Танзими ҳуқуқии кредити давлатӣ

1. Мафҳум, моҳият ва функсияи кредит

2. Муносибатҳои кредитӣ

1. Мафҳум, моҳият ва функсияи кредит

Субъекти хоҷагидор метавонад дар вазъияте монад, ки маблағҳои пулиаш барои амалӣ намудани фаъолияте, ки барои он ин субъект ташкил карда шуда буд, нокифоя аст. Ва ё ҳолате шуданаш мумкин аст, ки зарурати маблағгузории лоиҳа, барнома, чорабинии муайян ба вуҷуд меояд. Ба ҳалли проблемаи мазкур институти кредитдиҳӣ мусоидат мекунанд.

Нақши кредити давлатӣ аз таъмини маблағгузории хароҷотҳои давлат ҳангоми мавҷуд будани касри буҷетӣ иборат аст. Давлат метавонад кредитро бо мақсади батанзимдарории муомилоти пулӣ истифода намояд.

Кредити давлатӣ институти мустақили ҳуқуқии молиявӣ мебошад, ки аз муносибатҳои молиявии якхелаи нисбатан мустақил иборат буда, бо низоми муайяни меъёрҳои ҳуқуқӣ ба танзим дароварда мешаванд.

Кредити давлатӣ метавонад ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ифода карда шавад.

Аз нуқтаи назари иқтисодӣ кредити давлатӣ низоми муносибатҳои пулиро ифода менамояд, ки аз тарафи давлат ихтиёрона ҷалб намудани маблағҳои пулии озоди шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои истифодабарии муваққатӣ ба вуҷуд меояд, яъне кредити давлатӣ аз нуқтаи назари иқтисодӣ ҳамчун шакли ҳаракати сармояи қарзӣ баромад менамояд ва аз такроран тақсим намудани маҳсулоти умумии дохилӣ ва қисми маҳсулоти миллӣ иборат аст.

Муносибатҳои молиявӣ-иқтисодӣ дар соҳаи кредити давлатӣ аз як тараф, давлатро, ки ба сифати қарзгири маблағҳои пулии муваққатан озод баромад менамояд, аз дигар тараф – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ифода менамояд. Ҳамин тавр, субъекти ҳатмии муносибатҳои ҳуқуқӣ оид ба кредити давлатӣ давлат мебошад.

Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ кредити давлатӣ – ин бо меъёрҳои ҳуқуқӣ ба танзим даровардани муносибатҳо аз тарафи давлат ҷамъ кардани маблағҳои пулии муваққатан озоди шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ, фаврӣ, музднок ва баргардонидан бо мақсади пӯшонидани касри буҷет ва батанзимдарории муомилоти пулӣ мебошад.

Кредити давлатӣ се функсияи асосиро иҷро менамояд:

– тақсимкунанда – ташкили фондҳои мутамаркази пулии давлат ё истифодабарии онҳо дар асоси принсипҳои фаврӣ, музднок, баргардонидан;

– батанзимдароранда – давлат ба муносибатҳои кредитӣ дохил шуда мустақиман ва ғайримустақим ба ҳолати муомилоти пулӣ, ҷараёни истеҳсолот, бо кор таъминкунии аҳолӣ сатҳи андозаҳои фоизӣ ва дар натиҷаи ниҳоӣ ба сиёсати молиявӣ таъсир мерасонад;

– назоратӣ – бо назардошти он, ки маблағҳои кредитӣ бо шартҳои муайян истифода бурда мешаванд, ҳаматарафа назорат намудани мақсадҳои ҳаққиқии истифодабарии маблағҳо, мӯҳлати баргардонидвани онҳо ва сари вақт пардохт намудани фоизҳо зарур аст.

Истифодаи маблағҳои пулии муваққатан озоди шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба давлат имконият медиҳад, ки эмиссияи пулро истифода набарад ва ин кредити давлатӣ на танҳо ба сифати сарчашмаи иловагии пур кардани дармади буҷет хизмат менамояд, балки имконият медиҳад, ки муомилоти пулӣ беҳтар гашта, шакли ғайринақдии ҳисоббаробаркуниҳо инкишоф ёфта, асъори дохилии давлат мустаҳкам гардад.

Ба сифати заминаи татбиқи муносибатҳо оид ба кредити давлатӣ хусусияти ташкили даромадҳо, инчунин мавҷуд будани тафовути вақти гирифтани онҳо ва аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ истифода бурдан хизмат мекунад.

Фаъолияткунии кредити давлатӣ зарурати сабти ҳуқуқии имконияти истифодабарии ин маблағҳоро аз ҷониби давлат ба сифати захираҳои кредитӣ дар назар дорад.

Кредити давлатӣ бо чунин категорияи ҳуқуқии молиявӣ ба монанди қарзи давлатӣ алоқаманд аст. Дар натиҷаи татбиқи муносибатҳои ҳуқуқии молиявӣ оид ба кредити давлатӣ қарзи дохилии давлатӣ ташкил карда мешавад, ки маблағи умумии қарздории давлатро оид ба ӯҳдадориҳои қарзии пардохтнашуда ва фоизҳои аз рӯи он пардохткарданашуда ифода менамояд. Чунин қарз қарзи асосии (капитали) давлат номида мешавад. Боз қарзи ҷории давлатро қайд менамоянд, ки маблағи хароҷоти давлатро аз рӯи ҳамаи ӯҳдадориҳои қарзӣ, ки мӯҳлати пардохти онҳо фаро расидааст, ифода менамояд.

Хароҷотҳои вобаста ба ҷойгиронӣ, пардохти даромадҳо ва пӯшонидани ӯҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҳисоби воситаҳои буҷети давлатӣ амалӣ карда мешавад.

2. Муносибатҳои кредитӣ

Муносибатҳои кредитӣ чунин муносибатҳое номида мешаванд, ки дар рафти онҳо маблағҳои пулии муваққатан озоди ташкилотҳои байналмилалӣ, давлат, шахсони хуқуқӣ ва воқеӣ, аз тарафи ташкилотҳои кредитӣ ва фондҳои махсус ҷамъ карда шудаанд, ба субъектони хоҷагидор (ҳам коллективӣ ва ҳам фардӣ) бо шартҳои баргардонидан дода мешаванд.

Муносибатҳои кредитӣ дар асоси шартҳои муайян – муқаррароти роҳбарикунанда, ки бо меъёрҳои ҳуқуқ ифода гардидаанд амалӣ карда мешаванд:

– фаврӣ будан (мӯҳлатнок);

– гашта додашаванда (баргардонидашуда);

– музднок будан (фоизнок);

– таъмин будан (кафолатнокӣ);

– мақсаднок будан.

Баргардонидашаванда будани маблағҳои пулӣ, ки қарзро ташкил менамоянд, маънои онро дорад, ки қарзи мазкур сарчашмаи муваққатии маблағҳои пулии қарзгир мебошад ва баъди ба охир расидани мӯҳлати дар шартнома зикргардида бояд баргардонида шавад.

Фаврӣ будани кредит бо принсипи баргардонидашаванда будан алоқаманд мебошад ва шартҳои баргардонидани қарзро муфассал кор карда мебарояд. Барои вайрон кардани мӯҳлати баргардонидани маблағҳои пулии қарзӣ нисбати қарзгир чораҳои хатарноки таъсиррасонӣ – ба сифати муҷозот ҳама гуна ҷаримаҳо, ноустуворонаҳои имконпазир, инчунин ситонидани молумулк бо мақсади пӯшонидани қарзи ба вуҷуд омада мебошад.

Принсипи дигари муносибатҳои кредитӣ – музднок будан мебошад. Маблағҳои пулии муваққатан озод бо шартҳои зиёд гаштани онҳо дар давоми вақти дар нигоҳдорӣ будан ҷамъ карда мешаванд. Дар натиҷаи хизматрасонӣ оиди пешниҳод намудани маблағҳои пулӣ ба қарзгир рӯёнидани маблағи муайянро дар намуди фоиз аз маблағи қарз, ки ба буҷети кредитор ворид мешавад, пешбинӣ менамояд.

Кредит бо шартҳои кафолати баргардонидани он, яъне бо таъминнокии таъмин будани он дода мешавад. Агар қарзгир давлат бошад, воситаи таъмини кредит маблағҳои пулӣ ва молумулке, ки ба давлат тааллуқ доранд, мегардад. Ҳангоми кредитдиҳии шахсони воқеӣ ташкилотҳои кредитӣ метавонанд ба сифати кафилӣ замонатро истифода намоянд. Ба ғайр аз он, ҳангоми кредитдиҳии бонкӣ ба ном кредити бланкавии – кредит бе таъмини кафилӣ имконпазир аст. Вай дар он вақт дода мешавад, ки агар қарзгир бо бонки хизматрасонаш муносибатҳои дуру дароз, эътибри бенуқсони молиявӣ ва андоз дорад, ки бо муносибатҳои пештара тасдиқ карда шудаанд.

Принсипи мақсаднок будан низ хеле муҳим мебошад. Бояд қайд кард, ки мақсади кредитдтҳии бонкӣ назар ба мақсади кредитдиҳии давлатӣ хеле гуногун мебошад. Давлат кредитро бо мақсадҳои пӯшонидани касри буҷет ё барои маблағгузории барномаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дигар барномаҳо мегирад. Мақсади кредити бонкӣ метавонад харидорӣ намудани ашёҳои муайян (аз он ҷумла ғайриманқул), таъмир (масалан, асосӣ ё аз нав таҷҳизонӣ), гирифтани таҳсилот ва ғ. бошад.

Муносибатҳои кредитӣ метавонанд ҳам бо воситаҳои ҳуқуқӣ (шартҳои шартномаи кредитӣ) ва ҳам бо воситаҳои иқтисодӣ (андозаи бозтамвилӣ, маржа) ба танзим дароварда шаванд.

Дар муносибатҳои кредитӣ инҳо иштирок менамоянд:

– қарзгир – субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ мебошад, ки ба вай пур намудани маблаҳои пулии худ зарур мебошад;

– кредитор (қарздиҳанда) – ташкилоти молиявӣ- кредитии махсусгардонидашуда мебошад, ки маблағҳои пулии муваққатан озоди субъектони хоҷагидорро ҷамъ кардааст.

Вобаста аз он, ки дар муносибатҳои ҳуқуқии кредитӣ кӣ қарзгир ва қарздиҳанда мебошад, ду шакли асосии кредит – бонкӣ ва давлатиро ҷудо менамоянд.

Дар муносибатҳои ҳуқуқие, ки оид ба кредитдиҳии бонкӣ ба миён меоянд, иштирокчиён бонкҳо ва дигар ташкилотҳои кредитдеҳ мебошанд, ки иҷозатнома (литсензия)-ро барои амалӣ намудани амалиётҳои бонкии соҳаи мазкур доранд ва шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба онҳо маблағҳои пулии қарзӣ заруранд. Асосан ба танзимдарории кредити бонкӣ бо меъёрҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии гражданӣ амалӣ карда мешавад. Механизми фаъолияти ташкилоти кредитӣ (бонк) ҳангоми хизматрасонии маблағи қарзӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тартиб андохта шудааст, ки асоси ҳуқуқи бонкиро ташкил менамоянд. Ба ҷумлаи чунин санадҳои меъёрӣ, бе шаку шубҳа, масалан, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ»-ро мансуб донистан мумкин аст. Ба ғайр аз он, ҳангоми батанзимдарории муносибатҳои кредитдиҳии бонкӣ нақши муҳимро одатҳои ҳуқуқӣ, ки дар кори бонкӣ қабул шудаанд, мебозанд.

Кредити бонкӣ аз рӯи мӯҳлатҳо ду намуд мешаванд – кредити кӯтоҳмуддат (ба мӯҳлати камтар аз як сол) ва кредити дарозмуддат (ба мӯҳлати як сол ва аз он зиёд). Унсури батанзимдарории иқтисодии кредити бонкӣ андозаи (ставкаи) фоизӣ -маблағӣ мебошад, ки дар асоси таҳлили талабу тақозо дар бозори молиявӣ муқаррар карда шуда, қарзгир ба кредитор барои истифодабарии маблағи қарзӣ пардохт менамояд.

Бояд қайд кард, ки ташкилотҳои кредитӣ низ қарзгири маблағҳои пулӣ шуда метавонанд. Дар ҳолати мазкур бисёр вақт кредитор Бонки миллии Тоҷикистон мебошад. Дар ин ҳолат қарз бо шартҳои махсус – бо назардошти андозаи (ставкаи) бозтамвилӣ дода мешавад. Андозаи баҳисобгирӣ (ё андозаи бозтамвилӣ) аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Андозаи баҳисобгирӣ на танҳо дар соҳаи муносибатҳои кредитии бонкӣ, балки дар аҳдҳои ҳуқуқии гражданӣ ва муносибатҳои ҳуқуқии андоз низ истифода бурда мешавад.

Ташкилоти кредитӣ, ба сифати кредитор баромад карда истода, маблағҳои пулии муваққатан озоди ҷамъкардаи мизоҷонашро истифода мебарад. Албатта, барои истифодабарии маблағҳои пулии худ мизоҷони бонк мукофотпулӣ мегиранд.

Кредити давлатӣ шакли махсуси муносибатҳои кредитӣ мебошад. Ба сифати қарзгир дар ин ҳолат давлат баромад менамояд, қарздиҳанда бошад – ташкилотҳои байналмилалии қарздеҳ, фондҳои махсус ва иттиҳоди давлатҳо, ташкилотҳои кредитие, ки дар давлат амал мекунанд, аҳолии давлат баромад менамоянд.

2 Загрузки

350
Нет комментариев. Ваш будет первым!