Асосҳои ҳуқуқии фаъолияти сармоягузорӣ
§ 1. Фаъолияти сармоягузорӣ
Дар фаъолияти сармоягузорӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳам сармоягузорони хориҷӣ иштирок карда метавонанд. Фаъолияти сармоягузори дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қонун «Дар бораи сармоягузорӣ» танзим карда мешавад (аз 12 майи соли 2007 № 260).
Мутобиқи қонунcармоягузорӣ – ҳама гуна шаклҳои ҳуқуқи молу мулкӣ (ба истиснои молу мулке, ки ба истифодабарии шахсӣ ва ё бо фаъолияти фурӯши мол бе коркарди он алоқаманд аст), бо шумули маблағ, коғазҳои қиматнок, таҷҳизоти истеҳсолию-технологӣ ва натиҷаи фаъолияти зеҳнӣ, ки ба сармоягузор аз рӯи ҳуқуқи моликият мансубанд ва аз тарафи ӯ ба объектҳои фаъолияти сармоягузорӣ бо мақсади гирифтани фоида ва ё расидан ба натиҷаи дигари назарраси фоиданок гузошта шудаанд.
Мутобиқи қонунгугузори чунин объектҳои фаъолияти сармоягузориро ҷудо намудан мумкин аст:
– молу мулки ғайриманқул;
– коғазҳои қиматнок;
– моликияти зеҳнӣ;
– дигар объектҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти сармоягузориро дар онҳо манъ накардааст.
Намудҳои фаъолияти сармоягузорӣ:
– фаъолияти сармоягузории хусусие, ки онро шаҳрвандон, корхонаҳои ғайридавлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳо ва сохторҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонанд;
– фаъолияти сармоягузории давлатие, ки онро мақомоти давлатӣ ва идоракунӣ, корхонаҳои давлатӣ, муассисаҳо ва ташкилотҳо аз ҳисоби фондҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ, маблағҳои худӣ ва қарзӣ амалӣ мегардонанд;
– фаъолияти сармоягузории хориҷие, ки онро шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ, давлатҳои хориҷӣ, муассисаҳои молиявии байналмилалӣ, инчунин шахсони бешаҳрванд амалӣ мегардонанд.
– фаъолияти сармоягузории муштарак, ки шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ амалӣ менамоянд
Сармоягузорӣ барои бозтавлиди фондҳои асосӣ метавонад дар шакли маблағгузорӣ сурат бигирад.
Таҳти мафҳумифаъолияти сармоягузорӣ – амали сармоягузор вобаста ба гузоштани сармоя ба истеҳсоли маҳсулот ва (ё) тарзи дигари истифодаи он бо мақсади ба даст овардани (фоида) ва (ё) муваффақ шудан ба натиҷаи дигари назаррас фаҳмида мешавад.
Истилоҳи «маблағгузорӣ» ҳамаи намудҳои сарвати амволӣ, аз ҷумла ин чизҳоро фаро мегирад:
а) моликият ба шакли амволи манқул ва ғайриманқул, инчунин дигар ҳуқуқҳои амволӣ аз қабили ҳуқуқи ипотека ва ҳуқуқи гарав;
б) ҳуқуқи иштироки саҳмӣ ва дигар шаклҳои иштирок дар ширкатҳо;
в) ҳуқуқи талаб карда гирифтани маблағе, ки барои бунёд гузоштани арзишҳои иқтисодӣ харҷ шудааст ва ё хизматрасониҳое, ки арзиши иқтисодӣ доранд;
г) ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ, аз ҷумла аз қабили ҳуқуқи муаллифӣ, патент, моделҳои фоидабахш, намунаю моделҳои саноатӣ, нишонаҳои мол, номҳои фирмавӣ, сирри истеҳсолот ва тиҷорат, технологияҳо, «ноу-хау» ва «гудвил»;
д) консессияҳои ҷамъиятии ҳуқуқӣ, аз ҷумла консессияҳои кофта ёфтан ва истихроҷ намудани захираҳои табиӣ; тағйир ёфтани навъи арзишҳои амволӣ ба хосияти онҳо чун маблағгузорӣ дахл надорад<sup/>.
Сармоягузор – шахси воқеӣ ва ҳуқуқие мебошад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикстон шахсони зерин ба ҳайси сармоягузор баромад карда метавонанд:
а) сармоягузорони хориҷӣ – ба сифати сармоягузорони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо эътироф карда мешаванд:
– давлатҳои хориҷӣ ва воҳидҳои маъмурию ҳудудии онҳо дар шахси мақомоти ваколатдор;
– ташкилотҳои байналмилалӣ;
– шахсони ҳуқуқии хориҷӣ;
– ташкилотҳои хориҷие, ки шахсони ҳуқуқӣ набуда мутобиқи қонунгузории давлатҳои хориҷӣ ташкил шудаанд;
– шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд;
б) сармоягузори ватанӣ – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки сармоягузори хориҷӣ намебошанд ва фаъолияти сармоягузориро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.
Сармоягузорони хориҷӣ маблағи худро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳҳои зерин харҷ карда метавонанд:
а) иштироки саҳмӣ дар ташкилотҳо, корхонаҳо ҳамроҳи шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон;
б) бунёд кардани корхонаҳое, ки пурра мутааллиқи сармоягузорони хориҷианд;
в) харида гирифтани амвол, аз ҷумла саҳмия ва дигар коғазҳои қиматнок;
г) мустақилона ё бо иштироки шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиб шудан ба ҳуқуқи истифодаи замин ва дигар захираҳои табиӣ ва инчунин дигар ҳуқуқҳои амволӣ;
д) бастани шартномаҳо бо шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дигар шаклҳои сармоягузории хориҷиро пешбинӣ менамоянд.
Низоми ҳуқуқии маблағгузории хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз низоми дахлдори марбути амвол ва ҳуқуқи амволӣ, инчунин фаъолияти сармоягузории корхонаю ташкилотҳо ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дида номусоидтар буда наметавонад.
Барои сармоягузорон дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт ва дар ҳудудҳои алоҳида бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд оид ба андоз имтиёзҳои иловагӣ ва дигар имтиёзҳо муқаррар карда шаванд.
Бо санадҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳудудҳоеро муайян кардан мумкин аст, ки дар онҳо бо назардошти таъмини манфиате сармоягузорони хориҷӣ ва корхонаҳои дорои сармояи хориҷӣ маҳдуд ё манъ карда мешавад.
Сармоягузорони хориҷӣ ва корхонаҳои дорои сармояи хориҷӣ бо тамоми намудҳои фаъолият машғул шуда метавонанд, ба шарте, ки санадҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро манъ накарда бошад.
Сармоягузорони хориҷӣ ва корхонаҳои дорои сармояи хориҷӣ бо баъзе намудҳои фаъолияте, ки номгӯи онҳоро санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд, танҳо дар асоси иҷозатномаи (литсензияи) махсус машғул шуда метавонанд.
§ 2. Фаъолияти ташкилотҳои дорои сармояи хориҷӣ
Ташкилотҳои тиҷоратӣ ба истифодаи сармояи хориҷӣ бо шарт ва тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» ва қонунҳои дигар таъсис ва барҳам дода мешаванд.
Филиали шахси ҳуқуқии хориҷӣ бо мақсади дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додани фаъолияте, ки ташкилоти асосӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул аст, бунёд карда мешавад. Филиал дар асоси қарори шахси ҳуқуқии хориҷӣ – ташкилоти асосӣ барҳам дода мешавад.
Назорати давлатӣ ба таъсис ёфтану фаъолият кардан ва барҳам хӯрдани шахси ҳуқуқӣ бо аккредитатсия кардани он мувофиқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Филиали шахси ҳуқуқии хориҷӣ метавонад бо мақсади ҳифзи асосҳои сохти конститутсионӣ, ахлоқу одоб, саломатӣ, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони дигар, таъмини мудофиаи кишвар ва амнияти давлат аккредитатсия карда нашавад.
Дар низомномаи шахси ҳуқуқии хориҷӣ бояд ин маълумотҳо зикр шуда бошанд:
1) номи филиал ва ташкилоти асосии он;
2) шакли ташкилию ҳуқуқии ташкилоти асосӣ;
3) маҳалли воқеи филиал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суроғаи ҳуқуқии ташкилоти асосии он;
4) мақсади барпо кардани филиал ва намудҳои фаъолияти он;
5) таркиб, ҳаҷм ва мӯҳлати сармоягузорӣ шудани фондҳои асосии филиал;
6) тартиби идораи филиал.
Дар низомномаи шахси ҳуқуқии хориҷӣ дигар маълумоте, ки хусусиятҳои фаъолияти филиали шахси ҳуқуқиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос менамоянд ва хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд, дар бар гирифта шуда метавонад.
Филиали шахси ҳуқуқии хориҷӣ ҳуқуқ дорад дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи аккредитатсия шуданаш ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шавад. Филиали шахси ҳуқуқии хориҷӣ фаъолияти соҳибкориро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи маҳрум гаштанаш аз аккредитатсия қатъ мекунад. Ба фондҳои асосии шахси ҳуқуқии хориҷӣ гузоштани маблағ аз тарафи ташкилоти асосӣ бо назардошти нархҳои дохилӣ ё ҷаҳонӣ арзёбӣ карда мешавад. Маблағгузорӣ бо пули Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда мешавад. Арзёбии маблағгузорӣ ба фондҳои асосии филиали шахси ҳуқуқии хориҷӣ бояд дар низомномаи филиали шахси ҳуқуқии хориҷӣ зикр карда шавад.
7 Загрузки