Маълумоти умумӣ оиди ҳуқуқ иқтисодӣ
Мафҳум, нишонаҳо ва функсияҳои ҳуқуқ.
Ҳуқуқ – масъалаи марказии улуми ҳуқуқӣ мебошад. Ҳуқуқ воситаест, ки тавассути он давлат қоидаю рафтори барои тамоми зинаҳои тараққиёт заруриро муқаррар менамояд. Аз ин рӯ, ҳуқуқ бо давлат дар робитаи ногусастанӣ қарор дорад. Ҳуқуқ умуман қоидаи рафтори барои ҳама ҳатмиест, ки аз ҷониби давлат муқаррар шуда, иҷрои он тавассути чораҳои маҷбуркунии давлатӣ таъмин карда мешавад.
Меъёрҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла меъёрҳои ҳуқуқӣ пеш аз ҳама барои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ зарур мебошанд.
Ҳуқуқ мафҳуми умумӣ буда, бо якчанд маъно фаҳмида мешавад. Масалан, ба фикри профессор Р.Ш Сотиволдиев, вожаи ҳуқуқ ба ду маънои асосӣ истифода мешавад: якум ба маънои умумииҷтимоӣ ва дуюм ба маънои юридикӣ.
Ба маънои якум, ҳуқуқ озодии рафтори инсон аз нигоҳи ахлоқ, одатҳо, қоидаҳои рафтори иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, талаботҳои иҷтимоии ҷамъият аст. Ба ин маъно мафҳумҳои ҳуқуқи ахлоқӣ, ҳуқуқи аъзоёни ҳизбҳои сиёсӣ, ҳуқуқи миллат ба худмуайянкунӣ истифода мешаванд.
Ба маънои юридикӣ – ҳуқуқ озодии рафтори инсон аз нигоҳи меъёрҳои ҳуқуқ аст. Масалан, ҳуқуқи шаҳрванд ба таҳсил, ба меҳнат. Ба ин маъно ҳуқуқе низ фаҳмида мешавад, ки дар қонуни ҷорӣ инъикос шудааст. Дар ин маврид ҳуқуқ дар шакли ҳуқуқи позитивӣ ҷой дорад, ки онро давлат муқаррар кардааст.<sup/>
Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳуқуқ аз замонҳои қадим дар маркази диққати муҳаққикон қарор дошта, имрӯз низ перомуни он олимон фикру ақидаҳои худро иброз медоранд.
Новобаста аз баҳсу мунозираҳои муҳаққиқон, ҳуқуқ воситаи асосии танзими муносибатҳои байни одамон, ва ташкилотҳо, байни ташкилотҳо ва байни онҳо ва давлат мебошад. Маҳз тавассути ҳуқуқ ваколат ва ҳолати ҳуқуқии ҳамаи аъзоёни ҷомеа ва соҳибкорон муқаррар карда мешавад.
Ҳуқуқҳои фитрӣ ва ҳуқуқҳои позитивиро низ ҷудо намудан мумкин аст. Ҳуқуқҳои фитрӣ ё табии гуфта, он ҳуқуқҳоеро меноманд, ки инсон бо баробари таваллуд соҳиби онҳо мегардад, аз ҷумла, ҳуқуқ ба ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрие, ки дар моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидаанд.
Ҳуқуқҳои позитивӣ гуфта, он ҳуқуқҳоеро меноманд, ки аз ҷониби давлат муқаррар шудаанд. Қайд намудан зарур аст, ки номгӯи ҳуқуқҳои позитивӣ бо мурури тараққиёти ҷомеа тағйир меёбанд. Масалан, фаъолияти хусусии соҳибкорӣ дар замони Шӯравӣ ба ҳайси таркиби ҷиноят дар қисми махсуси Кодекси Ҷиноятии ҶШС Тоҷикистон қайд шуда буд. Дар замони имрӯза бошад фаъолияти иқтисодӣ ва соҳибкорӣ дар моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси яке аз ҳуқуқҳои асосии инсон ва шаҳрванд эълон шудааст.
Ҳуқуқ аз нигоҳи мо ба се маъно фаҳмида мешавад: 1) ба маънои объективӣ; 2) ба маънои субъективӣ; 3) ҳамчун фанни таълимӣ<sup/>.
Ҳуқуқ ба маънои объективӣ, аз маҷмӯи меъёрҳое иборат аст, ки муносибатҳои ҷамъиятиро танзим менамоянд.
Танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ бо роҳи муқаррар намудни қоидаҳои рафтори муайяни умумиҳатмӣ будани онҳо барои ҳамаи аъзоёни ҷомеа, ихтиёран иҷро намудани онҳо ва бо чораҳои маҷбуркунии давлатӣ таъмин намудани иҷрои онҳо муяссар мегардад.
Ҳуқуқ бо маънои субективӣ, ин пеш аз ҳама рафтори бо меъёрҳои ҳуқуқ муқараркардашудае мебошад, ки субъекти муносибатҳои мушахасси ҷамъиятиро ҷиҳати содир намудани амали муайян ё худдорӣ намудан аз содир намудани он ваколатдор (вазифадор, манъ) менамояд. Умуман дар амалия ҳуқуқи субъективӣ бо ваколати муайяни ҳуқуқӣ омехта карда мешавад. Дар воқеа истилоҳи ҳуқуқ ба маънои субъективӣ, аз ҳуқуқи субъективӣ фарқ дорад.
Ҳуқуқ ба маънои субъективӣ ин маҷмӯи имкониятҳои бо қонун муқарраргардидаи шахсро меноманд, ки метавонад аз онҳо истифода кунад ё на.
Ҳуқуқ ҳамчун фанни таълимӣ дар ҳамаи донишгоҳҳо ва донишкадаҳои кишвари мо таълим дода мешавад.
Ҳуқуқ як қатор нишонаҳо дорад, аз ҷумла:
– шакли ифодаи расмии ирода мебошад, яъне дар қонун ё дигар санадҳои зерқонуние, ки аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ қабул карда мешаванд, дарҷ мегардад;
– расмӣ будани ҳуқуқ, яъне ҳуқуқ як шакли зуҳуроти махсус дорад, ки танҳо дар он шакл барои иҷро ҳатмӣ мегардад. Масалан, он дар шакли Конститутсия, Қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои ҷорӣ, фармонҳо, низомномаҳо ва ғайра вуҷуд дорад;
– умумиҳатмӣ будани ҳуқуқ, яъне бо баробари қабул шудан меъёрҳои ҳуқуқӣ аз ҷониби ҳамаи аъзоёни ҷомеа бояд иҷро карда шаванд;
– кафолатнок будани ҳуқуқ, яъне ҳуқуқҳои эълоншуда бо низоми ҳуқуқи ҶТ кафолат дода мешаванд. Масалан, ҳуқуқ ба фаъолияти соҳибкорӣ бо роҳҳои гуногун ба амал бароварда мешавад, аз ҷумла бо роҳи фаъолияти инфиродии соҳибкорӣ ё бо роҳи фаъолияти коллективии соҳибкорӣ.
– бо чораҳои маҷбуркунии давлатӣ таъмин намудани иҷрои ҳуқуқ. Бо ин нишона ҳуқуқ аз дигар меъёрҳои иҷтимоӣ фарқ дорад.
Функсияи ҳуқуқ – ин амалӣ шудани таъминоти иҷтимоии ҳуқуқ мебошад, ки ҳам аз танзимнамоии ҳуқуқӣ (дар соси воситаҳои ҳуқуқӣ, аз қабили меъёрҳои ҳуқуқӣ, муносибатҳои ҳуқуқӣ, санадҳои татбиқи ҳуқуқ ва ғ.) ва таъсиррасонии ҳуқуқӣ (тавассути воситаҳои ғайриҳуқуқӣ ба монанди воситаҳои ахбори умум, ташвиқоти ҳуқуқӣ ва ғ. ) иборат аст.
Ҳамин тариқ, функсияи ҳуқуқ гуфта, роҳҳои асосии танзим ва таъсиррасонии ҳуқуқиро меноманд.
Дар адабиётҳои ҳуқуқӣ функсияҳои гуногуни ҳуқуқ, аз қабили функсияи иқтисодӣ, функтсияи сиёсӣ, функтсияи тарбиявӣ, экологӣ ва ғайраҳоро ҷудо менамоянд.
Дар баробари ин, функсияиҳои махсуси ҳуқуқиро низ ҷудо мекунанд, аз қабили, функсияи танзимсозанда ва ҳифзкунанда.<sup/>
§ 2. Мафҳум, намуд ва таркиби меъёрҳои ҳуқуқӣ.
Меъёри ҳуқуқ ҷузъи ибтидоии ҳуқуқ мебошад. Ҳамчун унсури ибтидоӣ, меъёри ҳуқуқ гуфта, қоидаи рафтори муайянеро меноманд, ки барои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ равона карда шудааст.
Оиди меъёрҳои ҳуқуқӣ дар адабиётҳои ҳуқуқӣ баҳсҳо вуҷуд доранд, чунки қонунгузор мафҳуми меъёри ҳуқуқро надодааст, чуноне, ки мафҳуми қонунии худи ҳуқуқ низ вуҷуд надорад.
Меъёри ҳуқуқ аз се қисмати асосӣ, яъне гипотеза, диспозитсия ва санксия иборат мебошад.
Тавассути нишонаҳои зайл меъёрҳои ҳуқуқӣ аз дигар меъёрҳои иҷтимоӣ фарқ мекунанд:
– меъёрҳои ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомотҳои давлатӣ ва дар ҳолатҳои бо қонун пешбинигардида, тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул карда мешаванд;
– меъёрҳои ҳуқуқӣ хусусияти фардӣ надоранд, яъне онҳо барои доираи номаҳдуди шахсон пешбинӣ шудаанд;
– меъёрҳои ҳуқуқӣ одатан бемӯҳлат мебошанд ё дар доираи муайяни вақт амали менамоянд;
– иҷрои меъёрҳои ҳуқуқӣ бо чораҳои маҷбуркунии давлатӣ таъмин карда мешавад.
Меъёрҳои ҳуқуқиро вобаста ба асосҳои гуногун тасниф намудан мумкин аст. Масалан, вобаста ба тарзи ифодаёбӣ: меъёрҳо – мафҳумҳо; меъёрҳо – принсипҳо, меъёрҳои техникӣ, меъёрҳо – қоидаҳои рафтор, меъёрҳои умумӣ ва меъёрҳои махсус.
Вобаста ба соҳаҳои ҳуқуқ: меъёрҳои ҳуқуқи конститутсионӣ, маъмурӣ, меҳнатӣ, соҳибкорӣ ва ғайра.
Вобаста ба хусусият меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи мурофиавӣ.
Вобаста ба усули танзимнамоӣ: меъёрҳои императивӣ, диспозитивӣ, тавсиявӣ, ҳавасмандгардонӣ.
Вобаста ба шаклҳои ифодаёбӣ:
1) меъёрҳои ваклатдоркунанда. Масалан, ҳуқуқ ба ҳаёт, таҳсил, мусофират, ихтиёрдорӣ намудани қобилияти меҳнатӣ ва ғайра:
2) меъёрҳои ӯҳдадоркунанда, яъне меъёрҳое, ки ба зиммаи шахс иҷро намудани ӯҳдадории муайянро мегузоранд. Масалан, мувофиқи моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд, ки Консти-тутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд;
3) меъёрҳои манъкунанда – меъёрҳое, ки содир намудани амалҳои муайянро манъ мекунанд. Масалан, мувофиқи моддаи 97 Конститутсияи ҶТ- прокурор ба истиснои фаъолияти илмӣ, эҷодӣ ва омӯзгорӣ наметавонад вазифаи дигареро иҷро намояд: вакили мақомоти намояндагӣ; узви ягон ҳизб ва созмонҳои сиёсӣ бошад; ва ё ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шавад.
Чуноне қайд намуда будем, меъёрҳои ҳуқуқ аз се унсур иборатанд: гипотеза, диспозитсия ва санксия.
Гипотеза, гуфта он қисми меъёри ҳуқуқиеро меноманд, ки шароитҳои татбиқи онро муқаррар менамояд. Тазаккур бояд дод, ки гипотезаи меъёрҳои ҳуқуқӣ аз мазмуни он бароварда мешавад, яъне бевосита дар худи меъёр нишон дода намешавад. Якчанд намуди гипотезаро ҷудо мекунанд: 1) гипотезаи оддӣ; 2) гипотезаи мураккаб; 3) гипотезаи алтернативӣ.
Диспозитсия – қисми меъёри ҳуқуқ аст, ки дар он қоидаи рафтор инъикос шудааст. Диспозитсияро низ ба намудҳо ҷудо намудан мумкин аст: 1) диспозитсияи оддӣ; 2) диспозитсияи мукаммал; 3) диспозитсияи ҳаволакунанда; 4) диспозитсияи бланкетӣ.
Санксия – он қисми меъёри ҳуқуқӣ мебошад, ки оқибатҳои номусоидро барои вайрон намудани дисопзитсия муқаррар менамояд.
Якчанд намуди санксия мавҷуд аст:
а) санксияи ҷаримавӣ; б) санксияи пешгирикунанда; в) санксияи барқароркунанда.
Санксияро инчунин вобаста ба соҳаҳои ҳуқуқ тасниф намудан мумкин аст. Масалан, санксияҳои ҳуқуқи ҷиноӣ, ҳуқуқи маъмурӣ, ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи меҳнатӣ.
Вобаста ба ҳадди оқибатҳои номусоид чунин намудҳои санксияро ҷудо намудан мумкин аст:
– санксияҳои мутлақо муайяншуда, яъне оқибати номусоидро аниқ нишон додаанд. Масалан, ҳаҷми ҷарима, аз кор озод кардан;
– санксияи нисбатан муайяншуда, ки дар он ҳадди оқибатҳои номусоид аз камтарин то зиёдтарин муқаррар шудааст;
– санксияи алтернативӣ, ки бо истифода аз пайвандакҳои «-ё», «ё ин ки» якчанд намуди оқибатҳои номусоидро муқаррар менамояд.
§ 3. Мафҳум ва таснифи сарчашмаҳои ҳуқуқ.
Сарчашмаи ҳуқуқ пеш аз ҳама шакли ифодаёбии натиҷаи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии мақомотҳои дахлдори давлатро меноманд. Сарчашмаиҳои ҳуқуқ вобаста ба мавқеъ ва ҳолати ҳуқуқии мақомоти давлатие, ки онҳоро қабул намудаанд, гуногун мебошанд.
Ду тарзи асосии ба вуҷуд омадани санадҳои ҳуқуқиро ҷудо намудан мумкин аст. Якум, тавассути ҳуқуқэҷодкунӣ ва дуюм, бо роҳи маъқулшумории санадҳое, ки аз ҷониби ташкилотҳои ҷамъиятӣ ё мақомотҳои худидораи ҷамъиятӣ қабул карда шудаанд. Дар замони ҳозира тарзи нави ба вуҷуд омадани сарчашмаҳои ҳуқуқиро низ ҷудо менамоянд, ки бо номи сарчашмаҳои ваколатӣ машҳур мебошанд.
Ҳуқуқэҷодкунӣ фаъолияти махсуси мақомоти давлатӣ ва халқ мебошад, ки дар натиҷаи он санадҳои ҳуқуқӣ қабул карда мешаванд. Ҳуқуқэҷодкунӣ якчанд давраро дар бар мегирад:
1) тайёр намудани лоиҳаи асноди ҳуқуқӣ;
2) муҳокимаи асноди лоиҳаи санади ҳуқуқӣ;
3) қабул намудани санади ҳуқукӣ;
4) нашр намудани санади ҳуқуқӣ;
5) мавриди истифода қарор додани санади ҳуқуқӣ.
Маъқулшуморӣ низ фаъолияти мақомоти дахлдори давлатӣ буда, тавассути он ба меъёри баррқаршаванда қувваи ҳуқуқӣ дода мешавад. Дар ин ҷо пеш аз ҳама санадҳои меъёриеро номбар кардан мумкин аст, ки аз ҷониби ташкилотҳои ҷамъиятӣ ё ин ки ташкилотҳои худидораи ҷамъиятӣ қабул карда шудаанд ва минбаъд аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ ба онҳо қувваи ҳуқуқӣ дода шудааст. Масалан, оинномаи намунавии колхози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби съезди колхозчиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2004) қабул карда шудааст. Азбаски ин мақомот ташкилоти худидораи ҷамъиятӣ аст, меъёрҳои он хусусияти тавсиявӣ доранд. Агар ҳамин оинномаро мақомоти дахлдори давлатӣ дида бароянд ва ба он қувваи ҳуқуқӣ диҳанд, меъёрҳои он барои иҷро ҳатмӣ мегардад ва ин тарзи дуюми ба вуҷуд омадани сарчашмаҳои ҳуқуқӣ мебошад.
Сарчашмаҳои ҳуқуқи ваколатӣ дар соҳаи ҳуқуқи соҳибкорӣ, кишоварзӣ, маъмурӣ ва ғайраҳо ҷой доранд. Таъйиноти асосии ин сарчашмаҳо низ танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошад, вале хусусияти фарқкунандаи ин сарчашмаҳо дар он зоҳир меёбад, ки онҳо аз ҷониби мақомотҳои поёнӣ ё худидораи ҷамъиятӣ қабул карда мешаванд. Дар соҳаи ҳуқуқи маъмурӣ ин гуна сарчашмаҳо пас аз тасдиқ шуданашон аз ҷониби мақомоти дахлдор мавриди истифода қарор дода мешаванд. Дар соҳаи ҳуқуқи соҳибкорӣ чунин тартиб талаб карда намешавад.
Сарчашмаҳои ҳуқуқро вобаста ба асосҳои гуногун тасниф намудан мумкин аст. Аз ҷумла, вобаста ба қувваи ҳуқуқӣ, сарчашмаҳои ҳуқуқро ба қонун ва санадҳои зерқонунӣ ҷудо мекунанд.
Қонун санади меъёрӣ-ҳуқуқест, ки аз ҷониби мақомоти Олии қонунгузор қабул шуда, қувваи олии ҳуқуқиро дорад ва муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятиро танзим менамояд. Чунин намуди қонунҳоро ҷудо намудан мумкин аст: қонуни асосӣ Конститутсия (Сарқонун); қонунҳои конститутсионӣ; қонунҳои ҷорӣ.
Санадҳои зерқонунӣ дар асоси қонун ва баҳри иҷро намудани қонун қабул карда мешавад, аз ҷумла фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои ҳукумат, амр, дастурамал, оиннома, низомнома ва ғайра.
Вобаста ба амал дар макон, сарчашмаҳои ҳуқуқро ба сарчашмаҳое ҷудо менамоянд, ки дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ин, ки дар қисматҳои алоҳидаи он амалӣ мегардад.
Вобаста ба доираи шахсон низ сарчашмаҳоро тақсим намудан мумкин аст, яъне сарчашмаҳое, ки нисбати тамоми аҳолии мамлакат ва сарчашмаҳое, ки нисбати қисми алоҳидаи онҳо, аз қабили занон, ҷавонон ва ғайра паҳн мешаванд.
Сарчашмаҳои ҳуқуқиро вобаста ба мақомоте, ки онҳоро қабул намудаанд, низ тасниф намудан мумкин аст.
Сарчашмаҳои ҳуқуқ вобаста ба соҳаҳои ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сарчашмаҳои ҳуқуқи конститутсионӣ; ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи меҳнат ва ғайра тасниф мешаванд.
5 Загрузки