Воситаҳои пулии ҷалбшаванда

а) амалиёти амонати ва пасандози.

Хусусияти ҳоси муассисаи боиси он аст, ки хамчун як корҳонаи тичорати, кисми асосии захираҳои карзии вай аз хисоби маблагҳои чалбшуда ташкил мегарданд. Воситаҳои пулие, ки бонкҳо чалб менамоянд таркиби хархела доранд. Шакли асосии онҳо амонатҳои субъектҳои ҳочагидорианд, ки дар натичаи ба шахсони хукуки хизмат расонидан ба вучуд меоянд; карзҳое, ки аз дигар муасиссаҳо мегиранд, инчунин карзи Бонки милли (маркази) мебошанд.

Амонат — муносибати иктисодиест, ки муштари пули худашро ба бонк барои истифодаи муваккати медихад.

Бонк аз руи амонатҳои кабулкардааш фоиз дода, онҳоро дар навбати худ барои додани карз истифода мекунад, бинобар ин, амонат хам барои муштари ва хам барои бонк муфид аст. Фарк, байни фоизе, ки бонк аз карзҳои додааш мегирад ва фоизе, ки ба муштари аз руи амонат медихад, даромади бонкро ташкил мекунад. Чиддучахди бонк барои афзоиши амонат ба он равона карда мешавад, ки захираи карзии худро зиёд кунад.

Коидаи асоси ва мухими бонк ин аст, ки мухлати пас талаб кардани амонатҳо ва дигар маблагҳои чалбшуда бояд бо мухлати карзҳои ба муштариён додашуда баробар бошад, то ки дар ҳолати зарури талаботи муштариёнро конеъ карда тавонад. Мувофики ин коида бонк маблагҳои дар хисоби чории муштариён бударо чун захираи карзи истифода бурда наметавонад, зеро муштариён ин маблагҳоро дар вактҳои барояшон зарури истифода мебаранд. Илова бар ин, дар давоми сол кисми ин маблагҳо дар суратхисоб ва хисобҳои чории муштариён боки мемонанд, гайр аз ин, аксарияти амалиёти пардохти ба таври гайринакди сурат мегирад, аз ин ҳотир аз руи баъзе хисобҳои тахмини бакияи доимии хисобҳои чори ва суратхисобҳоро муйян кардан мумкин аст. Барои муайян кардани бакияи маблагҳо дар суратхисоб ва хисобҳои чории муштариён аз формулаи зерин истифода менамоем.
Бмс
БМ =,
Гкдс

ки дар ин чо:
БМ — бакияи маблагҳое, ки дар давоми сол дар суратхисоб ё хисоби чории муштари мавчуданд ва ба сифати захираи карзи истифода кардани онҳо мумкин аст;
Бмс — бакияи миёнаи солонаи маблагҳо дар суратхисоб ё хисоби чории муштари;
Гкдс — гардиши кредитии (К-т) суратхисоб ё хисоби чории муштари дар давоми сол.

Агар муайян гардад, ки маблаги муайяне дар ин хисобҳо доими мемонад, пас бонк метавонад кисми ин маблагҳоро чун сарчашмаи карз истифода кунад, инчунин муштариён метавонанд онҳоро ба бонк муваккатан амонат монанд ва аз онҳо даромад гиранд.

Хисобҳои амонати мувофики хусусият ба якчанд хел чудо мешаванд, масалан аз руи сарчашмаи пайдоиш, максадноки, дарачаи даромадноки ва гайра.

Аз руи меъёр ва хусусият хисобҳои амонати таксим мешаванд ба:
— хисобҳои амонатии шахсони хукуки (корҳона, ташкилот, ширкат ва гайра);
— хисобҳои амонатии шахсони вокеи.

Аз руи шакли пас гирифтанашон таксим мешаванд ба:

-бемухлат (амонатҳое, ки мухлати муайян надоранд);

-мухлатдор (амонатҳое, ки мухлати муайян доранд).

Амонатҳои бемухлат маблагҳои пулие хастанд, ки сохибонашон бе огохии бонк дар кадом мавриде, ки барояшон зарур аст онҳоро аз бонк талаб менамоянд. Амонатҳои бемухлат иборатанд аз маблагҳои пули дар суратхисобҳо, хисобҳои чори, бучети ва дигар хисобҳо. Ин хисобҳо ба муштариён барои он лозиманд, ки дар вакти харидани мол ё додани хакки хизмати расонидашуда дарҳол пулашро бипардозанд, маблаги заруриро барои додани музду маош бигиранд ва гайра.

Бояд гуфт, ки аз нуктаи назари идора кардани пардохтиазирии бонк, барои бонк аз тарафи муштариён кушодани хисобҳои чори, хисобҳои тамвили (финансирование) сармоягузориҳо, хисобҳои таъиноти махсус муфид аст, зеро харакати маблаг аз ин хисобҳо (мухлати пардохт ва дохил шудани маблагҳо) имкон дорад барои бонк пешаки муайян гардад. Илова бар ин, сохибони хисобҳои чори ва бучети аз бонк карз намегиранд ва бонк метавонад маблагҳои дар хисоби онҳо бударо чун сарчашмаи карзи кутохмуддат истифода намояд.

Дар баъзе бонкҳо хиссаи амонатҳои бемухлат дар таркиби амонатҳо хеле калон аст. Чун коида ин хел амонатҳо барои бонк сарчашмаи карзии арзонанд, зеро аз руи ин амонатҳо бонк фоизи ночиз медихад ва баъзан мумкин аст фоиз хам надихад. Аммо мавчудияти ин амонатҳо бонкҳоро водор месозанд, ки доимо захираҳои пули дошта бошанд, зеро сохибони ин амонатҳо хар вакте ки ҳоханд аз бонк гирифтани маблагҳоро талаб менамоянд ва дар ин ҳолатҳо бонк бояд талаби онҳоро конеъ карда тавонад.

Тавре ки дар боло гуфта шуд пасандозҳое, ки аҳоли дар бонкҳо мегузорад низ ба ду навь таксим мешаванд, яъне пасандози мухлатдор ва бемухлат.
Пасандози мухлатдор — пасандозе мебошад, ки бонк онро ба як мухлати муайян аз муштари кабул менамояд. Барои дар бонк гузоштани ин пасандоз муштари бо бонк шартнома мебандад. Дар шартнома маблаг, мухлати пасандоз, фоизе, ки бонк медихад ва дигар шартҳо дарч мегарданд. Ин пасандозҳо ба мухлатҳои то 3 мох, 6 мох, 9 мох, 12 мох ва зиёда аз 12 мох дар бонк гузошта мешаванд. Ин гуна пасандозҳо хам барон бонк ва хам барои муштари муфиданд. Бонк метавонад маблаги ин пасандозро дар мухлатҳои муайяншуда карз дихад ва муштари дар ин мухлат фоизи муайяншударо бигирад, Муштари метавонад фоизи пасандозашро хар мох ва ё баъд аз тамом шудани мухлати он гирад. Хусусияти ҳоси ин пасандоз дар он аст, ки маблаг ва мухлати он бояд тагйир наёбад, агар муштари пеш аз мухлат пасандозашро гирифтани шавад, дар вакти додани маблаги пасандоз бонк фоизҳои пеш додаашро баргардонида мегирад. Бинобар ин, муштариён аксаран пасандози худро баъди ба охир расидани мухлати он аз бонк мегиранд ё дубора шартнома мебанданд ва ё мухлати шартномаро дароз мекунанд.

Меъёри фоизие, ки бонк аз руи ин пасандозҳо медихад ба хачми маблаги пасандоз ва мухлати он вобастаги дорад, яъне агар маблаг ва мухлати пасандоз зиёд бошад, бонк фоизи зиёдтар медихад. Бинобар ин, одамоне, ки маблагҳои пулии изофи доранд ин шакли пасандозро интиҳоб мекунанд.

Дар фаъолияти бонкҳо боз дигар навъи пасандоз, амонатҳо ва дигар амалиётҳо низ хастанд, ки ба воситаи онҳо маблагҳои пули чалб карда мешаванд.
б) карзҳои байнибонки — бонкҳои тичорати метавонанд захираҳои карзии худро аз хисоби дигар бонкҳо зиёд кунанд. Бонкҳое, ки захираҳои доимии пулии зиёдати доранд метавонанд онҳоро ба дигар бонкҳо фурушанд, зеро пас гирифтани онҳо нисбат ба карзе, ки ба ҳочагиҳо медиханд осонтар аст. Ҳоло хариду фуруши ин захираҳо вучуд дорад, аммо номуташаккил аст. Бинобар ин бо Карори Мачлиси Олии Чумхурии Тоникистон «Оид ба самтҳои асосии сиёсати пулию карзи ва асъории Чумхурии Тоҷикистон дар соли 2000-ум», Бонки миллии Тоҷикистон ухдадор карда шудааст, ки чорабиниҳои заруриро чихати ташкили бозори байнибонки биандешад. Илова бар ин, байни бонкҳо боз дигар алокаҳои хамкори баркарор кардан мумкин аст.

Мухлати карзҳои байнибонки гуногун аст. Дар тачрибаи байналхалки ин мухлат аз як руз то 6 мох аст. Бо вучуди ин, фоизи карзи байнибонкй аз фоизе, ки ба корҳонаҳо медиханд камтар аст. Сабаби асосии карз гирифтани як бонк аз бонки дигар дар он аст, ки бонки карзгиранда онро барои конеъ намудани талаботи муштариёни худ мегирад ва бо ин рох маблаггузории карзии худро зиёд мекунад. Дар вакти доду ситади ин карз байни бонки карздиханда ва бонки карзгиранда шартнома баста мешавад ва дар шартнома тамоми коидаҳои доду ситади карз чой дода мешавад. Дар шартномаи карзии байнибонки хатман мухлати баргардонидани карз нишон дода мешавад ва дар баъзе маврид бонки карздиханда бандеро илова мекунад, ки мувофики он вай метавонад дар вактҳои зарури, яъне хангоми бад шудани вазъи молиявиаш, карзи додаашро то ба охир расидани мухлати он ситонад.

Мувофики шартнома бонки карзгиранда бояд хар мох фоизи карзро ба бонки карздиханда аз хисоби худ интикол дихад. Дар ҳолати сари вакт надодани фоизи карз, бонки карздиханда хак дорад аз хисоби муросилотии (корреспондентии) бонки карзгиранда ба таври мачбури онро ситонад.

Дар мамлакатҳои мутаракки бозори карзии байнибонки вучуд дорад ва доду ситади захираҳои карзии байнибонки тавассути ин бозор сурат мегирад. Дар ин бозор музоядаи карзи ташкил карда мешавад ва хар бонки харидор карзро бо шарту шароити ба худаш созгор харида мегирад.
в) карзи Бонки милли (маркази) — Бонки милли (маркази) сиёсати пулию карзиро дар амал татбик намуда, хачми пули дар муомилотбуда ва карзҳоеро, ки бонкҳои тичорати ба иктисодиёт медиханд, танзим менамояд. Ин бонк сиёсати карзии мамалакатро дар иктисодиёт амали намуда, нисбати фаъолияти бонкҳои тичорати кушиш ба он равона мекунад, ки захираҳои карзии онҳоро зиёд ё кам кунад. Барои ин амал сатхи фоиз ва хиссаи захираҳои хатмии бонкҳои тичоратиро истифода менамояд. Истифодаи усулҳои танзими Бонки милли (маркази) ба дарачаи тараккиёти муносибатҳои бозори дар мамлакат вобастаги дорад.

Дар рафти танзими фаъолияти бонкҳои тичорати ба бонкҳое, ки барои додани карз ба муштариён захираҳои зарури надоранд, Бонки маркази (милли) ба онҳо аз захираҳои мутамаркизи худ карз медихад, то ки онҳо зхтиёчоти муштариёнро ба маблагҳои иловаги таъмин карда тавонанд. Бонки милли (маркази) аз руи карзҳои ба бонкҳои тичорати додааш фоиз мегирад.

Сатхи фоизи карзҳои Бонки миллии Тоҷикистон баъди ба муомилот баровардани рубли тоҷики чунин буд. Агар сатхи фоизро то 1 июни соли 1995 баробар ба 100 гирем, пас аз 1 июн то таърихи 1 сентябр -120, аз 1 сентябри с. 1995 то 1 марта с. 1996 — 250, аз 1 марта с. 1996 то 12 июни соли 1996 — 120 фоиз буда, баъдан бо поён рафтани сатхи таваррум (инфлятсия) паст фароварда шуд. Баъдан фуруши карзҳои мутамаркиз тавассути музояда (ауксион) аз 19 декабри соли 1997 ба рох монда шуд, ки фоизи карз вобаста ба талабот ва пешниҳодот муайян карда мешавад. Барои мисол гуфтан мумкин аст, ки сатхи фоизи музояда дар таърихи 6 октябри соли 1998 — 41,0 фоизро ташкил дода дар давоми сол тагйир меёфт. Дар соли 2000-ум боз хам меъёри ин фоиз кам шуда аз таърихи 7 то 27 январи соли 2000-ум 14,3 фоизро ташкил дод.

Хусусияти ҳоси карзҳоеро, ки бонкҳои тичорати аз Бонки миллии Тоҷикистон мегиранд, аз тарафи Бонки милли маржа (маржа — фоизи иловагиест, ки бонкҳои тичорати дар вакти додани карз аз муштариён мегиранд) муайян мекунад. Бонкҳои тичорати хукук надоранд ба болои фоизи карзи гирифтаашон аз маржаи муайяншуда зиёдтар фоиз монанд.
г) нашр ва фуруши когазҳон кнматнок — бонкҳои саҳомию тичорати барои зиёд намудани сармояи оинномавии худ метавонанд когазҳои киматнокро нашр карда ба фуруш бароранд, зеро яке аз сарчашмаҳои зиёд кардани сармояи бонк ин нашр ва фуруши когазҳои киматнок аст. Бонкҳои саҳомию тичорати ду шакли когазҳои киматнокро (сахмияҳоро) нашр карда мефурушанд: сахмияҳои одди ва сахмияҳои имтиёзнок. Ба гайр аз сахмияҳо бонкҳо метавонанд боз дигар когазҳои киматнок низ нашр карда ба фуруш бароранд. Аммо дар шароити имруза бонкҳои тичоратии кшпварамон аз ин амал истифода намекунанд. Дар фаъолияти бонкҳои мамлакатҳои Гарб ин шакли фаъолият тавсеа ёфтааст, зеро дар он кишварҳо бозори когазҳои киматнок хеле таракки намудааст.

422
Нет комментариев. Ваш будет первым!