Мафҳум ва мақсади танзими давлатии фаъолияти соҳибкорӣ
Дар байни функтсияҳои давлат – функтсияи иқтисодии он ҷойи асосиро ишғол менамояд. Матлаби асосии ин функтсияро фароҳам овардани шароити зарурии рушди бемайлони муносибатҳои иқтисодӣ, аз ҷумла қоидаи умумии фаъолияти иштирокчиёни ин муносибатҳо ташкил медиҳад. Нақши давлат дар ин самт вобаста ба давраҳои инкишоф гуногун мебошад.
Зарурати объективии танзими муносибатхои бозаргонӣ ба маҳдудияти имкониятҳои ин навъи иқтисодиёт дар истеҳсол намудани молҳои ҷамъиятӣ таҷассум ёфта, асоси фаъолияти давлатро дар ин соҳаи иқтисодиёт ташкил медиҳад. Ба молҳои ҷамъияти одатан инҳо дохил карда мешаванд: низоми миллии маориф, сиҳатии омма, мудофиаи давлат, муҳити атроф, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, иқтисодӣ ва ҳоказо. Бо ёрии давлат аз нав тақсимкунии неъматҳои моддӣ ба амал бароварда мешавад. Инчунин давлат дар муҳайё намудани муҳити рақобатноки иқтисодӣ, иттилоотӣ, кам намудани оқибати манфии фаъолияти соҳибкорони алоҳида, саҳми босамари худро мегузорад.
Танзими давлатии иқтисодиёт дар асоси сиёсати иқтисодии давлат ба амал бароварда мешавад. Бинобар ҳаммаъно ҳисобидани истилоҳоти «танзими давлатии иқтисодиёт» ва «сиёсати иқтисодии давлат» нодуруст мебошад<sup/>.
Сиёсати иқтисодии давлат гуфта, самтҳои асосии фаъолияти давлатро дар соҳаҳои иқтисодиёт меноманд. Танзими давлатии иқтисодиёт бошад, фаъолияти давлат дар симои мақомотҳои он мебошад, ки баҳри амалӣ намудани сиёсати иқтисодии давлат бо истифода аз усул, восита ва шаклҳои махсус равона шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки вуҷуд надоштани сиёсати амиқи иқтисодии пешгӯишаванда, норасогии асосие мебошад, ки ба самаранокии танзими давлатии бозор халал мерасонад.
Дар замони ҳозира сиёсати иқтисодии давлат дар як қатор ҳуҷҷатҳо таҷассум ва мустаҳкам мегардад, ки дар байни онҳо Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Маҷлиси Олӣ<sup/>2, Консепсияи рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то солҳои 2015, барномаҳои рушди иқтисодӣ – иҷтимоӣ ва ғайраҳоро номбар кардан мумкин аст.
Сатҳи дахолати давлат ба иқтисодиёт, ба муносибатҳои бозаргонӣ – бузургии таъғирёбанда буда, аз омилҳои гуногун вобаста мебошад. Дар замони гузариш аз иқтисодиёти навъи сотсиалистӣ ба иқтисодиёти навъи бозаргонӣ нақши танзими давлатӣ бинобар дигаргун шудани «қоидаҳои бозӣ», таъғирёбии асосҳои ҳуқуқии фаъолияти субъектҳои бозор, муқаррар намудани назорати риояи манфиатҳои ҷомеа ва субъектҳои алоҳида, меафзояд. Ҳамин тариқ, дараҷаи танзими давлатии иқтисодиёт аз ҳолати воқеӣ ва мушаххаси бозор дар зинаи муайяни тараққиёти муносибатҳои бозаргонӣ вобаста аст.
Танзими давлатӣ бо асосҳои гуногун тасниф карда мешавад, аз ҷумла, вобаста ба дараҷаи таъсиррасонии давлат ба ин ё он соҳаи хоҷагии халқ ё қисматҳои бозор. Вобаста ба ин асос се дараҷаи танзими давлатии иқтисодиётро ҷудо намудан мумкин аст:
– дараҷаи баландтарини танзими давлатии иқтисодиёт;
– дараҷаи миёнаи танзими давлатии иқтисодиёт;
– дараҷаи пастарини танзими давлатии иқтисодиёт.
Дараҷаи максималии танзим чунин маъно дорад, ки зимни он аз миқдори зиёди воситаҳо ё аз тамоми воситаҳои танзими дахлдори давлатӣ истифода бурда мешавад. Чунин реҷа нисбати монополияи табиӣ муқаррар карда шудааст. Дараҷаи минималии танзими давлатӣ нисбати фаъолияти соҳибкории эҷодӣ татбиқ карда мешавад.
Танзими давлатии иқтисодиётро вобаста ба ҳудуди тадбиқи ин ё он воситаҳои танзими низ тасниф кардан мумкин аст. Вобаста ба ин асос танзимнамоии давлатии иқтисодиётро дар сатҳи марказ ва маҳаллҳо ҷудо намудан мумкин аст. Дигар намудҳои тасниф низ вуҷуд дошта метавонанд.
Соҳибкорӣ ҳамчун истилоҳи мустақил ва предмети таҳқиқ ба сифати соҳаи таъсиррасонии давлат ва иқтисодиёт баромад мекунад. Моҳиятан давлат тавассути ҳуқуқ муносибатҳои ҷамъиятиеро, ки ҳангоми ба амл баровардани фаъолияти соҳибкорӣ ба вуҷуд меоянд, танзим менамояд. Бинобар ин, маҳз дар доираи фаъолияти соҳибкорӣ шакл ва воситаҳои махсус, аз ҷумла, воситаҳои ҳуқуқӣ баҳри танзими иқтисодиёти бозаргонӣ тадбиқ карда мешаванд.
Мутахассисони соҳаи ҳуқуқи маъмурӣ қайд менамоянд, ки дар байни идоракунии давлатӣ ва танзими давлатӣ моҳиятан фарқияти қуллие вуҷуд надорад. Ҳамзамон, аз рӯи моҳияти худ танзимнамоӣ унсури зарурии фаъолияти идоракунии давлат, яке аз функтсияҳои асосии он мебошад. Ба маънои оддитарин танзимнамоӣ дар итоат намудан ба тартиботи муайян, дар танзимнамоии ин ё он ҳаракат таҷассум меёбад<sup/>1. Вале ба хулосае, ки ҳамаи нишонаҳои идоракунӣ ва танзимнамоӣ якхелаанд розӣ шудан ниҳоят мураккаб аст<sup/>2.
Идоракунии давлатӣ дахолати мустақим ва бевоситаи мақомотҳои давлатӣ ба иқтисодиёт бо истифода аз усулҳои маъмурии танзимро меноманд. Танзими давлатӣ бошад, имконияти истифода намуданро аз миқдори зиёди восита ва фишангҳо, аз ҷумла усулу воситаҳои ғайримустақими танзимнамоии муносибатҳои бозоргонӣ дар назар дорад. Бинобар ин, танзими давлатӣ нисбат ба идоракунии давлатӣ истилоҳи васеътар мебошад.
Усулҳои ғайримустақи танзими иқтисодиёт ба сифати усулҳои асосии танзими иктисодиёти муосир бо дар назардошти нақши худтанзимкунандаи бозор баромад менамоянд. Вале ин маънои аз усулҳои маъмурӣ, усулҳои мустақими танзимӣ, ки хоси идоракунии давлатӣ мебошанд, даст кашиданро надорад, чунки хусусияти худтанзимнамоии бозор тамоми талаботҳои ҷомеаи муосир ва иқтисодиёти тамоюли иҷтимоӣ доштаро қонеъ карда наметавонад.
Қайд намудан зарур аст, ки истилоҳи «идоракунии давлатӣ» дар Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода нашуда, моҳиятан ба истилоҳи «ҳокимияти иҷроия » иваз карда шудааст.
Бинобар ин, дар адабиётҳои ҳуқуқӣ таклифи истифода аз истилоҳи таъсиррасонии давлат ба иқтисодиёт пешниҳод карда шудааст, ки ҳам идоракунии давлати тавассути усулҳои мустақими танзими муносибатҳо ва ҳам танзими давлатӣ бо истифода аз усулҳои ғайримустақимро дар бар мегирад<sup/>1. Азбаски дар адабиётҳои ҳукуқӣ ва санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ истилоҳи «танзими давлатӣ» вуҷуд дорад, истифодаи он ба мақсад мувофиқтар мебошад.
Мақсади танзими давлатӣ дар соҳаи иқтисодиёт, ҳал намудани як қатор вазифаҳои мушаххасро дар назар дорад, ки баҳри амалӣ намудани функтсияҳои иқтисодии давлат заруранд. Ба сифати мақсади асоси муҳайё намудани шароити беҳтарини инкишофи иқтисодӣ ва соҳибкорӣ дар зиннаи мушаххаси инкишофи ҷомеа баромад менамояд.
Мақсади асосӣ тавассути корҳои зерин, аз ҷумла, баробар намудани доираи иқтисодӣ, таъмин намудани инкишофи босуботи иқтисодӣ, муомилоти пулӣ, таъсиси муҳити рақобатнок, таъмин намудани шуғли аҳолӣ, нархҳои устувор ва ғайраҳо ба даст меояд. Функтсияи иқтисодии давлат бо роҳи ҳал намудани вазифаҳои мушаххасе, ки дар натиҷаи ба даст овардани мақсадҳои гузошташуда ба вуҷуд меоянд, иҷро карда мешаванд.
Яке аз функтсияҳои асосии давлат дар соҳаи фаъолияти иқтисодӣ муҳайё намудани заминаи ҳуқуқии фаъолияти самараноки бозор ва инчунин муқаррар намудани қоидаҳои устувори бозор мебошад.
Таъмини ҳуқуқии танзими давлатии фаъолияти соҳибкорӣ гуфта, шакли ҳуқуқӣ бахшидан ба воситаҳоеро меноманд, ки тавассуташон танзимнамоӣ ба амал бароварда мешавад. Ба сифати шаклҳои ҳуқуқии танзими давлатии иқтисодиёт қонун ва санадҳои зерқонунӣ, аз ҷумла фармонҳои Президенти ҶТ, қарорҳои Ҳукумати ҶТ, санадҳои меъёри ҳуқуқии вазорату муассисаҳо ва санадҳои меъёрии локалӣ баромад мекунанд. Санадҳои судӣ низ дар танзим ва ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии соҳибкорон нақши муайянро иҷро мекунанд, вале ба сифати сарчашмаи ҳуқуқ баромад карда наметавонанд.
Муҳайё намудани заминаи ҳуқуқии соҳибкорӣ, қонунгузорӣ дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ ҷараёни ниҳоят мураккабе мебошад, ки аз ҳудуди ҳуқуқи соҳибкорӣ берун мебарояд. Бидуни заминаи дахлдори ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ фаъолияти самаранокӣ иқтисодӣ ва соҳибкориро тассавур кардан нашояд.
Ҳуқуқ аз як тараф, воситаи мустақили ба амал баровардани функтсияи иқтисодии давлат ва аз тарафи дигар, воситаи мустақили танзими иқтисодиёт дар баробари дигар воситаҳои иқтисодӣ ва маъмурӣ баромад мекунад.
Дар замони ҳозира қайд кардан зарур ҳаст, ки заминаи дахлдори асосҳои ҳуқуқии танзимнамоии давлатии иқтисодиёт вуҷуд доранд. Мутаассифона, таҷрибаи фаъолияти қонунэҷодкунӣ бо роҳи таҳия ва қабул намудани қонунҳое равона карда шудааст, ки ба танзимнамоии давлатии соҳаҳои алоҳидаи фаъолияти хоҷагӣ бахшида шудаанд. Масалан: Қонунҳои ҶТ «Дар бораи танзими давлатии фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ»; «Дар бораи энергетика»; «Дар бораи нақлиёт»; «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)»; «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар ҶТ»; «Дар бораи кооперативҳои истеҳсолӣ»; «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ»; «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»; «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ» ва ғайраҳо.
Бояд тазаккур дод, ки дар қонунгузории муосир мафҳуми танзими давлатӣ дода нашудааст. Аз ҷумла, дар қонуни ҶТ «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ» аз 15 июли соли 2004 бо тағироту иловаҳои соли 2007 таърифи танзими давлатии ҳосилхез-гардонии заминҳои кишоварзӣ доданашуда, танҳо самтҳои асосии танзими давлатии фаъолият дар ин самт оварда шудааст:
1) таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва назорати риояи санадҳои мазкур;
2) амалӣ намудани сиёсати сармоягузорӣ дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ;
3) идоракунии давлатӣ дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ.
Тамоюли инкишофи қонунгузории ҷориро дар бораи фаъолияти соҳибкорие, ки бо танзимнамоии давлатии соҳибкорӣ алоқманд аст қайд намуда, инчунин самти дигари инкишофи қонунгузории ин муносибатҳоро низ ҷудо кардан зарур аст. Моҳияти ин самти инкишофи қонунгузорӣ дар он ифода меъёбад, ки дар санадҳои меъёрие, ки намудҳои алоҳидаи соҳибкориро танзим менамоянд, меъёрҳои алоҳида ё қисматҳои алоҳидаеро дар бар мегиранд, ки ба танзимнамоии давлатӣ бахшида шудаанд. Масалн, Қонун дар бораи реклама. Ҳамаи ин қонун аз меёрҳои дорои хусусияти ҳуқуқӣ – умумӣ иборат мебошад, ки талаботҳои ҳокимиятии давлатро ба иштирокчиёни ин муносибатҳо дар бар мегирад.
Заминаҳои ҳуқуқии дахлдоре, ки тадбиқи воситаҳои танзимнамоии давлатии иқтисодиётро пешбинӣ мекарда бошанд, самти бартариятноки инкишофи қонунгузорӣ ба маънои васеъ фаҳмида мешавад. Масалан, созмон додани заминаи зарурии ҳуқуқӣ барои татбиқи чунин воситаҳои самараноки танзимнамоии давлатии иқтисодиёт, аз қабили нархгузорӣ, ба нақшагирӣ ниҳоят зарур мебошанд.
Пас аз созмон додани асоси ҳуқуқӣ барои тадбиқи самараноки воситаҳои алоҳидаи танзимнамоии давлатӣ, ҷамъбаст намудани таҷрибаи тадбиқи онҳо, масъалаи қабул намудани санади асосии қонунгузориеро, ки асоси танзимнамоии давлатии иқтисодиётро ташкил медода мебошад, гузошта хоҳад шуд. Мусаллам, ҳаст, ки чунин санади асоси Кодекси соҳибкории Ҷумҳури Тоҷикистон мебошад, ки қисмати алоҳидаи он ба танзимнамоии давлатии иқтисодиёт бахшида хоҳад шуд<sup/>1.
Миқдори зиёди субъектҳое вуҷуд дорад, ки дар ташаккулёбии сиёсати иқтисодии давлат ва амали намудани он бо роҳи танзимнамоии давлатии иқтисодиёт ширкат меварзанд. Бинобар ин байни субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ ва субъектҳое, ки дар ташаккулёбӣ ва амлӣ намудани сиёсати иқтисодии давлат ширкат менамоянд, фарқияти куллӣ вуҷуд дорад.
Ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратие, ки фаъоляти соҳибкориро ба амал мебароранд, бечунучаро ба сифати субъектҳои муносибатҳое баромад менамоянд, ки бо ба амал баровардани сиёсати иқтисодии давлат алоқаманд мебошанд. Вале доираи субъектҳои танзимнамоии давлатии иқтисодиёт нисбат ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ васеътар мебошад. Ба сифати субъектҳои сиёсати иқтисодии давлат ва танзими иқтисодии давлат мақомотҳои се шохаи ҳокимият аз ҷумла, мақомоти қонунгузор, иҷория ва судӣ дохил мешаванд.
Ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар якҷоягӣ сиёсати иқтисодии давлат ва танзимнамоии иқтисодиро ба амал мебароранд. Бидуни қабул намудани қонунҳое, ки барои танзимнамоии унсурҳои алоҳидаи бозор, аз қабили, мол, молия, меҳнат ва ғайра равона карда шудаанд, имконияти амали намудани сиёсати иқтисодии давлат вуҷуд надорад. Ҳокимияти судӣ баҳри ҳимоя намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии соҳибкорон фаъолият менамояд.
Нақши муҳимро дар ташаккулёбӣ ва амалигар-донидании сиёсати иқтисодии давлат, иттиҳодияҳои ҷамиятӣ ва дигар ташкилотҳои ғайритиҷоратие, ки дар асоси манфиатҳои умумӣ дар ин ё он соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ созмон дода мешаванд, иҷро мекунанд. Масалан, ассотсиатсияҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, иттиҳоди суғуртакунандагон ва ғайра.
Иттиҳодияҳои минтақавӣ низ дар амалӣ намудани сиёсати иқтисодии давлат таъсир мерасонанд. Мақомотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ низ бо роҳи гуногун дар амалӣ намудани сиёсати иқтисодии давлат, аз ҷумла ба сифати намояндагии кормандон ширкат меварзанд.
Ба сифати субъектҳои мустақиле, ки дар соҳаи иқтисодиёт фаъолият намуда, ба таҳия намудани сиёсати иқтисодии давлат, амалӣ намудани он, ҳимояи ҳуқуқҳои субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар замони ҳозира машғул мебошанд, ташкилотҳои навъи нав, яъне лоббистҳоро қайд намудан зарур аст. Дар ҳақиқат лоббикунонӣ -– воситаи маълумотҷамкунии ҳокимият мебошад, аз ҷумла, ҳангоми ташаккулёбии сиёсати иқтисодии давлат, дар бораи манфиатҳои гурӯҳҳои алоҳидаи соҳибкорон дар ин ё он соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ ба мақсади қабул намудани қарорҳое, ки ҷавобгӯи талаботҳои инкишофёбиии иқтисодӣ бошанд. Ҷиҳатҳои манфии лоббикунониро бо роҳи қабул намудани қонуне, ки садди роҳи ҳаракатҳои бовиҷдононаи шахсони алоҳида ё гурӯҳи шахсон мегардида бошад, номбар намудан зарур аст, ки бо тарзи дахлдор аз ҷониби мақомоти давлатӣ бояд бартараф карда шавад.
Объектҳои сиёсати иқтисодии давлат, ки яке аз шакли асосиии он танзими давлатии иқтисодиёт мебошад, ниҳоят гуногунанд.
Ба сифати онҳо соҳаҳо ва зерсоҳаҳои хоҷагии халқ баромад мекунанд. Масалан, Қонун «Дар бораи танзими давлатии фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ»; «Дар бораи энергетика»; «Дар бораи нақлиёт» ва ғайраҳоро номбар намудан мумкин аст. Ба сифати объекти танзимнамоии давлатии иқтисодиёт минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон низ баромад карда метавонад.
Ҳамчун объекти танзимнамоии давлатии намудҳои алоҳидаи фаъолияти соҳибкорӣ баромад карда метавонанд.
Объекти танзимнамоии давлатии инчунин воситаҳои алоҳидаи танзимнамоӣ, аз қабили, нарх, банақшагирӣ, муомилоти пулӣ ва ғайра баромад мекунанд.
Қисми (сектори) давлатии иқтисодиёт – маҷмӯӣ объектҳои моликияти давлатӣ, ки бо фаъолияти иқтисодӣ машғул мебошанд, аз ҷумла корхонаҳои воҳиди давлатӣ, инчунин ҷамъияҳои саҳомӣ ва корхонаҳои муштарак, ки дар сармояи оинномавии онҳо бастаи назоратии саҳмияҳои ҳуқуқи овоздор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлат мансуб мебошад (қисми 5 моддаи 1 Қонуни ҶТ «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 8 декабри соли 2003 ).
Тадқиқотчиёни муосир дар асоси қонунгузории амалкунанда хусусияти омехтагии иқтисодиёти давлатҳои тараққикардаро қайд менамоянд, ки дар он ҷо сектори давлатӣ вуҷуд дорад.
Сектори (соҳаи) давлатии иқтисодиёт қисми таркибӣ ва ҷудонашавандаи муносибатҳои бозоргонӣ, унсури бозор мебошад<sup/>. Ҳамзамон ин восита ё фашангест, ки тавассути он давлат ба бозор таъсир мерасонад, аз ҷумла, бо роҳи харидкунии маҳсулот, пардохти кор ва хизмат; бо роҳи бавосита ё бевоситаи таъсиррасонӣ ба нарх, яъне интервенсияи молӣ ва ғайра.
Худи сектори давлатӣ якхела буда наметавонад. Дар танзимнамоии қисматҳои таркибии алоҳидаи он, реҷаҳои гуногуни ҳуқуқии танзимнамоиро ҷудо намудан мумкин аст, масалан, нисбати як гурӯҳи онҳо реҷаи ҳуқуқи истифодабарии хоҷагӣ ва нисбати қисми дигари сектори давлатӣ, ки бо фаъолияти корхонаҳои давлатие алоқаманд мебошад, ки нисбати онҳо реҷаи ҳуқуқи оперативии идоракунӣ татбиқ карда мешавад. Дар баробари ин қисми сектори давлатиеро ҷудо намудан мумкин ҳаст, ки бо доштани бастаи саҳмияҳои корхонаҳои хусусигардонишудаи давлатӣ ва қисмати сектори давлатие, ки бо амволӣ давлатӣ алоқаманд мебошад, аз ҷумла, ашёҳои ғайриманқулие, ки берун аз ҳудуди мамлакат қарор доранд.
Одатан сектори иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо маънои маҳдуд тафсир менамоянд ва ба он танҳо муносибатҳоеро дохил менамояд, ки аз фаъолияти корхонаҳои воҳиди давлатӣ бармеоянд, яъне аз фаъолияти корхонаҳои ба ҳуқуқи истифодабарии хоҷагӣ ва ҳуқуқи оперативии идоракунӣ асосёфта.
Дар ҳақиқат сектори давлатӣ аз доираи ин ду намуди корхонаҳо берун мебарояд ва ҳамаи қисматҳоеро, ки дар боло ишора намудем дар бар мегирад. Бинобар ин ҳангоми танзимнамоии ҳуқуқӣ бояд ҳамаи ҷузъҳои сектори давлатӣ ба инобат гирифта шаванд.
Беҳуда нест, ки дар адабиётҳои ҳуқуқӣ ақидаи соҳибкории давлатӣ иброз шудааст, ки маънои он созмон додани шартҳои зарурии ҳуқуқӣ барои фаъолияти сектори давлатӣ дар асоси принсипҳои иқтисодиёти бозоргонӣ бо риоя намудани шартҳои дар қисми 3 моддаи 1 КГ ҶТ мустаҳкам карда шуда ташкил медиҳад<sup/>1. Вале нишонаҳои фаъолияти соҳибкорие, ки бо ин модда пешбинӣ шудаанд, дар ҳаҷми пурра наметавонанд, нисбати фаъолияти соҳибкории давлат татбиқ карда шаванд. Масалан, мунтазам ба даст овардани фоида на ҳамеша шарти асосии соҳибкории сектори давлатии иқтисодиёт мебошад.
Маҳдудияти имконияти бозор оид ба истеҳсол намудани молҳои ҷамъиятӣ дар он зоҳир меёбад, ки сектори хусусӣ дар соҳаҳое, ки фоида надорад фаъолият кардан намехоҳад, новобаста аз талаботҳои ҷамъиятӣ нисбати онҳо (мол, кор, хизмат). Мисоли соҳаи ангиштсанг дар Британияи Кабир ва дигар давлатҳо, ки бо сабабҳои гуногун милликунонии онҳо ба миён омад. Обу ҳавозанҷон ба аҳолӣ ва сохторҳои тиҷоратӣ маълумоти заруриро бидуни маблағ пешниҳод менамоянд, соҳилмустаҳкамкунӣ ва ғайра.
Ба ҳайси яке аз нишонаҳои асосии фаъолияти соҳибкорӣ КГ ба амалбарории онро дар асоси таваккали худ муаррифӣ менамояд. Аммо таваккали фаъолияти соҳибкории корхонаҳои воҳид аз таваккали соҳибкории хусусӣ бо хусусияти ҳолати ҳуқуқии махсуси ин корхонаҳо, ки бо қонуни ҶТ «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ» қайд шудааст, фарқ мекунад. Асоси ба вуҷуд омадани заминаи амволии ин корхонаҳо низ аз моликияти давлатӣ вобаста мебошад ва бинобар ин таваккали ба вуҷуд омадаро баробар мекунад.
Таҳлили муносибатҳое, ки ба сектори давлатӣ, соҳибкории давлатӣ алоқаманд мебошанд, имконият медиҳанд, ки хусусияти махсуси онҳоро қайд намоем. Фаъолияти соҳибкорӣ дар ҳудуди танзимнамоии давлатии иқтисодиёт дар баробари муносибатҳои молумулкӣ инчуни муносибатҳои маъмурӣ, молиявӣ ва ғайраро дар бар мегирад.
11 Загрузки