили гуногунрангӣ барои харидорон мебошад.
- Маркетинги мақсаднок – гузаронидани ҳудудбандӣ миёни ҷузъҳои бозор, интихоб як ва якчанд намуди маҳсулоти туристӣ, коркарди мол ва маҷмуаи маркетингӣ барои ҳар як ҷузъ.
Сегментатсияи (қисмбандӣ) бозор чист? – ин тақсими бозор ба қисмҳое (сегментҳо), ки ягонагии талаботи истеъмолкунандагонро тавсиф медиҳад.
Сегмент – он қисме бозорест, ки дар он истеъмолкунандагон талаботи ягонаро ба мол зоҳир менамояд. Баъзе қисмҳои бозор метавонанд барои истеъмолкунандагон дастрас набошанд ва ё ғайри қобили қабул бошанд. Маҳз барои ҳамин, захираҳои мавҷудаи ширкат бояд дар ҷои мутамарказонидашуда бошад, ки ҳадаф пеш оранд. Бозорҳои мақсаднок аз рӯи:
- Талаботҳои географӣ;
- Иҷтимоӣ – демографӣ (сину сол, даромад, маърифатнокӣ, мансубияти нажодӣ, миллат, ҷинс, дин, шакли шуғл ва ғайра);
- равонӣ (арзиши рӯҳӣ, мақсади рафтор, манфиат, муносибат, хоҳиш ва ғайра), муайян карда мешавад.