Сохтори системаи бучети давлатии чумхурии точикистон

Системаи молияи давлати сохаи муайяни муносибатхои молияви аст, ки дар просеси он маблагхои пулӣ ташкил ва истифода бурда мешавад…Системаи молияи давлати сохаи муайяни муносибатхои молияви аст, ки дар просеси он маблагхои пулӣ ташкил ва истифода бурда мешавад. Системаи молияи давлатӣ хамчунин шакл усулхои ташаккул, таысим ва истифодаи маблагхои пулии давлатиро муайян мекунад.
Системаи молияи давлатии Чумхурии Точикистон аз муносибатхои молиявии зерин иборат мебошад:
– системаи бучети давлатӣ;
– карзи давлатӣ;
– фондхои максадноки давлатӣ.
Системаи бучети давлатии Чумхурии Точикистон аз бучетхои сатххои зерин иборат мебошад:
– сатхи якум – бучети чумхуриявӣ ва бучетхои фондхои максадноки давлатӣ;
– сатхи дуюм – бучетхои махаллӣ.
Ба бучетхои махаллӣ бучетхои вилояти мухтори Кухистони Бадахшон ва шахру нохияхои он, вилоятхо, шахру нохияхо, нохияхои тобеи чумхуриявӣ ва чамоатхо мансуб мебошад.
Бучети давлати дар шакли Ыонуни Чумхурии Точикистон дар бораи бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли навбати молиявӣ танхо аз чониби Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон кабул карда мешавад.
Бучети фондхои максадноки давлатиро Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон дар баробари кабули Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точи-кистон барои соли навбатии молияви барраси карда, тасдик менамояд.
Бучетхои махалли дар шакли санадхои хукукии макомоти намояндаги хокимияти махаллӣ тахия ва кабул мешаванд.
Бучети солона барои як соли молияви тартиб дода мешавад. Вай ба соли таквими (календарӣ) мувофик буда, аз 1 январ то 31 декабри давом мекунад.
Системаи бучети давлатии Чумхурии Точикистон ба принсипхои зерин асос меёбад:
– ягонагии системаи бучети давлати;
– тафрикаи даромаду харочот байни сатххои системаи бучети;
– инъикоси пурра ва хатмии даромаду харочоти бучетхо;
– баробарии (мувозинати) бучетхо;
– истифодаи самарабахшу сарфакоронаи маблагхои бучетӣ;
– пардохти пурраи харочоти бучетхо;
– ошкоро будани бучетхо;
– эътиборнокии бучетхо;
– таъиноту максаднокии муайяни маблагхои бучетӣ
Гурухбандии бучетхо ба гуруххо чудо кардани даромаду харочот, манбаъхои маблаггузории касри бучетхо мебошад, ки барои тартиб додану ичрои онхо истифода бурда мешавад ва киёспазирии нишонди-хандахои бучетхои давлатии Чумхурии Точикистонро таъмин менамояд.
Низом ва тартиби гурухбанди бучетии даромаду харочоти давла-тиро Вазорати молияи Чумхурии Точикистон тахия ва тасдик мекунад.
Даромадхои бучети чумхурияви аз даромадхои андозу гайриандоз, инчунин аз воридоти маблагхои беподош иборат мебошанд.
Ба даромадхо аз андоз дохил мешаванд:
– андозхои умумидавлати, ки фехристи меъери онхоро конунгу-зории Чумхурии Точикистон муайян намудааст. Таносуби таксими андозхои мазкур дар байни бучети чумхурияви ба бучетхои махали дар Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи Бучети давлати Чумхурии Точикистон барои соли навбатии молияви мукаррар мегардад.
Ба даромадхои гайриандоз дохил мешаванд:
– даромад аз хизмати пулаки ки аз чониби макомоти хокимияти давлати ва ташкилотхои бучетии тобеи макомоти мазкур расонида мешавад;
– фоидаи Бонки милли Точикистон тибки меъерхое, ки конунгузори Чумхурии Точикистон мукаррар кардааст;
– даромад аз фуруши захираву пасандозхои давлати, фоизи сармоя-гузории давлати, суди (дивиденди) сахмия аз дороии молияви;
Хамчунин ба даромади бучети чумхурияви аз хисоби манбаъхои гайрибучети тааллук доранд:
– грантхо ва дигар маблагхои беподош, ки аз шахсони вокеи, хукуки, ташкилотхои байналмилали, хукуматхои кишвархои хоричи ворид мешаванд;
– маблаге, ки дар натичаи хисоббаробаркунии байни бучети чумхуриявӣ ва махаллӣ ба вучуд меояд;
– маблагхое, ки аз истифода ва фуруши амвол ворид мешаванд, хамчунин карзгирии давлатии дохили ва беруни, ки бучети чумхурияви берун аз даромад хамчун манбаи маблаггузории касри бучет истифода мешаванд.
Даромадхои фондхои максадноки давлатӣ
Даромадхои фондхои максадноки давлатӣ аз хисоби манбахои зерин ташкил меёбанд:
– Андозу бочхои махсуси максаднок ва хатми, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар кардааст;
– маблагхои ихтиеран супурдаи шахсони вокеӣ ва хукукӣ;
– маблагхои бучети давлатӣ;
– фоида аз фаъолияти сохибкорӣ, ки фонди дахлдор хамаи шахси хукукӣ амалӣ мегардонад;
– даромадхои дигар, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукарар кардааст.
Даромадхои фондхои максадноки давлатӣ дар бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли навбатии молиявӣ алохида, аз руи меъёрхои мукаррар намудаи конунгузории Чумхурии Точикистон, ба хисоб гирифта мешаванд.
Чамъоварӣ ва назорати пардохтхои хатмиро ба бучети фондхои максадноки давлатӣ Вазорати даромадхои давлатӣ ва пардохтхои Чумхурии Точикистон амалӣ мегардонад.
Даромадхои бучетхои махаллӣ.
Даромадхои бучетхои махаллӣ аз даромадхои андозу гайриандоз, инчунин аз воридоти маблаг аз хисоби андозу пардохтхои танзимку-нанда иборат мебошанд.
Ба даромадхо аз андоз дохил мешаванд:
андозхои махаллӣ, ки фехристи онхоро конунгузории Чумхурии Точикистон муайян намудааст;
– даромад аз андозу пардохтхои танзимкунанда барои бучетхои махаллӣ мувофикӣ тартибе, ки Конун дар бораи Бучети давлатӣ барои соли навбатии молиявӣ мукаррар кардааст, чудо карда мешавад;
– бочи давлатӣ, ба истиснои бочи давлатие, ки мувофики конун дар бораи Бучети давлатӣ барои соли навбатии моливӣ ба бучети чумхуриявӣ ворид карда мешавад.
Ба даромадхои гайриандоз дохил мешаванд:
– даромад аз бучети чумхуриявӣ, ки дар шакли кумаки молиявии беподош (дотатсия), мусоидати молиявӣ (субвенсия), карзи бучетӣ ё дар шакли дигар ба бучети махаллӣ ворид мешавад;
– воридоти маблаг аз хисоби татбики чорахои мачбуркуни барои вайронкунии конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи молияи давлатӣ, аз чумла чарима, пушаймона (пеня), чубронпулӣ ва хоказо.
Асос ва принсипхои ташаккули харочоти бучети давлатии Чумхурии Точикистон.
Ташаккули харочоти бучети давлатии Чумхурии Точикистон ба принсипхои ягонаи сохт, шакл ва роху воситахои фаъолият, меъерхои хадди акали стандартхои ичтимоии давлатӣ ва таъминоти бучетӣ, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар кардааст, асос меебад.
Харочоти бучети давлатии Чумхурии Точикистон вобаста ба ахамияти икдисодӣ ба харочоти чорӣ ва харочоти асосӣ таксим мешавад.
Харочоти чорӣ-кисми харочоти бучет аст, ки барои фаъолияти чории макомоти хокимият ва идораи давлатӣ, макомоти хокимияти махаллӣ ва фондхои максадноки бучетӣ мукаррар гардида барои даст-гирии сатхои дигари системаибучети давлатӣ, сохахои алохидаи истех-солот бо тарики расонидани кумаки молиявии беподош (дотатсия), мусодати молиявӣ (субвенсия), кумаки молиявӣ (субсидия) истифода мешавад.
Ба харочоти чорӣ инчунин харочотк, ки мувофики гурухбандии бучетхо ба харочоти асосӣ дохил нашудааст, мансуб мебошад.
Харочоти асосӣ – кисми харочоти бучет аст, ки барои фаъолияти маблаггузории навоварӣ (инноватсионӣ) мукаррар гардидааст. Ба харочоти асосӣ дохил мешавад:
– харочоте, ки тибки барномахои сармоягузории тасдикшуда барои маблаггузории шахсонии хукукии амалкунанда е нав таъсисефта таъин шудааст;
– маблагхое, ки хамчун кредити бучетӣ барои маблаггузорӣ ба шахсони хукуккӣ дода мешаванд;
– харочоте, ки ба таъмири асосӣ ва хариди воситахои асосӣ вобаста мебошад;
– харочоте, ки ичрои он ба афзоиши амволи мутаносибан моликияти чумхуриявӣ ва коммуналӣ мансуб буда, оварда мерасонад;
– харочоти дигар, ки тибки гурухбандии иктисодии бучетхо ба харочоти асосӣ дохил шудааст.
Дар таркиби харочоти асосӣ тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ташкил кардани бучети инкишоф имконпазир мебошад.
Гуруххои харочоти чорӣ ва асосии бучетхо мутобики гурухбандии иктисодии харочоти бучети давлатии Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд.
Шаклхои харочоти бучети давлатии Чумхурии Точикистон
Харочоти бучети давлатии Чумхурии Точикистон дар шаклхои зайл ба амал бароварда мешавад:
– маблаггудокунӣ аз бучет барои таъмини фаъолияти ташкилоти бучетӣ;
– маблаг барои пардохти мол(кор, хизматрасонӣ), ки шахсони вокеӣ ва хукукӣ дар асоси шартномахои давлатӣ ва махаллӣ ичро мекунанд;
– интиколи маблаг (трансфертхо) ба ахолӣ;
– маблагчудокунӣ аз бучет барои ичрои ваколатхои алохидаи идораи давлатӣ, вазифаи амалӣ гардонидани онхо ба макомоти хокимияти махаллӣ вогузор шудааст:
– маблагчудокунӣ аз бучет барои чуброни харочоти иловагӣ, ки вобаста ба кабул кардани карор аз чониби макомоти хокимияти давлатӣ пеш меояд ва дар натича ба афзоиши харочот е кам шудани даромади бучет оварда мерасонад;
– кредити бучетӣ ба шахсони хукукӣ, аз чумла карзи андозбандӣ, пардохтхои мухлатдор, дароз кардани мухлати супоридани андозу пардохтхо ва дигар ухдадорихо;
– мусоидати молиявӣ (субвенсия), кумаки молиявӣ (суб­сидия) ба шахсони вокеӣ ва хукукӣ;
– маблаггузории сармояи оинномавии шахсони хукукии амалку-нанда ва аз нав таъсисёфта;
карзи бучетӣ, кумаки молиявии беподош (дотатсия), мусоидати молиявӣ (субвенсия), кумаки молиявӣ (субсидия) ба сатххои дигари системаи бучети давлатии Чумхурии Точикистон ва фондхои максад-ноки давлатӣ;
– карздихӣ ба давлатхои хоричӣ;
– маблаг барои хизматрасонии ухдадорихои карзӣ ва пардохти фоизи онхо, аз чумла барои ичрои кафолати дав­латӣ ва хокимияти махаллӣ.
Харочоти бучети чумхуриявӣ
Аз хисоби бучети чумхуриявӣ танхо харочоти амалхои зайл маблаггузорӣ мешавад:
– таъмини фаъолияти Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точи-кистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, Дастгохи ичроияи Президенти Чумхурии Точикистон, макомоти идораи давлатӣ, харочоти дигар оиди идоракунии умумидавлати аз руи фехристе, ки хангоми кабули Ыонуни Чумхурии Точикистон дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли навбатии молияви муаяйн карда мешавад;
– фаъолияти системаи судии Чумхурии Точикистон;
– амали гардонидани фаъолияти байналмилали, таъми­ни молиявии ичрои шартномахои умумидавлати ва шартномахо бо ташкилотхои байналмилалии молияви, хамкории байналмилалии фархангӣ, илмӣ-иттилоотии макомоти ичроияи хокимияти давлатӣ, хакки узвияти Чумхурии Точики­стон дар ташкилотхои байналмилалӣ, дигар харочот дар сохаи хамкории байналмилалӣ, ки хангоми кабули Конуни Чумху-рии Точикистон дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли навбатии молиявӣ муайян карда мешаванд;
– мудофиа ва таъмини бехатарии давлат;
– тадкикоти бунёди ва дастгирии пешрафти илмӣ-техникӣ;
– дастгирии давлатии наклиёт;
– бартараф намудани окибатхои вазъияти фавкулодда ва офати табиӣ;
– ташаккули моликияти жумхуриявӣ ва маблаггузории муассисахое, ки дар ихтиёри макомоти хокимияти давлатӣ мебошанд ва ба моликияти давлатӣ мансубанд;
– хизматрасонӣ ва пардохти карзи давлатӣ;
– чуброни харочоти фондхои максадноки давлати оиди пардохти нафака ва кумакпулӣ, дигар пардохтхои ичтимои, ки мутобики конун-гузории Чумхурии Точикистон аз хисоби бучети чумхуриявй маблаг-гузорӣ мешаванд;
– пурра кардани захираи давлатии металлхои киматбахо ва сангхои киматбахо, захираи моддии давлатӣ;
– гузаронидани интихоботу раъйпурсӣ;
– барномахои умумичумхуриявии сармоягузори;
– таъмини ичрои карорхои макомоти хокимияти давлатӣ;
– таъмини ичрои ваколатхои алохидаи давлати, ки амалӣ гардони-дани онхо ба сатхи дигари хокимият вогузор шудааст;
– хисобдории расмии омор;
– харочоти дигар.
– хисобдории расмии омор;

– харочоти дигар.

Просмотрено: 924

3.35K
Нет комментариев. Ваш будет первым!