Ҳимояи ҳуқуқҳои соҳибкорон

Шакл ва тарзҳои ҳифзи ҳуқуқҳои соҳибкорон

Соҳибкорӣ шакли асосии ба амал баровардани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидаанд.

Инкишофи соҳибкорӣ самти афзалятноки сиёсати иқтисодии давлат мебошад. Бинобар ин вазифаи асосии давлат дар ин самт ҳавасмандгардонӣ ва таъмин намудани кафолатҳои инкишофи соҳибкорӣ, ҳимоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои соҳибкорон мебошад.

Мутобиқи ақидаи олимон, агар ҳуқуқ ҳифз нашуда бошад, пас ба «ҳуқуқи эълоншуда» табдил меёбад, ки танҳо бо эҳтироми ихтиёрона асос меёбад. Барои таъмин намудани мубодилоти мӯътадили гражданӣ кафолати имконияти ҳифзи ҳуқуқ бо шаклҳои дилхоҳи муқаррарнамудаи қонун зарур аст.<sup/>

Истилоҳи ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии соҳибкорон дорои табиати дугона мебошад. Аз як тараф, ҳифзи ҳуқуқ ба сифати ҳуқуқи асосии субъективии шахси мувофиқ баромад намояд, аз тарафи дигар, татбиқи амалии он хусусияти вобастагиро доро мебошад. Вобастагии онҳо аз омили вайрон шудани ҳуқуқҳо ё таҷовузи вайрон намудани онҳо вобаста аст.

Умуман ҳуқуқ ба ҳимоя имконияти шахси ваколатдорро оиди татбиқ намудани чораҳои дорои хусусияти ҳифзиҳуқуқӣ меноманд, ки барои барқарор намудани ҳуқуқҳои вайрон-кардашуда ё баҳснок равона карда шудаанд.

Ба мазмуни ҳуқуқ ба ҳимоя инҳоро дохил намудан мумкин аст:

– маҷмӯи чораҳои ҳифзи ҳуқуқие, ки субъекти ваколатдор барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ метавонад татбиқ намояд;

– намудҳои гуногуни таъсиррасонии бевосита ба ҳуқуқвайронкунанда;

– маҷмӯи чораҳои маҷбуркунии давлатие, ки шахси ваколатдор метавонад истифода барад, агар ҳаракатҳои мустақилонаи худи ӯ ба натиҷаи зарурӣ оварда натавонанд.

Ҳуқуқ ба ҳимоя чораҳои дорои хусусияти ҳуқуқи моддӣ ва ҳуқуқи – мурофиавиро дар бар мегирад. Ин асоси иловагӣ барои эътироф намудани ҳуқуқ ба ҳимоя ба ҳайси ҳуқуқи мустақили субъективӣ мебошад, ки ҳам ба шаҳрвандон ва ҳам ба шахсони ҳуқуқӣ тааллуқ дорад. Олимони зиёде тарафдори ин фикр мебошанд.<sup/>

Аз нигоҳи ҳуқуқи моддӣ ҳуқуқ ба ҳимоя ба шахси ваколатдор се гурӯҳи имкониятҳоро медиҳад:

– ҳуқуқ ба худҳимоя;

– ҳуқуқ ба истифодаи чораҳои оҷилӣ таъсиррасонӣ;

– ҳуқуқи муроҷиат намудан ба мақомотҳои ваколатдори давлатӣ бо талаби татбиқи чораҳои дорои хусусияти маҷбуркунии давлатӣ.

Аз нигоҳи ҳуқуқи мурофиавӣ аз мазмуни ҳуқуқ ба ҳимоя ин ҳуқуқҳоро ҷудо намудан мумкин аст:

– ҳуқуқи бо тартиби шартномавӣ муқаррар намудани мақомоти ваколатдор оиди ҳаллу фасл намудани мухолифатҳо;

– татбиқи имконияти ҳуқуқи моддӣ оиди муроҷиат намудан ба мақомоти ваколатдор барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои вайроншуда.

Мафҳуми «ҳимояи ҳуқуқ»-ро бо мафҳуми «муҳофизати ҳуқуқ» омехта кардан нашояд, чунки мафҳуми дуюм нисбатан васеътар буда, ҳамаи чораҳоеро, ки барои таъмин намудани манфиатҳои субъекти ваколатдор равона шудаанд, дар бар мегирад.

Зери мафҳуми муҳофизати ҳуқуқ маҷмӯи кафолатҳои давлатиро фаҳмидан мумкин аст, ки бо маънкунии меъёрӣ ё дигар маҳдудкуниҳои ҳаракатҳои муайяни зидди объекти ҳимоя ва инчунин пешгирӣ ва тарбияи ҳуқуқвайронкунандагон равона шудааст.

Предмети ҳимоя дар доираи фаъолияти иқтисодӣ ва соҳибкорӣ ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии вайроншуда ё зери баҳс қарордодашудаи шахсоне ташкил медиҳад, ки чунин фаъолиятро ба амал мебароранд. Ба фикри дигар олимон, «ҳимояи ҳуқуқ» нисбат ба «муҳофизати ҳуқуқ» мафҳуми маҳдудтар мебошад, чунки мафҳуми дуюми маҷмӯи чораҳоеро дар бар мегирад, ки фаъолияти мӯътадили татбиқи ҳуқуқҳоро таъмин менамояд.<sup/>

Қайд кардан зарур аст, ки истилоҳи «манфиатҳои қонунӣ» истилоҳи мустақили ҳуқуқӣ мебошад. Манфиат аз ҳуқуқи субъективӣ фарқ дорад.<sup/> Ҳимояи ҳуқуқҳои вайронкардашудаи субъективӣ инчунин ҳимояи манфиатҳои бо он алоқамандро низ дар бар мегирад.

Ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии соҳибкорон ба як қатор кафолатҳои конститутсионӣ асос ёфтаанд. Аз ҷумла, ҳуқуқи ҳар як кас барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунӣ бо ҳамаи воситаҳои ҳуқуқии бо қонун манъкарданашуда, ҳуқуқ ба ҳимояи судӣ, баргардонидани товони зарар ва ғайра.

Қонунгузории ҷорӣ тартиби ниҳоят танзимкардашудаи шакл, воситаҳо ва тарзҳои ҳимояи ҳуқуқи соҳибкориро дар бар мегирад.

Тарзҳои ҳимояи ҳуқуқ гуфта, чораҳои маҷбуркунии бо қонун пешбинишудаи ҳуқуқи моддӣ ва мурофиавиро меноманд, ки тавассути онҳо ҳуқуқҳои вайронкардашуда барқарор ва нисбати ҳуқуқвайронкунанда чораҳои таъсиррасонӣ татбиқ карда мешавад.

Мафҳуми тарзҳои ҳимояи ҳуқуқҳои субъективӣ дар қонун вуҷуд надорад, вале номгӯи мушаххаси тарзҳои ҳимоя нишон дода шудаанд (м. м. 12 – 16 КГ ҶТ). Ҳамаи ин тарзҳои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунӣ бешубҳа ба доираи фаъолияти соҳибкорӣ низ татбиқ карда мешавад. Чунин тарзи ҳимояи ҳуқуқҳои гражданӣ, чун баргардонидани товони зарар ва рӯёнидани ноустуворона ҳам ба сифати шакли ҷавобгарии молию пулӣ ва ноустуворона бошад ба сифати воситаи таъмин намудани иҷрои ӯҳдадорӣ низ баромад мекунанд.

Тарзҳои ҳимоя бо асосҳои гуногун тасниф карда мешаванд. Масалан, вобаста ба мазмуни ҳаракатҳои ҳуқуқӣ онҳоро ба тарзҳои ҳимояи ҳуқуқи моддӣ ва мурофиавӣ ҷудо менамоянд.

Тарзҳои ҳимояи ҳуқуқи моддиро ба: пешгирикунанда; барқароркунанда ва ҷаримавӣ ҷудо менамоянд.

Тарзҳои ҳимояи ҳуқуқи мурофиавӣ гуфта, амали намудани ваколатҳои бо қонун муқарраркардашудаи мақомотҳои юрисдиксониро меноманд, ки дар шакли баровардани санадҳо бо мақсади муқаррар намудан, эътироф ё тасдиқ намудани ҳуқуқ ва омилҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ ва инчунин барқарор намудани манфиатҳои қонунии субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ равона карда шудаанд.

Тарзҳои мурофиавии ҳимояи ҳуқуқро вобаста ба мақсади онҳо, хусусияти фаъолияти мурофиавӣ, санадҳои ҳокимияти ва шакли мақомотҳои юрисдиксионӣ тасниф менамоянд. Масалан, вобаста ба мақсад, тарзҳои мурофиавии ҳимояи ҳуқуқро бо ҳаракатҳо оиди эътирофи ҳуқуқ, маҷбур намудан барои содир намудани ин ё он ҳаракат ва ғайраҳо ҷудо менамоянд.

Тарзи дигари ҳимояи ҳуқуқ ин худҳимоя мебошад, ки бо моддаи 14 КГ ҶТ муқаррар карда шудааст. Таърифи ин мафҳум дар кодекс оварда нашудааст ва танҳо муқаррар карда шудааст, ки тарзҳои худҳимоя бояд ба ҳуқуқвайронкунӣ баробар бошанд ва набояд аз доираи ҳаракатҳое, ки барои ҳимояи онҳо заруранд, берун бароянд.

Шаклҳои ҳимоя гуфта, маҷмӯи чорабиниҳои дохилии мурофиқакардашудаи ташкилиеро меноманд, ки барои ҳимояи ҳуқуқҳои субъективӣ ва муҳофизати манфиатҳои қонунӣ равона карда шудаанд.

Масъалаи таносуби тарз ва шаклҳои ҳимояи ҳуқуқ дар адабиёти ҳуқуқӣ баҳснок мебошад.<sup/>

Шаклҳои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии соҳибкоронро ба ду намуди асосӣ: судӣ ва ғайрисудӣ ҷудо мекунанд.

§ 2. Шакли судии ҳимояи ҳуқуқҳои соҳибкорон.

Дар ҳудуди ҳимояи судии ҳуқуқ ва манфиатҳои соҳибкорон чунин мақомотҳои судиро ҷудо намудан мумкин аст:

– суди Конститутсионии Ҷуҳурии Тоҷикистон;

– суди иқтисодӣ;

– судҳои умумӣ.

Суди Конститутсионии Ҷуҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судиро мустақилона ба амал мебарорад ва фаъолияти онро қонуни Конститутсионии Ҷуҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди Конститутсионии Ҷуҳурии Тоҷикистон» танзим менамояд.

Суди Конститутсионии Ҷуҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва манфиатҳои соҳибкоронро низ ҳимоя менамояд<sup/>.

Қайд кардан зарур аст, ки Суди Конститутсионӣ танҳо он парвандаҳоеро баррарсӣ менамояд, ки бо вайрон шудани ҳуқуқҳои конститутсионии соҳибкорон алоқаманд мебошад. Суди Конститутсионӣ дар Ҷуҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Суди Конститутсионии Ҷуҳурии Тоҷикистон» аз соли 1995 бо тағйироту иловаҳои солҳои 1997, соли 1998, соли 2000, соли 2001, соли 2004, соли 2006 фаъолият менамояд. Мутобиқи моддаи 14 Суди Конститутсионии Ҷуҳурии Тоҷикистон чунин ваколатҳо дорад.

Суди Конститутсионии Ҷуҳурии Тоҷикистон парвандаҳоро оид ба конститутсияи Ҷуҳурии Тоҷикистон мутобиқат доштани:

а) қонунҳо, санадҳои ҳуқуқии якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон, Президент, Ҳукумат, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва дигар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, қарордодҳои эътибори қонуни пайдонакардаи Тоҷикистон;

б) санадҳои ҳуқуқии мақомоти маҳаллии намояндагӣ ва иҷроияи ҳокимият, шартномаҳои аз тарафи вилоятҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳои Ҷумҳури басташуда;

в) шартномаҳои байни мақомоти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии ҳокимият;

г) ваколатҳои дигареро, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд, ҳалу фасл мекунад.

Суди Конститутсионии Ҷуҳурии Тоҷикистон баҳсҳои вобаста ба салоҳиятро:

а) байни мақомоти ҷумҳуриявии ҳокимияти давлатӣ;

б) байни мақомоти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

в) байни мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳудудии худидоракунии маҳаллӣ ҳалу фасл мекунад.

Суди Конститутсионии Ҷуҳурии Тоҷикистон аз рӯи шикоятҳо оид ба вайронкунии ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон ва аз рӯи дархостҳои судҳо конститутсионӣ будани қонунҳоеро, ки дар парвандаи мушаххас татбиқ шудааст, ба тартибе, ки Қонуни Конститутсиони муқаррар кардааст, тафтиш менамояд<sup/>.

Қисмати асосии баҳсҳо бо иштироки соҳибкорон аз ҷониби Суди иқтисодӣ баррасӣ карда мешаванд… Шакли анъанавии муроҷиат намудан ба суди иқтисодӣ пешниҳод намудани даъво оиди ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии соҳибкорон мебошад. Ба сифати воситаи ҳимояи судӣ даъво баромад мекунад, ки аз як тараф, талаби ба амал баровардани адолати судӣ ва аз тарафи дигар, талаби ҳуқуқи – моддӣ оиди иҷро намудани ӯҳдадориҳои он мебошад.

Суди иқтисодӣ мақомоти давлатие мебошад, ки барои баррасии намудани баҳсҳои иқтисодӣ байни корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандоне, ки ҳамчун соҳибкор ба қайд гирифта шудаанд, созмон дода мешавад.

Суди иқтисодӣ баҳсҳои иқтисодиро дар он ҳолате баррарсӣ менамояд, ки аз чунин муносибатҳо бармеоянд:

а) байни ташкилотҳо – шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони соҳибкор;

б) байни ташкилотҳо – шахсони ҳуқуқӣ ва мақомотҳои давлатӣ;

в) байни шаҳрвандони соҳибкор ва мақомотҳои давлатӣ.

Мутобиқи қонунгузорӣ муносибатҳои иқтисодӣ гуфта, танҳо муносибатҳоеро, ки аз фаъолияти соҳибкорӣ ба вуҷуд меоянд, дар назар надошта, балки дигар муносибатҳои ба он алоқамандро низ, аз ҷумла: муносибатҳоеро, ки:

– ҳангоми таъсис, таҷдид ва барҳамдиҳии корхонаҳо;

– ҳангоми аз ҷониби мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ ба амал баровардани ваколатҳои роҳбарикунӣ, назорати фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар функсияҳои онҳо;

-ҳангоми расонидани зарар ба объектҳои табиӣ ва дигар объектҳо;

– ҳангоми аз ҷониби соҳибкорон суиистеъмол намудани ҳуқуқҳо ва иҷро накардани ӯҳдадориҳо ба вуҷуд меоянд, ташкил медиҳад.

Қонунгузор инчунин ҳайати субъектии иштирокчиёни муносибатҳоеро, ки байни онҳо баҳсҳои иқтисодӣ ба вуҷуд меоянд, муайян кардааст, яъне шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандоне, ки фаъолияти соҳибкориро ба амал мебароранд.

Фаъолияти Суди Олии иқтисодӣ дар кишвари мо мутобиқи қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 6 августи соли 2001 бо тағйироту иловаҳои солҳои 2003, 2004, 2006 ва 2007 ба амал бароварда мешавад. Боби чоруми ҳамин қонун ба судҳои иқтисодӣ бахшида шудааст.

Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳали баҳсҳои иқтисодӣ ва парвандаҳои дигаре, ки аз тарафи судҳои иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд, мақоми олии суди буда, дар шаклҳои мурофиавие, ки қонун пешбинӣ кардааст, ба фаъолияти онҳо назорати суди мебарад ва оид ба масъалаҳои таҷрибаи суди тавзеҳоти дастурӣ медиҳад (м. 45 Қонун).

Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин салоҳиятҳоро дорад:

ҳамчун зинаи якум парвандаҳоеро, ки ба судҳои иқтисодӣ мансубанд, баррасӣ менамояд;

ҳамчун зинаи апеллятсионӣ парвандҳоеро баррасӣ менамояд, ки дар ин суд ва судҳои поёнӣ дар зинаи якум баррасӣ шудаанд;

аз руи ҳолатҳои нав ошкоршуда санадҳои судии қабулкардаи худро, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, аз нав баррасӣ менамояд;

ҳамчун зинаи кассатсионӣ қонунӣ будани санадҳои судиро оид ба парвандаҳое, ки судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷкистон дар зинаи якум ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зинаи апеллятсионӣ баррасӣ кардаанд, тафтиш менамояд;

ба тариқи назорат парвандаҳоро аз руи эътироз нисбати санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои иқтисодӣ баррасӣ мекунад;

дар бораи конститутсионӣ будани қонунӣ татбиқшуда оиди парвандаи мушаххас ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад муроҷиат намояд;

таҷрибаи аз тарафи судҳои иқтисодӣ татбиқ, намудани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро, ки муносибатҳоро дар соҳаи соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ танзим менамоянд, омухта, ҷамъбаст мекунад, оид ба масъалаҳои таҷрибаи суди тавзеҳоти дастурӣ медиҳад;

оид ба такмили қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ки муносибатҳоро дар соҳаи соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ танзим мекунад, таклифҳо таҳия менамояд ва ғайираҳо (м. 46 Қонун).

Асоси ҷудо намудани ваколатҳои судҳои иқтисодӣ ва судҳои умумиро доираи фаъолияти соҳибкорӣ ташкил медиҳад.

Баҳсҳои байни шаҳрвандони соҳибкор ва инчунин байни онҳо ва шахсони ҳуқуқӣ дар он ҳолатҳое аз ҷониби суди умумӣ баррасӣ карда мешаванд, ки агар ба фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд набошанд<sup/>.

Агар баҳс бо баамалбарории фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд набошанд, пас аз ҷониби судҳои умумӣ баррасӣ карда мешавад.

Дар судҳои умумӣ чунин баҳсҳои бо фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд ҳалу фасл карда мешаванд:

– баҳсҳо оиди барқарор намудани ҳуқуқҳо аз рӯи қоғазҳои қиматноки гумшудаи манзуршаванда ва ордерӣ;

– аризаи шаҳрвандон ва ташкилотҳо аз болои ҳаракатҳо ва қарорҳои ғайриқонунии мақомотҳои идоракунии давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо ҳангоми вайрон намудани ҳуқуқ ва озодиҳои соҳибкорон.

Инчунин баҳсҳои оилавӣ, меҳнатӣ, гражданӣ ва маъмурие, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд нестанд, аз ҷониби судҳои умумӣ ҳалу фасл карда мешаванд.

5 Загрузки

278
Нет комментариев. Ваш будет первым!