Васоят, парасторӣ ва фарзандхонӣ

Мафҳуми васоят ва парасторӣ. Мафҳуми кӯдак мутобиқан ба қ.1.м.55 КО ҶТ шахсе эътироф карда мешавад, ки ба синни 18 солагӣ нарасидааст, яъне бо мафҳуми « ноболиғ» баробар аст. Ин тартиб айнан дар моддаи 1-ӯми Конвенсияи байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак оварда шудааст.Мувофиқи ҳуқуқи оилавӣ васоят, парасторию патронат ин роҳҳои қонуние мебошанд, ки ба воситаи онҳо барои дар шароити оилавӣ мустаҳкаму бардавом тарбия намудани кӯдаки аз назорати падару модар маҳрумгашта ва ҳифзи ҳуқуқу манфиати онҳо шароит пайдо карда мешавад.

Васоят нисбати кӯдакони синнашон ба 14 нарасида, (б.2 моддаи 147 КО ҶТ) дар ҳолатҳое муайян карда мешавад, ки кӯдак бе парастории волидайн ва муҳтоҷи таъмини моддӣ мебошад. Васоят ва парасторӣ – институти ҳуқуқии байнисоҳавӣ мебошанд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша нисбат ба тарбияи насли наврас ғамхории махсуси давлатро инъикос мекунанд. Тибқи ҳуқуқи оилавӣ васоят парасторию патронат барои тарбия кардан ва муҳофизат намудани молу мулки шахсии кӯдаконе, ки дар натиҷаи фавти падару модар ё аз ҳуқуқи падару модари маҳрум кардани онҳо дар натиҷаи маризии сахти падару модар ё бо дигар сабабҳо бе сарпарасти падару модар мондаанд, муқаррар карда мешавад. Ба падар ё модаре, ки аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум карда шудаанд (моддаи 69 КО ҶТ) бо иҷозати мақомоти васигӣ ва парасторӣ бо кӯдак вомехӯранд, агар ин вохурӣ ба кӯдак таъсири зарарнок нарасонад ё ба ҳаёту саломатии кӯдак хатарнок набошад. Мувофиқи қонуни оилавӣ падару модар барои таъмини фарзанди ноболиғи худ ӯҳдадоранд. Дар натиҷаи таъмин накардани фарзандон аз тарафи падару модар маблағи таъминоти онҳо ба воситаи суд рӯёнида мешавад. Он муносибатҳои ҳуқуқие, ки байни мақомоти парастору васигӣ пайдо мешаванд, бо ҳуқуқи маъмурӣ танзим мегарданд. Масъалаҳое, ки оиди васоят ва парастории кӯдакони ноболиғ бармехезанд ба зиммаи шуъбаҳои ҳукумати ҷумҳурӣ, шахсоне, ки онҳоро суд ғайри қобили амал ё қобилияти амалашон маҳдуд эътироф кардааст, ба шуъбаҳои нигоҳдории тандурустӣ, ва ба ӯ шахсони қобили амалие, ки ваъзи саломатиашон ба парасторӣ муҳтоҷанд, ба зиммаи шуъбаҳои таъминоти иҷтимоӣ вогузор шудаанд. Ҳангоми ба васоят додани кӯдак ҳолати саломатии кӯдак ва саломатии васӣ аз назорати духтур гузаронида мешавад.[1] Бинобар ҳамин васигӣ кори бисёр масъулиятнок аст ва ҳар кас васӣ шуда наметавонад. Барои интихоби васӣ ҳама хислатҳои шахсии васишаванда, қобилиятнокии ӯ, ба пуррагӣ аз иҷрои вазифа ва ӯҳдадори баромадани васӣ, муносибати у бо ашхосе, ки ба васигӣ муҳтоҷанд, ва хоҳишу розигии ашхоси ба васоят додашаванда ба назар гирифта мешавад. Ашхосе, ки ба васиги муҳтоҷанд инҳоянд:

— синнашон ба 18 нарасида;

— ғайри қобили амал ё қобилияти амалашон маҳдуд эътироф карда;

— аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум карда;

— пеш аз ин фарзандхонанда будаю бинобар ин ӯҳдадориро бо таври дахлдор иҷро накардан, аз ин вазифа озод карда;

— бинобар ӯҳдадории васигӣ ё парасториро ба таври дахлдор иҷро накарданаш аз ин ӯҳдадорӣ озод карда;

— шахсони бинобар надодани алимент ба кӯдакони маҳкум шуда васӣ ё парастор шуда наметавонад;

Васӣ ва парастор бо розигии худашон таъин карда мешаванд. Вазифаи васигӣ бемузд буда, асоси ба вуҷуд омадан, тағйир ёфтан ва қатъ гаштани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои зиёдеро талаб мекунад. Вазифаи васиён иборат аст аз :

— тарбия намудани ашхоси дар васоят буда;

— оиди саломатии ноболиғон, инкишофи ҷисмонии онҳо, инкишофи маънавию ахлоқии онҳо ғамхорӣ кардан;

— оиди таҳсилашон назорат бурдан;

— онҳоро ба меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ ҷалб кардан;

— онҳо дар ҷамъият ба тавре ба камол расанд, ки шаҳрвандони арзандаи ҷомеаи навин бошанд;

— ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳоро ҳамчун васӣ ҳимоя карда тавонанд;

Дар даврони мо шахсоне пайдо мешаванд, ки аҳволи саломатиашон хеле бад буда ба парасторӣ муҳтоҷанд. Фақат шахсоне, ки ба ҳайси васӣ ё парастор фаъолият мекунанд аз ӯҳдаи ин роли бағоят дилрешкунанда мебароянду халос.

Васиёни ашхоси болиғ ӯҳдадоранд, ки аз таъминоти ҳамарӯзаи дар васоят будагон бохабар бошанд; тамоми шароитҳои заруриро баҳри онҳо муҳаё созанд; оиди нигоҳубин ва муолиҷаи ҳамарӯзаи онҳо ғамхор бошанд; ҳуқуқҳои онҳоро ба манфиати онҳо ҳифз карда тавонанд.

Васӣ бо ашхоси ноболиғ дар якҷоягӣ зиндагӣ мекунад. Агар васӣ рафтори некбинона дошта нисбати ашхоси дар васоят буда таъбири бадхоҳона надошта бошад. Дар баъзе мавридҳо мақомоти васоят ва парасторӣ иҷозат медиҳанд, ки парасторшаванда, ки синнаш ба 16 расидааст, алоҳида зиндагӣ кунад.

Ҷои истиқомати васӣ ва ашхоси дар васоят буда як суроға эътироф карда мешавад, лекин васӣ ба манзил ҳуқуқи мустақил пайдо намекунад.

Кӯдаконе, ки бо амри тақдир ба хонаи бачагон ва хешовандон ба парастори дода мешаванд, хонаи истиқоматии онҳо, ки пештар дар он ҷо зиндагӣ мекарданд, новобаста аз он ки дар он дигар аъзоёни оила зиндагӣ мекунанд, нигох дошта мешавад. Баъзан вақт мешавад, ки падару модар ё ашхоси дигар бе асоси қонунӣ кӯдакро ба худ нигоҳ медоранд вале васиён ҳуқуқ доранд, ки ба воситаи суд онро ба худашон баргардонанд. Одатан васиён аз ҳисоби худ кӯдакони парасторро нигоҳубин намекунанд, онҳо аз ҳисоби молу мулк, ёрдампулӣ, нафақа (алимент) ва дигар даромадҳои ашхоси дар васоят буда, ки вақти васигӣ ба васӣ мегузаранд, нигоҳубин карда мешаванд ва ин маблағҳо ба ҳифз ва манфиати ашхоси дар васоят буда хароҷот карда мешаванд.[2] Васӣ шахси қонунии ашхоси дар васоят буда ба ҳисоб рафта, бо тартиби муайян ва шароитҳои дар қонунгузорӣ пешбинишуда амал карда, аз номи ӯ баъзе аҳдҳоро мебандад. Аммо баъзе аҳдҳое ҳастанд, ки васӣ ҳуқуқи бастани онҳоро надорад. Ба инҳо мисол шуда метавонанд:

— тақсим кардани молу мулки ашхоси дар васоят буда;

— фурӯхтани манзил;

— бахшидан ва иваз кардани манзил;

— бо роҳи дигар аз худ соқит кардани молу мулки дар васоят буда;

— бастани шартномаҳои нотариалӣ;

— даст кашидан аз ҳуқуқҳои шахсӣ.

Барои ин гуна аҳдҳоро бастан васӣ бояд ба мақомоти васоят ва парасторӣ ҳатман муроҷиат кунад, ҳатто шахсони наздики васӣ ё ашхоси дар васоят буда ҳақ надоранд, ки аҳдҳоро банданд ва ё намояндагӣ кунанд. Баъд аз 14- сола шудани ашхоси дар васоят буда, васоят қатъ мегардад. Вазифаи васигӣ низ бе ягон таъиноти махсуси мақомоти васоят ва парасторӣ қатъ гардонида мешавад. Васӣ-парастор метавонад баъди васигӣ парастори ашхоси дар васоят буда, то синни 18 –солагӣ гардад ва то ба ақди никоҳ даромадани онҳо қатъ мегардад. Қатъ гардидани васигӣ:

— баргардонидани кӯдакон ба тарбияи падару модар;

— ба фарзандӣ қабул шудани кӯдакон;

— ба муассисаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ супоридани кӯдакон;

Дар ҳолатҳои сӯистифода бурдан аз васигӣ ё парасторӣ, бо мақсади ғаразона истифода бурдани ашхоси дар васоят буда, бе назорат монондани ӯ, дар вақтҳои зарурӣ бе ёрии таъҷилӣ монондани ашхоси дар васоят буда, васӣро аз рӯи нишондодҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ мекашанд. Масалан мувофиқи моддаи 176 КҶ ҶТ сӯистифода аз васӣ ё парастор.

Ҳамин тавр, фаъолияти мақомотҳои васоят ва парасторӣ, васиёну парасторон фақат ба тарбия ва нигоҳубини ашхосе, ки аз падару модар маҳруманд ё рӯ гардонданд равона карда шудааст. Ин корест, ки хайру савобаш ниҳоят зиёд аст ва созовори эҳтироми ин дунёву он дунё мегарданд.

Фарзандхонӣ.

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлоли тозабунёд мебошад ва ба воситаи қонунҳои худ дар ҳаққӣ кӯдакони бепарстор ва бопарастор дар кӯдакистонҳо, мактаб-интернатҳо, хонаи бачагон ва ғайраҳо ғамхорӣ намуда, тамоми шароитҳои заруриро баҳри онҳо омода месозад. Пароканда шудани оилаҳо ба тарбияи насли наврас хатари ҷиддӣ расонда, ба зиёд шудани кӯдакони бепарастору бехона мусоидат мекунанд.

Фарзандхонӣ – ин санади ҳуқуқие мебошад, ки дар натиҷаи он байни ашхоси ба фарзандӣ қабулкунандаю хешовандони онҳо ва ашхоси фарзандхоншаванда ҳуқуқу ӯҳдадориҳои падару модарӣ ва фарзандиро, ки бо тамоми нозукию оқибатҳояш пайдо мешаванд ба танзим медарорад, ки айнан байни падару модарони фарзандон хос аст. Ба фарзандхонӣ ашхоси бе падару модар ва падару модар дошта қабул мешаванд. Фарзандхонӣ бо розигии ҳатмии зану шавҳар гирифта мешавад, дар натиҷаи набудани онҳо розигии мақомоти васоят ва парасторӣ ҳатман зарур аст.[3] Шахсоне, ки ба фарзандхонӣ кӯдакро мегиранд ӯҳдадоранд, ки ҳамчун падару модари ҳақиқӣ ӯро таълиму тарбия дода, ҳамаҷониба таъминоти ӯро бар душ гиранд, дар бораи хушбахтии ӯ ва фарзанди сазовори ҷомеа ба воя расонидани ӯ кӯшиш кунанд. Моддаи 21 Конвенсияи байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак мавҷудияти низоми фазандхонкуниро эътироф ва иҷозат дода, манфиатҳои аввалиндараҷаи кӯдакро пеш аз ҳама ба инобат гирифта фарзандхоникунии кӯдакро танҳо аз ҷониби ҳокимияти салоҳиятдор иҷозат додааст. Аз ин мебарояд, ки натанҳо дар ҷумҳурии мо балки дар дигар кишварҳо ҳам фарзандхонкуни масъалаи ниҳоят муҳим буда, барои тарбияи кӯдакони бепарастор кӯшишҳо ба харҷ медиҳанд. Фарзандхониро шуъбаҳои васоят ва парастории ҳукуматҳо ба расмият дароварда ба шахсияти фарзандгирандагон эътибори калон медиҳанд. Баъди ба расмият даровардан, фарзандхонӣ эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунад. Ба шахсоне, ки:

— аз ҳуқуқи падарию модари маҳруманд;

— шахсони ғайриқобили амал;

— қобилияти амалиашон маҳдуд;

— шахсони барои надодани алименти фарзандон маҳкумшуда;

— шахсоне, ки ба фарзандхонӣ ашхоси ноболиғро гирифтаанду аммо аз ӯҳдаи ин кор набаромадаанд, ӯҳдадориашонро ба таври дахлдор иҷро накардаанд фарзандхонии онҳо бекор карда шудааст, аз ҳуқуқи ба фарзандхонкунӣ гирифтани кӯдак маҳруманд. Фарзандхонӣ бе муҳлат аст ва иҷрои вазифаҳои ашхосе, ки ба фарзандӣ кӯдакро қабул мекунанд ба монанди вазифаҳои васоят ва парасторӣ ба зиммаи шуъбаҳои маориф, нигаҳдории тандурустӣ ва таъминоти иҷтимоӣ вогузор карда шудаанд. Вақти ба фарзанхонӣ қабул кардани кӯдак ҳам саломатии кӯдак ва ҳам саломатии фарзандхонкунанда аз ташхиси тиббӣ мегузарад, лекин ҳолати саломатии кӯдак ба назар гирифта намешавад. Дар мавридҳои касалии вазнини ирсӣ, бемории гузаранда ё дигар намудҳои касалие, ки ба кӯдак зараровар набошанд, ба фарзандхонӣ дода намешаванд. Агар ашхосе, ки кӯдакро ба фарзандӣ қабул мекунад дар бораи маризии ӯ донад вале ба фарзандӣ қабул кунад, ягон мамониат пеш намеояд. Танҳо кӯдакони ноболиғро ба фарзандӣ гирифтан мумкин аст. Мувофиқи қонуни оила агар кӯдаки ноболиғ ба синни 10-солагӣ расад бе розигии ӯ ва бе розигии мақомоти суд ба фарзандӣ гирифтан мумкин нест. Барои ба фарзандӣ гирифтан, ашхос ихтиёрона ариза навишта бо қарори суд кӯдакро ба фарзандӣ қабул мекунад. Дар асоси пешбинӣ намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҳолатҳо фарзандхонӣ беэътибор дониста мешавад:

— ҳуҷҷатҳои қарор дар бораи фарзандхонӣ қалбакӣ бошад;

— аз ҳуқуки падару модарӣ маҳрум карда бошад;

— қобилияти амалкуни надошта бошад;

— ғайриқобили амал дониста шуда бошад;

— агар пештар ба фарзандӣ қабул шуда бошад;

— ашхоси болиғ ба фарзандӣ қабул шуда бошад;

— фарзандхонӣ қалбакӣ эътироф шуда бошад.

Фарқияти байни институти фарзандхонӣ аз институти васоят ва парасторӣ дар он аст, ки дар ҳама муносибатҳо шахсони ба фарзандӣ кӯдакро қабулкарда бо ҳуқуқҳои падару модарии кӯдак баробар ҳисоб меёбанд ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳои падару модари ва фарзандиро бо тамоми оқибатҳояш пайдо мекунанд. Ин гуна ҳуқуқу ӯҳдадориро институти васоят ва парасторӣ пайдо карда наметавонад. Муносибатҳои ҳуқуқии ҳарду институт бо меъёрҳои ҳуқуқи маъмурӣ ба танзим дароварда мешаванд.

Ба ҳамин тариқ, меҳру муҳаббати падару модариро дар рӯи дунё ягон кас гирифта ва иваз карда наметавонад аммо мутаасифона дар замони мо оилаҳое пайдо мешаванд, ки ба ин чиз мӯҳтоҷанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлоли тозабунёд мебошад, ки истиқлолияти хешро 9 сентябри соли 1991 эълон кардааст. Ин кишвари офтобруя даҳшати ҷанг ва оқибатҳои он, зуҳури мухолифат дар ҷомеаи шаҳрвандӣ, душвориҳои барқарор кардани хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, мушкилоти расидан ба ваҳдати миллӣ ва буҳрони тӯлонии иқтисодиро аз сар гузаронд. Дар кишвар ислоҳоти сиёсӣ гузаронида шуд.Ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи ( Сарқонуни ) Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки Президент ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудаанд. Мувофиқи Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунӣ, муносибатҳои оилавӣ дар Тоҷикистон танзим карда мешаванд.

Қонунгузории оилавӣ нисбати зану шавҳар ҳуқуқ ва уҳдадориҳои баробар муайян карда, иҷрои ҳуқуқ ва вазифаҳои худ аз тарафи аъзоёни оила набояд вайрон карда шаванд озодӣ ва манфиатҳои қонунии аъзоёни дигари оила, ашхоси дигар ва ҳамчунин меъёрҳои маънавии ҷамъиятро вайрон кунад.талаб мекунад.риоя намоянд.


[1] Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон.Душанбе 1995. – С 146. Ҳуқуқи оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон Душанбе. «Сино» 1994. –С. 165.[2] Дар ҳамин ҷо: — С. 165-173.[3] Усмонов О.У. Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон.Душанбе.Маориф. 1999. –С.148-152.
752
Нет комментариев. Ваш будет первым!