Соҳибкории сохта

Соҳибкории сохта, яъне, таъсиси корхонаи тиҷоратӣ бидуни нияти анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ ё фаъолияти бонкӣ, ки бо мақсади ба даст овардани кредит, озод шудан аз андоз, ба даст даровардани дигар фоидаи амволӣ ё рӯйпӯш кардани фаъолияти манъгардида, агар он ба шаҳрвандон, ташкилотхои тиҷоратӣ ё ғайритиҷоратӣ ё давлат ба миқдори калон зарар расонида бошад, бо ҷарима ба андозаи аз панчсад то як ҳазор маошӣ ҳадди ақал ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад. (м.260 КҶ ҶТ)

Объекти ҷинояти мазкурро муносибатҳои ҷамъиятӣ дар бахши фаъолияти қонунии соҳибкорие, ки бо ҳуҷҷатҳои таъсиси мувофиқат мекунанд, ташкил менамоянд. Ба сифати ҷабрдидагон – шаҳрвандон, ташкилотҳо ва давлат баромад мекунанд, ки ба онҳо дар натиҷаи ба гумроҳи андохтан оид ба ҳақиқӣ ва қонунӣ будани чунин фаъолият, зарари амволӣ расонида мешавад.

Тарафи объективии ҷинояти мазкур дар таъсиси (ташкили) корхонаи тиҷоратӣ бидуни нияти анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ ё фаъолияти бонкӣ ифода мегардад, яъне, корхонаи тиҷоратӣ бе мақсади амали гардонидани он намуди фаъолияте, ки дар ҳуҷҷатҳои таъсисӣ пешбинӣ шудаанд, таъсис дода мешавад. Моҳиятан дар ин ҷо сухан дар бораи беэътибории аҳдҳои рӯяки ва қалбакӣ меравад, ки аз тарафи меъёрҳои ҳуқуқӣ-гражданӣ ба танзим дароварда шудаанд (м. 195 КГ ҶТ).

Таъсиси корхонаи тиҷоратӣ чунин маъно дорад, ки он мувофиқи тартиби бо қонунгузорӣ пешбинишуда мақоми шахси ҳуқуқиро гирифтааст. Корхонаи тиҷоратӣ, ҳамчун шахси ҳуқуқӣ, аз лаҳзаи ба қайди давлатӣ гирифта шуданаш таъсисгардида ҳисобида мешавад (м. 51 КГ). Вуҷуд надоштани нияти анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ ё фаъолияти бонкӣ аломати ҳатмии таркиби ҷинояти мазкур ба ҳисоб меравад ва исботи онро талаб менамояд. Анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ ё фаъолияти бонкии дахлдор дар ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва ҳамчунин, дар иҷозатномаи гирифташуда пешбинӣ шудаанд. Бинобар ин, дар ин раванд ҳатман бояд, ки рӯякӣ ва қалбакӣ будани таъсиси корхонаи тиҷоратӣ муқаррар карда шавад, яъне, бояд муайян карда шавад, ки чунин корхона бо мақсади рӯйпӯш намудани кори дигар фаъолият менамояд.

Худи ҳамин ҳолат далели мавҷуд набудани азми шахс оид ба иҷро кардани ҳаракатҳое, ки аз ҳуҷҷатҳои таъсисӣ бармеоянд, мебошад. Ғайр аз ин, гузаштани вақти муайяне, ки барои ба амал баровардани ӯҳдадориҳои ойинномавӣ заруранд ва аз талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ё анъанаҳои муомилити корӣ бар меоянд, далели мавҷуд набудани чунин нияти шахсро дорад<sup/>.

Фаро расидани оқибатҳои хавфнок аломати ҳатмии таркиби ҷинояти мазкур ба ҳисоб меравад. Мавҷуд набудани он ҷавобгарии ҷиноятиро истисно менамояд. Он дар намуди ба миқдори калон расонидани зарар ба шаҳрвандон, ташкилотҳо ё давлат ифода мегардад. Муайян намудани алоқаи сабаби байни кирдор ва оқибатҳои фарорасида ҳатмӣ мебошад.

Тарафи субъективии ҷиноятӣ мазкур дар қасди бевосита ифода мегардад. Шахсе, ки корхонаи тиҷоратии қалбакиро таъсис медиҳад ва мақсадҳои муайянро пеша кардааст, ҳатман расонидани зараро ба манфиати ҷабрдидагон хоҳон мебошад.

Аломати ҳатмии тарафи субъективии ҷиноятӣ мазкур мавҷуд будани мақсади муайян мебошад, яъне, таъсиси корхонаи тиҷоратӣ бидуни нияти анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ ё фаъолияти бонкӣ танҳо он вақт таркиби ҷиноятро ташкил медиҳад, ки агар он бо мақсадҳои зерин содир шуда бошад:

а) барои ба даст овардани кредит;

б) барои озод шудан аз андоз;

в) барои ба даст даровардани дигар фоидаи амволӣ;

г) барои рӯйпӯш кардани фаъолияти манъгардида.

Гирифтани қарз, озод шудан аз андоз, ба даст овардани дигар фоидаи амволӣ, рӯйпӯш кардани фаъолияти манъгардида бо роҳи ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ба амал бароварда мешаванд, яъне, шахс барои гирифтани чунин имтиёз, бартарият ё фоида ҳуқуқ надорад, чунки ӯ ҳаракатҳои пешбининамудаи ҳуҷҷатҳои таъсисиро ба амал намебарорад. Зери мафҳуми «ба даст даровардани дигар фоидаи амволӣ» ҳар хел шакли қонеъ гардонидани талаботҳои моддӣ фаҳмида мешавад. Ҳангоми рӯйпӯш намудани фаъолияти манъшуда, натиҷаҳои ба даст овардашуда, аз натиҷаҳои бо ҳуҷҷатҳои таъсисӣ пешбинишуда, фарқ мекунанд.

Субъекти ҷиноят субъекти махсус, яъне, шахси мукаллафе, ки таъсисдиҳандаи корхонаи тиҷоратӣ мебошад.

5 Загрузки

300
Нет комментариев. Ваш будет первым!