Танзими ҳуқуқии фаъолияти суғурта

1. Мафҳум ва асосҳои ҳуқуқии суғурта

2. Моҳият ва функсияҳои суғурта

3. Шакли суғурта

1. Мафҳум ва асосҳои ҳуқуқии суғурта

Қисми таркибии низоми молиявии давлат суғурта дониста мешавад, ки ҳифзи манфиатҳои молу мулкии шаҳрвандон, ташкилотҳо, дар маҷмӯъ давлатро таъмин менамояд.

Ҳамчун категорияи иқтисодӣ суғурта низоми муносибатҳои иқтисодиеро, ки ҳангоми ташкил намудани захираҳои мутамарказонидашуда ва ғайримутамарказонидашудаи воситаҳои пулӣ ва моддӣ ба вуҷуд омада, барои пӯшонидани эҳтиёҷоти пешбининашудаи ҷамъият ва аъзоёни он истифода бурда мешавад, ифода менамояд.

Инкишоф ёфтани муносибатҳои бозорӣ боиси баланд гаштани нақш ва аҳамияти суғурта мегардад, чунки молистеҳсолкунандагон бо тарс ва таваккали худ, бо ташаббуси худ амал мекунанд ва мустақилона ҷавобгар мебошанд. Бинобар ин доираи хизматрасонии суғуртавӣ хеле васеъ мегардад. Корхонаҳо ва ташкилотҳои шаклҳои гуногуни моликият талаботро на танҳо ба рӯёнидани зарар, балки ба ҷуброни ҷавобгарии ба фаъолияти онҳо алоқаманд ҳис менамоянд. Зимнан фаъолияти соҳибкорӣ ба васеъ гардидани объектҳои суғурта мусоидат намуд. Дар қарори таъиноти анъанавии суғурта – ҳимоя аз офатҳои табиӣ (заминларза, обхезӣ ва ғ.), ҳодисаҳои хусусияти техникӣ ва техногенӣ дошта (сӯхторҳо, садамаҳо, фалокатҳо ва ғ.) зарурати ҳифз намудан, махсусан, аз зуҳуроти гуногуни криминогенӣ (дуздӣ, дуздида бурдани воситаҳои нақлиёт ва ғ.) ба вуҷуд омад.

Суғурта ҳамчун категорияи иқтисодӣ, аз як тараф, ҳамчун воситаи ҳифзи корчаллонӣ ва некӯаҳволии одамон, аз дигар тараф бошад ҳамчун намуди фаъолияте, ки даромад меорад, баромад менамояд. Сарчашмаи даромади ташкилоти суғурта даромадҳо аз фаъолияти суғуртавӣ, аз сармояи маблағҳои пулии муваққатан озод дар объектҳои соҳаҳои истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ, коғаҳои қиматнок, пасандозҳои бонкӣ ва ғ. мебошанд. Суғуртакунӣ ба сифати омили муҳими ҳавасмандкунии фаъолияти истеҳсолӣ, таъмини устувории молиявии ташкилот ва корхона ва ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон хизмат менамояд.

Ҳамчун категорияи иқтисодӣ суғурта – ин муносибат оид ба ҳифзи манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми рӯй додани ҳодисаҳои муайяни суғуртавӣ аз ҳисоби фондҳои пулие, ки суғуртакунанда аз ҳисоби саҳмҳои суғуртавии пардохткардашуда, инчунин аз ҳисоби дигар воситаҳои суғуртакунанда ташкил намудааст.

Суғуртакунанда – шахси ҳуқуқие, ки шакли ташкилию ҳуқуқии он бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда, барои амалигардонии фаъолияти суғуртакунӣ ташкил ёфта, иҷозатнома гирифтааст.

Фаъолияти суғуртавӣ дар Тоҷикистон ба базаи дахлдори ҳуқуқӣ, ки миқдори зиёди санадҳои меъёрии ҳуқуқиро, ки дар маҷмӯи худ қонунгузории суғуртавиро ташкил менамоянд, асос шудааст. Суғурта институти комплексии ҳуқуқӣ мебошад, ки меъёрҳои соҳаҳои гуногуни ҳуқуқро ва дар навбати аввал – ҳуқуқи молиявӣ ва ҳуқуқи гражданиро муттаҳид намудааст.

Меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ сарчашмаҳои ташкилшавии фонди суғурта, муносибатҳои дутарафаи онро бо дигар қисматҳои низоми молиявӣ, тартиби истифодабарии маблағҳои фонди суғурта, салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи суғурта, амалӣ намудани назорати давлатии фаъолияти суғурта ва дигар муносибатҳо дар соҳаи суғуртакунӣ, дар рафти ташкил, тақсим ва истифодабарии фонди суғурта ба вуҷуд меоянд, яъне чунин муносибатҳое, ки ба соҳаи фаъолияти молиявӣ дахл доранд, муқаррар менамояд.

Меъёрҳои ҳуқуқи гражданӣ асосҳои пайдоиши муносибатҳои гуногуни ҳуқуқии суғуртавӣ, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои субъектони онҳоро ба тартиб андохта, объектҳои суғуртаро сабт намуда, шартҳои муҳими шартномаи суғурта, шакли он ва ғ. пешбинӣ менамоянд.

Асосҳои ҳуқуқии суғуртаро Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (м. 1013 – 1057) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2010 № 981 «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1997 № 517 «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 2008 № 408 «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 № 540 «Дар бораи суғуртаи мутақобила», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2010 № 595 «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва дигар қонунҳо ташкил медиханд.

Ҷанбаҳои алоҳидаи суғурта бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд. Нақши муҳимро дар танзими ҳуқуқии муносибатҳои суғуртавӣ, махсусан дар масъалаҳои ташкил ва амалӣ намудани назорати фаъолияти суғуртавӣ, санадҳои меъёрии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебозанд.

2. Моҳият ва функсияҳои суғурта

Маълум аст, ки моҳияти молия бо муносибатҳои иқтисодӣ дар ҷараёни ташкил ва истифодабарии фондҳои маблағҳои пулӣ алоқаманд аст. Моҳияти суғурта низ бо ташкил ва истифодабарии фондҳои пулӣ алоқаманд аст. Аммо агар барои молия ҳама вақт муносибатҳои пулӣ зарур ва ташкили фондҳои маблағҳои пулӣ хос бошад, он гоҳ суғурта метавонад аслӣ (ғайрипулӣ) низ бошад. Ба ғайр аз он суғурта ҳама вақт бо имконияти рух додани ҳолатҳои суғуртавӣ пайванд аст, истифодаи маблағҳои фонди суғуртавӣ бошад мустақиман бо рух додан ва оқибатҳои ҳолатҳои суғуртавӣ алоқаманд аст.

Аломатҳои хоси суғурта инҳоянд:

1) эҳтимолияти ҳусусияти муносибатҳо – азбаски рух додани ҳолатҳои суғуртавиро пешакӣ муайян кардан ғайриимкон аст, бинобар ин андозаи зарари расонидашударо низ пешбинӣ кардан ғайриимкон аст;

2) хусусияти сарбастаи муносибатҳои азнавтақсимкунӣ. Масалан, талофи намудани зарар дар натиҷаи рух додани ҳолати суғуртавӣ аз маблағҳои фонди пулии суғурта, ки аз ҳисоби ҳаққи аъзогии иштирокчиён ташкил карда мешавад, амалӣ карда мешавад;

3) гашта додашаванда будани маблағҳои фонди суғурта. Чунин хусусияти суғуртаро қайд карда истода, дар назар доштан лозим аст, ки он на ба ҳамаи намудҳои он дахл дорад. Қисми зиёди ҳаққи аъзогӣ ҳамгоми суғуртакунии ҳаёт (ба синни муайян расидани суғурташаванда) баргардонида мешавад. Ин баргардонидани ҳаққи аъзогие мебошад, ки хусусияти ҳатмӣ дорад. Ҳангоми суғурта аз ҳодисаҳои нохуш ва ҳангоми бисёр дигар намудҳои суғурта пардохти талофии суғуртавӣ ё таъминоти суғуртавӣ танҳо ҳангоми рух додани ҳолати суғуртавӣ ва ба андозаи муқарраркардаи қонунгузорӣ ё шартнома ба амал меояд.

Моҳияти суғурта табиатан бо функсияҳои он алоқаманд аст. Суғурта ҳам функсияҳои умумӣ, ки ба функсияҳои молия хосанд, ва ҳам функсияҳои махсус дорад, ки ба онҳо инҳо мансубанд:

1) фаъолияткунии фонди махсусгардонидашудаи суғурта. Ташкили чунин фонд иҷрои ӯҳдадориҳоро оид ба суғурта таъмин менамояд. Зимнан қонунгузор дар ширкатҳои суғуртавӣ ташкил намудани фондҳои низоми захиравӣ ва фондҳои чорабиниҳои огоҳикунандаро ҳам ба тариқи ҳатмӣ ва ҳам ба тариқи ихтиёрӣ роҳ медиҳад. Маблағҳои фондҳои захиравии суғуртавӣ қатъиян барои амалӣ намудани пардохтҳои суғуртавӣ истифода бурда мешаванд. Захираҳои суғуртавӣ ба буҷет гирифта намешаванд;

2) функсияи пешгирикунанда. Бо мақсади таъмини ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ ташкилотҳои суғуртавӣ чораҳоро оиди пешгирӣ намудани рух додани ҳодисаҳои суғуртавӣ ё кам кардани оқибатҳои номатлуб меандешанд. Чораҳо оид ба пешгирӣ намудани ҳодисаҳои суғуртавӣ ва кам кардани зарари он превенсия номида мешавад. Ин функсияро татбиқ карда истода, суғуртакунанда фонди махсуси пулии чорабиниҳои пешгирикуниро ташкил менамояд, ки сарчашмаи ташкил намудани он маблағҷудокуниҳо аз пардохтҳои суғуртавӣ мебошад. Маблағгузории чорабиниҳо оид ба пешгирӣ намудани рух додани ҳодисаҳои суғуртавӣ барои тараққиёти соҳахои гуногуни иқтисодиёт (электроника, гидрометеорология, сохтмон ва диг.) мусоидат менамояд;

3) функсияи барқароркунанда. Талофӣ намудани зарари расонидашуда ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мувофиқи шартҳои шартномаи суғурта ё қонун амалӣ карда мешавад. Ҳуқуқ ба талофӣ намуданро он шахсоне доранд, ки иштирокчиёни ташкил намудани фонди суғуртавӣ мебошанд. Тартиби талофӣ намудани зарарро ташкилоти суғуртавӣ мувофиқи шартнома муайян менамояд ва аз тарафи давлат ба танзим дароварда мешавад. Ба воситаи ин функсия аз ҷиҳати иқтисодӣ ҳифзи суғуртавӣ таъмин карда мешавад ва татбиқи объективиашро мақсади асосии суғурта ба даст меорад;

4) функсияи ҳимоявӣ. Функсияи мазкур аз моҳияти суғурта бармеояд, чунки вай дар навбати аввал барои таъмини ҳимояи манфиатҳои давлат, инчунин шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ равона карда шудааст.

3. Шаклҳои суғурта

Мувофиқи қонунгузории гражданӣ суғурта дар ду шакл – ихтиёрӣ ва ҳатмӣ амалӣ карда мешавад.

Суғуртаи ихтиёрӣ дар асоси шартномаи байни суғурташавандаю суғуртакунанда сурат мегирад. Қоидаҳои суғуртаи ихтиёриро суғуртакунанда мустақилона мувофиқи қонунгузорӣ қабул ва муқаррар менамояд ва муқарраротро дар бораи субъектҳои суғурта, дар бораи объектҳои суғурта, дар бораи ҳодисаҳои суғурта, дар бораи тартиби пардохти маблағи суғурта, тарифи суғуртавӣ, ҳаққи суғуртавӣ, тартиби бастан, иҷро намудан ва қатъ кардани шартномаи суғурта, дар бораи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои тарафҳо, дар бораи муайян намудани андозаи зиён дар бораи тартиби муайян намудани пардохти суғуртавӣ, дар бораи ҳолатҳои даст кашидан аз пардохти суғуртавӣ ва дигар муқарраротро дар бар мегирад.

Суғуртаи ҳатмӣ бо қонун ё дигар санади меъёрӣ муқаррар карда мешавад ва бо фарқият аз суғуртаи ихтиёрӣ талофӣ намудани зарарро ҳам аз ҳисоби суғуртакунандагон ва ҳам аз ҳисоби маблағҳои буҷет (суғуртаи ҳатмии давлатӣ) амалӣ менамояд.

Субъектони муносибатҳои суғуртавӣ суғуртакунанда, суғурташаванда, инчунин мақомоти ҳокимияти иҷроия, ки ба салоҳияти вай амалӣ намудани назорати давлатӣ аз болои фаъолияти субъектони фаъолияти суғуртавӣ гузошта шудааст (Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон), мебошанд.

Суғуртакунанда – шахси ҳуқуқие, ки шакли ташкилию ҳуқуқии он бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда, барои амалигардонии фаъолияти суғуртакунӣ ташкил ёфта, иҷозатнома гирифтааст;

Суғурташаванда – шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки дар шартномаи суғурта яке аз тарафҳо буда, саҳмҳои суғуртавиро мепардозад ва мувофиқи қонун ё тибқи шартнома ҳангоми фаро расидани ҳодисаи суғуртавӣ дар доираи масъулияти суғурташуда ё маблағи суғуртавии дар шартнома зикргардида ҳуқуқи гирифтани ҷубронро дорад.

Объекти суғурта манфиатҳои шахсӣ ва молу мулкӣ мебошанд. Ба объекти суғуртаи шахсӣ ҳаёт, саломатӣ, қобилияти кории суғурташаванда ё шахси суғурташуда мансубанд. Ба объекти суғуртаи молу мулкӣ соҳибият, истифода, ихтиёрдории молу мулк мансубанд.

Ба суғуртакунии манфиатҳои зиддиҳуқуқӣ, инчунин манфиатҳое, ки зиддиҳуқуқӣ нестанд, вале суғуртакунии онҳо бо қонунгузорӣ манъ карда шудааст, роҳ дода намешавад.

Дар қонунгузорӣ самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи суғуртаи ҳатмӣ, ки аз тарафи ташкилотҳои суғуртавӣ гузаронида шуда, ба шаклҳои гуногуни моликият асос шудааст, муқаррар карда мешаванд. Зимнан зарурати таъмини ягонагии муқарраротҳои асосӣ, тартиб ва шартҳои гузаронидани суғуртаи ҳатмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда мешавад.

4 Загрузки

796
Нет комментариев. Ваш будет первым!