Назорати давлатии фаъолияти соҳибкорӣ
Назорат (контрол) – як воситаи танзимнамоии давлатии иқтисодиёт ва фаъолияти соҳибкорӣ мебошад. Азбаски назорати давлатӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ ба амал бароварда мешавад, онро бо ҳайси як шакли ба амал баровардани ҳокимияти давлатӣ фаҳмидан мумкин аст.
Назорати давлатӣ дар бахши фаъолияти соҳибкорӣ гуфта, низоми тафтиш ба мушоҳидаҳоеро меноманд, ки барои аз ҷониби ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ риоя намудани муқаррароти санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ ҳангоми ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ равона карда шудаанд.
Ба ҳайси як намуди алоҳидаи назорат (контрол) надзор баромад мекунад, ки дар навбати худ ба ду намуди асосӣ ҷудо мешавад:
1) назорати умумии Прокуратура, ки баҳри риоя ва иҷрои Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунанда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахши фаъоляти хоҷагӣ равона шудааст;
2) назоратӣ (надзорӣ) маъмурӣ.
Мақомотҳои надзор (аз ҷумла прокуратура) функсия ва ваколатҳои худро нисбати он объетҳое иҷро менамоянд, ки аз нигоҳи ташкилӣ тобеи онҳо нестанд.
Мақомотҳои назорат (контрол) бошанд – асосан нисбати он ташкилотҳое фаъолияти худро ба амал мебароранд, ки аз нигоҳи ташкилӣ тобеӣ онҳо мебошанд ба истиснои баъзе ҳолатҳое, ки фаъолияти онҳо объектҳои ғайритобеиятро низ дар бар мегирад.
Агар дар ҷараёни назорат (контрол) нисбати шахсони гунаҳгор чораҳои таъсиррасонии интизомӣ татбиқ шаванд, дар ҷараёни назорати маъмурӣ, чораҳои таъсиррасонии маъмурӣ нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тадбиқ карда мешавад.
Мақомотҳои назорат (контрол) тарафҳо, паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти объектҳои назоратиро тафтиш карда метавонанд. Мақомотҳои надзори маъмурӣ бошанд, риояи қоидаҳои махсус аз ҷониби объектҳои бо надзор фаро гирифташударо тафтиш менамоянд.<sup/>
Вобаста аз асосҳо якчанд намуди назорат (контрол)-ро ҷудо намудан мумкин аст. Масалан, вобаста аз ҳаҷми фаъолияти тафтишшаванда, назорати умумӣ ва назорати махсус ҷой дорад. Ба назорати махсус, масалан назорати асъорӣ, назорати андозӣ, назорати буҷетӣ ва ғайраҳоро дохил намудан мумкин аст.
Вобаста аз давраҳои назорат ва мақсади тафтиш се намуди назорат, яъне назорати пешакӣ, ҷорӣ ва минбаъдаро ҷудо намудан мумкин аст. Назорати пешакӣ ба мақсади пешгирӣ ва таъмини риояи фаъолияти қонунии соҳибкорӣ, назорати ҷорӣ бошад, ба мақсади воқеан баҳогузорӣ ба фаъолияти амалишавандаи соҳибкорӣ ба амал бароварда мешавад. Назорати минбаъда ба мақсади тафтиши иҷрои қарорҳои ин ё он мақомоти давлатӣ дар бахши фаъолияти соҳибкорӣ ва мутобиқан натиҷаҳои онҳо анҷом дода мешавад.
Вобаста ба доираи мақомотҳои назорат (контрол)-ӣ ва хусусияти ваколатҳои назоратӣ чунин намудҳои назорат ҷой доранд:
– назорати (контроли) Президенти Ҷумҳурии Тоҷи- кистон;
– назорати мақомоти ҳокимияти қонунгузорӣ;
– назорати мақомоти ҳокимияти иҷроия;
– назорати мақомоти ҳокимияти судӣ.
Ҳамаи намудҳои назорати дар боло нишондодашуда, ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсир мерасонанд, масалан фаъолияти мақомоте, ки иҷрои буҷети давлатӣ вазифаи асосии он мебошад. Ин мақомот дорои чунин вазифаҳо мебошад:
– ташкил ва ба амал баровардани назорат баҳри дар сари вақт иҷро намудани қисматҳои даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ, фондҳои ғайрибуҷетии ҷумҳуриявӣ, аз лиҳози ҳаҷм, сохт ва таъиноти асосӣ;
– муайян намудани самаранокӣ ва мақсаднокии хароҷотҳои воситаҳои давлатӣ ва истифода намудани моликияти давлатӣ;
– баҳодиҳӣ ба асоснокии моддаҳои даромад ва хароҷоти лоиҳаи буҷети ҷумҳуриявӣ ва фондҳои ғайрибуҷетии давлатӣ.
Назорати андоз ба фаъолияти соҳибкорӣ аҳамияти ниҳоят калон дорад. Вале ин намуди назорат низ назорати бевосита ба фаъолияти соҳибкорӣ намебошад. Вазифаи асосии ин шакли назорат тафтиши иҷрои талаботҳои қонунгузории андоз аз ҷониби соҳибкорон мебошад.
Аз нигоҳи предмети ҳуқуқи соҳибкорӣ, танҳо назорати бевосита ба фаъолияти соҳибкорӣ дорои аҳамияти ҳуқуқӣ мебошад. Ба сифати чунин шакли назорат, пеш аз ҳама назорати мақомотҳои иҷозатдиҳанда ҷиҳати риоя намудани талаботҳо ва шартҳои иҷозатнома аз ҷониби соҳибкори иҷозатгирифтаро номбар кардан мумкин аст.
Мақоми иҷозатномадиҳанда ҳуқуқ дорад:
– ба шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ мувофиқ будани мавзӯи фаъолияти иҷозатномадорро бисанҷад;
– дар асоси натиҷаи санҷиш санад (протокол) тартиб дода, дар он вайронкунии мушаххасро нишон диҳад;
– иҷозатномадорро огоҳ намояд ва қарорҳое қабул намояд, ки иҷозатномадорро ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ӯҳдадор созад, мӯҳлати рафъи чунин вайронкориҳоро муқаррар намояд;
– инчунин дигар ваколатҳои бо қонунугзории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардидаро ба амал барорад.
Ба ҳайси назорати бевосита ба фаъолияти соҳибкорӣ инчунин назорати (контролӣ) асъориро дохил намудан мумкин аст, ки мақсади асосии он таъмини риояи қонунгузорӣ зимни ба амал баровардани амалиётҳои асъорӣ мебошад. Назорати асъорӣ баҳри муайян кардани мувофиқати амалиёти асъорӣ бо қонуни мавҷуда ва мавҷудияти иҷозатномаи зарурӣ, санҷиш ва аз тарафи резидентҳо таъмин ва иҷро гаштани ӯҳдадориҳо доир ба пурра баргардонидани маблағҳои асъории содиротӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, тафтиши асоснокии пардохтҳо бо асъори хориҷӣ, тафтиши пуррагӣ ва объективӣ будани ҳисобу китоб оид ба амалиёти асъорӣ, инчунин оид ба амалиёти ғайрирезидентҳо бо асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санҷиши иҷрои шартҳои иҷозатнома, ки ба бонкҳои ваколатдор ва муассисаҳои кредитии ваколатдори дигар ва иҷозатнома, ки ба шахсони ҳукуқию воқеӣ барои анҷом додани амалиёт бо асъори хориҷӣ дода шудаанд, ба амал бароварда мешавад.
Назорати асъорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти назорати асъор ва намояндаҳои онҳо ба тартибе, ки Қонун оид ба асъор ва қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд, амалӣ мегардад.
Ба ҳайси мақомоти назорати асъор Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молия ва дигар вазорату кумитаҳо дар доираи ваколатҳои худ баромад мекунанд. Ба сифати намояндаҳои назорати асъорӣ бошанд, бонкҳои ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсубанд, ки ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоботдиҳандаанд.
Мақомоти назорати асъорӣ дар ҳудуди салоҳиятҳои худ санадҳои меъёрӣ мебароранд, ки иҷрои онҳо аз тарафи ҳамаи резидентҳо ва ғайрирезидентҳо ҳатмӣ мебошад.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти назорати асъорӣ дар ҳудуди салоҳияти худ, ки Қонуни асъор ва қонунҳои дигар муайян намудаанд, аз тарафи бонкҳои ваколатдор ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонкии ваколатдори дигар анҷом додани амалиёти бонкӣ ва амалиёти дигар бо сарватҳои асъор, мутобиқати ин амалиёт ба қонунгузории асъор, шартҳои иҷозатномаҳо ва риояи санадҳои меъёрии мақомоти танзим ва назорати асъорро аз тарафи шахсони ҳуқуқию воқеӣ анҷом додани амалиёт бо асъори хориҷӣ мувофиқи иҷозатномаҳо ба ҳуқуқи гузаронидани ин гуна амалиёт, ба мутобиқаи ин амалиёт ба қонунгузории асъор, шартҳои иҷозатнома ва риояи санадҳои меъёрии мақомоти танзим ва назорати асъор, назорати асъорро ҷорӣ менамояд, аз тарафи бонкҳои ваколатдор иҷро шудани функсияҳои намояндаҳои назорати асъорро назорат менамояд.
Мақомоти назорати асъорӣ тартиб ва шакли баҳисобгирии ҳисобот ва дигар ҳуҷҷатҳои амалиёти асъории резидент ва ғайрирезидентҳоро муайян мекунанд.
Давраи муҳимтарини инкишофи қонунгузорӣ дар бахши назорати (надзоратӣ) давлатӣ бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 июли соли 2006 алоқаманд мебошад. Мақсади санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, таъмини риояи шартҳо ва талаботи қонунҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирӣ ва қатъ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дар фаъолияти субъектҳои хоҷагидор мебошад.
Мавзӯи гузаронидани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва мақомоти ваколатдори давлатие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни мазкур санҷиш мегузаронад, инҳо мебошанд:
– ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал – мақомоти ваколатдор дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал;
– соҳаи сохтмон ва меъморӣ, истеҳсоли масолеҳ, маснуот ва таркиби сохтмонӣ – мақомоти ваколатдор дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ;
– бехатарии пешбурди корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ- мақомоти ваколатдори соҳаи назорати кӯҳкорӣ ва бехатарии корҳо дар саноат:
– дар соҳаи рақобат ва маҳдудсозии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол, инҳисориҳои табиӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва фаъолияти рекламавӣ – мақомоти ваколатдор дар соҳаи сиёсати зиддиинҳисорӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон;
– оид ба истеҳсол, ҳосил намудан, коркард, истифода, нигоҳдорӣ ва баҳисобгирии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, инчунин дигар амалиёт бо металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо- мақомоти ваколатдори назорати давлатӣ;
– оид ба истифодаи оқилона ва самараноки қувваи барқу гармӣ, сифати қувваи барқи таҳвилшаванда, ҳолати баҳисобгирии истеҳсол ва истеъмоли қувваи барқу гармӣ, тартиби тасдиқ ва тақсими меъёрҳои истеъмоли қувваи барқу гармӣ, ҳолати техникии нерӯгоҳҳои барқӣ, шабакаҳои барқӣ ва дастгоҳҳои барқию гармӣ, низоми истеъмоли қувваи барқу гармӣ, доир намудани чорабиниҳои таъминкунандаи хизматрасонии бехатари дастгоҳҳои барқӣ ва истифода-барандаи гармӣ- мақомоти ваколатдори назорати энергетикӣ;
-оид ба стандартизатсия, сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ, метрология ва таъмини ягонагии ченакҳо- мақомоти ваколатдор дар соҳаи стандартизатсиякунонӣ, метрология, сертификаткунонӣ;
-дар соҳаи нақлиёт ва хоҷагии роҳ- мақомоти ваколатдор дар соҳаи нақлиёт;
-оид ба иҷозатномадиҳӣ- мақомоти иҷозатномадиҳанда;
-оид ба моликият ва идоракунии моликияти давлатӣ- мақомоти ваколатдори идораи амволи давлатӣ.
Субъектҳои хоҷагидор вазифадоранд, ҳар як санҷишро дар дафтари бақайдгирии санҷишҳо қайди хаттӣ намоянд.
Баъди ба субъектҳои хоҷагидор супурдани қарор оид ба гузаронидани санҷиш, ҳар як шахси мансабдори мақомоти санҷиш ӯҳдадор аст дар Дафтари бақайдгирии санҷишҳо маълумотҳои зеринро бо гузоштани имзои худ қайд намояд:
– фамилия, ном, номи падар, рақами шаҳодатнома (аз ҷумла шаҳодатномаи махсус), номи мақомоте, ки шаҳодатномаро додааст, мӯҳлати эътибори шаҳодатнома;
– фамилия, ном, номи падари мутахассиси даъватшуда ҷиҳати гузаронидани санҷиш, инчунин рақами шаҳодатномаи хидматӣ, номи ташкилоте, ки мутахассиси даъватшуда намояндаи он мебошад. Дар сурати мустақил будани мутахассис, рақами шаҳодатномаи шахсӣ ва агар тибқи Қонун фаъолияти мутахассиси даъватшуда бояд иҷозатнома дошта бошад, рақами иҷозатнома, номи мақомоте, ки иҷозатномаро додааст ва мӯҳлати эътибори иҷозатнома;
– асос барои санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор, сана ва вақти оғози санҷиш;
– мавзӯъ ва мақсади санҷиш.
Роҳбари субъекти хоҷагидор ӯҳдадор аст, дар дафтари бақайдгирии санҷишҳо маълумотҳои зеринро зикр намояд:
– сана ва вақти анҷоми санҷишҳо;
– тадбирҳое, ки аз ҷониби шахси мансабдори мақомоти санҷиш нисбати субъекти хоҷагидор андешида шудаанд;
– мулоҳизот дар шакли «Розиам», «Розӣ нестам», «Бо эродҳо розиам».
Предмети амали қонуни мазкур бо мафҳуми санҷиши давлатӣ, ки дар қонун оварда шудааст, маҳдуд мегардад. Санҷиш шакли фаъолияти назоратиест, ки таҳти мафҳуми он амалҳои шахсони мансабдори мақомоти санҷиш оид ба таъмини риоя ва иҷро гардидани талаботу шартҳои муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор, ошкор ва рафъ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо, пешгирӣ кардани онҳо ва истифодаи муҷозот фаҳмида мешаванд. Боздиди расмии шахси мансабдори мақомоти санҷиш бо мақсади гузаронидани назорати давлатӣ ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидор санҷиш ҳисобида мешавад.
Моҳияти он аз ба амал баровардани тафтиши мувофиқати нишонаҳои моли (кори хизмати) истеҳсолкардаи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба талаботҳои ҳатмие, ки қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии дар асоси онҳо қабулгардида муқаррар намуданд, иборат мебошад.
Ба сифати талаботҳои ҳатмие, ки молҳои (корҳои хизматҳои) истеҳсолшуда бояд ҷавобгӯяшон бошанд, талаботҳои стандарти давлатӣ ҷиҳати таъмини бехатарии маҳсулот, кор ва хизмат мебошад, ба муҳити атроф, ҳаёт, саломатӣ, амволи одамон, мувоффиқати техникӣ ва иттилоотӣ, ба ҳам ивазшаванда будани маҳсулот, ягонагии усулҳои назорат ва тамғазанӣ мебошанд. Талаботҳои ҳатмӣ барои бехаратии молҳо (кор, хизмат) дар асоси қоида ва меъёрҳои санитарӣ ва байторӣ низ муқаррар карда мешаванд.
Тазаккур бояд дод, ки меъёрҳои қонунгузорӣ дар хусуси ҳимояи ҳуқуқҳои шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ зимни амалӣ намудани назорати давлатӣ, нисбати назорати андозӣ, асъорӣ, буҷетӣ, бонкӣ, суғурта, гумрукӣ, иҷозатдиҳӣ ва дигар навъҳои махсуси назорат паҳн намешаванд.
Дар асоси таҳлили меъёрҳои қонунгузории мазкур чунин мақомотҳои ҳокимияти иҷроияро номбар намудан мумкин аст, ки ҳангоми ба амал баровардани назорати давлатӣ риоя намудани талаботҳои ҳатмии қонунгузориро нисбати молҳо (кор, хизмат) назорат менамоянд, аз ҷумла мақомоти стандарти давлатӣ, мақомоти давлатии сохтмон, мақомоти тандурусти, мақомоти рушди иқтисодӣ ва савдо, мақомоти давлат дар соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи табиатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра.
Як қатор принсипҳои ҳимояи ҳуқуқҳои шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкоронро номбар кардан мумкин аст, ки ҳангоми амалӣ намудани назорати (надзори) давлатӣ бояд ба инобат гирифта шаванд, аз ҷумла:
– эҳтимолияти бовиҷдонии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ;
– барои шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ кушода ва дастрас будани ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки талаботҳои ҳатмиро муқаррар намудаанд ва иҷрои онҳоро мақомотҳои назорат (надзор)-и давлатӣ тафтиш менамоянд;
– муқаррар намудани талаботи ҳатмӣ дар асоси қонун ва дигар санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқие, ки дар асоси онҳо қабул шудаанд;
– мутобиқати предмети чорабинии амалишавандаи назоратӣ ба ваколати (салоҳияти) мақомоти назорати давлатӣ;
– ҷавобгарии мақомотҳои назорати (надзори) давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо ҳангоми ба амал баровардани назорати (надзори) давлатӣ барои вайрон намудани қонунгузории ҷорӣ ва ғайра.
Дастоварди муҳимтарини қонунгузорӣ дар ин самт муқаррар намудани талаботи амиқу дақиқ нисбати ташкил ва мӯҳлати гузаронидани чорабиниҳои назоратӣ мебошад. Аз ҷумла давомияти гузаронидани чорабиниҳои назоратӣ, набояд аз бист рӯз дарозтар ва миқдори чорабиниҳои нақшавии назорати фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар давоми ду сол на зиёда аз як маротиба бошад.
Ба ҳайси кафолатҳои иловагии ҳифзи ҳуқуқҳои соҳибкорон ҳангоми ба амал баровардани назорати давлатӣ (контрол), маҳдудиятҳоеро номбар кардан мумкин аст, ки мутобиқи онҳо шахсони мансабдори мақомоти назоратӣ дар ҷараёни гузаронидани ин чорабиниҳо ҳуқуқ надоранд:
– талаботҳои ҳатмиеро тафтиш намоянд, ки ба салоҳияти мақомоти назоратие, ки аз номи онҳо шахси мансабдор баромад менамояд, дахл надоранд;
– тафтишоти нақшавиро дар ҳолатҳое ки шахсони мансабдори кормандони шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкории инфиродии бо тафтиш фаро гирифта шуда ҳузур надоранд, баамал бароварда наметавонанд;
– пешниҳоди ҳӯҷҷат, иттилоот ва нусхаи маҳсулотеро талаб намоянд, ки ба ҳайси объекти чорабиниҳои назоратӣ ё предмети тафтиш баромад намекунанд ва инчунин гирифтани ҳӯҷҷатҳои асиле, ки ҳамчун предмети тафтиш мебошанд;
– нусхаи маҳсулотро барои гузаронидани таҳқиқ (санҷиш), ташхис бидуни ба расмият даровардани санади дахлдори шакли муқарраргардида ва ба миқдори зиёда аз меъёри муқаррарнамудаи стандарти давлатӣ ё дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, талаб намоянд;
– паҳн намудани маълумоте, ки сирри бо қонун ҳифзшавандаро ташкил медиҳад ва бинобар гузаронидани чорабиниҳои назоратӣ ба даст оварда шудааст, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории ҷорӣ пешбинӣ намудааст;
– дар мӯҳлатҳои муқаррарнамуда чорабиниҳои назоратиро гузаронад.
Шахсони мансабдор ё намояндаи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ё намояндаи онҳо ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои назоратӣ чунин ҳуқуқҳо доранд:
– бевосита дар гузаронидани чорабиниҳои назоратӣ иштирок намуда, оид ба масъалаҳое, ки ба предмети назорат дахл доранд эзоҳ диҳанд;
– гирифтани иттилоот мутобиқи қонун ё дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ;
– шинос шудан ба натиҷаҳои тафтиш ва сабт намудани розигӣ ё норозигии худ ба чорабиниҳои тафтишотӣ ё бо ҳаракатҳои алоҳидаи шахсони мансабдори мақомотҳои назорати (надзори) давлатӣ;
– шикоят намудан аз болои ҳаракати (беҳаракатии) шахсони мансабдори мақомоти назорати (надзори) давлатӣ мутобиқи қонунгузории ҷорӣ бо тартиби маъмурӣ ё судӣ.
Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ бо талаби мақомоти назорати (котролӣ) давлатӣ иштироки шахсони мансабдореро, ки барои ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба иҷро намудани талаботҳои ҳатмӣ масъуланд ва инчунин намояндаҳои худро ҳангоми гузаронидани чорабиниҳо оид ба назорат, таъмин менамояд.
Зараре, ки ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар натиҷаи ҳаракати (беҳаракатии) шахсони мансабдори мақомоти назорати (надзори) давлатӣ, ҳангоми гузаронидани назорат (надзор)-и давлатие, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҷорӣ, зидди ҳуқуқӣ эътроф гардидааст, бояд талофӣ шавад.
Ҳифзи ҳуқуқи шахсони ҳуқуқӣ ё соҳибкорони инфиродӣ ҳангоми гузаронидани назорати (надзори) давлатӣ мутобиқи қонунгузории ҷорӣ бо тартиби маъмурӣ ё ин ки судӣ сурат мегирад.
Аризаи шикоятӣ аз болои ҳаракати (беҳаракатии) мақомотҳои назорати (надзори) давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҷорӣ баррасӣ карда мешавад.
Санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқие, ки мақомотҳои назорати (надзори) давлатӣ бо вайрон намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намудаанд, мутобиқи қонунгузорӣ пурра ё қисман беэътибор ҳисобида мешаванд.v
5 Загрузки