Ҳуқуқи молиявӣ ҳамчун соҳаи ҳуқуқ ва фанни таълимӣ

1. Мафҳум, предмет ва методи ҳуқуқи молиявӣ

2. Принсипҳои ҳуқуқи молиявӣ

3. Низоми ҳуқуқи молиявӣ

4. Сарчашмаҳои ҳуқуқи молиявӣ

1. Мафҳум, предмет ва методи ҳуқуқи молиявӣ

Ҳуқуқи молиявӣ моҳиятан ба соҳаҳои умумии ҳуқуқ мансуб аст. Аммо масъалаи муайян намудани мавқеи ҳуқуқи молиявӣ дар низоми ҳуқуқ ва дар бораи пайдошавии он то ҳоло мавзӯи баҳсу мунозира мебошад. Масалан, асосгузори илми ҳуқуқи молиявӣ, олими франсуз Пол Мари Годме чунин меҳисобат, ки ҳуқуқи молиявӣ ҳамчун соҳаи ҳуқуқ аз ҳуқуқи давлатӣ ва маъмурӣ ҷудо шудааст. Ҳамин гуна ақидаро дигар мутахассисон ба монанди Р.Халфина, М.Пискотин тарафдор буданд. Назарияи дигарро Е.Ровинский, В.Бесчеревних, Н.Химичева, О.Горбунова, Е.Грачева пешбарӣ менамоянд, ки мувофиқи он ҳуқуқи молиявӣ аз дигар соҳаҳои ҳуқуқ ҷудо нашуда, дар як вақт бо ташкили давлат ва ҳуқуқ дар якҷоягӣ бо соҳаҳои дигари ҳуқуқ пайдо шудааст. Зеро аз аввал давлат худ бе захираҳои молиявӣ вуҷуд дошта наметавонист. Маблағҳои пулии гирифтаашонро ҳокимони давлат на танҳо барои тавоноии худ, балки барои таъмини мансабдорон, артиш, сохтмони қалъаҳо, роҳҳо истифода мебурданд. Ин дар бораи мавҷуд будани гурӯҳи алоҳидаи муносибатҳое, ки аз муносибатҳои бо дигар соҳаҳои ҳуқуқ танзим шаванда фарқ мекунанд, шаҳодат медиҳад.

Гарчанде соҳаҳои ҳуқуқ байни худ зич алоқаманд бошанд ҳам, вале онҳо аз рӯи предмет ва методи танзими ҳуқуқӣ, инчунин ба дараҷаи муайян аз рӯи принсипҳо ва функсияҳо аз ҳам фарқ мекунанд. Ҳуқуқи молиявӣ ҳамчун соҳаи мустақили ҳуқуқ предмети ба худ хоси танзими ҳуқуқиро дорад. Предмети ҳуқуқи молиявӣ муносибатҳои ҷамъиятие мебошанд, ки дар рафти фаъолияти молиявии давлат ба вуҷуд меоянд. Ҳамин тавр, ҳуқуқи молиявӣ – соҳаи мустақили ҳуқуқ буда, маҷмӯи меъёрҳо ва принсипҳоеро дар бар мегирад, ки муносибатҳои ҷамъиятии дар рафти ташкилшавӣ, тақсимшавӣ ва истифодабарии фондҳои пулӣ ба вуҷуд омадаро бо мақсади таъмини молиявии давлат ба танзим медарорад.

Барои тавсифи мустақилияти соҳаи ҳуқуқ на танҳо хусусияти предмети танзими ҳуқуқӣ, балки хусусияти методи онро низ муқаррар кардан лозим аст. Дар илм таҳти методи танзими ҳуқуқӣ усулҳои таъсир расонидани ҳуқуқ ба намудҳои муайяни муносибатҳои ҷамъиятие, ки предмети ин соҳаро ташкил медиҳанд, фаҳмида мешавад. Методи ҳуқуқи молиявӣ – маҷмӯи тарзҳо, усулҳо ва воситаҳои юридикие мебошанд, ки бо ёрии онҳо танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятие, ки предмети соҳаи мазкури ҳуқуқро ташкил менамоянд, сурат мегирад.

Методи асосии ҳуқуқи молиявӣ методи амрдиҳӣ – ҳокимиятӣ мебошад. Ин на танҳо барои ҳуқуқи молиявӣ, балки барои дигар соҳаҳои умумии ҳуқуқ низ комилан табиист, чунки таъмин намудани манфиатҳои умумӣ, ки ба андозаи муайян аз ҳар як субъекти мушаххас дур мебошад, танҳо ба тариқи маҷбурӣ, яъне истифодаи методи императивӣ мумкин аст. Моҳияти ин метод аз он иборат аст, ки ҳалли ҳама гуна масъала аз рӯи иродаи як тараф амалӣ карда мешавад. Ин тараф давлат ё мақомоти ваколатдори он мебошад. Онҳо амрҳои ҳокимиятӣ медиҳанд, ки дар қонунҳо, санадҳои зерқонунӣ, қарорҳои идоракунӣ сабт гардида, дар муносибатҳои ҳуқуқии мушаххас зоҳир мегарданд.

Методи амрдиҳии ҳокимиятӣ, ки дар ҳуқуқи молиявӣ истифода мешаванд дар ду шакл татбиқ карда мешаванд.

Шакли якум чунин маънӣ дорад, ки амрҳои ҳокимиятиро давлат дар қонунҳо, санадҳои зерқонунӣ медиҳад, тарафҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ бошанд, аз он ҷумла мақомоти ваколатдоркардашудаи давлат қатъиян ин амрро иҷро менамоянд. Дар аксари ҳолатҳо методи амрияҳои ҳокимона дар ҳуқуқи андоз ҳамчун зерсоҳаи ҳуқуқи молиявӣ ҷой дорад. Масалан, муносибатҳои ҳуқуқӣ оид ба пардохти андоз, оид ба ситонидани андоз аз ҳисоби маблағҳои пулии андозсупоранда дар бонк амалан ягон хел амрияҳои ҳокимиятии мақомоти андозро пешбинӣ наменамоянд, аз рӯи салоҳдиди онҳо бунёд нашудааст. Дар ин ҷо ҳам мақомоти андоз ва ҳам андозсупоранда танҳо ба иродаи қонунгузор, ки дар қонун ифода ёфтааст итоат менамоянд. Дар чунин шакл методи амрдиҳии ҳокимиятӣ инчунин дар дигар институтҳои ҳуқуқи молиявӣ низ вомехӯранд.

Шакли дуюми зоҳир гардидани методи амрдиҳии ҳокимиятӣ чунин маънӣ дорад, ки амрҳои ҳокимиятиро яке аз тарафҳои муносибатҳои ҳуқуқии молиявӣ медиҳад, дигар тараф бошад танҳо онро иҷро менамояд.

Бояд дар назар дошт, ки таносуби шаклҳои зоҳиршавии методи амрдиҳии ҳокимиятӣ аз рӯи зерсоҳаҳо ва институтҳои ҳуқуқ низ гуногун мебошад.

Ҳокимиятӣ ҳамчун моҳияти методи танзими ҳуқуқии молиявӣ, ки ҳам дар санадҳои меъёрӣ ва ҳам дар қарорҳои идоракунии мақомотҳои ваколатдоркардашуда ифода ёфтаанд, хусусияти худро дорад, ки ба сифати тавсифи ин метод хизмат менамоянд.

Якум, ҳокимиятӣ дар танзими ҳуқуқии молиявӣ бечуну чаро ба бартарии ӯҳдадорикунии позитивӣ меорад, на ба иҷозатӣ, чӣ тавре ки он дар ҳуқуқи гражданӣ ҷой дорад ё ин ки манъкунӣ, ки барои ҳуқуқи ҷиноятӣ хос аст. Давлат, амри ҳокимиятӣ дода субъектҳоро ӯҳдадор менамояд, ки онҳоро иҷро намоянд. Аз ин ҷо ӯҳдадоркунӣ –хусусияти методи ҳуқуқии молиявӣ мебошад.

Дуюм, методи амрдиҳии ҳокимиятӣ мумкин аст, ки ҳамчун императивӣ тавсиф карда шавад. Ин маънои онро дорад, ки субъектони ҳуқуқи молиявӣ, чун қоида, наметавонанд аз рӯи салоҳдиди худ ҳуқуқу ӯҳдадориҳои молиявиро ба даст оранд, ба ҳадди маълум мазмуни онҳоро муайян намоянд, онҳоро ихтиёрдорӣ намоянд. Онҳо ӯҳдадориҳои худро қатъиян мувофиқи қонун ва санадҳои зерқонунӣ иҷро менамоянд. Зимнан ҳуқуқи онҳо дуюмдараҷа буда, аз ӯҳдадориҳо бармеоянд. Ин ҳам ба субъектоне, ки амрияҳои ҳокимиятиро нашр менамоянд ва ҳам ба онҳое, ки аз паси онҳо мераванд, дахл дорад. Масалан, андозсупоранда наметавонад ӯҳдадории худро оид ба пардохти андоз ба дигар кас вогузорад, бо мақомоти андоз дар бораи кам кардани меъёри андоз, чораҳои ҷавобгарии молиявӣ шартнома баста наметавонад.

Дар назар доштан лозим аст, ки мақомотҳои давлатие, ки ваколати додани амрдиҳии ҳокимиятиро доранд, худашон дар ин муносибат бо талаботҳои императивии қонунҳои молиявӣ ва дигар санадҳо алоқаманданд. Масалан, мақомоти андоз ҳангоми амалӣ намудани назорати молиявӣ амрияҳои ҳокимиятӣ медиҳад, аммо озодии иродаи он дар ҳолати мазкур амалан ба сифр баробар аст.

Дар охир, аломати хоси методи ҳуқуқии молиявӣ нобаробарии ҳуқуқии субъектони ҳуқуқи молиявӣ мебошад, ки дар қобилияти ҳуқуқдорӣ, мазмун ва сохти ҳуқуқу ӯҳдадориҳои субъектони ҳуқуқи молиявӣ зоҳир мегардад. Куллан аломати мазкури методи ба танзимдарории ҳуқуқии молиявӣ дар он зоҳир мегадад, ки як қисми субъектон нисбати дигар субъектон дорои ваколатҳои юридикӣ-ҳокимиятӣ мебошанд, охиринҳо бошанд чунин ваколатҳоро надоранд, махсусун дар муносибаҳои ҳуқуқии молиявӣ тарафҳо на қобилияти ҳуқуқдории якхела, балки гуногунро татбиқ менамоянд. Давлат ё мақомоти ваколатдор дар муносибатҳои ҳуқуқии молиявӣ салоҳияти худро татбиқ менамоянд. Дигар тарафи муносибатҳои ҳуқуқии молиявӣ бошад қобилияти ҳуқуқдории шахси воқеӣ, ҳуқуқиро татбиқ менамояд, ки ба вай қобилияти ҳокимиятиро намедиҳад.

Дар батанзимдарории ҳуқуқии молиявӣ методи диспозитивӣ низ истифода мешавад. Моҳияти методи диспозитивӣ аз он иборат аст, ки ҳалли масъала бо мувофиқакунии иродаи тарафҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ амалӣ карда мешавад.

2. Принсипҳои ҳуқуқи молиявӣ

Соҳаҳои ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла соҳаи ҳуқуқи молиявӣ, бо принсипҳои муайян, ки хусусиятҳои аз ҳама муҳим ва максадноки онро ифода менамоянд, такя мекунанд. Принсипҳо хусусияти умумиҳатмӣ доранд, чунки онҳо бевосита дар меъёрҳои ҳуқуқӣ сабт гардидаанд ё мантиқан аз маҷмӯи онҳо бармеоянд. Принсипҳои ҳуқуқӣ ҳам барои фаъолияти ҳуқуқтатбиқкунӣ ва ҳам барои фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ аҳамияти муҳим дорад, чунки барои дуруст дарк намудан ва татбиқ намудани меъёрҳои ҳуқуқӣ, инчунин ошкор намудан ва бартараф кардани камбудии қонунгузорӣ имконият медиҳад.

Дар ҳуқуқи молиявӣ мувофиқан вобаста аз хусусиятҳои предмети батанзимдарории он принсипҳои умумиҳуқуқӣ (адолат, инсондустӣ ва демократизм иборат мебошад. Дар баробари ин, дар асоси принсипҳои умумии принсипҳои зерсоҳаҳо ва институтҳои он бо хусусиятҳои ба онҳо хос амал мекунанд.

Принсипҳои асосии умумисоҳавии амалкунандаи ҳуқуқи молиявӣ инҳоянд:

1) афзалиятдоштани манфиатҳои оммавӣ;

2) хусусияти иҷтимоӣ доштани батанзимдарории ҳуқуқии молиявӣ;

3) тақсими функсияҳо дар соҳаи фаъолияти молиявӣ бо назардошти принсипи таҷзияи ҳокимият ба қонунгузор (намояндагӣ) ва иҷроия;

4) иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар фаъолияти молиявии давлат ва назорати он;

5) ошкоро будани дар фаъолияти молиявии давлат;

6) нақшавӣ будани фаъолияти молиявӣ;

7) қонуният дар фаъолияти молиявии давлат.

Мазмуни асосии принсипҳои номбурда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқ буда ҳам бо муқарраротҳои умумии он ва ҳам бо муқарраротҳои махсусе, ки ба фаъолияти молиявии давлат дахл дошта дар меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ мушаххас гардонида шудаанд, муайян карда мешавад.

Принсипи афзалиятдоштани манфиатҳои оммавӣ дар танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятие, ки дар соҳаи фаъолияти давлат ба вуҷуд меоянд, истифодаи институтҳои молиявӣ-ҳуқуқиро бо мақсади батанзимдарории давлатии иқтисодиёт, вобаста аз вазифаҳои дорои аҳамияти умумӣ дар назар дорад. Вай зарурияти такмили меъёрҳои ҳуқуқиеро, ки механизми таъсиррасони давлатиро ба муносибатҳои молиявӣ ва қарзӣ дар бар мегирад, аниқ муайян намудани ҳудуди он ва худи мафҳуми батанзимдарории давлатии ин муносибатҳо ҳам дар умум ва ҳам дар соҳаҳои гуногуни он муайян менамояд.

Дар айни замон принсипи баррасишавандаи ҳуқуқи молиявӣ хилофи манфиатҳои хусусии шахсият нест, баръакс, пай дар ҳам татбиқ намудани он мусбӣ инъикос меёбад. Махсусан ин бо принсипи хусусияти иҷтимоии батанзимдарории ҳуқуқии молиявӣ, ки аз муқаррароти Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати иҷтимоӣ тавсиф намуда, барои ба ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам овардан даъват кардааст (моддаи 1 Конститутсия), тасдиқ карда мешавад. Гарчанде ки дар марҳилаи ҳозира татбиқи принсипи номбурда дар ояндаи наздик аст, вале мувофиқан имконпазир муайян намудани самти мазкур дар инкишофи ҳуқуқи молиявӣ аҳамияти муҳим дорад. Барои татбиқ намудани ин мақсад дар ихтиёри давлат ҷалб намудани захираҳои зарурии молиявӣ ва тақсим намудани онҳо ба мақсадҳои дахлдор, яъне амалӣ намудани фаъолияти молиявӣ ба самти мақсадноки муайян талаб карда мешавад.

Тақсими функсияҳо дар соҳаи фаъолияти молиявӣ дар асоси таҷзияи ҳокимияти қонунгузор (намояндагӣ) ва иҷроия амалӣ карда мешавад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста аз ин принсип ваколатҳои мақомотҳои қонунгузор (намояндагӣ) ва иҷроияи ҳокимиятро дар алоҳидагӣ муайян менамояд. Масалан, Маҷлиси намояндагон қонунҳоро оид ба масъалаҳои буҷет, андоз ва пардохтҳо, танзими молиявӣ, асъорӣ, қарзӣ, эмиссияи пул қабул менамояд. Ба ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намудани лоиҳаи буҷет ва таъмини иҷрои он, таъмини гузаронидани сиёсати ягонаи молиявӣ, кредитӣ ва пулӣ мансубанд. Низоми судӣ ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқии молиявӣ, аз он ҷумла давлат, шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқиро таъмин менамояд, инчунин масъалаҳоро дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидан барои вайронкуниҳо дар соҳаи мазкур ҳал менамояд.

Иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти молиявии давлат, инчунин дар назорати амалӣ намудани он аз муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (м.27) дар бораи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иштирок намудан дар идораи корҳои давлатӣ ҳам бевосита ва ҳам ба воситаи вакилони худ бармеояд. Ин муқаррароти конститутсионӣ муносибати мустақим бо фаъолияти молиявӣ ҳамчун қисми таркибии идораи корҳои давлатӣ дорад.

Шаклҳои чунин иштирок гуногун мебошад: фардӣ – ба воситаи нишон додани ташаббуси шахсӣ: дастаҷамъона – ба воситаи ташкилотҳои гуногуни ҷамъиятӣ.

Асоси принсипи ошкорбаёнӣ бо меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонунӣ) Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст, ки интишори расмии қонунҳоро талаб менамояд, ки ин бевосита ба қонунҳое, ки фаъолияти молиявиро ба танзим медароранд, дахл дорад. Қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, пас аз интишори расмӣ амал мекунанд.

Принсипи нақшавӣ дар он зоҳир мегардад, ки фаъолияти давлат оид ба ташкил, тақсим ва истифодабарии захираҳои молиявӣ дар асоси нақшаҳои молиявӣ, ки мувофиқи нақшаю барномаҳои давлатӣ ва маҳаллӣ, инчунин нақшаи корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо таҳия мешаванд амалӣ карда мешавад. Шаклҳои нақшаҳои молиявӣ, махсусан буҷетҳои сатҳи гуногун, буҷети фондҳои ғайрибуҷетӣ мебошанд. Банақшагирии молиявӣ на танҳо хилофи принсипҳои муносибатҳои бозоргонӣ нест, балки барои онҳо зарурӣ буда, ҳамчун унсури муҳими батанзимдарории тараққаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва идораи молия баромад менамояд, гарчанде ки хусусиятҳои ба худ хос дорад. Дар шароити иқтисоди бозоргонӣ банақшагирии молиявӣ на ба амрҳои директивии хусусияти фармоишидошта, балки ба механизми бозории мубодилаи молу хизматрасонӣ, эътирофи хароҷотҳо барои истеҳсоли онҳо, ки аз ҷиҳати ҷамъиятӣ дар асоси қонуни талабот ва пешниҳодот заруранд, такя менамояд. Чунин асос тақвияти пешгӯиро дар муайян намудани самтҳои истифодабарии захираҳои молиявӣ, ки бо онҳо банақшагирии молиявӣ алоқаи ногусастанӣ дорад, талаб менамояд. Дар ҷараёни банақшагирии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгӯиҳо ва барномаҳо оид ба соҳаҳои гуногуни тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ барои оянда истифода бурда мешаванд. Дар асоси онҳо пешгӯии сафарбаркунӣ ва истифодабарии захираҳои молиявӣ ба давраи дуру дароз, инчунин банақшагирии солонаи молиявӣ анҷом дода мешавад.

Банақшагирии молиявӣ тамоми зинаҳои низоми молиявиро фаро мегирад. Вай дар ҳамаи сатҳи ҳудудӣ, инчунин дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, дар доираи корхонаю, ташкилотҳо ва муассисаҳо амалӣ карда мешавад. Дар миқёси мамлакат, дар умум тавозуни ҷамъбастии молиявӣ тартиб дода мешавад, ки дар он захираҳои молиявии мамлакат ба ҳисоб гирифта мешаванд.

Принсипи қонуният маънои зарурати риояи қатъии талаботҳои меъёрҳои ҳуқуқии молиявиро аз ҷониби ҳамаи иштирокчиёни муносибатҳое, ки дар ҷараёни фаъолияти молиявӣ ба миён меоянд, дорад. Вай ба ҳамаи мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон дахл дорад. Ин принсип аз моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати ҳуқуқбунёд муайян кардааст, бармеояд. Вай дар дигар моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ сабт гардидааст (моддаҳои 5, 10, 45 ва диг.). Барои вайрон кардани меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ чораҳои дахлдори ҷавобгарӣ татбиқ карда мешаванд. Онҳо махсусан дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда шудаанд. Ба ғайр аз ин барои ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи молия чораҳои ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ низ пешбинӣ шудаанд.

Принсипҳои баррасишуда дар санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки тарафҳои гуногуни фаъолияти молиявии давлатро ба танзим медароранд, инъикос ва сабт карда шуда, татбиқи худро дар зерсоҳаҳо ва институтҳои ҳуқуқи молиявӣ меёбанд.

3. Низоми ҳуқуқи молиявӣ

Ҳуқуқи молиявӣ ҳамчун соҳаи ҳуқуқ аз маҷмӯи меъёрҳои алоҳидаи ҳуқуқии молиявӣ иборат мебошад, ки дар институтҳои гуногун ва дигар воҳидҳо гурӯҳбандӣ карда шуда, ба низоми ягона муттаҳид шудаанд. Гурӯҳбандии меъёрҳои ҳуқуқии молиявӣ дар низоми муайян асоси объективӣ дорад, яъне аз мазмун ва хусусияти муносибатҳои батанзимдаровардашаванда вобастагӣ дорад. Дар баробари он ба ташкили низоми ҳуқуқи молиявӣ, гурӯҳбандии меъёрҳои он, ташкили институтҳо, фаслҳо ва зерсоҳаҳо талаботҳои таҷриба, вазифаҳои татбиқи самараноки меъёрҳои соҳаи мазкури ҳуқуқ низ таъсир расонида метавонад.

Пас, низоми ҳуқуқи молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин вобастагии объективона низоми муносибатҳои ҷамъиятии молиявӣ бо сохти дохилии он, муттаҳидгардӣ ва ҷойгиршавии меъёрҳои ҳуқуқии молиявӣ дар пайдарҳамии муайян мебошад.

Дар низоми ҳуқуқи молиявӣ қисмҳо, фаслҳо, зерсоҳаҳо, институтҳо ҷудо карда мешаванд. Воҳидҳои аз ҳама калонтарини ҳуқуқи молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон – қисмҳои умумӣ ва махсус мебошанд. Асосноккунии зарурати ҷудо намудани онҳо дар низоми ҳуқуқи молиявӣ ва муайян намудани мазмуни ҳар кадоме аз онҳо комёбии муҳими илми ҳуқуқии ватанӣ ҳисоб меёбад. Аммо кор дар ин самт идома ва тақвиятро бо назардошти зуҳуроти нав дар ҳаёти ҷамъият ва давлат талаб менамояд.

Ба қисми умумӣ меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ, ки принсипҳои асосии умумиро дар бар мегиранд, шаклҳои ҳуқуқӣ ва методҳои фаъолияти молиявии давлат, низоми мақомотҳои давлатие, ки фаъолияти молиявиро амалӣ менамоянд ва тафриқаи ваколатҳои онҳо дар ин соҳа, хусусиятҳои асосии вазъи ҳуқуқии молиявии дигар субъектоне, ки бо онҳо ба муносибати дутарафа дохил мешаванд, муқаррароти умумӣ дар бораи ташкили назорати молиявӣ, шаклу методҳои он ва дигар меъёрҳои ҳуқуқии молиявии ба онҳо монанд мансубанд. Онҳо дар тамоми фаъолияти молиявии давлат амал мекунанд ва барои он аҳамияти умумӣ доранд.

Меъёрҳои қисми умумии ҳуқуқи молиявӣ дар қисми махсуси он мушаххас карда мешаванд. Қисми махсус аз якчанд фаслҳо ва зерсоҳаҳо, ки институтҳои дахлдори ҳуқуқии молиявиро дар бар мегирад, иборат аст. Ҳар кадоме аз воҳидҳои номбурда маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқии молиявиеро, ки гурӯҳи муносибатҳои якхелаи молиявиро ба танзим медароранд, дар бар мегирад, вале дар миқёси гуногун. Институти ҳуқуқии молиявӣ меъёрҳои ҳуқуқиеро муттаҳид менамояд, ки гурӯҳи муносибатҳои молиявии хеле маҳдуд ва аз рӯи мазмун наздикро назар ба фасл ё зерсоҳа ба танзим медароранд. Зерсоҳа ҳамчунин аз рӯи аломати якхелагии муносибатҳои танзимшаванда, вале мазмуни хеле васеъ, якчанд институтҳои ҳуқуқии молиявиеро, ки хеле калон ё майда буда метавонанд, муттаҳид менамоянд. Ба ҳамаи муносибатҳое, ки дар умум дар таҳти таъсири низоми ҳуқуқи молиявӣ мебошанд, хусусиятҳои умумии фарқкунанда, сарфи назар аз ба ин ё он воҳид дохилшавӣ хосанд.

Ҳуқуқи молиявӣ дорои воҳидҳои алоҳидаи ҳуқуқии худ аст. Инҳо, махсусан, ҳуқуқи буҷетӣ ва ҳуқуқи андоз мебошанд. Ба маҷмӯи меъёрҳои ин соҳаҳо махсусан меъёрҳои хусусияти умумидошта (муқаррароти умумӣ) ҷудо карда шудаанд, ки ба воҳидҳои калони хуб инкишофёфтаи соҳаи ҳуқуқ хосанд (масалан, ҳуқуқи мерос дар ҳуқуқи гражданӣ).

Зерсоҳаҳои ҳуқуқи молиявӣ метавонанд ба фаслҳои он дохил шаванд, ба монанди масалан, ҳуқуқи андозро ба фасли «Танзими ҳуқуқии даромадҳои давлатӣ», ки ба ғайр аз институтҳои ҳуқуқи андоз инчунин аз институтҳои даромадҳои ғайриандозӣ иборат аст, дохил менамоянд. Аммо дар умум аз рӯи ҳуқуқи молиявӣ чунин гурӯҳбандии пайдарҳамии меъёрҳои ҳуқуқӣ аз рӯи фаслҳо, зерсоҳаҳо, институтҳо ва аз рӯи барасмиятдарории расмии он ҳоло мавҷуд нест, вай танҳо дар шаклҳои назариявӣ ҳангоми гуногунии андешаҳо оиди мазмуни он ва баҳснокии баъзе ақидаҳо мавҷуд аст.

Ба қисми махсуси ҳуқуқи молиявӣ фаслҳое дохиланд, ки дар онҳо меъёрҳое гурӯҳбандӣ карда шудаанд, ки муносибатҳоро дар ин соҳаҳо ба танзим медароранд: 1) низоми буҷетӣ; 2) фондҳои пулии ғайрибуҷетии давлатӣ; 3) молияи корхонаҳои давлатӣ; 4) даромадҳои давлатӣ; 5) қарзи давлатӣ; 6) ташкили кори суғурта; 7) хароҷотҳои давлатӣ; 8) кредитдиҳии бонкӣ; 9) ташкили муомилот ва ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ; 10) танзими асъорӣ; 11) танзими давлатии бозори молиявӣ (бозори хизматрасонии молиявӣ). Дар низоми ҳуқуқи молиявӣ низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун категорияи иқтисодии объективона мавҷуда инъикос меёбад. Ягонагии молия ифодаи ҳуқуқиро дар қисми умумӣ гирифтааст. Сохти қисми махсус таркиби низоми молиявӣ, дар он ҷудо намудани якчанд зинаҳоро инъикос менамояд. Дар натиҷа низоми буҷетӣ, қарзи давлатӣ ва бонкӣ, ташкили суғуртакунӣ барасмиятдарории ҳуқуқиро дар намуди фаслҳои дахлдори ҳуқуқи молиявӣ гирифтаанд.

4. Сарчашмаҳои ҳуқуқи молиявӣ

Меъёрҳои ҳуқуқи молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми зиёди санадҳои меъёрию ҳуқуқии гуногуншакла, ки сарчашмаҳои он номида мешаванд, инъикос меёбанд. Ба онҳо санадҳои мақомотҳои намояндагӣ ва иҷроияи ҳокимияти давлатии миқёсу сатҳҳои гуногун мансубанд.

Сарчашмаҳои ҳуқуқи молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин санадҳои мақомотҳои намояндагӣ ва иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мебошад, ки дар онҳо меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ инъикос меёбанд.

Сарчашмаи асосии ҳуқуқи молиявӣ – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мустақим дорад ва дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад. Аҳамияти асосиро барои ба танзимдарории ҳуқуқии молиявӣ, масалан, меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сохти ягонагии Тоҷикистонро муқаррар намудаанд (моддаҳои 1, 7), шакл ва мазмуни ҳуқуқи моликиятро муайян менамоянд (моддаҳои 12, 32), ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 64, 69, 70), Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро (моддаҳои 73, 74, 75) дар соҳаи фаъолияти молиявӣ муқаррар менамоянд, ӯҳдадорию ҳуқуқи шаҳрвандро дар соҳаи андозбандӣ муқаррар кардааст (моддаи 45), доранд. Ҳеҷ ягон сарчашмаи ягона аз рӯи ин соҳаи ҳуқуқ умуман ба монанди кодекс мавҷуд нест. Аммо ба сифати қисми таркибии низоми сарчашмаҳои ҳуқуқи молиявӣ санадҳои меъёрии кодексикунонидашуда аз рӯи ҳуқуқи андоз – Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.

Ба низоми сарчашмаҳои ҳуқуқи молиявӣ як қатор қонунҳо дохил мешаванд. Дар байни онҳо аз ҳама бештар муҳимаш конун дар бораи буҷет мебошад, ки тамоми фаъолияти молиявии давлатро барои давраи муайян муқаррар ва ба тартиб медарорад.

Аҳамияти калонро қонунҳое доранд, ки ҳам соҳаҳои умумии татбиқи муносибатҳои молиявӣ ва ҳам соҳаҳои алоҳидаи онро ба танзим медароранд. Масалан, дар соҳаи қарздиҳии бонкӣ – қонунҳо «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», (дар соҳаи суғуртакунӣ) – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғурта».

Ҷойи махсусро дар низоми сарчашмаҳои соҳавии ҳуқуқи молиявӣ Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъорӣ» ишғол менамояд.

Ба сарчашмаҳои ҳуқуқи молиявӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мансубанд, ки муносибатҳои дар соҳаи фаъолияти молиявӣ ба миён омадаро ба танзим медароранд, инчунин ваколатҳои мақомоти ҳокимияти иҷроияро оиди қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи муқарраркардаи фаъолият сабт кардаанд. Меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ дар санадҳои зерқонунии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дарҷ гардидаанд.

Дар батанзимдарории фаъолияти молиявии давлат нақши муҳимро фармону дастурамалҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дастур, мактубҳо ва барқияҳои Бонки миллии Тоҷикистон мебозанд.

Сарчашмаҳои ҳуқуқи молиявӣ ҳамчунин созишномаи байни мақомотҳои молиявӣ – қарзи оид ба масъалаҳои гуногуни молиявӣ, ки муносибатҳои муайяни дар бозори молиявӣ ба вуҷуд омадаро ба танзим медароранд, мебошанд (масалан, созишномаи байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон).

Ба сарчашмаҳои ҳуқуқи молиявӣ ҳамчунин қарорҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансубанд, зеро Суди конститутсионӣ дар доираи муайян функсияи ҳуқуқэҷодкуниро иҷро намуда, меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро маънидод менамояд.

Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 10) санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ мебошанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд. Муқаррароти мазкури конститутсионӣ дар Кодекси андоз (моддаи 2) инъикос гардидааст, ки ин имконият медиҳад, ки санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро ба сарчашмаҳои ҳуқуқи молиявӣ мансуб донист.

4 Загрузки

643
Нет комментариев. Ваш будет первым!