Нақшаи соҳибкорӣ

Нисбати ҳар як самти таъсири ҳуқуқ ба соҳаҳои менеҷмент, имконият ва зарурияти ба амал баровардани тадқиқоти мушаххаси ҳукуқӣ вуҷуд дорад, вале бинобар моҳият ва аҳамияти нақшаи – корчаллонӣ (бизнес – план) ва ҳаҷми китоби дарсӣ ҳамин масъаларо ба сифати объекти омӯзиш қарор додем.

Зери мафҳуми нақшаи корчаллонӣ (бизнес – план) ҳӯҷҷатеро мефаҳманд, ки дар корхона мустақилона таҳия ва тасдиқ карда мешавад ва нишондодҳои асосии ташкилӣ, иқтисодӣ, молиявӣ, меҳнатӣ ва ғайраро, ки шарти ояндаи истеҳсол ва фурӯши маҳсулот, стратегия ва тактикаи корхонаро дар шароити бозор дар бар гирифта, муаммоҳои дар ин самт эҷодшавандаро пешбинӣ ва тарзу усулҳои ҳалл намудани онҳоро пешниҳод менамояд.

Мақсади таҳияи нақшаи корчаллонӣ дар он зоҳир меёбад, ки ба соҳибкор ва роҳбари корхона лавҳаи нисбатан пурраи ҳолати мавҷудаи корхона ва имконияти инкишофи он нишон дода мешавад. Ҳамзамон, дақиқ будани нақшаи корчаллонӣ боиси ба вуҷуд омадани боварии сармоягузорон нисбати боэътимодии сармояи хеш ва роҳбарӣ корхона мегардад.

Сифати нақшаи корчаллонӣ бояд баланд бошад ва боиси ба вуҷуд омадани боварии сармоягузорон нисбати соҳибкоре гардад, ки чунин нақшаро пешниҳод намудааст. Сармоягузорон бояд боварӣ пайдо кунанд, ки бо мутахассисони баландихтисос сару кор доранд.

Чун қоида нақшаи корчаллонӣ ба мӯҳлати 3-5 сол таҳия карда мешавад ва чунин самтҳоро дар бар мегирад:

– таҳлили бозор ва стратегияи маркетинг;

– стратегияи маҳсулотӣ;

– стратегияи истеҳсолотӣ;

– инкишофи низоми идоракунии корчаллонӣ ва моликият;

– стратегияи молиявӣ (иқтисодӣ).

Пас аз коркарди боэътимоди ҳамаи қисматҳои нақшаи – корчаллонӣ хулосаи кӯтоҳ таҳия карда мешавад, ки тавассути он нақшаи корчаллонӣ маълум карда мешавад. Хулоса, фишурдаи инкишофи ширкатро дар бар гирифта, барои доираи васеи шахсон пешниҳод карда мешавад. Бинобар ин шарт нест, ки онҳо ҳамаи қисматҳои алоҳидаи нақшаро, ки ҳамчун сирри тиҷоратӣ баромад мекунад, донанд. Нақшаи пурраи корчаллонӣ танҳо ба доираи маҳдуди шахсоне пешниҳод карда мешавад, ки сазовори боварии ширкат мебошанд.

Гарчанде ки қонунгузорӣ дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ ӯҳдадории бевоситаи корхонаро (соҳибкорро) оиди таҳия намудани чунин нақша муқаррар накарда бошад ҳам, вале амалияи фаъолияти соҳибкорӣ зарурияти таҳияи чунин ҳӯҷҷатро тақозо менамояд.

Нақшаи корчаллонӣ барои инҳо зарур мебошад:

– ба худи соҳибкор бинобар баҳодиҳӣ ба имконият ва самаранокии созмондодани кори хеш, баҳри ташкили амиқӣ он, баҳо додан ба натиҷаҳои имконӣ ва хароҷотҳо, пешгирӣ намудани таваккул;

– ба ҳамкорони соҳибкор – барои баҳо додан ба мақсаднокии гузоштани маблағҳо ва сармоягузорӣ ба сохторҳои созмондодашудаи тиҷоратӣ, ҳангоми бастани шартномаҳо;

– ба бонкҳо ва дигар муассисаҳои кредитӣ – барои муайян намудани имконият ва ба мақсад мувофиқ будани қарзҳои додашуда;

– ба ташкилотҳои суғурта – ҳангоми суғурта намудани таваккулҳои гуногун;

– ба ташкилотҳо – эмитентҳо – ҳангоми таҳия намудани тарҳи қоғазҳои қимматнок ва ҳоказо.

Таҳияи нақшаи корчаллонӣ имконият медиҳад, ки ба тарзи касбӣ таклифи хусусигардонии моликияти давлатиро асоснок намоем.

Нақшаи корчаллонӣ ҳӯҷҷати ҳуқуқие мебошад, ки боиси ба вуҷуд омадани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои муайяни кормандони корхона (соҳибкорон) мегардад.

Тавассути он:

– ваколати мақомотҳои идоракунӣ, менеҷерҳо ва кормандон муайян карда мешаванд;

– ҳамчун асос барои ҳал намудани масъалаи сармоягузории маблағҳо баромад мекунад;

– ҳангоми бастани шартномаҳо ба инобат гирифта мешавад.

Нишондодҳои нақшаи корчаллонӣ ҳангоми бастани қарордодҳои меҳнатӣ бо роҳбар ва менеҷерҳо аҳамияти муайянкунандаи ҳуқуқӣ дорад. Ноқобилии соҳибкор ва менеҷер барои амалӣ намудани нақшаи корчаллонӣ сабаби асосии қатъ намудани қарордоди меҳнатӣ бо онҳо мегардад.

Дар санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии локалӣ ҷараёни таҳия, тасдиқ ва иҷрои нақшаи – корчаллонӣ танзим карда шудааст. Дар онҳо шахсони мушаххасе нишон дода шудаанд, ки барои таҳияи қисматҳои алоҳидаи он масъул мебошанд, инчунин шакл ва усулҳои иштироки онҳо дар ин кор; мӯҳлати таҳия; муҳокима ва тасдиқ намудани он аз ҷониби соҳибкор ё ин ки молики амволи корхонаи давлатӣ муқаррар карда мешавад.

Диққати махсус ба таъмини махфият ва нигоҳдории сирри тиҷоратӣ дода мешавад, ки чунин маълумотҳо ба дасти рақибон нарасанд.

Нишондодҳои тасдиқгардидаи нақшаи корчаллонӣ ба қисматҳои дохилӣ, яъне иҷрокунандаҳо пешниҳод карда мешаванд ва ба сифати асоси ташакулёбии нақшаи фаъолияти истеҳсоли-хоҷагии онҳо баромад мекунанд.

§ 5. Ҳолати ҳуқуқии менеҷер

Барои ҳарчи беҳтар намудани таъмини ҳуқуқии менеҷмент зарур ҳаст, ки таносуби байни истилоҳҳои «менеҷмент» ва «фаъолияти соҳибкорӣ», «менеҷер» ва «соҳибкор»-ро муайян намоем. Чунки фаъолияти соҳибкорӣ бахши бо ҳуқуқ танзимшудаи иҷтимоӣ – иқтисодӣ мебошад.

Дар муайян намудани ин таносуб алоқамандии соҳибмулк ва соҳибкорӣ дар асоси қарордод (роҳбари корхона) ва менеҷерҳо, ки ҳар як кадоми онҳо ваколат ва ӯҳдадории муайянро барои муқаррар намудан ва танзимнамоии асосҳои ташкилӣ – идоракунии фаъолияти соҳибкорӣ доро мебошанд. Ин ба ду омили асоси алоқаманд мебошад:

Якум, бо муайяншавии ба охир расидаи ҷудо намудани моликият аз назорати бевосита ба он; дуюм, бо нисбатан мустақил гардидани доираи ташкилӣ – идоракунии алоҳида нисбат ба мазмуни фаъолияти он.

Алоҳидагии нисбии охирин дар мазмуни ин фаъолият, тарзу воситаҳои истифодашаванда (ин ҳам ба соҳаи истеҳсолӣ ва ҳам ба соҳаи савдо ва қарз дахл дорад) то дараҷаи муайян бо мазмуни фаъолияти моддӣ, ё ин ки истеҳсолӣ – технологии корхона, муайян карда шудаанд.

Хусусияти асосии ташкилот дар он таҷассум меёбад, ки дар он ҳамеша муносибати байни шахсон, фардҳо ҷой дорад. Бинобар ин аз мазмуни ҷараён танҳо як мақсади он боқӣ монда, боқимондаи онҳо бесимо мебошанд.

Мақсад бо роҳҳои гуногун, яъне бо роҳҳои мувофиқагардонии сохторҳои ташкилии гуногун, гуногунии ӯҳдадориҳо ва ҳоказо ба даст оварда мешавад.

Аҳамияти сохти ташкилӣ дар мувафақияти соҳибкорӣ дар солҳои 50-60 асри XX муқаррар карда шуд ва ин давраро давраи ташкилот низ меномиданд.

Молик функсияи идоракуниро ба соҳибкор дар асоси қарордод пешниҳод намуда, чун қоида, масъалаи ташкили идоракунии истеҳсолот ва фурӯши маҳсулотро муайян намекунад, зиёда аз ин молик функсияҳои худро ба соҳибкор пешниҳод намуда, амалан ҳуқуқи дахолати оҷилонаи хоҷагиро ба фаъолияти корхона ва идора намудани он аз даст медиҳад, бо истиснои ҳолатҳое, ки бо ҳӯҷҷатҳои таъсисӣ ё ин ки қарордод муқаррар карда шудаанд.

Соҳибкор дар асоси қарордод на танҳо ҳуқуқ дорад, балки ӯҳдадор аст, ки ҷараёни истеҳсолотро ташкил ва идоракунии самаранокӣ онро таъмин намояд. Иҷро накардани ин ӯҳдадорӣ асоси ҳуқуқии бекор намудани қарордод мегардад.

Менеҷерҳое, ки идоракунии соҳаҳои алоҳидаи истеҳсолотро ба амал мебароранд низ ӯҳдадоранд, ки ба тарзи дахлдор идоракуниро ташкил намоянд ва дар ҳудуди ваколатҳои худ мустақилона ва мутобиқи шартҳои қарордодҳои басташуда фаъолият намоянд.

Мақсади асосии менеҷмент ба даст овардани фоида, бо роҳи татбиқ намудани низоми оқилонаи идоракунӣ мебошад<sup/>. Бинобар ин менеҷмент бо фаъолияти соҳибкорӣ дар алоқаи ниҳоят наздик қарор дорад.

Ҳамзамон муҳаққиқони менеҷмент фарқияти ин ду истилоҳро низ ҷудо намудаанд.

Истилоҳи «соҳибкор» чуноне дар боби 3 китоби мазкур қайд намуда будем аз ҷониби иқтисодчии фаронсавӣ Кантилона дар ибтидои асри XVIII иброз шуда буд. Аз ҳамон давр ин ҷониб ин истилоҳ инсонеро дар назар дорад, ки ба худ таваккали ташкили корхонаи нав, ақидаи нав, моли нав ё ин ки хизмати навро ба дӯши худ мегардад. Бояд тазаккур дод, ки истилоҳҳои «соҳибкор» ва «менеҷер» синоним нестанд<sup/>.

Л.И. Евенко зимни тафсири ин калимаҳо мегӯяд, ки корчаллон ва менеҷер монанд буда наметавонад. Корчаллон ин шахсест, ки «пул карда» метавонад, яъне маблағҳои худро дар муомилот гузошта даромад ба даст меорад. Ин одами кордонест, ки дар итоати ӯ ҳеҷ кас нес ё соҳибмулки калонест, ки ягон мансаби доимро дар ташкилот ишғол накардааст, вале дорандаи саҳмияҳо буда, ҳамчун аъзои раёсат баромад мекунад. Менеҷер бошад, ҳатман мансаби доимӣ дорад ва дар итоати ӯ одамон қарор доранд.

Соҳибкорӣ дар бештари мавридҳо аз шахсияти инсони соҳибкор вобаста мебошад. Фарқияти байни менеҷер ва соҳибкор ниҳоят калон мебошад. Менеҷер ҳамеша майл ба сӯи услуби бюрократии роҳбарӣ дорад, вале онҳо бо мурури замон бинобар майл доштан ба услуби соҳибкории идоракунӣ бартараф карда мешаванд. Ин мухолифатро танҳо ширкатҳои калон ҳаллу фасл намудаанд.

Асоси менеҷментро омили инсонӣ ташкил медиҳад, ки дар донистани кори худ, маҳорати ташкил намудани меҳнати коллективӣ, ҳавасмандӣ барои инкишоф ва фаъолияти эҷодӣ таҷассум меёбад.

Таносуби истилоҳи «менеҷер» ва «соҳибкор» ниҳоят тағйирёбанда мебошад. Чунки ҳамаи соҳибкорон дар ташкулёбии мақсад ва идоракунии корхона ё ташкилот фаъолона иштирок менамоянд, ки ҳамин онҳоро менеҷер ҳисобидан мумкин аст.

Дар натиҷаи пурзӯр гардидани нақши ташкилот менеҷер ба симои намоёни ҳар як корхона табдил меёбад, чунки дар бештари мавридҳо тавассути ӯ функсияи соҳибкорӣ – навовар амалӣ гардонида мешавад. П.Друкер дар бораи муносибати менеҷер ва соҳибкор чунин қайд мекунад, ки албатта менеҷер ба маънои том соҳибкор буда наметавонад, вале соҳибкор, ҳамеша бояд камтарак менеҷер бошад. Ҳамзамон менеҷере, ки функсияи соҳибкорро иҷро карда наметавонад, менеҷерӣ бад мебошад.

Бо вуҷуди ин дар бисёр мавридҳо чунин сифатҳои соҳибкор, аз қабили таваккали шахсӣ, иртибот ба имконияти молиявӣ ва хоҳиши дуру дароз ва суботкорона бидуни истироҳат меҳнат намудан маънои онро надорад, ки ин шахс маҳорати идоракунии самараноки ташкилотро доро мебошад. Баъзе аз соҳибкорон умуман қобилияти иҷро намудани функтсияи идоракуниро, аз қабили ба нақшагирӣ, ташкилотчигӣ ва назоратиро надоранд. Муаллифон хусусиятҳои соҳибкорӣ пешқадам ва менеҷери пешқадамро муқоиса намуда ба чунин хулоса омадаанд, ки роҳбарони пешқадам қобилияти ворид намудани муташакилиро дар ҳолати ғайримуташакилӣ дошта, моҳияти ташкилотчигии худро мебинанд. Чунин роҳбарон қобилияти қабул намудани қарори дахлдоррро доро мебошанд, вале чунин сифат дар соҳибкорон дида намешавад. Ҳамзамон роҳбари пешқадам нисбати ҳокимият муносибати мусбӣ дорад. Соҳибкр аз рӯи хусусияти худ хоҳиши эътироф ва итоати ҳокимиятро надорад ва ноқобилии худро барои дар зери итоати роҳбар кор кардан нишон медиҳад, ки натиҷаи он роҳ надодан ба чунин ҳолат мебошад.

Бинобар ин аҷоиботе вуҷуд надорад, ки агар соҳибкорӣ бомаҳорат на он андоза менеҷери хуб бошад<sup/>1.

Менеҷер – одамест, ки кори дигаронро идора менамояд ва барои натиҷаҳои он шахсан масъул аст. Менеҷери хуб дар иҷрои кор тартиботи муайнро ҷорӣ менамояд. Алоқаи хешро бо зердастон дар асоси омилҳо ва дар ҳудуди мақсадҳои муқарраршуда барқарор менамояд.

Менеҷерҳо ба даст овардани мақсадро бо зердастон бо роҳи назорат намудан ба рафтори онҳо ва эътино намудан ба ҳар як дуршавии онҳо аз нақшаи истеҳсолӣ, таъмин менамоянд<sup/>2.

Истилоҳи «менеҷер» ниҳоят паҳншудааст ва нисбати инҳо истеъмол карда мешавад:

– ташкилотчии намудҳои мушаххаси кор дар ҳудуди қисматҳои алоҳида ё ин ки гурӯҳҳои барномавии мақсаднок;

– умуман роҳбари корхона ё ин ки қисматҳои алоҳидаи он (шӯъба, шӯъбача, раёсат ва ғ.);

– роҳбарро нисбати зердастон;

– сардори дараҷаи дилхоҳи идоракуние, ки корро ташкил намуда, усулҳои муосири идоракуниро истифода менамояд.

Хусусиятҳои хоси бозор, аз қабили, таваккал ва номуаянии вазъият аз менеҷер мустақилият ва масъулиятро барои ҷустуҷӯйи ва қабули қарорҳои моҳиронаи ташкилӣ ва илмӣ-техникӣ оиди навовариҳо, тақозо менамояд.

Ба менеҷер талаботҳои баланди касбие пешниҳод карда мешавад, ки онҳо дар санадҳои меъёрӣ мустаҳкам гардида, ҳолати ҳуқуқии менеҷерро муайян менамоянд. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои мушаххаси менеҷер инчунин бо шартнома (қарордод)-е, ки байни корхона ва роҳбарӣ он баста мешавад, муайян мегарданд. Мувофиқи шартнома роҳбарии фаъолияти истеҳсоли хоҷагии корхона ба зиммаи менеҷер гузошта мешаванд. Ба ғайр аз ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳое, ки дар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ нисбати менеҷер пешбинӣ шудаанд, дар адабиётҳои ҳуқуқӣ ба як қатор талаботҳо нисбати онҳо ишора меравад, аз ҷумла:

– доштани дониши умумӣ дар соҳаи идоракунии корхона;

– босалоҳияти дар масъалаи технологияи истеҳсолӣ дар он соҳае, ки ширкат фаъолият менамояд;

– доштани на танҳо таҷрибаи маъмуриятчигӣ, балки инчунин таҷрибаи соҳибкорӣ, маҳорати омӯхтани ҳолати бозор, ташаббускорӣ ва аз нав тақсим намудани захираҳои ширкат дар соҳаҳои нисбатан фоиданок;

– қабул намудани қарорҳои асоснок ва бо салоҳият дар асоси мувофиқа намудани онҳо бо роҳбарони зинаи поёни ва кормандон ва тақсимоти вазифаҳо ва иштироки ҳар як кадоми онҳо дар иҷро намудани онҳо;

– мавҷуд будани таҷрибаи амалӣ ва дониши кофӣ дар соҳаи таҳлили ҳолатҳои иқтисодӣ дар бозорҳои асосӣ, ё ин ки ҷузъҳои бозоре, ки ширкат фаъолият дорад, ё ин ки мехоҳад фаъолият намояд;

– маҳорати таҳлил намудани фаъолияти ширкатҳои рақиб;

– маҳорати пешбинӣ намудани самтҳои инкишофи талаботи бозор, хусусияти талабот, чораҳои танзими давлатии иқтисодиёт дар кишвари худ ва дигар кишварҳо, дар бозорҳое, ки ширкат хоҳиши нигоҳдорӣ ё пурзӯр намудани саҳми худро дорад.

Талаботи муҳимтарине, ки менеҷер бояд ҷавобгӯй он бошад ин маҳорати идора намудани одамон мебошад.

Аз ҷумла:

– ба таври комил донистани зердастони бевоситаи худ, аз қабили, қобилият ва имконият онҳо оиди иҷро намудани корҳои супоришшудаи мушаххас;

– донистани шартҳое, ки кормандро бо корхона алоқаманд мекунанд; ҳифзи манфиатҳои онҳо дар асоси адолат;

– бартараф намудани кормандони ноқобил ба мақсади нигоҳ доштани ягонагӣ ва таъмин намудани устувории фаъолияти ширкат.

Иқтисодиёти бозоргонӣ ба идоракунандае эҳтиёҷ дорад, ки нисбати кор эҷодкорона муносибат намуда бо иттилооти зарури мӯҷаҳҳаз мебошад, моҳирона захираҳоро истифода намуда, самаранокии фаъолияти ширкатро таъмин менамоянд.

Омили тағйирнопазирӣ менеҷмент дар он зоҳир меёбад, ки бояд ҳар як менеҷер донад, ки ширкат дар шароити иқтисодиёти бозоргонӣ фаъолият менамояд ва бинобар ин пурра аз бозор вобаста мебошад<sup/>1.

Ҳамзамон, ширкате, ки бо туфайли кормандони худ арзи вуҷуд дорад бояд нисбати қонеъ намудани на танҳо талаботҳои ҳаётии мизоҷон – истеъмолкунандагон, балки инчунин кормандони худ, бахусусус роҳбарон (менеҷер)-и худ, ки аз онҳо охири охирон гулгулшукуфии ширкат вобаста аст, кӯшиш намояд.

4 Загрузки

311
Нет комментариев. Ваш будет первым!