Танзими ҳукуқии рақобат ва инҳисор дар бозор
Мафҳуми рақобат
Рақобат- ин истилоҳи иқтисодӣ буда муносибатҳои махсуси иқтисодии (мусобиқа, мубориза) байни иштирокчиёни бозорро баҳри истеҳсол ва фурӯши (мубодилаи) неъматҳои моддӣ, тавсиф менамояд. Таъсири мусбии рақобат ба иқтисодиёт дар он таҷассум меёбад, ки он барои самаранок тақсим намудани захираҳо мусоидат намуда, ташаббуси соҳибкориро равнақ мебахшад.
Ҷиҳати манфии рақобат муфлисшавӣ ва бекормонии кормандони корхонаҳои муфлис мебошад. Қонунгузорӣ дар бораи рақобат ва инҳисор аз санадҳои қонунгузории бахши рақобат ва қонунгузорӣ дар бораи инҳисорҳои давлатӣ ва табиӣ иборат мебошад.
Қонунгузори оид ба рақобат – аз қонунгузории зиддиинҳисорӣ ва қонунгузорӣ дар бораи рақобати бевиҷдонона иборат аст.
Зери қонунгузории инҳисорӣ маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие фаҳмида мешавад, ки барои маҳдуд намудани инҳисори иқтисодиёт тавассути назорати давлатӣ ба вазъи афзалиятноки ҳолати субъектҳои соҳибкорӣ пешгирӣ ва таъқиби фаъолияти инҳисорӣ равона карда шудааст.
Қонунгузорӣ дар бораи рақобати бевиҷдонона – маҷмӯи санадҳои ҳуқуқие мебошад, ки барои пешгирӣ ва таъқиби рақобати бевиҷдонона равона карда шудааст.
Қонунгузори дар бораи инҳисори давлатӣ ва табиӣ – соҳаи мустақили танзимнамоии ҳуқуқӣ дар низоми қонунгузории рақобат ва инҳисор мебошад. Санадҳо дар бораи инҳисори табиӣ ва давлатӣ ба таркиби қонунгузории рақобат дохил шуда наметавонад, чунки барои маҳдуд ва манъ намудани рақобат дар доираҳои муайяни фаъолияти соҳибкорӣ ба мақсади танзим намудани манфиатҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ равона карда шудаанд. Чунин инҳисорҳо дар сохти иқтисодиёти бозоргонӣ маҳдуд мебошанд.
Рақобат дар бозори мол – мусобиқаи озоди субъектҳои хоҷагидор, ки амалиёти мустақилонаи онҳо имконияти таъсиррасонии яктарафаи ҳар кадоми онҳоро ба шароити умумии муомилоти мол дар бозори моли дахлдор ба таври самарабахш маҳдуд менамояд
Нишонаҳои рақобат инҳоянд:
Рақобат – ин мусобиқаи иқтисодиест, ки ;
– дар ҳаракатҳои мустақилона таҷассум меёбад;
– байни субъектҳои рақиб ба амалбароварда мешавад;
– дар доираи – муайяни иқтисодӣ – ҳуқуқие ки бо номи бозор ифода шудааст, вуҷуд дорад.
Ҳаракатҳои рақобатнок гуфта, ҳаракатҳоеро меноманд, ки аз ҷониби субъекти соҳибкорӣ барои ба даст овардани бартариятҳои ҳуқуқӣ дар фаъолияти мусобиқавӣ равона карда шудаанд. Мақсади асосии рақобат ба даст овардани фоида тавассути ҷалб намудани талаботи харидорон ва қонеъ намудани ин талаботҳо мебошад.
Ҳаракатҳои рақобатнок усулҳои махсуси ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ мебошанд ва ду намуди чунин ҳаракатро ҷудо намудан мумкин аст: 1) нархӣ ва 2) ғайринархӣ.
Ҳаракати нархӣ чунин ҳолатеро меноманд, ки субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ бо роҳи паст намудани нархи мол (кор – хизмат) ва ҳамин тариқ ҷалб намудани харидорон ба амал бароварда мешавад.
Агар субъекти фаъолияти соҳибкорӣ бидуни назордошти имкониятҳои худ ба ин кор даст занад, мумкин аст муфлис шавад.
Дигар ҳаракатҳои рақобатнок бо номи ҳаракатҳои «ғайринархӣ» маълум мебошанд, чунки бевосита ба муқаррар ё паст намудани нарх алоқаманд нестанд. Онҳо пеш аз ҳама дар имконияти озодона ворид гардидан ба бозор барои ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ оид ба қонеъ намудани талаботи харидорон, ишғол намудани ҷойи беҳатареро дар бозор ва ғайраро дар назар доранд. Инчунин беҳтар намудани сифат ва хусусиятҳои истеъмолии мол (кор, хизмат), васеъ гардонидани ассортимент, ба муомилот дохил намудани моли (кор, хизмат) нав, беҳтар намудани хизматрасонӣ, муқаррар ва дароз намудани мӯҳлати кафолатнок, истифодаи техналогияи нав (ихтироот, нусхаҳои саноатӣ), нишонаҳои молӣ ва дигар объектҳои саноатӣ, ҳаракатҳои рекламавӣ ва ғайраҳо низ ҳамчун ҳаракатҳои ғайринархӣ ҳисобида мешаванд.
Қайд бояд кард, ки миқдори зиёди истеҳсолкунандагон (харидорон) дар бозор ҳатман маънои рақобатро байни онҳо надорад, чунки онҳо метавонанд байни худ созишномаҳое банданд, ки рақобатро истисно намояд: масалан, нигоҳ доштани нархи ягона, ҳаҷми мол, тақсими бозор ва ғайра.
Бинобар ин миқдори фурӯшандагон ва харидорон, вуҷуд надоштани монеа барои ворид гардидан ба бозор ва дигар омилҳо ба сифати шартҳои баамалбарории ҳаракатҳои рақобатнок баромад мекунанд.
Озодии баамалбарории ҳаракатҳои рақобатнок маҳдудиятҳои қонунгузориро нисбати ин муносибатҳо доро аст:
– мазмуни ҳаракатҳои рақобатнок ;
– субъектҳое, ки ҳуқуқи ба амал баровардани ҳаракатҳои рақобатнокро доранд ;
– доираи фаъолияти соҳибкорие, ки дар онҳо ҳаракатҳои рақобатнок ба амал бароварда мешаванд.
Маънкуниҳо ва маҳдудкуниҳое, ки ба мазмуни ҳаракатҳои рақобатнок дохиланд бо қонунгузории ҷорӣ муқаррар карда шудаанд. Масалан, фаъолияти иқтисодие, ки барои инҳисорикунонии иқтисодиёт ва рақобати носолим равона мебошанд, манъ карда шудаанд.
Истифодаи ҳуқуқҳои гражданӣ ба мақсади маҳдуд намудани рақобат ва сӯиистифода аз вазъи афзалиятноки худ дар бозор манъ карда шудааст (қ. 2 м. 10 КГ ).
Қонунгузорӣ манъкуниҳоро дар бахши ба амал баровардани ҳаракатҳои рақобатноки «нархӣ» ва «ғайринархӣ» дар бар мегирад. Аз ҷумлаи ҳаракатҳои нархӣ ба сифати ҳаракатҳои зиддиҳуқуқӣ инҳо баромад менамоянд: муқаррар намудани нархҳои баланди инҳисорӣ ё нархҳои пасти инҳисорӣ; нархҳои демпингӣ ва ғайра.
Аз ҷумлаи ҳаракатҳои ғайринархӣ ҳамчун ҳаракатҳои зиддиҳуқуқӣ инҳоро номбар намудан мумкин аст: фурӯши мол бо истифодаи ғайриқонунии нишонаи молӣ ва дигар воситаҳои фардикунонии субъекти соҳибкорӣ, тазъиби рақибон тавассути реклама ва ғайра
Натиҷаи беҳтарини баамал баровардани ҳаракатҳои рақобатнок чуноне аз мафҳуми қонунии рақобат бар меояд – маҳдуд намудани имкониятҳои субъекти фаъолияти соҳибкорӣ бо тартиби таъсиррасонии яктарафа ба шартҳои умумии муомилоти мол (кор, хизмат ) дар бозори мувофиқ мебошад. Дар ҳолати акс, на дар бораи рақобат, балки дар бораи инҳисор ҳарф бояд зад.
Шарти умумии муомилоти мол (кор, хизмат) – ин озодии бо қонун муқарраргардидаи бастани шартнома оид ба хариду фурӯши мол (кор, хизмат) дар бозор мебошад, аз ҷумла, бо нархи озоди шартномавӣ.
Субъектҳои рақобат – шахсоне мебошанд, ки мувофиқи қонунгузорӣ дорои ҳуқуқи ба амал баровардани ҳаракатҳои рақобатӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ (хоҷагӣ) мебошанд.
Субъектҳои хоҷагидорӣ – шахсони ҳуқуқӣ, аз ҷумла хориҷӣ, иттиҳодияҳои онҳо, инчунин шаҳрвандоне мебошанд, ки бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ фаъолияти соҳибкорӣ мекунанд ( қ 5 м. 3 Қонун). Шарти зарурии дохил намудани шахсони мазкур ба доираи субъектони муносибатҳои рақобат, аз ҷониби онҳо ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ мебошад.
Иштирокчиёни муомилоти амволие, ки хамчун субъекти соҳибкорӣ нестанд ба сифати субъекти муносибатҳои рақобат низ баромад карда наметавонад, аз ҷумла шахсони воқеие, ки ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта нашудаанд. Ҳуқуқи ба амал баровардани ҳоракатҳои рақобатнокро инчунин мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ, мақомотҳои ҳокимияти маҳаллӣ ва шахсони мансобдори онҳо низ надоранд.
Истилоҳи «рақиби воқеӣ» ва « рақиби эҳтимолӣ» дар қонунгузори кушода нашудааст.
Ба рақибони воқеӣ, ҳамчун қоида, субъектҳои соҳибкорие маҳсубанд, ки воқеан дар муносибатҳои рақобат иштирок доранд ва дорои мустақилиятии амволӣ, ташкилӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд. Ин, қисман, дар ба амал баровардани ҳаракатҳои рақобатнок оид ба фурӯши молҳои ивазшаванда (кор, хизмат ) дар бозори муайян таҷассум меёбад.
Рақибони эҳтимолӣ субъектҳои соҳибкорие мебошанд, ки базаи моддӣ-техникӣ, кадрӣ, техноложиро барои истеҳсолӣ моли муайян доранд, вале бо сабабҳои гуногун ин имкониятро ба амал намебароранд, моли муайянро истеҳсол намуда бошанд ҳам, вале онро дар ҳудуди бозори тадқиқшаванда намефурӯшанд ва субъектҳои нави соҳибкороне, ки ба бозори муайяни молӣ ворид мегарданд.
Ба ҳайси субъекти рақобат на танҳо субъектҳои алоҳидаи соҳибкорӣ, балки гурӯҳи шахсон низ баромад мекунанд.
Гурӯҳи шахсон гуфта, гурӯҳи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеиеро меноманд, ки нисбати онҳо як ё якчад шартҳои зерин иҷро мегарданд:
– шахс ё якчанд шахс якҷоя дар натиҷаи созиш (амалиёти мувофиқашуда) ҳуқуқ доранд мустақим ва ғайримустақим (аз ҷумла дар асоси шартномаҳои хариду фурӯш, идоракунии боэътимод, фаъолияти якҷоя, супориш ё содир кардани дигар аҳдҳо) зиёда аз панҷоҳ фоизи ҳисоби умумии овозҳоро, ки ба саҳмияҳо (ҳиссаҳо) мувофиқ меоянд ва сармояи оийнномавии шахсони ҳуқуқиро ташкил медиҳанд, ихтиёрдорӣ намоянд. Дар ин ҳолат таҳти ихтиёрдории ғайримустақим овозҳои шахси ҳуқуқӣ, имконияти ихтиёрдории воқеии ӯ ба воситаи шахсони сеюм, ки нисбати онҳо шахси якум ҳамаи он ҳуқуқу салоҳияти дар боло номбаршударо дорад, фаҳмида мешавад;
– шахс ё якчанд шахс дар асоси шартнома ё бо роҳи дигар имконият пайдо мекунанд, ки қарори қабулшавандаи дигар шахс ё шахсон, аз ҷумла шартҳои аз тарафи дигар шахс ё шахсон ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкориро муайян намоянд, ё салоҳияти мақомоти иҷроияи дигар шахс ё шахсонро дар асоси шартнома ба ҷо оваранд;
– шахс ҳуқуқи таъин намудани мақомоти иҷроияи ягона ё зиёда аз панҷоҳ фоизи ҳайати мақомоти иҷроияи дастаҷамъии шахси ҳуқуқӣ, ё бо пешниҳоди ӯ зиёда аз панҷоҳ фоизи ҳайати шӯрои директорон (шӯрои нозирон), ё дигар мақомоти идоракунии дастаҷамъии шахси ҳуқуқиро дорад;
– шахси воқеӣ метавонад салоҳияти мақомоти ягонаи иҷроияи шахси ҳуқуқиро иҷро намояд;
– худи ҳамон шахсони воқеӣ, ҳамсарони онҳо, падарону модарон, фарзандон, бародарону хоҳарони онҳо ё шахсоне, ки ҳамон шахси ҳуқуқӣ пешниҳод кардааст, зиёда аз панҷоҳ фоизи ҳайати мақомоти иҷроияи дастаҷамъӣ ё шӯрои директорон (шӯрои нозирон) ё дигар мақомоти идоракунии дастаҷамъии ду ва зиёда шахсони ҳуқуқиро ташкил медиҳанд. Мақомоти идоракунии дастаҷамъии ду ва зиёда шахсони ҳуқуқӣ инчунин мақомоте мебошад, ки бо пешниҳоди ҳамон шахсони ҳуқуқӣ зиёда аз панҷоҳ фоизи ҳайати шӯрои директорон (шӯрои нозирон), ё дигар мақомоти идоракунии дастаҷамъӣ интихоб мешавад;
– худи ҳамон шахсони воқеӣ, ҳамсарони онҳо, падарону модарон, фарзандон, бародарону хоҳарони онҳо ё шахсони ҳуқуқӣ мустақилона ё ба воситаи намояндаҳо (вакилон) дар маҷмӯъ ва зиёда аз панҷоҳ фоизи овозҳое, ки ба саҳмияҳо (ҳиссаҳо) мувофиқ меоянд ва сармояи ойинномавии ҳар кадоми аз ду ва зиёда шахсони ҳуқуқиро ташкил медиҳанд, ҳуқуқи ихтиёрдорӣ кардан доранд;
– шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ мустақилона, ё ба воситаи намояндаҳо (вакилон) дар маҷмӯъ зиёда аз панҷоҳ фоизи овозҳоеро, ки ба саҳмияҳо (ҳиссаҳо) мувофиқ меоянд ва сармояи оинномавии шахси ҳуқуқиро ташкил медиҳанд ва худи он шахсони воқеӣ- ҳамсарони онҳо, падарону модарон, фарзандон, бародарону хоҳарони онҳо, ки ҳамон як шахси ҳуқуқӣ пешниҳод кардааст, зиёда аз панҷоҳ фоизи ҳайати мақомоти иҷроияи дастаҷамъӣ, ё шӯрои директорон (шӯрои нозирон), ё дигар мақомоти идоракунии дастаҷамъии дигар шахси ҳуқуқиро ташкил медиҳанд, ҳуқуқи ихтиёрдорӣ кардан доранд.
Қонунгузорӣ дар бораи рақобат ва инҳисор инчунин мафҳуми «шахсони бонуфуз»-ро низ дар бар мегирад. Шахсони бонуфуз- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки қодиранд ба субъектҳои хоҷагидор, ки фаъолияти соҳибкориро амалӣ мегардонанд, таъсир расонанд.
Инҳо шахсони бонуфузи шахси ҳуқуқӣ шуда метавонанд:
-узви шӯрои директорон (шӯрои нозирон) ё дигар мақомоти идоракунии дастаҷамъӣ, узви мақомоти иҷроияи дастаҷамъии он, инчунин шахсе, ки салоҳияти мақомоти якасардории иҷроияи онро амалӣ мегардонад;
-шахсоне, ки ба гурӯҳи шахсони ҳуқуқӣ тааллуқдошта дохил мешаванд;
-шахсоне, ки ҳуқуқи дар маҷмӯъ зиёда аз бист фоизи овозҳоеро, ки ба саҳмияҳо (ҳиссаҳо) мувофиқ меоянд ва сармояи оинномавии ҳамин шахси ҳуқуқиро ташкил медиҳанд, ихтиёрдорӣ мекунанд. Агар шахси ҳуқуқӣ иштирокчии иттиҳодияҳои шахсони ҳуқуқӣ бошад, он вақт ба қатори шахсони бонуфузи вай аъзои шӯрои директорон (шӯрои нозирон) ё дигар мақомоти идоракунии дастаҷамъӣ, инчунин шахсоне, ки салоҳияти мақомоти якасардории иҷроияи иштирокчиёни гурӯҳи саноатию молиявиро амалӣ мегардонанд, дохил мешаванд.
Шахсони бонуфузи шахси воқеӣ, ки фаъолияти соҳибкориро амалӣ мегардонанд, шуда метавонанд:
-шахсоне, ки ба гурӯҳи шахсони воқеӣ тааллуқдошта дохил мешаванд;
-шахси ҳуқуқӣ, ки дар ҳайати он шахси воқеии мазкур ҳуқуқ дорад ба зиёда аз бист фоизи маҷмӯи умумии овозҳо, ки ба саҳмияҳо (ҳиссаҳо) мувофиқ меоянд ва сармояи ойинномавии ҳамин шахси ҳуқуқиро ташкил медиҳанд, ихтиёрдорӣ намояд.
Дар қонуни мазкур гурӯҳи шахсон ҳамчун субъекти ягонаи хоҷагидор ҳисобида мешаванд.
Аҳамияти истилоҳи ҳуқуқии шахсони бонуфуз дар он аст, ки тавассути он шахсонеро, ки қобилияти ба фаъолияти соҳибкории дигарон таъсир расониданро доранд, ҷудо карда мешаванд. Қобилияти таъсиррасонӣ ба шахсони бонуфуз имконият медиҳад, ки дар муборизаи рақобатнок ширкат варзида, субъекти хоҷагидориро ба ҳолати инҳисорӣ оваранд ва дар ин замина ҳуқуқвайронкунӣ низ содир намоянд Бинобар ин ба шахсони бонуфуз назорати давлатӣ муқаррар карда мешавад.
Муносибатҳои рақобатнок дар доираи муайяни фаъолияти соҳибкорӣ, ки бо номи бозори рақобатнок машҳуранд, вуҷуд дошта метавонанд, яъне онҳо тавсифкунандаи мавҷудияти фазои рақобатнок мебошанд.
Фазои рақобатнок дар бозор – ин чунин ҳолати бозор мебошад, ки дар он субъектҳои соҳибкорӣ метавонанд имкониятҳои худро оиди муборизаи рақобатнок байни ҳамдигар амалӣ намоянд. Чунин фазоро давлат ба воситаи тадбиқи чораҳои зарурӣ оид ба дастгирии рақобат ва худи субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ, бо роҳи амалӣ намудани ҳуқуқҳои худ ба вуҷуд меоранд.
4 Загрузки