ОБЪЕКТҲО ВА КОМПЛЕКСҲОИ ТУРИСТӢ

Комплексҳои туристӣ —ин маҷмӯи хоси шаҳрсозӣ, ки аз иншоотҳои туристӣ бо назардошти муттаҳидии меъморӣ, дар фазои ягонаи ташаккули хизматрасонӣ, мебошад. Инчунин зери мафҳуми комплекси туристӣ маҷмӯи ҳамаи иншоотҳои туристие, ки бо ғунҷоиши зиёда аз як ҳазор ҷой, ки бо як барнома он ҷоро муттаҳид намудаанд, фаҳмида мешаванд. Ба монанди табобат, солимгардонӣ, истироҳат, мулоқоти корӣ ва дигар чорабиниҳо.

Объектҳои туристӣ маҷмӯи иншоотҳое туристие мебошад, ки барои амалинамоии барномаҳои махсуси хизматрасонии туристӣ равона гардидаанд. Минтақаҳои туристӣ ва рекреатсионии Қайроқум, Ҳисор, Ромит, Обигарм, Гармчашма таҷрибаи ҷаҳонӣ сохтмонҳои гуногуни объектҳои туристиро муаррифӣ намудааст. Чунончи: комплекси туристии Шарм-ал-Шайх (Миср), Хургада (Миср), Пхукет (Тайланд), Пиреней, Руселйон (Испания-Фаронса), Гоа (Ҳиндустон), Сантраж (Фаронса), Флорида (ИМА), Сочи (ФР) ва ғайра. Ин маҷмааҳо боиси таснифоти комплекси туристӣ мегарданд.

Тавсияҳои гуногун оид ба бузургии комплекси туристӣ мавҷуд мебошанд. Чунончи ҳудудҳои наздибаҳрӣ бо фазои обӣ метавонанд комплекси туристии ғунҷоишашон аз 2 то 10 ҳазор ҷойро таъмин намояд. Марказҳои туристие, ки дар соҳили дарё ва кӯлҳо ташкил шудаанд ва иқтидорҳои туристиашон нисбатан маҳдуд аст, ғунҷоишашон то 500, иқтидорҳои миёна аз 500 то 2,5 ҳазор ва иқтидорҳои бузург зиёда 2, 5 ҳазор ҷойро ҷойро ташкил карда метаванад.

Дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтан ҷоиз аст, ки вобаста ба шароити кӯҳӣ будани ҳудуд ташкили марказҳои туристӣ хусусияти ба худ хос дорад, яъне меъёри гунҷоиш дар як маркази туристие, ки дар водии дарё, кӯл ё водиҳои байникӯҳӣ ташкил мегардад, набояд аз 500 нафар зиёд бошад. Дар акси ҳол дар ин ҳудудҳо фарсоиши экосистемаҳо ба чашм мерасад. Комплексҳои туристӣ – ин на танҳо бино, иншоот ва ё объектҳои техникии сунъӣ, инчунин ҳудудест, ки дорои ҳамаи хусусиятҳои гардишгарӣ, табобатӣ, истироҳатӣ, таърихию фарҳангӣ, манзараҳои зебои табиӣ мебошад. Ҳамзамон маҳз сифати манзараҳои табиӣ имкониятҳои ҳудудро муайян намуда, боиси ташкили марказҳои туристӣ мегардад. Инҷо мушкилии дигари зербунёдӣ ба монанди интихоби ҷой, барои чойгиринамоии корхонаю иншоотҳои туристӣ ба миён меояд. Ба ҷои ҷойгиринамоии объекти туристӣ мутахассисон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд, бахусус агар сухан оид ба ҷойгирнамоии комплексҳои бонуфузи туристӣ равад.

Солҳои охир масоили баҳодиҳии ҳудуд барои истифода ҷиҳати туризм аз ҷониби меъморон, ҷуғрофияшиносон, равоншиносон, коршиносони соҳаи туризм фаъолона баррасӣ мегардад. Бо назардошти мавҷудияти иқтидорҳои туристӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар объектҳои туристӣ ба монанди Хоҷаобигарм, мавзеи Искандаркӯл, Саричашма, Ҳавотоғ, Қайроқум, Артуч, Шоҳамбарӣ, Гармчашма, Сари Хосор, Қалъаи Ҳисор ва ғайра мавҷуданд, ки дар ин ҳудуд ташкили комплексҳои васеи туристӣ имконпазир аст.

488
Нет комментариев. Ваш будет первым!