Асосҳои ҳуқуқии молияи корхонаҳо

1. Мафҳуми молияи корхонаҳо, ҷои онҳо дар низоми молиявии давлат

2. Муносибатҳои ҳамдигарии корхонаҳо дар ҷараёни фаъолияти молиявӣ

1. Мафҳуми молияи корхонаҳо, ҷои онҳо

дар низоми молиявии давлат

Тавре ки қайд карда шуд, молия яке аз категорияҳои мухимтарини иқтисодӣ буда, муносибатҳои иқтисодиро дар ҷараёни ташкилшавӣ ва истифодабарии фондҳои маблағҳои пулӣ инъикос менамояд. Дар шароити имрӯза ду намуди молия – давлатӣ ва хусусӣ мавҷуд аст. Ҳар ду мафҳум аз рӯи мазмуни худ монанданд, вале дар самтҳои гуногуни амал менамоянд.

Мафҳуми молия (давлатӣ ва хусусӣ) дар таркиби худ ду унсур дорад:

1) маҷмӯи фондҳои маблағҳои пулӣ;

2) маҷмӯи муносибатҳо оид ба ташкил кардан, тақсим намудан ва истифодаи фондҳои зикргардида.

Вазифаи молияи давлатӣ ин мақсади иҷро намудани функсияҳо ва вазифаҳои давлат мебошад. Пайдоиши молияи хусусӣ, ё молияи корхонаҳо бо аҳамияти онҳо дар иқтисодиёти ҳозира сабаб шудааст, ки аз инҳо иборат аст:

– якумаш, мавҷуд будани молияи корхонаҳо дар шароити бозорӣ зарур аст, чунки онҳо гарави инкишофи устувори давлат мебошанд. Ташкили моҳиронаи молияи корхонаҳо барои баланд гаштани самаранокии идоракунии фондҳои пулӣ, ҳосилнокии меҳнат мусоидат менамояд ва умуман эҳтимолияти қабули қарорҳои мувофиқи идоракуниро зиёд мегардонад;

– дуюмаш, дар баробари гуфтаҳои боло, молияи корхонаҳо ба сифати шарти зарурии устувори тамоми низоми молиявии давлат баромад менамояд, чунки асоси онро ташкил менамояд;

– сеюмаш, мавҷуд будани молияи корхонаҳо ҳамчун унсури низоми молиявии давлат иҷрои сиёсати иҷтимоиро таъмин менамояд.

Бинобар ин, мавҷуд будани молияи корхонаҳо дар сохтори низоми молиявии давлат дар шароити муносибатҳои бозорӣ объективона аст, чунки онҳо таҳкурсие мебошанд, ки барои мавҷуд будан ва инкишоф ёфтани дигар унсурҳо (суғурта, кредит ва низоми буҷетии давлат) заруранд.

Аломати фарқкунандаи ҳозираи молияи корхонаҳо ин ҳисоби хоҷагӣ мебошад. Истифодаи ҳисоби тиҷоратӣ дар шароити муносибатҳои бозорӣ омили инкишофи мустақилонаи молияи корхонаҳо буда, ба корхонаҳо озодиро дар интихоби контрагентҳо, муқаррар намудани нархҳо, амалӣ намудани банақшагирии фаъолияти худ ва тақсими фоида пешниҳод менамояд. Аммо молияи корхонаҳо дар шароити имрӯза маҷбуранд, ки танҳо ба имконияту захираҳои худ такя намоянд – ин амали принсипи худмаблағгузорӣ мебошад, ки дар шароити имрӯзаи ташкили молияи корхонаҳо яке аз принсипҳои асосӣ мебошад.

Умуман якчанд принсипҳои ташкили молияи корхонаҳоро қайд кардан мумкин аст:

1) мустақилияти иқтисодӣ дар интихоби соҳаи фаъолият, ҷустуҷӯи сарчашмаҳои маблағҳо ва самтҳои истифодаи онҳо ва тақсимоти фоида;

2) худтаъминкунӣ ва худмаблағгузорӣ. Агар худтаъминкунӣ пурра пӯшонидани ҳамаи хароҷотҳои корхонаро аз ҳисоби даромадҳои худ дар назар дорад, он гоҳ худмаблағгузорӣ дар назар дорад, ки даромадҳои корхона бояд на танҳо ҳамаи хароҷотҳоро пӯшонад, балки сарчашмаи ташкили фондҳо барои инкишоф дар оянда бошад;

3) манфиатдории моддӣ дар ҳамаи сатҳҳои ташкили молияи корхона: коллективи меҳнатӣ – дар пурра пардохт намудани меҳнат; корхона – дар гирифтани фоида барои инкишофи худ; давлат – дар сари вақт ва пурра ворид шудани андозҳо ва пардохтҳо, инчунин дар қонеъ намудани талаботи ҷамъиятӣ;

4) ҷавобгарии иқтисодӣ, ки тамоми рафти инкишофи корхонаро ҳамроҳӣ менамояд ва дар сатҳи коллективи меҳнатӣ дар шакли нигоҳдорӣ барои вайрон кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, нуқсон дар кор, расонидани зарар ба корхона ва диг., инчунин дар сатҳи худи корхона – ҷарима, ноустуворона, ноустуворона барои вайрон кардани ӯҳдадориҳои шартномавӣ, сари вақт насупоридани андозҳо ва ғ.;

5) ташкили захираҳои молиявӣ ҳам ба тариқи ҳатмӣ ва ҳам ба тариқи ихтиёрӣ, ки ба он ҳиссаи баланди таваккал дар иқтисоди бозорӣ сабаб шудааст.

Принсипҳои зикргардида барои ташкили молияи ҳамаи корхонаҳо ба монанди механизми он баробар аст. Механизми молиявӣ маҷмӯи унсурҳоеро ифода менамояд, ки дастгоҳи ягонаи идоракунии молиявии корхонаҳоро ташкил менамоянд, зимнан ҳар кадоме аз ин унсурҳо дар алоқамандӣ бо принсипҳои асосии ташкили молияи хусусӣ дар шароити ҳозира ташкил ва амал мекунад.

Ба таркиби механизми молиявӣ дохил мешаванд:

1) таъмини ҳуқуқӣ;

2) таъмини меъёрӣ;

3) методҳои молиявӣ;

4) фишангҳои молиявӣ;

5) таъмини иттилоотӣ.

Аҳамияти калонро таъмини ҳуқуқии фаъолияти корхона дорад. Ба онҳо мансубанд:

– Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– кодексҳои гражданӣ ва андоз;

– қонунҳо;

– фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Нақши таъмини меъёриро ҳуҷҷатҳои алоҳидаи меъёрии ҳам аҳамияти дохилихоҷагӣ дошта ва ҳам аҳамияти дохилисоҳавӣ дошта (қарорҳои ташкилоти болоӣ, қарори худи корхона – фармонҳо, амри роҳбар ва диг.) иҷро менамоянд.

Методи молиявӣ шакли умумии (самти) таъсиррасониро бо фарқият аз фишанги молиявӣ, ки усули мушаххаси амалро тавсиф менамояд, ифода мекунад. Пеш аз ҳама методро муқаррар кардан лозим аст, сипас фишангро. Маҷмӯи методҳо ва фишангҳо воситаи ягонаи идоракуниро ташкил менамоянд, зимнан корхона бевосита метавонад баъзе вобастакуниҳои методҳо ва фишангҳоро муқаррар намояд ё ба онҳо таъсир расонад.

Ҳамин тавр, муқаррар намудани ин ё он методи молиявӣ имконият медиҳад, ки муносибатҳо оид ба ташкил намудан, тақсим кардан ва истифодаи фондҳои маблағҳои пулии корхона ташкил карда шаванд, татбиқи фишанг бевосита ба фонди маблағҳои пулӣ таъсир мерасонад.

Таъмини иттилоотӣ анбӯҳи иттилоотро инъикос менамояд, ки дар зери таъсири он корхона равнақ меёбад. Ҳамаи сарчашмаҳои иттилоот ба дохили ва берунӣ тақсим мешаванд. Анбӯҳи иттилооти дохилӣ дар дохили корхона, берунӣ бошад дар хориҷи он ташкил карда мешаванд. Дар шароити муносибатҳои бозорӣ, ки бо дараҷаи баланди кушодагӣ тавсиф карда мешаванд, таъсири иттилооти берунӣ тез зиёд мешавад ва ба ташкили молиявии корхона амали бевосита мерасонад.

Хусусияти ташкили молияи корхона таҳти таъсири се омили калидӣ зоҳир мегарданд:

1) мақсади фаъолияткунӣ;

2) шаклҳои ташкилӣ-ҳуқуқӣ;

3) мансубияти соҳавӣ.

Вобаста аз мақсади фаъолияткунӣ корхонаҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ фарқ карда мешаванд. Ташкили молияи корхонаҳои тиҷоратӣ бо фарқият аз ташкили молиявии корхонаҳои тиҷоратӣ дар навбати аввал ба гирифтани фоида тобеъ аст. Шаклҳои ташкилӣ-ҳуқуқӣ низ ба ташкили молияи корхона таъсир мерасонанд, чунки барои баъзе ташкилотҳои бо шакли муайяни ташкилӣ-ҳуқуқӣ қоидаҳо оид ба ташкил кардан ва истифода будани, масалан, фондҳои захиравӣ муқаррар карда мешаванд.

Мансубияти соҳавӣ хусусиятҳои хоси фаъолиятро дар ин ё он соҳа (саноат, нақлиёт, хоҷагии қишлоқ, савдо ва ғ.) инъикос менамояд. Амалӣ ҳамаи омилҳо ба ташкили молияи хусусӣ аз ҳама бештар дар сохтори молияи корхонаҳои алоҳида равшан мушоҳида мегардад.

2. Муносибатҳои байни корхонаҳо дар

ҷараёни фаъолияти молиявӣ

Инкишофи ҳама гуна унсур дар низом бе ҳамкории дохилӣ ва берунӣ, ки маҷмӯи муносибатҳои корхонаро ҳам дар дохили худи он ва ҳам берун аз он инъикос менамояд ва бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба танзим дароварда мешаванд, ғайриимкон аст.

Муносибатҳои дохилии корхона дар муносибатҳои дутарафаи зерин ифода меёбанд:

1) байни корхона ва кормандони он, инчунин гурӯҳҳои онҳо (сехҳо, шӯъбаҳо, бригадаҳо);

2) корхона ва моликони он.

Муносибатҳои дутарафаи корхона бо кормандон мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд ва ба муқаррар кардани омилҳо ва ҷавобгарии кормандон барои аз ҷониби онҳо иҷро намудани ӯҳдадориҳои меҳнатиашон асос шудааст. Масалан, шаклҳои муносибатҳои дутарафаи байни корхона ва кормандон инҳо баромад менамоянд:

– пардохти музди меҳнат ва мукофот ба кормандон барои иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ;

– пардохти кӯмакпулиҳо (масалан, ҳангоми корношоямии муваққатӣ, нигоҳубини тифл ва диг.) ё расонидани ёрии моддӣ ба кормандон;

– ситонидани зарари расонидаи корманд ба корхона.

Муносибатҳои дутарафаи корхона бо моликони он ба тақсими фоида ва пурра кардани захираҳои худи корхона асос шудааст ва дар ҳолати мазкур шаклҳои асосии онҳо инҳоянд:

– ба моликон (иштирокчиён, саҳҳомон) пардохт намудани дивидендҳо аз рӯи саҳмҳо;

– аз ҷониби иштирокчиён ворид намудани аъзоҳақӣ барои фаъолияти ҷории корхона.

Муносибатҳои дутарафаи берунии корхона дар соҳаи молия назар ба дохилӣ хеле васеъ мебошанд, чунки молияи корхона ба сифати унсури ҷудонопазири низоми молиявии давлат баромад карда истода, бо унсурҳои боқимондаи он фаъолона ҳамкорӣ менамояд. Муносибатҳои дутарафаи берунии корхонаҳо мувофиқи меъёрҳои Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳое, ки фаъолияти намудҳои алоҳидаи корхонаҳо (ташкилотҳо)-ро ба танзим медароранд, масалан, Қонун «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ» ва диг. сохта мешаванд.

Дар маҷмӯи муносибатҳои дутарафаи берунӣ ин муносибатҳои дутарафа ифода меёбанд:

1) бо давлат;

2) бо дигар корхонаҳо;

3) дар бозори молиявӣ.

Муносибатҳои дутарафаи корхонаҳо бо давлат бо муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба танзим дароварда шуда, дар шаклҳои зерин анҷом дода мешаванд:

– пардохти андозҳо ва боҷҳо ба буҷетҳои сатҳҳои гуногуни низоми буҷетии давлат;

– ба корхонаҳо баргардонидани маблағҳои андоз ва боҷҳои барзиёдатӣ пардохташуда;

– маблағгузории мақсадноки фаъолияти корхонаҳое, ки дар онҳо давлат молики ягона мебошад ё дорои пакети назоратии (контролии) саҳмияҳо аст;

– тақсими даромади корхона бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (корхонаҳои воҳиди давлатӣ дар асоси идоракунии оперативӣ).

Барои тавсифи муносибатҳои дутарафа бо дигар корхонаҳо зарур аст, ки корхонаҳо тасниф карда шаванд. Корхонаҳо пеш аз ҳама ватанӣ ва хориҷӣ буда метавонанд. Дар байни онҳо корхонаҳои асосӣ ва фаръӣ ҷудо карда мешаванд. Хусусияти чунин муносибатҳои дутарафа дар он аст, ки корхонаҳо байни ҳамдигар зич алоқаманд мебошанд, гарчанде ки шахсони мустақили ҳуқуқӣ ҳастанд. Муносибатҳои дутарафа, чун қоида, дар инҳо зоҳир мегарданд:

– дар шакли аъзоҳақӣ барои фаъолияти ҷорӣ (маблағгузорӣ ва воридоти мақсаднок);

– маблағҷудокунӣ ба фондҳои махсус. Масалан, дар низоми кооператсияи матлубот ҳамаи ҷамъиятҳо ба фонди тараққиёти кооператсияи матлубот маблағ ҷудо менамоянд;

– маблағҷудокуниҳои молиявии кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат ба корхонаҳои тобеъ ва фаръӣ (масалан, харид намудани қоғазҳои қиматнок, додани қисми молу мулк);

– додани қарзҳо ва кредитҳо бо шартҳои имтиёзнок ва диг.

Ҳамчунин корхонаҳои гуногун метавонанд нисбати ин ё он корхона дар бозор ба сифати маҳсулотсупорон ва харидорон баромад намоянд. Дар ҳолати мазкур шаклҳои муносибатҳои дутарафа инҳо мешаванд:

– пардохти арзишҳои молию моддӣ;

– пардохти иҷрои корҳои анҷомдодашуда ё хизматрасонӣ;

– пардохтҳои коммуналӣ;

– пардохти иҷора ва диг.

Муносибатҳои дутарафаи корхонаҳо дар бозори молиявӣ гуногун буда бо гурӯҳи муносибатҳои дутарафаи зерин ифода меёбанд:

– бо ташкилотҳои қарзӣ;

– бо ташкилотҳои суғуртавӣ;

– бо дигар ташкилотҳои молиявӣ.

Муносибатҳои молиявии корхона бо ташкилотҳои қарзӣ мувофиқи меъёрҳои Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонун «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» ва дигар санадҳои меъёрии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд ва аз инҳо иборат мебошанд:

– дар кушодани ҳисобҳо;

– додани қарзҳо;

– пардохти қарзи асосӣ аз рӯи кредит ва фоизҳои он;

– амалиётҳои ивазкунӣ (гузаронидани ҳаҷми муайяни маблағҳои пулӣ аз як асъор ба дигар асъор),

– амалӣ намудани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ;

– супоридани боқимондаҳои маблағҳои пулии нақдии зиёд аз меъёр буда барои нигоҳдорӣ ба бонки хизматрасон;

– хизматрасонии инкассаторӣ;

– муқаррар намудани қурби расмии асъор аз ҷониби Бонки миллӣ ҳамчун сарвари ташкилоти кредитии давлат ва диг.

Муносибатҳои дутарафаи корхонаҳо бо ташкилотҳои суғуртавӣ мувофиқи муқаррароти Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (м. 1013-1057) ва дигар қонунҳо анҷом дода шуда, дар шаклҳои зерин татбиқ карда мешаванд:

– дар шакли пардохти мукофоти суғуртавӣ (аъзоҳаққии суғуртавӣ) ба суғуртакунанда;

– анҷом додани пардохтҳои суғуртавӣ ба суғурташаванда.

Ба ҷумлаи дигар ташкилотҳои молиявӣ биржаҳои фондӣ, ширкатҳои аудиторӣ ва диг. мансубанд. Муносибатҳои дутарафаи корхонаҳо бо биржаҳои фондӣ бо амалиётҳо бо қоғазҳои қиматнок алоқаманд мебошанд, ки бо Қонун «Дар бораи қоғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ» ба танзим дароварда мешаванд. Бозори қоғазҳои қиматноки ибтидоӣ ва дуюмбора мавҷуданд. Бозори ибтидоии қоғазҳои қиматнок баровардан ва ҷойгиронии ибтидоии қоғазҳои қиматнокро инъикос менамояд. Дар ин бозор корхонаҳо захираҳои зарурии молиявиро бо роҳи фурӯши қоғазҳои қиматноки худ ба даст меоранд.

Бозори такрорӣ барои ба муомилот баровардани қоғазҳои қиматноки пештар баровардашуда пешбинӣ карда шудааст. Дар бозори дуюмбора корхонаҳо бевосита захираҳои молиявӣ намегиранд, аммо ин бозор хеле ҳам муҳим мебошад, чунки ба маблағгузорон (инвесторҳо) имконият медиҳад, ки дар ҳолати зарурӣ маблағҳои пулии худро, ки ба қоғазҳои қиматнок гузоштаанд, баргардонида гиранд, инчунин аз амалиётҳо бо онҳо даромад ба даст оранд.

Зимнан корхонаҳое, ки қоғазҳои қиматнок баровардаанд эмитент, корхонаҳое, ки маблағҳои пулии худро ба қоғазҳои қиматнок бо мақсади гирифтани даромад мегузоранд, – маблағгузорон (инвесторҳо) номида мешаванд. Бинобар ин, ба сифати шаклҳои муносибатҳои дутарафаи корхонаҳо бо биржаҳои фондӣ инҳо баромад менамоянд:

– ворид шудани маблағҳои пулӣ аз фурӯш ё харида фурӯхтани қоғазҳои қиматнок;

– харҷ намудани маблағҳои пулӣ барои ба даст овардани қоғазҳои қиматнок.

Муносибатҳои дутарафаи корхонаҳо бо ширкатҳои аудиторӣ дар шакли пардохт намудани маблағе, ки бо шартнома барои гузаронидани санҷиши аудитӣ муайян карда шудааст, анҷом дода мешавад.

4 Загрузки

498
Нет комментариев. Ваш будет первым!