Кооперативҳои истеҳсолӣ

Кооперативҳои истеҳсолӣ (артел) – иттиҳоди ихтиёронаи шаҳрвандонро дар асоси аъзогӣ барои ба амал баровардани фаъолияти якҷояи истеҳсолӣ, ё ин ки дигар фаъолияти хоҷагӣ меноманд, ки бо иштироки шахсии меҳнати ё ин ки дигар шакли иштирок дар фаъолияти он, инчунин аз ҷониби аъзоён (иштирокчиён) муттаҳид намудани аъзоҳақии амволӣ асос ёфтааст.

Мафҳуми қонунии кооперативҳои истеҳсолӣ ҳамаи аломатҳои тавсифдиҳандаи ин шакли ташкилӣ – ҳуқуқии фаъолияти соҳибкориро дар бар мегирад.

Аз ҷумла:

– ба вуҷудоии ихтиёрӣ;

– аъзогӣ, ҳамчун принсипи асосии ташкили кооперативҳои истеҳсолӣ;

– баробарҳуқуқии иштирокчиён новобаста аз ҳаҷми аъзоҳақӣ;

– усули фаъолият – ба принсипи ёрии ҳамдигарӣ ва худфаъолиятӣ асосёфтааст;

– ба шакли идоракунӣ – дар асоси интихобӣ ва худфаъолиятӣ;

– якҷоя ба амал баровардани фаъолияти истеҳсолӣ ва ё ин ки дигар фаъолияти хоҷагӣ.

Кооперативҳои истеҳсолӣ натиҷаи созишномаи ихтиёоронаи иштирокчиёни он мебошад. Дар асоси ҳар як шартнома ва хусусан шартнома дар бораи таъсиси кооператив, мақсади ихтиёрона созмон додани ин ташкилот ва озодии аъзошави ба кооператив ҷой додашудааст.

Ҳамзамон дар шартнома предмет ва мақсади фаъолияти ин ташкилот, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои иштирокчиён ва ғайраҳо низ дарҷ мегарданд. Қонунгузори чунун ҳолатеро муқаррар намудааст, ки мувофиқи он кооператив дар асоси қарори истисноии муассисон ба вуҷуд меояд.

Қонун ҳуқуқҳои гуногуни аъзоёни кооперативҳоро муқаррар намудааст. Принсипи баробарҳуқуқии аъзоён чунин маъно дорад, ки ҳар як аъзои кооператив як овоз дорад. Вуҷуд доштани ин принсип бо хусусияти кооперативҳои истеҳсолӣ ҳамчун субъекти махсуси фаъолияти соҳибкорӣ муайян карда шудааст. Хусусияти ҳолати ҳуқуқии кооператив дар он таҷассум меёбад, ки онҳо на ба сифати ширкат ва на ба сифати ҷамъият баромад наменамоянд.

Кооператив ҳам иттиҳоди маблағҳо ва ҳам иттиҳоди шахсон мебошад. Ин омилҳо, яъне омили иттиҳоди маблағҳо ва иттиҳоди шарикон дар алоҳидагӣ наметавонанд хусусияти ҳолати ҳуқуқии кооперативҳоро муайян кунанд, вале маҷмӯи ин омилҳо дар якҷоягӣ ҳақиқатан ҳолати ҳуқуқии кооперативро ҳамчун шакли ташкилӣ- ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ тавсиф медиҳанд.

Азбаски кооператив иттиҳоди маблағҳост наметавонад, ки фоидаро мақсади асосии фаъолияти хеш қарор надиҳад ва чун иттиҳоди шарикон наметавонад, ки манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ғайраҳои аъзоёни хешро ба инобат нагирад. Дар натиҷа мақсади гирифтани фоида, бо мақсади шахсон тасҳеҳ гардида дар маҷмӯъ бо номи гирифтани фоида, бо назардошти манфиатҳои шарикон ва аз ин ҷо чунин хулоса бардоштан мумкин аст, ки мақсади асосии кооператив дар иқтисодиёти бозоргонӣ, аз мақсади ҷамъияти саҳомӣ фарқ дорад.

Азбаски кооператив – иттиҳоди шахсон ҳаст, дар овоздиҳӣ аз рӯи масъалаҳои идоракунии кооператив на маблағҳо, балки худи аъзои кооператив иштирок менамояд. Аз ин ҷо чунин хулоса баровардан мумкин, ки ҳар як аъзои кооператив новобаста аз ҳаҷми аъзоҳақӣ як овоз дорад.

Кооператив ҳамчун иттиҳоди маблағҳо ва шахсон наметавонад фаъолияти худро дар асоси худидоракунии маблағҳо ва шахсон қарор диҳад. Чунин тарзи гузориши масъала маънои онро дорад, ки якум, аъзои кооператив ҳам дар гирифтани фоида ва ҳам дар идоракунӣ метавонад ширкат варзад.

Дуюм, дар кооператив бояд сухан ҳам дар бораи худидоракунии маблағҳо ва ҳам дар бораи худидоракунии шасхон меравад.

Мувофиқи муқаррароти қонунгузории ҷорӣ танҳо аъзои кооператив ба мақомотҳои идоракунии кооператив интихоб карда мешавад.

Кооперативи истеҳолӣ ба сифати ташкилоти тиҷоратӣ баромад мекунад. Агар фаъолияти соҳибкории кооперативро бо мафҳуми умумии фаъолияти соҳибкорӣ муқоиса намоем, пас мушоҳида намудан мумкин аст, ки гирифтани фоида барои кооператив мақсади махсус мебошад, чунки кооператив ба мақсади қонеъ намудани талаботҳои шахсии аъзоён дар асоси фаъолияти якҷоя таъсис дода мешавад. Новобаста аз он ки кооперативҳо на ҳамеша барои хизматрасонии аъзоёни худ таъсис дода мешаванд, вале манфиатҳои онҳо ҳамеша дар мадди аввал мебошанд.

Ҳамин тариқ, мавҷудияти наздики ду мақсади кооператив, яъне ёрии ҳамдигарӣ ва гирифтани фоида бо бартарияти мақсади кооператив оиди пешниҳод намудани хизмат, неъмат ё ин ки ҷойи кор бо шартҳои нисбатан аз бозори озоди меҳнат беҳтар ба аъзоёни кооператив мебошад.

Фаъолияти соҳибкории кооператив бо хусусиятҳои махсуси моликият, меҳнат ва идоракунӣ аз дигар шаклҳои фаъолияти соҳибкорӣ ҷудо карда мешавад.

Ба ҳамоии ҳиссаи амволӣ ва иштироки бевоситаи меҳнатии кормандон хусусияти меҳнатро дар кооперативҳои истеҳсолӣ ба вуҷуд меорад. Қувваи корӣ дар кооператив ба сифати қувваи кори кироя баромад намекунад, бинобар ин дар ин ҷо сухан дар бораи худкироя, ҳамчун хусусияти асосии иҷтимоӣ – иқтисодии кооператив меравад. Бо назардошти истилоҳҳои ҳуқуқи меҳнати ҶТ ду намуди асосии меҳнат, яъне меҳнати мустақим ва меҳнати ғайримустақимро ҷудо намудан мумкин аст. Масъалаи мазкур ду самти омӯзишро дар бар мегирад:

1) самти омӯзиши иқтисодӣ чунин маъно дорад, ки корманд аз воситаҳои истеҳсолот ҷудо мебошад;

2) дар самти ташкилӣ – ҳуқуқӣ, чунин маъно дорад, ки байни тарафҳо муносибати ҳокимият ва тобеият вуҷуд дорад.

Вобаста ба ин дар адабиётҳои ҳуқуқӣ чунин фикре вуҷуд дорад, ки мувофиқи он меҳнат дар кооператив чун дар ҷамъияти саҳомӣ ба меҳнати ғайримустақим дохил мешавад. Ҷой доштани ин ҳолат ба мақомотҳои идоракунии ин сохторҳо алоқаманд буда, кормандони оддӣ бо ин мақомотҳо дар ҳолати ҳокимият ва тобеият қарор доранд<sup/>1.

Гуфтан зарур аст, ки ин фикр аз ҷониби ҳамаи олимон қабул карда нашудааст, чунки ба кооператив принсипҳои демократии идоракунӣ ва худидоракунӣ хос мебошанд<sup/>2.

Бо фикри Л.А. Сыроватская аъзои кооперативро бо корманди корхонаи саҳомӣ дар як қатор мондан нашояд, чунки онҳоро соҳибмулки воқеии воситаҳои истеҳсолот ҳисобидан мумкин ҳаст<sup/>3.

Воқеан, аъзои кооператив низ чун корманди корхонаи давлатӣ ё ин ки корманди кироя дар кооператив ҳамчун корманди «ғайримустақим» баромад мекунад<sup/>4.

Кооператив фаъолияти худро дар асосии принсипи худидоракунӣ ба роҳ мемонад ва ин як хусусияти махсуси онҳо мебошад. Демократияи истеҳсолӣ аз сатҳи ҷойи кори то амали намудани функсияҳои соҳибкорӣ дар сатҳи корхона, яке аз омилҳои устувори кооперативҳои истеҳсолӣ мебошад.

Кооперативҳои истеҳсолӣ дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва ғайраҳо созмон дода мешаванд. Бояд қайд намуд, ки кооперативии истеҳсолӣ пеш аз ҳама субъекти хоҷагидориест, ки барои ба даст овардани мақсадҳои хоҷагӣ таъсис дода мешавад.

Аҳамияти муайянкунандаро дар ин ҷо қонунӣ будани фаъолияти дилхоҳи кооператив ташкил медиҳад (ҳам истеҳсолӣ- хоҷагӣ ва ҳам иҷтимоӣ), яъне агар ин фаъолият бо қонунгузорӣ манъ карда нашуда бошад. Ҳангоми таҳлили ҳолати ҳуқуқии кооперативҳои истеҳсолӣ бартарияти онҳоро ҳамчун шакли ташкилӣ-ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ қайд кардан зарур аст.

Бартарияти кооперативҳои истеҳсолӣ дар он зоҳир мегардад, ки он дар худ чунон ҳаҷми баамалбарории ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои шаҳрвандонро дар бар мегирад, ки ба ягон шакли дигари ташкили – ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ мувофиқ намеоянд ва кооператив ба ҳайси чунин шакли ташкилӣ-ҳуқуқӣ аз ҷониби шаҳрвандон барои ба амал баровардани ҳуқуқу озодиҳои зерин таъсис дода мешавад:

– ҳуқуқи озодона истифода намудани амволи худ дар фаъолияти соҳибкорӣ (м.12 Конститутсияи ҶТ);

– ҳуқуқи доштан, истифодабарӣ ва ихтиёрдорӣ намудани моликият на алоҳида, балки якҷоя ба шахсони дигар (м.32 Конститутсияи ҶТ);

– ҳуқуқи озодона истифода намудани қобилияти худ барои машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ;

– ҳуқуқ ба меҳнат, интихоби озодонаи касбу кор (м.35 Конститутсияи ҶТ).

Аз ин ҷо чунин хусусияти махсуси ҳолати ҳуқуқии кооперативӣ истеҳсолиро ҷудо намудан мумкин ҳаст, ки дар як вақт ҳамчун сохтори соҳибкорӣ, шакли асосии муттаҳид намудани моликият ва меҳнат дар асоси аъзогии соҳибмулк ва корманд баромад мекунад ва принсипи асосии фаъолияти он принсипи демократияи худидоракунӣ мебошад.

Ҳангоми таҳлил намудани хусусиятҳои кооперативҳои истеҳсолӣ ва муқоисаи онҳо бо чунин сохторҳои соҳибкори чун ширкат ва ҷамъиятҳои хоҷагӣ дар адабиётҳои ҳуқуқӣ дуруст қайд карда мешавад, ки вазифаи муҳимтарини замони имрӯза ин муаммои пешгири намудани инкишофи кооператив ва табдилёбии он ба ширкати оддӣ ё ҷамъияти саҳомӣ мебошад.

Маҳз ҳамин вазифа талаботҳои махсусро ба кол-лективи кооператив муайян намуда, онҳоро маҷбур менамояд, ки ихтиёран ба зиммаи худ ӯҳдадориҳоро гиранд, ки чунин инкишофёбии кооперативро пешгирӣ намоянд, аз ҷумла, муқаррар намудани маҳдудият оиди пасгардонида гирифтани аъзоҳақӣ ё ин ки истисно намудани гирифтани даромад аз маблағи гузошташуда ва ғайра.

Хусусиятҳои фарқкунандаи кооператисия бо талаботҳо ва манфиатҳои гурӯҳҳои иҷтимоие алоқаманд мебошад, ки дар сохтмони кооперативӣ ширкат меварзанд. Дараҷаи баландтаринии ягонагии чунин манфиатҳо дар кооперативӣ коргарӣ ба даст оварда мешавад, ки ҳамчун як намуди «кооперативҳои авҷи нав» мебошанд, ки дар миёнаи солҳои 80-уми асри XX дар аврупо ба вуҷуд омада буданд. Аз нигоҳи ҳуқуқӣ, чунин кооперативҳо дар шакли ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд ташкил карда мешаванд. Аъзоҳақии аъзоёни кооператив дорои бузургии номиналӣ (ба мисли аъзоҳақии воридшавӣ) мебошад, чунки маблағҳои кооператив аз ин саҳмҳо иборат нест. Ба ин кооператив қабул намудани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки корманди кооператив нестанд, манъ аст. Моликияти умумии аъзоёни кооператив тақсимнашаванда мебошад, ҳатто ҳангоми барҳам додани кооператив қисми амволе, ки пас аз ҳисоби намудан бо кредиторҳо боқӣ мондааст, наметавонад байни аъзоёни кооператив тақсим карда шавад. Чунин амвол ба таври ройгон ба дигар ташкилотҳои кооперативӣ дода мешавад.

Дар ширкати кооперативии саҳмӣ (дигар намуди «кооперативҳои авҷи нав») ҳангоми дохил шудан ба аъзоёни кооператив зарурияти пардохт намудани саҳмпулии хело калон вуҷуд дорад. Дар ин шакли кооператив зарурияти васеъ намудани истеҳсолот бо роҳи ҷалб намудан кормандони кироя ҷой дорад, ки дар натиҷаи он капитал дар дасти гурӯҳи хурди таъсисдиҳандагони кооператив мутамарказ карда мешавад. Ҳамаи ин боиси табдилёбии кооператив ба ширкат ё ҷамъияти хоҷагии оддӣ мегардад.

Кооперативи истеҳсолӣ аз ҷамъияти саҳомӣ низ фарқ дорад. Ҷамъиятҳои саҳомӣ дар моликияти кормандонаш қарор дорад ва одатан дар соҳаҳои истеҳсолоти калон таъсис дода мешаванд. Моликияти саҳомии кормандон дар ИМА ниҳоят паҳн шудааст. Дар ин ширкатҳо фондҳои махсус созмон дода мешавад, ки аз ҳисоби маблағҳои он саҳмияҳо харидорӣ шуда, дар байни кормандон паҳн карда мешаванд.

Кооператсия ва бозор ба ҳам алоқаи зич доранд. Кооператсия ба бозор бо чунин воситаҳо дохил мешавад.

1) созмон додани шакли махсуси ташкилӣ – ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ-кооперативҳои истеҳсолӣ;

2) созмон додани кооперативҳои истеҳсолие, ки новобаста аз таъинот ба мақсади қонеъ намудани талаботи аъзоёни худ ба мол ва хизмат фаъолият менамоянд;

3) аз ҷониби кооперативҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ созмон додани корхонаҳои кооперативии истеҳсолӣ барои ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ;

4) созмон додани сохторҳои муайян баҳри таъмини инфрасохтори бозор, аз қабили бонкҳои кооперативӣ, биржаҳо ва ғайра.

5 Загрузки

415
Нет комментариев. Ваш будет первым!