Корхонаҳои давлатӣ

Асоси ҳуқуқии фаъолияти корхонаҳои давлатиро Кодекси Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ» аз 28 феврали соли 2006 ташкил медиҳанд.

Корхонаҳои давлатӣ ба ду намуд ҷудо мешаванд:

1) корхонаҳои воҳиди давлатӣ;

2) корхонаҳои давлатӣ.

Корхонаи воҳиди давлатӣ-ташкилоти тиҷоратие мебошад, ки нисбати амволи аз ҷониби соҳибмулк ба он таҳвилшуда, ҳуқуқи моликиятӣ надорад.

Корхонаҳои давлатӣ аз дигар шаклҳои ташкилӣ-ҳуқуқӣ бо он фарқ мекунанд, ки нисбати амволи дар ихтиёрдошта ҳуқуқи моликиятӣ надоранд. Амволи корхонаҳои воҳид тақсимнашаванда буда, дар байни кормандони он низ тақсим намешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин намудҳои корхонаҳои воҳид фаъолият менамоянд:

-корхонаҳои воҳидӣ, ба ҳуқуқи истифодабарии хоҷагӣ амвол асосёфта;

-корхонаҳои воҳидӣ ба ҳуқуқи оперативии идоракунӣ амвол асосёфта.

Вобаста ба намудҳои моликияти ба онҳо таҳвилшуда корхонаҳои мазкур тақсим мешаванд:

а) ба корхонаҳое, ки дар пояи моликияти ҷумҳуриявӣ қарор доранд – корхонаҳои давлатии ҷумҳуриявӣ;

б) ба корхонаҳое, ки дар пояи моликияти ҳокимияти маҳаллӣ қарор доранд – корхонаҳои давлатии коммуналӣ.

Қобилияти ҳуқуқдории корхонаҳои давлатӣ дар тафовут аз дигар ташкилотҳои тиҷоратӣ на умумӣ, балки махсус аст, яъне онҳо ҳамон фаъолияти соҳибкориеро ба амал бароварда метавонанд, ки дар оинномаи онҳо пешбинӣ шуда бошад (м.м.49, 124 КГ ҶТ).

Корхонаҳои воҳид ва дигар ташкилотҳои тиҷоратие, ки қонун нисбати онҳо қобилияти махсуси ҳуқуқдориро муқаррар намудааст (бонкҳо, ташкилотҳои суғуртавӣ ва ғайра), танҳо дар доираи мақсад ва предмети фаъолияти худ метавонанд, аҳдҳо банданд. Аҳдҳое, ки ба предмет ва мақсади фаъолияти бо қонун ва ё дигар санадҳои меъёри-ҳуқуқӣ муқаррарнамуда мувофиқ нестанд, тибқи моддаи 193 КГ ҶТ мутлақо беэътиборанд.

Бояд тазаккур дод, ки қонунгузории муосир дар бахшҳои муайяни фаъолияти соҳибкорӣ фаъолияти корхонаҳои воҳидро маҳдуд намудааст (м.946 КГ ҶТ). Корхонаҳои давлатӣ ба сифати идоракунандаи боэътимод ё брокери гумрукӣ низ баромад карда наметавонанд.

Ҳалли вазифаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ки тибқи талаботи ҷомеа ва давлат муайян шудаанд, самтҳои асосии фаъолияти корхонаҳои давлатӣ мебошанд.

Вазифаҳои асосии корхонаҳои давлатӣ инҳоянд:

а) таъмини моддии иқтидори мудофиавии давлат ва ҳифзи манфиатҳои ҷомеа;

б) истеҳсоли мол (кор, хизматрасонӣ);

в) анҷом додани фаъолият дар он бахшҳое, ки ба вазифаҳои давлат мансубанд.

Корхонаи давлатӣ дорои номи фирмавӣ мебошад, ки дар он бояд номи соҳибмулк, тааллуқмандӣ ба намуди моликияти давлатӣ (ҷумҳуриявӣ ё коммуналӣ) ишора шуда бошад. Корхонаҳои давлатӣ дорои мӯҳр мебошад, ки дар он Герби давлатии Тоҷикистон ва номи фирмавии корхонаи давлатӣ тасвир ёфтааст.

Корхонаи воҳид аз рӯи ӯҳдадориҳои худ бо тамоми амволи ба он тааллуқдошта масъул аст. Корхонаи мазкур аз рӯи ӯҳдадориҳои молик ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд.

Соҳибмулки молу мулки корхонаи воҳиди давлатӣ низ аз рӯи ӯҳдадориҳои он масъул нест ба ғайр аз ҳолатҳои муқаррарнамудаи қисми 3, моддаи 57 Кодекси Гражданӣ. Ин қоида инчунин дар мавриди масъулияти корхонаи воҳиде, ки корхонаи фаръиро таъсис додааст, тибқи ӯҳдадориҳои корхонаи фаръӣ татбиқ мегардад (б 8 м. 124 КГ ҶТ).

Корхонаи воҳиди давлатӣ метавонад баробари дигар корхонаҳои таъсисёфта дар соҳаҳои зерин фаъолият намояд:

– тарҳрезӣ, истеҳсол ва таҳвили маҳсулот барои эҳтиёҷоти давлат, аз қабили яроқу, лавозимоти ҷангӣ, техникаи ҳарбӣ, дигар амволи ҳарбии ба мақсади таҳкими қобилияти мудофиавӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷаҳазшуда ;

– барҳамдиҳӣ (нобудсозӣ, партовкунонӣ, гӯрондан) ва коркарди воситаҳои ҳарбию –техникии бекоршуда;

– истихроҷ, истеҳсол, ҳамлу нақл, коркард, гӯркунӣ, фурӯши уран ва дигар маводи радиоактивӣ, ба андозаи зиёда аз меъёри истифодаи онҳо, бе зарурати истифодаи воситаҳои махсуси муҳофизат;

– тайёр кардан ва фурӯхтани дорувор, воситаҳои табобатӣ, таҷҳизот ва асбобҳои тиббӣ;

– анҷом додани фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳаҳои ба монополияи давлатӣ мутааллиқ;

– анҷом додани фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳаи таъмин бо нерӯи барқ, об, гармӣ ва газ;

– расонидани хизмат тавассути нақлиёти роҳи оҳан ва истифодаи умумӣ, интиқоли ҳавоии бор ва мусофирон;

– расонидани хизмати алоқа (аз ҷумла алоқаи почта) ва телекоммуникатсионӣ, истифодаи хатҳои алоқаи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ;

– дар соҳаи бонкӣ, суғуртавӣ ва дигар фаъолияти қарзию молиявӣ;

– анҷом додани фаъолияти истеҳсолию хоҷагидорӣ дар соҳаи тандурустӣ, ҳифзи табиат, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, илм, фарҳанг ва варзиш;

– анҷом додани фаъолияти истеҳсолию хоҷагидорӣ дар соҳаи телевизион (аз ҷумла телевизиони кабелӣ) ва радиошунавонӣ, фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ;

– анҷом додани дигар фаъолияти дигари истеҳсолию хоҷагии дар нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ пешбинишуда;

– дар дигар соҳаҳои фаъолият мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Корхонаҳои давлатӣ метавонад баробари дигар корхонаҳо таъсис ёфта дар соҳаҳои зерини муқаррар намудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намоянд (моддаи 27 Қонун):

– нигоҳубин ва инкишофи шабакаи роҳҳои давлатии автомобилгард ва дигар объектҳои инфрасохтор, ки барои онҳо тибқи қонунгузорӣ тартиби махсуси маблағгузорӣ муқаррар шудааст;

– иҷрои корҳои наҷотбахшӣ дар кӯҳсор ва дигар корҳои махсус дар вазъияти фавқуллода ва садамавӣ, ҳифз аз сӯхтор, обхезиҳо ва дигар фалокатҳои табиӣ;

– анҷом додани фаъолияти истеҳсолӣ дар муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;

– иҷрои корҳои топографию геодезӣ ва картографӣ;

– анҷом додани фаъолияти истеҳсолию хоҷагидорӣ дар соҳаи тандурустӣ, ҳифзи табиат, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, илм, фарҳанг ва варзиш;

– анҷом додани дигар фаъолияти истеҳсолию хоҷагидорӣ, ки дар нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ пешбинӣ шудаанд.

Корхонаи давлатии ҷумҳуриявӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷуҳурии Тоҷикистон ва корхонаи давлатии комуналӣ дар асоси қарори мақомоти ҳокимияти давлатии маҳаллӣ тибқи тартиби муқаррар намудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд.

Муассиси корхонаи давлатӣ метавонад мақоми давлатие, ки барои таъсиси корхона қарор қабул кардааст, ё мақомоти идоракунии давлатии ваколатдоркардашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.

Муассисе, ки дар бораи таъсиси корхонаи давлатӣ қарор қабул кардааст, ҳақ дорад мақомоти давлатии дахлдорро ваколатдор намояд, ки қисме аз ҳуқуқҳои ӯро нисбати корхонаҳои давлатӣ татбиқ намояд. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои мақомоти ваколатдоркардашуда нисбат ба корхонаи давлатӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҳокимияти маҳаллӣ муайян карда мешаванд.

Феҳристи корхонаҳои давлатии ҷумҳуриявиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Феҳристи корхонаҳои давлатии коммуналӣ аз тарафи раисони дахлдори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо тасдиқ карда мешавад.

Сарчашмаҳои ташаккулёбии сармояи ойинномавии корхонаҳои давлатӣ дар қонун пешбинӣ шудааст, ки мувофиқи он амволи корхонаи давлатиро фондҳои асосӣ ва воситаҳои гардон, инчунин арзишҳое ташкил медиҳанд, ки нархи онҳо дар тавозуни корхона инъикос меёбанд.

Амволи корхонаи давлатӣ тақсимнашаванда аст ва наметавонад аз рӯи саҳмҳо (ҳиссаҳо, пайҳо), аз ҷумла ба кормандони корхона дода шавад.

Амволи корхонаи давлатӣ аз ин ҳисоб ташкил меёбад:

а) амволи аз тарафи молик додашуда;

б) амволи (аз ҷумла даромади пулии) дар натиҷаи фаъолияти истеҳсолию хоҷагӣ ба дастомада;

в) дигар манбаъҳо, ки қонунгузорӣ манъ накардааст.

Ҳуқуқ ба амволе, ки барои ҳуқуқи истифодабарии хоҷагӣ ё идоракунии оперативии коронаҳои давлатӣ вобаста карда шудааст, аз лаҳзаи аз ҷониби соҳибмулк таҳвил намудани амвол ба корхонаи воҳид ба вуҷуд меояд, агар тартиби дигареро қонунгузории ҷорӣ ё қарори соҳибмулк муқаррар накарда бошанд.

Корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва коммуналӣ дорои сармояи оинномавӣ мебошанд, ки он ҳамчун ҳадди ақалли амвол барои кафолат додани манфиатҳои кредиторон зарур аст.

Сармояи оинномавии корхонаҳои давлатӣ аз ҳисоби пул, қоғазҳои қиматнок, амволи дигар, ҳуқуқҳои амволӣ ва дигар ҳуқуқҳое, ки арзиши пулӣ доранд, ташкил меёбад.

Арзиши сармояи ойинномавии корхонаҳои давлатӣ ва маҳаллӣ бо сомонӣ муайян карда мешавад.

Андозаи сармояи ойинномавии корхонаи воҳиди давлатӣ аз тарафи муассиси он муайян мегардад ва аз арзиши умумии амволи ба корхона додашаванда зиёд буда наметавонад. Андозаи сармояи ойинномавӣ корхонаи воҳиди давлатӣ аз андозаи панҷсадкаратаи ҳадди ақали музди меҳнат, андозаи сармояи ойинномавии корхонаи давлатӣ бошад, аз арзиши садкаратаи ҳадди ақали музди меҳнат кам буда наметавонад.

Сармояи ойинномавӣ бояд пурра аз тарафи молик (муассис) то лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ ташкил ёбад.

Корхонаи воҳиди давлатӣ вазифадор аст сармояи захиравиро дар ҳаҷми муайяншдаи ойинномаи он ташкил намояд.

Маблағи сармояи захиравӣ мутлақо барои пӯшонидани зарар, иҷрои ӯҳдадориҳо дар назди буҷет, пардохти қарзҳои давлатӣ ва фоизи онҳо, дар мавридҳои нокифоягии дигар маблағҳои корхона истифода мешавад.

Сармояи ойиномавӣ, аз лаҳзаи ба ҳисоби бонкии он дохил намудани маблағҳои пулӣ ва ба тарзи дахлдор ба корхонаҳои давлатӣ ва маҳаллӣ таҳвил додани амволи дигаре, ки дар ҳуқуқи истифодаи хоҷагӣ ва идоракунии оперативии онҳо вобаста гардидааст, ташакулёфта ҳисобида мешавад.

Соҳибмулки корхонаи воҳиди давлатӣ ҳуқуқ дорад ва дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун ӯҳдадор аст сармояи ойинномавии корхонаҳои давлатиро кам кунад (б.5 м.125 КГ ҶТ).

Агар баъди анҷоми соли молиявӣ арзиши активҳои софи корхонаи воҳид аз андозаи фонди оинномавии дар оинномаи корхона пешбинигардида камтар шавад, мақоме, ки ваколати таъсис додани чунин корхонаҳоро дорад, вазифадор аст, ки мувофиқи тартиби муқарраргардида фонди оинномавиро кам кунад. Агар арзиши активҳои соф аз андозаи дар қонун муайянгардида камтар гардад, корхона метавонад бо қарори суд барҳам дода шавад.

Корхонаи давлатие, ки дар бораи кам намудани сармояи ойинномавии хеш қарор қабул намудааст, ӯҳдадор мебошад, ки дар ин бора тамоми кредиторҳоро ба таври хаттӣ огоҳ намояд ва инчунин дар мақомотҳои нашрияи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ низ онро нашр намояд.

Ҳамзамон кредиторон ҳуқуқ доранд, пас аз гирифтани огоҳинома ё чоп шудани маълумот дар бораи қабул намудани чунин қарор аз корхонаи давлатӣ бекор намудани шартнома ё пеш аз мӯҳлат иҷро намудани ӯҳдадориҳо ва инчунин талофӣ намудани товони зарари расонидашударо талаб намоянд.

Азбаски корхонаҳои давлатӣ молики амволи ба онҳо вобаста шуда нестанд, хусусиятҳои хоси ихтиёрдорӣ намудани чунин амвол аз ҷониби ин корхонаҳо вуҷуд доранд.

Корхонаҳои давлатӣ ва коммуналӣ амволи манқулеро, ки дар ҳуқуқи истифодабарии хоҷагӣ доранд, мустақилона ихтиёрдорӣ карда метавонанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки Қонун дар бораи корхонаҳои давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ муқаррар намудаанд.

Ин корхонаҳо наметавонанд, амволи ғайриманқули ба онҳо вобаста шударо фурӯшанд, ба иҷора диҳанд, ба гарав монанд ё бо сифати ҳисса дар маблағи ойинномавии ширкат ва ҷамъиятҳои хоҷагӣ гузаронд, ё ин ки бо тарзҳои дигар бидуни иҷозати соҳибмулки корхонаҳои давлатӣ ва коммуналӣ, ихтиёрдорӣ намоянд.

Корхонаҳои давлатӣ аз амволи манқул ва ғайриманқул то ҳадде ихтиёрдорӣ карда метавонанд, ки имконияти ба амал баровардани фаъолияти онҳоро мутобиқи предмет ва мақсади бо ойиннома муқаррар гардида, маҳрум накунанд.

Аҳдҳое, ки корхонаҳои давлатӣ бо вайрон намудани талаботи мазкур ба амал мебароранд, мутлақо беэътибор мебошанд.

Корхонаҳои воҳиди давлатӣ бидуни розигии молик чунин аҳдҳоро баста наметавонанд, аз ҷумла, аҳдҳое, ки бо пешниҳод намудани қарз, супориш, кафолати бонкӣ, даст кашидан аз талабкунӣ, таҳвили қарз ва инчунин бастани шартномаи ширкати оддӣ вобастаанд. Дар ойинномаи корхона номгӯи аҳдҳоеро муқаррар намудан мумкин ҳаст, ки бидуни розигии молик бастани онҳо манъ мебошад.

Корхонаҳои давлатӣ амволи ба онҳо вобаста карда шударо танҳо бо розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти ваколатдори ҳокимияти иҷроия метавонанд ихтиёрдорӣ намоянд.

Корхонаҳои давлатии коммуналӣ низ бо розигии мақомоти ваколатдори ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ метавонанд амволи ба онҳо вобастакардашударо ихтиёрдорӣ намоянд.

Корхонаи давлатӣ ҳуқуқи мустақилона фурӯхтани маҳсулоти (корҳо, хизматҳо) истеҳсолнамудаашро дорад, башарте ки бо қонун ё дигар санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад. Корхонаи мазкур метавонад бо розигии соҳибмулк амволи ба он вобаста кардашударо бо чунин тарзе ихтиёрдорӣ намояд, ки имконияти ба амал баровардани фаъолияти онро мутобиқи мақсад ва предмети бо ойиннома муқарраргардида, халалдор насозад. Фаъолияти корхонаи давлатӣ мутобиқи сметаи даромадҳо ва хараҷотҳое, ки аз ҷониби соҳибмулки амволи он тасдиқ карда шудааст, ба амал бароварда мешавад.

Моликони амволи корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва маҳаллӣ ҳуқуқи гирифтани қисми фоидаеро доранд, ки аз истифодаи амволи дар ҳуқуқи истифодаи хоҷагии онҳо қарордошта, ба даст оварда шудааст.

Корхонаҳои давлатӣ ва маҳаллӣ ҳар сол қисми фоидаеро, ки дар ихтиёри онҳо пас аз иҷро намудани ӯҳдадориҳои бахши андоз ва дигар ӯҳдадориҳои ҳатмии пардохтӣ боқӣ мемонад, ба сатҳи муайяни буҷет бо тартиб, ҳаҷм ва мӯҳлатҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ муқаррар намудаанд, мегузаронанд.

Тартиби тақсими фоидаи корхонаи давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ муайян мешавад.

Фаъолияти корхонаҳои воҳиди давлатӣ тибқи нақшаи ба таври дахлдор таҳияшуда, амалӣ мегардад.

Вазорати рушди иқтисодиёт ва савдо ҳангоми таҳияи барномаҳои инкишофи иҷтимоӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмати «Лоиҳаи инкишофи соҳаи давлатӣ», нишондодҳои инкишофи корхонаҳои воҳиди давлатиро дохил менамояд.

Фаъолияти истеҳсолӣ хоҷагии корхонаи воҳиди давлатӣ мутобиқи нақшаи фаъолияти молиявӣ – ҳоҷагӣ ба роҳ монда шуда, робитаи он бо маҳсулотсупорандагон ва харидорон дар асоси шартнома барқарор мешавад.

Корхона ба розигии мақомоти ваколатдори давлатӣ нақшаи инкишофи хешро таҳия менамояд, ки аз инҳо иборат мебошад:

-чорабиниҳое, ки устувории кори корхона оиди иҷрои нақша- супориш ва фаъолияти мустақилонаи иҷозатдодашудаи хоҷагиро таъмин менамоянд;

-вазифаҳо оид ба ҷорӣ ва хориҷ намудани қувваҳои истеҳсолӣ;

-вазифаҳо оид ба созмондиҳӣ ва аз худ намудани маҳсулоти нав;

-вазифаҳо оид ба омодасозӣ ва бозомодасозии кадрҳо;

-шартҳои таъмини амалии нақшаи инкишофи корхона, аз ҷумла хароҷотҳои молиявӣ ва сарчашмаҳои пӯшонидани онҳо.

Мақомоти ваколатдор аз рӯи иҷрои нақшаи истеҳсолӣ назорат ба амал мебарорад. Корхона ҳар як се моҳ дар шакли муқаррарнамуда ҳисоби оморӣ ва муҳосибавиро оид ба иҷро намудани нақшаи истеҳсоли маҳсулот (кор, хизмат) ба мақомоти ваколатдори давлатӣ пешниҳод менамояд.

Самаранокии фаъолияти корхонаи давлатӣ аз роҳбарӣ он вобаста мебошад. Қонунгузории ҷорӣ тартиби таъин намудани роҳбарони корхонаҳои воҳиди давлатиро муайян намудааст, ки мувофиқи он роҳбарони корхонаҳо дар асоси қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ ба кор таъин карда мешаванд. Бо роҳбарони корхонаҳои давлатӣ қарордод баста мешавад ва онҳо мунтазам аз аттестатсия мегузаранд.

Роҳбари корхонаи воҳиди давлатӣ (директор, директори генералӣ), дар асоси принсипи якасардори амал намуда, дар доираи ваколатҳои бо Қонун ва оинномаи корхона муайяншуда, масъалаҳои ба фаъолияти корхона тааллуқмандро мустақилона ҳаллу фасл менамояд.

Роҳбар бидуни ваколатнома аз номи корхонаи воҳид баромад менамояд, аз ҷумла, манфиатҳои онро дар муносибатҳо бо мақомоти давлатӣ ва шахсони ҳуқуқӣ муаррифи намуда, аз номи он бо тартиби муқарраргардида аҳдҳо мебандад, сохтор ва штати корхонаро тасдиқ мекунад, кормандонро ба кор қабул намуда, бо онҳо шартномаи меҳнатӣ баста, онро тағйир медиҳад, қатъ менамояд, фармон медиҳад ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ваколатнома медиҳад.

Роҳбари корхонаи воҳид иҷрои қарори молики амволи корхонаро ташкил ва ба роҳ мемонад.

Роҳбари корхона наметавонад ба сифати муассиси (иштирокчии) шахсони ҳуқуқӣ баромад кунад, ягон мансабро ишғол намояд ё ин ки дигар фаъолияти музднокро дар мақомотҳои давлатӣ, мақомотҳои худидораи маҳаллӣ, ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ иҷро намояд, бағайр аз фаъолияти омӯзгорӣ, илмӣ ва дигар фаъолияти эҷодӣ. Роҳбари корхонаи давлатӣ, инчунин наметавонад ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шавад ё ин ки ба сифати мақомоти якасардори иҷроия ё аъзои мақомоти иҷроияи дастаҷамъии ташкилоти тиҷоратӣ баромад намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар иштирок дар мақомотҳои ташкилоти тиҷоратӣ ба ӯҳдадориҳои мансабии ин роҳбар дохил набошанд.

Роҳбари корхонаи давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ барои зараре, ки бо ҳаракатҳои (беҳаракатҳои) гунаҳкорона ба корхона расонидааст, аз ҷумла, ҳангоми гум кардани амволӣ корхонаи давлатӣ ҷавобгар мебошад.

Молики амволи корхонаи воҳиди давлатӣ ҳуқуқ дорад, нисбати роҳбари корхона, дар бораи талофи намудани товони зарари расонидашуда, даъво пешниҳод намояд.

Баланд бардоштани самаранокии идоракунии корхонаи давлатиро бидуни ваколатҳои молики амволи ин корхона тасаввур кардан мумкин нест. Молики амволи корхонаҳои давлатӣ дар шахси мақомоти ваколатдори давлатӣ як қатор ҳуқуқҳоро нисбат ба ин корхонаҳо доро мебошад. Мутобиқи Қонун «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ», соҳибмулки амволи ин корхонаҳо чунин ҳуқуқҳоро дорост, аз ҷумла:

– қабули қарор дар бораи таъсиси корхонаи воҳиди давлатӣ;

– муайян намудани мақсад, предмет ва намудҳои фаъолияти корхонаи воҳид ва инчунин додани розигӣ барои иштироки корхона дар ассотсиатсияҳо ва дигар иттиҳодияҳои ташкилотҳои тиҷоратӣ;

– муайян намудани тартиби таҳия, тасдиқ ва муқаррар намудани нишондиҳандаҳои нақшаҳои (барномаҳои) молиявӣ-хоҷагии фаъолияти корхонаи воҳид;

– тасдиқ намудани ойинномаи корхона, ворид намудани тағйиротҳо, аз ҷумла, тасдиқ намудани таҳрири нави ойиннома;

– қабули қарор дар бораи таҷдид ё барҳам додани корхонаи воҳид, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ таъин намудани комиссияи барҳамдиҳӣ ва тасдиқ намудани тавозуни барҳамдиҳии корхона;

– таъсис додани сармояи оинномавии корхонаи давлатӣ ва коммуналӣ;

– таъин намудани роҳбари корхонаи воҳиди давлатӣ, бастан, тағйир ва бекор намудани шартномаи меҳнатӣ бо ӯ мутобиқи қонунгузории меҳнатӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқие, ки меъёрҳои ҳуқуқи меҳнатиро дар бар гирифтаанд;

– мувофиқа намудани қабули сармуҳосиб ба кор ва бастан, тағйир додан ва бекор намудани шартномаи меҳнатӣ бо сармуҳосиб;

– тасдиқ намудани ҳисоботи муҳосибавӣ ва ҳисоботи корхона;

-додани розигӣ ҷиҳати ихтиёрдорӣ намудани амволи ғайриманқул ва дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва ойинномаи корхона, додани розигӣ барои бастани аҳдҳо;

– ба амал баровардани назорати истифодабарии амволи давлатӣ мувофиқи таъинот ва нигоҳдории амволе, ки ба корхонаи воҳиди давлатӣ вобаста карда шудааст.

Ба ғайр аз ваколатҳои дар боло нишондода шуда, молики амволи корхонаҳои давлатӣ чунин ҳуқуқҳои иловагиро дорад:

– кашида гирифтани амволи зиёдатӣ, амволи истифоданашаванда ё амволе, ки мувофиқи таъиноташ истифода намешавад;

– бо корхонаҳои давлатӣ додани супоришҳои ҳатмӣ оиди таҳвили мол, иҷро намудани кор ва расонидани хизмат барои эҳтиёҷоти давлатӣ ва маҳаллӣ.

Барномаҳои фаъолияти истеҳсолӣ – хоҷагии корхонаҳои воҳид аз ҷониби мақомотҳои идоракунии дахлдори соҳавӣ ҳар сол дар шакли муқарраргардида, тасдиқ карда мешаванд. Ҷиҳати таҳлили фаъолияти корхонаҳои соҳавии воҳиди давлатӣ, мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия комиссия ва дар ҳолатҳои зарурӣ якчанд комиссияҳоро таъсис медиҳад. Нишондиҳандаҳои самаранокии фаъолияти иқтисодии корхонаҳои соҳавӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия ҳар сол дар шакли барномаҳо тасдиқ карда мешаванд.

Назорати самаранокии идоракунӣ ва фаъолияти истеҳсолӣ –хоҷагии корхонаҳои воҳиди давлатӣ бо роҳи гирд овардани иттилооти оморӣ, ҳисоботи роҳбари корхонаи давлатӣ ва таҳлили он, ки ҳар як семоҳа ба мақомоти дахлдори давлатӣ пешниҳод карда мешавад ва инчунин бо роҳи ба амал баровардани тафтишоти аудиторӣ ва назорати дохилӣ, анҷом дода мешавад.

Ҳисоботи муҳосибавии корхонаи воҳиди давлатӣ дар ҳолатҳои муайяннамудаи молики амволи он ҳар сол бо тафтишоти ҳатмии аудиторӣ фаро гирифта мешавад.

Аз рӯи фаъолияти корхонаҳои воҳиди давлатӣ на танҳо мақомоти назоратӣ, балки дигар мақомотҳои ваколатдори давлати низ метавонанд назорат намоянд.

Корхонаи воҳид пас аз ба охир расидани давраи ҳисоботӣ ба мақомоти ваколатдори ҳокимияти давлатӣ ё ин ки ба мақомоти худидораи маҳаллӣ ҳисоботи муҳосибавӣ ва дигар ҳӯҷҷатҳоеро пешниҳод менамояд, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ин ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти худидоракунии маҳаллӣ муқаррар намудаанд.

Корхонаи воҳиди давлатӣ дар ҳолатҳои пешбини-намудаи қонун бояд дар бораи фаъолияти худ ҳисоботро нашр намояд.

Мутобиқи Қонун корхонаҳои воҳиди давлатӣ дар ҳолатҳои муайян ба корхонаҳои давлатӣ табдил дода мешаванд (м. 34 Қонун).

Табдили корхонаи воҳиди давлатии шакли ҷумҳуриявии моликият ба корхонаи давлатӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақомоти ваколатдор сурат мегирад.

Табдили корхонаи воҳиди давлатии шакли моликияти коммуналӣ ба корхонаи давлатӣ бо санади мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ сурат мегирад.

Қарор дар бораи табдили корхонаи воҳиди давлатӣ ба корхонаи давлатӣ дар мавридҳои зерин мумкин аст:

а) истифодаи ғайримақсадноки амволи давлатӣ ва маблағҳо аз ҷониби корхонаи воҳиди давлатӣ;

б) набудани фоида аз рӯи ҷамъбасти ду соли охир.

Ҳамаи хароҷоти табдили корхонаи воҳиди давлатӣ ба корхонаи давлатӣ, инчунин ҳисоббаробаркуниҳои корхонаи табдилёбанда бо кредиторҳои он ҳангоми мавҷуд набудани маблағҳои кофӣ дар худи корхона дар асоси маблағҳои буҷети дахлдор сурат мегирад.

Корхонаи давлатии дар заминаи корхонаи воҳиди давлатӣ таъсисёбанда дар ин ҳолатҳо вориси корхонаи табдилёфта мебошад:

– бо амволи давлатӣ ва маблағҳои пештар ба корхонаи воҳиди давлатӣ додашуда;

– бо ҳуқуқи истифодаи замин, об ва табиат;

– бо истифодаи сарватҳои зеризаминӣ;

– бо пешниҳоди квотаҳо, иҷозатномаҳо ва шартномаҳои пештар басташуда, агар ин шартномаҳо ба соҳа ва мақсадҳои фаъолияти корхонаи давлатии нав таъсисёфта мувофиқат кунад.

Ҳангоми табдили корхонаи воҳиди давлатӣ ба корхонаи давлатӣ тартиботи граждании ҳуқуқии амволи ба он вобасташуда аз ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ ба ҳуқуқи идораи оперативӣ иваз мешавад. Лаҳзаи ин тағйирёбӣ чун санаи қабули қарор дар бораи табдили корхонаи воҳиди давлатӣ ба корхонаи давлатӣ дониста мешавад.

Танҳо корхонаи воҳиди давлатӣ, мутобиқи моддаи 35 Қонун, ҳуқуқи таъсиси корхонаи давлатии фаръиро доранд.

Корхонаи давлатии фаръӣ, ки моликияти ҷумҳуриявӣ мебошад, дар мувофиқа бо молики корхонаи асосӣ ва корхонаи давлатии фаръӣ, ки моликияти коммуналӣ аст, дар мувофиқа бо молики корхонаи асосӣ таъсис меёбад.

Ойинномаи корхонаи давлатии фаръиро муассиси он бо розигии мақоми болои тасдиқ мекунад.

Корхонаи давлатии фаръӣ ҳуқуқи таъсиси дигар корхонаи давлатии фаръиро надорад.

Корхонаи давлатии фаръӣ дар шакли корхонаи воҳиди давлатӣ таъсис дода мешаванд ва дорои ҳуқуқҳои муқаррарнамудаи Қонун барои чунин навъи корхонаҳои давлатӣ мебошад.

Масъулияти корхонаи давлатии фаръӣ аз рӯи ӯҳдадориҳояш, инчунин масъулияти корхонаи асосӣ, ки муассисаи корхонаи фаръӣ мебошад мувофиқи талаботи Кодекси Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Корхонаҳои давлатии фаръӣ барои мақсадҳои зерин таъсис дода мешаванд:

а) тақсимшавӣ ё ҷудошавӣ аз корхонаи асосӣ бинобар талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ;

б) табдили филиалҳои корхонаи асосӣ ба шахсони ҳуқуқии дорои тавозуни (баланси) алоҳида;

в) ташкили истеҳсолоти иловагӣ ва махсус ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти асосӣ;

г) озод намудани корхонаи асосӣ аз навъҳои фаъолият ва вазифаҳои бо мақсаду вазифаҳо он мувофиқ набуда.

Ба ҳайси мақоми идораи давлатии корхонаи давлатии фаръӣ, инчунин мақомоти нисбати он анҷомдиҳандаи вазифаи субъекти ҳуқуқи моликияти давлатӣ корхонаи асосӣ маҳсуб мешавад.

Корхонаи давлатии фаръии корхонаи воҳиди давлатии ба моликияти ҷумҳуриявӣ мутааллиқанд бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба корхонаи воҳиди давлатӣ, корхонаи давлатии фаръии корхонаи воҳиди давлатии моликияти коммуналӣ бошад, бо санади мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ба корхонаи воҳиди давлатии моликияти коммуналӣ табдил дода шуданаш мумкин аст.

5 Загрузки

346
Нет комментариев. Ваш будет первым!