Шартномаҳо дар бахши фаъолияти соҳибкорӣ

Мафҳум ва хусусиятҳои шартномаҳо дар бахши фаъолияти соҳибкорӣ

Истилоҳи «шартнома» дар фаъолияти соҳибкорӣ дар қонунгузорӣ ва адабиёти ҳуқуқӣ истифода мешавад. Аз ҷумла, он дар меъёрҳои қонунгузории гражданӣ низ вуҷуд дорад. Дар асарҳои як қатор муаллифон истилоҳи «шартномаи соҳибкорӣ» дода шудааст<sup/>.

Номгӯи алоҳидаи шартномаҳоеро қайд намудан мумкин аст, ки ҳануз дар замонҳои қадим мавриди истифода қарор доштанд ва аз рӯи моҳияташон ба шартномаҳои бахши фаъолияти соҳибкорӣ монанд буданд<sup/>.

Мафҳуми шартнома дар бахши фаъолияти соҳибкорӣ аз мафҳуми шартномаи дар КГ оварда шуда, маншаъ мегирад. Бо назардошти мафҳуми шартнома, шартномаи соҳибкорӣ ҳамчун муносибати ҳуқуқӣ ва ӯҳдадории шартномавӣ фаҳмида мешавад (қ 1 м. 209; қ 4 м. 24; м. 31; қ 3 м. 432; қ 3 м. 460 ва ғайра).

Дар қонунгузории гражданӣ ӯҳдадориҳое, ки бо ба амалбарории фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд мебошанд, махсус ҷудо карда шудаанд, ки ҳамчун ӯҳдадориҳои соҳибкорӣ фаҳмида мешаванд.

Шартномаҳои соҳаи соҳибкорӣ бо хусусиятҳои хоси худ аз дигар шартномаҳо фарқ мекунанд, аз ҷумла: аз лиҳози ҳолати ҳуқуқии тарафҳо; аз лиҳози тарзи чунин шартномаҳо; аз лиҳози ҳадафи бастани онҳо; аз лиҳози музднок будан.

Субъекти чунин шартномаҳо танҳо ташкилотҳо ва соҳибкорони инфиродӣ мебошанд, ки аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ вазъи мақоми субъекти фаъолияти соҳибкориро соҳиб мешаванд.

Шартномаҳое, ки шахсони ҳуқуқии тиҷоратӣ мебанданд, ҳамчун шартномаи дар бахши фаъолияти соҳибкорӣ эътироф карда мешаванд, зеро мақсади асосии фаъолияти шахсони мазкур ба даст овардани фоида мебошад (б 1 м. 50 КГ).

Шартномаҳо бо иштироки соҳибкорон ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дар ҳолате шартномаи бахши фаъолияти соҳибкорӣ эътироф мешаванд, ки агар ба мақсади ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ баста шуда бошанд. Агар онҳо бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ баста шуда бошанд, он гоҳ, онҳоро ба номгӯи шартномаҳои бахши фаъолияти соҳибкорӣ дохил намудан мумкин аст.

Дар ин ҷо шартномаҳоеро номбар кардан зарур аст, ки ҳар ду тарафи онҳо ба сифати соҳибкор баромад мекунанд, масалан шартномаи маҳсулотсупорӣ, шартномаи хариду фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, шартномаи маҳсулотсупорӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ, шартномаи фаъолияти якҷоя ва ғайра.

Ба шартномаҳои соҳибкорие, ки танҳо як тарафи онҳо ба сифати соҳибкор баромад менамояд, шартномаи хариду-фурӯш, таъмини барқ, кироя, пудрати маишӣ, шартномаи кредит, идораи боэътимоди амвол, шартномаи пасандоз, суръатҳисоби бонкӣ ва ғайра шартномаҳо мансубанд.

Хусусияти дигари шартнома дар бахши фаъолияти соҳибкорӣ аз он иборат аст, ки мақсади асосии соҳибкор аз бастани чунин шартнома на қонеъ гардонидани талаботҳои маишӣ, шахсӣ, балки мунтазам ба даст овардани фоида мебошад. Ин мақсади асосӣ тавассути фурӯши мол, истифодаи амвол, иҷрои кор, расонидани хизмат тибқи шартномаи басташуда ҳосил мешавад.

Хусусияти сеюми шартнома дар бахши фаъолияти соҳибкорӣ дар подошӣ будани он инъикос меёбад. Қонунгузории ҷорӣ бастани шартномаи беподошро дар байни субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ манъ намудааст. Аз ҷумла, шартномаи тӯҳфа, барои истифодаи бемузд ба ташкилоти дигари тиҷоратӣ додани амвол аз тарафи ташкилоти тиҷоратӣ. Чунин манъкуниҳо ба соҳибкорони инфиродӣ низ дахл доранд, зеро ҳамчун қоидаи умумӣ нисбати онҳо ҳамаи меъёрҳои КГ, ки фаъолияти ташкилотҳои тиҷоратиро ба танзим медароранд, татбиқ мешаванд.

Баҳамоии озодии мутлақ ва талаботҳои қатъӣ барои соҳибкорон дар ӯҳдадориҳои шартномавӣ хусусияти махсуси шартномаҳоро бо иштироки субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ ташкил медиҳад. Принсипи озодии шартнома, ки қисми ҷудонашавандаи принсипи озодии фаъолияти соҳибкорӣ мебошад, дар моддаи 453 ва дигар моддаҳои КГ инъикос ёфтааст. Он дар озодона бастани шартномаҳо, инихоби намуди онҳо, интихоби тарафи шартнома, шарту шароитҳои шартнома, иҷрои ӯҳдадориҳо ва ғайра таҷассум меёбад.

Ҷавобгарӣ барои вайрон намудани ӯҳдадориҳои шартномавӣ дар он ифода меёбад. ки қонунгузории амалкунанда ба субьектҳои шартнома дар интихоби шартҳои шартномаҳои соҳибкорӣ озодиҳои зиёд медиҳад. Чунончи, радди яктарафаи иҷрои ӯҳдадорӣ ва яктарафа тағйир додани шартҳои он, ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ё шартнома иҷозат дода намешавад.

Радди яктарафаи иҷрои ӯҳдадорӣ, ки бо ба амал баровардани фаъолияти соҳибкории тарафҳо алоқаманд аст, инчунин яктарафа тағйир додани шартҳои чунин ӯҳдадорӣ танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи шартнома, агар дар қонун ё моҳияти ӯҳдадорӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, иҷозат дода мешавад (м. 331 КГ ).

Ин қоида нисбати шахсоне, ки соҳибкор намебошанд, татбиқ карда намешавад. Принсипи озодии шартнома дар шартномаҳои бахши фаъолияти соҳибкорӣ маҳдуд карда шудааст. Ин маҳдудкуниҳо дар он ифода меёбад, ки ба зиммаи яке аз тарафҳо ҳатман бастани шартнома ё ин ки бастани шартнома бо шахсони муайян гузошта шудааст<sup/>.

Маҳдуд намудани принсипи озодии шартномаҳо дар бахши фаъолияти соҳибкорӣ дар ҳолатҳое роҳ дода мешавад, ки ҳатман бастани онро қонун ё ӯҳдадории ихтиёран ба зиммагирифтаи тарафҳо пешбинӣ карда бошад. Масалан, дар сурати аз бастани шартномаи оммавӣ беасос даст кашидани ташкилоти тиҷоратӣ, тарафи дигар ҳуқуқ дорад, ки бо роҳи муроҷиат намудан ба суд ӯро барои бастани шартнома маҷбур намояд (қ 3 м. 458 КГ). Шартномаи оммавӣ шартномае мебошад, ки аз ҷониби ташкилоти тиҷоратӣ баста шуда, дар он ӯҳдадории ташкилот дар мавриди фурӯши маҳсулот, иҷрои кор ё хизматрасонӣ, ки чунин ташкилот мувофиқи хусусиятҳои фаъолияташ бояд нисбати ҳар як муроҷиаткунанда анҷом диҳад (савдои чакана, мусофиркашонӣ дар нақлиёти истифодаи умум, хизматрасонии алоқа, таъминоти барқ, хизматрасонии тиббӣ, меҳмонхонаҳо ва ғайра) муайян гардидааст<sup/>.

Ташкилоти тиҷоратӣ дар бастани шартномаи оммавӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ё дигар асноди ҳуқуқӣ, ҳақ надорад як шахсро нисбат ба дигар шахс авлотар шуморад.

Ӯҳдадории субъекти соҳибкорӣ барои ба тарзи ҳатмӣ бастани шартнома дар дигар қонунҳо низ дарҷ шуда аст. Аз ҷумла, мувофиқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозори мол» субекти хоҷагие, ки дар бозори моли муайян мақеи ҳукумфармоиро ишғол намудаст ҳақ надорад, ки беасос аз бастани шартнома бо харидорони (супоришдиҳандагони) алоҳида даст кашад, агар имконияти истеҳсол ва таҳвили моли дахлдор мавҷуд бошад.

Маҳдудияти озодии шартнома ҳини муайян намудани шартҳои шартномаҳои ҳамроҳшавӣ (м. 460 КГ), инчунин шартномаҳое, ки танҳо дар савдои умумӣ баста мешаванд (қ 5 м. 479 КГ ва б 5 м. 480 КГ), ҷой дорад. Нисбати соҳибкороне, ки дар муносибатҳои шартномавӣ иштирок менамоянд, қонунгузории амалкунанда як қатор талаботҳои қатъӣ муқаррар намудааст, ки ин аз омилҳои гуногун вобаста мебошанд, масалан, ба зиммаи соҳибкор гузоштани оқибати ногувори таваккули фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷиҳати иқтисодӣ пурзӯр будани мавқеи соҳибкор нисбат ба мавқеи шаҳрванд, инчунин мавқеи ҳукумфармоӣ соҳибкор дар бозор аз қабили чунин омилҳо мебошанд.

Гувоҳи ба ҳамоии талаботи қатъӣ нисбати соҳибкор ва озодии ниҳоят зиёди ӯ, қоидаи бидуни гуноҳ ба ҷавобгарӣ кашидани соҳибкор барои иҷро накардан ё номатлуб иҷро кардани ӯҳдадориҳо ҳангоми ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ муқаррар карда шудааст.

Аз сабаби он ки дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашудааст, шахсе, ки ҳангоми анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ ӯҳдадориро иҷро накардааст, ё номатлуб иҷро кардааст, агар исбот накунад, ки иҷрои матлуби ӯҳдадорӣ дар натиҷаи қувваи рафънопазир, яъне дар ҳамон шароити фавқулодда ва ногузир имконнопазир гаштааст, масъулият ба зимма дорад. Ба чунин ҳолатҳо, аз ҷумла вайрон кардани ӯҳдадорӣ аз тарафи контрагентҳои қарздор, дар бозор мавҷуд набудани молҳои барои иҷрои ӯҳдадорӣ зарурӣ, маблағи зарурӣ надоштани қарздор дохил намешаванд. Мутобиқи шартнома ё қонун шартҳои дигари аз масъулият озод кардани субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ низ пешбинӣ шуданашон мумкин аст (қ 3 м. 432 КГ ).

Ҳамзамон тарафҳои шартномаи соҳибкорӣ имконият доранд, гуноҳро ҳамчун шарти ба ҷавобгарӣ кашидан дар шартнома муқаррар намоянд. Гуноҳ ҳамчун шарти ҳатмии ҷавобгарӣ дар қонун низ муқаррар карда шудааст (м. м. 600; 795; 816 КГ ).

Хусусияти дигари шартнома дар бахши фаъолияти соҳибкорӣ аз он иборат аст, ки баҳсҳо дар бобати бастан, тағйир додан, бекор кардани онҳо, ва иҷрои ӯҳдадориҳои дар пояи ин шартномаҳо ба вуҷуд омада, одатан дар судҳои иқтисодӣ баррасӣ карда мешаванд. Агар ба сифати яке аз тарафҳои шартномаи сохибкорӣ шаҳрванд – истеъмолкунанда баромад намояд, он гоҳ чунин баҳсҳо аз тарафи судҳои умумӣ низ баррарсӣ карда мешаванд.

Бо назардошти гуфтаҳои боло чунин мафҳуми умумии шартномаҳо дар соҳаи фаъолияти соҳибкориро овардан мумкин аст.

Шартнома дар бахши фаъолияти соҳибкорӣ гуфта, созиши тарафҳои ( ё яке аз тарафҳои) фаъолияти соҳибкорро меноманд, ки дар асоси подош ва бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ баста шудаанд.

Дар шароити иқтисоди бозорӣ аҳамияти шартнома дар танзими муносибатҳои иқтисодӣ бузург аст<sup/>. Низоми шартномаҳо асоси механизми бозориро ташкил медиҳад. Механизми талабот оид ба такмили танзими муносибатҳои иқтисодӣ ба воситаи шартнома, яке аз хусусиятҳои муҳими танзими муносибати бозорӣ мебошад. Дар баробари инкишофи иқтисоди бозорӣ аҳамияти шартнома ҳамчун воситаи танзими фаъолияти хоҷагӣ пайваста меафзояд. Зеро он ба иштирокчиёни муносибатҳои хоҷагӣ имконияти озодона қабул кардан ва ба ҳаёт татбиқ намудани қарорро дода, субъектҳои фаъолияти соҳибкориро барои равнақ додани ҷараёни истеҳсолот ва муомилот бештар ҳавасманд мегардонад, ки ин бешубҳа ба инкишофи соҳибкорӣ ва дар ин замина рушди бемайлони кишвар таъсири муассир мерасонад.

Шартнома на танҳо асоси ба вуҷуд омадани ӯҳдадориҳо, балки ҳамчун воситаи ноил шудан ба натиҷаи ниҳоии фаъолияти соҳибкорӣ баромад мекунад.

6 Загрузки

616
Нет комментариев. Ваш будет первым!