Мурофиаи буҷетӣ

1. Тавсифи умумӣ ва хусусияти меъёрҳои мурофиавии буҷетӣ

2. Мафҳум, иштирокчиён ва принсипҳои мурофиаи буҷетӣ

3. Давраҳои мурофиаи буҷетӣ

1. Тавсифи умумӣ ва хусусияти меъёрҳои

мурофиавии буҷетӣ

Барои ҳуқуқи буҷетӣ тақсимоти аниқи меъёрҳо ба моддӣ ва мурофиавӣ хос аст.

Меъёрҳои моддии буҷетӣ сохтори низоми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номгӯи даромадҳо ва хароҷотҳо, тақсими онҳо дар байни буҷетҳои гуногун ва ғайраро ифода менамоянд.

Меъёри мурофиавии буҷетӣ – ин нишондоди умумӣ, умумиҳатмӣ, шаклан муайяни аз тарафи давлат содиршаванда ва бо қувваи юридики давлат ҳифзшаванда мебошад, ки барои таъмини татбиқи меъёрҳои моддии ҳуқуқии буҷетӣ ба воситаи танзими муносибатҳои мурофиавӣ оид ба тартиб додан, баррасӣ намудан, тасдиқ кардан ва иҷро намудани буҷетҳо, тайёр намудан, баррасӣ кардан ва тасдиқ намудани ҳисоботҳо оид ба иҷрои буҷетҳо, инчунин назорати иҷрои онҳо ва муайян намудани амалҳои мурофиавии иштирокчиёни мурофиаи буҷетӣ, усулҳо, тартиб, мӯҳлат ва пайдарҳамии анҷом додани онҳо равона карда шудааст.

Ба меъёрҳои мурофиавии буҷетӣ меъёрҳое мансубанд, ки тариқи тартиб додан, баррасӣ намудан, тасдиқ кардан ва иҷро намудани буҷетҳои давлатӣ ва маҳаллӣ, тариқи тартиб додан ва тасдиқ намудани ҳисоботҳо оид ба иҷрои буҷетҳо, амалӣ намудани назорати молиявии давлатӣ ва маҳаллӣ дар соҳаи фаъолияти буҷетиро ба тартиб меандозанд.

Риояи қатъии меъёрҳои мурофиавии ҳуқуқи буҷетӣ кафолати қонунӣ ба татбиқ намудани меъёрҳои моддии ҳуқуқи буҷетӣ, яъне кафолати дуруст ва сари вақт ба буҷет ворид шудани даромадҳо ва қонунӣ ва сари вақт хароҷот намудани онҳо мебошад.

Меъёрҳои мурофиавии буҷетӣ низ дорои ҳамаи он аломатҳое мебошанд, ки ба ҳама гуна меъёри ҳуқуқӣ хосанд: меъёрӣ будан, умумиҳатмӣ будан, аниқии расмӣ, муқарроти давлатӣ, ҳимоя аз тарафи давлат ва имконияти татбиқи маҷбуркунии давлатӣ дар ҳолати вайрон кардани он. Дар айни замон онҳо як қатор хусусиятҳо доранд, ки онҳоро аз дигар меъёрҳои мурофиавӣ (мурофиавии гражданӣ, мурофиавии судии иқтисодӣ, мурофиавии ҷиноятӣ ва ғ.) фарқ мекунонад:

1) предмети махсуси танзими ҳуқуқӣ – меъёрҳои ҳуқуқи буҷетӣ муносибатҳоро ба танзим медароранд, ки вобаста ба ташкилшавӣ, тақсимшавӣ ва истифодабарии фондҳои пулии дар буҷетҳои давлатӣ ва маҳаллӣ ҷамъшуда ба вуҷуд меоянд;

2) батанзимдарории ҳам фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва ҳам ҳуқуқтатбиқкунӣ; ба меъёрҳое, ки муносибатҳои ҳуқуқэҷодкуниро ба танзим медароранд, он меъёрҳоеро мансуб донистан мумкин аст, ки тариқи тартиб додан, баррасӣ намудан ва тасдиқ кардани буҷетҳоро муайян менамоянд, ба меъёрҳое, ки фаъолияти ҳуқуқтатбиқкуниро ба танзим медароранд, он меъёрҳоеро мансуб донистан мумкин аст, ки ба иҷрои буҷетҳо, инчунин назорати иҷрои онҳо бахшида шудааст;

3) таъмини татбиқи меъёрҳои моддии фақат ҳуқуқи буҷетӣ, ки онҳоро аз меъёрҳои мурофиавии гражданӣ, мурофиавии судии иқтисодӣ ва мурофиавии маъмурӣ фарқ мекунонад;

4) хусусияти махсуси амали якҷоя бо меъёрҳои моддии ҳуқуқи буҷетӣ – онҳо тартиби татбиқи на ягон якто, меъёри моддии алоҳида гирифташуда, балки меъёрҳои моддии ҳуқуқии буҷетиро якбора муқаррар менамоянд;

5) доираи махсуси субъектҳое, ки татбиқи онҳоро амалӣ менамоянд; ин чунин субъектҳои барои бисёр соҳаҳои ҳуқуқ хос набуда, ба монанди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ;

6) ҳайати васеи субъектоне, ки барои қабул намудани онҳо ваколатдоранд – дар сатҳи ҷумҳурӣ ва дар сатҳи воҳидҳои марзӣ-маъмурӣ;

7) хусусияти ифодаи берунӣ – онҳо дар як сарчашма бо меъёрҳои моддии ҳуқуқии буҷетӣ сабт мегарданд.

Меъёрҳои мурофиавии буҷетӣ бо меъёрҳои моддии ҳуқуқи буҷетӣ зич алоқаманданд, вале дар айни замон фарқият низ доранд, ки аз инҳо иборатанд:

Якум, доираи муваққатии мавҷудияти муносибатҳои мурофиавии буҷетӣ дар ҳолати мазкур назар ба муносибатҳои моддии ҳуқуқи буҷетӣ васеъ аст. Муносибатҳои мурофиавӣ қабл аз муносибатҳои моддӣ ба вуқӯъ омада, пайдоиши онҳо (тартиб додан, баррасӣ намудан ва тасдиқ кардани буҷетҳо)-ро таъмин намуда, онҳоро ҳамроҳӣ мекунанд, тартиби татбиқи онҳо (иҷрои буҷет)-ро муайян менамояд, инчунин аз паси онҳо мераванд, амалӣ намудани назоратро барои мувофиқатии муносибатҳои моддии ба вуҷуд омада ба санади дахлдор дар бораи буҷет (тайёр намудан, баррасӣ кардан ва тасдиқ намудани ҳисоботҳо дар бораи иҷрои буҷетҳо) ба роҳ мемонанд.

Дуюм, барои меъёрҳои мурофиавии буҷетӣ нақши хизматӣ хос аст: бо фарқият аз меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ, ки худ аз худ мақсади таъсир расонидан ба рафтори субъектонро доранд, онҳо мақсади мустақилона надоранд, онҳо нақши хизматиро нисбати меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ иҷро мекунанд, ки боиси ҳосилшавии муайяни онҳо аз меъёрҳои моддии ҳуқуқи буҷетӣ мегардад.

Сеюм, барои меъёрҳои мурофиавии буҷетӣ мазмуни махсус хос аст. Агар меъёри ҳуқуқи моддӣ ҳуқуқу ӯҳдадории субъектони ҳуқуқро муайян намояд, он гоҳ меъёри мурофиавӣ ба саволи «чӣ тавр», яъне бо кадом тарз, бо кадом тартиб ҳуқуқу ӯҳдадориҳои номбурда татбиқ карда шуда метавонанд ва бояд татбиқ карда шаванд ҷавоб медиҳад. Дар ҳуқуқи буҷетӣ меъёрҳои моддӣ сохтори буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таркиби даромадҳо ва хароҷоти буҷет, инчунин салоҳияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳокимияти маҳаллиро дар соҳаи буҷет муайян менамоянд. Меъёрҳои мурофиавӣ на танҳо амали иштирокчиёни мурофиаи буҷетӣ, балки усул, тартиб, пайдарҳамии иҷрои онҳо, инчунин шакли сабткунии натиҷаҳои ин амалҳоро дар бар мегиранд.

2. Мафҳум, иштирокчиён ва принсипҳои

мурофиаи буҷетӣ

Меъёрҳои мурофиаи буҷетӣ қоидаҳо, тартиби татбиқи меъёрҳои моддии ҳуқуқи буҷетиро дастур медиҳанд. Дар онҳо тамоми силсилаи ташкилшавии буҷет аз лаҳзаи таҳияи он то лаҳзаи тасдиқи ҳисобот дар бораи иҷрои он ба тартиб андохта шудааст.

Мурофиаи буҷетӣ – фаъолияти мақомоти иҷроияи давлатӣ, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва дигар иштирокчиёни мурофиаи буҷетӣ оиди таҳия ва баррасии лоиҳаи буҷетҳо, фондҳои мақсадноки давлатӣ, тасдиқ ва иҷрои онҳо, ҳамчунин назорати иҷрои буҷетҳо мебошад, ки ба воситаи санадҳои ҳуқуқӣ ба тартиб дароварда мешавад (б. 14 моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»).

Мувофиқи моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иштирокчиёни мурофиаи буҷетӣ инҳоянд:

– Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– мақомоти ҳокимияти қонунгузорӣ (намояндагӣ);

– мақомоти ҳокимияти иҷроия;

– мақомоти танзими пулию қарзӣ ва асъорӣ;

– мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

– фондҳои мақсадноки давлатӣ;

– ихтиёрдори асосӣ, ихтиёрдорон ва қабулкунандагони маблағҳои буҷетӣ;

– ташкилотҳои буҷетӣ, корхонаҳои ягонаи (унитарии) давлатӣ ва ҳокимияти маҳаллӣ, ташкилотҳои қарзӣ, ки бо маблағҳои буҷетӣ фаъолият мекунанд;

– мақомоти дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи онҳо салоҳиятро дар соҳаи идораи молия, буҷет ва андоз вогузоштааст.

Фаъолияти давлат аз оғози таҳияи буҷети давлатӣ то тасдиқи ҳисобот дар бораи иҷрои он силсилаи буҷетӣ номида мешавад. Тамоми силсилаи буҷетӣ ба давраҳо тақсим мешавад: таҳияи буҷет; баррасӣ ва тасдиқи буҷет; иҷрои буҷет; баррасӣ ва тасдиқи ҳисобот дар бораи иҷрои буҷет. Буҷет дар давоми як соли тақвимӣ – аз 1 январ то 31 декабр амал мекунад.

Давраҳои мурофиаи буҷетӣ қатъиян пайдарҳам меоянд ва ин тартибро тағйир додан мумкин нест. Дар айни замон ҳар маротиба кор бо буҷети нав аз сари нав оғоз меёбад, чунки ҳарсол ҳаҷми даромади миллии давлат тағйир меёбад, маблағҳои пулии давлат вобаста аз вазифаҳои ҳал менамудаи давлат дар давраи мазкур дар шаклҳои гуногун аз нав тақсим карда мешаванд.

Мурофиаи буҷетӣ ба принсипҳои муайян асос шудааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» принсипҳои умумиро дар бар гирифтааст, ки дар маҷмуъ барои тамоми низоми буҷетӣ хос аст (м. 8):

1) ягонагии низоми буҷети давлатӣ;

2) тафриқаи даромаду хароҷот байни сатҳҳои низоми буҷет;

3) инъикоси пурра ва ҳатмии даромаду хароҷоти буҷетҳо;

4) баробарии (мувозинати) буҷетҳо;

5) истифодаи самарабахшу сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ;

6) пардохти пурраи хароҷоти буҷетҳо;

7) ошкоро будани буҷетҳо;

8) эътиборнокии буҷетҳо;

9) таъиноту мақсаднокии муайяни маблағҳои буҷетӣ.

Дар айни замон барои мурофиаи буҷетӣ принсипҳои махсус хос аст.

1. Принсипи пайдарпай ба фаъолияти буҷетӣ ворид шудани мақомоти ҳокимияти иҷроия ва намояндагӣ. Лоиҳаи буҷетро ҳатман мақомоти иҷроия таҳия менамоянд, қонун ё қарор дар бораи буҷет аз ҷониби мақомоти намояндагӣ қабул карда мешаванд, буҷети ҳамаи сатҳҳоро бошад мақомоти ҳокимияти иҷроия иҷро менамоянд.

2. Принсипи ҳарсола будани буҷет. Ин маънои ҳатман қабул намудани буҷетро то оғози соли ба нақшагирифташуда дорад, ки фаъолияти буҷетиро боз ҳам «шаффоф» менамояд ва имконияти боз ҳам самараноки амалӣ намудани назорати буҷетиро аз болои ҳамаи миқдори бисёри маблағҳои буҷетӣ таъмин менамояд. Ба ғайр аз он, ҳарсола будан имконият медиҳад, ки тамоюли инкишофи бозорӣ боз ҳам аниқтар ошкор карда шавад, тағйиротҳо дар суръати равнақи истеҳсолот, маҳсулоти умумии дохилӣ, даромади миллӣ, қурби сомонӣ ва ғ. пурра ба назар гирифта шавад.

3. Принсипи умумӣ ва ошкоро будан. Дар назар дошта мешавад, ки лоиҳаи буҷет то қабул шудани он ҳам аз ҷониби мақомоти намояндагӣ ва ҳам аз ҷониби аҳли ҷомеа ба таври васеъ муҳокима карда мешавад, буҷети қабул шуда ҳатман (ба истиснои моддаҳои махфӣ) дар матбуот чоп мешавад. Муҳокимаи васеи лоиҳаҳои буҷетҳо, чопи ҳатмии онҳо баъди қабул шудан, инчунин ҳисоботи мақомоти иҷроияи ҳокимият дар назди мақомоти намояндагии ҳокимият дар бораи иҷрои буҷет барои таъмини «шаффофият»-и фаъолияти буҷетӣ дар давлат хизмат намуда, ба таври воқеӣ иҷро намудани буҷетро бо талафи камтарин кӯмак менамоянд. Рад намудани буҷет низ бояд ошкоро бошад.

Дар сурати қабул намудани қарор дар бораи рад намудани лоиҳаи буҷет ё дар бораи тасдиқ накардани ҳисоботҳо дар бораи иҷрои буҷетҳо дар воситаҳои ахбори омма бояд маълумотҳои зарурӣ дар бораи сабабҳои қабул намудани чунин қарор чоп карда шавад.

Дар матбуот қарорҳои мақомоти намояндагӣ оид ба буҷет низ бояд чоп карда шаванд.

Мақомоти ҳокимияти намояндагӣ ва иҷроия ҳамчунин мунтазам дар назди доираи васеи аҳли ҷомеа дар бораи рафти иҷрои буҷет ҳисобот медиҳанд.

4. Принсипи тахассуси нишондиҳандаҳои буҷетӣ. Асоси таҳия ва иҷро намудани буҷетро таснифи буҷетӣ ташкил менамояд, ки – гурӯҳбандии ҳамаи даромадҳо ва хароҷотҳои буҷетҳои ҳамаи сатҳҳоро аз рӯи намуд, таъинот ва самтҳои мақсаднок дар назар дорад. Истифодаи таснифи буҷетӣ имконият медиҳад, ки маблағҳои буҷетӣ аниқ пешгӯӣ ва тақсим карда шаванд, инчунин сарчашмаҳои маблағгузории дохилӣ ва берунии касри буҷет муайян карда шаванд. Ҳамчун санади махсуси юридикӣ таснифи буҷетӣ асос барои бурдани баҳисобгирӣ ва тартиб додани ҳисоботҳо, амалӣ намудани назорати буҷетӣ аз тарафи мақомоти молия мебошад. Принсипи ихтисосии нишондиҳандаҳои буҷетӣ дар ҳамаи давраҳои мурофиаи буҷетӣ татбиқ карда мешавад.

3. Давраҳои мурофиаи буҷетӣ

Мурофиаи буҷетӣ аз чор давраи асосӣ иборат аст: таҳияи лоиҳаи буҷет; баррасӣ ва тасдиқи буҷет; иҷрои буҷет; баррасӣ ва тасдиқи ҳисобот дар бораи иҷрои буҷет. Мазмуни ҳар кадоме аз ин давраҳоро дида мебароем.

Давраи таҳияи лоиҳаи буҷет. Таҳияи лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ ва Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ ҳуқуқи истисноии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Лоиҳаи Буҷети давлатӣ дар асоси дурнамои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳаҳои иқтисодиёт, баланси ҷамъбасти молиявӣ ва бо назардошти фароҳам овардани ҳадди аққали стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар асоси меъёрҳои хароҷоти маблағ барои хизматрасонии давлатӣ, дигар меъёрҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, тартиб дода мешавад.

Ҷараёни таҳияи лоиҳаи буҷети давлатӣ аз ду марҳила иборат мебошад:

– таҳияи Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ;

– таҳияи лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли навбатии молиявӣ.

Корҳои вобаста ба таҳияи Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оғози таҳияи лоиҳаи Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ ташкил карда мешаванд.

Мақсади таҳияи Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ фароҳам овардани имкониятҳо оид ба идоракунии захираҳои молиявии давлатӣ мувофиқи мақсадҳои дарозмӯҳлат ва миёнамӯҳлат ва афзалиятҳои сиёсати давлатӣ мебошад. Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ бобати таҳияи лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли навбатии молиявӣ ҳамчун замина хизмат мекунад.

Ба номгӯи маълумот барои таҳияи Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ ва барномаҳои дахлдори миёнамӯҳлати соҳавии (бахшии) хароҷоти давлатӣ дохил мешаванд:

– пешбинии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои як соли пеш аз соли навбатии молиявӣ ва се соли минбаъда;

– самтҳои асосии сиёсати андозу буҷет, пулию қарзӣ ва асъории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои се соли оянда;

– пешбинии тавозуни ҷамъбастии молиявӣ барои як соли пеш аз соли навбатии молиявӣ ва се соли минбаъда бо ҳаҷми ниҳоии маблағгузории муайяншудаи давлатии соҳаҳо (бахшҳо);

– барномаи суроғавии инвеститсионӣ барои се соли минбаъда бо ҳаҷми ниҳоии дахлдори маблағгузорӣ;

– сохтори қарзи давлатӣ, барномаи давлатии қарзгирии дохилӣ ва берунӣ барои як соли пеш аз соли навбатии молиявӣ ва се соли минбаъда.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки барои сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои дахлдор масъул мебошанд, барномаҳои миёнамӯҳлати соҳавии (бахшии) хароҷоти давлатиро, ки аз ҷониби роҳбарони ин мақомот ба имзо расидааст, дар мӯҳлатҳои мукарраргардида таҳия карда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд. Ҳангоми дар мӯҳлатҳои муқарраргардида пешниҳод накардан, барномаҳои соҳавии (бахшии) хароҷоти давлатӣ аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда мешаванд.

Дар рафти таҳияи Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ маълумотҳои барои ӯ заруриро талаб намояд ва гирад.

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси барномаҳои соҳавии (бахшии) давлатии хароҷот лоиҳаи Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатиро таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ пешниҳод мекунад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатиро то 1 июл тасдиқ ва нашр намуда, онро барои маълумот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Барои тартиб додани лоиҳаи Буҷети давлатӣ ҳуҷҷату маводи зерин тайёр карда мешаванд:

– дурнамои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ;

– самтҳои асосии сиёсати буҷету андоз, пулию қарзӣ ва асъории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– дурнамои тавозуни ҷамъбасти молиявӣ барои соли навбатии молиявӣ;

– барномаи маблағгузории мақсаднок;

– нақшаи инкишофи сектори давлатӣ;

– сохтори қарзи давлатӣ, барномаи қарзгирии давлатии дохилӣ ва берунӣ;

– барномаи кафолати давлатӣ;

– ҳисоби зарари буҷети давлатӣ аз ҳисоби имтиёзҳо дар соҳаи андоз;

– ҳисоби иҷрои тахминии буҷет дар соли ҷории молиявӣ;

– ҳуҷҷату маводи дигар, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ намудааст.

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои буҷетӣ оид ба тартиб додани лоиҳаи буҷет барои соли навбатии молиявӣ низомнома тартиб медиҳад, ки дар он сиёсати андозу буҷет, самтҳои асосии даромаду хароҷоти буҷет, ҷадвали омода сохтани он ва қоидаҳои пешниҳод намудани ҳисобу асосноккунии буҷетҳо муайян карда мешаванд.

Мақомоти идораи давлатӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ, ки ба тараққиёти иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ масъуланд, ба Вазорати молия нишондиҳандаҳои муфассали истеҳсоли молҳоро (кор, хизматрасониро) барои соли ҳисоботӣ ва давраи пеши назар, ки барои таҳияи лоиҳаи буҷети ҷумҳуриявӣ лозиманд, пешниҳод менамоянд.

Вазорати молия қоидаи таҳияи маълумотро барои тартиб додан ва пешниҳод намудани сметаи муассисаҳои буҷетӣ муқаррар менамояд. Ҳуҷҷатҳое, ки муассисаҳои буҷетӣ пешниҳод менамоянд, бояд чунин маълумотро дарбар гиранд:

– лоиҳаи сметаи даромаду хароҷот барои соли ояндаи буҷетӣ аз рӯи соҳаҳо, гурӯҳҳо, бандҳо ва моддаҳо мутобиқи гурӯҳбандии буҷетӣ;

– лоиҳаи сметаи даромаду хароҷот барои давраи миёнамӯҳлат аз рӯи соҳаҳо, гурӯҳҳо ва моддаҳо мутобиқи гурӯҳбандии буҷетӣ;

– маълумот оиди шабакаи муассисаю ташкилот, мансабҳо (доимӣ ва муваққатӣ) ва ҳайате, ки барои онҳо пешбинӣ кардани маблағ лозим меояд;

– шарҳу асосноккунии ҳисобот, ки ба Вазорати молия имкон медиҳад, таклифҳои оид ба буҷетро ҷамъбаст ва таҳлил намояд;

– таклифҳо оиди тартиб додани барномаҳои сармоягузории давлатӣ барои давраи миёнамӯҳлат, алоҳида барои ҳар сол.

Вазорати молия ҳамаи ҳисобҳои воридот ва пардохтҳои буҷетиро таҳлил намуда, ба муассисаҳои буҷетӣ ислоҳҳои заруриро пешниҳод менамояд, ҳамчунин ҳаҷми зарурии қарзгирӣ ва манбаъҳои имконпазири гирифтани онро муайян мекунад.

Дар ҳолати рӯй додани мухолифат байни Вазорати молия ва вазорату идораҳо дигар муассисаҳои буҷетӣ оиди тартиб додани лоиҳаи буҷет Вазорати молия қарор қабул карда, ба баррасӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлатӣ аз ҷониби мақомоте, ки фондҳои мазкурро идора менамояд, мутобиқи низомнома ва мӯҳлати муқаррар намудаи Вазорати молия тартиб дода мешаванд.

Дар ҳолати рӯй додани мухолифат байни Вазорати молия ва мақомоте, ки буҷети фондҳои мақсадноки давлатиро таъмин менамоянд, Вазорати молия қарор қабул карда, барои барраси ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Буҷетҳои маҳаллиро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар санадҳои меъёрии ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб медиҳанд. Барои тартиб додани буҷетҳои маҳаллӣ мақоми молияи маҳаллӣ масъул мебошад.

Давраи баррасӣ ва тасдиқи буҷет. Лоиҳаҳои буҷетҳои маҳаллиро ба Вазорати молия раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриявӣ пешниҳод менамоянд. Лоиҳаҳои пешниҳодгардидаи буҷетҳои маҳаллӣ бояд чунин маълумотро дар бар гиранд:

– нишондиҳандаҳои даромаду хароҷот барои соли навбатии молиявӣ ва давраи миёнамӯҳлат;

– ҳисоби маблағи зарурии кӯмаки молиявӣ (дотатсия) ва мусоидати молиявӣ (субвенсия), ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда мешавад.

Шарҳу асосноккунии ҳисобҳо ба Вазорати молия имконият медиҳанд, ки таклифҳо оиди буҷетро ҷамъбаст ва таҳлил намояд.

Дар мавриди рӯй додани мухолифат байни Вазорати молия ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оиди тартиб додани лоиҳаи буҷети маҳаллӣ. Вазорати молия қарор қабул карда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи вилоят ва шаҳр ба мақомоти болоии ҳокимияти иҷроия нишондиҳандаҳои даромаду хароҷоти буҷетҳо ва ҳисобҳоро оид ба онҳо мувофиқи талаботу қоидаҳои пешбинӣ намудаи моддаи 38 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод менамоянд.

Вазорати молия дар асоси таклифҳои оид ба буҷет пешниҳод гардида лоиҳаҳои буҷети давлатӣ, буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлатиро барои соли навбатии молиявӣ тартиб медиҳад ва онро то 20 сентябри соли ҷорӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамояд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраршуда лоиҳаи пешниҳодгардидаи буҷети давлатӣ, буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлатиро баррасӣ менамояд ва қарори дахлдор қабул мекунад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол то 1 ноябри соли равон лоиҳаи буҷети давлатиро барои соли навбатии молиявӣ барои баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Баробари ирсол шудани лоиҳаи Қонун дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷату маводи зерин низ пешниҳод мешаванд:

– ҷамъбасти тахминии инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли гузашта;

– дурнамои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ;

– самтҳои асосии сиёсати буҷету андоз барои соли навбатии молиявӣ;

– дурнамои баланси ҷамъбастии молиявӣ барои соли навбатии молиявӣ;

– лоиҳаҳои барномаҳои мақсадноки умумиҷумҳуриявӣ, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ мешаванд;

– ҳисобу китоб аз рӯи моддаҳои гурӯҳбандии буҷети ҷумҳуриявӣ, қисм ва бандҳои гурӯҳбандии вазифавии буҷет барои соли навбатии молиявӣ;

– ҳисобҳо вобаста ба ихтиёрдорони асосӣ ва ихтиёрдорони маблағҳои буҷетии гурӯҳбандии идоравӣ;

– лоиҳаи барномаи қарзгирии давлатии берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба давлатҳои хориҷӣ додани қарз дар соли навбатии молиявӣ;

– лоиҳаи сохтори қарзи давлатии берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаи қарзгирии дохилӣ, ки барои пардохти касри буҷет пешбинӣ шудаанд;

– лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба боздоштани амал ё бекор кардани қонунҳое, ки дар онҳо хароҷоти маблағ аз ҳисоби буҷети давлатӣ пешбинӣ мегардад;

– ҳуҷҷатҳои дигаре, ки тибқи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб карда мешавад.

Дар баробари ирсоли лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ ба Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунҳои зайлро низ пешниҳод менамояд:

– дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи тарифи гумрукӣ”;

– дар бораи буҷети фондҳои мақсадноки буҷетӣ.

Фонди хароҷоти пешбининашуда ҳар сол ба ҳаҷми хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ дохил карда мешавад. Андозаи фонди хароҷоти пешбининашуда ҳангоми тартиб додани буҷети ҳарсола муайян карда мешавад.

Тақсим ва истифодаи маблағҳои фонди хароҷоти пешбининашуда ба ваколати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад. Маблағҳои фонди хароҷоти пешбининашуда барои бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ, паҳншавии касалиҳои сироятӣ ва дигар ҳолатҳои пешбининашуда, ки дар буҷети ҳарсола дар назар дошта нашудаанд, сарф мегарданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар се моҳ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хароҷоти фонди пешбининашуда маълумот медиҳад.

Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 2 фоизи даромади буҷети давлатӣ муқаррар гардида, ба буҷети ҷумҳуриявӣ дохил мешавад.

Маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарф карда мешаванд.

Фонди захиравии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба андозаи 0,5 фоизи ҳаҷми даромади буҷети маҳаллии дахлдор муқаррар гардида, ба таркиби хароҷоти он дохил карда мешавад.

Ба фонди захиравии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳия ихтиёрдорӣ менамоянд.

Тартиби истифодаи маблағҳои фонди захиравии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Тартиби баррасии лоиҳаи Қонун дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ ва тасдиқи онро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян мекунад.

Тартиби баррасии лоиҳаи қарор дар бораи буҷети маҳаллӣ ва тасдиқи онро мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», санадҳои ҳуқуқии мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян мекунанд.

Лоиҳаи қонун дар бораи буҷети фондҳои мақсадноки давлатӣ баробари Қонун дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ ва дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардида, тасдиқ карда мешавад.

Лоиҳаи Қонун дар бораи ворид намудани тағйирот ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба андозситонӣ барои баррасӣ ва тасдиқи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ то қабули қонун (қарор) дар бораи буҷет барои соли навбатии молиявӣ пешниҳод карда мешавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 31 декабри соли равон қабул нашудааст, мавриди амал қарор дода намешавад ва маблағгузории хароҷот мутобиқи муқаррароти моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сурат мегирад.

Маҷлиси намояндагон дар ҳолатҳое, ки дар қисми якуми моддаи 45 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардидаанд, метавонад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи маблағгузории хароҷот аз буҷети давлатӣ дар семоҳаи якуми соли навбатии молиявӣ қабул намояд.

Лоиҳаи қонунҳо оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ аз рӯи ҳамаи масъалаҳое, ки мавзӯи танзими Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд.

Дар ҳолати кам ё барзиёд шудани воридоти маблағҳо ба буҷет, ки метавонад боиси тағйирёбии маблағгузорӣ ба андозаи зиёда аз 10 фоизи таъиноти солона нисбат ба буҷети тасдиқшуда гардад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи буҷети иловагии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Дар ҳолати кам ё барзиёд шудани воридоти маблағҳо ба буҷет, ки метавонад боиси тағйирёбии маблағгузорӣ ба андозаи то 10 фоизи таъиноти солона нисбат ба буҷети тасдиқшуда гардад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад дар бораи ворид намудани тағйирот ба қисми даромад ва хароҷоти Буҷети давлатӣ бе тағйири касри буҷет қарор қабул намояд, ки он ба маълумоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи мазкурро бо тартиби ғайринавбатӣ дар давоми 15 рӯз баррасӣ менамояд.

Агар лоиҳаи Қонун оиди ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ дар мӯҳлати муқаррар гардида қабул нашавад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки хароҷоти буҷети давлатиро таносубан бо қабули қарори дахлдор оиди масъалаҳои мазкур кам ё зиёд намояд, дар сурате ки агар дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатӣ дар соли ҷорӣ тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Давраи иҷрои буҷет. Баъди тасдиқи буҷети давлатӣ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳое, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ мешаванд, аз хусуси маблағҳои барояшон тасдиқшуда хабар медиҳад ва мувофиқи хабарномаи мазкур вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо сметаи хароҷоти худро мувофиқи гурӯҳбандии буҷети барои ҳар се моҳ тасдиқ ва ба Вазорати молия барои иҷро пешниҳод менамоянд. Тартиб ва тасдиқи сметаи хароҷотро Вазорати молия муқаррар мекунад.

Дар мавриди буҷети давлатии соли навбатии молиявиро то 31 декабр тасдиқ накардани Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, буҷети соли нави молиявӣ мувофиқи хароҷоте, ки дар Қонуни буҷети давлатии соли гузашта тасдиқ шудааст, танзим мегардад.

Дар ҳолати пешбининамудаи қисми якуми моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Вазорати молия ба вазорату идораҳо ва дигар муассисаҳои буҷети барои хароҷот ба миқдори аз дувоздаҳ як ҳиссаи хароҷоти соли буҷетии гузашта барои ҳар моҳи пурра маблағ медиҳад. Маблағгузории моддаҳои ҳимояшавандаи хароҷот, хизматрасонии қарз ва фоизи он пурра иҷро карда мешавад.

Маблағҳои воридшуда, дигар воридот, хароҷоти давраи пеш аз қабули буҷети давлатӣ сурат гирифта аз тарафи Вазорати молия баъди мавриди амал қарор гирифтани Қонун дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ танзим карда мешаванд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мавриди тасдиқ нашудани буҷети давлатӣ, буҷетҳои маҳаллиро бо риояи шартҳои дар қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинишуда иҷро менамояд.

Вазорату идораҳо ва дигар муассисаҳои буҷетӣ маблағҳояшонро мувофиқи сметаҳои тасдиқшуда харҷ менамоянд. Маблағгузории ташкилоту муассисаҳои дахлдор ба воситаи хазинадории марказӣ ва шӯъбаҳои маҳаллии он сурат мегирад.

Вазорату идораҳо ва дигар ташкилотҳои буҷетӣ ҳуқуқ доранд, дар доираи маблағҷудокунӣ барои ҳар се моҳ ӯҳдадории пардохтӣ қабул намоянд, ба истиснои ӯҳдадориҳои пардохти муомилоте, ки иҷрои онҳо вақти зиёдро талаб мекунад.

Роҳбарони ихтиёрдорони асосӣ, ихтиёрдорон ва қабулкунандагони маблағҳои буҷетӣ барои вайрон кардани идоракунии сарфакорона ва самарабахши молиявӣ ва риоя накардани талаботи ҳисоботдиҳии идоракунӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.

Ташкилотҳои буҷетӣ ҳуқуқ надоранд, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷетҳои маҳаллӣ, буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлатӣ зиёда аз маблағҳои тасдиқ кардаи Қонун дар бораи Буҷети давлатӣ ӯҳдадорӣ қабул намоянд.

Хароҷоти тасдиқшудаи буҷетҳои вазорату идораҳо ва дигар ташкилотҳои буҷетиро дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонун дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав тағйиру тақсим кардан мумкин аст.

Дар доираи сметаи вазорату муассисаҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ такроран аз рӯи моддаҳои хароҷот ва ба ҳар се моҳ тақсим кардани маблағ бо иҷозати Вазорати молия сурат мегирад. Аз нав тақсим кардан набояд аз даҳ ду ҳиссаи ҳаҷми маблағгузориҳои моддаи тағйирёбанда ва семоҳа зиёд бошад.

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад:

– дар ҳолати ошкор шудани далелҳои истифодабарии маблағҳои як моддаи сметаи хароҷот барои хароҷоти моддаи дигар, вайрон кардани талаботи идоракунии сарфакорона ва самарабахши молиявӣ ва ҳисоботдиҳии идоракунӣ то пурра бартараф намудани ҳолатҳои вайронкориҳои ошкоршуда амалиёти хароҷотиро аз рӯи моддаи дахлдор боздорад ё маблағгузории хароҷотро ба андозаи маблағи вайронкориҳои ошкоршуда кам намояд;

-дар ҳолати гузаштани мӯҳлати даъвои қарзҳои дебиторӣ ва кредитории муассисаҳои буҷетӣ маблағгузории моддаҳои хароҷотро, ки аз рӯи онҳо қарзҳои мазкур ба вуҷуд омадаанд, ба андозаи ҳамин қарзҳо кам намояд;

– дар мавридҳои пешбининамудаи қонун, дар ҳолати тағйирёбии ваколатҳои ихтиёрдори асосӣ, ихтиёрдорон ва қабулкунандагони маблағҳои буҷетӣ ё зиёд гардонидани андозаи касри солонаи буҷет ё ин ки мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории буҷетиро муваққатан боздорад, ҳаҷми маблағҷудокуниҳоро кам намояд ё вақти ҷудо намудани онҳоро тағйир диҳад.

Дар мавриди аз нав ташкил додан ё барҳам хурдани ташкилотҳои буҷетӣ, Вазорати молия ба буҷет дар доираи маблағҳои барояшон пешбинишуда тағйироти дахлдор ворид месозад.

Тартиби иҷрои буҷети маҳаллӣ ба иҷрои буҷети ҷумҳуриявӣ монанд мебошад. Масъулияти иҷрои буҷети маҳаллӣ ба зиммаи мақоми молияи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ гузошта мешавад.

Иҷрои буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлатӣ мутобиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Масъулият барои иҷрои буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлатӣ ба зиммаи роҳбарони мақомоте гузошта мешавад, ки идораи буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлатиро ба зимма доранд.

Вазорати молия баъди ҷамъбасту таҳлили ҳисобот дар бораи иҷрои буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷетҳои маҳаллӣ ва буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлатӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи буҷети давлатӣ дар ҳар се моҳ бо ҷамъбасти афзоянда гузориш пешниҳод менамояд. Дар гузориш бояд чунин маълумот бошад:

– маълумоти ҳисоботӣ дар бораи вазъи макроиқтисодӣ ва молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– муқоисаи ҳаҷми даромадҳои воқеӣ ва тасдиқшуда, ҳаҷми хароҷоти воқеӣ ва тасдиқшуда, грантҳо, каср ва қарзи гирифташудаи буҷети давлатӣ бо шарҳи фарқи байни нишондиҳандаҳои тасдиқшуда ва воқеӣ;

– тадбирҳо оиди таъмини иҷрои буҷети давлатӣ дар давраи боқимонда.

Дар асоси натиҷаи ҷамъбасту таҳлили иҷрои буҷет дар соли ҳисоботӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба вазъияти нави иқтисодӣ мувофиқ намудани соли молиявии ҷорӣ тибқи моддаи 46 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул мекунад ва ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» хабар медиҳад.

Ҳуқуқи маблағгузории хароҷоти дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ пешбинӣ шуда 31 декабри соли буҷетии равон қатъ мегардад.

Ҳамаи маблағҳои дар суратҳисобҳои вазорату идораҳо ва дигар ташкилотҳои буҷетӣ мавҷуда, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ мешаванд, 31 декабри соли равон бояд ҷамъбаст карда, ба ҳисоби ягонаи хазинадорӣ гузаронида шаванд, дар сурате ки агар Вазорати молия қарори дигар қабул накунад. Мақомоти молияи маҳаллӣ ва мақомоти идораи фондҳои мақсадноки давлатӣ бо чунин тартиб суратҳисобҳои ташкилоту муассисаҳоеро, ки аз буҷетҳои маҳаллӣ, буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ҷамъбаст менамоянд.

Давраи баррасӣ ва тасдиқи ҳисобот дар бораи иҷрои буҷет. Вазорати молия барои вазорату идораҳо, дигар ташкилотҳои буҷетӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳуҷҷатҳои меъёрии дастурӣ, ки риояи қоидаҳои стандартии баҳисобгирию ҳисобдорӣ ва тартиб додани ҳисоботро талаб менамоянд, таҳия ва нашр мекунад.

Вазоратҳо, идораҳо ва дигар ташкилотҳои буҷетӣ ба Вазорати молия мутобиқи мӯҳлати муқарраркардаи вазорати мазкур ҳисоботи семоҳаро дар бораи иҷрои сметаи даромаду хароҷот, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳисоботи семоҳаро дар бораи иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ пешниҳод менамоянд.

Вазорати молия аз рӯи натиҷаҳои иҷрои буҷети давлатӣ ва буҷети ҷумҳуриявӣ ҳисоботи семоҳаро бо ҷамъбасти афзоянда таҳия менамояд. Мақомоти молияи маҳаллӣ ҳисоботи дахлдорро дар бораи иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ тайёр мекунанд. Ҳисоботи семоҳа бо ҷамъбасти афзоянда аз ҷониби Вазорати молия ва мақомоти молияи маҳаллӣ мутаносибан ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод карда мешавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳисоботи семоҳаро тасдиқ карда, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод менамоянд. Ҳисоботи семоҳа аз ҷониби мақомоти дахлдор дар воситаҳои ахбори омма на дертар аз ду моҳи баъди ба охир расидани семоҳаи мазкур нашр мешавад.

Роҳбарияти ихтиёрдорони асосӣ, ихтиёрдорон ва қабулкунандагони маблағҳои буҷетӣ ӯҳдадоранд, ки оид ба истифодаи маблағҳои ба онҳо додашуда дар назди мақомоте, ки ба зиммаи онҳо барои иҷрои ӯҳдадориҳои молиявӣ ва идоракунӣ, аз ҷумла татбиқи барномаҳо ҷавобгариро вогузор намудааст, ҳисоб

701
Нет комментариев. Ваш будет первым!