Мафҳум, мазмун ва намудҳои менеҷмент

Тарҷумаи таҳтуллафзии истилоҳоти англисии «management» ва «control» ба забони тоҷикӣ бо се калима – «роҳбарӣ», «идоракунӣ» ва «назорат» ифода меёбанд.

Менеҷмент истилоҳи англисӣ буда, ба маънои идоракунии истеҳсолот, маҷмӯи принсипҳо, усулҳо, восита ва шаклҳои идоракунии истеҳсолот фаҳмида мешавад, ки ба мақсади баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва зиёд намудани фоида таҳия ва татбиқ карда мешавад<sup/>1.

Менеҷмент низоми оқилонаи идоракуние мебошад, ки дар дараҷаи баланди касбӣ бо истифода аз дастовардҳои илми муосир, аз қабили равоншиносии иҷтимоӣ, сотсиология, молия, бонк, иқтисодиёт, ҳуқуқ ва ҳамчунин илми техникаи компютерӣ ба амал бароварда мешавад.

Менеҷер бошад аз истилоҳи англисии «manager» – идоракунанда, роҳбар бармеояд ва ба маънои идоракунандаи касбӣ, мутаххасис оид ба идоракунии истеҳсолот, соҳибкор дар спорти касбӣ фаҳмида мешавад<sup/>2.

Ҳамин тариқ, аз рӯи мазмун истилоҳоти «менеҷмент» ва «идоракунӣ» ва мувофиқан истилоҳоти «менеҷер» ва «роҳбар» ба ҳам монанд бошанд ҳам, дорои фарқиятҳои муайян низ мебошанд.

Ду фарқияти асосии ин истилоҳотро қайд кардан зарур аст.

Якум, амрикоиҳо истилоҳи менеҷментро барои ифода намудани симои «менеҷер», яъне симои инсон, субъекти идоракуние, ки дар баъзе ташкилотҳо амал менамояд, истифода менамоянд.

Дуюм, ҳангоми истифодаи истилоҳи «менеҷер» пеш аз ҳама идоракунандаи касбие фаҳмида мешавад, ки намояндаи касби махсус будани хешро эҳсос намуда, ба сифати муҳандис ё иқтисодчии оддии ба идоракунӣ машғулбуда, баромад намекунад. Ҳамзамон менеҷер шахсе мебошад, ки тайёрии махсусро гузаштааст<sup/>.

Истилоҳи менеҷмент дар адабиётҳои ҳуқуқӣ низ мавриди таҳлил қарор дода шудааст..

Дар адабиёти ҳуқуқии хориҷӣ зери истилоҳи менеҷмент чунин раванди мақсадноки ташкилотро меноманд, ки бо дастони шахсон муяссар мегардад. Субъекти ин раванд ва симои марказии он менеҷер мебошад.

Луғати бунёдии англисии Оксфорд ин истилоҳро чунин тафсир медиҳад:

– ҳокимият ва санъати идоракунӣ;

– маҳорати навъи махсус ва малакаи маъмурӣ;

– тарз, услуби махсуси муомила бо одамон;

– мақомоти идоракунӣ, воҳиди маъмурӣ.

Мақсади менеҷмент – идоракунии фаъолияти коллективи одамон, яъне дар низоми идоракунӣ шомил намудани одамон мебошад. Дар маъхазҳо қайд карда шудааст, ки менеҷмент ба маъноӣ оддӣ – ин маҳорати ба даст овардани мақсадҳои гузошташуда бо истифода аз меҳнат, ақл ва ангезаҳои рафтори одамон мебошад. Менеҷмент ба забони оддӣ – «идоракунӣ», яъне функсия, намуди фаъолияте мебошад, ки ба роҳбарӣ намудани одамон дар ташкилотҳои гуногун ба амал бароварда мешавад.

Менеҷмент чунин навъи идоракуниест, ки пурра ба талаботи инкишофи иқтисодиёти бозаргонӣ ҷавобгӯ мебошад. Менеҷмент падидаи бисёршохае мебошад, ки ҳамаи равандҳои ҳаёти дохилии ташкилот ва инчунин равандҳои робитаи мутақобилаи он бо муҳити атрофро ифода менамояд.

Менеҷменти муосир на танҳо идоракунӣ ва илм дар бораи идоракунӣ мебошад, балки он ҳамчун омили асосии баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, ҷузъи асосии маданияти инсон бо таърих, назария, анъана, воситаҳо ва амалияи худ мебошад.

Менеҷмент пеш аз ҳама барои идора намудани фаъолияти хоҷагӣ, соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ равона карда шудааст. Бо мурури замон ва бинобар дарки афзалиятҳои менеҷмент он ба ҳамаи соҳаҳо ворид гардидааст. Ҳамин тариқ, менеҷмент имрӯз на танҳо дар фаъолияти хоҷагӣ, балки дар фаъолияти сиёсӣ, бонкҳо, китобхонаҳо, ҳукумат ва ҳоказо истифода мешавад.

Менеҷмент иддао дорад, ки муваффақиятҳои ба дастовардаи ҷамъияти муосир хизматӣ бевоситаи ӯ мебошанд. Инкишофи босуръати истеҳсолот ба хизмати менеҷмент алоқаманд мебошад. То замоне, ки принсипҳо ва ғояҳои менеҷмент ба шуури одамон дохил нагардад, инкишофи босуръатро тасавур кардан мумкин нест.

Ба ибораи Питер Друкер дар ҳама ҷое, ки омилҳои иқтисодӣ ва ба хусус маблағҳоро ба истеҳсолот мегузоштем, инкишофи босуръатро ба даст оварда наметавонистем, вале дар ҳолатҳое, ки камтарин қувваи менеҷментро бедор менамудем, ба инкишофи босуръат ноил мегардидем.

Инкишоф ин пеш аз ҳама натиҷаи нерӯи инсонӣ мебошад, на ин ки боигарии иқтисодӣ. Истеҳсол намудани нерӯи инсонӣ ва муайян намудани самти он вазифаи асосии менеҷмент мебошад<sup/>1.

Назариячиёни менеҷменти муосир се самти асосии ин ҳодисаро ҷудо намудаанд:

1) менеҷмент – ин доираи ҳодисаҳое мебошад, ки фаъолияти ташкил ва амали намудани идоракунии самараноки касбии олиро дар бар мегардад;

2) менеҷмент – ин илмест, ки ба тарзи назариявӣ доираи калони муаммоҳоеро, ки бо фаъолияти берунаи он алоқаманд мебошанд, таҳия менамояд. Менеҷмент – фанни таълимӣ буда, донишҳои муайянро ифода мекунад;

3) менеҷмент – ин иддаи одамоне мебошад, ки фаъолияти ишора шудаи менеҷментиро ба амал мебароранд.

Менеҷменти амрикоӣ, ҷопонӣ, фаронсавӣ, скандинавӣ, менеҷменти «Дженерал Моторос», ё ин ки менеҷменти шӯъбаи маркетинги ширкати «Нисан» ва ғайраро ҷудо намудан мумкин аст.

Агар менеҷментро ба ҳайси илм ва фанни таълимӣ таҳлил намоем, пас шаш қисмати асосии онро ҷудо намудан мумкин аст, ки дар муддати се сол дар факултаҳои иқтисодии донишгоҳҳои ҷаҳони муосир таълим дода мешаванд.

Якум, менеҷменти истеҳсолот, ки ҷараён ва нақши асосии технологияи дар истеҳсолот вуҷуд доштаро меомӯзад. Идоракунии истеҳсолот ба ғайр аз интихоб ва таъмини хусусиятҳои асосии ҷараёни технологӣ, инчунин муайян намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ё расонидани хизмат, пурра ба кор даровардани таҷҳизот ё ҷо ба ҷо намудани одамон, ташкили таъмин бо маводҳо, ашёи хом, қисмҳои эҳтиётӣ, иттилоот дар бораи ҷойи истифодабарии онҳо ва ғайраро дар бар мегирад. Мақсади асосии ҷараёни мазкур таъмин намудани фаъолияти пурраи қувваҳои истеҳсолӣ ва дар ин замина ба даст овардани фоида мебошад.

Дуюм, менеҷменти молия. Вазифаи асосии ин қисмати менеҷмент таҳлил намудани фаъолияти молиявӣ – хоҷагии ширкат мебошад. Дар ин ҷо маълумотҳои гуногуне, ки нишондодҳои арзишро муайян менамоянд, таҳлил карда мешаванд. Менеҷмент – қувваи асосии ҳаракатдиҳандаи ширкатҳо мебошад, ки барои беҳтар намудани вазъи молиявии онҳо кӯмак мерасонад.

Сеюм, менеҷменти иқтисодиёт, яъне иқтисодиёти амалие, ки ба омӯзиши муаммоҳои мушаххас ҳавасманд мебошад, аз ҷумла, танзими бозор, инкишофи истеҳсоли маҳсулот, нархгузорӣ, фоида<sup/>1, саҳмиятҳо, андозаи фоизи бонкӣ ва ғайра.

Чорум, менеҷмент – ин идоракунии ваҷҳ (ангеза, сабаб, мақсад) мебошад. Дар ин бахш дастовардаҳои равоншиносии иҷтимоии амрикоӣ ва дигар мактабҳои ҷаҳонӣ омӯхта мешаванд.

Панҷум, менеҷмент – ин маркетинг мебошад, ки ҳамаи муаммоҳоро аз нигоҳи бозор ва вазъи ширкат меомӯзад.

Шашум, менеҷмент – ин идоракунии инноватсионӣ мебошад. Дар доираи он маҷмӯи масъалаҳое, ки бо ҷорӣ намудани навовариҳои илмӣ, илмӣ – техникӣ то ифодаёбии онҳо дар шакли маҳсулот омӯхта мешавад.

Дар адабиётҳо менеҷменти стратегӣ, ташкилӣ, молиявӣ, инноватсионӣ ва инчунин самтҳои навтарини он – реинжиниринг, контроллинг, менеҷменти таваккул, менеҷменти иқтисодиёти беруна ва ғайраҳоро ҷудо мекунанд.

Менеҷменти стратегӣ гуфта, баррасии батафсили расмиятҳои идоракунии стратегиеро меноманд, ки аз бавуҷудоӣ то амалигардонии ғояҳои стратегиро дар бар мегирад. Ғояҳои менеҷменти стратегӣ корхонаро ба он водор месозанд, ки ба оянда нигоҳ намуда, стратегияи худро созад, дастовардҳои асосӣ ва имтиёзҳои рақобатнокии худро муайян намояд, хатар ва таҳдиди стратегии хешро барҳам диҳад. Ба сифати қисматҳои таркибии менеҷменти стратегӣ инҳоро дохил кардан мумкин аст:

– донистани стратегияи инкишофи хеш;

– маҳорати гирифтани таассурот аз тағйирёбии вазъият;

– дар амал фаъолона ҷорӣ намудани сиёсати таҳиякардашуда;

– созмон додани дастаи (гурӯҳи) ҳамфикрон дар ширкат ва ғайра.

Стратегия ба як қатор амалҳои рақобатӣ ва рафтори муайяни корчалоние тақисм мешавад, ки инкишофи босамари ширкат ба онҳо вобаста мебошад. Умуман стратегия – ин нақшаи идоракунии ширкат буда, барои мустаҳкам намудани мавқеи он, қонеъ намудани талаботи истеъмолкунандагон ва ба даст овардани мақсадҳои гузошташуда, равона карда шудааст.

Нақшаи идоракунии ширкат аз чунин қисматҳо иборат мебошад: таъминот; истеҳсолт; молия; маркетинг; кадрҳо; тадқиқоти илмӣ ва таъмини ҳуқуқии функсияҳои мазкур.

Ҳар як кас дар нақшаи стратегӣ ҷойи хешро дорад. Интихоби стратегӣ гуфта, алоқаманд намудани қарори корчалониро бо ҳаракатҳои рақобатнок меноманд, ки дар дохили ширкат ҷамъ карда шуда, ба як буғча баста шудаанд. Ягонагии ҳаракат ва муносибат стратегияи ҷориро дар бар мегирад. Ҳаракат ва муносибати наве, ки дар муҳокима қарор доранд, боиси тағйирёбӣ ва дигаргунишавии стратегияи ҷорӣ мегарданд<sup/>.

Менеҷменти ташкилӣ, гуфта ташкили механизми идоракунии ширкатро мефаҳманд.

Менеҷменти ташкили аз низоми амалҳои идоракунӣ, воситаҳо ва расмиятҳое иборат мебошад, ки барои амалӣ намудани функсияи ташкилӣ ва инчунин назария ва амалияи менеҷмент равона карда шудаанд ва ба афзалиятҳои принсипҳои умумиташкилӣ ва ҳал намудани масъалаҳои умумиташкилӣ асос ёфтаанд. Менеҷменти ташкилӣ инҳоро дар бар мегирад:

– лоиҳакашӣ; созмон ва такомули сохтори ташкилӣ;

– тақсимоти амиқи функсияҳо;

– тақсим намудани вазифаҳои ташкилӣ;

– ӯҳдадориҳо, ҳуқуқ ва масъулияти қисматҳои сохторӣ ва иҷрокунандагони алоҳида;

– муқаррар намудани алоқамандии байни онҳо;

– риояи амиқӣ қоидаҳои муқарраргардидаи рафтор;

– қабул намудани қарорҳои идоракунӣ<sup/>.

Зери мафҳуми менеҷменти молиявӣ идоракунии ҷараёни молиякунонии фаъолияти соҳибкорӣ фаҳмида мешавад, ки дар муайян намудани талаботҳои корхона ба захираҳои молиявӣ, ҷустуҷӯй намудани сарчашмаи онҳо, муқаррар намудани тарзҳои самараноки ба даст овардан ва истифодабурдани онҳо ба мақсади ба даст овардани натиҷаҳои баландтарини ниҳоии фаъолияти соҳибкорӣ ва ниҳоят паст намудани хатари (таваккалӣ) соҳибкорӣ, фаҳмида мешавад.

Фаъолияти соҳибкориро бидуни таваккал тасавур кардан мумкин нест. Зиёда аз ин дар таърифи қонунии фаъолияти соҳибкорӣ таваккал ба сифати яке аз нишонаҳои асосии ин фаъолият эътироф карда шудааст, бинобар ин менеҷменти таваккалро низ ҷудо менамоянд. Такомули идоракунии таваккал – менеҷменти таваккал мебошад.

Менеҷменти таваккал як соҳаи асосии идоракунии муосир мебошад, ки ба хусусияти фаъолияти менеҷер дар шароити номуйаяни алоқаманд буда, интихоби варианти амалҳои идоракуниро мураккаб мегардонад. Бо васеъ гардидани доираи амалҳои таваккалӣ – менеҷментӣ, таваккал ба сифати унсури зарурӣ ва ниҳоят аҳамиятнокӣ идоракунӣ мубадал гардида, заминаи муҳимтарини муваффақиятҳои соҳибкорӣ мебошад.

Менеҷменти таваккал мафҳуми васеъ буда, масъалаҳои гуногунро дар бар мегирад, ки амалан бо ҳамаи ҷараён ва самтҳои идоракунии фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд мебошад.

Вазифаи асосии менеҷмент дар ин соҳа аз инҳо иборат мебошад:

-муайян намудани соҳаи таваккали баланд;

-таҳия ва татбиқи чораҳои пешгирикунанда;

-татбиқи чораҳо оиди талофии муносиби он, ҳангоми рӯи додани зарар;

– таҳлил ва пешгирии таваккал.

Тадқиқоти амалиявӣ нишон медиҳад, ки таваккали баланд дар ҳолатҳои гуногун ҷой дошта метавонад. Аз ҷумла, ҳангоми қабул намудани қарорҳои нодурусти идоракунӣ; аз ҷониби кормандон ғайриқаноатбахш иҷро намудани вазифаҳо; интихоби нодурусти иҷрои вазифаҳо; хатоии дурнамои маркетинг; аз ҷониби роҳбари ширкат рад намудани таклифҳои қатъии менеҷер ва ғайра.

Дар замони иқтисодиёти бозаргонӣ, соҳибкор дар шароити рақобатнок мустақилона ва таҳти таваккали худ фаъолият менамоянд. Бинобар ин, ҳолати молиявии ояндаи онҳо пешгӯнашаванда ва пешбининашаванда мебошад.

Менеҷменти таваккал – низоми баҳодиҳии таваккал, идоракунии он ва муносибати молиявие мебошад, ки дар ҷараёни соҳибкорӣ ба вуҷуд меояд. Таваккалро бо истифода аз чораҳои гуногун идора намудан мумкин аст. Ин чораҳо имконият медиҳанд, ки фаро расидани ҳодисаҳои таваккулиро пешбинӣ намуда, дар сари вақт чораҳоеро татбиқ намоем, ки барои паст намудани дараҷаи он зарур мебошанд.

Дар адабиётҳо менеҷменти инноватсионӣ ва самти нави он инжинирингро ҷудо мекунанд.

Инноватсия – ҷараёни навкунии бахшҳои гуногуни соҳибкориро дар бар мегирад. Инноватсия на танҳо навгониҳои техникӣ ва технологӣ, бонкӣ, инчунин ҳама гуна тағйирёбиҳо ва аз ҷумла, тағйирёбии таъмини ҳуқуқии фаъолияти соҳибкориеро, ки ба беҳтар шудани фаъолияти ширкат мусоидат менамояд (молҳои нав, хизматҳои нав, шартҳои беҳтарин барои миҷозон, аз ҷумла нарх ва ғайра)-ро дар бар мегирад. Ҷараёни инноватсионӣ гуфта, такомули ҳамаҷонибаи доираи гуногуни фаъолияти корхонаро меноманд, ки бо назардошти фоиданокии ҳар як звено ба амал бароварда мешавад. Ҳамаи навгониҳо дар асоси таҳлили бонизоми бахшҳои гуногуни фаъолияти ширкат ҷорӣ карда мешаванд, ки ба сифати нишонаи муқоиса на ин ки натиҷаҳои ба даст овардашуда, балки иқтидори бозор дар замони имрӯза баромад мекунад. Мақсади чунин таҳлил аз он иборат мебошад, ки ширкат то чи андоза имкониятҳои бозорро дар давраи муайян истифода мебарад<sup/>1.

Инжиниринг –аз истилоҳи англисии «engineering» мебарояд ва ба маънои сохтан, лоиҳакашӣ, ташкил, оғоз, эҷод, ихтироъ ва ҳоказо фаҳмида мешавад.

Инноватсияи самараноки идоракунии муосир реинжиниринг мебошад. Асосгузори назарияи реинжинеринг М.Хамер ва Дж. Чампи мебошанд, ки дар рисолаи хеш «Реинжинеринги ширкат – манифест барои револютсияи корчаллонӣ»,<sup/>2 дар бораи ин навъи инноватсия фикрҳои ҷолибе иброз доштаанд. Онҳо реинжинерингро ҳамчун азнавфаҳмии бунёдӣ ва азнавлоиҳакашии амиқи ҷараёни корчалонии ширкат барои ноил гардидан ба дастовардҳои беҳтарини нишондодҳои асосии фаъолияти онҳо, аз қабили, арзиш, сифат, дараҷаи хизматрасонӣ, суръати фаъолият, молия, маркетинг, низоми созмондодашудаи иттилоотӣ мефаҳманд. Такомули ночизи ҷараёни соҳибкории ширкат, масалан, аз 10-100%, вале ба таври қатъӣ, масалан, ба даҳҳо маротиба баланд гардидани самаранокии онҳо оварда мерасонад<sup/>.

Реинжинеринг – ин бозсозии ҷараёни кории ширкат мебошад, ки барои беҳтар намудани фаъолияти ширкат равона карда шудааст.

Реинжинеринг ё аниқтар «ҷараёни корчаллонии реинжиниринг» гуфта, маҷмӯи усулҳо ва воситаҳоеро меноманд, ки барои қатъиян беҳтар намудани нишондодҳои фаъолияти ширкат бо роҳи таҳлил ва азнавсозии лоиҳаи мавҷудбудаи ҷараёни корчаллонӣ равона карда шудааст.

Реинжиниринг аз ду қисмати асоси иборат аст: якум, инжиниринги бозгашт (баръакс, чаппа) ва дуюм, инжиниринги бевосита.

Реинжиниринг – ин коркарди ҷараёнҳои нави корӣ (одатан дар асоси низомҳои нави электронӣ) ба мақсади бошитоб намудани таассуроти низоми корпоративӣ ва тағйирёбии шартҳои ба амал баровардани корчаллонӣ мебошад.

Менеҷменти иқтисодиёти беруна фаъолияти идоракуние мебошад, ки барои таҳия ва фаъолона амали намудани сиёсати хоҷагӣ дар бозори беруна ва инчунин бозсозии ҳамаи муҳити дохилии корхона мутобиқи талаботҳои тағйирёбандае, ки аз муносибатҳои иқтисодиёти байналмиллалӣ мебароянд, равона карда шудааст.

Мутахассисон қайд менамоянд, ки дар ибтидои асри XXI чунин консепсияҳои менеҷмент, аз қабили истеҳсолоти «сари вақт» – ки принсипҳои асосии онро ширикати ҷопонии «Тайота» ҳанӯз дар охирҳои солҳои 70-уми XX таҳия намуда буд, яъне идоракунии ҳаматарафаи сифат ва ҷараёни корчалонӣ паҳн гардида буданд<sup/>1.

Агар дар солҳои 80-ум ҳамаи масъалаҳоро сифат ва дар солҳои 90-ум реинжиниринги корчаллонӣ ҳал мекарда бошад, пас консепсияи марказии даҳсолаи ҳозираро – «суръат» ташкил медиҳад. Дар ин ҷо ҳам суръати тағйирёбии хусусияти корчаллонӣ ва ҳам тағйирёбии ҳаёти истеъмолкунандагонро дар зери таъсири ниҳоят зиёди иттилооти дастрас фаҳмидан зарур аст. Суръати баландшавии сифати маҳсулот ва суръати такомули ҷараёни корчаллонӣ боиси дигаргун шудани хусусиятҳои худи корчаллонӣ мегарданд.

8 Загрузки

1.05K
Нет комментариев. Ваш будет первым!