Мафҳуми молия ва фаъолияти молиявӣ

1. Мафҳум ва функсияҳои молия

2. Низоми молиявӣ

3. Мафҳум ва хусусиятҳои фаъолияти молиявӣ

1. Мафҳум ва функсияҳои молия

Инкишофи ҷараёнҳои иқтисодӣ дар таърихи инсоният нақши муҳим бозида роҳи хеле дуру дароз ва мушкилро аз мубодилаи оддии мол то ба муносибатҳои молию пулӣ тай намудааст. Дар ҳар марҳилаи тараққиёт давлат барои ташкили хазинаи худ, ки аз фондҳои махсуси пулӣ иборатанд, диққати ҷиддӣ медод. Хазинаи давлат шаҳодати тавоноии он, нишондиҳандаи дараҷаи тараққиёти иқтисодӣ буда, ҳар ҳоким (шоҳ, император) баъди ба сари ҳокимият омадан, дар навбати аввал ба назди худ хазинадорро даъват мекард, то ки дар бораи ҳолати хазина маълумот гирад ва вобаста аз он фаъолияти минбаъдаи давлатро ба роҳ монад.

Аз асри XVIII дар адабиёти иқтисодӣ истилоҳи «молия» пайдо мешавад, ки он дар аввалҳо ҳамаи маблағҳои пулии давлатро ифода мекард. Имрӯз мафҳуми молия хеле васеъ гаштааст. Молия – истилоҳи ҷамъбастии иқтисодӣ буда, ҳам фонди маблағҳои пулӣ, ки дар ихтиёри давлат ва корхонаҳо мебошад ва ҳам низоми ташкилшавӣ, тақсимшавӣ ва истифодабарии онҳоро дар назар дорад. Ҳамчун мафҳуми иқтисодӣ молия маҷмӯи муносибатҳои пулӣ байни давлат ва шахсони ҳуқуқию воқеӣ аст, ки дар натиҷа фонди пулӣ ба вуҷуд меояд. Худи молия алоҳида аз муносибатҳое, ки ба ташкилшавии онҳо мусоидат менамоянд, вуҷуд дошта наметавонад. Бинобар ин, ба мафҳуми он инчунин низоми махсуси аз тарафи давлат ташкилшуда низ ворид гашт. Молия ҷараёни доимӣ ва нақшавии ташкилкунӣ, тақсимкунӣ ва истифодабарии фондҳои пулиро таъмин менамояд. Аз рӯи мазмуни моддии худ молия фондҳои маблағҳои пулиро ифода менамояд.

Нақши молия дар давлат ва мавқеи калидии он чунин муайян карда мешавад: якум, молия бо муносибатҳои иқтисодии ҷамъиятӣ алоқаманд мебошад ва муназзими онҳост; дуюм, вай ба сиёсати молиявии давлат таъсир мерасонад. Таърих гувоҳи он аст, ки хатогиҳое, ки дар танзими муносибатҳои молиявӣ роҳ дода мешаванд ба оқибатҳои вазнини иқтисодӣ ва сиёсӣ оварда мерасонанд. Бӯҳронҳои молиявӣ хеле душвор бартарафшаванда буда ва ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятиро фаро мегиранд. Дар баъзе ҳолатҳо бошад, ҳатто аз доираи давлатҳо баромада ба бозори ҷаҳонии таъсири манфӣ мерасонанд («Таназзули бузург»-и ИМА солҳои 1930, бӯҳрони молиявии Япония солҳои 1990, бӯҳрони иқтисодӣ дар Аврупо солҳои 1980, бӯҳрони ИҶШС солҳои 1990, бӯҳрони молиявии Россия дар соли 1998, бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ соли 2008 то имрӯз).

Молия – ин дар навбати аввал маблағҳои пулӣ мебошад, ки нақши онро дар тараққиёти иқтисодии давлат муайян менамояд. Дорои захираҳои кофии молиявӣ буда, вазифаҳои аз ҳама мушкилтаринро тавассути он дар ҳама гуна соҳаҳо – иқтисодиёт, соҳаи иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ғ. бомуваффақият ҳал кардан мумкин аст. Дар айни замон давлат низоми ташкилшавӣ, тақсимот ва истифодабарии онҳоро ташкил карда истода, бо он молияи худро муҳофизат менамояд.

Тавре ки аз мафҳуми овардашудаи молия бармеояд, ду намуди асосии молия: давлатӣ ва хусусӣ (молияи корхонаҳо) маълум аст, ки фарқияти байни онҳо ҷиддӣ буда, вале бо ҳамдигар алоқаманд низ мебошанд.

Фарқиятҳои асосии молияи давлатӣ ва хусусӣ инҳо мебошанд:

1) давлат даромадҳои худро метавонад бо тариқи маҷбурӣ ба воситаи низоми андозбандӣ дар фарқият аз шахсони алоҳида таъмин намояд;

2) молияи давлатӣ бо низоми пулӣ зич алоқаманд буда аз иродаи шахси алоҳида, ки ба молияи худ ихтиёрдорӣ менамояд, вобастагӣ надорад;

3) молияи давлатӣ барои таъмини манфиатҳои ҷамъиятӣ нигаронида шудаанд, молияи хусусӣ бошад барои гирифтани фоида;

4) андозаи (ҳаҷми) молияи давлатӣ аз молияи хусусӣ хеле ҳам зиёд мебошад;

5) давлат ба воситаи амалҳои маҷбуркунӣ (милликунонӣ, мусодира ва ғ.) метавонад молияи хусусиро ба моликияти худ табдил диҳад.

Дар айни замон робитаи дуҷонибаи ногусастании молияи давлатӣ ва молияи хусусӣ муқаррар карда шудааст. Ҳолат ва ҳаҷми молияи хусусӣ ба сатҳи даромади давлат таъсир расонида, дар баъзе ҳолатҳо бошад, молияи давлатӣ амалан пурра аз молияи хусусӣ вобастагӣ дорад. Аммо дар таърих мамлакатҳое буданд, ки молияи онҳо танҳо аз молияи давлатӣ иборат буданд (масалан, ИҶШС ва дигар давлатҳои сотсиалистӣ), имрӯзҳо чунин низом танҳо дар якчанд мамлакатҳо (ҶХДК, Куба) мавҷуд аст. Ба ҳар ҳол молияи давлат дар назди молияи хусусӣ афзалият дорад, чунки маҳз ба воситаи даромадҳои давлатӣ ба вазъи иқтисодии бозор таъсир расонидан мумкин аст.

Молия чор функсияи асосиро иҷро мекунад:

1) тақсимкунӣ;

2) назоратӣ;

3) ҳавасмандкунӣ;

4) ахборотӣ

Ба воситаи молия маҳсулоти умумии ҷамъиятӣ ва даромади миллӣ тақсим карда мешавад, ки ин ба давлат барои таъмини инкишофи доимӣ ва самараноки ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт имконият медиҳад. Дар як вақт молия ҳамчун воситаи батанзимдарории муносибатҳои бозорӣ хизмат менамояд. Самтҳои асосии анбӯҳи пулҳоро муайян намуда, давлат фаъолияти худ ва иҷрои вазифаҳои гуногунро таъмин менамояд. Функсияи тақсимкунии молия ҳангоми банақшагирии даромадҳо ва хароҷотҳои давлатӣ ва корхонаҳо низ зоҳир мегардад.

Молия назорати истеҳсолот ва тақсимоти неъматҳои моддиро таъмин менамояд. Функсияи назоратии молия имкон медиҳад, ки ҷараёнҳои бозорӣ, хусусан масъалаҳои таносуби талабот ва пешниҳодот, нархгузорӣ, мавҷудияти молҳои алоҳида дар бозор (дар сурати нарасидани онҳо – барқарор намудани тавозуни дахлдор) ба низом дароварда шавад. Дар айни замон ба воситаи молияи давлат назорати даромади корхонаҳои алоҳида (хусусӣ), шаҳрвандон низ таъмин карда мешавад.

Молия воситаи ҳавасмандкунии тараққиёти давлат ва ҷамъият низ мебошад. Маблағҳои пулиро ба самтҳои афзалиятнок ҷудо карда истода, давлат гирифтани даромадҳои иловагиеро, ки баъдтар барои амалӣ намудани дигар барномаҳои иқтисодӣ истифода бурда шуданашон мумкин аст таъмин менамояд. Функсияи ҳавасмандкунии молия махсусан дар соҳаи андозбандӣ, вақте ки давлат бо роҳи гирифтани қисми фоида (даромад) ё ҷараёни васеъ намудани истеҳсолотро маҳдуд менамояд, ё бо роҳи пешниҳод намудани имтиёзҳои муайян тараққиёти фаъолияти хоҷагӣ-молиявии корхонаҳо ва ташкилотҳоро ҳавасманд менамояд, равшан зоҳир мегардад.

Молия функсияи ахборотиро низ иҷро менамояд. Масалан, молия имконият медиҳад, ки вазъи молиявии корхона ва ҳатто як қатор соҳаҳо муайян карда шавад. Зоҳир гардидани зуҳуроти номатлуб дар соҳаҳои гуногун, чун қоида, ба маблағгузории нокифоя ё дигар мушкилот вобаста буда, водор менамояд, ки ахбороти мазкурро таҳлил намояд ва чораҳои зарурӣ андешад. Ахборот дар бораи даромад ва хароҷоти корхонаю ташкилот имкон медиҳад, ки самтҳои асосии сиёсати буҷетӣ ва андозии давлат муайян карда шавад.

2. Низоми молиявӣ

Молия низоми томи муайянро ташкил менамояд, ки якчанд шохаҳои (институтҳои) ба ҳам алоқамандро дар бар мегирад. Мавҷуд будани институтҳои гуногун дар дохили низоми молиявӣ бо он тавсиф карда мешавад, ки молия бо таъсиррасонии худ талаботҳои гуногуншакли ҷамъият, тамоми иқтисодиёт ва соҳаи иҷтимоии мамлакатро фаро мегирад. Низоми молиявӣ қисматҳои зеринро дар бар мегирад:

1) маҷмӯи институтҳои молиявӣ, ки ҳар кадоме аз онҳо барои ташкил кардан ва истифода бурдани фондҳои дахлдори пулӣ мусоидат менамоянд;

2) маҷмӯи мақомот ва муассисаҳои давлатие, ки дар доираи салоҳияти худ фаъолияти молиявиро амалӣ менамоянд.

Ҳар як давлат низоми молиявии худро дорад, ки бо хусусиятҳои зерин аз ҳамдигар фарқ мекунанд:

– ҳамаи институтҳои низоми молиявӣ барои ташкил кардан ва истифода бурдани фондҳои дахлдори пулӣ мусоидат менамоянд;

– вобаста аз вазифаҳои давлат унсурҳои низоми молиявӣ метавонанд дигаргун шаванд (имкон дорад, ки институтҳои нав пайдо шаванд ё институтҳои амалкунанда қатъ ёбанд);

– ҳаҷми ҳар кадом унсур вобаста аз сиёсати иқтисодӣ ва молиявии давлат тағйир ёфта метавонад;

– баҳамалоқамандии унсурҳо бо ҳаракати доимии маблағҳои пулӣ на танҳо дар дохили худ, балки дар байни онҳо низ сабаб мешавад. Зимнан ҳаракати маблағҳои пулӣ дар низоми молиявӣ на бетартибона, балки қатъиян бонизом мебошад;

– дар низоми молиявӣ тавозунӣ муайяни маблағҳои пулӣ бояд нигоҳ дошта шавад, чунки норасоӣ ё аз ҳад зиёд будани маблағҳо дар ягон қисмат ба он оварда мерасонад, ки низом ба «вайроншавӣ» сар карда метавонад. Низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистонро фондҳои зерини маблағҳои пулӣ ва институтҳои ҳуқуқии ба онҳо мувофиқ ташкил менамоянд:

1) молияи давлатӣ;

2) молияи маҳаллӣ;

3) молияи субъектони хоҷагидор;

4) фондҳои суғурта;

5) кредит (давлатӣ ва бонкӣ).

Ба маънои васеъ низоми молиявии давлатро ҳамчун маҷмӯи низомҳои буҷетӣ, низоми молиявии корхонаҳо, низомҳои суғурта ва кредитии ба муносибатҳои ҳуқуқии иқтисодӣ асосёфта муайян кардан мумкин аст.

Низоми молиявӣ – ин «рагҳои хунгард»-и давлат мебошад, ки бо ҳаракати маблағҳои пулӣ амалӣ шуда, ба таъмини фаъолияти тамоми соҳаҳои давлат мусоидат менамояд. Ҳар як институти низоми молиявӣ мутобиқи сохтори дохилии робитаҳои мутақобилаи молиявӣ ба зеринститутҳо тақсим мешавад. Масалан, ба сохтори молияи давлатӣ буҷети ҳамаи сатҳҳо, инчунин фондҳои ғайрибуҷетии давлатӣ низ дохил мешаванд. Институти молияи субъектони хоҷагидор бошад молияи корхонаю ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ҳам молияи муассисаҳо, ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ва ҷамъиятиро низ муттаҳид менамояд. Институти кредитдиҳӣ кредити давлатӣ ва муносибатҳоро оид ба ҷалб намудан ва ҷойгиркунии маблағҳои пулӣ аз тарафи ташкилотҳои кредитӣ дар бар мегирад. Зимнан зеринститути низоми молиявӣ – кредити давлатӣ – чунин унсурҳоро ба монанди қарзҳои дохилӣ ва берунӣ, ки қарзи давлатиро ташкил менамоянд дар бар мегирад. Кредити давлатӣ дар навбати аввал ҳангоми касри буҷет истифода бурда мешавад. Кредити бонкӣ – фаъолияти бисёртарафаи ташкилотҳои махсус ташкилкардашудае мебошад, ки маблағҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеиро барои ташкил намудани фондҳои дахлдор ҷалб намуда, онҳоро ба дигар субъектони хоҷагидор аз нав тақсим менамояд.

Ҳамчун маҷмӯи мақомотҳои давлатӣ низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи махсуси мақомоти молиявӣ ва ташкилотҳои кредитиро ифода менамояд. Ба мақомоти молиявӣ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сардорӣ мекунад, ки мақомоти ҷумҳуриявии ҳокимияти иҷроия буда, таҳияи сиёсати давлатӣ ва танзими меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи фаъолияти буҷет, андоз, суғурта, асъор ва бонк амалӣ менамояд. Низоми ташкилотҳои кредитиро Бонки миллии Тоҷикистон сардорӣ карда, сиёсати ягонаи давлатии пулию кредитиро амалӣ месозад.

Ҳамин тавр, низоми молиявии давлат – ин маҷмӯи унсурҳо ва қисматҳои ба ҳам алоқамандест, ки институтҳо ва воситаи молиявиро ифода намуда, барои ҷараёнҳои молиявӣ ва ташкили захираҳои молиявӣ шароитҳои заруриро фароҳам меорад.

3. Мафҳум ва хусусияти фаъолияти молиявӣ

Молия ва фаъолияти молиявӣ ба ҳам зич алоқаманд мебошанд. Ин бо он сабаб аст, ки худи молия бе фаъолияти молиявӣ ташкил шуда наметавонад. Фаъолияти молиявӣ бошад, дар навбати аввал ба ташкили фондҳои пулӣ равона карда шудааст.

Фаъолияти молиявии давлат – ин фаъолият оид ба ташкил намудан, тақсим кардан ва истифодабарии фондҳои пулии марказонидашуда ва ғайримарказонидашуда мебошад, ки фаъолияти давлатро дар ҳар кадом марҳилаҳои тараққиёти он таъмин менамояд. Фаъолияти молиявӣ ҳамчун намуди фаъолияти давлатӣ пеш аз ҳама барои ташкил намудан, тақсим кардан ва истифодабарии фондҳои маблағҳои пулӣ, ки ҳамчун ҳуқуқи моликият дар давлат мебошад, равона карда шудааст.

Фаъолияти молиявӣ – ин фаъолияти ҳатмии нақшавӣ мебошад. Аз тарафи давлат доимо ҷустуҷӯ намудани маблағҳои иловагӣ барои пурра намудани даромадҳо бо тасҳеҳи яквақтаи хароҷотҳо танҳо ҳангоми банақшагирии аниқ натиҷаи мусбат дода метавонад. Масалан, буҷети соли ҷориро иҷро карда истода, мақомоти молияи давлатӣ аллакай банақшагирии фаъолияти молиявиро барои соли оянда оғоз менамояд. Мақсади ниҳоии банақшагирии молиявӣ ноил шудан ба мувозинат (баланс) аз рӯи ҳар як фонди пулӣ мебошад.

Ҳамаи фондҳои пулӣ дар давлат ба ду намуд марказонидашуда ва ғайримарказонидашуда тақсим мешаванд. Ба фондҳои пулии марказонидашуда фонди маблағҳои пулие, ки дар низоми буҷетии давлат ташкил карда мешаванд, мансубанд. Онҳо дар ҳудуди муайян (масалан, ҷумҳурӣ, вилоят, ноҳия) ташкил ёфта барои эҳтиёҷоти ҳудуди мазкур истифода бурда мешаванд. Фондҳои асосии мутамарказ – буҷети давлатӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ мебошанд. Фондҳои ғайримуттамарказонидашуда – ин фондҳои пулии корхонаҳо ва ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият мебошанд, ки аз ҳисоби захираҳои хусусӣ, маблағҳои қарзӣ ташкил гашта бо мақсадҳои истеҳсолӣ ва дигар мақсадҳо истифода мебаранд. Ташкили фондҳои ғайримуттамарказонидашуда танҳо баъди пардохти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ амалӣ карда мешавад.

Фондҳои марказонидашуда ва ғайримарказонидашуда, новобаста аз он, ки ҷудо ташкил карда мешаванд, бо ҳам зич алоқаманданд. Сабаби ин дар он аст, ки фондҳои марказонидашуда маблағҳои пулиро аз фондҳои ғайримарказонидашуда гирифта дар ҳолатҳои муайян бошад ҷараёни баръакси маблағгузории корхонаҳои алоҳидаро амалӣ менамоянд. Дар айни замон афзалияти фондҳои марказонидашуда дар он аст, ки давлат шароитҳои ташкилшавии онҳоро ба низом дароварда, назорати ташкил намудан, тақсим кардан ва истифодабарии ин фондҳоро амалӣ менамояд.

Ба фаъолияти молиявӣ чунин хусусиятҳои ташкилӣ-ҳуқуқӣ хосанд:

1) фаъолияти молиявиро мақомоти давлатии ҳамаи се шохаи ҳокимият – қонунгузор, иҷроия ва судӣ – дар доираи ваколатҳояшон амалӣ менамоянд;

2) фаъолияти молиявӣ хусусияти байнисоҳавӣ дорад, яъне ҳамаи муносибатҳои соҳаҳои иқтисодиётро фаро мегирад. Масалан, амалӣ намудани фаъолияти молиявӣ дар ягон соҳаи иқтисодиёт воқеан ғайриимкон аст, чунки вай бо дигар соҳаҳо зич алоқаманд аст;

3) фаъолияти молиявӣ ваколати ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам ваколати мақомоти маҳаллӣ мебошад. Ваколати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муқаррар намудани асосҳои сиёсати буҷетӣ, андоз, кредит, асъорӣ, инчунин сиёсати бонкӣ ва эмиссияи пул иборат мебошад. Ба ваколати мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бошад қабул ва иҷро намудани буҷетҳои маҳаллӣ, ташкили фондҳои ғайрибуҷетӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ дохил мешаванд. Дар айни замон фаъолияти молиявӣ дар самтҳои алоҳида ваколати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, махсусан дар соҳаи маблағгузории намудҳои алоҳидаи хароҷотҳо мебошад.

Фаъолияти молиявии давлат бевосита аз як қатор омилҳои зерин вобастагӣ дорад:

1) вазифаҳои давлат дар марҳилаи муайян. Давлат метавонад барои давраи муайян вазифаҳоро оид ба тараққӣ ва такмил додани соҳаҳои гуногуни фаъолият (саноати вазнин, илм ва ғ.) гузорад ва мувофиқи он фаъолияти молиявиро амалӣ намояд;

2) ҳолати иқтисодӣ, ки имкон медиҳад фаъолияти молиявӣ ба ин ё он дараҷа амалӣ гашта, масъалаҳои гузошташуда бомуваффақият иҷро шаванд. Дар як вақт фаъолияти молиявӣ низ метавонад тараққиёти иқтисодиро тезонад ё боздорад;

3) ҳаҷми захираҳои молиявӣ. Давлат фаъолияти молиявии худро ба имконияту захираҳои воқеӣ, ки дар ихтиёр дорад, инчунин бо ҷалб намудани маблағҳо асоснок менамояд;

4) сатҳи ҷамъоварии андозҳо. Аз сабаби он, ки андозҳо қисми зиёди даромадҳои буҷетро ташкил медиҳанд, давлат дар фаъолияти молиявии худ ҳаҷми воридоти андозро ба назар мегирад. Дар айни замон кам кардани сатҳи воридоти андоз аз ҳисоби додани имтиёзҳо ва кредитҳо (дар навбати аввал барои васеъ намудани истеҳсолот, таҷдиди он, бо таҷҳизоти нави техникӣ таъмин кардан) ба андозаи фаъолияти молиявӣ таъсир мерасонад;

5) омили иқтисодии байналмилалӣ. Ба дараҷаи муайян таъсири он ба фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мерасад, аммо дар дохили давлат ин омил метавонад ба ҷараёнҳои иқтисодӣ ва фаъолияти молиявӣ низ таъсир расонад.

Дигар омилҳое низ мавҷуданд, ки ба фаъолияти молиявии давлат таъсир мерасонанд.

10 Загрузки

1.28K
Нет комментариев. Ваш будет первым!