Асосҳои ҳуқуқии фаъолияти реклама

Танзими ҳуқуқии реклама

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» муносибатҳоеро, ки дар ҷараёни истеҳсол, ҷойгиронӣ ва паҳнкунии реклама дар бозорҳои мол, меҳнату хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бозорҳои хизматрасонии бонкӣ, суғуртавӣ ва дигар хизматрасониҳо, ки бо истифодабарии маблағҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ алокаманд мебошанд, инчунин дар бозорҳои қогазҳои қиматнок ба вучуд меоянд, ба танзим медарорад.

Қонуни ҷорӣ дар бораи реклама дар назди худ мақсад гузоштааст, ки субъектҳоро аз рақобати бевиҷдононаи соҳаи реклама ҳимоя намояд, пеши роҳи рекламаи номатлуб ва ё оқибати манфии онро гирад, ки худаш сабабгори он шудааст.

Ин санад санади таҷамӯист, зеро маҷмӯи муносибатҳои бо фаъолияти реклама алоқамандро танзим мегардонад. Чунончӣ, Қонун дар бораи реклама худи мафҳуми реклама; мафҳум, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои субъектҳои муносибатҳои оид ба реклама; талаботеро, ки нисбати реклама пешниҳод карда мешавад ва чандин масъалаҳои дигарро муайян менамояд.

Таҷамӯии Қонун дар бораи реклама дар он зоҳир мешавад, ки вай муносибатҳоеро, ки дар ҷараёни истеҳсол, ҷойгиронӣ ва интишори реклама дар бозори мол, меҳнат, хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар бозори хизматрасонии бонкӣ, суғуртавӣ ва дигар бозорҳои хизматрасонии бо истифодаи пули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ алоқаманд ва инчунин дар бозори коғазҳои қиматнок ба миён меоянд, ба танзим меоварад.

Қонун дар бораи реклама, ки мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, ба рекламаи сиёсат дахл надорад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос меёбад ва аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст.

§ 2. Мафҳум ва намудҳои реклама

Реклама яке аз намудҳои иттилоот аст. Бинобар ин беҳуда нест, ки қонуни ҷорӣ дар бораи реклама истилоҳи «реклама» ва иттилооти (маълумоти) «рекламавӣ-ро ҳамчун ибораи синоним, яъне ҳаммаъно истифода мекунад. Бо вуҷуди ин реклама аз намудҳои дигари иттилоот бо якчанд нишонаю аломате, ки бояд дар якҷоягӣ истифода шаванд, фарқ мекунад.

Реклама иттилооте, ки дар ҳар шакл, тавасути ҳар воситаҳо оид ба шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, молҳо, ғояҳо ва ташаббусҳо (ахбори рекламавӣ), паҳн мешавад ва барои доираи васеи шахсон пешбинӣ шуда, ҷиҳати ташаккул ё дастгирии шавқманди ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, молҳо, ғояҳо, ташаббусҳо таъин гардида, барои фурӯхтани молҳо, ғояҳо ва ташаббусҳо мусоидат менамояд (м. 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»).

Дар асоси ин таъриф реклама метавонад ба тарзи шифоҳӣ ё хаттӣ, бо ёрии расму тасвир ва ғайра интишор дода шавад. Ба сифати интишоркунандаи иттилооти рекламавӣ воситаҳои интишори оммавӣ, воситаҳои нақлиёт ва ғайра истифода карда мешаванд. Мақсади интишори реклама ташаккул додан ва дастгирӣ намудани майлу рағбат ба он аст, ки дар натиҷаи он рағбату ҳавас ба мол, ғояву ташаббус зиёд мешавад ва ба фурӯш рафтан ва амалӣ гардидани онҳо мусоидат менамояд.

Таснифоти намудҳои рекламаро метавон аз рӯи асосҳои гуногун гузаронд:

  • вобаста ба моли рекламашаванда рекламаи машрубот, тамоку ва сигор, маснуоти порнографии аудио, видео ва чопа ва инчунин маводи нашъаовар, воситаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ҷудо шуда меистад;
  • вобаста ба намуди хизматрасонии рекламашаванда рекламаи хизматрасонии молиявӣ (аз ҷумла бонкӣ), суғуртавӣ, сармоягузорӣ ва дигар хизматрасониҳои вобаста бо истифодаи маблағи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин коғазҳои қиматнокро махсус ҷудо мекунанд;
  • вобаста ба ҳадафи реклама онро ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд: а) рекламаи иҷтимоӣ, яъне рекламаи манфиатҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ ба мақсади хайрия; б) рекламаи тиҷоратӣ.

Вобаста ба субъектҳое, ки иттилооти реклама ба онҳо нигаронида шудааст, махсус аз рекламае метавон сухан кард, ки мақсадаш ноболиғонанд.

Таснифоти мазкур аҳамияти назариявӣ ва амалӣ дорад. Дар Қонуни реклама талаботи махсус нисбати рекламаи намудҳои гуногун ва меъёрҳое зикр шудаанд, ки ба ҳифзу ҳимояи манфиати субъектҳо равона карда шудаанд (масалан, манфиати ноболиғон).

§ 3. Мафҳум ва намудҳои субъектҳои муносибатҳои реклама

Дар навбати аввал ба субъектҳои муносибатҳои рекламавӣ иштирокчиёни бевоситаи фаъолияти оид ба рекламаро нисбат додан зарур аст.

Аз рӯи вазифаҳои иҷрошаванда субъектҳои зерини фаъолияти оид ба рекламаро махсус қайд мекунанд: рекламадеҳ, рекламаистеҳсолкунанда, рекламаинтишор-кунанда.

Рекламадеҳ шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки барои истеҳсол, ҷойгиронӣ, интишори минбаъдаи реклама манбаи иттилоот доир ба реклама мебошад.

Рекламаистеҳсолкунанда шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки иттилооти доир ба рекламаро пурра ё қисман муносиби шакли интишораш таҳияву омода менамояд.

Рекламаинтишоркунанда шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки иттилоотро оид ба реклама бо роҳи вогузоштан, истифода кардани аз ҷумла, воситаҳои техникӣ, радио, телевизион ва ҳамчунин каналҳои алоқа, вақти эфир (пахш) ва истифодаи воситаҳои дигар ҷойгир ё интишор менамояд (Қонун дар бораи реклама, мод.2).

Муносибатҳое, ки дар рафти истеҳсол, ҷойгиронӣ ва интишори реклама байни субъектҳо ба миён меоянд, бо Қонун дар бораи реклама (аз ҷумла, дар боби III ҳуқуқу ӯҳдадориҳои рекламадеҳон, рекламаистеҳсолкунандагон, рекламаинтишоркунандагон зикр шудаанд) ва шартнома танзим гардонида мешаванд. Иҷрои вазифаҳои як ё якчанд иштироккунандагони фаъолияти рекламавӣ метавонад ба як шахс рост ояд. Воқеан, салоҳияти чунин рост омадани иҷрои вазифаҳо дар шароити рақобати шадиди бизнеси реклама бағоят шубҳаовар аст.

Дар байни ҳуқуқу ӯҳдадориҳои иштироккунандагони раванди реклама, ки дар қонуни реклама зикр ёфтаанд, ин ашхосро номбар мекунем:

1. Рекламадеҳон, рекламаистеҳсолкунандагон ва рекламаинтишоркунандагон вазифадоранд мавод ё нусхаи онҳоро, ки реклама, аз ҷумла, ҳамаи тағйироти минбаъдаи онро дар бар гирифтаанд, дар давоми шаш моҳи баъди интишори охирини реклама эҳтиёт намоянд;

2. Рекламаистеҳсолкунанда ва рекламаинтишорку-

нанда ҳақ доранд иҷозатнома ё нусхаи онро талаб намоянд, ба шарте, ки фаъолияти рекламадеҳ мавриди литсензиякунонӣ қарор гирад; вале рекламадеҳ дар ин ҳолат вазифадор аст ҳуҷҷатҳое пешниҳод намояд, ки ҳаққонияти иттилооти оид ба рекламаро тасдиқ менамоянд;

3. Рекламаистеҳсолкунанда вазифадор аст рекламадеҳро аз он сари вақт воқиф созад, ки иҷро кардани талабҳои рекламадеҳ ҳангоми истеҳсоли реклама хилофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама мебошад.

Агар рекламадеҳ, қатъи назар аз огоҳонии баҳангом ва асосноки рекламаистеҳсолкунанда талаби (талаботи) худро нисбати реклама дигар накунад, ё худ бо талаби рекламаистеҳсолкунанда маълумоти бо далелу ҳуҷҷат тасдиқшударо барои истеҳсоли реклама пешниҳод накунад ва ё дигар ҳолатҳоеро бартараф нанамояд, ки рекламаро номатлуб гардонда метавонанд, рекламаистеҳсолкунанда ҳақ дорад бо тартиби муқарраршуда шартномаро қатъ намояд ва мутобиқи қонунгузории ҷорӣ пурра ҷуброн карда шудани зиёнро талаб намояд.

Ба сифати рекламадеҳон, рекламаистеҳсолкунандагон ва рекламаинтишоркунандагон шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ – соҳибкорони инфиродӣ буда метавонанд, чунки амали Қонун дар бораи реклама ба эълони шахсони воқеие, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул нестанд, дахл надорад.

Қонун дар бораи реклама масъалаи сарпарастӣ ва вазъияти ҳуқуқии бо ин алоқаманди субъектҳоро ба тарзи махсус ба танзим меоварад. Мутобиқи моддаи 2 Қонун дар бораи реклама, сарпарастӣ гуфта аз тарафи шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ (сарпараст) саҳм гузоштанро (дар шакли вогузоштани амвол, натиҷаи фаъолияти зеҳнӣ, хизматрасонӣ, иҷрои кор) ба фаъолияти дигар шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ (таҳти сарпарастӣ қарордошта) бо шартҳои сарпараст ва моли ӯро реклама кардани шахси таҳти сарпарастӣ қарордоштаро меноманд.

Саҳми сарпарастӣ музди реклама, вале сарпараст ва шахси таҳти сарпарастӣ қарордошта мувофиқан рекламадеҳ ва рекламаинтишоркунанда эътироф мешаванд. Дар баробари ин муқаррар гардидааст, ки сарпараст ҳақ надорад ба фаъолияти шахси таҳти сарпарастӣ қарордошта дахолат намояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» мод.20).

Дар муносибатҳои ҳуқуқии рекламавӣ дар баробари рекламадеҳон, рекламаистеҳсолкунандагон ва рекламаинтишоркунандагон иштирокку-нандаи чорум рекламаистеъмолкунанда ба чашм ноаён ҳузур дорад. Зеро ҳар гуна реклама ба он хизмат мекунад, ки истеъмолкунандаи имконпазири худро барои ба роҳ мондани муносибатҳои шартномавии гражданию ҳуқуқӣ ба рекламадеҳон моил созад<sup/>.

§ 4. Талаботе, ки ба реклама пешниҳод карда мешавад

Ҳамаи талаботи ба реклама пешниҳодшавандаро ба талаботи умумӣ ва махсус ҷудо кардан мумкин аст. Талаботи умумӣ ба ҳамаи намудҳои реклама пешниҳод карда мешавад. Талаботи махсус ба рекламаҳои зерин пешниҳод карда мешавад:

  • рекламаи берунае, ки дар шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот ва ҳудудҳои дигар интишор карда мешавад;
  • рекламаи навъҳои алоҳидаи мол – машрубот, тамоку ва сигор; доруворӣ, маснуоти тиббӣ, техникаи тиббӣ, аслиҳа.
  • рекламаи намудҳои алоҳидаи хизматрасонӣ – молиявӣ, суғурта, сармоягузорӣ ва ғайра;
  • рекламае, ки ба нафъи ҷамъият ва давлат буда, ба ҳосил гардидани ҳадафҳои эҳсонкорӣ нигаронида шудааст.

Аз рӯи меъёрҳои зикршуда реклама метавонад ба рекламаи аз тариқи воситаҳои махсус интишоршаванда: рекламаи навъҳои алоҳидаи молу хизматрасонӣ ва ғайра ҷудо карда шавад.

Талаботи умумӣ ба реклама инҳоянд:

  • реклама бояд бе дониши махсус ё бе татбиқи воситаҳои техникӣ дар лаҳзаи пешниҳоди он, сарфи назар аз шакл ё воситаҳои истифодашавандаи паҳнкунӣ, маҳз ҳамчун реклама шинохташаванда бошад;
  • рекламаи молҳое, ки сертификатсияи ҳатмиро талаб менамоянд, бояд қайди « ҳатман сертификатсия кунонида шавад» дошта бошад.
  • реклама набояд дар шаҳрвандон ҳисси зӯроварӣ, таҷовуз, воҳима барангезад, инчунин набояд ба амалҳои хатарноке даъват намояд, ки метавонад ба саломатии шахсони воқеӣ зарар расонад ё ба бехатарии онҳо таҳдид намояд ва ба идроки инсон беихтиёр таъсир расонад;
  • реклама набояд ба амалҳое, ки қонунгузории ҳифзи табиатро вайрон мекунад, оварда расонад;
  • агар барои фаъолияти рекламадеҳ иҷозатнома зарур бошад, дар реклама бояд рақами иҷозатнома ва ҳамчунин номи мақомоте, ки онро додааст, зикр карда шавад;
  • дар реклама истифода кардани объектҳои дорои ҳуқуқҳои махсус (моликияти зеҳнӣ) бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст;
  • азбаски реклама барои доираи номуайяни одамон таъин гардидааст, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба забони давлатӣ ва инчунин бо майлу хоҳиши рекламадеҳон мувофиқан ба забонҳои дигар бо ҳуруфоти хурд интишор карда шавад. Ин қоида ба радиошунавонӣ, намоиши телевизион ва нашрияҳое, ки пурра ба забони давлатӣ, ба забони халқҳои сокини қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд ва ба забонҳои хориҷӣ, инчунин ба нишонаҳои аз қайдгузаштаи мол (нишонаҳои хизматрасонӣ) дахл надоранд.
  • . Мафҳум ва намудҳои рекламаи номуносиб
  • Агар реклама ба талаботи умумӣ ва махсус мувофиқ бошад, он матлуб аст. Рекламае, ки дар он талабот ба мазмун, замону макон ва усули интишори муқаррарнамудаи қонун риоя нашудааст, номатлуб мебошад. Қонун дар бораи реклама намудҳои хоси рекламаи бевиҷдонона, нодуруст, беодобона, ошкоро бардурӯғ, пинҳониро аз ҷумлаи намудҳои рекламаи номутаносиб эътироф кардааст.
  • Рекламаи бевиҷдонона рекламаест, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки аз молҳои рекламашаванда истифода намекунанд, беобрӯ менамояд; истеъмолкунандагонро нисбати моли рекламашаванда ба воситаи тақлиди (нусхабардории) лоиҳаи умумӣ, матн, формулаҳои рекламавӣ, тасвир, таассуроти мусиқӣ ва савтии дар рекламаи молҳои дигар истифодашавандаро ё тавассути суиистифодаи боварии шахсони воқеӣ ё нокифоя будани таҷрибаю дониши онҳо, аз ҷумла бо сабаби дар реклама мавҷуд набудани қисматҳои муҳими иттилоотӣ ба иштибоҳ меандозад (Қонун дар бораи реклама, мод.6).
  • Рекламаи нодуруст рекламае мебошад, ки дар он нисбати нишондиҳандаҳои зерин маълумоти ба ҳақиқат номувофиқ мавҷуд аст; тавсифи молҳо ҳамчун асл, таркиб, тарз ва санаи тайёр намудани онҳо, таъинот, хосиятҳои истеъмолӣ, шартҳои татбиқу истифода ва ғайра тавсиф карда мешавад. Рекламае, ки дар он истилоҳоти сифати олӣ, аз ҷумла, калимаю ибораҳои «беназир», «беҳамто», «беҳтарин», «беҳин», «мутлақо», «яккаву ягона» ва ба ин монанд ибораҳо дарҷ ёфта, онҳоро бо далелу ҳуҷҷат исбот кардан номумкин бошад, рекламаи нодуруст ё бардурӯғ ба ҳисоб меравад.
  • Рекламаи беадабона рекламаест, ки ҳар гуна маълумот (иттилоот)-ро доро буда, меъёрҳои маъмули башардӯстона ва ахлоқро бо роҳи истифодаи калимаҳои (суханҳои) муқоиса, тимсол нисбати ирқу нажод, миллат, касбу кор, категорияи иҷтимоӣ, ҷинс, забон, эътиқоди мазҳабӣ, фалсафӣ, сиёсӣ ва дигар эътиқоди шаҳрвандон вайрон мекунад.
  • Рекламае, ки объектҳои (осори) санъат – сарвати фарҳангии миллӣ ва ҷаҳонӣ; рамзҳои давлатӣ ё мазҳабӣ, пули миллиро бадном мекунад, беадабона аст.
  • Рекламаи бардурӯғ рекламаест, ки бо ёрии он рекламадеҳ (истеҳсолкунандаи реклама, паҳнкунандаи реклама) истифодабарандаи рекламаро қасдан ба иштибоҳ меандозад.
  • Рекламаи пинҳонӣ рекламаест, ки ба истеъмолкунандагон, ба ҳиссиёти онҳо чунон таъсири ноаён мерасонад, ки онҳо мубталои он шуданашонро дарк намекунанд. Ин гуна рекламаро барномаҳои радиову телевизион ва нашрияҳое, ки расман реклама намебошанд, дар бар гирифта метавонанд. Рекламаи пинҳонӣ
  • метавонад бо истифодаи видеовставкаҳои махсус (сабти дукарата) ва усулҳои дигар интишор карда шавад.

8 Загрузки

412
Нет комментариев. Ваш будет первым!