АЛОҚАМАНДИИ ТУРИЗМ БО ДИГАР ИЛМҲОИ ТАРКИБӢ

Зарурияти омӯзиши фаъолияти туристӣ аз аҳамияти рузафзуни ҳатмии ҷамъиятӣ ба вуҷуд омадааст. Дар бахши иқтисодӣ, туризм як шакли даромадноки фаъолияти тиҷоратӣ маҳсуб ёфта, он боиси фаъолгардии равандҳои иқтисодӣ мегардад, ба монанди:

— афзоиши вуҷуди сармоя ва даромад;

— рушди муассисаҳои нақлиётӣ, алоқа, хӯроки умумӣ;

— сохтмон;

— ташкили ҷойҳои корӣ ва ғайра.

Аҳамияти иҷтимоӣ – фарҳангии туризм дар нигоҳдошти мероси фарҳангӣва арзишҳои таърихӣ зоҳир мегардад.

Туризм ба инкишофи сатҳи маърифатнокӣ ва иқтидори фарҳангии кишвар, минтақа, шаҳр ё ҷои мушаххас таъсир мерасонад. Дар бахши иҷтимоӣ -сиёсӣ туризм ҳамчун воситаи муносибатҳои мусбии байни мамлакатҳои гуногун сулҳу ваҳдат, манфиатҳои дуҷониба ва эҳтироми онҳоро ба вуҷуд меорад.

Падидаи туризм дер боз шинохта шудааст, аммо туризм ҳамчун илми навин мебошад. Раванди ташаккулёбӣ қарор дорад ва ба илмҳои зиёди соҳавӣ такя менамояд.

Фанҳои махсуси соҳавии туризм ба монанди иқтисодиёти туризм, географияи рекреатсионӣ, туризми экологӣ, биосфера ва туризми педагогика ва равандшиносии туристӣ, менеҷменти туризм, бехатарии туризм, технологияи иттилоотӣ дар туризм, рекреалогия, падидашиносии туристӣ ва ғайра ҷадидан ба миён омадаанд.

Бо назардошти рушди илми туризм ва дар заминаи тадқиқоти мутахасисони туризм чунин алоқамандии фанҳои таркибӣ ба миён омадаст:

Туризм ва география. Дар асоси таъсироти мутақобила географияи туризм, географияи рекреатсионӣ, мамлакатшиносии туристӣ, минтақашиносии туристӣ, туризми минтақавӣ ташаккул ёфтааст.

Гузашта аз ин таъкид бояд намуд, ки туризм яке аз соҳаҳои асосии география маҳсуб меёбад;

Туризм ва иқтисодиёт дар асоси ин самти нав — иқтисодиёти туризм ба амал омадааст. Инчунин робитаи туризм ба иқтисодиёт зич буда, он падидаҳои нави иқтисодиро ба амал меорад;

Туризм ва фалсафа таъсири мутақобила боиси пайдоиши самти нав, ба монанди фалсафаи туризм, падидашиносии туризм ва саёҳат, фалсафаи меҳмондорӣ ва ғайра гардидаст;

Туризм ва иҷтимоиёт ба тавлиди чунин самт туризми иҷтимоӣ сабаб мегардад, зеро дар туризм симои асосӣ — истеъмолкунанда аст, ки дар ин ҳол моҳияти илмҳои иҷтимоӣ боло меравад;

Туризм ва иттилоот, техника, технология алоқамандии чунин шакл боиси пайдоиши илмӣ — амалии самтҳои нав — технологияи иттилоотӣ дар туризм, техника ва технологияи туризм мегардад;

Туризм ва экология. Дар натиҷаи бархурди туризм ва экология ягона самтҳои илмӣ ба монанди истифодаи оқилонаи сарватҳои табиии туристӣ, экологияи туризм, туризми экологӣ, бехатарии экологӣ дар туризм ва ғайра ба вуҷуд меоянд;

Туризм ва ҳуқуқ — туризм чун дигар бахшҳои хизматрасонӣ танзими махсуси ҳуқуқиро талаб менамояд. Дар нимаи дуюми асри гузашта як қатор самтҳои назария ва амалияи туристӣ — ҳуқуқи туристӣ ташаккул меёбанд;

Илмҳои интихобӣ дар туризм.

Дар бисёр корҳои илмӣ мавҷудияти илми комплексӣ дар туризм инкор мегардад. Ғайр аз ин зарурияти ҷудо намудани тахассусият оид ба туризмро зарур намушуморанд.

446
Нет комментариев. Ваш будет первым!