Субъектҳои муносибатҳои муфлисшавӣ
Ҳайати шахсоне, ки дар мурофиаи муфлисшавӣ иштирок менамоянд, ниҳоят васеъ мебошанд:
– қарздор – шаҳрванд ё шахси ҳуқуқие, ки қобилияти қонеъ намудани талаботҳои кредиторҳоро аз рӯи ӯҳдадориҳои пулӣ ва ӯҳдадориҳои пардохтӣ ҳатмӣ аз даст додааст;
– кредитори озмунӣ;
– мудири судӣ;
– мақомотҳои ваколатдор аз рӯи талаботҳое, ки аз ӯҳдадориҳои пардохтҳои ҳатмӣ бармеоянд;
– дигар шахсон, аз ҷумла мақомотҳои худидораи маҳаллӣ, мақомотҳои ҳокимияти иҷроия;
– шахси барои ба амал баровардани солимгардонии молиявӣ таъинот пешниҳод намуда.
Мутобиқи қонун «Дар бораи муфлисшавӣ» ҳамаи муассисони (иштирокчиён) қарздор метавонанд дар мурофиаи муфлисшавӣ бо ҳамаи ҳуқуқҳои иштирокчиён иштирок намоянд ва аз болои қарори суд шикоят намоянд ва инчунин дар бораи рафти мурофиа иттилоотӣ заруриро дастрас намоянд. Дар мурофиаи муфлисшавӣ давлат низ метавонад ширкат варзад, аз ҷумла, молики қарздори корхонаи воҳиди давлатӣ ҳуқуқ дорад, аз болои мудири судӣ, қарори маҷлиси кредиторон, санадҳои судӣ ва ғайра шикоят намояд.
Ҳолати ҳуқуқии шахсоне, ки дар мурофиаи муфлисшавӣ ширкат меварзанд, аз як қатор омилҳо вобаста мебошанд, аз ҷумла: аз хусусияти ваколате, ки қонунгузор ба ин шахс додаст; дуюм, аз расмиятҳои муфлисшавӣ; сеюм, аз хусусиятҳои муфлисшавии категорияҳои алоҳидаи қарздорон.
А) Ҳолати ҳуқуқии қарздор.
Дар ҳуқуқи гражданӣ қарздор ҳамон тарафи ӯҳдадориро меноманд, ки ба фоидаи тарафи дигар, яъне кредитор ягон амалеро, аз қабили додани мол, иҷрои кор, расонидани хизмат, пардохтани пул иҷро менамояд ва ё аз ба амал баровардани фаъолияти муайян худдорӣ менамояд (м.328 КГ ҶТ). Истилоҳи «қарздор», ки дар қонунгузории муфлисшавӣ истифода бурда мешавад аз истилоҳи анъанавии ҳуқуқии гражданӣ истифодашаванда бо он фарқ мекунад, ки танҳо ба чунин сифат дар ӯҳдадориҳои пулӣ баромад мекунад.
Қонун «Дар бораи муфлисшавӣ» нисбати тамоми субъектҳои муомилоти молӣ татбиқ намегардад. Тибқи муқаррароти қонуни мазкур ба ҳайси муфлис эътироф карда мешаванд:
– шахсони ҳуқуқӣ (ба истиснои корхонаҳои давлатӣ, муассисаҳо, ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои динӣ);
– шаҳрвандоне, ки ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шудаанд ва инчунин сардори хоҷаги деҳқонӣ (фермерӣ).
Ҳуқуқи бо ариза муроҷиат намудан дар хусуси муфлис ба суд ҷиҳати эътироф намудани қарздор ба худи қарздор, кредиторҳои озмунӣ, мақомотҳои ваколатдор дода шудааст. Ба сифати кредиторҳои ӯҳдадориҳои пулӣ инҳо метавонанд баромад намоянд: Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои марзию маъмурӣ, мақомотҳои худидораи маҳаллӣ, коммисияи барҳамдиҳӣ.
Дар ҳолатҳои муайн қарздор ҳуқуқ дорад, ба суд муроҷиат намуда, муфлисии худро эълон дорад. Қайд намудан зарур аст, ки ариза оиди муфлисшавӣ аз ҷониби роҳбарӣ шахси ҳуқуқӣ ба имзо мерасад. Масалан, дар кооперативҳои истеҳсолӣ ҳалу фасли ин масъала ба ваколати маҷлиси умумӣ тааллуқ дошта бошад, пас дар корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва коммуналӣ ин масъала ба салоҳияти молики амволи онҳо дахл дорад, яъне дар асоси қарори ин мақомотҳо ин субъектони хоҷагидори барҳам дода мешаванд.
Ҳамин тариқ, пеш аз муроҷиат намудан ба суди иқтисодӣ заруриати муқаррар намудани мақомоте ба миён меояд, ки мутобиқи ҳӯҷҷатҳои таъсисӣ салоҳияти қабули қарор дар хусуси барҳам додани шахси ҳуқуқиро доро мебошад. Бинобар ин, ба ариза муфлисшавии шахси ҳуқуқӣ, қарори мақомоти дахлдор ва нусхаи ҳӯҷҷатҳои таъсисие, ки ваколати онҳоро тасдиқ менамояд, замима карда мешаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки муроҷиат намудан ба суди иқтисодӣ ӯҳдадории роҳбари шахси ҳуқуқӣ мебошад.
Қонун «Дар бораи муфлисшавӣ» талаботҳо нисбати шакл, мазмун ва шартҳои асосии аризаи қарздорро муқаррар намудааст, аз ҷумла дар ариза чунин ҳолатҳо бояд дарҷ карда шаванд: номи суди иқтисодӣ; ҳаҷми талаботҳои кредиторон аз рӯи ӯҳдадориҳои пули аз ҷониби қарздор эътироф шуда; маблағҳои қарзӣ барои талофии товони зарари ба ҳаёт ё саломати шаҳрвандон расонидашуда, музди кори кормандон ва кӯмакпулиҳо; маблағи мукофотпулиҳо аз рӯи шартномаҳои муаллифӣ; ҳаҷми қарзҳо аз рӯи пардохтҳои ҳатмӣ; маълумот дар бораи амволи қарздор ва ғайра.
Дар ариза инчунин номгӯй ва суроғаи ташкилот ва шахсоне дарҷ мегарданд, ки аз ҷумлаи онҳо суди иқтисодӣ мудири мувақатиро таъин мекунад.
Мутобиқи қонун қарздор ӯҳдадор аст, ки нусхаи аризаро ба кредиторҳои озмунӣ, мақомотҳои ваколатдор, молики амволи қарздор, Шӯрои директорон (Шӯрои нозирон) ё дигар мақомоти дастаҷамъии идоракунӣ ва инчунин дигар шахсоне, ки дар Қонун муайян шудаанд, пешниҳод намояд. Агар то пешниҳод намудани ариза намояндаи молики амволи қарздор, намояндаи кормандони қарздор интихоб (таъин) шуда бошанд, пас нусхаи ариза ба онҳо низ ирсол мегардад.
Дар мавридҳои майян қарздор ҳуқуқ дорад, ба суди иқтисодӣ бо ариза оиди пешбинӣ намудани муфлисшавӣ муроҷиат намояд, яъне чунин ҳолате, ки мӯҳлати иҷрои ӯҳдадориҳо нарасида бошанд ҳам, вале омилҳое вуҷуд доранд, ки аз ғайриқобили пардохт гардидани қарздор, пас аз чанд вақт, аз рӯи ӯҳдадориҳои пулӣ бо кредиторҳо ва инчунин пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, дарак медиҳанд.
Дар ҳолатҳои муайян роҳбари қарздор – шахси ҳуқуқӣ ва қарздор – соҳибкори инфиродӣ ӯҳдадоранд ба суди иқтисодӣ муроҷиат намоянд:
– вақте ки иҷро намудани талаботи як ё якҷанд кредиторҳо боиси ғайриимкон гардидани иҷрои ӯҳдадориҳо дар ҳаҷми пурра дар назди дигар кредиторҳо мегардад;
– вақте ки аз ҷониби мақомоти ваколтдори шахси ҳуқуқӣ дар бораи муфлисшавии шахси ҳуқуқӣ қарор қабул карда шудааст;
– вақте ки мақомоти ваколатдори амволи қарздор – корхонаи воҳид қарор дар бораи бо ариза ба суди иқтисодӣ муроҷиат намудани қарздор қабул карда бошад. Ҳуқуқи қабул намудани чунин қарорро ҶТ, воҳидҳои марзию маъмурӣ дар шахси мақомотҳои ваколатдорӣ он доро мебошанд (м.311 КГ ҶТ);
– дар дигар ҳолатҳое, ки масалан, ба амал баровардани рӯёниш аз амволи қарздор боиси мураккаб ё ин ки номумкин гардидани фаъолияти хоҷагии он мегардад ё ин ки ҳангоми барҳам додани шахси ҳуқуқӣ имконияти дар ҳаҷми пурра қонеъ карда натавонистани талаботҳои кредиторҳо, муқаррар карда шудааст.
Дар ҳамаи ҳолтҳои нишондодашуда, аризаи қарздор дар мӯҳлати на дертар аз як моҳ, аз лаҳзаи ба вуҷуд омадани чунин ҳолатҳо, ба суди иқтисодӣ пешниҳод карда мешавад.
Ӯҳдадории роҳбари қарздори – шахси ҳуқуқӣ ё ин ки комиссияи барҳамдиҳӣ оиди муроҷиат намудан ба суди иқтисодӣ дар бораи муфлисшавии қарздор, бо ҷалб намудани шахсони мазкур ба ҷавобгарии субсидиарӣ аз рӯи ӯҳдадориҳои кредиторҳои қарздор, ки бинобар гузаштани мӯҳлати як моҳаи ба вуҷуд омадани ҳолатҳое, ки ҳамчун асоси ҳатман ба суди иқтисодӣ дар бораи муфлисшавии қарздор муроҷиат намудан гаштаанд, мегардад.
Агар бо гуноҳи муассисон (иштирокчиён) –и қарздор, молики амволи қарздор (корхонаи воҳиди давлатӣ) ва дигар шахсоне, ки ҳуқуқи ба қарздор додани нишондодҳои ҳатмӣ ё ин ки имконияти бо дигар тарз тағйир додани ҳаракатҳои онро доранд, ҳангоми норасоии амволи қарздор шахсони мазкур ба ҷавобгарии субсидиарӣ кашида мешаванд.
Дар қонунгузории давлатҳои хориҷа низ чунин қоида вуҷуд дорад. Аз ҷумла, мувофиқи м.214 қонуни Британиё дар бораи муфлисшавӣ аз соли 1986 директори ширкат дар он ҳолате ба ҷавобгарии субсидиарӣ кашида мешавад, ки агар то лаҳзаи оғоз намудани расмиятҳои муфлисшавӣ – медонист ва ё бояд ба хулоса меомад, ки ширкат имконияти воқеии аз муфлисшавии наҷотёфтанро надорад, вале ҳаракатҳои оқилонаро барои кам намудани зарари кредиторҳо наандешид.
Дар замми ин, қонуни Британиё дар бораи ширкатҳо аз соли 1985 (м.458) ҷазои ҷиноятиро барои «қаллобии фаъолияти тиҷоратӣ» муқаррар намудааст. Ҳангоми мавҷуд будани нишонаҳои ҷавобгарии ҷиноятӣ ва гражданӣ, директор мувофиқи қонун дар бораи маҳрум (хориҷ) кардани директорҳо аз соли 1986 аз вазифаи директорӣ маҳрум карда мешаванд.
Б). Ҳолати ҳуқуқии кредитор.
Мутобиқи қонунгузории гражданӣ кредитор шахсе мебошад, ки ба фоидаи он қарздор ҳаракати муайянро содир мекунад (м.328 КГ ҶТ). Ҳамчун иштирокчии мурофиаи муфлисшавии субъектҳои хоҷагӣ кредиторҳо аз рӯи ӯҳдадориҳои пулӣ он тарафи ӯҳдадории пулие мебошад, ки иддаои молӣ (пулӣ) нисбати қарздори муфлис дорад.
Ба сифати кредиторҳо аз рӯи ӯҳдадориҳои пулӣ шахсони воқеӣ ва шахсони ҳуқуқии ватанӣ, хориҷӣ, инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои марзию маъмурӣ баромад мекунанд.
Ҳуқуқи пешниҳоди ариза ҷиҳати муфлис эътироф намудани қарздор танҳо ба он кредиторҳое дода шудааст, ки мутобиқи қонун «Дар бораи муфлисшавӣ» ба ҳайси кредиторҳои озмунӣ эътироф шудаанд. Кредиторҳои озмунӣ гуфта, кредиторҳо аз рӯи ӯҳдадориҳои пулии қарздорро меноманд, ба истиснои мақомотҳои ваколатдор ва шаҳрвандоне, ки барои расонидани зарар ба ҳаёт ва саломатии онҳо, зарари маънавӣ, ӯҳдадориҳои мукофот-пулиҳои муаллифӣ ва инчунин аз рӯи ӯҳдадориҳои муассисон иштирокчиёне, ки аз иштирок дар фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ба вуҷуд меоянд.
Кредиторҳои озмунӣ нисбат ба дигар кредиторҳо ваколатҳои бештар доранд. Якум, танҳо кредиторҳои озмунӣ ба сифати иштирокчиёни мурофиаи муфлисшавӣ баромад мекунанд; дуюм, танҳо кредиторҳои озмунӣ ҳуқуқи ба суди иқтисодӣ ариза доданро доранд; сеюм, онҳо иштирокчии маҷлиси кредиторҳо бо ҳуқуқи овоздиҳӣ мебошанд.
Таҳлили Қонуни ҶТ «Дар бораи муфлисшавӣ» имконият медиҳад, ки кредиторҳоро вобаста ба мавқеашон тасниф намоем. Масалан, вобаста ба маблағи талабе, ки асоснок эътироф карда шудааст, кредиторҳои калон ва хурдро ҷудо намудан мумкин аст.
Ба фикри М.В.Телюкина, таснифи мазкур ба аломатҳои баҳодиҳӣ асос ёфтааст. Кредиторҳои калон гуфта, он кредиторҳоеро меноманд, ки бинобар воқеӣ будани ҳаҷми талаботашон метавонанд ба ҳолати қарздор таъсир расонанд. Инҳо чун қоида шахсони ҳуқуқӣ мебошанд. Чунин кредиторҳо нисбатан муташакил ва воқиф мебошанд, аз ҷумла, аз масъалаҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ. Чунин ҳолат ба онҳо имконият медиҳад, ки дар маҷлиси кредиторҳо ба фоидаи худ қарор қабул намоянд, ки дар баъзе ҳолатҳо ингуна қарор бар зарари манфиатҳои кредиторҳои хурд ва қарздор мебошад. Кредиторҳои хурд новобаста, аз миқдор, пароканда ва ғайри муташакил мебошанд ва бинобар ин ба ҳолати кор таъсири дахлдор расонида наметавонанд<sup/>1.
Вобаста ба давраи оғози мурофиаи муфлисшавӣ, кредиторҳои аризадиҳанда ва кредиторҳои аризанадиҳандаро ҷудо намудан мумкин аст.
Вобаста ба тартиби қонеъ намудани талаботҳо, кредиторҳои навбатӣ ва бенавбатро ҷудо намудан мумкин аст. Талаботҳои кредиторҳои навбатӣ бо тартиби муқаррар-намудаи навбат қонеъ карда мешаванд. Кредиторҳои бенавбат онҳое мебошанд, ки талаботи онҳо бинобар вуҷуд доштани имконияти қарздор, қонеъ карда мешаванд. Ҳамзамон, онҳоро ба ғайринавбатӣ ва баъдинавбатӣ ҷудо мекунанд.
Ба гурӯҳи якум (ғайринавбатӣ) чунин талаботҳоро дохил мекунанд: хароҷотҳои судӣ; пардохтҳо ба мудири муваққатӣ; хараҷотҳои ҷорие, ки бо фаъолияти қарздор алоқаманд мебошанд; талаботҳо аз рӯи ӯҳдадориҳои қарздор, ки пас аз оғоз намудани истеҳсолти кори муфлисшавӣ ва то эътироф намудани муфлисии қарздор ба вуҷуд омадаанд; қарзҳои музди меҳнате, ки пас аз ҷониби суди иқтисодӣ қабул намудани ариза дар бораи муфлисшавии қарздор ба вуҷуд омадаанд ва пардохти музди меҳнатӣ кормандони қарздор, ки дар давраи истеҳсолти озмунӣ бавуҷуд омадаанд ва ғайраҳо.
Ба гурӯҳи дуюми талаботҳо (баъди навбатӣ) он талаботҳоеро дохил намудан мумкин ҳаст, ки пас аз қонеъ намудани ҳамаи талаботҳои навбатӣ қонеъ карда мешаванд. Кредиторҳои баъди навбатӣ – муассисон (иштирокчиён) – и шахсони ҳуқуқӣ ва инчунин кредиторҳои навбати сеюм, ки талаботҳои худро пас аз пӯшидани феҳристи талаботҳои кредиторҳо пешниҳод намудаанд дохил карда мешаванд.
Аризаи кредитор низ бояд ҷавобгӯи он талаботҳое бошад, ки қонунгузор нисбати аризаи қарздор муқаррар намудааст. Ҳуқуқи кредитор барои муроҷиат намудан ба суди иқтисодӣ бинобар гузаштани мӯҳлати сирӯза, аз лаҳзаи фиристодани (барои иҷро манзур намудани) ҳӯҷҷати иҷроиш ба судиҷрочӣ ва нусхаи он ба қрздор, оғоз меёбад. Кредитори озмунӣ метавонад дар аризаи хеш талаботҳои касбии номзади мудири муваққатиро нишон диҳад.
Аризаи кредитор метавонад ба қарзҳои бо асосҳои гуногун муттаҳидкардашудаи қарздор асос ёбад. Кредиторҳо ҳуқуқ доранд, ки талаботҳои худро муттаҳид намуда, бо як аризае, ки аз ҷониби ҳамаи онҳо имзо карда шудааст, ба суди иқтисодӣ муроҷиат намоянд.
Дар қонунгузории як қатор давлатҳои аврпо, аз он ҷумла Британияи Кабир, аризаҳои кредиторҳо бо дараҷаи фаврӣ (таъҷилӣ) буданашон тасниф карда мешаванд. Якум, аризаҳои таъҷилие, ки суд бидуни риоя намудани тартиботи муқаррарӣ ё ин ки фиристодани огоҳинома ба тарафи дигар дида мебарояд. Дуюм, аризаҳое, ки таъҷилианд, вале на ба андозае, ки тартиботи муқарраркардашуда риоя карда нашавад. Мисоли чунин аризаҳо баррасӣ намудани асоснокии аризаи қарздор дар бораи эътироф намудани муфлисии қарздор ё ин ки мавҷуд будани ҳуқуқи фурӯши амвол мебошад. Сеюм, ариза хусусияти махсуси мӯҳлатнокиро надорад, вале бидуни тағйирот бояд баррасӣ карда шавад<sup/>1.
Ҳуқуқи бо ариза ба суди иқтисодӣ муроҷиат намуданро бағайр аз қарздор ва кредиторҳои озмунӣ инчунин мақомоти ваколатдорӣ давлатӣ низ доро мебошанд. Аризаи мақомоти ваколатдор низ ба ҳамаи талаботҳое, ки барои чунин аризаҳо муқаррар гардидааст, бояд мувофиқ бошад. Дар замми ин ба чунин ариза, қарори мақомоти андоз, гумрук дар бораи рӯёнидани қарз аз ҳисоби амволи қарздор, замима карда мешавад. Дар баробари ин, мақомоти мазкур ҳуқуқи дар ҷаласаҳои судӣ иштирок карданро доранд.
В) Маҷлиси кредиторҳо
Маҷлиси кредиторҳо гуфта, мақомоти махсусеро меноманд, ки манфиатҳои кредиторҳоро ҳимоя менамояд.
Иштирокчии маҷлиси кредиторҳо бо ҳуқуқи овоздиҳӣ, кредиторҳои озмунӣ ва мақомоти ваколатдор мебошанд.
Миқдори овозҳои иштирокчиён ба талаботҳои онҳо аз рӯи ӯҳдадориҳои пулӣ ва ӯҳдадориҳои пардохтҳои ҳатмӣ баробар буда, ноустуворона, ҷарима ва дигар санксияҳои амволӣ ҷиҳати ба ҳисоб гирифтани миқдори овозҳо ба инобат гирифта намешаванд.
Дар маҷлиси кредиторҳо бидуни ҳуқуқи овоздиҳӣ инҳо иштирок менамоянд:
– намояндаи кормандони қардзор;
– намояндаи муассисони (иштирокчиёни) қарздор;
– намояндаи молики қарздор – корхонаи воҳид, ки ҳуқуқи дар маҷлиси кредиторҳо баромад намуданро дорад.
Маҷлиси кредиторҳо аз ҷониби мудири судӣ ташкил ва гузаронида мешавад.
Маҷлиси кредиторҳо як қатор масъалаҳоеро ҳал менамояд, ки ба ваколати истисноии он таалуқ дошта, дар мурофиаи муфлисшавӣ ба вуҷуд меоянд. Аз ҷумла, дар асоси қарори маҷлиси кредиторон мудири беруна таъин созишномаи мусолиҳа баста, амволи қарздор баҳо дода шуда, аъзоёни кумитаи кредиторҳо интихоб ва номзадҳо барои мансабҳои мудири судӣ пешбарӣ мешаванд.
Г) Ҳолати ҳуқуқии мудир
Дар баамалбарории расмиятҳои муфлисшавӣ мудир, ки бо номи мудири муваққатӣ, беруна ва озмунӣ ифода карда мешавад, яке аз иштирокчиёни маркази мебошад.
Ин шахси беғаразе мебошад, ки дар мурофиаи муфлисшавӣ ба фоидаи ҳар ду тараф, яъне қарздор ва кредитор баромад мекунад. Дар Қонуни ҶТ «Дар бораи муфлисшавӣ» бо мақсади таъмин намудани чунин ҳолат нисбати номзад ба мудир як қатор талаботҳо муқаррар карда шудаанд (м.4 Қонун).
Мувофиқи моддаи 16 Қонун, мудир шахси воқеие мебошад, ки ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шуда, дорои донишҳои махсус мебошад ва нисбати қарздор ва кредитор шахси манфиатдор нест.
Шахсоне, ки пештар ба ҳайси роҳбари шахси ҳуқуқии қарздор фаъолият менамуданд, агар аз лаҳзаи аз роҳбарии корҳои қарздор дур намудани онҳо се сол нагузашта бошад, ё ин ки шахсоне, ки нисбати онҳо маҳдудияти ба амал баровардани фаъолияти идоракунии амволи шахсони дигар муқаррар карда шудааст ва шахсоне, ки доғи судӣ доранд, наметавонанд, ба сифати мудир баромад кунанд. Ҳамзамон, мудир бояд собиқаи кори на камтар аз ду солаи роҳбарӣ дошта бошад. Барои мудир гузаштани курсҳои шашмоҳаи коромӯзӣ ба ҳайси ёвари мудир ва супоридани имтиҳон аз рӯи барномаҳои махсус зарур мебошад.
Ба ҳайси мудир танҳо шахсони воқеии ба сифати соҳибкорӣ инфиродӣ ба қайд гирифташуда баромад карда метавонанд. Ин чунин маъно дорад, ки фаъолияти шаҳрванд ба ҳайси мудир ҳамчун фаъолияти соҳибкории инфиродӣ эътироф карда мешавад. Зиёда аз ин, мудир ҳангоми ба амал баровардани функсияҳои худ дар муносибатҳои меҳнатӣ бо қарздор ва бо суд қарор надорад, гарчанде, ки ба чунин сифат ӯ аз ҷониби суд таъин карда мешавад.
Мудир дар мурофиаи судӣ бояд бетараф бошад, яъне барои ҳал намудани кор ба фоидаи ин ё он тараф ҳавасманд набошад. Ҳамин тариқ, шахсони манфиатдор наметавонанд, ки ба ҳайси мудир баромад намоянд, аз ҷумла, роҳбари қарздор, аъзоёни Шӯрои директорон, аъзоёни мақомоти иҷроия, сармуҳосиб (м.15 Қонун).
Қайд кардан зарур аст, ки кредитор ва мақомоти ваколатдор (маҷлиси кредиторҳо) ҳуқуқ доранд, нисбати номзади мудир як қатор талаботҳои иловагиро пешниҳод намоянд, аз ҷумла:
– доштани маълумоти олии ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ё ин ки маълумоти дигар мутобиқи самти фаъолияти қарздор;
-доштани собиқаи кории муайян дар мансабҳои роҳбарикунандаи соҳаи мувофиқи иқтисодиёт;
– муқаррар намудани миқдори расмиятҳои муфлис-шавие, ки номзад дар онҳо ба ҳайси мудир фаъолият намудааст.
Фаъолияти мудир ба принсипҳои зерин асос меёбад: мустақилият, объективӣ ва беғаразӣ.
Ҷиҳати ба амал баровардани функтсияҳо ба мудир мутобиқи қонун як қатор ҳуқуқу ӯҳдадориҳо дода шудаанд. Аз ҷумла, мудир ҳуқуқ дорад, маҷлиси кредиторон ва кумитаи кредиторонро даъват намояд, дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун ба суд муроҷиат намояд, дар ҳаҷм ва тартиби муқаррарнамудаи қонун подош гирад, барои таъмин намудани фаъолияти худ дар асоси шартнома шахсони дигарро ҷалб намояд ва ҳоказо.
Мутобиқи моддаи 19 қонун тартиб ва ҳаҷми подоши мудирро маҷлиси кредиторон муайян намуда, суд онро тасдиқ мекунад. Ҳамзамон, қонунгузории ҷорӣ имконияти дар ҳолатҳои муайян пардохтани подоши иловагиро низ пешбинӣ намудааст.
Ӯҳдадориҳои мудир чунинанд: тадбиқи чораҳо оид ба ҳимояи амволи қарздор; таҳлили ҳолати молиявии хоҷагӣ, сармоягузорӣ ва вазъи он дар бозори мол; баррасӣ намудани талаботи пешниҳодгардидаи кредиторҳо ва ҳоказо.
Яке аз ӯҳдадориҳои асосии мудир, аз нигоҳи ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қарздор ва кредиторон, пешбурди феҳристи талаботи кредиторҳо мебошад (қ.2 м.17 Қонун). Дар феҳрист маълумоти дақиқ дар бораи ҳар як кредитор дарҷ мегардад, аз ҷумла, маълумот дар бораи ҳаҷми талаботҳои он аз рӯи ӯҳдадориҳои пулӣ ва пардохтҳои ҳатмӣ ва инчунин навбати қонеъ намудани ҳар яке аз талаботҳо. Аз пуррагӣ, ҳаққонӣ ва аниқии маълумотҳо ҳолати муҳим вобаста аст:
1) муайян намудани иштирокчиёни маҷлиси кредиторҳо ва миқдори овозҳои кредиторҳои озмунӣ;
2) тартиб ва навбати қонеъ намудани талаботи кредиторҳо.
Дар ҳолати иҷро накардан ва ё ба тарзи дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳои мудирӣ, қонун оқибатҳои гуногуни ҳуқуқиро дар робита ба ҷой доштан ё надоштани зараре, ки бо ҳаракат ва ё беҳаракатии мудир ба қарздор ё кредиторҳо расонида шудааст, муқаррар намудааст.
Ҷой надоштани зарар бинобар ба тарзи дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳо боиси аз идоракунии қарздор дур намудани мудир мегардад.
5 Загрузки