Мафҳум ва аҳамияти фаъолияти бонкӣ
Кредити бонкӣ ба монанди ҳамаи унсурҳое, ки низоми молиявии давлатро ташкил менамоянд, категорияи иқтисодӣ ва ҳуқуқиро ифода менамояд. Ҳамчун категорияи иқтисодӣ кредити бонкӣ яке шаклҳои ҳаракати сармояи қарзӣ мебошад, ки дар ҷараёни он муносибатҳои иқтисодӣ оид ба ҷалб намудани маблағҳои пулии муваққатан озоди субъектони хоҷагидор ва шаҳрвандон аз ҷониби ташкилотҳои кредитӣ ва дар онҳо ташкил намудани фондҳои махсус барои минбаъд ба шахсони ҳуқуқи ва воқеӣ додани маблағҳои пулӣ бо шартҳои муайян ба вуҷуд меоянд. Кредити бонкӣ – унсури ҷудонопазири ҷараёни таҷдиди ҷамъиятӣ мебошад. Ҳангоми нокифоя будани захираҳои молиявии худ субъектони хоҷагидор, ки дар ҳуқуқҳои гуногуни моликият амал мекунанд, сармояи қарзии ташкил намудаи ташкилотҳои кредитиро барои пурра намудани маблағҳои гардишӣ ва дигар мақсадҳои хусусияти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолидошта ҷалб менамоянд. Бинобар ҳамин ҳам фондҳое, ки ташкилотҳои кредитӣ ташкил менамояд, ба низоми молиявии давлат дохил мешаванд.
Ҳамчун категорияи ҳуқуқӣ кредити бонкӣ институти алоҳидаи ҳуқуқии молиявиро ифода менамояд, ки маҷмӯи меъёрҳои он муносибатҳоро оиди аз тарафи ташкилотҳои кредитӣ ташкил намудани фондҳои пулӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ пешниҳод намудани маблағҳои пулӣ барои истифодаи муваққатӣ ба танзим медароранд.
Мураккаб ва бисёрнақша будани муносибатҳои ҷамъиятие, ки ҳангоми кредитдиҳии бонкӣ ба вуҷуд меоянд, татбиқи методҳои гуногунро ҳангоми амалӣ намудани батанзимдарории онҳо талаб менамояд. Ҳангоми ба танзим даровардани муносибатҳо дар соҳаи кредити бонкӣ методи императивӣ (методи «ҳокимият ва нишондод»), ки ба ҳуқуқи молиявӣ хос аст, ва методи диспозитивӣ (методи «баробарии тарафҳо»), ки барои батанзимдарории ҳуқуқии гражданӣ хос аст, истифода бурда мешавад. Масалан, меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ усулҳои ташкил намудани фонди ташкилотҳои кредитӣ, тартиби тақсим ва истифодабарии маблағҳои ин фондҳоро муайян намуда, қоидаҳои амалӣ намудани фаъолияти бонкиро муқаррар менамоянд, назоратро дар соҳаи кредитдиҳии бонкӣ ва диг. таъмин менамоянд. Бо меъёрҳои ҳуқуқии гражданӣ ӯҳдадориҳои шартномавӣ ва дигар ӯҳдадориҳое, ки ҳангоми кредитдиҳии бонкӣ ба вуҷуд меоянд, ба танзим дароварда мешаванд, вазъи ҳуқуқии иштирокчиёни муносибатҳои мазкур ва диг. муайян карда мешавад.
Меъёрҳое, ки муносибатҳоро оид ба кредитдиҳии бонкӣ ба танзим медароранд, зерсоҳаи ҳуқуқи молиявӣ – ҳуқуқи бонкиро ташкил менамоянд.
Асоси ҳуқуқии фаъолияти бонкиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътироф намудаи Тоҷикистон, қонунҳо, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон (низомнома, дастурамал, нишондодҳо ва ғ.), санадҳо локалии ташкилотҳои кредитӣ, санадҳои ассотсиатсияҳои ташкилотҳои кредитӣ, шартномаҳо ва одатҳои муомилоти корӣ, ки дар таҷрибаи бонкӣ истифода бурда мешаванд, ташкил менамоянд.
Зимнан дар байни қонунгузории бонкӣ қонунҳои хусусияти махсус ва умумидоштаро фарқ кардан мумкин аст.
Ба қонунҳои махсус инҳо мансубанд:
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1996 № 383 «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон»;
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009 № 524 «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ва диг.
Ба ҷумлаи қонунҳои умумӣ мансубанд:
– Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 № 112 «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор»;
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 № 53 «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуд»;
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 № 237 «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ».
Дар қонунгузории Тоҷикистон таърифи мафҳуми фаъолияти бонкӣ мавҷуд нест, вале ҷамъбаст ва таҳлили меъёрҳои ҳуқуқ имконият медиҳад, ки хулосаи зеринро баровард:
– фаъолияти бонкӣ намуди фаъолияти соҳибкорӣ мебошад, бинобар ин, дорои чунин аломатҳо мебошад: мустақилият, мунтазамӣ, самтнокӣ барои гирифтани фоида, хусусияти таваккалӣ, ошкоро будан, кордонӣ;
– ба ин фаъолият танҳо бонкҳо ва ташкилотҳои кредитии ғайрибонкӣ, ки ташкилотҳои тиҷоратӣ мебошанд, ҳаққи машғул шудан доранд;
– асоси фаъолияти мазкур иҷозатномаи махсуси (литсензияи) Бонки миллии Тоҷикистон мебошад;
– фаъолияти зикргардида аз амалӣ намудани амалиётҳои бонкӣ иборат аст.
Инак, мазмуни фаъолияти бонкӣ амалӣ намудани амалиётҳои бонкӣ, яъне ҳаракатҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ аҳамиятноке, ки аз тарафи ташкилотҳои кредитӣ дар шакли пешбиникардаи қонун ё шартнома анҷом дода мешавад, мебошад.
Мувофиқи қисми 1 моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистн “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” ба амалиёти бонкӣ инҳо тааллуқ доранд:
– ҷалби амонат ва пасандозҳо;
– додани қарзҳо (кредитҳо) (таъминшуда ва таъминнашуда), аз ҷумла:
а) қарзҳои (кредитҳои) истеъмолӣ, ипотекӣ ва байнибонкӣ;
б) факторинг;
в) маблағгузории аҳдҳои тиҷоратӣ, аз ҷумла форфейтинг;
– кушодан ва пешбурди суратҳисобҳои бонкӣ;
– хариду фурӯши воситаҳои зерин барои худ ё муштариён:
а) воситаҳои бозории пулӣ (аз ҷумла: чекҳо, векселҳо, ӯҳдадориномаҳо ва сертификатҳои амонатӣ);
б) асъори хориҷӣ;
в) воситаҳои қурбӣ ва меъёри фоизӣ;
г) саҳмияҳо ва дигар коғазҳои қиматноки интиқолшаванда;
ғ) қарордодҳои форвардӣ, созишномаи своп, фючерс, опсион ва дигар ҳосилаҳое, ки ба асъор, саҳмияҳо, вомбаргҳо, металлу ва сангҳои қиматбаҳо ё қурбу меъёрҳои фоизӣ дахл доранд;
– додани кафолат, баҳисобгирии ӯҳдадориҳои шартӣ, аз ҷумла кафолатҳо ва эътиборномаҳо (аккредитивҳо) барои худ ва муштариён;
– хизматрасонии клирингӣ, ҳисоббаробаркунӣ ва интиқолӣ марбут ба воситаҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок, супоришномаҳои пардохт ва воситаҳои дигари пардохт (аз ҷумла: чекҳо, кортҳои пардохтии кредитӣ, дебетӣ ва ғайра, чекҳои сафарӣ, векселҳо, интиқолҳои электронӣ, дебет ва кредитҳои қаблан иҷозатшуда);
– миёнаравӣ дар бозори пулӣ;
– амалиёти сейфӣ, нигаҳдорӣ ва идоракунии дороиҳо (пул, коғазҳои қиматнок, металлҳо, ҷавоҳирот ва ғайра);
– хизматрасонии амалиёти ба боварӣ асосёфта (идоракунии маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ва ғайра ба манфиати боварикунанда ва дар асоси супориши он);
– ҳар гуна амалиёти дигаре, ки аз амалиёти дар ин модда зикршуда бармеоянд ва бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.
– амалиёти кассавӣ: қабул намудан, аз нав ҳисоб кардан, иваз намудан, бастан ва нигоҳ доштани пулҳои коғазӣ ва тангаҳо;
– қабул намудан инкассатсия ва фиристодани пулҳои коғазӣ, тангаҳо ва ашёи қиматбаҳо;
Ба ғайр аз он, ташкилотҳои кредитӣ ҳуқуқ доранд аҳдҳои зеринро ба амал бароранд:
– додани замонат, ки иҷрои ӯҳдадориҳои пулиро дар назди шахси сеюм пешбинӣ менамояд;
– иҷораи молиявӣ (лизинг);
– амалиёт бо металлу сангҳои қиматбаҳо мутобиқи қонунгузорӣ;
– хизматрасонӣ ба сифати агенти молиявӣ;
– хизматрасонӣ ба сифати мушовир ё маслиҳатгари молиявӣ;
– хизматрасонии иттилооти молиявӣ ва қарзӣ (кредитӣ).
Ҳамин тавр, фаъолияти бонкӣ ба маънои маҳдудаш маҷмӯи аз ҷониби ташкилотҳои кредитӣ амалӣ намудани амалиётҳои бонкӣ ва аҳдҳо мебошад.
Субъекти фаъолияти бонкӣ ташкилотҳои кредитӣ – бонкҳо ва ташкилотҳои кредитии ғайрибонкӣ мебошанд.
Объектҳои фаъолияти бонкӣ – молу мулк ва маблағҳои пулии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, коғазҳои қиматнок, асъори хориҷӣ, металл ва сангҳои қиматбаҳо мебошанд.
Барои амалӣ намудани фаъолияти бонкӣ давлат як қатор қоидаҳои умумиро муқаррар менамояд:
– ҳамаи амалиётҳои бонкӣ ва дигар аҳдҳо бо сомонӣ амалӣ карда мешаванд, дар сурати мавҷуд будани литсензияи дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон бошад бо асъори хориҷӣ низ;
– тартиби амалӣ намудани амалиётҳои бонкӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқи қонунҳо муқаррар карда мешаванд;
– машғул шудани ташкилоти кредитӣ ба фаъолияти истеҳсолӣ, савдо ва бевосита ба фаъолияти суғурта манъ аст;
– кушодани суратҳисоби бонкии соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар асоси шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ, инчунин шаҳодатнома дар бораи дар қайди мақомоти андош гузоштан иҷро карда мешавад;
– мувофиқи литсензияи Бонки миллии Тоҷикистон бонк ба баровардан, харидан, фурӯхтан, ба қайд гирифтан, нигоҳ доштани коғазҳои қиматнок, инчунин идораи ба боварӣ асос ёфтаи онҳо ҳуқуқ дорад;
– ташкилоти кредитӣ ҳуқуқ дорад, ки фаъолияти касбиро дар дар бозори коғазҳои қиматнок амалӣ намояд;
– ягон шахси ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои шахси ҳуқуқии аз Бонки миллии Тоҷикистон литсензияро барои амалӣ намудани амалиётҳои бонкӣ гирифта, наметавонад дар номи худ калимаҳои “бонк”, “ташкилоти кредитӣ” ё ба таври дигар нишон диҳад, ки шахси ҳуқуқии мазкур ба амали намудани амалиётҳои бонкӣ ҳуқуқ дорад.
Ҳамин тавр, дар таҳти фаъолияти бонкӣ маҷмӯи ба тартиб даровардашудаи мунтазам аз тарафи ташкилотҳои кредитӣ дар асоси литсензияи Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ намудани амалиётҳои бонкӣ ва аҳдҳо, инчунин дигар фаъолияти касбӣ ба истиснои фаъолияти истеҳсолӣ, савдо ё суғурта, ки барои гирифтани фоида равона карда шудаанд, фаҳмида мешавад.
Аҳамияти фаъолияти бонкӣ дар низоми кредитӣ-молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бисёр ҳолаҳо сабаб шудааст. Пеш аз ҳама, аз устуворӣ ва фаъолияти мунтазами низоми бонкӣ устуворӣ ва ҳифзшавандагии асъори миллӣ вобастагӣ дорад. Ҳангоми гузаронидани амалиётҳои ҳисоббаробаркунӣ байни шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои маҳсулотсупорӣ, иҷрои корҳо, хизматрасонӣ ташкилотҳои кредитӣ барои бо муваффақият анҷом додани фаъолияти молиявӣ-хоҷагии давлат, инкишофӣ соҳибкорӣ, савдо ва дар ҷамъбаст тамоми иқтисодиёт шароит фароҳам меоранд.
Боз як амалиёти бонкӣ – кредитдиҳӣ, яъне аз тарафи бонк додани маблағҳои ҷамъкардашудаи пулии муваққатан озоди шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба субъектони манфиатдори хоҷагидор, шароитҳои заруриро барои инкишофи соҳаҳои истеҳсолот, зиёд кардани талаботи истеъмолӣ ва ғ. ташкил менамояд.
Ҳамин тавр, фаъолияти самаранок ва устувори низоми бонкӣ – шарти ҷудонопазирӣ қобилияти ҳаётии иқтисодиёти миллӣ мебошад.
4 Загрузки