Вазъи ҳуқуқии хоҷагии ёрирасони шахсӣ
Вазъи ҳуқуқии хоҷагии ёрирасонӣ шахсӣ баъди омӯзишу таҳлилӣ тадқиқотҳои илмӣ[1] ва қонунгузорӣ[2] муайян гардидааст.
- Мафҳум ва қонунгузории хоҷагии ёрирасони шахсӣ. Хоҷагии ёрирасони шахсӣ – хоҷагиест, ки бо меҳнати шахсии шаҳрванд ва аъзои оилаи ӯ бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва қонеъ гардонидани талаботи худ бо озуқаворӣ ва эҳтиёҷоти дигар пеш бурда мешавад. Фаъолияти шаҳрвандон оид ба пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ фаъолияти соҳибкорӣ эътироф карда намешавад. Пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ бар дӯши шаҳрванд ё аъзои оилаи ӯ мебошад.
Дар низоми қонунгузорӣ оид ба хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ Қонуни ҶТ «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ» мавқеи калонро соҳиб аст. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии ташкил ва пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсиро аз тарафи шаҳрвандон ва ҳамчунин чораҳои аз ҷониби мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ дастгирӣ кардани онҳоро муайян карда, ба шаҳрвандон ҳуқуқи ташкил кардани хоҷагии ёрирасони шахсӣ, мустақилияти хоҷагӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандонеро, ки дорои хоҷагии ёрирасони шахсӣ мебошанд, кафолат медиҳад.
- Асосҳои ташкилёбӣ ва фаъолияти хоҷагии ёрирасони шахсӣ. Шаҳрвандон ҳуқуқи ташкил ва пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсиро доранд. Шаҳрвандони қобили амал ба ташкил ва пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ дар сурати ба истифодаи меросии якумра ё бемӯҳлат гирифтани қитъаҳои замин ҳуқуқ пайдо мекунанд.
Қитъаи замини хоҷагии ёрирасони шахсӣ ба шаҳрванд барои истифодаи меросии якумра ё бемӯҳлат аз ҳисоби фонди ягонаи давлатии замин бо пешниҳоди мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар асоси қарори мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ ҷудо карда мешавад. Қитъаи замини хоҷагии ёрирасони шахсии шаҳрвандон аз қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва қитъаи замини иловагии хоҷагии ёрирасони шахсӣ иборат мебошад.
Аъзои хоҷагии ёрирасони шахсӣ хоҷагиро бо салоҳдиди худ пеш мебаранд ва масъулиятро ба зимма доранд. Онҳо бо созиши тарафайн сарвари хоҷагии ёрирасони шахсӣ ё шахсони дигарро барои бастани аҳд (шартнома) намояндаи дорои ваколатномаи махсус таъин менамоянд. Дахолати мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ ба фаъолияти пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ манъ аст, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ. Барои амалӣ намудани фаъолияти якҷоя хоҷагии ёрирасони шахсӣ ҳуқуқ дорад бо кооперативҳои истеҳсолӣ (кишоварзӣ) ва кооперативҳои матлубот муттаҳид гардад.
Хоҷагии ёрирасони шахсӣ дастгирии давлатиро соҳиб аст. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ (маҳаллӣ) ба хоҷагии ёрирасони шахсӣ дар соҳаҳои зерин дастгирии худро мерасонд: дар ташкили кооперативҳои кишоварзӣ, истифодаи техникаи кишоварзӣ, коркарди замин, истеҳсолу коркард, нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ; дар рушди хизматрасонии инженерию техникӣ, мелиоративӣ, байторӣ, зоотехникӣ, агрономӣ ва иттилоотию машваратӣ; дар истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти зиёдатии кишоварзӣ; дар барҳам додани оқибати ҳолатҳои фавқуллода; дар ҷудо кардани чарогоҳ ва алафзор; дар додани кредит бо гарав барои харидани техникаю таҷҳизот, чорвои зотӣ бо тартиби нисбати хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) муқарраргардида; дар масъалаҳои дигаре, ки қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст.
- Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шаҳрвандони дорои хоҷагии ёрирасони шахсӣ. Шаҳрвандони дорои хоҷагии ёрирасони шахсӣ ҳуқуқ доранд дар моликияти худ амвол дошта бошанд, амволро мерос гузоранд ва васият намоянд, ҳамроҳи дигар шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ шахси ҳуқуқӣ таъсис намоянд, ҳар гуна аҳди хилофи қонун набударо анҷом диҳанд ва ӯҳдадорию ҳуқуқҳои дигари амволӣ ва шахсии ғайриамволӣ дошта бошанд. Қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ барои хоҷагии ёрирасони шахсӣ ҷудошудаи шаҳрвандон барои эҳтиёҷоти давлатӣ аз ҷониби давлат танҳо баъди ҷудо намудани қитъаҳои баробарарзиши замини дорои хонаҳои ободи истиқоматӣ, биноҳои истеҳсолӣ, иморату иншооти таъиноташон монанди иншооти гирифташаванда ва пурра ҷуброн намудани тамоми хароҷоти вобаста ба он гирифта мешаванд.
Шаҳрвандони дорои хоҷагии ёрирасони шахсӣ ӯҳдадоранд: нигоҳубини қитъаҳои заминро таъмин намоянд; қитъаҳои заминро мақсаднок истифода намуда, зарар нарасонанд; андози истифодаи қитъаҳои заминро сари вақт супоранд; хонаҳои истиқоматӣ, биноҳои истеҳсолӣ, иморату иншоотро аз рӯи талаботи меъморию нақшавӣ, бинокорӣ, экологӣ, беҳдошти санитарию гигиенӣ, зиддисӯхторӣ ва талаботҳои дигари меъёрию қоидаҳои муқарраршуда бунёд кунанд, атрофи онҳоро обод созанд; қоидаҳои беҳдошти санитарию гигиенӣ ва байтории нигоҳубини ҳайвонот, талаботи мелиоративию агротехникии парвариши зироатҳои кишоварзӣ, тартибу маҳдудиятҳо ва ҳуқуқи истифодаи қитъаи заминро риоя намоянд; қитъаи заминро дар давоми мӯҳлати муқарраркардаи қонунгузории замин ба кор дароранд; талабҳои дигари пешбиникардаи қонунгузориро ба ҷо оваранд; дар ҷамъбасти нимсолаи якум ва дар ҷамъбасти сол ба мақомоти худидораи маҳаллӣ оиди фаъолияти меҳнатӣ маълумот пешниҳод намоянд.
Узвият ба хоҷагии ёрирасони шахсӣ дар мавридҳои зайл қатъ мегардад: вафоти узви хоҷагии ёрирасони шахсӣ; пешниҳоди ариза дар бораи қатъи узвият; зиндагонӣ накардан ҳамроҳи аъзои боқимондаи хоҷагии ёрирасони шахсӣ; зиёда аз як сол иштирок надоштан дар пешбурди якҷояи хоҷагӣ, ба истиснои мавридҳои муқарраркардаи қонунгузорӣ; дар дигар ҳолатҳое, ки қонунгузорӣ пешбини кардааст.
- Амволи хоҷагии ёрирасони шахсӣ. Ба сифати амволи хоҷагии ёрирасони шахсӣ чорвою мурғ, занбӯри асал, дарахтони бисёрсола, хонаҳои истиқоматӣ, биноҳои истеҳсолӣ ва дигар иморату иншооти мавриди пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ, техника, асбобу анҷоми кишоварзӣ, воситаҳои нақлиёт ва дигар захираҳои моддӣ, инчунин маҳсулоти кишоварзӣ шуда метавонанд. Амволи зикршуда моликияти умумии якҷояи аъзои хоҷагии ёрирасони шахсӣ мебошад. Амволи хоҷагии ёрирасони шахсиро фақат бо розигии ҳамаи аъзои он соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ намудан мумкин аст. Амволи хоҷагии ёрирасони шахсӣ метавонад бо талаби аъзои қобили амали хоҷагии ёрирасони шахсӣ тақсим карда шавад. Амали мазкур дар мавриди қатъ гардидани узвияти он анҷом дода мешавад.
Ҳамзамон қитъаи замини назди ҳавлигиро ба қитъаҳои алоҳидае тақсим кардан мумкин аст, ки андозаи онҳо бояд аз меъёри ниҳоии муқарраркардаи қонунгузорӣ камтар набошад. Узви хоҷагии ёрирасони шахсӣ дар сурати қатъ гардидани узвияташ дар хоҷагии ёрирасони шахсӣ ҳуқуқ дорад баробари ҳиссаи дар моликияти якҷоя доштааш ҷубронпулӣ гирад. Амволи хоҷагии ёрирасони шахсӣ ва қитъаи замин мувофиқи қонунгузорӣ ба мерос гузошта мешавад.
- Ихтиёрдорӣ кардани маҳсулоти кишоварзие, ки дар хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ истеҳсол шудааст, коркард ва ба ҳисоб гирифтани он. Маҳсулоти кишоварзии дар хоҷагии ёрирасони шахсӣ истеҳсолшуда моликияти шаҳрвандонест, ки бо хоҷагии ёрирасони шахсӣ машғуланд ва онҳо ҳуқуқи бо салоҳдиди худ ихтиёрдорӣ карданро доранд. Мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ метавонанд ташкилотҳои маҳаллии хариди маҳсулот барпо намоянд, ки маҳсулоти дар хоҷагии ёрирасони шахсӣ истеҳсолгардидаи кишоварзиро бо мақсади коркард, нигоҳдорӣ ё фурӯш қабул карда гиранд. Мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ба аъзоёни хоҷагии ёрирасони шахсӣ, ки бо фурӯши маҳсулоти кишоварзии истеҳсолкардаашон машғуланд, дар ташкили ҷойҳои муҷаҳҳази савдо шароит муҳайё намоянд.
Хоҷагии ёрирасони шахсиро мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар дафтари хоҷагӣ ба ҳисоб мегирад. Дафтари хоҷагӣ ҳуҷҷати асосии ҳисобгирии ибтидоӣ буда, маълумотро дар бораи шумораи аҳолии деҳот, замину чорво, хонаву ҷой ва амволи дигар дар бар мегирад.
- Асосҳои қатъи пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ. Пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ бо қарори мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ дар ҳолатҳои зерин қатъ меёбад: дар вақти қарор қабул кардани аъзои он оиди қатъи пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ; дар вақти мавҷуд набудани ягон аъзои хоҷагии ёрирасони шахсӣ ё меросхӯре, ки майлу хоҳиши пешбурди ин хоҷагиро дошта бошад; дар вақти қатъ ёфтани ҳуқуқ ба қитъаи замин бо сабаби гирифтани он барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё коммуналӣ; бо сабаби доштани дигар қитъаи замин аз пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ даст кашидани аъзои он; дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ оид ба замин.
Тартиби қатъи фаъолияти хоҷагии ёрирасони шахсӣ чунин аст: дар ҳолати қатъи пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ тибқи қарори аъзоён онҳо ба мақомоти маҳаллии ҷойгиршавии хоҷагӣ аризаи дахлдор пешниҳод менамоянд; дар вақти қатъи ҳуқуқ ба қитъаи замин дар асоси ҳалномаи суд ё қарори мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллии ваколатдор оиди гирифтани қитъаи замин онҳо ӯҳдадоранд чунин қарорро ба мақомоти маҳаллии худидоракунии ҷои воқеии хоҷагӣ фиристонанд; дар дигар мавридҳо қарори қатъи пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсиро мақомоти худидоракунии маҳалӣ қабул мекунанд.
Андозбандии хоҷагии ёрирасони шахсӣ мутобиқи қонунгузорӣ сурат мегирад. Барои вайрон кардани конунгузорӣ оид ба хоҷагии ёрирасони шахсӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Баҳсҳое, ки вобаста ба хоҷагии ёрирасони шахсӣ ба миён меоянд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ҳал карда мешаванд.
[1] Ниг.: Аграрное право. Китоби дарсии зикршуда. – С. 191-205; Ганиев М.М., Недорезков В.Д. Защита сада в личных подсобных зозяйствах. – М.: «Колос», 2006. – 188с.; Исмоилов Ш.М., Шонасридинов Н.Ш., Нодиров Ф.М. Китоби дарсии зикршуда. – C. 125-133; Личные подсобные хозяйства. // Википедия.ru.wikipedia.org.; Мустафаева Х.Д. Развитие личных подсобных хозяйств в условиях рыночной экономии (на примере Республики Дагестан). Дисс. на соис. уч. ст. к.э.н. – Махачкала, 1997. – 172с.; Приступа В.Н. Как повысить доходность вашего подворья: Личное подсобное хозяйство: Справочное пособие. – Ростов: «Феникс», 2004. – 576с.; Устюкова В.В. Правовое положение крестьянского (фермерского) и личного подсобного хозяйства в условиях аграрной реформы. Монография. // Отв. ред. Беляева З.С. – М.: «Ин-т гос. И права РАН», 2000. – 192с.[2] Ниг.: Қонуни ҶТ «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ» (аз 8.12.2003с., № 47 қабул шуда, бо Қонуни ҶТ аз 28.07.2006с., № 201 ба он тағйироту иловаҳо ворид карда шудааст). // Ахбори Маҷлиси Олии ҶТ. – Душанбе, 2003, № 12. – моддаи 675; Ахбори Маҷлиси Олии ҶТ. – Душанбе, 2006, № 7. – моддаи 349; Адлия (централизованный банк правовой информации РТ). – Версия 6,0.; Анисимов А.П. Комментарий к Федеральному закону О личном подсобном хозяйстве (постатейный). – М.: «Ось», 2007. – 144с.; Калинин Н.И. Комментарии к Федеральному закону от 07.07.2003г., № 112-ФЗ «О личном подсобном хозяйстве». //