Асосҳои амволии фаъолияти соҳибкорӣ

§ 1. Амвол ҳамчун асоси фаъолияти соҳибкор.

Барои ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ, соҳибкор бояд амволи муайян дошта бошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ҳар як касро барои озодона истифода намудани амволи худ ҷиҳати ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти бо қонун манънашуда мустаҳкам намудааст (м. м. 12, 32 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Гирифтани даромад аз истифодаи амвол як шакли асосии фаъолияти соҳибкорӣ мебошад ( қ 3 м.1 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон). Ҳамин тариқ, амвол ба сифати воситаи баамалбарории фаъолияти соҳибкорӣ баромад мекунад. Ҳамзамон доштани амвол заминаи зарурии машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ низ мебошад. Доштани амволи алоҳида дар ҳуқуқи моликиятӣ, истифодаи хоҷагӣ ё идоракунии оперативӣ як шарти эътироф шудани ташкилот ҳамчун шахси ҳуқуқӣ баромад мекунад (м. 4 КГ ҶТ).

Ҳамзамон, ҳаҷми муайяни амволи алоҳида низ аҳамияти муҳими ҳуқуқӣ дорад. Вуҷуд надоштани амволи зарурӣ дар баъзе мавридҳо сади роҳи бақайдгирии шахси ҳуқуқӣ ё гирифтани иҷозатнома барои ба амал баровардани номгӯи муайяни фаъолият мегардад, масалан, барои анҷом додани хизматрасонии нақлиётӣ ҳангоми вуҷуд надоштани воситаҳои нақлиёт.

Истилоҳи «амвол» дар қонунгузорӣ ба маъноҳои гуногун истифода бурда мешавад. Ба бисёрмаъноии ин истилоҳ ҳанӯз Г.Ф Шершеневич ишора карда буд, ки мувофиқи ақидаи ӯ, мафҳуми амволро аз нигоҳи иқтисодӣ ва аз нигоҳи ҳуқуқӣ фарқ бояд кард.<sup/>

Ба истилоҳи амволе, ки дар фаъолияти соҳибкорӣ истифода бурда мешавад, объектҳоеро низ дохил кардан мумкин аст, ки худ хусусияти моддӣ надошта, арзиши пулӣ доранд, аз ҷумла ҳуқуқхои амволӣ.

Баъзан дар ҳуқуқ ва қонунгузорӣ истилоҳи “амвол” баҳри тавсифи ҳолати молумулкии шахс истифода шуда, дар ин маъно на танҳо амвол ва ҳуқуқҳои амволӣ, балки ӯҳдадорҳои шахси мушаххас низ ба он дохил карда мешаванд, аз ҷумла амволи корхона, амволи меросӣ.

Намудҳои алоҳидаи амволе, ки дар фаъолияти соҳибкорӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд, ҳам дар асоси нишонаҳои иқтисодӣ ва ҳам ҳуқуқӣ тасниф карда мешаванд.

Асосҳои ҳуқуқии тасниф имконият медиҳанд, ки чунин намудҳои амволро ҷудо намоем:

– амволи манқул ва ғайриманқул, молҳое, ки муомилоти онҳо озод аст; молҳои муомилоташон маҳдуд; молҳои аз муомилот гирифташуда.

Бо назардошти аломатҳои иқтисодӣ чунин намудҳои ашё мавҷуданд:

– воситаҳои асосӣ ва гардон, истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ, моддӣ ва ғайримоддӣ;

– фондҳои гуногун.

Реҷаи ҳуқуқии амвол дар фаъолияти соҳибкорӣ аз маҷмӯи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахс нисбати амвол иборат мебошад. А.В. Венедиктов зери мафҳуми реҷаи ҳуқуқии амвол қоидаи махсуси тартиби ташкилёби ва истифодаи амволро мефаҳмид<sup/>. Амвол гуфта, ҳамчун анъана маҷмӯи ашёҳо, яъне объектҳои моддие фаҳмида мешавад, ки нишонаи амволи доранд. Дар чунин маъно «амвол» нисбати ҳуқуқи моликияти истифода мешавад (тасарруф ва ихтиёрдори намудан). Умуман ҳуқуқ амволро дар маънои васеъ, яъне чун маҷмӯи ашё ва ҳуқуқҳои амволӣ мефаҳмад ( қ 6 м. 69, қ 2 м. 140 КГ ҶТ ).

Истилоҳи «амвол» барои ифода намудани ашё, аз ҷумла пул ва қоғазҳои қиматнок ва инчунин ҳуқуқҳои амволӣ (қ 2 м. 140 КГ ҶТ) истифода мешавад.

Зери мафҳуми ҳуқуқҳои амволӣ – ҳуқуқи талаб намудани амвол ё дигар неъматҳои моддӣ фаҳмида мешавад. Ҳуқуқҳои амволӣ ба сифати предмети аҳдҳо, аз ҷумла, шартномаи хариду – фурӯш баромад менамоянд (қ.3 м. 488 КГ ҶТ). Дохил намудани ҳуқуқҳои амволӣ ба истилоҳи амвол, дар адабиётҳои ҳуқуқи якхела фаҳмида намешавад. Масалан, баъзе аз олимон мепиндоранд, ки татбиқи реҷаи ҳуқуқии моликият ба ҳуқуқи талабкунӣ нодуруст мебошад.<sup/> М.И. Брагинский ҳамчун тарафдори ақидаи неоклассикии моликият таклиф менамояд, ки реҷаи ҳуқуқи моликият ба ҳуқуқи талабкуни низ татбиқ карда мешавад<sup/>.

Истифодаи амвол дар фаъолияти соҳибкорӣ бо баҳисобгирии ҳатмии амвол мутобиқи қоидаҳои баҳисобгирии муҳосибавӣ, муайян намудани арзиши он бо риояи қоидаи баҳодиҳӣ ва азнавбаҳодиҳӣ, инчунин қоидаи фурӯши амволро дар бар мегирад.

Қонунгузории ҷорӣ як қатор маҳдудиятҳои ихтиёрдори намудани амволро муқаррар намудааст:

-риоя намудани тартиби ба амал баровардани аҳдҳо, аҳдҳо нисбати амволи асоси «аҳдҳои калон» (қонунгузорӣ дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ);

-риояи маҳдудиятҳои қонунгузории зиддиинҳисорӣ ҳангоми фурӯши амволе, ки арзиши баланд ё ҳаҷми муайян дорад ( м. 15, 16 қонун дар бораи рақобат ва маҳдуд намудани фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол);

-фурӯши амвол бо нархи муайяни бозорӣ.

Ҳаҷми ваколатҳои шахс нисбати амволи ба ӯ тааллуқдошта пеш аз ҳама аз намуди ҳуқуқе, ки ба ин амвол дорад, вобаста мебошад.

§ 2. Моликият ва дигар ҳуқуқҳои амволии соҳибкор.

Мазмуни муносибатҳои моликиятиро тааллуқдории амвол ба шахси муайян ташкил медиҳад, ки ҳуқуқи бо хоҳиши худ истифодаи онро дорад. Ҳуқуқ тааллуқдории амволро ба ин ё он шахси муайян тасдиқ намуда, тартиби истифодаи онро ба низом медарорад, яъне муносибатҳои байни одамонро оиди амвол танзим менамояд.

Ҳуқуқи моликият гуфта, маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқии муқарраршудаеро меноманд, ки тааллуқдории амволро ба шахсони мушаххас мустаҳкам, танзим ва ҳифз менамояд.

Молик ҳақ дорад бо хоҳиши худ нисбати амволи худ ҳамаи ҳаракатҳоеро, ки мухолифи қонун нестанд ва ҳуқуқу манфиатҳои шахсони дигарро вайрон намекунанд, ба амал барорад, аз ҷумла, ба ҳуқуқи моликиятии шахси дигар диҳад, ба иҷора монад, ба гарав диҳад ё бо роҳҳои дигар истифода намояд (м. 232 КГ). Молик ҳақ дорад, ки амволи хешро барои ба амал бароварани фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла барои мунтазам ба даст овардани фоида истифода намояд.

Молик ҳуқуқи доштан, истфодабарӣ ва ихтиёрдорӣ намудани амволи хешро доро мебошад. Ин ҳуқуқҳои нишондодашуда на танҳо ба молик, балки ба шахсони дигар низ метавонанд тааллуқ дошта бошанд.

Ҳуқуқи доштан – ҳамчун имконияти ба қонун асосёфтаи ба тарзи воқеӣ доштани амволи муайянро дар бар мегирад.

Ҳуқуқи истифодабарӣ – имконияти ба қонун асосёфтаи соҳибкорро оиди истифодаи амвол ва гирифтани хусусиятҳои фоиданоки он меноманд. Ваколати истифодабарӣ, чун қоида бо ваколати тасарруфӣ алоқаманд мебошад, чунки истифодаи амвол бидуни доштан номумкин аст. Ҳамзамон ваколати истифодабарӣ ҳамчун ваколати мустақил баромад менамояд, масалан, мазмуни шартномаи иҷораро пешниҳоди амвол бо нархи муайян барои тасарруфии муваққатӣ ва истифодабарӣ ё ин ки истифодаи муваққатӣ ташкил медиҳад ( м. 624 ҚГ ҶТ ).

Ҳуқуқи ихтиёрдорӣ – гуфта имконияти бо қонун пешбинишудаи соҳибмулкро оиди муайян намудани тақдири ҳуқуқии амвол меноманд. Масалан, соҳибмулк метавонад амволро фурӯшад, тӯҳфа кунад ё бо дигар роҳ онро бегона кунад. Ваколати ихтиёрдорӣ намудан соҳибмулкро аз дигар дорандаҳо ва истифодабарандагони амвол ҷудо мекунад. Дар асоси шартнома баъзе имкониятҳои ихтиёрдори намудани амвол ба шахсони дигар дода мешаванд. Ҳуқуқи ихтиёрдори намуданро субъектҳои истифодабарии хоҷагӣ ва иҷорагиран-даҳо низ доранд.

Хусусияти фарқкунандаи ҳуқуқи моликият аз он иборат аст, ки молик истифодаи амволро «бо ҳокимияти худ ва ба манфиати худ» ба амал бароварда, дигар шахсонро аз мудохилаи беасос ба ҳуқуқи амволии ба ӯ тааллуқдошта дур менамоянд, яъне мувофиқи хоҳиши худ баромад мекунад. Ҳамаи дигар шахсон, яъне субъектони ҳуқуқе, ки амволро, дар ин ё он асоси ҳуқуқи тасарруф, истифода ва ихтиёрдорӣ менамоянд, ваколатҳои худро на танҳо бо риояи қонун, балки инчунин бо нишондодҳои молик ба амал мебароранд.

Ҳуқуқи моликият на танҳо ба молик ҳуқуқҳои мутлақро медиҳад, балки ӯҳдадориро низ дар назар дорад. Ба молик инчунин нигоҳдории амвол тааллуқ дорад, яъне барои нигоҳдорӣ, таъмир ва ҳимояи он хароҷоти муайянро содир менамояд, андоз месупорад ва инчунин хатари тасодуфан нобуд ё расонидани зарар, гум шудан ва ғайраро бинобар ба амал бароовардани рӯёниш аз рӯи ӯҳдадориҳои молик ба амал мебарорад.

Қонунгузории ҷорӣ шаклҳои гуногуни моликият ва аз ҷумла моликияти хусусиро эътироф намудааст. Амволи шахсони ҳуқуқӣ ва шахсони ҷисмонӣ моликияти хусусӣ номида мешаванд.

Дар ҳуқуқи моликияти шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқи ҳамаи намудҳои амвол, ба ғайр аз ашёҳое, ки мутобиқи қонун наметавонанд ба онҳо тааллуқ дошта бошанд, ҷой дошта метавонанд. Барои қонунгузории ҷорӣ миқдор ва арзиши амволе, ки дар ҳуқуқи моликияти шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ ҷой дорад аҳамият надорад, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки чунин маҳдудиятҳоро қонунгузор ба мақсади ҳифзи саломатии шаҳрвандон, ҳуқуқ ва манфиати шахсони дигар ва муҳофизати олами атроф татбиқ менамояд.

Ҳуқуқҳои амволӣ. Амвол на танҳо дар ҳуқуқи моликиятӣ, балки дар асоси дигар ҳуқуқҳои амволӣ низ метавонад ба шахс тааллуқ дошта бошад. Шахсе, ки дорои дигар ҳуқуҳои амволӣ медошад, ӯҳдадор аст, ки онро на танҳо мувофиқи нишондодҳои қонун, балки инчунин мувофиқи нишондодҳои соҳибмулк истифода барад. Бинобар ин, ҳуқуқи амволӣ нисбат ба ҳуқуқи моликият маҳдуд мебошад. Чунки амволе, ки ҳамчун объекти ҳуқуқи амволӣ баромад менамояд, дар ҳуқуқи моликияти шахси дигар қарор дорад. Ҳуқуқи моликият нисбат ба ҳуқуқи амволи васеъ мебошад аз ин рӯ ҳуқуқи амволиро ҳуқуқи маҳдуд меноманд. Ҳуқуқи амволӣ имконият медиҳад, ки шахси дигар истифодабарии хоҷагии амволро барои қонеъ намудани талаботи худ ва гирифтани фоида ба манфиати молики амвол ба роҳ монад.

Чунин хусусияти ҳуқуқҳои маҳдуди амволиро номбар намудан мумкин аст:

1) ҳуқуқҳои амволӣ имконият медиҳанд, ки шахси дигар амволи бегонаро тасарруф, истифода ва ихтёрдорӣ намояд;

2) ҳуқуқҳои амволӣ аз ҳуқуқи моликиятӣ бармеоянд ва ба онҳо вобаста мебошанд;

3) мазмуни ҳуқуқҳои амволӣ нисбат ба ҳуқуқи моликият маҳдуд аст;

4) ҳуқуқҳои амволӣ бо тарз ва воситаҳое, ки ҳуқуқи моликият ҳимоя карда мешаванд, аз ҷумла муқобили молик бо ҳимоя фаро гирифта мешаванд;

5) гузаштани ҳуқуқи моликият ба шахси дигар асоси қать шудани ҳуқуқи амволӣ намегардад;

6) ҳуқуқи амволи ба ашёи ғайриманқул пас аз қайди давлатии он ба вуҷуд меояд (м.143 КГ).

Муҳимтарин ҳуқуқҳои амволӣ дар баробари ҳуқуқи моликияти ҳуқуқи истифодаи хоҷагӣ (м.308 КГ ҶТ) ва ҳуқуқи идоракунии оперативӣ мебошанд (м.313-319 КГ)

Ҳуқуқи истифодаи хоҷагӣ. Дар ҳуқуқи истифодаи хоҷагӣ амвол ба корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва воҳидҳои марзӣ – ҳудудӣ тааллуқ доранд, ки онро мутобиқи қонунгузори тасарруфӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ менамоянд (м. 308 КГ ҶТ). Корхонаи давлатӣ ҳамчун объекти моликияти давлатӣ баромад намуда дар навбати худ амволи бегонаро, яъне амволеро, ки дар ҳуқуқи моликиятии давлат қарор дорад, тасарруф, истифода ва ихтиёрдорӣ менамояд. Молики амволи давлатӣ нисбати амволе, ки дар ҳуқуқи истифодаи хоҷагии корхонаҳои давлатӣ қарор дорад, чунин ҳуқуқро дорад:

1) ҳал намудани масъалаи таъсис, таҷдид ва барҳам додани чунин корхонаҳо;

2) муайян намудани предмет ва мақсади фаъолияти онҳо;

3) таъин намудани роҳбар (директори) корхонаи давлатӣ;

4) назорат барои аз рӯи таъинот истифода намудани амвол ва нигоҳдории амволӣ корхона;

5) гирифтани қисми даромади корхонаҳои давлатӣ.

Ҳуқуқи корхонаҳои давлатӣ нисбати амвол бо қонун маҳдуд карда шудааст. Корхона ҳақ надорад, ки бидуни розигии соҳибмулк амволи ғайриманқулро ихтиёрдори намояд, фурӯшад, ба иҷора диҳад, ба гарав монад ё ҳамчун, ҳисса дар оинномаи ҷамъият ва ширкати хоҷагӣ гузорад ё ин ки (м. 312 КГ ҶТ) бо дигар роҳ ихтиёрдорӣ намояд.

Ҳуқуқи идоракунии оперативӣ. Дар ин ҳуқуқ амвол ба корхонаҳои давлатӣ (қ 1 м. 127 КГ ҶТ) ва инчунин муассисаҳое, ки аз ҷониби соҳибмулк ба онҳо амвол дода мешавад, тааллуқ дорад, ки дар доираи қонун мутобиқи моддаи 132 КГ ба мақсади ба амал баровардани фаъолият муайян, вазифаҳои супоридаи молик ва таъиноти амвол ҳуқуқи тасарруф намудан, истифода ва ихтиёрдориро ба амал мебароранд ( қ 1 м. 313 КГ ҶТ ).

Муассиса аз корхонаҳои давлатӣ ва воҳиди давлатӣ бо он фарқ карда мешавад, ки онҳо ҳам дар заминаи моликияти давлатӣ ва ҳам ғайридавлатӣ буда метавонанд (қ 3. м. 132 КГ ҶТ).

Корхона ва муассисаҳое, ки ба ҳуқуқи оперативии идоракунии амвол асосёфтаанд, онро дар ҳадҳои маҳдуд, тасарруфӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ менамоянд, аз ҷумла:

1) дар ҳадди муқаррар намудаи қонун;

2) мутобиқи максадҳои фаъолияти ин корхонаҳо;

3) мутобиқи супоришҳои молик;

4) мутобиқ таъиноти амвол.

Ҳуқуқи иҷора. Маҷмӯи муносибатҳои махсус нисбати иҷораи амвол ба вуҷуд меоянд. Ба иҷора объектҳои гуногун аз қабили қитъаи замин, корхона ва комплекси амвол, бино, иншоот, таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт ва дигар амвол, ки хусусияти ҷисмонии худро ҳангоми истифодабарӣ гум намекунанд дода мешаванд (ашёҳои истеъмолнашаванда ). Иҷора дар асоси шартномае, ки бо молик баста мешавад, ба вуҷуд меояд ва бинобар ин байни тарафҳои шартнома муносибатҳои ӯҳдадориро ба вуҷуд меорад. Дар як вақт иҷорагиранда нисбати шахсони сеюм низ ҳамчун дорандаи қонунии амвол ҳисобида мешавад, чунки ҳангоми гузаштани ҳуқуқи моликиятӣ ба шахсони сеюм низ ҳуқуқи иҷора нигоҳ дошта мешавад (м. 638 КГ ҶТ). Ҳаҷми ҳуқуқҳои иҷорагир бо қонун ва шартнома муқаррар карда мешаванд. Дар баробари ин иҷорагир ҳуқуқ дорад амволро мувофиқи таъиноти он истифода барад, онро бо розигии иҷорадиҳанда ба зериҷора диҳад, ба он тағйирот дарорад ( таъмир намояд ) ва аз воситаҳои ҳимояи ҳуқуқи амволӣ истифода кунад ( м. 326 КГ ҶТ ), ҳукуқи идораи амволи ғайриманқулро ба мерос гузорад ( қ 2 м. 638 КГ ҶТ ).

7 Загрузки

563
Нет комментариев. Ваш будет первым!