Асосҳои ҳуқуқии низоми пулӣ
1. Мафҳум ва моҳияти пул ва муомилоти пулӣ
2. Низоми пулии Тоҷикистон
3. Ҳисоббаробаркунии нақдӣ
4. Шаклҳои ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ
1. Мафҳум ва моҳияти пул ва муомилоти пулӣ
Дар давраи мавҷудияти мубодилаи оддии мол, вақте ки мол ба моли дигар иваз карда мешуд (М – М1), доимо мушкилиҳо дар муайян намудани таносуби молҳо аз рӯи миқдор ва сифат ба вуҷуд меомад. Тадриҷан дар рафти мубодилаи мол моли махсус – пул пайдо шуд, ки қобилияти муайян намудани ин таносубро дорад (М – П – М1).
Дар аввал функсияи пулро молҳои махсуси қимат (пусти ҳайвонҳои қиматбаҳо, сангҳои сахт) иҷро мекарданд, сипас (дар асри XII то милод) ба сифати пул порчаи оҳан, лавҳачаҳои мисин ва ғ.-ро истифода мебурдагӣ шуданд. Дар ари VII то милод шоҳи Лидия Крез тангаҳоро аз хӯлаи тилло ва нуқра сикка мезадагӣ шуд, баъди сад сол пас бошад дар Форс шоҳ Дорои I тангаҳои тиллоиро тайёр мекардагӣ шуд. Аз ҳамин вақт тилло функсияи пулро иҷро менамуд ва ба таври васеъ на танҳо дар дохили давлат, балки дар муносибатҳои байналмилалӣ низ истифода бурда мешуд, яъне функсияи пули ҷаҳониро иҷро мекард. Аммо истифода бурдани тилло ба сифати пул як қатор камбудиҳои онро низ нишон дод. Якумаш, ҳангоми харидани миқдори зиёди молҳо миқдори зиёди тиллоҳоро яз як ҷой ба дигар ҷой бурдан лозим буд, ки ин як қатор душвориҳоро ҳангоми кашонидан ба миён меовард (миқдори зиёди халтаҳо, сандуқҳои тиллоро кашонидан лозим меомад). Дуюмаш, тилло доимо дар муомилот буд, тадриҷан суфта мешуд ва вазни пештараи худро гум мекард. Сеюмаш, тозагии тиллоро (бе таҳлили махсуси кимиёвӣ) санҷидан хеле душвор буд ва ин сабаби тайёр карда шудани миқдори зиёди танга ва сабикаи тиллоии қалбақӣ буд.
Ҳамаи ин камбудиҳо дар охири асри XVII ба пайдо шудани пулҳои коғазӣ овард (бори аввал онҳо дар Англия бароварда шуда буданд). Зимнан то аввали асри XX таъмини тиллоии пулҳои коғазин ва имконияти иваз намудани онҳо ба тилло нигоҳ дошта шуд, вале тадриҷан давлатҳо аз ин таҷриба даст кашиданд.
Пул муайянкунандаи асосии низоми молиявии давлат, нишондиҳандаи ҳолати иқтисодиёт мебошад. Ҳамчун категорияи иқтисодӣ пул воситаи ифода намудани арзиши мол, эквиваленти ҳамаи молҳост. Дар иқтисоди ҳозира пул шарти тағйирнопазири муомилоти амалан ҳамаи намудҳои молҳо мебошад. Ба шарофати пул имконият мешавад, ки ченаки ягонаи арзишро дошт, ки ҳамгоми гардиши мол зарур аст. Пулҳо ҳолати воқеии иқтисодиётро инъикос менамоянд ва натиҷаи муносибатҳои иқтисодӣ ва ғайрииқтисодӣ мебошанд. Бинобар ин пул ба сифати омили пуриқтидори инкишофи иқтисодиёт дар маҷмӯъ, соҳаҳои алоҳидаи он, субъектони мушаххаси фаъолияти хоҷагӣ баромад менамоянд.
Моҳияти пул ҳамчун моли универсалӣ ба воситаи функсияҳои вай зоҳир мегардад, ки ба он инҳо мансубанд:
1) воситаи муайян намудани ченаки арзиш;
2) воситаи мубодила;
3) воситаи пардохт;
4) воситаи захира кардан.
Ҳаҷми маҷмӯии маблағҳои пулӣ дар иқтисодиёти мамлакат массаи пулиро ташкил менамояд, ки маблағҳои харидан, пардохт намудан ва захира карданро, ки барои инкишофи иқтисодиёти мамлакат дар маҷмӯъ, инчунин барои қонеъ намудани талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ заруранд, тавсиф менамояд. Батанзимдарории ҳаҷми массаи пулиро Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
Пул доимо дар ҳаракат мебошад, ҷараёни ҳаракати маблағҳои пулиро муомилоти пулӣ меноманд. Муомилоти пулӣ ба ду намуд тақсим мешавад: нақдӣ ва ғайринақдӣ. Ҳангоми муомилоти нақдии пул воситаи пардохт пули коғазии нақдӣ (пули коғазӣ, танга) мебошанд. Фаъолият оид ба ташкили муомилоти нақдии пул ва идоракунии онро Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
Муомилоти ғайринақдии пулро аз ҳисоби як субъект баровардани маблағи пулии муайян ва интиқол намудани маблағ ба ҳисоби дигар субъект ба ҳамон ё дигар ташкилоти кредитӣ ва ё дар шакле, ки пулҳои нақдии коғазӣ ҳамчун воситаи пардохт мавҷуд нестанд, ташкил менамояд.
Муомилоти ғайринақдии пул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи принсипҳои зерин амалӣ карда мешавад:
– корхонаҳо ва ташкилотҳо ӯҳдадоранд, ки маблағҳои пулии худро дар суратҳисобҳо дар бонк нигоҳ доранд;
– ҳисоббаробаркуниҳо бояд ба воситаи бонк анҷом дода шаванд;
– шаклҳои ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ аз тарафи худи корхонаҳо ва ташкилотҳо мувофиқи талаботҳои қонунгузорӣ интихоб карда мешаванд.
2. Низоми пулии Тоҷикистон
Низоми пулии давлат шакли ташкилии муомилоти пулӣ ва низоми муносибатҳои пулиро, ки дар қонунгузории миллӣ сабт гардидааст, ифода менамояд. Ба унсурҳои низоми пулӣ инҳо мансубанд:
1) воҳиди расмии пулӣ,
2) эмиссияи пули нақдии коғазӣ,
3) ташкил ва батанзимдарории муомилоти пулӣ.
Асоси ҳуқуқии низоми пулиро меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» ва дигар қонунҳо, инчунин санадҳои меъёрии Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Бонки миллии Тоҷикистон ташкил менамоянд.
Дар рафти амалӣ намудан ва ба танзим даровардани муомилоти пулӣ муносибатҳои гуногуни ҷамъиятӣ ба вуҷуд меоянд, ки бо меъёрҳои соҳаҳои гуногуни ҳуқуқ, аз он ҷумла конститутсионӣ, маъмурӣ, гражданӣ, ҷиноятӣ ва молиявӣ ба танзим дароварда мешаванд. Меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ мақоми (статуси) ҳуқуқии низоми пулиро муайян менамоянд ва фаъолияти мӯътадили онро таъмин менамоянд, инчунин муносибатҳоеро, ки дар рафти ташкили муомилоти нақдӣ ва ғайринақдии пул ба миён меоянд, ба танзим медароранд.
Унсури якуми низоми пулӣ воҳиди расмии пулии Ҷумҳурии Тоҷикистон – сомонӣ мебошад, ки аз сад дирам иборат аст.
Пули миллии аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон баровардашуда ва аз гардиш гирифтанашуда, воситаи ягона ва истисноии пардохти ҳар гуна ӯҳдадориҳои пулӣ ва ҳисоббаробаркуниҳо буда, қабули он бо арзиши номиналиаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи тамоми пардохтҳои пулӣ ҳатмӣ мебошад.
Унсури дуюми низоми пулӣ эмиссияи пули нақдии коғазӣ мебошад. Эмиссия (аз лот. emission – баровардан) – тайёр намудан ва ба муомилот баровардани пулҳои коғазӣ (коғазҳои қиматнок) дар ҳамаи шаклҳо мебошад. Дар ҳар як мамлакат тартиби қатъиян муқарраркардашудаи эмиссия мавҷуд аст. Масалан, баровардани пули коғазӣ (банкнота) танҳо аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ шуда метавонад.
Бонки миллии Тоҷикистон дорои ҳуқуқи истисноии эмиссияи (барориши) пули коғазӣ (банкнота) ва танга ҳамчун воситаи қонунии пардохт дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Эмиссия аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ҳам барои зиёд гардидани массаи пулӣ ва ҳам барои аз аз муомилот гирифтани пулҳои коғазии кӯҳна ва баровардани пулҳои қоғазии нав амалӣ карда мешавад.
Бонки миллии Тоҷикистон бо меъёрҳои худ арзиши номиналӣ, андоза, вазн, ороиш ва дигар тавсифҳои пули коғазӣ ва тангаҳоеро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаи пардохт мебошанд, муқаррар мекунад.
Бонки миллии Тоҷикистон чопи пулҳои коғазӣ ва сикказании тангаҳоро ташкил мекунад ва барои таъмини амнияти нигоҳдории нишонаҳои пулӣ, ки ба муомилот бароварда нашудаанд, инчунин дар хусуси аз муомилот гирифтан ва нобуд кардани пулҳои коғазӣ ва тангаҳои аз муомилот гирифташуда, тадбирҳо меандешад.
Бонки миллии Тоҷикистон тартиби муайян намудани коршоямии нишонаҳои пулӣ ва иваз намудани пулҳои коғазӣ ва тангаҳои фарсударо муқаррар мекунад. Тартиби муайянсозии коршоямии нишонаҳои пулӣ ва иваз намудани онҳо дар матбуот чоп карда мешавад.
Иваз намудани пули миллии дар муомилотбуда, аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад.
Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазӣ ва тангаҳоеро, ки фарсуда шудаанд, аз муомилот гирифта, нобуд мекунад ва бар ивази онҳо ба муомилот пулҳои коғазӣ ва танга мебарорад.
Агар ороиши пулҳо ба меъёрҳои муқарраршуда мутобиқ набошанд, Бонки миллии Тоҷикистон метавонад онҳоро иваз накунад.
Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ барои бо нишонаҳои пулӣ таъмин намудани иқтисодиёти мамлакат асъори миллӣ мебарорад.
Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори Раёсат метавонад ҳар гуна пули коғазӣ ва тангаҳои дар муомилотбударо аз муомилот гирифта, бар ивазашон пулҳои ҳамарзиши дигари коғазӣ ва тангаҳо барорад.
Баъди ба охир расидани давраи ивазкунӣ, ки ба гирифтани пулҳои коғазӣ ва танга аз муомилот ва ба дигар пулҳои коғазӣ ва тангаҳо иваз намудани онҳо вобаста аст, пулҳои коғазӣ ва тангаҳои ҳамин тавр аз муомилот гирифташуда дигар ҳамчун воситаҳои ҳисоббаробаркуниҳо буда наметавонанд.
Ташкил ва батанзимдарории муомилоти пулӣ унсури сеюм низоми пулӣ мебошад.
Бо мақсади дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намудани муомилоти нақдии пулӣ ба зиммаи Бонки миллии Тоҷикистон вазифаҳои зерин гузошта шудааст:
– таҳлили иқтисодӣ ва пулиро мегузаронад ва дар асоси он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои худро пешниҳод мекунад, натиҷаҳои таҳлилро ба маълумоти ҷомеа мерасонад;
– ба таври монополӣ эмиссияи пулро амалӣ намуда, гардиш ва аз муомилот гирифтани онро ба роҳ мемонад;
– захираҳои байналмилалии дарихтиёрдоштаро нигоҳдорӣ ва идора менамояд;
– амалиёти дигари бонкӣ ва вазифаҳои дигареро, ки қонун пешбинӣ мекунад, иҷро менамояд.
Диққати доимии давлат ба такмил ва инкишоти низоми пулӣ бо нақши он дар низоми идоракунии иқтисодиёт ва соҳаи иҷтимоӣ баён карда мешавад. Бо мақсади боз ҳам самаранок таъсир расонидан ба ҷараёнҳои иқтисодӣ ва ғайрииқтисодӣ низоми пулӣ ба воситаи гузаронидани ислоҳоти пулӣ ва деноминатсия (дигар кардани арзиши пули коғазӣ) тағйир ёбад.
Ислоҳоти пулӣ маҷмӯи чораҳоро оид ба дигаргун шудани низоми пулии давлат бо мақсади устувор кардани он, беҳтар намудани муомилоти пулӣ ва нигаҳдории устувории воҳиди миллии пулиро ифода менамояд.
Бо фарқият аз ислоҳоти пулӣ деноминатсия (аз лот. denomination – тағйири ном) амалиёти молиявӣ-техникӣ мебошад, ки дар иваз намудани пулҳои кӯҳна ба пулҳои нав бо баробар кардани як воҳиди пулии коғазҳои нав ба миқдори зиёди пулҳои коғазии кӯҳна ифода меёбад. Деноминатсия метавонад алоҳида ва ҳам дар як вақт бо ислоҳоти судӣ гузаронида шавад.
Яке аз методҳои ба танзим даровардани низоми пулӣ ҳамчунин эмиссия мебошад. Вай ҳам ҳангоми гузаронидани ислоҳоти пулӣ ва ҳам ҳангоми деноминатсия амалӣ карда шавад. Аммо татбиқи мустақили эмиссия бо мақсади зиёд кардани массаи пулӣ низ имкон дорад.
3. Ҳисоббаробаркунии нақдӣ
Пардохтҳои нақдӣ шакли аввалӣ, аз ҳама бештар оддӣ ва баъзан ивазнашавандаи пардохт мебошад.
Батанзимдарории муомилоти нақдии пул аз рӯи якчанд самтҳо амалӣ карда мешавад:
– сарфкунӣ ва муомилоти маблағҳои пулӣ;
– амалиётҳои кассавӣ бо маблағҳои пулӣ;
– нигоҳдории маблағҳои пулӣ.
Барои қабул намудан, нигоҳ доштан ва сарф кардани пули нақд шахсони ҳуқуқӣ касса доранд.
Амалиётҳои кассавӣ – ин маҷмӯи қоидаҳои моддию техникӣ мебошад, ки аз тарафи ташкилотҳо ва корхонаҳо гузаронида шуда бо қабул намудан, нигоҳ доштан ва додани пули нақд алоқаманд мебошанд. Асосҳои ҳуқуқии амалӣ намудани амалиётҳои кассавӣ қонунҳо «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ва дигар санадҳои меъёрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон мебошанд.
Мақсади батанзимдарории амалиётҳои кассавӣ дар навбати аввал таъмини ташкили аниқи муомилоти нақдии пул, инчунин назорати гузаронидани ҳисобҳо мебошад. Амалиётҳои кассавӣ барои ҳисоби боз ҳам аниқи даромадҳо ва хароҷотҳо бо мақсади андозбандии пурра ва самаранрк мебошад.
Ба амалиётҳои кассавӣ мансубанд:
– ворид шудани пул аз фурӯши маҳсулот, мол ва хизматрасонӣ;
– ворид шудани пардохтҳо, маблағи талофиҳои моддӣ аз вайрон кардани молу мулки моддӣ;
– гирифтани пули нақд аз рӯи чек аз ташкилотҳои кредитӣ барои музди меҳнат, бунак, пардохтҳои сафари корӣ, ёрдампулӣ, нафақа ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ;
– додани пул аз касса барои музди меҳнат, бунак, пардохтҳои сафари корӣ, ёрдампулӣ, нафақа ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ;
– супоридани пул ва маблағҳои пулии боқимондаи аз меъёр зиёд з касса ба бонк ба суратҳисоби корхона.
Барои бурдани амалиётҳои кассавӣ дар штати корхонаҳо вазифаи кассир пешбинӣ карда мешавад, дар ташкилотҳои тиҷоратӣ бошад воҳидҳои кассавӣ.
4. Шаклҳои ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ
Ҳисоббаробаркуниҳо байни шахсони ҳуқуқӣ, чун қоида дар шакли ҳатмӣ бо роҳи гузаронидани маблағи пулӣ аз суратҳисоби пардохткунанда ба суратҳисоби гиранда дар ташкилоти кредитӣ гузаронида мешавад. Ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи меъёрҳои Кодекси гражданӣ (м. 886 – 911), қонунҳо «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» амалӣ карда мешаванд. Нақши муҳимро дар батанзимдарории ҳисобҳои ғайринақдӣ Бонки миллии Тоҷикистон мебозад. Ба салоҳияти вай муқаррар намудани қоидаҳо, шакл, мӯҳлат ва стандартҳои амалӣ намудани намуди мазкури ҳисобҳо дохил мешавад.
Ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар шаклҳои зерин гузаронида шуда метавонанд:
1) супоришномаи пардохт;
2) чекҳо;
3) ҳисоббаробаркуниҳо тибқи аккредитив;
4) ҳисоббаробаркуниҳо тибқи инкассо;
5) дигар шаклҳои муқарраркардаи ҳисоббаробаркунии қонунгузорӣ.
Супоришномаи пардохт – ин ҳуҷҷати ҳисоббаробаркунӣ мебошад, ки аз рӯи он молики суратҳисоб ба ташкилоти кредитӣ супориш медиҳад, ки маблағи муайян аз суратҳисобаш гирифта шуда ба суратҳисоби дигар шахс гузаронида шавад. Ташкилоти кредитӣ, ки супоришномаи пардохтиро гирифтааст, ӯҳдадор аст, ки аз номи худ аз ҳисоби маблағҳои пардохткунанда гузаронидани маблағҳои пулиро ба гиранда амалӣ намояд.
Супоришномаи пардохт дар бланкаҳои шакли муайян тартиб дода мешаванд. Супоришномаҳои пардохт аз ҷониби ташкилоти кредитӣ дар рӯзи пешниҳод шудани онҳо сарфи назар аз мавҷуд будани маблағ дар суратҳисоби пардохткунанда қабул карда мешаванд, фақат дар сурати мавҷуд будани маблағ дар суратҳисоби пардохткунанда иҷро карда мешаванд. Зимнан ташкилоти кредитии хизматрасонандаи молики суратҳисоб ӯҳдадор аст, ки пардохткунандаро бо талаби вай дар бораи иҷрои супоришномаи пардохт хабардор намояд.
Иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқӣ, ки ҳангоми амалӣ намудани ҳисоббаробаркуниҳо бо супоришномаи пардохт ба вуҷуд меоянд, инҳоянд:
– пардохткунанда –шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки аз номи вай ҳуҷҷат барои пардохт – супоришномаи пардохт пешниҳод карда мешавад;
– гирандаи пардохт;
– пардохткунанда – бонк ё дигар ташкилоти қарздеҳ.
Чек бо фарқият аз супоришномаи пардохт коғази қиматнокест, ки дастури бидуни ягон қайду шарти чекдиҳанда ба бонк ҷиҳати ба дорандаи чек анҷом додани пардохти маблағи зикргардидаро дар бар мегирад. Ба ҳайси пардозандаи чек танҳо бонке метавонад зикр гардад, ки дар он чекдиҳанда маблағ дошта, метавонад онро бо роҳи пешниҳоди чек ихтиёрдорӣ намояд. Бозхости чек то гузаштани мӯҳлати манзур кардани он мумкин нест. Додани чек ӯҳдадории пулиеро, ки ҷиҳати иҷрои он дода шудааст, намепӯшонад.
Чек бояд инҳоро дар бар гирад:
1) номи “чек”, ки дар матни ҳуҷҷат ворид гардидааст;
2) супоришнома ба пардозанда оид ба пардохти маблағи муайяни пулӣ;
3) номи пардозанда ва зикри суратҳисобе, ки аз он бояд пардохт анҷом дода шавад.
4) зикри асъори пардохт;
5) зикри сана ва маҳалли мураттаб сохтани чек;
6) имзои шахсе, ки чекро чекдиҳанда навишта додааст.
Дар ҳуҷҷат мавҷуд набудани яке аз реквизитҳои зикршуда чекро беэътибор мегардонад.
Чеке, ки дар он маҳалли мураттаб сохтани он зикр нагардидааст, ҳамчун имзогардида дар ҷое, ки маълумот оид ба чекдиҳанда нишон дода шудааст, ба ҳисоб гирифта мешавад.
Шакли чек ва тартиби пур кардани он тибқи қонунҳо ва қоидаҳои бонкии мутобиқи онҳо таҳиягардида муайян карда мешавад.
Чек аз ҳисоби маблағҳои чекдиҳанда пардохта мешавад. Дар ҳолати ба депозит гузоштани маблағ тартиб ва шарти ба депозитгузории маблағ барои пӯшонидани чек тибқи қоидаҳои бонкӣ муқаррар карда мешаванд. Чекро бояд пардозанда бо шарти дар мӯҳлати муқарраркардаи қонун барои пардохт пешниҳод кардани он пардозад. Пардозандаи чек вазифадор аст бо ҳама гуна усули ба ӯ дастрас ба ҳаққонӣ будани чек, инчунин ба он ки пешниҳодкунанда нисбат ба он шахси ваколатдор мебошад, боварӣ ҳосил намояд. Ҳангоми пардохти чеки индосатсияшуда пардозанда бояд на имзои индоссантҳо, балки дурустии индоссаментҳоро тафтиш кунад. Зарари аз ҷониби пардозанда вобаста ба пардохти чеки қалбакӣ, дуздидашуда ё гумшуда расонидашуда, вобаста ба он ки зарар бо гуноҳи кӣ расонида шудааст, ба зиммаи пардозанда ё чекдиҳанда гузошта мешавад. Шахси пардозандаи чек ҳуқуқ дорад ба ӯ додани чекро бо забонхат оид ба гирифтани пардохт талаб намояд.
Чеки номӣ ба шахси дигар дода намешавад.
Дар чеки интиқолӣ индоссамент ба пардозанда барои гирифтани пардохт эътибори забонхатро дорад.
Индоссаменте, ки аз ҷониби пардозанда анҷом дода шудааст, эътибор надорад.
Шахси соҳиби чеки интиқолӣ, ки онро тибқи индоссамент гирифтааст, агар ӯ ҳуқуқи худро дар қатори индоссаментҳои бефосила асоснок кунад, соҳиби қонунии чек ба ҳисоб меравад.
Субъектони муносибатҳои ҳуқуқие, ки ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо бо чекҳо ба вуҷуд меоянд, инҳоянд:
– чекдиҳанда – шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки чекро навиштааст;
– дорандаи чек – молики чеки навишташуда;
– пардохткунанда – бонке, ки пардохтро аз рӯи чеки пешниҳодшуда анҷом медиҳад.
Ҳисоббаробаркуниҳо тибқи аккредитив (аз лот. accredo – боварӣ мекунам) – яке аз шаклҳои ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ байни корхонаҳо ва ташкилотҳо мебошад, ки моҳияташ аз он иборат аст, ки ташкилоти кредитӣ бо супориши пардозанда ва мувофиқи нишондодҳои ӯ ӯҳдадор мешавад, ки пардохтҳоро ба маблағгиранда гузаронад ё пардохт намояд, актсепт кунад ё вексели интиқолиро ба инобат гирад ё ваколати гузаронидани пардохтҳоро ба маблағгиранда ё пардохт намудан, актсепт кардан ё ба инобат гирифтани вексели интиқолиро ба зиммаи бонки дигар гузорад. Дар ҳолати кушодани аккредитиви пӯшонидашуда (ба депозит гузошташуда) бонки эмитент дар мавриди кушодани он вазифадор аст маблағи аккредитив (пӯшонидани он)-ро аз ҳисоби пардозанда ё кредити ба ӯ пешниҳодшуда барои тамоми мӯҳлати амали ӯҳдадории бонки эмитент ба ихтиёри бонки иҷрокунанда гузаронад. Дар ҳолати кушодани аккредитиви пӯшониданашуда (кафолатнок) ба бонки иҷрокунанда ҳуқуқ дода мешавад, аз суратҳисоби бонки эмитент, ки пешбурди онро анҷом медиҳад, ҳамаи маблағи аккредитивро соқит гардонад.
Дар аризаи аккредитивӣ нишон дода мешаванд:
– намуди аккредитив;
– мӯҳлати амали аккредитив бо нишон додани мӯҳлати пӯшидани он;
– шартҳои пардохти аккредитив;
– рақами ҳисобе, ки бонки иҷрокунанда кушодааст ва як қатор дигар шартҳо.
Аккредитиве бозхостшаванда эътироф мешавад, ки онро бонки эмитент бидуни огоҳониии пешакии маблағгиранда метавонад тағйир диҳад ё бекор кунад. Бозхости аккредитив ҳеҷ кадом ӯҳдадории бонки эмитентро дар назди маблағгиранда ба вуҷуд намеорад. Бонки иҷрокунанда вазифадор аст пардохтҳо ва дигар амалиётро оид ба аккредитиви бозхостшаванда анҷом диҳад, агар дар лаҳзаи анҷом додани онҳо дар хусуси тағйир додани шартҳо ё бекор кардани аккредитив огоҳинома нагирифта бошад.
Аккредитиве бозхостнашаванда дониста мешавад, ки бидуни ризоияти маблағгиранда онро бекор кардан мумкин нест.
Тибқи хоҳиши бонки эмитент бонки иҷрокунанда, ки дар гузаронидани амалиёти аккредитивӣ иштирок дорад, метавонад аккредитиви бозхостнашаванда (аккредитиви кафолатнок)-ро тасдиқ намояд. Ин кафолат чунин маъно дорад, ки бонки иҷрокунанда иловатан ба ӯҳдадории бонки эмитент оид ба анҷом додани пардохт тибқи шартҳои аккредитив ӯҳдадорӣ қабул кардааст.
Аккредитиви кафолатнокро бидуни розигии бонки иҷрокунанда тағйир додан ё бекор кардан мумкин нест.
Иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқӣ, ки ҳангоми амалӣ намудани ҳисоббаробаркуниҳо тибқи аккредитив ба вуҷуд меоянд, инҳоянд:
– пардохткунанда (аккредитивдиҳанда);
– гирандаи пардохт (бенефитсиар);
– бонки эмитент;
– бонки иҷрокунанда.
Ҳисоббаробаркуниҳо тибқи инкассо аз тарафи ташкилоти кредитӣ дар асоси супориши инкассавӣ ба маблағгиранда аз номи вай ва аз ҳисоби маблағҳои он анҷом дода мешавад.
Бонки эмитенте, ки супоришномаи инкассавӣ гирифтааст, ҳуқуқ дорад барои иҷрои он бонки дигар (бонки иҷрокунанда)-ро ҷалб намояд.
Тартиби анҷом додани ҳисоббаробаркунии супоришномаи инкассавӣ тибқи қонунҳо, қоидаҳои бонкии мутобиқи он таҳиягардида ва анъанаҳои муомилоти кории дар амалияи бонкӣ истифодашаванда танзим карда мешавад.
Иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқӣ, ки ҳангоми амалӣ намудани ҳисоббаробаркуниҳо тибқи инкассо ба вуҷуд меоянд, инҳоянд:
– пардохткунанда;
– гирандаи пардохт;
– бонки эмитент (ки аз муштарӣ супориши инкассавиро гирифтааст);
– бонки иҷрокунанда (ки талаботро дар бораи пардохт ва (ё) аксептро бевосита ба шахси ӯҳдадор пешниход кардааст).