Соҳибкории инфиродӣ
Ҳуқуқи шаҳрвандон ба фаъолияти соҳибкорӣ асоси конститусионӣ дорад, яъне ҳар кас метавонад қобилият ва моликияти худро баҳри ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти бо қонун манъкарданашуда озодона истифода намояд (м.19 КГ ҶТ; м.1 Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар ҶТ»).
Соҳибкории инфиродӣ гуфта, шаҳрванди дорои қобилияти пурраи амалкуниро меноманд, ки таҳти таваккал ва масъулияти шахсии молумулкии худ фаъолияти соҳибкориро мустақилона ба амал мебарорад ва бо тартиби муқарраршуда ба қайд гирифта шудааст.
Шартҳои зарурии ба фаъолияти инфиродии соҳибкорӣ машғул шудан чунинанд:
– қобилияти пурраи амалкунӣ;
– қайди давлатӣ ба ҳайси соҳибкори инфиродӣ.
Азбаски қобилияти пурраи амалкунии шаҳрвандон бо расидан ба синни 18 солагӣ алоқаманд карда шудааст (м.22 КГ ҶТ), пас онҳо аз ҳамин лаҳза ҳуқуқи мустақилона ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуданро пайдо мекунанд.
Агар қобилияти амалкунии шаҳрванд бинобар беморӣ (м.30 КГ ҶТ), суистеъмоли машруботи спиртӣ ё моддаҳои нашъадор (м.31 КГ ҶТ) бекор ё маҳдуд карда шуда бошад, пас онҳо ба фаъолияти соҳибкорӣ танҳо бо розигии парастор машғул шуда метавонанд. Агар шахси муайян пеш аз ба синни 18 солагӣ расидан қобилияти пурраи амалкунро ба даст оварда бошад (бинобар бастани ақди никоҳ ё ин, ки эмансипатсия), пас аз ҳамин лаҳза ҳуқуқи мустақилона ба фаъолияти инфиродии соҳибкорӣ, бидуни таъсиси шахси ҳуқуқӣ, машғул шуданро дорад.
Соҳибкорони инфиродӣ аз лаҳзаи қайди давлатӣ ҳолати ҳуқуқи соҳибкории хурдро соҳиб мегарданд ва нисбати онҳо ҳамаи имтиёзҳое, ки бо қонунгузории ҷорӣ нисбати соҳибкории хурд пешбинӣ шудааст, паҳн мегардад.
Субъекти фаъолияти соҳибкорӣ бо тартиби муқаррар-намудаи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд.
Мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳаллҳо ҳуқуқ надоранд ҳангоми бақайдгирии давлатии субъекти ҳама намудҳои соҳибкорӣ нисбат ба шартҳои муқаррарнамудаи қонунҳо ва санадҳои дигари меъёриву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон шартҳои иловагӣ гузоранд.
Рад кардани бақайдгирии давлатии субъекти фаъолияти соҳибкорӣ танҳо дар ҳолатҳои ба талаботи муқаррарнамудаи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ мувофиқ набудани феҳристи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ва маълумоти дар онҳо овардашуда мумкин аст.
Ғайриқонунӣ рад намудан ё худ саркашӣ кардан аз бақайдгирии давлатии субъекти фаъолияти соҳибкорӣ тибқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарӣ мегардад.
Соҳибкории шахси ҳуқуқӣ мувофиқи тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти адлия ба қайд гирифта мешавад.
Бақайдгирии давлатии соҳибкори инфиродӣ (бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ) аз тарафи мақомоти ваколатдор-мақомоти андоз, бо риояи тартиботи «равзанаи ягона» анҷом дода мешавад (м.м. 21- 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ»<sup/> (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2009, №5, мод.)
Барои бақайдгирии давлатии соҳибкори инфиродӣ шахc ариза ва ҳуҷҷатҳоро дар бораи пардохти патент пешниҳод менамояд.
Дар ариза намуди фаъолияти соҳибкорие нишон дода мешавад, ки соҳибкор дар оянда нияти машғул шудан дорад. Дар ин маврид мақомоти андоз дар мӯҳлати се рӯзи гирифтани ҳуҷҷатҳо бақайдгирии давлатии соҳибкорӣ инфиродиро амалӣ гардонида, ба аризадиҳанда ба мӯҳлати то як соли тақвимӣ (календарӣ) патент медиҳад.
Андозаи ҳаққи пардохтро барои патент Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Пардохт барои патент ба воситаи ташкилотҳои бонкӣ, ки пардохтро аз аҳолӣ барои андоз ва дигар ҷамъовариҳо қабул менамоянд, гузаронида мешавад.
Патент ва шаҳодатнома барои шуғли фаъолияти соҳибкорӣ бо талаби шахсони ваколатдори мақомоти андоз пешниҳод карда мешаванд.
Талаб намудани дигар ҳуҷҷатҳo ва ё содир кардани амали дигар дар вақти бақайдгирии давлатии соҳибкори инфиродӣ роҳ дода намешавад.
Агар шахc ҳамчун соҳибкор дар мӯҳлати муқарраргардида аз тарафи мақомоти ваколатдор беасос ба қайд гирифта нашуда бошад ва ё бақайдгирии ӯ рад шуда бошад, ҳақ дорад ба суд шикоят намояд.
Дар сурати ғайриқонунӣ рад кардан ё кашол додани бақайдгирии шахc ҳамчун соҳибкор аз тарафи мақоми бақайдгиранда, шахc ҳақ дорад, баргардонидани зиёни ба ӯ расонидашударо бо тартиби суди талаб намояд.
Бақайдгири соҳибкори инфиродӣ дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад. Дар қарор ҳолатҳои гирифтани патент ва шаҳодатномаи фаъолияти соҳибкори инфиродӣ пешбинӣ шудааст.
Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 – уми майи соли 2008, таҳти рақами 273 «Дар бораи тартиби гирифтани патент аз ҷониби шаҳрвандоне, ки фаъолияти соҳибкориро бидуни таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба амал мебароранд» намудҳои фаъолияти соҳибкорие номбар карда шудааст, ки барои ба амал баровардани онҳо гирифтани патент зарур мебошад.
Патент – ҳуҷҷатест, ки ба сифати соҳибкор (бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ) ба қайди давлатӣ гирифта шудани шаҳрвандро муайян карда, барои машғул шудан ба фаъолияти соҳибкории дар он пешбинигардида ҳуқуқ медиҳад.
Патент ба шахсе дода мешавад, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ аз қайди давлатӣ гузашта бошад. Агар ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ якчанд намуди фаъолиятеро дар бар гирад, ки барои ҳар кадоми онҳо гирифтани патенти алоҳида зарур аст, пас чунин фаъолият аз лаҳзаи гирифтани патент ҳамчун фаъолияти расмӣ эътироф карда мешавад.
Ҳамзамон барои ҳар корманди кироя ва аъзои оила, ки меҳнати онҳо дар фаъолияти соҳибкорӣ истифода мешавад, патенти алоҳида бояд гирад.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2008 таҳти рақами 273 Тартиби додани патент ва Шаҳодатнома ва номгӯи намудҳои фаъолияти соҳибкорие, ки пардохти андози даромад дар асоси патент ва коэффисентҳои минтақавӣ ба амал бароварда мешаванд, муқаррар карда шудааст. Чунин ҳуҷҷатҳо ба шахсони ҷисмоние дода мешавад, ки фаъолияти соҳибкориро бидуни таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба амал мебароранд.
Шаҳодатнома – ҳуҷҷатест, ки шакли соддакардашудаи низоми андоз аз даромад ва пардохтҳои иҷтимоӣ ба шумор рафта, ҳамзамон бақайдгирии давлатии шаҳрвандро ба сифати соҳибкорӣ инфиродӣ тасдиқ намуда, ба соҳибкор ба ивази патент дода мешавад.
Соҳибкори инфиродӣ дар баробари ташкилотҳои тиҷоратӣ субъекти баробарҳуқуқи муомилоти хоҷагӣ мебошад. Қобилияти ҳуқуқдории соҳибкори инфиродӣ ба қобилияти ҳуқуқии ташкилоти тиҷоратӣ баробар аст. Соҳибкори инфиродӣ ҳамагуна фаъолиятеро, ки бо қонун манъ нашудааст, ба амал мебарорад ва агар барои ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ иҷозатнома зарур бошад, пас иҷозатномаро низ метавонад гирад.
Иҷозатнома (литсензия) – ҳуҷҷатест, ки барои амалӣ гардонидани намуди муайяни фаъолият ба мӯҳлати дар он зикргардида аз тарафи мақоми ваколатдор ба шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ дода мешавад.
Тартиби иҷозатдиҳӣ барои ба амал баровардани фаъолияти инфиродии соҳибкорӣ аз тартиби иҷозатдиҳӣ нисбати шахсони ҳуқуқӣ, ки бо қонунгузорӣ дар бораи иҷозатдиҳӣ муқаррар шудааст, тафовут надорад.
Соҳибкори инфиродӣ тамоми шартномаҳоеро, ки бо қонунгузории ҷорӣ муайян шудаанд, ё ин ки мухолифи қонунгузории ҷорӣ намебошанд, баста метавонанд. Шахсоне, ки ба ҳайси соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шудаанд, метавонанд аъзои (иштирокчии) ширкати пурра бошанд ва инчунин шартнома дар бораи фаъолияти якҷояро банданд.
Ба фаъолияти соҳибкории шаҳрвандоне, ки бе таъсисии шахси ҳуқуқӣ фаъолият менамоянд, меъёрҳои ҳуқуқие татбиқ мешаванд, ки фаъолияти ташкилотҳои тиҷоратиро танзим мекунанд, агар аз қонун, санадҳои ҳуқуқӣ ва моҳияти муносибатҳои ҳуқуқӣ чизи дигаре барнаояд.
Татбиқи қоидаи танзими фаъолияти ташкилоти тиҷоратӣ нисбат ба соҳибкорони инфирдӣ чунин маъно дорад, ки қонунгузор онҳоро дар як сатҳ бо шахсони ҳуқуқӣ мегузорад, аз ҷумла аз нигоҳи ҳифзи ҳуқуқҳои халалдоршуда ва масъулият барои иҷро намудани ӯҳдадориҳое, ки аз ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ ба вуҷуд меоянд.
Баҳсҳо бо иштироки шаҳрвандоне, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ бидуни таъсиси шахси ҳуқуқӣ машғуланд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонун, яъне аз ҷониби суди иқтисодӣ ҳаллу фасл карда мешаванд.
Шаҳрвандоне, ки бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ фаъолияти соҳибкориро ба амал мебароранд, ҳангоми надоштани қайди давлатӣ наметавонад нисбат ба аҳдҳои бастаашон ба он ҳавола кунанд, ки соҳибкор нестанд, чунки суд метавонад ба ин аҳдҳо қоидаи муқаррарнамудаи қонунгузории гражданӣ ва андоз оид ба ӯҳдадориҳоеро, ки аз фаъолияти соҳибкорӣ ба вуҷуд меоянд, татбиқ намояд (қ.4 м.24 КГ ҶТ).
Аз рӯи ӯҳдадориҳои худ соҳибкори инфиродӣ бо тамоми амволи худ масъул мебошад.
Фаъолияти соҳибкории инфиродиро бо ҷалби меҳнати кироя ба амал баровардан мумкин аст, ба шарте ки соҳибкори инфиродӣ дар асоси шаҳодномаи бақайдгирӣ фаъолияташро ба амал барорад. Қонунгузор миқдори кормандони кирояро маҳдуд накардааст (м.17 Қонун), вале мантиқан теъдоди онҳо аз миқдори кормандоне, ки дар корхонаҳои хурд кор мекунанд, набояд зиёд бошанд. Хусусияти меҳнати шахрвандоне, ки дар хоҷагии шахсони ҷисмонӣ кор мекунанд, дар Кодекси Меҳнат пешбинӣ шудааст. Қонунгузор манфиати корманди кироя ва корфарморо ба инобат гирифтааст. Корманди кирояе, ки бо соҳибкори инфиродӣ дар муносибатҳои меҳнатӣ дохил шудааст, ҳамаи корҳоеро иҷро менамояд, ки бо қонун манъ карда нашудаанд, вале ҳангоми бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо корхона аз рӯи мансаб, касб ва ихтисоси муайян кор мекунад.
Корфармо, яъне соҳибкори инфиродӣ метавонад бо кормандон шартномаҳои меҳнатии мӯҳлатнок бандад, шахси ҳуқуқӣ (корхонаҳо) бошад чунин шартномаҳоро дар ҳолатҳое баста метавонанд, ки бо қонун муқарраршуда бошанд. Асосҳои қатъшавии шартномаи мехнатӣ, мӯҳлати огоҳкунӣ, ёрдампулӣ ва дигар пардохтҳо бинобар бекор намудани шартномаи меҳнатӣ дар шартнома пешбинӣ карда мешаванд.
Хусусияти дигари ҳолати ҳуқуқии соҳибкории инфиродӣ бо хусусияти андозбандии он муайян карда мешавад. Нисбати онҳо чун корхонаҳои хурд реҷаи махсуси андозбандӣ муқаррар карда шудааст, яъне:
- низоми соддакардашудаи андозбандӣ (боби 41 КА ҶТ);
2) низоми пардохти андоз дар шакли як андоз – аз даромад барои намудҳои алоҳидаи фаъолият (боби 42 КА ҶТ).
Ба ҳайси соҳибкори инфирдӣ мувофиқи қ.4 моддаи 24 КГ ҶТ сарвари хоҷагии деҳқонӣ низ баромад менамояд. Е.В. Матигина сардори хоҷагии деҳқониро соҳибкор эътироф менамояд, вале комилан дар ин сохтор “фард” вуҷуд надорад, бинобар ин шакли махсуси фаъолияти соҳибкориест, ки аз соҳибкории инфиродӣ фарқ дорад<sup/>1. З.С. Беляева мегӯяд, ки норасоии моддаи 24 КГ дар он аст, ки он як шакли фаъолияти соҳибкориро дар бар гирифта онро нисбати хоҷагии деҳқонӣ паҳн мекунад<sup/>2.
Ба андешаи Н.Шонасридинов, хоҷагии деҳқонӣ “маҷмӯи соҳибкорон аст”, бинобар ин худи хоҷагии деҳқонӣ бояд ба қайд гирифта шавад. Ба фикри муаллифон, “хоҷагии деҳқонӣ” шакли махсус ва мустақили ташкилӣ-ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ мебошад<sup/>3.
Ба моҳияти баҳсҳои оварда шуда дахолат накарда, қайд намуданием, ки хоҷагии деҳқонӣ шакли афзалиятноки фаъолияти соҳибкорӣ дар бахши иқтисодиёти кишоварзии кишвар мебошад. Дар баробари ин қонунгузории ҷорӣ шаклҳои гуногуни ташкили хоҷагии деҳқониро, аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқониеро, ки аз ҷониби як нафар дар шакли соҳибкории инфиродӣ, аз ҷониби оила дар шакли фаъолияти соҳибкории оилавӣ ва соҳибкории гурӯҳи шахсонро дар шакли ширкати оддӣ муқаррар намудааст.
5 Загрузки