Шаклҳои корпоративии фаъолияти соҳибкорӣ
а) ширкати комил ва ба боварӣ асосёфта (коммандитӣ).
Мувофиқи қонунгузорӣ ширкатҳои хоҷагӣ дар ду шакли ташкилӣ-ҳуқуқӣ таъсис дода мешаванд: ширкати комил ва ширкати ба боварӣ асосёфта (ширкатҳои коммандитӣ).
Ду гурӯҳи шарикон дар таркиби субъективии ширкатҳо ҷудо карда мешаванд, яъне иштирокчии ширкати комил танҳо шарикони комил ва иштирокчиёни ширкати ба боварӣ асосёфта бошад аз ду гурӯҳи шарикон: шарикони комил ва маблағгузорон (коммандитистҳо) иборат мебошанд.
Шарикони комил дар ширкати ба боварӣ асосёфта шарикиро ташкил медиҳанд ва маблағгузорон бошанд дар фаъолияти соҳибкории ширкат бевосита иштирок наменамоянд. Ҳолати ҳуқуқии маблағгузорон бо меъёрҳои қонунгузори дар бораи иштирокчиёни ширкати комил асос ёфтааст. Дар Кодекси Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд шудааст, ки ба шарикони ширкати ба боварӣ асосёфта қоидаҳое, ки Кодекс нисбати ширкати комил пешбинӣ намудааст, татбиқ мешаванд, ба шарте ки бо қонунгузории махсус дар бораи ширкатҳои ба бовари асосёфта, тартиби дигар муқаррар нагардида бошад ( м.88 КГ ҶТ).
Ягона ҳуҷҷати таъсисии ширкатҳо – шартномаи таъсис мебошад, ки аз шартҳои зерин иборат аст:
– шарт дар бораи ҳаҷм ва таркиби маблағҳои ширкат;
– ҳаҷм ва тартиби ворид намудани ҳиссаҳои ҳар як иштирокчӣ;
– ҳаҷм ва тартиби мӯҳлати гузаронидани ҳисса;
– ҷавобгарӣ барои вайрон намудани ӯҳдадориҳо.
Идоракунӣ дар ширкат бо розигии умумии якдилонаи шарикон ё бо овоздиҳии бартариятнок ба амал бароварда мешавад.
Мувофиқи қонунгузорӣ се варианти асосии идоракунии ширкат вуҷуд дорад:
1) якҷоя, яъне аз ҷониби ҳамаи шарикон идора намудани ширкат;
2) тақсим намудани ваколатҳои идоракунӣ байни шарикон;
3) аз ҷониби як нафари онҳо ба амал баровардани функсияи идоракунӣ.
Тазаккур додан зарур аст, ки ҳангоми бастани шартномаи таъсис ин масъаларо шарикон ҳал менамоянд ва яке аз вариантҳо ё ин ки ҳамомезиши онҳоро қабул менамоянд.
Ба ҳайси иштирокчиёни ширкати комил, яъне шарикони комил танҳо соҳибкорони инфиродӣ ё ташкилотҳои тиҷоратӣ баромад карда метавонанд. Ҳамзамон корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва маҳаллӣ бо розигии ҳатмии пешакии соҳибмулки ин корхонаҳо метавонанд дар фаъолияти ширкатҳои комил иштирок намоянд.
Ҳар як шахс метавонад иштирокчии танҳо як ширкати комил бошад. Ин маҳдудият барои он муқаррар карда шудааст, ки иштирокчиёни ширкати комил аз рӯи ӯҳдадориҳои ширкат масъулияти муштарак доранд. Ин чунин маъно дорад, ки ҳангоми норасоии амволи ширкат барои иҷро намудани ӯҳдадориҳои ширкат кредиторҳо ҳақ доранд, ки талаботи худро аз амволи шахсии ҳар кадоме аз аъзоёни ширкат қонеъ гардонанд. Қонунгузории муосир ҳаракатеро, ки барои маҳдуд ё бекор намудани масъулияти шахсии аъзои ширкат равона шудааст, мутлақо беэътибор меҳисобад.
Иштирокчиёни ширкатҳои комил дар баробари шарикони комил инчунин маблағгузорон низ мебошанд, ки дар идоракунии фаъолияти ширкат иштирок намекунанд ва хатари таваккали онҳо аз рӯи фаъолияти ширкат бо ҳаҷми маблағҳои гузоштаашон маҳдуд мегардад. Ба сифати маблағгузор ҳамаи иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ, аз ҷумла шаҳрвандон, ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ва ғайраҳо баромад карда метавонанд.
Шахс ба сифати шарики комил танҳо дар як ширкати ба бовари асосёфта баромад карда метавонад. Иштирокчии ширкати комил наметавонад, ки иштирокчии шарикии ба бовари асосёфта бошад ва иштирокчии ширкати ба бовари асосёфта наметавонад иштирокчи шарикии комил бошад. Ин маҳдудият мувофиқи талаботи қонун аст, чунки дар як вақт бо амволи шахсии худ ба сифати кафили ду ширкат баромад кардан имконнопазир аст.
Ҳуҷҷате, ки фаъолияти ширкат (комил ва бо боварӣ асосёфта) дар асоси он амалӣ мегардад, шартномаи таъсис ном дорад. Ба ғайр аз талаботҳои умумие, ки Кодекси Граждании ҶТ нисбати ҳуҷҷатҳои таъсисии шахсони ҳуқуқии тиҷоратӣ пешниҳод менамояд (қ.2 м.53 КГ ҶТ), шартномаи таъсиси шарикии комил бояд чунин шартҳои иловагиро дар бар гирад, аз ҷумла:
– дар бораи ҳаҷм ва таркиби маблағи ғунашаванда;
– дар бораи ҳаҷм ва тартиби тағйирёбии ҳиссаи ҳар кадоме аз аъзоёни ширкат оиди ҳаҷм, таркиб, мӯҳлат ва тартиби ворид намудани ҳиссаҳо;
– масъулияти иштирокчиён барои вайрон намудани ӯҳдадориҳо оиди пардохти ҳисса.
Г.Ф.Шершеневич қайд менамояд, ки дар танзимнамоии муносибатҳои дохилии ширкат байни шарикон шартнома нақши бартариятнок дорад. Аз ҷумла, мегӯяд ӯ «қонун бинобар пурра намудани сукутии ин шартнома, амал менамояд».<sup/> Шартномаи таъсис дар шакли хаттии оддӣ баста мешавад, вале дар асоси созиши тарафҳо бо тасдиқи нотариалӣ ба расмият дароварда мешавад. Шартнома бо хоҳиши тарафҳо ё ба мӯҳлати муайян ё бидуни нишон додани мӯҳлат баста мешавад. Ба ғайр аз маълумотҳое, ки хоси шартномаи таъсисӣ ширкати комил мебошанд, шартномаи таъсиси ширкати ба боварӣ асосёфта бояд дар бораи ҳаҷми маблағҳои маблағгузорон маълумот дошта бошад. Ҳамзамон дар шартнома ҳаҷми маблағи ҳар як маблағгузор алоҳида нишон дода намешавад. Ҳамин тариқ, тағйирёбии ҳаҷми маблағҳо ё ин ки ҳайати маблағгузорон ба тағйирёбии ҳуҷҷатҳои таъсисӣ таъсир намерасонад.
Маблағгузорони ширкати ба боварӣ асосёфта ба шартномаи таъсис имзо намегузоранд, чунки онҳо бо шарикон дар муносибатҳои ӯҳдадорӣ набуда, балки иштирокчии чунин муносибатҳо бо ширкат мебошанд. Маблағгузорон ҳатман бо шартҳои шартномаи таъсис бояд ошно бошанд, чунки ҳолати ҳуқуқии онҳо маҳз бо шартнома пешбинӣ мешавад. Маблағгузорон ҳақ доранд, ҳангоми баромадан аз ширкат қисми даромади худро гиранд ва инчунин бо шартнома ҳаҷм ва мӯҳлати ворид намудани ҳиссаҳои худро бо ширкат муайян кунанд<sup/>.
Қонунгузорӣ нисбати ҳаҷми маблағи ғуншудаи ширкат талаботеро пешниҳод намекунад, чунки амволи шахсии шарикони комил низ ба сифати кафолати ҳуқуқии кредиторҳо баромад мекунад. Зарурати маблағи ғуншуда барои фаъолияти ширкат ҳамчун заминаи амволии фозилияти ташкилоти тиҷоратӣ вуҷуд дорад. Маҳз маблағи ғуншуда сарчашмаи қонеъ намудани талаботҳои кредиторон мебошад ва амволи шахси дар ҳолате чунин нақшро иҷро менамояд, ки маблағҳои ғуншуда кофӣ набошанд.
Хусусияти маблағи ширкати ба боварӣ асосёфта дар иштироки маблағҳои маблағгузорон таҷассум меёбад, вале дар қонунгузори нисбати таносуби маблағҳои ширкати комил ва маблағгузорон талаботе вуҷуд надорад, чунки ин масъала ба хоҳиши худи иштирокчиён ҳавола карда шудааст. Вобаста ба хусусияти табиати ҳуқуқӣ, ҳайати субъектон ва шакли шарикӣ дар он бояд ҳам шарикони комил ва ҳам маблағгузорон ширкат варзанд.
Идоракунии ширкат аз рӯи қоидаи умумии ба созиши ҳамаи шарикон ба амал бароварда мешавад ё якдилона ё ин ки агар бо ҳуҷҷатҳои таъсисӣ пешбинӣ шуда бошад, бо овоздиҳии бартариятнок. Дар идоракунӣ шарикон бо тарзи овоздиҳӣ иштирок менамоянд ва ҳар як шарик як овоз дорад, албатта, агар бо ҳуҷҷатҳои таъсисӣ тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад. Дар баъзе ҳолатҳо миқдори овозҳо бо миқдори ҳиссаҳо алоқаманд карда мешавад. Маблағгузорон дар идоракунии ширкати ба боварӣ асосёфта, иштирок намекунанд.
Фаъолияти соҳибкории ширкат аз ҷониби ҳар як шарик ба амал бароварда мешавад, башарте ки бо шартномаи таъсис тартиби дигаре мақаррар нашуда бошад. Аз ҷумла, шарикон метавонанд якҷоя фаъолият кунанд, ё ин ки ба амал баровардани фаъолият ба зиммаи шарики алоҳида гузошта шавад. Шарикон бидуни ваколатнома аз номи ширкат баромад мекунанд, чунки онҳо ба қонун ё шартномаи таъсис ваколатдор шудаанд.
Ваколатнома танҳо ба он шарикони комил дода мешавад, ки барои ба амал баровардани фаъолият, бинобар ҷой доштани чунин шарти шартнома, ваколатдор намебошанд.
Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои иштирокчиён аз узвияти онҳо ба ширкат бармеоянд ва як қатор хусусиятҳоро доро мебошад. Масалан, ҳолати ҳуқуқии шарики комилро ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ӯ оид ба иштироки бевосита дар фаъолияти ширкат ташкил медиҳад. «Иштирокчии ширкат, дар фаъолияти он бояд иштирок намояд, вагарна гирифтани фоида беасос мебошад»<sup/>. Шарики комил ҳуқуқ дорад, бо ҳамаи ҳуҷҷатҳои ширкат, ки ба фаъолияти он алоқаманд мебошанд шинос шавад. Шарики комил ӯҳдадор аст, аз ба амал баровардани як қатор амалиётҳо бидуни розигии дигар шарикон худдорӣ намояд, аз ҷумла, бастани аҳдҳое, ки ба предмети фаъолияти ширкат дахл доранд ва чунин аҳдҳоро аз номи худ ва ба манфиати худ ё ба манфиати шахсони сеюме, ки намояндаҳои онҳо низ мебошад мебандад.
Ҳолати ҳуқуқии маблағгузорон бо ҳуқуқи онҳо ҷиҳати гирифтани фоида муайян карда мешавад. Ҳуқуқҳои ғайриамволӣ танҳо барои ба амал баровардани ҳуқуқҳои амволии онҳо зарур мебошанд. Масалан, маблағгузорон ба мақсади гирифтани иттилооти зарурӣ ҳуқуқ доранд бо ҳисоботҳои солонаи ширкат шинос шаванд.
Маблағгузорон чунин ҳуқуқҳои амволиро доро мебошанд:
– гирифтани фоида аз фаъолияти ширкат бо тартиби пешбининамудаи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ;
– гирифтани маблағҳои худ аз амволи боқимондаи ширкат пас аз қонеъ намудани талаботҳои кредиторон, бинобар барҳам додани ширкат.
Қонунгузории ҷорӣ қоидаи махсуси тағйирёбии ҳайати иштирокчиён ва барҳам хурдани ширкатро муқаррар намудааст.
Чун қоида ҳангоми тағйирёбии ҳайати иштирокчиён, ширкати комил метавонад фаъолияти худро идома диҳад, ба шарте ки бо шартнома ё созишнома чунин тартибот муқаррар гардида бошад. Барои тағйирёбии ҳайати шахсии ширкат созиши якдилонаи шарикон талаб карда мешавад.
Шарикони ширкати комил ҳуқуқ доранд аз ҳайати ширкат бароянд. Ду роҳи баромадан аз ширкат вуҷуд дорад. Ҳангоми татбиқи ҳар ду ҳолати нишондодашуда ба шарик арзиши ҳиссаи он дар шакли пулӣ ё натуралӣ пардохта мешавад, агар ҳуҷҷатҳои таъсисӣ тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд. Арзиши ҳисса ба арзиши маблағҳои гузошташуда баробар нест. Ҳиссаи шарик дар шакли фоизи арзиши амволи ширкат муайян карда мешавад.
Меросхӯрони шарике, ки аз ширкат мебарояд, бинобар шомил нашудани онҳо ба ширкат, ҳиссаи шарикро дар шакли пулӣ ё амволӣ метавонанд гиранд. Ҳамзамон, хатари таваккали масъулиятеро, ки ба шарики собиқ аз фаъолияти ширкат дахл дошт дар давоми ду сол нигоҳ медоранд, аммо ҳаҷми масъулияти онҳо бо арзиши мерос баробар мебошад.
Маблағгузарони ширкати ба бовари асосёфта низ метавонанд аз ширкат бароянд. Ин ҳуқуқро онҳо пас аз анҷом ёфтани соли молиявӣ метавонанд амалӣ гардонанд. Ҳангоми баромадан онҳо метавонанд, маблағи худро бо тартиби муқаррарнамудаи шартномаи таъсис гиранд ё ин ки як қисм ё ҳамаи онро ба маблағгузорони дигар ё шахсони сеюм диҳанд. Маблағгузорони ширкати ба боварӣ асосёфта нисбат ба шахсони сеюм ҳуқуқи бартариятноки харидкунии ҳиссаро доранд.
Қонун имконияти пешниҳоди ҳиссаи маблағгузорро (пурра ё қисман) ба маблағгузорони дигар ё шахсони сеюм, аммо на ба шарики комил муқаррар намудааст (қ. 2 м. 90 КГ ҶТ).
Дар баробари асосҳои умумии барҳам хурдани ташкилоти тиҷоратӣ, ки бо моддаи 62 КГ ҶТ муқаррар карда шудаанд, хусусиятҳои махсуси барҳамдиҳии ширкатҳо низ вуҷуд доранд. Масалан, ширкати комил дар ҳолатҳои зерин барҳам дода мешавад (м.85 КГ ҶТ):
– агар дар ширкат як иштирокчи боқӣ монд. Ин иштирокчӣ ҳуқуқ дорад дар муддати шаш моҳ, аз лаҳзаи ҳамчун иштирокчии ягонаи ширкат боқӣ мондан онро бо тартиби муқарарнамудаи КГ ба ҷамъияти хоҷагӣ табдил диҳад;
– дар сурати аз ҳайати ширкати ба боварӣ асосёфта баромадани ҳамаи маблағгузорон (қ.1 м.91 КГ).
Ширкати ба боварӣ асосёфта низ бо асосҳое, ки нисбати ширкати комил пешбинӣ шудаанд, барҳам дода мешавад. Ширкати ба боварӣ асосёфта ҳангоми вуҷуд доштани як шарики комил ва як маблағгузор метавонад фаъолияти худро нигоҳ дорад. Ҳангоми аз ширкати ба бовари асосёфта баромадани ҳамаи маблағгузорон, шарикони комил метавонанд онро ба ширкати комил табдил диҳанд.
б) ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд ва иловагӣ.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд (минбаъд ҷамъият) ҷамъияти хоҷагиест, ки аз ҷониби як ё якчанд шахсе таъсис дода шуда, сармояи оинномавии он бо ҳиссаи ҳаҷми муайянкардаи ҳуҷҷатҳои таъсисотӣ тақсим шудааст. Иштирокчиёни ҷамъият аз рӯи ӯҳдадориҳои он масъулият надоранд ва зиёни таваккалли марбут бо фаъолияти ҷамъиятро дар доираи арзиши саҳми гузоштаашон ба ӯҳда доранд.
Иштирокчиёни ҷамъият, ки ба сармояи оинномавии ҷамъият саҳмро дар ҳаҷми пуррааш нагузоштаанд, тибқи ӯҳдадории он дар доираи арзиши қисми пардохташудаи саҳми ҳар кадом иштирокчии ҷамъият масъулияти муштарак доранд.
Ҷамъият дар моликият амволи алоҳида дорад, ки дар баланси мустақили он ба ҳисоб гирифта мешавад, вай аз номи худ ҳуқуқҳои амволи ва шахсии ғайриамволиро ба даст дароварда ва онро амалӣ менамояд, ӯҳдадориро ба зимма гирифта, дар суд даъвогар ва ҷавобгар шуда метавонад.
Ҷамъият шахси ҳуқуқӣ буда бо тартиби муқаррар-кардашуда метавонад дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоxикистон ва берун аз он суратҳисобҳои бонкӣ кушояд (м. 2 Қонун дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд).
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд чунин ҷамъияти хоҷагиест, ки маблағи ойинномавии он ба ҳиссаҳои иштирокчиён тақсим шудааст. Ба ҳиссаҳо тақсим намудани сармояи ойинномавӣ амволи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдудро ба моликияти умумии ҳиссагӣ табдил надода, мақсади он муайян намудани ҳиссаи ҳар як иштирокчӣ дар идоракунӣ, гирифтани фоида ва квотаи барҳамдиҳӣ мебошад.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд аз рӯи ӯҳдадориҳои худ бо тамоми амволи ба ӯ тааллуқдошта ҷавобгар буда, аз рӯи ӯҳдадориҳои иштирокчиёнаш ҷавобгар нест. Иштирокчиён низ аз рӯи қарзҳои ҷамъият бо амволи шахсии худ ҷавобгар намебошанд. Хатари зарар аз фаъолияти ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд дар ҳаҷми арзиши маблағҳои гузошташудаи онҳо маҳдуд мегардад. Нисбати иштирокчиёне, ки ҳамаи ҳиссаашонро ба сармояи ойинномавӣ нагузоштаанд, ҷавобгарии муштарак дар ҳаҷми маблағҳои воридкарданашуда татбиқ карда мешавад.
Иштирокчиёни ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд – шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон, аз ҷумла шахсоне, ки фаъолияти соҳибкориро ҳамчун касб ба амал намебароранд, шуда метавонанд. Мақомотҳои давлатӣ ва мақомотҳои худидораи маҳаллӣ наметавонанд иштирокчии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд бошанд қ.4 м.69 КГ ҶТ.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд аз ҷониби як ё якчанд шахсон таъсис дода мешавад. Қонунгузорӣ миқдори иштирокчиёни ҷамъияти дорои масъулияти маҳдудро то 30 нафар муқаррар кардааст. Агар миқдори иштирокчиёни ҶДММ аз 30 нафар зиёд бошанд, пас бояд он дар давоми як сол ба ҷамъияти саҳҳомӣ табдил ёбад вагарна бо гузаштани ин мӯҳлат бо тартиби судӣ барҳам дода мешавад. Иштирокчиёни ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд ҳуқуқ ва ӯхдадориҳои муайянеро доранд, ки бо номи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои корпоративӣ машҳуранд.
Ба ҳуқуқҳои иштирокчиёни ҷамъият ҳамчун иттиҳоди маблағҳо инҳоро дохил намудан мумкин аст:
-ҳуқуқи иштирок дар идоракунии ҷамъият;
-ҳуқуқ ба гирифтани иттилоот дар бораи фаъолияти ҷамъият ва ошно шудан бо ҳуҷҷат ва китобҳои муҳосибавӣ;
-ҳуқуқ барои тақсими фоида;
-ҳуқуқ ба фурӯш ё бо дигар роҳ пешниҳод намудани ҳисса дар маблағи ойинномавии ҷамъият;
-ҳуқуқ барои баромадан аз ҷамъият новобаста аз розигии дигар иштирокчиён ва гирифтани ҳиссаи амволӣ аз ҷамъият;
-ҳуқуқ ба гирифтани ҳиссаи амволӣ ё ин ки эквиваленти пулӣ пас аз ҳисобӣ намудан бо кредиторҳо ё худ квотаи барҳамдиҳӣ.
Ӯҳдадориҳои иштирокчиёни ҷамъият бо зарурати иштироки шахсии онҳо дар фаъолияти соҳибкории ҷамъият алоқаманд набуда, бо инҳо маҳдуд карда мешавад: ворид намудани ҳисса ба сармояи ойинномавии ҶДММ бо риояи тартиб, хаҷм ва мӯҳлати пешбини намудаи қонун ё ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва фош накардани иттилооти махфӣ дар бораи фаъолияти ҷамъият.
Мутобиқи қонун дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд, ба ҳама ё иштирокчиёни алоҳидаи ҷамъият ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои иловагӣ дода мешаванд. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои иловагӣ тибқи оинномаи ҷамъият ё дар асоси қарори якдилонаи маҷлиси умумӣ пешбинӣ мешаванд. Бояд гуфт, ки муқаррар намудан ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои иловагӣ, маҳдуд ё қатъ намудани онҳо дар асоси қарори маҷлиси умумӣ бо овоздиҳии на камтар аз 3/2 ҳиссаи иштирокчиён ва розигии худи иштирокчӣ имкон дорад.
Агар чунин иштирокчӣ ҳиссаи худро ба каси дигар диҳад, ин маънои гузаштани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои иловагиро ба он кас надорад. Ин аз хусусияти шахсӣ доштани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои иловагӣ дарак медиҳад. Ҳамчун ӯҳдадории иловагӣ – расонидани ягон хизмат ба ҷамъият ҳисобида мешавад. Ба сифати ҳуқуқи иловагӣ- ҳуқуқ дар бораи таъин намудани мақомоти идоракунии яккароҳбар ё қисми мақомоти иҷроияи ҷамъият баромад мекунад.
Ба сифати ҳуҷҷатҳои таъсисии ҶДММ ойиннома ва шартномаи таъсис эътироф карда шудаанд. Агар ҷамъият аз ҷониби як шахс таъсис ёбад, пас ягона ҳуҷҷати таъсисии он ойиннома мебошад, ки аз ҷониби ӯ тасдиқ карда мешавад.
Дар шартномаи таъсис – муассисон ӯҳдадории ташкил намудани ҷамъиятро ба зимма мегиранд, ки ҷамъиятро таъсис медиҳанд ва бинобар ин таркиби муассисон, ҳаҷми маблағи ойинномавӣ, ҳиссаи ҳар як иштирокчиён, ҳаҷм, тартиб ва масъулияти онҳо барои ворид намудани ҳиссаҳои худ ба ҷамъият, тартиби тақсим намудани фоида, тартиби баромадан ва ғайраро дар бар мегирад. Агар шартномаи таъсис бештар ба танзим намудани муносибатҳои дохилии байни иштирокчиён равона шуда бошад, пас ойиннома ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҶДММ барои шахсони сеюм мебошад.
Дар ойиннома ба ғайр аз маълумотҳое, ки дар ҳуҷҷатҳои дигари таъсиси дарҷ меёбанд, ҷой додани чунин маълумотҳо зарур мебошад: номи ҷамъият, маълумот дар бораи ҷойи ҷамъият, низом, ваколат ва тартиби қабули қарор дар мақомотҳои идоракунии ҷамъият, ҳаҷми маблағи оинномавӣ, ҳиссаи ҳар як аъзо, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои иштирокчиёни ҷамъият, аз он ҷумла, ҳукуқи баромадан аз ҷамъият ва бегона намудани ҳиссаи хеш ба шахсони дигар ва инчунин дигар маълумотҳои бо қонун ё хоҳиши иштирокчиён муқаррар кардашударо дар бар мегирад.
Хусусияти ин шакли фаъолияти соҳибкорӣ дар он зоҳир мегардад, ки ҷавобгарии шахсии амволии иштирокчиён аз рӯи ӯҳдадориҳои ҷамъият истисно карда шудааст. Бинобар ин қонун барои ҳимояи манфиатҳои дигар иштирокчиёни муомилот талаби муайянро оид ба ҳаҷм ва тартиби ташаккулёбии сармояи ойинномавии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд муқаррар намудааст.
Ҳаҷми маблағи ойиномавие, ки аз арзиши номиналии ҳиссаи ҳар як аъзо иборат аст, набояд аз ҳаҷми 400 каратаи музди кори ҳадди ақал дар лаҳзаи қайди давлатӣ кам бошад.
Афзоиши сармояи оинномавии ҷамъият аз ҳисобҳои зерин сурат мегирад:
1) аз ҳисоби амволи ҷамъият, яъне аз ҳисоби афзоишёфтани воситаҳои фаъоли ҷамъият, ҳамзамон ҳаҷми ҳиссаи иштирокчиён бетағйир мемонад, вале арзиши номиналии онҳо баланд мешаванд;
2) аз ҳисоби маблағҳои иловагии иштирокчиён ба сармояи ойинномавӣ. Маблағҳои иловагиро метавонанд ҳамаи иштирокчиён гузоранд, ки ин боиси афзудани арзиши номинали ҳиссаи онҳо мегардад. Маблағҳои иловагиро инчунин метавонанд, як қисми иштирокчиён супоранд, ки ин боиси тағйирёбии таносуби ҳиссаҳо мегардад, ба шарте бо оиннома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, пас барои бастани чунин аҳд розигии ҷамъият ё дигар аъзоён талаб карда намешавад;
3) аз ҳисоби маблағҳои шахсони сеюм, ки ба ҷамъият дар асоси розигии якдилонаи ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият қабул карда шудаанд, агар ин дар ойиннома манъ нашуда бошад.
Сармояи ойинномавии ҶДММ бо ду тарз кам карда мешавад:
1) бо роҳи кам намудани арзиши номиналии ҳиссаи ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият дар маблағи ойинномавӣ дар ҳаҷми баробар ба ҳиссаҳои онҳо;
2) ё пардохт намудани ҳиссаҳое, ки ба ҷамъият тааллуқ доранд.
Ҷамъият ӯҳдадор ҳаст, ки дар ҳолатҳои зерин сармояи ойинномавии худро кам намояд:
а) аз ҷониби иштирокчиён комил пардохт накардани маблағҳои худ дар давоми як сол аз лаҳзаи қайди давлатии ҷамъият;
б) ҳангоми кам шудани маблағҳои фаъоли ҷамъият аз ҳаҷми сармояи ойинномавии ҷамъият аз оғози соли дуюми фаъолияти ҷамъият.
Кам намудани сармояи ойинномавӣ бо риояи талаби огоҳкунонии хаттии кредиторҳои асоси дар мӯҳлати 30 рӯз аз лаҳзаи қабул намудани чунин қарор ба амал бароварда мешавад.
Гузоштани ҳисса ба фоидаи дигар иштирокчӣ бидуни розигии ҷамъият ва дигар иштирокчиён ба амал бароварда мешавад, ба шарте ки оиннома тартиби дигареро муқаррар накарда бошад, пас ҳиссаи худро иштирокчии ширкат метавонад ба шахсони сеюм фурӯшад. Ҳамзамон аъзои ҷамъият ҳуқуқи бартариятнокӣ харид намудани чунин ҳиссаро бо нархи пешниҳоди доро мебошад. Иштирокчие, ки хоҳиши ба шахсони сеюм фурӯхтани ҳиссаи худро дорад, ӯҳдадор ҳаст, ки дар шакли хаттӣ дигар иштирокчиён ва худи ҷамъиятро огоҳ намояд. Агар дар мӯҳлати як моҳ ҷамъият ё иштирокчиёни дигар аз ҳуқуқи бартариятнокӣ худ истифода накунанд, пас ӯ метавонад ҳиссаи худро бо шарт ва нархи пешниҳодшуда ба шахсони сеюм фурӯшад. Агар дар рафти фурӯш тартиби муқарраршуда риоя нагардад пас иштирокчӣ дар мӯҳлати 3 моҳ аз лаҳзае, ки дар бораи бастани аҳд огоҳӣ ёфт ва ё бояд ки огоҳ мешуд, метавонад, ки бо роҳи муроҷиат намудан ба суд ҳуқуқу ӯҳдадориҳои харидорро ба худ гузаронад.
Агар ойиннома гузариши ҳиссаро ба каси дигар манъ намояд ва инчунин дигар иштирокчиён аз харидорӣ намудани ҳиссаи пешниҳодшаванда даст кашанд, ё ин ки агар барои бегона намудани ҳисса, ойиннома розигии дигар иштирокчиёнро пешбинӣ кунад, вале онҳо чунин розигиро надиҳанд, пас бо талаби иштирокчӣ ҷамъият ӯҳдадор ҳаст, ки онро харидорӣ кунад ва дар мӯҳлати на зиёда аз як сол аз лаҳзаи гузаштани ҳисса ба ҷамъият арзиши ҳақиқии онро ба иштирокчӣ пардохт намояд.
Иштирокчии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд ҳуқуқ дорад, новобаста аз розигии дигар аъзоён, ё худи ҷамъият аз ҷамъият барояд. Меъёрҳои қонунгузорӣ дар бораи ҶДММ, ки ҳуқуқи иштирокчиро барои баромадан аз ҷамъият танзим менамояд, хусусияти императивӣ доранд. Ҳангоми баромадан ба ӯ арзиши ҳақиқии ҳисса дар шакли пулӣ ё натуралӣ дар мӯҳлати шаш моҳи баъди ба охир расидани соли молиявӣ дода мешавад. Ҳиссаи иштирокчӣ аз лаҳзаи навиштани ариза дар бораи баромадан аз ҷамъият ба ҳисоби ҷамъият мегузарад. Ҳамин тариқ, байни қатъ гардидани муносибатҳои корпоративӣ ва гирифтани арзиши ҳақиқии ҳисса вақти муайяне мегузарад, ки бевосита барои муайян намудани арзиши ҳақиқии ҳисса бинобар аз даст додани имконияти гирифтани иттилоот аз фаъолияти ҷамъият таъсир мерасонад. Нисбати ин тартиби пешниҳод-шуда дар байни олимон фикри ягона вуҷуд надорад. Масалан, С.Д. Могилевский қайд менамояд, ки ба амал баровардани ҳуқуқи озодона баромадани иштирокчиён аз ҷамъият бо гирифтани арзиши ҳақиқии ҳиссаи худ ҶДММ-ро ба яке аз шаклҳои хатарноктарини ташкилӣ-ҳуқуқии шахсони ҳуқуқӣ табдил медиҳад<sup/>1.
Хориҷ намудани иштирокчиён аз ҶДММ танҳо бо тартиби судӣ ва бо талаби он иштирокчиёне амалӣ карда мешавад, ки ҳиссаи онҳо дар маҷмӯъ на камтар аз 10% сармояи ойинномавиро ташкил медиҳад.
Барои хориҷ намудани иштирокчии ҶДММ чунин асосҳо муқаррар карда шудааст:
– аз ҷониби иштирокчи дағалона вайрон намудани ӯҳдадорҳои худ;
– содир намудани ҳаракат (беҳаракатие), ки фаъолияти ҷамъиятро номумкин ё ниҳоят мураккаб мегардонад.
Ба иштирокчии хориҷ карда шуда, арзиши ҳақиқии ҳиссаи он, ки тибқи ҳисоботҳои муҳосибавӣ муқаррар карда шудааст, пардохта мешавад. Ҳамин тариқ, оқибатҳои ҳуқуқии баромадан ё хориҷ шудан аз ҶДММ якхела мебошанд ва хориҷ намудан маънои татбиқи чораи ҷазоро ба шарик надорад. Оқибатҳои ногувори ҳуқуқиро нисбати чунин иштирокчиён дар ҳуҷҷатҳои таъсисӣ пешбинӣ намудан мумкин аст. Масалан, дар шартномаи таъсис зарурияти баргардонидани товони зараре, ки бо ҳаракатҳои чунин аъзо ба ҶДММ расонида шудааст, ё ин ки чораҳои ҷаримавӣ низ муқаррар карда мешавад.
Фоидае, ки ҶДММ дар натиҷаи фаъолияти соҳибкорӣ ба даст меорад, байни иштирокчии он тақсим карда мешавад. Ҳаҷми фоидаи ҳар як иштирокчиёни ҷамъият бо ҳаҷми ҳиссаи он дар сармояи ойинномавӣ баробар мебошад, башарте ки ойинномаи ҷамъият тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.
Дар ҶДММ нисбат ба ҶС имконияти тақсимоти фоида бидуни назардошти ҳиссаи гузошташудаи онҳо мумкин аст. Қарор барои тақсимоти фоида аз ҷониби маҷлиси умумии иштирокчиён баъди ҳар як нимсола ё як сол қабул карда мешавад.
Ба мақсади ҳимояи манфиатҳои кредиторон, иштирокчиён ва худи ҷамъият, қонун имконияти тақсим намудани фоидаро байни аъзоён маҳдуд мегардонад. Маслан, то лаҳзаи пурра пардохт намудани сармояи ойинномавӣ ё анҷом надодани пардохтҳои зарурӣ ба аъзое, ки аз ҷамъият баромадааст, ё ҳангоми паст шудани арзиши воситаҳои фаъол нисбати сармояи ойиномавӣ, ҷамъият, ҳуқуқи дар байни аъзоён тақсим кардани фоидаро надорад.
Принсипи асосии ташкили идоракунӣ дар ҶДММ принсипи тақисмотӣ ҳокимият мебошад. Ҳамзамон, агар КГ ҶТ низоми ду зиннагии мақомотҳои идоракунии ҶДММ пешбинӣ карда бошад, пас қонун дар бораи ҶДММ низоми созишномавии мақомотҳои идоракунии онҳор муқаррар намудааст: маҷлиси умумии иштирокчиён, шӯрои директорон (шӯрои назоратӣ), мақомоти иҷроияи якасардор ё ин ки мақомоти дастаҷамъии иҷроия.
Мақомоти олии идоракунии ҷамъият – маҷлиси умумии иштирокчиён он мебошад. Ҳамаи иштирокчиён ҳуқуқ доранд дар маҷлиси умумӣ иштирок намуда масъалаҳоро муҳокима намоянд ва оиди қабули қарорҳо овоз диҳанд. Ҳамагуна маҳдудиятҳои ин ҳуқуқҳои аъзоён беэътибор ҳисобида мешаванд. Миқдори овозҳои аъзоён ба ҳиссаи онҳо баробар мебошад, вале дар ойинномаи ҷамъият, ки якдилона қабул шудааст, имконияти муқаррар намудани дигар тартиби ҳисоби овозҳо мумкин аст, пешбинӣ шавад.
Маҷлиси умумӣ дорои ваколатҳои истисноӣ мебошад. Масъалаҳое, ки ба ваколати истисноии маҷлиси умумӣ дахл доранд, соҳаҳои муҳимтарини ташкили фаъолияти ҷамъиятро дар бар мегиранд ва пешниҳод намудани онҳо ба шӯрои директорон ё дигар мақомотҳо, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонун қатъиян манъ карда шудааст.
Ба ваколати истисноии маҷлиси умумии ҷамъият чунин масъалаҳо тааллуқ доранд:
– муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти ҷамъият;
– қабули қарор дар бораи аъзогӣ ба ассосиатсияҳо ва дигар иттиҳодияҳои ташкилотҳои тиҷоратӣ;
– тағйир додани ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, аз ҷумла, ойиннома ва шартномаи таъсис;
– таъсис ё пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколати мақомотҳои иҷроия, комиссияи тафтишӣ;
– тасдиқ ҳисоботи солона;
– тақисмоти фоида байни аъзоён;
– таҷдид ё барҳам додани ҷамъият.
Хусусияти танзими ҳуқуқии ин шакли ташкилӣ – ҳуқуқӣ дар он зоҳир мегардад, ки як қатор масъалаҳои ваколати истисноии маҷлиси умумии ҷамъият бояд якдилона ҳаллу фасл шаванд. Аз ҷумла, ворид намудан тағйироту иловаҳо ба шартномаи таъсисӣ, қабули қарор дар бораи таҷдид ва барҳам додани ҷамъият ва дигар масъалаҳое, ки оинномаи ҷамъият ба ин номгӯй дохил намудааст.
Ойинномаи ҷамъият шӯрои нозирон ё директоронро ба сифати мақомоти идоракунӣ пешбинӣ менамояд. Ойиннома ба ваколати ин мақомот ҳаллу фасл чунин масъалаҳоро дохил менамояд, аз ҷумла:
-таъсис ва барҳам додани мақомотҳои иҷроия;
– даъват ва гузаронидани маҷлиси умумӣ;
– қабул қарор дар бораи бастани аҳдҳо, агар ҳаллу фасли ин масъалаҳо ба ваколати маҷлиси умумӣ дохил нашуда бошанд. Аъзои мақомоти иҷроияи дастаҷамъии ҷамъият бештар аз чоряки ҳайати Шӯрои директорони (Шӯрои мушоҳидакорони) ҷамъиятро ташкил дода наметавонад. Шахсе, ки вазифаи мақомоти яккасардории иҷроияи ҷамъиятро иҷро менамояд, дар як вақт наметавонад раиси Шӯрои директорони (Шӯрои мушоҳидакорони) ҷамъият бошад.
Мақомоти иҷроия фаъолияти ҷории ҷамъиятро идора менамояд. Ин мақомот дар назди Шӯрои директорон ва маҷлиси умумӣ ҳисобот медиҳад.
Дар ҷамъият ду гурӯҳи мақомоти иҷроияро ҷудо намудан мумкин аст:
(1) мақомоти якасардори иҷроияи ҷамъият, яъне директори генералӣ ё директор;
(2) мақомоти иҷроияи дастаҷамъӣ – садорат, маъмурият ва ғайра. Ваколати раиси мақомоти дастаҷамъии идоракуниро директори генералӣ ё директор иҷро менамоянд.
Комиссияи тафтишотӣ – ба мақсади назорат аз рӯи фаъолияти молиявии ҷамъият таъсис дода мешавад. Ин мақомот дар ҳолати дилхоҳ метавонад фаъолияти молиявӣ – хоҷагии ҷамъияро тафтиш намояд. Ҳамаи ҳуҷҷатҳои барои ин мақсад заруриро метавонад талаб намояд. Тафтиши як қатор ҳуҷҷатҳо ба тартиби ҳатмӣ аз ҷониби ҷамъият ба амал бароварда мешаванд, аз ҷумла, ҳуҷҷатҳои солона ва ҳуҷҷатҳои муҳосибавӣ. Барои тафтиши фаъолияти ҷамъият, дар асоси қарори маҷлиси умумӣ, аудитории касбӣ низ метавонад, ҷалб карда шавад.
Ҷамъияти дорои масъулияти иловагӣ чунин ҷамъиятеро меноманд, ки сармояи ойинномавии он ба ҳаҷми ҳиссаҳое, ки ҳуҷҷатҳои таъсиси муқаррар намудаанд, тақсим карда шудааст.
Иштирокчиёни ҷамъияти дорои масъулияти иловагӣ аз рӯи ӯҳдадориҳои он муштаракан масъулияти субсидиариро дар ҳаҷми барои ҳамаи онҳо якхелаи карат нисбат ба ҳаҷми ҳиссаҳои гузошташуда, доро мебошанд.
ҶДМИ аз рӯи моҳияти худ як намуди ҶДММ мебошад, бинобар ин, КГ ҶТ пешбинӣ намудааст, ки қоидаҳои муқаррарнамудаи ҳамин кодекс нисбати ҶДММ ба фаъолияти ҶДМИ низ паҳн мешаванд, ба шарте ки худи кодекс қоидаи дигареро пешбинӣ накарда бошад.
Хусусияти фарқкунандаи ин шакли фаъолияти соҳибкорӣ дар масъулияти амволии аъзоёни ҶДМИ аз рӯи ӯҳдадориҳои ҷамъият мебошанд. Ҳангоми норасоии амволи ҶДМИ барои қонеъ намудани талаботҳои кредиторон аъзоёни ҷамъият ба ҷавобгарии муштарак бо амволӣ шахсиашон кашида мешаванд.
Ҳамзамон, қайд бояд кард, ки ҳаҷми масъулияти аъзоён маҳдуд карда шудааст, чунки он на ба ҳамаи амволӣ онҳо чун дар ширкати комил, балки бо як қисми он, яъне дар ҳаҷми карати маблағҳои ба сармояи ойинномавии ҷамъият ворид намуда. Масалан, иштирокчиён дар ҳаҷми се карат, чор карат ва ҳоказо вобаста ба ҳаҷми арзиши маблағҳои ба сармояи ҶДМИ прдохтаашон масъул мебошанд.
Аз инҷо боз як хусусияти ин шакли фаъолияти соҳибкорӣ бармеояд. Масалан, ҳангоми муфлис шудани яке аз аъзоёни ҶДМИ, масъулияти ӯ аз рӯи ӯҳдадориҳои ҷамъият байни дигар аъзоён баробари ҳаҷми арзиши ҳиссаҳои онҳо тақисм мешавад, агар бо ҳуҷҷатҳои таъсисӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
в) ҷамъияти саҳомӣ.
Ҷамъияти саҳомӣ – ташкилоти тиҷоратие, ки сармояи оинномавии он ба миқдори муайяни саҳмияҳо тақсим шуда, иштирокчиёни (саҳмдорони) он аз рӯи ӯҳдадориҳои ҷамъияти саҳомӣ масъулият надоранд ва таваккалли зарари вобаста ба фаъолияти онро дар доираи арзиши саҳмияҳои марбуташон ба зимма доранд.
Иштирокчиёни ҷамъияти саҳомӣ, яъне саҳомон аз рӯи ӯҳдадориҳои ҷамъияти саҳомӣ масъул набуда, хатари зарар аз фаъолияти ҷамъият дар ҳаҷми арзиши саҳмияҳои ба онҳо тааллуқдошта, маҳдуд мегардад. Саҳомоне, ки пурра арзиши саҳимяҳои худро напардохтаанд, аз рӯи ӯҳдадориҳои ҷамъияти саҳомӣ дар ҳаҷми арзиши қисми пардохтнакардаи саҳмияҳои худ масъулияти муштаракро мебаранд.
Хусусияти фарқкунандаи ин шакли ташкилӣ-ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ дар ташаккулёбии сармояи ойиннома-вии он зоҳир мегардад, ки он тавассути паҳн намудани қоғазҳои қиматноки эмиссионӣ, яъне саҳмияҳо ба вуҷуд меоянд.
Саҳмия ҳуқуқи ӯҳдадории иштирокчиёнро нисбати ҷамъият тасдиқ менамояд. Имконияти озодона хариду – фурӯш намудани ин қоғазҳои қиматнок шарти беҳтарини ҷалб намудани маблағҳои зарурӣ мегардад. Ин имконият медиҳад, ки бо кам намудани хатари нобудшавии амволи хеш, лоиҳаҳои ниҳоят дорои арзиши калонро амалӣ намоянд. Чунин тарзи гузоштани маблағҳо, инчунин барои он фоидаовар ҳисобида мешавад, ки ҳангоми ба амалбарории шакли саҳомии фаъолияти соҳибкорӣ маблағҳо аз як соҳа ба соҳаи дигари истеҳсолот бо назардошти вазъияти иқтисодӣ гузаронида мешаванд.
Саҳом аз ҳайати ҷамъият бо роҳи фурӯхтани саҳмияи худ озодона баромада метавонад, яъне дар ин шакли фаъолияти соҳибкорӣ сухан дар бораи гирифтани ҳисса ё ин ки арзиши пулии он намеравад.
Ҳамин тариқ, хусусияти фарқкунандаи ҷамъияти саҳомӣ аз дигар шаклҳои ҷамъиятҳои хоҷагӣ дар он ифода меёбад, ки маблағи ойинномавии ҷамъияти саҳомӣ дахлнопазир мебошад ва маҳз ҳамин хусусият аз бартарияти ин шакли ҷамъияти хоҷагӣ гувоҳӣ медиҳад. Ҷамъияти саҳомӣ шакли беҳтарини фаъолияти соҳибкории корпоративӣ мебошад.
Ду навъи ҷамъиятҳои саҳомиро ҷудо намудан мумкин аст:
1) ҷамъияти саҳомии навъи кӯшода;
2) ҷамъияти саҳомии навъи пӯшида.
Тағйирёбии навъи ҷамъияти саҳомӣ маънои таҷдиди онро надорад. Дар адабиётҳои ҳуқуқӣ нисбат ба ҷамъияти саҳомии навъи пӯшида фикри ягона вуҷуд надорад. Олимон чунин ақида доранд, ки зарурияти мавҷудияти ин навъи ҷамъияти саҳомӣ вуҷуд надорад, чунки мақсади асосии ҷамъияти саҳомӣ ҷалб намудани маблағҳои пулӣ мебошад, на ин ки тақсимоти онҳо. Дар мамлакатҳое, ки ҶДММ вуҷуд дорад, ҷамъияти саҳомии навъи пӯшидаро инкор мекунанд ва баръакс.
Ҷамъияти саҳомии навъи пӯшида дар лаҳзаи хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ ба вуҷуд омадаанд ва инчунин ин шакли фаъолияти соҳибкориро бо иштироки амволи ташкилотҳои хориҷӣ истифода намудан мумкин аст<sup/>1.
Хусусияти якуми фарқкунандаи ҷамъияти саҳомии навъи кӯшода аз ҷамъияти саҳомии навъи пӯшида дар он зоҳир меёбад, ки шарт ва тартиби ҷойгиркунии саҳмияҳо ва ҳуқуқи саҳомон оиди фурӯхтан ва ҳуқуқи бартариятнокии харидкунии саҳмияҳо вуҷуд дорад. Саҳомони ҷамъияти саҳомии навъи кӯшода ҳуқуқи озодона фурӯхтани саҳимяҳоро доранд.
Дар қонунгузории ҷамъияти саҳомӣ манъкуниҳои императивӣ оиди муқаррар намудани ҳуқуқи бартариятноки ҷамъият ё саҳомон барои харидкунии пешбинӣ шудааст. Саҳимяҳои ҷамъияти саҳомии навъи пӯшида танҳо байни муассисон ё ин ки доираи шахсони пешакӣ муайянгардида тақсим карда мешаванд. Ҷамъияти саҳомии навъи пӯшида наметавонад, ки онҳоро ба доираи номуайяни шахсон пешниҳод намояд.
Саҳомони ҷамъияти саҳомии навъи пӯшида ҳуқуқи бартариятнокӣ харидори намудаи саҳмияҳоеро доранд, ки саҳомон ба шахсони дигар бо нархи муайян пешниҳод кардаанд. Дар ойиннома инчунин ҳуқуқи бартариятнокӣ харидкунии худи ҷамъият низ пешбинӣ карда мешавад, яъне агар дигар саҳомон аз ҳуқуқи бартариятнокӣ худ истифода накунанд, пас худи ҷамъият онҳоро метавонад харидорӣ намояд.
Дуюм хусусияти фарқкунандаи ҷамъияти саҳомии навъи пӯшида аз ҷамъияти саҳомии навъи кӯшода дар он аст, ки миқдори иштирокчиёни ҷамъияти саҳомии навъи пӯшида аз 50 нафар зиёд буда наметавонанд.
Хусусияти сеюми ҷамъияти саҳомии навъи кӯшода дар баамал баровардани фаъолияти он мебошад, ки фаъолияти кӯшода дорад ва дар воситаҳои ахбори омма маълумот дар бораи ҳисоботи солона, дар бораи маҷлиси умумӣ ва ғайраҳо нашр карда мешаванд. Ин талабот ба мақсади қонеъ намудани сармоягузоронӣ эҳтимолӣ бо иттилооти зарурӣ муқаррар карда шудааст.
Ҷамъияти саҳомии навъи пӯшида танҳо дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ оид ба фаъолияти худ иттилоот медиҳад, масалан, ҳангоми паҳнкунии озодонаи облигатсия ва дигар қоғазҳои қиматнок.
Иштирокчиёни ҷамъияти саҳомӣ саҳмияҳои ҷамъиятро харидорӣ менамояд ва ҳамин тариқ, ҳамчун саҳомон баромад менамоянд. Ба сифати саҳомони ҷамъияти саҳомӣ ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ ва шахсони ҷисмонӣ баромад карда метавонанд, аз ҷумла, шахсоне, ки ба сифати соҳибкор ба қайд гирифта нашудаанд. Мақомотҳои давлатӣ ва мақомотҳои худидоракунии маҳаллӣ ба сифати саҳомон баромад карда наметавонанд. Ба сифати муассиси ҷамъияти саҳомӣ чун ҶДММ метавонад ҷамъияти хоҷагие баромад намояд, ки аз як шахс иборат аст.
Қонунгузорӣ ва амалияи хоҷагӣ ба ақидаи олимон, имконияти мавҷудияти чунин ширкатҳоро бо иштироки як шахс инкор менамуд<sup/>. Ба фикри гурӯҳи дигари олимон «ҳамчун иттиҳодия, ширкати саҳомӣ на бояд аз ду нафар камтар бошад. Муттаҳид намудани саҳмияҳо ё ин ки ҳиссаҳо дар дасти як кас маънои барҳам хурдани ширкатро дорад. Иттиҳоди иштирокчиён шахси ҳуқуқиро ташкил медиҳад» <sup/>.
Мувофиқи назари М.И. Кулагин, хусусияти мутамарказонии капитал иқтисодиёти капиталистро ба он оварда расонидааст, ки дар ин мамлакатҳо шахсони ҳуқуқие, ки аз як нафар иштирокчӣ иборат мебошанд, ба вуҷуд омадаанд<sup/>.
Гарчанде, ки мавҷудияти чунин ширкатҳо ҳамчун шахсони ҳуқуқӣ ба моҳияти шахси ҳуқуқӣ чун иттиҳоди коллективӣ мухолиф бошад ҳам, қайд мекунад В.А. Мусин, дар ибтидо амалияи тиҷоратӣ ва судӣ, сипас назария ва қонун ҳуқуқи мавҷудияти ширкатҳоеро, ки ба як шахс тааллуқ доранд, эътироф намуд<sup/>.
Тазаккур додан зарур аст, ки худи қонунгузории муосир ин масъаларо мусбӣ ҳал намудааст, яъне ба фоидаи мавҷудияти чунин шаклҳои ташкилӣ-ҳуқуқӣ ва баҳсу мунозираи олимон оиди табиати ҳуқуқии онҳо барои амалияи фаъолияти онҳо аз аҳамият холӣ нест.
Эътироф намудани «ширкатҳои як шахс» бо ду роҳ ба амал бароварда мешавад:
1) бо роҳи расмӣ;
2) бо роҳи бевосита, эътироф намудани чунин ширкатҳо, б