Асосҳои ҳуқуқии суғурта
§ 1. Мафҳум ва вазифаҳои суғурта
Муносибатхои марбут бо сугурта бо Rонуни Xум{урии Точикистон «Дар бораи суuурта» (Ахбори Шeрои Олии Xум[урии Тоxикистон соли 1994, № 14, мод. 207; Ахбори Маxлиси Олии Xум[урии Тоxикистон соли 1997, № 9, мод. 117; соли 1997, № 23-24, мод. 333; соли 1999, № 5, мод. 73; соли 2001, № 4, мод.179; соли 2005, № 12, мод. 635 ) танзим карда мешаванд.
Суғуртакунонӣ фаъолиятест, ки ҳимояи манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро аз оқибатҳои ҳодисаҳои муайяни ғайричашмдошт (ҳолатҳои суғуртавӣ) аз ҳисоби фондҳои пулии аз пардохтҳои (ҳаққи аъзогӣ) ташкилёфтаи онҳо таъмин менамояд.
Дар шароити нави хоҷагидорӣ суғурта ҳимояи молиявии фаъолияти тиҷоратӣ на танҳо аз таваккали анъанавӣ, балки аз оқибати манфӣ низ мебошад. Суғурта қисми муҳими таркибии низоми чорабиниҳо оид ба таъмини қудрату тавоноии молиявии корхонаю ташкилотҳо, қатъи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, ба ҳисоб меравад.
Вазифаҳои суғурта:
Вазифаи якум – ташаккул додани фонди махсуси суғуртаи маблағ ҳамчун пардохти пулии амалҳои таваккалие, ки масъулияти онҳоро ширкатҳои суғурта ба зимма мегиранд. Ин фонд ҳам ба тарзи ихтиёрӣ ва ҳам ҳатмӣ ташаккул ёфта метавонад. Давлат вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоиро ба назар гирифта, инкишофи кори суғуртаро дар мамлакат танзим мегардонад.
Вазифаи ташаккули фонди махсуси суғурта дар системаи фондҳои захиравӣ ва эҳтиётӣ, ки устувории суғурта, кафолати пардохт ва ҷубронро таъмин менамоянд, иҷро мегардад. Агар дар бонкҳои тиҷоратӣ ҷамъ овардани пули аҳолӣ бо мақсади, масалан, андӯхти маблағ танҳо мабдаи амонатгузорӣ дошта бошад, пас суғурта аз тариқи вазифаи ташаккули фонди махсуси суғурта мабдаи амонати таваккалӣ дорад. Аз ҷиҳати ахлоқ ҳар иштирокчии раванди суғурта, масалан, ҳангоми суғурта кардани ҳаёт дилпур аст, ки дар мавриди фалокат ва дар сурати анҷом ёфтани мӯҳлати эътибори шартнома ёрии моддӣ мегирад. Дар сурати суғуртаи амволӣ аз тариқи вазифаи ташаккули фонди махсуси суғурта на танҳо масъалаи ҷуброни арзиши амволи зиёндида ҳал мешавад, балки ҳамчунин барои ҷуброни моддии як қисм ё арзиши пурраи амволи осебдида шароит муҳайё карда мешавад.
Аз тариқи вазифаи ташаккули фонди махсуси суғурта масъалаи сармоягузорӣ шудани маблағи муваққатан озод дар сохторҳои бонкӣ ва сохторҳои дигари тиҷоратӣ, гузоштани маблағ барои харидани амволи ғайриманқул, коғазҳои қиматнок ва ғайра ҳаллу фасл мешавад. Бо равнақу ривоҷи бозор дар соҳаи суғурта механизми истифодаи маблағҳои муваққатан озод такмил меёбад ва доираи истифодааш васеъ мегардад. Аҳамияти вазифаи суғурта ҳамчун ташаккули фондҳои махсуси суғурта беш аз пеш меафзояд.
Вазифаи дуюми суғурта – ҷуброни зиён ва таъмини шахсии моддии шаҳрвандон аст. Ба ҷуброни зиёни амвол танҳо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие ҳуқуқ доранд, ки иштирокчиёни ташаккули фонди суғуртаанд. Зиён ба воситаи вазифаи мазкур аз тарафи шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ дар доираи шартномаҳои мавҷудаи суғуртаи амвол ҷуброн карда мешавад. Тартиби ҷуброни зиён аз тарафи ширкатҳои суғурта дар асоси шартҳои шартномаҳои суғурта муайян карда, аз тарафи давлат танзим гардонида мешавад (иҷозатдиҳӣ ба фаъолияти суғурта). Ба воситаи ин вазифа ҳимояи суғуртавии хусусияти объективии зарурати иқтисодӣ амалӣ мегардад.
Вазифаи сеюми суғурта – пешгирии ҳодисаи суғурта ва камтар кардани зиёни маҷмӯи чорабиниҳо, аз ҷумла маблағгузорӣ кардани тадбирҳо оид ба роҳ надодан ё камтар кардани оқибати манфии фалокату офатҳоро дар назар дорад. Ба ин таъсири ҳуқуқӣ расонидан ба суғуртакунанда нисбат дорад, ки ин дар шарту қайдҳои шартномаи суғурта зикр шудааст ва мақсади он эҳтиёт кардани амволи суғурташуда мебошад. Чораҳои суғуртакунанда оид ба пешгирии ҳодисаи суғурта ва камтар кардани зиён пешгирӣ ном дорад. Барои иҷрои ин вазифа суғуртакунанда фонди махсуси пулии тадбирҳои пешгирӣ таъсис медиҳад.
§ 2. Муносибатҳои ҳуқуқии суғурта.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои соҳаи суғуртаро байни ташкилотҳои суғурта ва шаҳрвандон, корхонаҳо, ташкилотҳо ва ҳамчунин муносибатҳои суғуртавиро дар байни ташкилотҳои суғурта танзим мегардонад.
Мутобиқи таърифи умумии ҳуқуқи граждании ӯҳдадорӣ як ҷониби ӯҳдадории суғурта (суғуртакунанда) ӯҳдадор мешавад саҳмонаи (мукофоти суғуртаи) бо қонун ё шартнома муқарраргардидаро пардозад ва ҷониби дигар (суғурташаванда) ӯҳдадор мешавад, ки ҳангоми фаро расидани ҳодисаи пешбинишуда (ҳодисаи суғурта) ҷуброни суғуртаро (дар мавриди суғуртаи амвол) ё таъминоти суғуртавӣ – пули суғуртаро (дар мавриди суғуртаи шахсӣ) пардохт намояд.
Суғурта шаклҳои ихтиёрӣ ва ҳатмӣ дорад.
Суғуртаи ҳатмӣ<sup/>, қатъи назар аз иродаи иштироккунандагонаш, аз рӯи қонун, вале суғуртаи ихтиёрӣ танҳо дар асоси созишномаи ҷонибҳо анҷом дода мешавад.
Дар сурати суғуртаи қонунӣ ба зиммаи шахсони дар он зикрёфта ӯҳдадории суғурта кардани ин чизҳо гузошта мешавад:
- ҳаёт, сиҳатӣ ё амволи дигар ашхоси дар қонун муайянгардида дар мавриди осеб дидани ҳаёту саломатӣ ва амволи онҳо;
- таваккали масъулияти шаҳрвандии худ, ки метавонад бар асари осеб дидани ҳаёту саломатӣ ё амволи ашхоси дигар ё бинобар риоя нашудани шартномаҳои бо дигар шахсони басташуда фаро расад.
Қонун ӯҳдадор намудани шаҳрвандро, ки ҳаёт ё саломатиашро суғурта кунад, тамоман манъ кардааст (КГ ҶТ б.2 мод.935). Мутобиқи б.1 ҳамин модда инчунин шаҳрванд ё шахси ҳуқуқиро ба суғурта кардани амволе, ки ба он ҳуқуқи амволӣ доранд, маҷбур намудан ҳаргиз мумкин нест, вагарна ин хилофи статуси ҳуқуқии молик мегардад.
Суғуртаи ихтиёрӣ дар асоси шартномаи байни суғурташавандаю суғуртакунанда сурат мегирад. Қоидаҳои суғуртаи ихтиёриро, ки шартҳои умумӣ ва тартиби ба амал баровардани онро муайян мекунанд, суғуртакунанда мустақилона мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Аз ин рӯ, вобаста ба шаклҳои суғуртакунӣ ду намуди он маъмул аст. Дар боби 51 КГ ҶТ ду намуди суғурта – амволӣ ва шахсӣ зикр ёфтааст.
Дар қонун дар доираи суғуртаи амвол, аз ҷумла суғурта кардани амвол, суғурта кардани масъулияти расонидани зарар ва аз рӯи шартнома суғурта кардани таваккали соҳибкор оварда шудааст (КГ ҶТ б.2 мод.1015).
Ҳангоми суғурта кардани амвол манфиат бо майлу хоҳиши нигоҳ доштани амволи мушаххас (бино, воситаҳои нақлиёт ва ғайра) ё миқдори муайяни амвол алоқаманд аст (суғуртаи мол дар анбор аз рӯи аломати бақияи камнашаванда).
Ҳангоми суғуртаи масъулият шахс ба он манфиатдор аст, ки худро аз зарурати ҷуброни зиёни амволии ба шахс ё ба амволи шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ расида озод намояд.
Ҳангоми суғуртаи таваккали соҳибкорӣ шахс мехоҳад зиёни имконпазиреро, ки бо сабабҳои объективӣ ё бинобар ӯҳдадориҳои худро иҷро накардани ҷониби дигари шартнома ба миён меояд, ҷуброн намояд.
Ҳангоми суғуртаи шахсӣ манфиат бо ҳаёт, саломатӣ, коршоямии шахсони мушаххас ва аз ҷиҳати моддӣ таъмин гардидани шахс дар мавриди вафот карданаш, бемор шуданаш, маҳдуд гардидани қобилияти кориаш ё корношоям шуданаш сахт алоқаманд аст.
Ба ҳамин тариқ, дар сурати ба намудҳо тақсим кардани суғурта категорияи умумии он мавҷудияти манфиати амволӣ мебошад. Аз қадимулаём чунин қоида маъмул аст: «ҷое, ки манфиат нест, суғурта нест».
Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатҳое муқаррар гардидаанд, ки онҳо мавриди суғурта қарор намегиранд: тартиботи ғайриқонунӣ; зиёни қиморбозӣ, лотерея, шарту гаравбозӣ; хароҷоте, ки шахс бо мақсади озод намудани гаравгонҳо ба он маҷбур карда шавад (КГ ҶТ мод.1014).Шартномаҳои суғуртаи чунин манфиатдорӣ беэътиборанд.
Субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқии суғурта суғурташавандагон ва суғуртакунандагонанд.
Суғурташавандагон шахсони ҳуқуқӣ, шахсони қобили амали воқеие мебошанд, ки бо суғуртакунанда шартномаи суғурта бастаанд ё аз рӯи қонун суғурташаванда ба ҳисоб мераванд.
Суғуртакунандагон гуфта, шахсони ҳуқуқии ҳар шакли ташкилию ҳуқуқии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро меноманд, ки барои фаъолияти суғурта (ташкилотҳои суғурта) таъсис дода шуда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонун аз қайд гузаштаанд ва барои машғул шудан ба фаъолияти суғурта дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома гирифтаанд.
Миёнаравон, яъне агентҳои суғурта тоифаи махсуси иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқианд. Онҳо аксаран шахсони воқеие мебошанд, ки (агарчи ин корҳоро шахсони ҳуқуқӣ низ иҷро карда метавонанд) аз номи суғурташаванда ва бо супориши ӯ мутобиқи ваколатҳояшон амал мекунанд. Дар амалия ин маънои ҷустуҷӯи муштариёни ташкилотҳои суғурта ва ба бастани шартномаҳои байни муштариён ва суғурташавандагон мусоидат карданро дорад. Барои фаъолияти агентҳои суғурта иҷозатнома гирифта намешавад.
Барои фаҳмидани хусусияти ӯҳдадориву ҳуқуқҳои субъектҳои муносибати ҳуқуқии суғурта ғайр аз гуфтаҳои боло мазмуни боз як қатор мафҳумҳои асосии суғуртаро низ аз бар кардан зарур аст:
суғуртаи таваккал ҳодисаи фарзию гумониест, ки дар сурати рух доданаш суғурта шуданаш пешбинӣ гардидааст. Ҳодисае, ки ба сифати суғуртаи таваккал мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, бояд аломату нишонаҳои гумону эҳтимоли сар задани онро дошта бошад;
суғуртаи пардохт (саҳмона) музди суғуртаест, ки суғурташаванда бояд мутобиқи шартномаи суғурта ё қонун ба суғуртакунанда пардозад;
тарифаҳои суғурта гуфта андозаи пули пардохти (саҳмонаи) суғуртаро меноманд, ки дар рафти ҷамъ шудани маблағи ташкилоти суғурта муқаррар гардида, хароҷоташро мебарорад.
Дар қонунгузорӣ суғуртаи ҳатмӣ барои суғуртакунанда бо маслиҳати вазорату идораҳои манфиатдор метавонад ҳуқуқи мустақилона муқаррар намудани тарифаҳо дода шавад. Тарифаҳои суғуртаи намудҳои ихтиёрии суғуртакунониро суғуртакунандагон метавонанд мустақилона ҳисобу китоб ва муқаррар намоянд. Андозаи мушаххаси тарифаи суғурта дар шартномаи суғурта муайян карда мешавад<sup/>.
§ 3. Шартномаи суғурта
Дар муносибатҳои суғуртавӣ ҳуҷҷати асосӣ шартномаи суғурта (шахсӣ ва амвол) мебошад, ки байни суғурташаванда ва суғуртакунанда баста мешавад.
Дар боби 51 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми II) меъёрҳои суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрӣ, муносибатҳои ҳуқуқии суғурта ва шартномаҳои суғуртаи шахсӣ ва амвол зикр шудаанд. Дар шартномаҳои суғурта аз тарафи суғурташаванда пардохтани хизматонаи суғуртакунанда ҳамеша пешбинӣ карда мешавад. Ин бевосита аз таърифоти намудҳои гуногуни шартномаи суғуртае, ки дар қонун зикр шудааст, бармеояд (КГ ҶТ мод.1015 ва 1020).
Хусусияти воқеии шартномаи суғурта аз муқаррароти б.1 мод.1043 КГ ҶТ бармеояд: ин шартнома аз рӯзи пардохти мукофоти суғурта ё саҳмонаи аввал эътибор пайдо мекунад. Дар айни замон ҷонибҳо метавонанд дар бораи дигар чиз мувофиқа намоянд, яъне аз рӯзи баста шуданаш ё санаи дигари амал карданаш онро хусусияти машваратӣ бахшанд.
Мутобиқи б.1 мод.1013 шартномаи суғуртаи шахсӣ аз ҷумлаи шартномаҳои оммавӣ аст. Дар ин асос суғуртакунанда вазифадор аст бо ҳар касе, ки бо аризаи дахлдор ба ӯ муроҷиат кардааст ва, аз ҳама муҳимаш, бо шарту қайди баробар шартнома бандад. Бо вуҷуди ин қоидаи мазкур дар суғурта кам татбиқ мешавад, зеро тарифаҳои суғурта бояд ҳатман синнусол, саломатӣ, соҳаи фаъолият барин хусусиятҳои шахси суғурташавандаро ба назари эътибор гирад. Суғуртакунанда ҳаёт ё саломатии бемори лоилоҷро ҳаргиз суғурта намекунад.
Мутобиқи шартномаи суғуртаи амвол як тараф (суғуртакунанда) ӯҳдадор мешавад, ки бо пардохти дар шартнома қайду шартшуда (мукофоти суғурта) ҳангоми фаро расидани ҳодисаи дар шартнома пешбинишуда (ҳодисаи суғурта) ба тарафи дигар (суғурташаванда) ё шахси дигаре, ки ба манфиати он шартнома баста шудааст (бадастоварандаи фоида), зарари вобаста ба ин ҳодиса ба амволи суғуртакунанда расонидашуда ё зарари вобоста ба дигар манфиати амволии суғурташаванда расонидашударо дар доираи маблағи дар шартнома муайянгардида (маблағи суғурта) пардозад (ҷубронпулии суғуртаро пардозад).
Дар қонун шартҳои муҳими шартномаи суғурта муқаррар карда шудаанд (КГ ҶТ мод.1028) ва шартнома танҳо дар ҳолате басташуда ҳисоб меёбад, ки суғурташаванда ва суғуртакунанда аз рӯи ин шартҳо созиш карда бошанд (КГ ҶТ мод.464). Аз рӯи шартномаҳои суғуртаи амвол тавсифи объекти суғуртакунӣ, яъне амволи муайян ё манфиати дигари амволӣ шарти аввалини муҳиме мебошад, ки имконият медиҳад он аз дигар объектҳои монанд аниқ фарқ карда шавад.
Шартномаи суғурта бояд дар шакли хаттӣ баста шавад. Риоя накардани ин қоида боиси беэътибор донистани шартнома мегардад (КГ ҶТ б.1 мод.1026).
Шартномаҳои суғурта бо роҳи тартиб додани як ҳуҷҷат ё аз тарафи суғуртакунанда дар асоси аризаи (хаттӣ ё шифоҳии) суғурташаванда ба дасташ супурдани полиси суғурта (сертификат, шаҳодатнома ё квитансияе), ки суғуртакунанда имзо кардааст, баста мешавад.
Шартномаи суғуртаи муштарак як намуди шартномаи классикии суғурта буда, фарқаш дар он аст, ки аз рӯи вай як таваккал ҳамроҳи чандин суғуртакунандагон суғурта карда мешавад. Ин гуна шартномаҳо, одатан, ҳангоми суғуртаи объектҳои калон татбиқ карда мешаванд, чунки як ташкилоти суғурта аз сабаби норасоии маблағаш ин хел масъулияти азимро ба зимма гирифта наметавонад. Баъзан шартномаҳои муштараксуғурта натиҷаи қайду шарти байни суғуртакунандагон оид ба тақсими бозори намуди мушаххаси суғурта мебошанд.
Азбаски як шартнома баста мешавад, шартҳои суғурта барои ҳамаи иштирокчиёнаш ягона мебошад. Дар шартнома бояд инчунин ӯҳдадории (ҷавобгарии) ҳар суғуртакунанда зикр ёфта бошад, лекин он метавонад фарқ кунад ва ҳамчунин аз рӯи ҳаҷму андоза як хел бошад. Агар дар чунин шартнома ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ҳар кадоме аз суғуртакунандагон муайян нагардида бошад, онҳо дар назди суғурташаванда (бадастоварандаи фоида) барои пардохти ҷуброни суғурта оид ба шартномаи суғуртаи амвол ё маблағи суғуртаи шартномаи суғуртаи шахсӣ масъулияти муштарак доранд (КГ ҶТ мод.1038). Ин ҳолат барои суғуртакунандагони иштирокчии шартнома хеле хатарнок аст, чунки пардохти пурраи пули суғурта метавонад аз ҳар кадоми онҳо талаб карда шавад (КГ ҶТ б.1 мод.346), ки ин ширкати активҳояш нокифояро метавонад муфлис гардонад.
Азнавсуғуртакунӣ як намуди махсуси суғуртакунӣ мебошад. Суғуртакунандагоне, ки таваккал ё объектҳои азимро суғурта кардаанд, бо мақсади камтар кардани зиён як қисми масъулияти таваккалро аз рӯи шартномаи азнавсуғуртакунӣ метавонанд ба зиммаи суғуртакунандагон вогузоранд.
Аз рӯи таърифи дар қонун зикрёфта суғуртакунанда мутобиқи шартномаи азнавсуғуртакунӣ таваккали пардохти пули суғуртаро аз рӯи шартномаи бастаи суғуртакунандаи дигар дар ҳаҷми пурра ё қисми муайянашро суғурта мекунад (КГ ҶТ б.1 мод.1054).
Шартномаи азнавсуғуртакунӣ назар ба шартномаи суғурта созишист, ҷонибҳои он метавонанд танҳо ташкилотҳои суғуртавие бошанд, ки барои машғул шудан бо фаъолияти суғурта иҷозатнома доранд.
5 Загрузки