Додани қарз ва назорати истифодаи он
Бонки миллии Тоҷикистон ягона бонки давлатии эмиссионӣ буда, соли 1991 дар заминаи Бонки давлатии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфтааст. Бонки милли Тоҷикистон бонки марказии эмисионӣ ва захиравии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва дар назди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад. Бонки миллии Тоҷикистон мақомоти асосӣ ва олии танзимкунандаи низоми пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки яке аз вазифаҳои асосии он таъмини кори боэътимод ва самараноки низоми бонкии кишвар ба шумор рафта дар навбати худ вазифаҳои зеринро иҷро мекунад: * коркард ва ҷорисозии сиёсати пулӣ-қарзӣ ва асъории мамлакат * ҳамчун бонкдори давлат ва намояндаи молиявии он амал мекунад * таҳлили иқтисодӣ ва пулиро мегузаронад ва дар асоси он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои худро пешниҳод мекунад, натиҷаҳои таҳлилро ба маълумоти аҳли ҷамъиятмерасонад * барои иҷрои амалиёти бонкӣ ба бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ иҷозатнома дода, фаъолияти онҳоро назорат ва танзим менамояд * ба низоми пардохтҳо дар ҷумҳурӣ назорат мекунад ва ба кори самараноки системаи пардохтҳои байнибонкӣ мусоидат менамояд * ба таври монополӣ эмиссияи пулро амалӣ менамояд ва гардиши онро ба роҳ мемонад * захираҳои асъории давлатро нигоҳ медорад ва онҳоро идора мекунад * аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба худ ӯҳдадориҳо мегирад, амалиётеро, ки аз иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти ташкилотҳои байналхалқӣ дар соҳаҳои бонкӣ, қарзӣ ва пулӣ мувофиқи шарту шароитҳои қарордодҳои байналхалқӣ бармеоянд, иҷро мекунад * тавозуни пардохти давлатро тартиб медиҳад Барои иҷрои ин вазифаҳо Бонки миллии Тоҷикистон фишангҳои зеринро истифода мебарад: таҳияи низомномаҳо, қоидаҳо ва дастурамалҳо бо мақсади танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ гузаронидани назорат аз рӯи фаъолияти ташкилотҳои*қарзӣ таҳияи меъёрҳои иқтисодӣ ва назорат аз рӯи иҷрои ҳатмии онҳо назорат оид ба захираҳои ҳатмӣ муайян намудани меъёри бозтамвили ташкилотҳои қарзӣ Чунон, ки қайд шуд яке аз вазифаҳои Бонки миллии Тоҷикистон ин назорат аз болои фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ буда, ба ҳамин васила пардохтпазирии онҳоро танзим менамояд. Дар ҳалли ин масъала нақши асосиро баҳодиҳии ҳолати молиявии бонк иҷро менамояд. Чунин баҳодиҳӣ дар асоси дуо мил гузаронида мешавад. Яке, ҳисобкунии меъёрҳои ҳатмии иқтисодӣ ва дигаре, таҳлили ҳисоботҳои умумии молиявӣ мебошанд. Чун қоида дар кори ҷории Бонки миллии Тоҷикистон ин омилҳо маҷмуан истифода бурда мешаванд. Заминаи иттилоотӣ барои таҳлил маълумотҳои тавозунӣ, ҳисоботҳои фоида ва зарар, ведомостҳои гардиш аз рӯи ҳисобҳои тавозунӣ, маълумотҳои умуми молиявӣ оиди иҷрои меъерҳои иқтисодӣ, ӯҳдадориҳои дебиторӣ-кредиторӣ ва ғайраҳо ба ҳисоб мераванд. Дар натиҷаи таҷлили тавозун хусусияту фаъолияти бонк, ҳолати бозоргирӣ, даромаднокӣ ва дараҷаи амалиёти алоҳидаи бонкӣ муайян мешаванд. Аз ин рӯ, ҳангоми таҳлил, тавозуни бонк чун сарчашмаи асоссӣ ва муҳим баромад менамояд. 3.Марҳилаҳои асосии низоми бонкии Чумҳурии Тоҷикистон Аз давраи ба даст овардани истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон яъне соли 1991 то ба имрӯз метавон ислоҳоти низоми бонкиро ба чанд марҳила ҷудо намуд. Барои ин бояд гуфт, ки дар давраи солҳои 1991 то 1993 дар Тоҷикистон бо сабаби ҷанги шаҳрвандӣ ягон тағийроту ислоҳот ба чашм нарасид ва таи солҳои 1993-1994 бонки миллии Тоҷикистон ягон фишанги сиёсати пулию қарзии Ҷумҳуриро истифода набурд ва муомилоти пулӣ ба танзим дароварда нашуд. То соли 1993 дар муомилот рубли Шӯравӣ истифода мешуд ва аз 1-январи 2004 пули нақдинаи Федератсияи Русия гардиш мехӯрд, ҷумҳурӣ мустақилан ба воридшавии зонаи пулӣ қобилият надошт. Дар асоси ин гуфтаҳо марҳилаи авали ислоҳоти низоми бонкӣ тайи солҳои 1995-1997-ро дар бар мегирад. Таи ин солҳо имконияти ташкили низоми бонкии Тоҷикистон ба миён омад ва нишонаи аввалини он ба муомилот ворид сохтани аввалин пули миллӣ- рубли тоҷикӣ мебошад. Ин омил ба Бонки миллии Тоҷикистон имконият фароҳам овард, сиёсати арзиву қарзӣ ва асъории ҷумҳуриро тартиб дода мавриди истифода қарор диҳад. Гузариш ба арзи миллӣ барои Бонки миллӣ давраи душворро ба миён овард, зеро тамоми маблағҳои шахсони ҳуқуқию воқеӣ ҷамъоварӣ шуда, аз нав ҳисоб шуда, мувофиқи қурби муайян шуда, пешниҳод мегарданд. Натиҷаи марҳилаи якуми ислотҳоти низоми бонкӣ дар ташкили низоми ду зинагӣ ва пайдошавии аввалин бонкҳои тиҷоратӣ мушоҳида гардид. Марҳилаи дуюми ислоҳоти бонкиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон таи солҳои 1997-1999 номид. Дар раванди ин солҳо чунин воқеаҳову чорабиниҳо ба вуқӯъ пайвастанд: — ҷалб намудани сармоягузориҳо барои иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар ҳаҷми васеъ — гузаронидани якумин музояда дар моҳи декабри соли 1997 (ва аз соли 1998 сар карда музоядаҳои моҳона гузаронида мешуданд) — якумин эмиссияи (дар охири соли 1998) векселҳои давлатӣ ба муомилот — қабули қонунгузориҳои бонкӣ ва ғайраҳо Давраи муҳимро дар ин марҳила қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» ташкил медиҳад, 23 майи 1998 қабул гардид ва барои ташкили бонкҳои тиҷоратӣ асоси ҳуқуқӣ ва заминаи мустаҳкам гардид. Марҳилаи сеюми ислоҳоти низоми бонкӣ таи солҳои 1999-2000 қарор гирифтааст, ки аҳамияти асосиаш ба муомилот ворид гардидани асъори миллӣ бо номи сомонӣ (октябри 2000) аст ва ин марҳила чунин хусусиятҳоро дорост: мукаммалгардонии базаи ҳуқуқӣ дар низоми бонкӣ мустаҳкам гардонии назорати бонкӣ ҷорӣ гардидани ҳисоботҳо дар асоси стандарти байналмиллалӣ 30-юми октябри 2000 ба муомилот ворид гардидани асъори миллӣ бо номи сомонӣ Давра ба давра болоравии Маҷмӯи Маҳсулоти Миллӣ (МММ). Марҳилаи чорум ин тайи солҳои 2000-2004-ро дар бар мегирад, ки чунин натиҷаҳоро ба мо фароҳам овард: инкишофи баланди МММ (дар як сол 2,2 то 2,6%) паст гардидани сатҳи беқурбшавии пул таъмини қобилияти харидории асъори миллӣ ташкил ва инкишофи ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ афзудани ҳаҷми хизматрасониҳои бонкӣ ва беҳтар гардонии сифати онҳо инкишофи фаъолияти бонкӣ дар асоси дастгирии фаъолияти соҳибкории хурду миёна ҷорӣ гардонии технологияи пешқадам, аз ҷумла кортҳои электронӣ қабули сиёсати нав барои мӯътадилгардонии раванди сармоягузориҳо дар соҳаҳои гуногунии хоҷагии халқ ва ғайраҳо. Сиёсати асъорӣ дар солҳои 2005 ва солҳои минбаъда бо мақсадҳои таъмини мӯътадил нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ, мустаҳкам гардонии тавозуни пардохти мамлакат бо роҳи инкишофи иқтисодиёт, аз ҷумла зиёд намудани иқтидори содиротӣ ва барориши молу маҳсулоти содиршаванда ва ғайраҳо нигаронида шудааст. Қисмати муҳими сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ ин пеш аз ҳама сиёсати қурби мебошад. Ин сиёсат бо мақсади ҷамъоварии захираҳои тиллоӣ-асъорӣ дар назардошти пардохти қарзи давлатӣ равона шудааст. Аз соли 2005 ва дар солҳои минбаъда корҳои ташкилӣ ва ҷорикунонии низоми пардохти миллӣ (наӣионалҳная платеҷная система) бо истифодаи технологияи пешқадам, идома ёфт. Бо мақсади иҷроиши ин ва амсоли ин гуна масъалаҳо дар инкишофи низоми молиявӣ моро зарурияти мустаҳкам гардонии базаи ҳуқуқӣ пеш омадааст. Роҳҳои асосии ин пеш аз ҳама таъмини таъмини ҳимояи амонатҳои аҳолӣ, ривоҷи молиягузорӣ дар бозори қоғазҳои қиматнок, мукаммалгардонии низоми андозиву буҷетӣ ва асъорӣ мебошад. Бо мақсади ҳифзи амонатҳои аҳолӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолати амонатҳои шахсони воқеӣ» корҳои мукаммалгардони оиди таъмини амонатҳо амалӣ гаштанд. Ислоҳоти низоми бонкӣ ва роҳҳои идоракунии активҳои бонкҳои тиҷоратӣ бо мақсадҳои зерин дар иқтисодиёт истифода гардида, чунин ҷараёнҳоро таҷассум менамоянд: афзун намудани номгӯи хизматрасонии бонкӣ ва беҳтар намудани сифати онҳо андешидани чораҳо оид ба баланд бардории диниши мутахассисони соҳаи бонк дастгирӣ намудани соҳибкории хурду миёна бо роҳи пешниҳоди қарзҳои хурд ташкили рақобат дар бозори хизматрасониҳои бонкӣ мустаҳкамгардонии боварии аҳолӣ бо низоми бонкӣ бо роҳи риоя намудани қонунгузорииҳои мавҷуда, ҳимояи манфиатҳои мизоҷон, ҳифзи амонатҳо ва ҳаракати маблағҳо дар ҳисобҳои онҳо.