Функсия ва принсипҳои менеҷмент
Зери мафҳуми функсияи менеҷмент давраҳои заниҷараи идоракунӣ ё ин ки натиҷаҳои мобайнии ҳаракат ба мақсади муайянкардашуда фаҳмида мешавад.
Муҳандиси фаронсавӣ Анри Файдлем (1841-1925) панҷ функсияи умумии менеҷментро пешниҳод намуда буд, аз ҷумла: банақшагирӣ; ташкилӣ; роҳбарӣ; ҳамоҳангсозӣ ва назорат.
Бо мурури замон ин номгӯй ба ҳаштод расид ва аз инҳо иборат мебошад:
1) банақшагирӣ, ки ба ҳайси асоси ибтидоии менеҷмент баромад намуда мақсад ва самти фаъолияти корхонаи созмондодашударо муайян мекунад;
2) қабул намудани қарори идоракунӣ – масъалаи асосии менеҷменти корчаллонӣ мебошад, чунки аз дурустии он фаъолияти самаранок ва мавҷудияти ташкилот вобаста мебошад;
3) сохти ташкилӣ – идоракунии ширкат, ки аз созмондиҳии мақомотҳои сохторӣ бо тақсимоти оқилонаи меҳнат, масъулият ва дар маҷмӯъ истифодаи самараноки захираҳои инсонӣ иборат мебошад;
4) пурра намудани штатҳо. Менеҷменти корчаллонӣ зиёдшави ва инкишофи коллективи содиқ ва донишмандро дастгирӣ менамояд. Ширкати хуб дар он ҷое вуҷуд дорад, ки дар он одамони хуб фаъолият менамоянд;
5) мубодилаи иттилоот. Дар идоракунӣ зарурати нигоҳдории роҳҳои кушоди робита вуҷуд дорад. Дар он ширкатҳое муҳити беҳтарини ахлоқӣ вуҷуд дошта метавонад, ки агар кормандони хешро доимо бо иттилооти зарурӣ дар бораи фаъолияти ширкат огоҳ намоянд ва инчунин фикри онҳоро ба инобат гиранд;
6) ҳавасмандгардонӣ. Ифодаи он дар ҳавасманд-гардонии кормандоне таҷассум меёбад, ки тарзҳои самаранокӣ корро истифода менамоянд;
7) роҳбарӣ. Менеҷерҳо танҳо дар он ҳолатҳое ҳамчун сарвар эътироф карда мешаванд, ки агар услуби роҳбарии худро ба талаботҳои замон мувофиқ гардонанд.
Дар адабиётҳо чунин хусусиятҳои менеҷер қайд карда шудаанд:
а) идоракунанда; б) дипломат; в) сарвар; г) мураббӣ; д) навовар; е) махлуқи инсонӣ. Мутахассисони соҳаи менеҷмент чунин қайд мекунанд, ки менеҷери муосир – чунин шахсе мебошад, ки аз низоми мураккаби сифатҳои иҷтимоие, ки дар ҷараёни фаъолияти ҳаётӣ ба даст овардааст, иборат мебошад;
8) назорат. Имконият медиҳад, ки натиҷаҳои хоҳиширо бо натиҷаҳои ба дастоварда муқоиса намуда, чораҳои зарурии ҳамоҳангсозии онҳоро татбиқ намоем[1].
Назорат ин фаъолияти идоракуние мебошад, ки вазифаи асосии онро баҳодиҳии миқдорӣ ва сифатии натиҷаи фаъолияти ширкат ташкил медиҳад. Ин функсия тавассути чунин воситаҳо, аз қабили мушоҳида, тафтиши ҳамаи тарафҳои фаъолият, баҳисобгирӣ ва таҳлил ба амал бароварда мешавад.
Дар ширкатҳои пешқадами замони имрӯза усули нави назорат, ки бо номи контроллинг машҳур ҳаст, истифода бурда мешавад.
Контроллинг ба сифати низоми таҳлил намудани ҳаёти ширкат баромад намуда, аз ду қисмат иборат мебошад:
– дар муддати кӯтоҳтарин – ба нишон гирифтани фоидаи муносиб;
– дар муддати дарозтарин нигоҳдории муносибатҳои мувофиқ бо муҳити атроф.
Контроллинг гуфта, маҷмӯи усулҳои оҷилӣ ва стратегии менеҷмент, баҳисобгирӣ, банақшагирӣ, таҳлил ва назоратро дар дараҷаи нави инкишофи бозор меноманд, ки ҳамчун низоми ягона барои ба даст овардани мақсадҳои стратегии ширкат равона карда шудааст.
Муқоисаи назорат ва контроллинг ба он хулоса меорад, ки контроллинг ба назорати пешакӣ наздик мебошад[2].
Анри Файол низ якчанд принсипҳои менеҷментро қайд намудааст.Ӯ мегӯяд, ки миқдори принсипҳо номаҳдуд мебошанд. Ҳамагуна қоида ва воситаҳои маъмурие, ки ташкилотҳои иҷтимоиро мустаҳкам ва ба амал баровардани фаъолияти онҳоро осон мегардонад ба ҳайси принсипҳои менеҷмент қабул карда мешаванд. Тағйирёбии ҳолати ашёҳо боиси тағйирёбии қоидаҳое мегарданд, ки бо ин ҳолатҳо алоқаманд буданд[3].
Чунин присипҳои менеҷментро пешниҳод намудан мумкин аст:
1) тақсимоти меҳнат, чунки махсусгардонии меҳнат барои муваффақиятҳои ташкилӣ зарур мебошад;
2) ҳокимият – ҳуқуқи фармон додан бояд бо масъулият алоқаманд бошад;
3) интизом – фармонбардорӣ ва ҳурматнамои имконият медиҳанд, ки оромона меҳнат намоем;
4) якароҳбарӣ – ба корманд бояд танҳо як сардор фармон диҳад;
5) ягонагии самт – қувваи ҳар як кас бояд ба як тараф равона карда шавад;
6) итоати манфиатҳои инфиродӣ ба умумӣ – яке аз масъалаҳои асосии идоракунии ширкат ва ба ҳам мувофиқ гардонидани манфиатҳои шахсӣ бо манфиатҳои умумӣ мебошад;
7) мукофотдиҳӣ – музди кормандон бояд ба саҳми меҳнатии онҳо мувофиқ бошад;
8) марказонидан – таъмин намудани мутаносибии баробар байни мутамарказонӣ ва ғайримутамарказони истеҳсолот;
9) итоат – зердастон ӯҳдадоранд, ки бидуни нишондоди роҳбар ба муомилот ворид нагарданд;
10) тартибот – арзишҳои моддӣ ва одамон бояд дар ҷойҳои муайяни қатъӣ қарор дошта бошад;
11) боадолатӣ – натиҷаи накӯӣ ва қонуният буда ба фармонбардорӣ ва риоя намудани қонун (хушмуомилатгӣ) оварда мерасонад;
12) устувор будани ҳайат ва мӯҳлати ишғол намудани мансаб аз ҷониби кормандон, ки ин барои беҳтар фаҳмидани вазифаҳои корӣ имконият медиҳад;
13) ташаббус – мустаққилона таҳия ва иҷро намудани нақшаҳо;
14) ягонагии ҳайати шахсии ширкат – ҳаракати муштараки кормандон – асоси ташкили муваффақият мебошад.
Коллективи пурқувват, мегӯяд Б.Гейтс, барои он пурқувват ҳаст, ки ҳама дар бораи ғояи ҳар як кас фикр мекунанд[4]1.
Ҳар як принсипи овардашуда таҳлил ва баррасии мустаққилонаро талаб менамояд, аз ҷумла, аз нигоҳи таъмини танзимнамоии ҳуқуқии онҳо.
Функсия ва принсипҳое, ки пешниҳод карда шудаанд, аз тафтиши вақт гузашта, аҳамияти худро дар замони ҳозира низ нигоҳ медоранд. Қоидаи пешниҳоднамудаи А.Файолв оид ба идоракунӣ, ҳамчун ҷараёни бетанафусе, ки аз банақшагирӣ оғоз ёфта, бо назорат анҷом мепазирад, дар замони ҳозира низ вуҷуд дорад.
§3. Таъмини ҳуқуқии менеҷмент.
Дар адабиётҳо қайд карда мешавад, ки менеҷмент самтҳои гуногун дорад, аз ҷумла, иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, молиявӣ, файласуфӣ, равоншиносӣ, техникӣ ва ташкилӣ[5]2.
Мутаассифона, дар инҷо нақши ҳуқуқ дар менеҷмент, самти ҳуқуқии менеҷмент, назария ва амалияи ҳуқуқ дар менеҷмент қайд нашудааст. Олими рус Э.А. Уткина яке аз параграфҳои асари худро ба «Асосҳои ҳуқуқии корчаллонии Россия» бахшидааст.
Иқтисодчиён ва намояндаҳои илми идоракунӣ нақши ҳуқуқро дар иқтисодиёт умуман ба инобат намегиранд, вале таҷрибаи давлатҳои мутараққии замони имрӯза баръакси инро нишон медиҳад.
Бинобар ин гузориши масъала ва таҳияи таъмини ҳуқуқии менеҷмент масъалаи даврон мебошад. Менеҷмент намуди махсуси фаъолияти касбӣ буда, барои ба даст овардани натиҷаҳои муносиби фаъолияти хоҷагӣ дар асоси татбиқи принсипҳо, функсияҳо ва усулҳои гуногуни иҷтимоӣ – иқтисодӣ равона карда шудааст. Ҳамин тариқ, менеҷмент қисмати эҷодии ҳаёти зиндае мебошад, ки татбиқи воситаҳои муайяни ҳуқуқиро тақозо менамояд. Аз ҷумла, муайян намудани ҳолати ҳуқуқии ташкилот; сохтори ташкилӣ-идоракунии он; функсияҳои қисматҳои сохторӣ; ҳолати ҳуқуқии менеҷер ва ҳоказо.
Ба тартиб даровардани фаъолияти дохилии корхона, ширкат, ба низоми муайяни самаранок ва мартаботи муназами дохили табдил додани муносибатҳои дохили шарти асосии муваффақияти фаъолият мебошад[6]1. Самти ҳуқуқии менеҷмент дар мустаҳкам намудани сохти ташкилӣ – идоракунии корхона бо санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии маҳаллӣ мебошад.
Бо назардошти хусусияти корпоративии менеҷмент – самаранокии санадҳои меъёрии локалиеро, ки дар дохили корхона, ташкилот ва ширкат қабул карда мешавад, фаромӯш набояд кард. Бо ин санадҳо ҳолати ҳуқуқии қисматҳои сохтории дохилии ширкат, алоқамандии байни онҳо; ӯҳдадориҳои мансабии кормандони сохторҳои дохилӣ ва ғайраҳо муқаррар карда мешаванд[7].
Таносуби менеҷмент ва ҳуқуқ чун таносуби дигар намудҳои фаъолият бо ҳуқуқ мебошад ва дар риояи талаботи қонуният таҷассум меёбад. Менеҷмент ҳамчун фаъолияти гуногунҷабҳаи инсоният бояд мувофиқи талаботи қонун ба амал бароварда шавад ва ба он мухолиф набошад. Менеҷер дар фаъолияти амалии худ бояд ба қонунҳо риоя кунад ва чун дигар шаҳрвандон дар назди он масъул мебошад. Ҳамзамон нисбати ӯ ҳимоя ва кафолатҳои ҳуқуқие тадбиқ карда мешаванд, ки бинобар машғул шудани ӯ ба ин намуди фаъолияти касбӣ таҳия шудаанд ва инчунин ӯ аз кафолатҳои умумиҳуқуқӣ низ истифода мебарад. Ин меъёрҳо дар санадҳои гуногуни ҳуқуқӣ, аз қабили қонунҳое, ки ба шаклҳои алоҳидаи ташкили- ҳуқуқи фаъолияти соҳибкорӣ, ҳолати ҳуқуқии мақомотҳои идоракунӣ, кодекси меҳнатӣ ва ғайраҳо бахшида шудаанд, дарҷ гардиданд. Ин санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ ба мақсади ҳавасмандгардонии рӯҳияи соҳибкорӣ, навоварӣ ва мустаққилият ҳавасманд менамоянд.
Низоми таъсири ҳуқуқро ба соҳаҳои алоҳидаи менеҷмент дар нақшае, ки аз ҷониби мутахассисон пешниҳод намуданд, мушоҳида намудан мумкин ҳаст[8].
7 Загрузки