Ҳолати ҳуқуқии соҳибкор

§ 1. Ҳуқуқ ба фаъолияти соҳибкорӣ: асосҳои ба вуҷудоӣ ва тарзҳои амали намудани он

Машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ яке аз ҳуқуқҳои асосӣ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як кас ҳуқуқи озодона истифода намудани қобилият ва амволи хешро баҳри фаъолияти соҳибкорӣ ва фаъолияти дигари бо қонун манънашуда пешниҳод намудааст. Озодона ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ ҷузъи таркибии принсипи Конститутсионии озодии иқтисодӣ ва соҳибкорӣ мебошад (м. 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ якчанд паҳлӯҳоро дар бар мегирад, аз ҷумла интихоби озодонаи самти фаъолият, намуд ва шакли фаъолияти соҳибкорӣ. Фаъолияти соҳибкорӣ дар самти истеҳсолот, савдо ё расонидани хизмат сурат гирифтанаш мумкин аст.

Шаҳрванд ҳуқуқ дорад ба ин ё он намуди фаъолияти соҳибкорӣ, аз қабили фаъолияти бонкӣ, суғуртавӣ, биржавӣ ва ё ба истеҳсоли намуди алоҳидаи маҳсулот ва ғайра машғул шавад. Шаҳрванд дар баамалбарории фаъолияти соҳибкорӣ озод буда, метавонад онро дар шакли инфиродӣ, яъне бидуни таъсиси шахси ҳуқуқӣ ё бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ амалӣ гардонад. Ҳангоми таъсис додани шахси ҳуқуқӣ шаҳрванд ҳуқуқи мустақилона интихоб намудани шакли ташкили – ҳуқуқии ташкилотро, ки қонун пешбинӣ намудааст, дорад. Дар баробари шаҳрвандони ватанӣ шаҳрвандони хориҷӣ низ метавонанд ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шаванд<sup/>.

Қонун дар шаклҳои алоҳида ба амал баровардани фаъолияти муайяни соҳибкориро маҳдуд мекунад. Масалан, Қонун “Дар бораи фаъолияти аудиторӣ” муқаррар менамояд, ки ташкилоти аудиторӣ дар ҳамаи шаклҳои ташкилӣ-ҳуқуқӣ, ба истиснои ҷамъияти саҳомии шакли кушода, таъсис дода мешавад.

Шартҳои ҳуқуқӣ барои оғоз намудани фаъолияти соҳибкорӣ бо қонунгузории ҷорӣ муқаррар карда шудаанд.

Табиати ҳуқуқии принсипи озодии соҳибкорӣ чунин маъно дорад, ки ҷамъият талаботҳои табиии инсонро оиди ба амал баровардани манфиатҳои иқтисодие, ки бо ба даст овардани даромади шахсӣ, таъмини заминаи моддӣ барои амали намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва ба даст овардани дигар самараҳои мусбӣ, ки ба таъмини боигарии ҷамъият алоқаманд мебошанд, эътироф менамояд.

Фаъолияти соҳибкорӣ бо мақсади ҳимояи сохти констиутсионӣ, ахлоқ, бехатарӣ, ҳифзи ҳаёт, саломатӣ, ҳуқуқ, манфиат ва озодиҳои дигар шахсон, таъмин намудани манфиатҳои мудофиаи кишвар ва бехатарии давлат, ҳифзи муҳити зист, арзишҳои маданӣ, роҳ надодан ба суиистеъмоли ҳолати бартариятнок дар бозор ва рақобати бевиҷдонона маҳдудиятҳо муқаррар менамояд (қ 3 м. 14 Конститутсияи ҶТ; қ 3 м. 3 КГ ҶТ).

Ба сифати маҳдудиятҳо инчунин шартҳои оғоз намудани фаъолияти соҳибкориро низ дохил намудан мумкин аст. Аз ҷумла:

– қобилияти шаҳрвандон ва ташкилотҳо барои ба сифати субъекти ҳуқуқ баромад намудан;

– қайди давлатии субъекти фаъолияти соҳибкорӣ;

– гирифтани иҷозатномаи махсус барои машғул шудан ба намудҳои алоҳидаи фаъолияти соҳибкорӣ.

Дар сурати ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ бидуни бақайдгирии давлатӣ ё иҷозатномаи махсус чунин фаъолият ғайриқонунӣ маҳсуб шуда, барои он ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар шудааст<sup/>.

Ҳуқуқ ба фаъолияти соҳибкорӣ қисми таркибии қобилияти ҳуқуқдории шаҳрвандон ( м 19 КГ ҶТ) ва шаҳрвандони хориҷӣ низ мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони хориҷӣ низ метавонанд ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шаванд ба истисноӣ шаҳрвандони он давлатҳое, ки нисбати онҳо реторсия татбиқ карда шудааст<sup/>.

Бинобар ин танҳо шаҳрванде, ки дорои қобилияти пурраи амалкунӣ мебошанд ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуда метавонанд.

Қобилияти ҳуқуқдории ташкилотҳои тиҷоратӣ бошад мутобиқи қисми 2 моддаи 51 КГ ҶТ аз лаҳзаи қайди давлатӣ ба вуҷуд меояд. Дар адабиётҳои ҳуқуқӣ ин қисмати қонунгузории гражданӣ зери шубҳа гузошта шудааст. Дар ҳақиқат қайд бояд кард, ки қайди давлатии ташкилоти тиҷоратӣ ин тасдиқ намудани иттилооти муайян дар бораи шахси ҳуқуқи ва ҳамин тариқ ҳимояи манфиатҳои ҷамъиятӣ мебошад ва набояд ҳамчун шарти машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ, баҳо дода шавад.

Талаботи қайди давлатӣ ҳам ба шаҳрвандон ва ҳам ба шахсони ҳуқуқӣ дахл дорад (М. 24 ва 51 КГ ҶТ), чунки ин талабот барои баҳисобгирӣ ва назорати онҳо зарур аст<sup/>. Қонунгузорӣ дар бораи қайди давлатӣ аз КГ ҶТ, Қонун «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» (19 майи соли 2009, № 508) ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 – уми майи соли 2008, таҳти рақами 273 «Дар бораи тартиби гирифтани патент аз ҷониби шаҳрвандоне, ки фаъолияти соҳибкориро бидуни таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба амал мебароранд» ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ иборат аст.

Бақайдгирии давлатӣ мувофиқи принсипи «равзанаи ягона» аз ҷониби мақомоти андоз ба амал бароварда мешавад.

Бақайдгирии давлатӣ аз ҷониби мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ мувофиқи принсипи «равзанаи ягона» бе гузаронидани экспертизаи ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида амалӣ гардонида мешавад.

Бақайдгирии давлатӣ мувофиқи принсипи «равзанаи ягона» мазмуни зеринро дорад:

1) барои бақайдгирии давлатӣ аризадиҳанда ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкурро танҳо ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ аз рӯи маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) шахси ҳуқуқӣ (маҳалли зисти роҳбари шахси ҳуқуқӣ), маҳалли зисти (фаъолияти) соҳибкори инфиродӣ, маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ (маҳалли зисти роҳбари филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ) пешниҳод менамояд. Барои дурустии ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида ва пуррагии маълумоти дар онҳо инъикосёфта аризадиҳанда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгариро ба зимма дорад;

2) мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ маълумотро дар бораи шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ, филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷиро ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ворид намуда, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатиро медиҳад. Бақайдгирии давлатӣ дар Феҳристи ягонаи давлатӣ бақайдгирии яквақтаро дар мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ, мақомоти давлатии омор ва мақомоти суғуртаи иҷтимоии давлатиро дар назар дорад.

3) ҳангоми бақайдгирӣ дар Феҳристи ягонаи давлатӣ ба субъектҳо Рақами ягонаи мушаххас дода мешавад, ки барои ҳар як шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ, филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ такрорнашаванда мебошад. Рақами ягонаи мушаххас ҳам барои бақайдгирӣ дар Феҳристи ягонаи давлатӣ, ҳам барои қайди баҳисобгирӣ дар мақомоти давлатии омор ва мақомоти суғуртаи иҷтимоии давлатӣ истифода бурда мешавад.

Мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ:

1) дар муддати се рӯз пас аз анҷом додани бақайдгирии давлатӣ маълумоти ба Феҳристи ягонаи давлатӣ воридкардашударо ба мақомоти давлатии омор ва мақомоти суғуртаи иҷтимоии давлатӣ дар шакли электронӣ мефиристад;

2) дастрасии гирифтани маълумот аз Феҳристи ягонаи давлатӣ барои мақомоти давлатии омор ва мақомоти суғуртаи иҷтимоии давлатӣ таъмин менамояд.

Рақами ягонаи мушаххас танҳо як маротиба ҳангоми бақайдгирии аввалия дода мешавад, дар тамоми давраи фаъолият бояд тағйир наёбад ва дар мавриди бекор гардидани бақайдгирии субъекти мушаххас ба дигар субъект дода нашавад.

Субъектҳои бақайдгирифташуда ӯҳдадор аст, ки рақами ягонаи мушаххаси худро дар мукотибаи худ бо шахсони сеюм нишон диҳанд.

Мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ҳангоми додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ онҳоро дар бораи ӯҳдадории пешниҳод намудани ҳисоботи давлатии муқарраргардида ба мақомоти давлатии омор, суғуртаи иҷтимоии давлатӣ бо роҳи қайд намудани ин ӯҳдадорӣ дар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ хабардор мекунад (м. 4 Қонун «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ»).

Мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

1. Мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

1) пешбурди сиёсати ягонаро дар соҳаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ таъмин менамояд;

2) Пешбурди Феҳристи ягонаи давлатиро амалӣ месозад ва дастрас будани маълумоти онро таъмин менамояд;

3) шакли аризаҳоро барои бақайдгирии давлатӣ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ, инчунин шакли ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷиро муқаррар менамояд;

4) маълумотро дар бораи шахсони ҳуқуқии ба қайдгирифташуда, аз нав ташкилгардида ва барҳамдодашуда, соҳибкорони инфиродии ба қайдгирифташуда ва фаъолияташон қатъгардида, намояндагиҳои таъсисдодашуда ва фаъолияти худро қатънамудаи шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, тағйир ёфтани маълумоти ба Феҳристи ягонаи давлатӣ воридгардидаро дар сомонаи расмии худ ҷойгир намуда, онро мунтазам нав мегардонад;

5) дигар ваколатҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

Мақомоти андози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо дорои ваколатҳои зерин мебошанд:

1) бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷиро амалӣ менамоянд ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатиро медиҳанд;

2) маълумотро дар бораи бақайдгирии давлатӣ ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ворид менамоянд;

3) ба Феҳристи ягонаи давлатӣ тағйиру иловаҳоро ворид менамоянд;

4) нусха ва маълумотномаро аз Феҳристи ягонаи давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур медиҳанд;

5) дигар ваколатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкурро амалӣ менамоянд (м. 5 Қонун «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ»).

Бақайдгирии давлатии ташкилоти тиҷоратӣ дар ҷойи мақомоти иҷроияи ин ташкилот ба амал бароварда мешавад. Барои ба қайдгирии ташкилоти тиҷоратӣ ариза дар бораи бақайдгирӣ пешниҳод карда мешавад, ки ба он суратмаҷлиси маҷлиси муассисон ё (ва) шартномаи таъсис замамима карда мешавад. Қайди давлатӣ дар мӯҳлати то 5 рӯзи корӣ аз лаҳзаи пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои нишондодашуда ва пардохти боҷи давлатӣ анҷом дода мешавад (м.10 Қонуни ҶТ «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ»).

Чунин тартиби бақайдгирии давлатӣ аёнӣ – меъёрӣ номида мешавад ва чунин маъно дорад, ки давлат аз дахолати бевосита ба ин тартибот даст мекашад ва ин талабот ба маънои иҷозатдиҳӣ набояд фаҳмида шавад. Санади қайди давлатӣ маънои ба шахсони ҳуқуқӣ пешниҳод намудани ваколати махсусро барои машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ надошта, балки дохил намудани маълумот оиди ташкилоти тиҷоратӣ дар феҳристҳои давлатӣ мебошад<sup/>.

Ҳангоми анҷом додани қайди давлатӣ, мақомоти бақайдгиранда бояд ба се масъала диққат диҳад, аз ҷумла:

– ҳӯҷҷатҳои таъсисӣ бояд ба талаботҳои қонунгузорӣ мувофиқ бошанд;

– маълумотҳое, ки дар ҳӯҷҷатҳои бақайдгирӣ омадаанд дурустанд;

– тартиби бо қонун муқарраршудаи таъсиси ташкилотҳои тиҷоратӣ пурра риоя шуда, сармояи оинномавӣ ва розигии мақомоти ваколатдори давлатӣ вуҷуд дорад.

Қайди соҳибкори инфиродӣ аз ҷониби мақомоти андози маҳалли ҷойи истиқомати доимии шаҳрвандон ба амал бароварда мешавад. Қайди давлатии соҳибкори инфиродӣ бо гирифтани патент ё шаҳодатнома ва дохил намудани ӯ ба феҳрист тасдиқ карда мешавад.

Шаҳрвандон ба ҳама навъи фаъолияти бо қонун манъ нашуда машғул шуда метавонанд. Агар дар шаҳодатномаи бақайдгири намуди алоҳидаи фаъолият нишон додашуда бошад, пас ин чунин маъно дорад, ки шаҳрванд дорои қобилияти махсуси ҳуқуқӣ мебошад.

Шаҳрвандон, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ, метавонанд аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ бидуни таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шаванд.

Қайди давлатии соҳибкорони инфиродӣ хусусияти озод дошта, дар бақайдгирӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ифода ме ёбад.

Нисбати фаъолияти соҳибкории шаҳрвандон, ки бидуни таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба амал бароварда мешавад, агар аз қонунҳо ё моҳияти муносибати ҳуқуқӣ тартиби дигаре барнаояд, пас нисбати онҳо қоидаҳое истифода мешаванд, ки фаъолияти ташкилотҳои тиҷоратиро танзим менамоянд.

Шаҳрвандони зерине, ки фаъолияти соҳибкории зайлро бидуни таъсиси шахси ҳуқуқӣ анҷом медиҳанд, аз бақайдгирии давлатӣ озод карда мешаванд:

а) дар ҳайати хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)» аз 19 майи соли 2009);

б) шаҳрвандоне, ки дар асоси шартномаи пудрат ва шартномаҳои дигари ҳуқуқи гражданӣ корҳои якдафъаинаро анҷом медиҳанд;

в) шаҳрвандоне, ки дар баробари шабакаи савдои яклухту чакана бо фурӯши амволи ба онҳо тааллуқдошта, инчунин маҳсулоти истеҳсолкарда, коркард, харидашуда, аз ҷумла молҳои саноатию озуқаи воридотӣ дар ҷойҳои махсус барои ин мақсад ҷудогардида ё аз тариқи мағозаҳои комиссионӣ машғуланд;

г) шаҳрвандоне, ки даромади аз анҷоми кор ва хизматрасонӣ бадастовардаашон соле аз бист маоши ҳадди ақал зиёд нест.

Шаҳрвандони мазкур ба сифати андозсупоранда ва тартиби андозбандии онҳо мутобиқи қонунҳои андоз ба қайд гирифта мешаванд.

Шаҳрвандоне, ки бидуни таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, дар асоси патенти харидаашон амал мекунанд. Патент шаҳодатномаи ба сифати соҳибкор ба қайди давлатӣ гирифта шудани шаҳрванд мебошад, ки барои машғул шудан ба фаъолияти соҳибкории дар патент пешбинигардида ҳуқуқ медиҳад. Тартиб додани патент ва маблағи боҷи патентро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Мутобиқи замимаи 1 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 – уми майи соли 2008, таҳти рақами 273 қоидаи додани Патент ва Шаҳодатнома оиди бақайдгирии шахсони ҷисмонӣ ба ҳайси соҳибкорони инфиродӣ, ки фаъолияти соҳибкориро бидуни таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба амал мебароранд, «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» номгӯи намудҳои фаъолияти соҳибкорие номбар карда шудааст, ки барои ба амал баровардани онҳо гирифтани патент зарур мебошад.

Патент ба шахсе дода мешавад, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ аз қайди давлатӣ гузашта бошад. Агар ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ якчанд намуди фаъолиятеро дар бар гирад, ки барои ҳар кадоми онҳо гирифтани патенти алоҳида зарур аст, пас чунин фаъолият аз лаҳзаи гирифтани патент ҳамчун фаъолияти расмӣ эътироф карда мешавад.

Ҳамзамон барои ҳар корманди кироя ва аъзои оила, ки меҳнати онҳо дар фаъолияти соҳибкорӣ истифода мешавад, гирифтани патенти алоҳидаро талаб менамояд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2008 таҳти рақами 273 замимаи 3 ба қарори дар боло ишора шуда намудҳои фаъолияти соҳибкорие, ки пардохти андози даромад дар асоси патент ва коэффисентҳои минтақавӣ ба амал бароварда мешаванд, муқаррар карда шудааст. Чунин ҳуҷҷатҳо ба шахсони ҷисмоние дода мешавад, ки фаъолияти соҳибкориро бидуни таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба амал мебароранд.

Бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ дар замони имрӯза мутобиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» бо тартиби зерин ба амал бароварда мешавад.

Бақайдгирии давлатии шахси воқеиро ба сифати соҳибкори инфиродӣ мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дар муддати се рӯзи корӣ аз рӯзи пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои зарури амалӣ мегардонад.

Бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ дар маҳалли зисти (суроғаи) ӯ ҳангоми гирифтани Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ё дар маҳалли анҷомдиҳии фаъолияти соҳибкории ӯ ҳангоми гирифтани Патент барои ҳуқуқи амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкории инфиродӣ анҷом дода мешавад.

Агар пас аз ба охир расидани мӯҳлати дар қисми 1 моддаи мазкур нишондодашуда мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ Қарорро дар бораи бақайдгирии давлатӣ ё рад кардани бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ қабул накарда бошад, мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ӯҳдадор аст, бе таъхир пас аз гузаштани мӯҳлати дар боло нишондодашуда ба Феҳристи ягонаи давлатӣ маълумотро дар бораи шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ворид созад ва ба аризадиҳанда ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии шахси воқеиро ба сифати соҳибкори инфиродӣ диҳад ё онро ба суроғаи дар ариза нишондодашуда фиристад (м. 21 Қонуни ҶТ «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ»).

Барои амалӣ гардонидани бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

1) ариза барои бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ аз рӯи шакли тасдиқнамудаи мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ. Дар ариза маълумоти зерин нишон дода мешавад:

а) ному насаби шахси воқеӣ;

б) маҳалли зисти (суроғаи) шахси воқеӣ барои гирифтани Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ, маҳалли (суроғаи) фарзии анҷомдиҳии фаъолияти соҳибкории шахси воқеӣ барои гирифтани Патент барои ҳуқуқи амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкории инфиродӣ, маълумот барои тамос бо шахси воқеӣ;

в) рақами мушаххаси андозсупорандаи (РМА) шахси воқеӣ;

г) намуди (намудҳои) асосии фаъолияти соҳибкории инфиродӣ, ки шахси воқеӣ хоҳиши анҷом додани онро (онҳоро) дорад;

д) санаи пешниҳод гардидани ариза ва имзои аризадиҳанда.

2) нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсияти шахси воқеиро тасдиқ мекунад, инчунин ду расми андозаи 4×6;

3) нусхаи ҳуҷҷате, ки дар асоси он ба шахси воқеии хориҷӣ сукунат ва амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст (раводид, варақаи бақайдгирӣ, иҷозатномаи иқомат;

4) пардохтномаи (квитансия) боҷи давлатӣ, ё пардохтномаи (квитансия)-и пешпардохти маблағи Патент барои ҳуқуқи амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкории инфиродӣ барои шумораи муайяни моҳ (мӯҳлати амали Патент) – барои шахсоне, ки хоҳиши гирифтани Патент барои ҳуқуқи амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкории инфиродиро доранд (м. 22 Қонуни ҶТ «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ»).

Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии шахси воқеиро ба сифати соҳибкори инфиродӣ Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ва ё Патент барои ҳуқуқи амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкории инфиродӣ мебошанд.

Шахси воқеӣ метавонад фаъолияти соҳибкории инфиродиро дар асоси Патент барои ҳуқуқи амалӣ гардонидани намудҳои фаъолияти соҳибкории инфиродӣ тибқи рӯйхате, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешавад, амалӣ намояд.

Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ҳуҷҷате мебошад, ки барои машғул шудан ба ҳама намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ ҳуқуқ медиҳад, агар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд.

Шахси воқеӣ наметавонад дар як вақт ҳам соҳиби Патент барои ҳуқуқи амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкории инфиродӣ ва ҳам соҳиби Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ бошад.

Дар ҳолати гум кардани Патент барои ҳуқуқи амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкории инфиродӣ ё Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ, соҳибкори инфиродӣ ҳуқуқ дорад ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои гирифтани нусхаи (дубликати) он муроҷиат намояд. Нусхаи (дубликати) Патент барои ҳуқуқи амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкории инфиродӣ ё Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ дар асоси аризаи соҳибкори инфиродӣ дар муддати ду рӯзи корӣ аз рӯзи пешниҳоди ариза бо қайди «Нусха (дубликат)» дода мешавад. Ба ариза эълон дар бораи аз эътибор соқит донистани Шаходатнома ё Патенти гумшуда, ки дар яке аз воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ нашр гардидааст, замима мегардад (м. 23 Қонуни ҶТ «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» Қонуни ҶТ «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ»).

Мутобиқи қисми 2 моддаи 31 КА ҶТ бар хилофи тартиботи муқаррнамудаи бақайдгирӣ ва гирифтани иҷозатнома ё дигар ҳуҷҷат ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шудани шахси воқеӣ боиси ҳамчун соҳибкори инфиродӣ эътироф накардани чунин шахси бо мақсади андозбандӣ асос шуда наметавонад». Чунин тартибот дар қонунгузории гражданӣ низ муқаррар карда шудааст, яъне агар шаҳрванд ба фаъолияти соҳибкорӣ бидуни бақайдгирӣ (иҷозатнома) машғул шавад ё ин намуди фаъолият дар шаҳодатнома нишон дода нашуда бошад, ҳангоми ба вуҷуд омадани баҳс дар хусуси озод шудан аз ҷавобгарӣ наметавонад нисбати аҳдҳои бастааш ба он ҳавола кунад, ки соҳибкор намебошад. Дар ин ҳолат суд нисбати аҳдҳои бастаи ӯ он қоидаю меъёрҳои қонунгузории гражданиро татбиқ менамояд, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ бахшида шудаанд.

Иҷозатдиҳӣ низ фаъолияти мақомоти махсуси давлатӣ мебошад, ки дар натиҷаи он ба субъектони фаъолияти соҳибкорӣ иҷозатнома дода мешавад. Ҳамин тариқ, номгӯи фаъолияте, ки дар қонуни махсус пешбинӣ шудаанд, танҳо дар асоси иҷозатнома ба амал бароварда мешаванд. Иҷозатдиҳӣ гуфта, розигиро меноманд, ки баҳри ба амал баровардани намудҳои алоҳидаи фаъолият бо шартҳои дар он пешбинишуда ҳосил мегардад. Намудҳои фаъолияте, ки дар асоси иҷозат ба амал бароварда мешаванд дониши махсусро талаб менамоянд ва чун қоида фаъолияти сердаромад низ мебошанд. Давлат баҳри таъмин намудани манфиатҳои ҷамъиятӣ дар бахши мудофиаи мамлакат, истеҳсоли лавозимоти ҳарбӣ ва ё ба мақсади ҷорӣ намудани назорати махсус аз болои фаъолияти муайян ва ба мақсади ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон гирифтани иҷозатномаро талаб менамояд.

Иҷозатдиҳӣ барои машғул шудан ба фаъолияти муайяни соҳибкорӣ, аз қабили, фаъолияти тиббӣ ё мушовири ҳуқуқӣ ё барои ба амал баровардани амали алоҳида дар дохили як намуди фаъолият ба амал бароварда мешавад.

Ҳамин тариқ, шаҳрванд новобаста аз қайди давлатӣ ба ҳайси соҳибкори инфиродӣ дар доираи қобилияти умумии ҳуқуқӣ ҳамчун дорандаи ҳуқуқ барои машғул шудан ба фаъолияти соҳибкори боқӣ мемонад.

Талаботи қайди давлатии соҳибкори инфиродӣ баҳри машғул шудан ба фаъолияти соҳибкории коллективӣ вуҷуд дорад, масалан, барои ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ дар шаклҳои ширкати хоҷагӣ чун қоида муассисони ширкати пурра соҳибкорони инфиродӣ ё ташкилотҳои тиҷоратӣ мебошанд (м.69 КГ ҶТ).

Бинобар ин шаҳрванд ва ҳамкорон сараввал бояд ё ташкилоти тиҷоратиро таъсис диҳанд ё ба ҳайси соҳитбкори инфиродӣ аз қайд гузаранд ва танҳо баъд аз ин метавонанд ширкати хоҷагиро таъсис диҳанд

Иҷозатнома – гуфта розигии махсусро меноманд, ки барои ба амал баровардани намуди мушахаси фаъолият бо риояи ҳатмии талабот ва шартҳои иҷозат аз ҷониби мақомоти иҷозатдиҳанда ба шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ дода мешавад (қ 1 м. 1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатдиҳии намудҳои алоҳидаи фаъолият»).

Зери мафҳуми иҷозатдиҳӣ – чорабиниҳое фаҳмида мешаванд, ки бо пешниҳод намудани иҷозатнома, аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳое, ки иҷозатномаро тасдиқ менамоянд, боздоштан ва аз нав оғоз намудани амали иҷозатнома, бекор намудан ва назорати мақомотҳои иҷозатдиҳанда аз рӯи риояи талабот ва шартҳои иҷозатнома, ҳангоми амали намудани фаъолияти иҷозатидиҳи фаҳмида мешавад (б.4 м.1 Қонуни ҶТ « Дар бораи иҷозатдиҳии намудҳои алоҳидаи фаъолият») .

Як қатор намудҳои алоҳидаи фаъолияте, ки зарурати иҷозатномаро тақозо менамоянд, дар моддаи 17 Қонуни мазкур муқаррар карда шудаанд, аз ҷумла фаъолияти, алоқаманд бо паҳн намудани воситаҳои рақамӣ, воситаҳои низоми иттилоотӣ, имзои электронии рақамӣ, воситаҳои ҳимояи иттилооти махфӣ, истеҳсоли лавозимот ва техникаи ҳарбӣ, таъмири лавозимот ва техникаи ҳарбӣ, истифодаи объектҳои истеҳсолии тарканда, тиббӣ, хизматрасонии нақлиётӣ, аудиторӣ ва ҳоказо.

Намудҳои алоҳидаи фаъолият, аз қабили фаъолияти биржавӣ, бонкӣ, суғурта, иқтисоди беруна бо қонунҳои алоҳида танзим мешаванд.

Азбаски иҷозатдиҳӣ чораи дахлдори маҳдуд намудани озодии фаъолияти соҳибкорӣ мебошад, бинобар ин таъмини адолат дар ин самт зарурати қабули қонунеро дорад, ки дар он принсипҳои умумӣ ва талаботи мушахасро ба тартиби иҷозатдиҳи пешбинӣ мекарда бошад. Дар моддаи 4 Қонун меъёрҳои муайян кардани намудҳои фаъолияте, ки барояшон иҷозатнома дода мешавад муқаррар карда шудаанд. Масалан, намуди фаъолияте, ки ба амал баровардани он боиси расонидани зарар ба ҳуқуқ, манфиатҳои қонунӣ, саломатии шаҳрвандон, мудофиа ва бехатарии давлат, мероси мадании халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мегарданд ва танзими онҳо бо дигар усулҳо бағайр аз иҷозатдиҳӣ имконнопазир мебошад.

Иҷозатдиҳӣ ба як қатор принсипҳо асос меёбад, ки дар қонун муқаррар карда шудаанд, аз ҷумла;

– таъмин намудани фазои ягонаи иқтисодӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– муқаррар намудани номгӯи ягонаи намудҳои фаъолияте, ки иҷозатномаро талаб менамоянд;

– муқаррар намудани тартиби ягонаи иҷозатдиҳӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– муқаррар намудани талабот ва шарти махсуси иҷозатдиҳӣ ба намудҳои алоҳидаи фаъолият;

– ошкоро ва шафоф будани иҷозатдиҳӣ;

– риояи қонуният ҳангоми ба амал баровардани иҷозатдиҳӣ.

Иҷозатнома пеш аз ҳама нишонаҳои миқдориро дар бар мегирад, аз ҷумла, вақт, ҳудуд ва дигар доираҳои ба амал баровардани намуди фаъолият. Шартҳои дигар ба худи соҳибкор дахл доранд ва номгӯи ваколатҳоеро дар бар мегиранд, ки барои ба амал баровардани намуди фаъолияти иҷозат додашуда зарур мебошанд. Барои ба амал баровардани намудҳои алоҳидаи фаъолияте, ки донишу малакаи махсусро талаб менамоянд, соҳибкори инфиродӣ ё корманди ташкилоти тиҷоратӣ бояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаро пешниҳод намоянд ё ин ки дар ташкилотҳое, ки аз ҷониби мақомоти иҷозатдиҳи ваколатдор карда шудаанд, аз санҷиш гузаранд. Тазаккур додан зарур аст, ки ин шарти иловагии гирифтани иҷозатнома мебошад.

Дар баъзе ҳолатҳо қонун талаб менамояд, ки ҳангоми ба амал баровардани фаъолияти муайяне, ки дар асоси иҷозат ба амал бароварда мешавад, соҳибкор набояд ҳуқуқи ба дигар фаъолият машғул шуданро дошта бошад. Масалан, фаъолияти бонкӣ, аудиторӣ ва ҳоказо.

Ҳамин тариқ, намуди муайяни фаъолият- фаъолияти истисноии субъекти соҳибкорӣ мегардад.

Иҷозатнома ба мӯҳлати 5 сол дода мешавад. Мақомотҳои иҷозатдиҳанда феҳристи иҷозатномаҳоро пеш мебаранд. Мақомоти иҷозатномадиҳанда ӯҳдадор аст, ки мӯҳлати аз ҷониби иҷозатномадор бартараф кардани қонуншиканиро, ки боиси боздоштани амали иҷозатнома гардидааст, муқаррар намояд. Мӯҳлати нишондодашуда набояд аз се моҳ зиёд бошад. Агар иҷозатномадор қонуншиканиҳои мазкурро дар мӯҳлати муқарраршуда ислоҳ накарда бошад, мақомоти иҷозатномадиҳанда ӯҳдадор аст ба суд муроҷиат намуда, бекор кардани иҷозатномаро талаб намояд. (қ.2 м.14 Қонун).

Бекор намудани иҷозатнома бо тартиби судӣ дар асоси муроҷиатномаи мақомоти иҷозатдиҳанда ба амал бароварда мешавад, агар соҳибкор дар мӯҳлати муқаррар кардашуда, яъне дар мӯҳлати се моҳ камбудиҳои ошкоргардидаро бартараф накунад ва ё ин ки вайрон намудани талабот ва шарти иҷозатнома боиси расонидани зарар ба ҳуқуқ ё ин ки мероси мадании халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гардад. Иҷозатномаро мақомоти иҷозатномадиҳанда низ метавонад дар ҳолати насупоридани боҷи давлатӣ барои гирифтани иҷозатнома бекор намояд.

§ 2. Мафҳум ва намудҳои субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ.

Ҳуқуқи соҳибкорӣ фаъолияти субъектҳои гуногунро, ки ба доираи фаъолияти соҳибкорӣ ҷалб шудаанд, танзим менамояд. Субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ, тамоми шахсоне мебошанд, ки фаъолияти онҳо бевосита барои ба даст овардани фоида равона шудааст ва ҳолати ҳуқуқии онҳо бо ҳуқуқи соҳибкорӣ муайян карда шудааст. Доираи чунин шахсон ниҳоят васеъ мебошанд.

Маъмултарини онҳо шахсони тиҷоратӣ ва соҳибкорони инфиродӣ мебошанд, ки нақши муҳимро дар муттаҳид ва истифода намудани захираҳои асосӣ ва дигар захираҳои иқтисодӣ мебозанд. Тамоми соҳибкорони инфиродӣ ва ташкилотҳои тиҷоратӣ мувофиқи қонунгузорӣ бояд аз қайди давлатӣ гузаранд. Ҳамаи онҳо дорои қобилияти ҳуқуқдории гражданӣ мебошанд ва аз номи худ дар муомилоти иқтисодӣ баромад мекунанд. Ташкилотҳои тиҷоратӣ дар шаклҳои ташкилӣ – ҳуқуқии зерин таъсис дода шуда, фаъолият менамоянд, аз ҷумла ширкат ва ҷамъиятҳои хоҷагӣ, кооперативҳои истеҳсолӣ, корхонаҳои давлатӣ.

Субъектҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ дорои чунин нишонаҳо мебошанд:

1) ба таври дахлдор аз қайди давлатӣ ё дигар тарзи расмикунонӣ гузаштаанд;

2) дорои ваколатҳои хоҷагӣ мебошанд;

3) дорои амволи алоҳидаи барои фаъолияти соҳибкорӣ зарур мебошанд;

4) дорои масъулияти мустақилонаи амволӣ мебошанд<sup/>.

Ба сифати субъекти фаъолияти соҳибкорӣ шаҳрвандонеро низ дохил кардан мумкин аст, ки бидуни қайди давлатӣ ба хизматрасонӣ, истеҳсоли мол, иҷрои кор машғуланд, ё бо дигар тарз амволи худро мустақилона ва дар асосҳои доимӣ ба мақсади ба даст овардани фоида истифода менамоянд. Суд метавонад ба аҳдҳои бастаи онҳо, қоидаҳои аҳдҳоеро, ки аз фаъолияти соҳибкорӣ бармеоянд татбиқ намояд.

Дар баробари ин чунин субъектҳои фаъолияти соҳибкориро низ ҷудо кардан мумкин аст, ки (ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ) вазифаи асосии онҳо ба амал баровардани фаъолияти ғайритиҷоратӣ, ғайрихоҷагӣ мебошад. Барои ба даст овардани мақсадҳои худ онҳо метавонанд амалҳои соҳибкориро анҷом диҳанд, вале қобилияти ҳуқуқдории онҳо дар доираи мақсадҳое, ки баҳри ба даст оварданашон таъсис ёфтаанд, маҳдуд карда мешавад (қ.3 м.50 КГ ҶТ).

Ба гурӯҳи дигари субъектҳои соҳибкорӣ шаҳрвандонеро дохил намудан мумкин аст, ки бевосита функсияи соҳибкориро ба амал мебароранд, аз ҷумла аъзоёни мақомоти идоракунии ташкилотҳои тиҷоратӣ. Чун қоида ин субъектҳои соҳибкори захираҳои иқтисодиро барои ба даст овардани фоида истифода мебаранд ва бинобар ин бевосита дар фаъолияти соҳибкорӣ иштирок менамоянд, чунончӣ аъзои шӯрои директорон ё мақомоти якароҳбарии ҷамъияти саҳомӣ мебошанд.

Ба дигар гурӯҳҳои субъектҳои соҳибкорӣ инҳоро дохил намудан мумкин аст:

– филиалҳо, намояндагиҳо ва дигар қисматҳои сохтории ташкилотҳои тиҷоратӣ;

– комплексҳои истеҳсолӣ-хоҷагӣ (холдингҳо), ширкатҳои оддӣ ва дигар иттиҳодияҳои соҳибкорӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ.

Гарчанде кормандони кироя бевосита ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул набошанд ҳам, меҳнати онҳо аҳамияти бараълои иқтисодӣ дошта, ба натиҷаи ин фаъолият таъсири муассир мерасонанд. Дар мамлакатҳои дорои низоми ҳуқуқи континенталӣ кормандон фаъолона дар идоракунии ширкатҳо иштирок менамоянд, яъне онҳо аъзои шӯрои назоратӣ мебошанд (масалан, дар Олмон).

Дар мамлакатҳои дорои низоми ҳуқуқии англо-америкоӣ таҷрибаи саҳмиякунонии кормандон, хусусан кормандоне, ки дар идоракунӣ иштирок менамоянд, паҳн шудааст.

Филиалҳо ҳамчун сохторҳои алоҳидаи истеҳсолӣ, як қисм ё тамоми функсияҳои ташкилоти тиҷоратиро дар ҷои воқеъгардидаи худ ба амал мебароранд, бинобар ин дар бештари мавридҳо ба натиҷаи фаъолият ва самаранокии кори онҳо якҷоя бо натиҷаи фаъолияти ташкилот ё алоҳида баҳо дода мешавад.

Намояндагиҳо манфиати ташкилоти тиҷратиро берун аз ҷойи воқеъшавии мақомотҳои идоракунии он намояндагӣ ва ҳимоя мекунанд. Вуҷуд доштани намояндагӣ аз давомнокии манфиатҳои ташкилот дар ҷойи дигар гувоҳӣ медиҳад.

Дар байни субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ иттиҳодияҳои соҳибкорон ҷойи махсусро ишғол менамоянд, чунки онҳо барои мутамарказ намудани маблағ ва истифодаи онҳо ба манфиатҳои ягона ё дар асосҳои уфуқӣ тавассути бастани шартномаҳои ҳуқуқи гражданӣ, ки дар натиҷа ширкатҳои оддӣ ба вуҷуд меоянд ё дар асоси амудӣ, ки дар атрофии як корхонаи асосӣ, корхонаҳои гуногуни вобаста муттаҳид мешаванд, масалан, холдингҳо, ки муносибатҳои байни иштирокчиён ба принсипи корхонаи асосӣ ва фаръӣ муайян карда мешавад.

Дар мисоли иттиҳодияҳои гурӯҳи дуюм, муносибатҳои иқтисодии назоратӣ, мартаботӣ ва тобеиятии байни шахсони ҳуқуқии зоҳиран мустақил ба вуҷуд меоянд.

Ба субъектҳои соҳибкорӣ шахсонеро дохил намудан мумкин аст, ки қисмати инфраструктураи бозор мебошанд ва дар эҷоди шароити мусоиди фаъолияти иқтисодӣ ширкат меварзанд. Аз ҷумла, биржаҳои молӣ ва фондӣ, фондҳои сармоягузорӣ, фондҳои ғайридавлатии нафақа, мақомотҳои ҳокимияти маҳаллӣ ва ғайраҳо.

§ 3. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои соҳибкор.

Давлат дар санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ҳар як субъекти фаъолияти соҳибкориро муқаррар намудааст. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои соҳибкорон мазмуни муносибатҳои соҳибкориро ташкил медиҳанд, ки аз лиҳози табиати худ гуногун буда, тавассути меъёрҳои ҳуқуқи хусусӣ ва умумӣ танзим мегарданд.

Ҳуқуқи соҳибкор гуфта, таҷассум ва инъикоси мушаххаси принсипи озодии фаъолияти соҳибкориро дар меъёрҳои ҳуқуқӣ меноманд. Мазмуни ҳуқуқи субъективӣ аз маҷмӯи ваколатҳои зерин иборат аст:

1) ҳуқуқи ба амал баровардани амалҳои худӣ;

2) ҳуқуқи талаби иҷрои ӯҳдадорӣ аз ҷониби шахсони дигар ба манфиати соҳибкор;

3) имконияти соҳибкор оид ба ҳимоя намудани манфиатҳои худ.

Гуфтан ҷоиз аст, ки муқаррар намудани ин ё он ҳуқуқи соҳибкор дар як вақт боиси маҳдуд гардидани озодии иқтисодии шахсони дигар мегардад. Бо ҳамин роҳ меъёри қонун бевосита ё бавосита талаботеро муқаррар менамояд, ки шахсони дигарро аз содир намудани амали муайян, ки он боиси халалдор намудани ҳуқуқҳои соҳибкор мегардад, худдори намоянд. Дар баробари ин шахсони муайянро ӯҳдадор менамояд, ки барои ба амал баровардани ҳуқуқи соҳибкор ҳаракати муайянро содир намоянд. Масалан, дар қонун муқаррар намудани ҳуқуқи иштирокчии ширкат ва ҷамъияти хоҷагӣ оиди иштирок намудан дар тақсими фоида (моддаи 70 КГ ҶТ) маънои онро дорад, ки масъалаи тақсимоти фоида ва зарар дар маҷлиси ҳисоботии солона ҳатман бояд баррасӣ шавад. Баррасӣ нагаштани масъалаи мазкур дар маҷлис аз вайрон шудани ҳуқуқ ба тақсимоти фоида дарак медиҳад.

Ӯҳдадории соҳибкор, чораи маҳдуд намудани озодии иқтисодии ӯ мебошад. Дар доираи фаъолияти соҳибкорӣ ӯҳдадории соҳибкор шарти ҳуқуқи будани рафтори ӯ мебошад, ки ба воситаи талаботҳои ҳуқуқӣ ё манъкуниҳои ҳуқуқӣ муқаррар карда мешавад.

Талаботҳои ҳуқуқӣ нишон медиҳанд, ки кадом ҳаракатҳоро соҳибкор бояд ба фоидаи ин ё он шахс ё гурӯҳи шахсон ё умуман давлат содир кунад.

Манъкуниҳои ҳуқуқӣ доираи баамалбарории ҳуқуқҳои соҳибкорро муқаррар намуда, содир намудани ин ё он ҳаракатро манъ менамоянд. Масалан, ташкилоти кредитӣ ҳақ надорад, ки фаъолияти истеҳсолӣ, савдо ё суғуртаро ба амал барорад.

Мазмуни ҳуқуқҳои соҳибкор бо чунин озодиҳои иқтисодии шаҳрванд муайян карда мешаванд, аз ҷумла, ягонагии фазои иқтисодӣ, озодона ҷой иваз намудани мол, хизмат ва воситаҳои молиявӣ, дастгирии рақобат, озодии фаъолияти иқтисодӣ, ки ҳуқуқҳои мувофиқи соҳибкориро муайян менамояд (м.12 Конститутсияи ҶТ ).

Ҳар як соҳибкор мутобиқи принсипи умумиҳуқуқи имкониятҳои якхелаи баробарро барои машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ дорад. Ҳамзамон, новобаста аз ҷойи бақайдгири ва ист ба ҳамаи соҳибкорон ҳолати ҳуқуқии якхела дода мешавад.

Ҳар як соҳибкор ҳақ дорад, баҳри ба амал баровардани фаъолияти худ чунин муҳити ҳуқуқӣ ва қонунгузориро интихоб намояд, ки ба таъмини риояи принсипҳои иқтисодиёти бозаргогнӣ мусоидат намоянд. Соҳибкор ҳуқуқ дорад санадҳо ва амалҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллиро, ки боиси вайрон ё маҳдуд гардидани принсипҳои иқтисодӣ мегарданд, пешгирӣ намояд. Давлат бояд низоми ягонаи танзими ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ, шакл ва усулҳои ҳимояи фаъолияти соҳибкориро дар чорчубаи ҳуқуқи гражданӣ, андоз, маъмурӣ ва дигар соҳаҳои ҳуқуқ таъмин намояд. Аз ҷумла, бо роҳи муқаррар намудани стандартҳои ягонаи бехатарӣ, сифати молу хизмат, омор, сертификатсияи мол ва хизмат, иҷозатдиҳӣ ва ғайра.

Соҳибкорон ҳуқуқ доранд, ки мол ва хизмати худро дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯшанд. Ягон мақомоти давлатӣ ва субъекти хоҷагидорӣ ҳақ надорад, ки воридшавии соҳибкорро ба бозорҳои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуддошта, маҳдуд ё манъ намояд.

Озодии фаъолияти иқтисодӣ чунин маъно дорад, ки ҳар як соҳибкор ҳуқуқ дорад мустақилона ва новобаста аз дигарон на

365
Нет комментариев. Ваш будет первым!