Мафҳум, моҳият ва намудҳои аудит

а) мафҳуми аудит ва фаъолияти аудиторӣ

Аудит яке аз унсурҳои муҳими хоҷагии бозорӣ аст. Институти аудит дорои таърихи муайян мебошад. Агар онро ҳамчун шакли назорати молиявӣ ҳисобем, пас якумин давлате, ки дар он ҷо чунин сохтор ба вуҷуд омада буд, ин Хитой мебошад. Сарчашмаҳои қадимаи Хитой нишон медиҳанд, ки ҳанӯз дар солҳои 700 то мелод дар онҷо вазифаи аудиторӣ генералӣ вуҷуд дошт, ки фаъолияти бовиҷдононаи кормандони давлатиро, ки бо пул ва амволи давлатӣ сару кор доштанд, кафолат медод.

Дар асри 111 то давраи нав идоракунандаҳои Рим квесторҳо, магистрҳо ва мансабдорони хазинадорро таъин мекарданд, ки ӯҳдадории онҳо тафтиш намудани муҳосибони ҳамаи вилоятҳо ва шифоҳӣ дар бораи кори иҷронамуда ҳисобот медоданд.

Дар асрҳои миёна дар Аврупо одати тасдиқ намудани дурустии аҳдҳо бо роҳи бақайдгирии онҳо аз ҷониби ду шахси гуногуни масъул ба роҳ монда шуда буд.

Аудит дар маънои ҳозира дар миёнаи асри Х1Х дар Бритониёи Кабир ба вуҷуд омад ва ба давраи инкишофи муносибатҳои бозоргонӣ алоқаманд буд. Ташакулёбии иқтисодиёти бозаргонӣ бо муфлисшавии оммавии ширкатҳо алоқаманд буд, ки бештари онҳо на дар натиҷаи омилҳои объективӣ, балки бевиҷдонӣ ва суиистеъмолкунии идоракунандаҳо ба вуҷуд меомаданд. Аз ин рӯ саҳмиядорони муфлис ба ҳимоя, сармоягузорони воқеӣ ба иттилооти дуруст оиди ҳолати кори ширкат зарурият доштанд<sup/>.

Гурӯҳи аудиторҳое, ки дар нимаи асри Х1Х дар Шотландия таъсис дода шуда буд чунин меҳисобанд, ки дар он ҷое, ки онҳо ҳастанд, фиреб нест ё эҳтимолияти он ниҳоят кам мебошад.

Дар замони ҳозира дар бештари кишварҳои ҷаҳони муосир аудит ҷузъи муҳими инфрасохтори бозор, ҳамчун шакли ташкили махсуси санҷиш мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аудит ҳамчун як намуди фаъолияти касбӣ якчанд сол пеш пайдо шудааст. Мустаҳкамгардонии қонунии моликияти хусусӣ ва таъсиси ҷамъиятҳои хоҷагӣ ва ширкатҳо, ки амволи оинномавии онҳо дар асоси маблағҳои шахсони тиҷоратӣ ва шахсони ҷисмонӣ ба вуҷуд меоянд, зарурияти низоми махсуси санҷиши фаъолияти молиявӣ – хоҷагии онҳоро ба миён овард<sup/>.

Мусаллам аст, ки ингуна санҷиш аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва аз ҷониби сохторҳои молиявии худи ин ҷамъиятҳо ба амал бароварда намешавад, чунки ин боиси нодурусти ва ғайриобъективӣ гардидани иттилоот дар хусуси вазъи молиявӣ – хоҷагии онҳо гаштанаш мумкин аст.

Чунин санҷиши мустақилро аз руи фаъолияти молиявӣ – хоҷагии ширкатҳои хусусӣ ба зиммаи худ танҳо аудит гирифта метавонад.

Дар натиҷа талабот ба хизматрасонии аудиторӣ аз ҷониби истифодабарандагони анъанавии чунин хизматҳо, яъне саҳомон, сармоягузорон ва кредиторҳо ба вуҷуд омад.

Дар замони ҳозира дар иқтисодиёти кишвари мо бозори хизматҳои аудиторӣ ба вуҷуд омадааст. Бозори хизматҳои аудиторӣ маҷмӯи шакл ва тарзҳои ба ҳам таъсиррасонии субъектҳои аудит буда, имконият медиҳад, манфиатҳои моликонро аз нодурустӣ ва суиистеъмол дар соҳаи ҳисоби муҳосибавӣ ва ҳисоботи молиявӣ ҳимоя ва дараҷаи таваккули иттилоотиро барои истифодабарандагони дигар кам намояд.

Аудит дар давлатҳои гуногун ҷузъи низоми иқтисоди молиявии онҳо мебошад. Барои ҳамин дар кишварҳои гуногун тафсирҳои гуногуни истилоҳи «аудит» вуҷуд дорад. Масалан, дар ИМА Кумита оид ба консепсияҳои асосии аудити ассотсиатсияҳои муҳосибон онро ҳамчун раванди объективии ҷамъ ва баҳодиҳии маълумотҳо дар бораи ҳаракат ва ҳодисаҳои иқтисодӣ ба мақсади муайян намудани мувофиқии ин маълумотҳо ба нишондодҳои муқарраргардида ва пешниҳод намудани натиҷаҳои тафтиш ба истифодабарандагони манфиатдор муаррифӣ мекунанд.

Дар Бритониёи Кабир кумита оид ба амалияи аудиторӣ чунин мафҳуми оддии аудитро пешниҳод намудааст: аудит – баррасии новобастаи ҳисобҳои молиявии корхона ва инъикоси фикри муайян дар бораи онҳо бо риоя намудани қоидаҳои муқаррарнамудаи қонун аз ҷониби аудиторӣ барои ин кор махсус таъингардида мебошад.

Дар адабиёт низ оиди аудит фикрҳои гуногун иброз дода шудаанд. Истилоҳи «аудит» ба маънои гуногун фаҳмида мешавад, аз ҷумла, ба маънои васеъ, аудит пеш аз ҳама фаъолияте мебошад, ки моҳияти онро санҷиши мустақил, новобаста, баҳодиҳӣ, ташхиси ҳисоби муҳосибавӣ ва ҳисоботи молиявӣ ташкил медиҳад. Ҳамин тариқ, истилоҳи «аудит» дар давлатҳои хориҷа барои муайян намудани намуди махсуси фаъолият, яъне тафтиши ҳисоби молиявӣ истифода мешавад.

Асоси ҳуқуқии фаъолияти аудиториро қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» аз 3 марти соли 2006 ташкил медиҳад, ки мувофиқи қисми 1 моддаи 1 қонун фаъолияти аудиторӣ, аудит ин фаъолияти соҳибкорӣ дар масъалаи санҷиши мустақилонаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи муҳосибии (молиявии) соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ мебошанд.

Ба доираи фаъолияти аудиторӣ ва аудит санҷиши баҳисобгирии муҳосибии муассисаҳои буҷетӣ дохил намешаванд. Санҷиши аудиторӣ амали намудани назорати давлатии эътимоднокии ҳисоботи муҳосибиро (молиявиро), ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ анҷом дода мешавад, истисно намекунад.

Мақсади фаъолияти аудиторӣ изҳори ақида дар бораи эътимоднокӣ ва дараҷаи аниқии ҳисоботи муҳосибӣ (молиявӣ) мебошад, ки ба истифодабарандаи ҳисобот барои баровардани хулосаҳои дуруст дар бораи натиҷаҳои фаъолияти хоҷагӣ, вазъи молиявӣ ва моликияти шахсони санҷишшаванда имкон медиҳад.

Аудиторҳои инфиродӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ, ки фаъолияти аудиториро ба амал мебароранд, хизматҳои зерини ба аудит дахлдорро расонида метавонанд:

– ташкил, барқарор сохтан ва пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ, тартиб додани ҳисоботи муҳосибӣ (молиявӣ), маслиҳати муҳосибӣ;

– тартиб додани нақшаҳои дурнамои марбут ба андоз, машварати марбут ба андоз;

– таҳлили фаъолияти молиявии хоҷагии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, машваратҳои иқтисодӣ ва молиявӣ;

– машварати идорӣ, аз ҷумла такмили сохтори таркибии ташкилот;

– автоматиконии баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҷорӣ намудани технологияи иттилоотӣ;

– баҳодиҳии нархи амвол;

– таҳия ва таҳлили барномаҳои сармоягузорӣ, таҳияи нақшаҳои тиҷоратӣ;

– иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавӣ дар соҳаҳои марбут ба фаъолияти аудиторӣ, интишори натиҷаи онҳо;

– мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таълим додани мутахассисон дар соҳаҳои марбут ба фаъолияти аудиторӣ;

– расонидани дигар хизматҳо доир ба фаъолияти аудиторӣ.

Ба аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ машғул шудан ба ин ё он намуди фаъолияти соҳибкорӣ, ба ғайр аз гузаронидани аудит ва расонидани хизматҳои ба он дахлдор, манъ карда мешавад.

Мувофиқи қонунгузории ҷорӣ аудит ва фаъолияти аудиторӣ – фаъолияти соҳибкорӣ мебошад ва дар шакли таъмини корҳои ташкилӣ ва методии гузаронидани аудит, иҷрои амали тафтиши аудиторӣ ва ғайраҳо ба амал бароварда мешавад.

Таҳлили нишонаҳои соҳибкорӣ ва фаъолияти аудиторӣ имконият медиҳад, ки ҳамаи нишонаҳои фаъолияти соҳибкориро дар ин намуди фаъолият пайдо намоем, яъне фаъолияти аудиторӣ – фаъолияти мустақил, бонизом, расмие мебошад, ки барои мунтазам ба даст овардани фоида аз расонидани чунин хизмат аз ҷониби шахсоне, ки ба чунин сифат бо тартиби пешбининамудаи қонун ба қайд гирифта шудаанд, равона шудааст.

Мустақилияти аудиторӣ – инфиродӣ дар ҳуқуқҳои аудитор зоҳир меёбад, ки бо хоҳиши худ шакл ва усулҳои гузаронидани аудитро муайян мекунад, ба истиснои ба нақшагирӣ ва ҳуҷҷатгузории аудит, тартиб додани ҳуҷҷатҳои кории аудит, хулосаи аудиторӣ ва ғайраҳо, ки бояд мувофиқи қоидаҳои бо қонун пешбинишуда ба амал бароварда шаванд.

Мунтазам ба амал баровардани фаъолияти аудиторӣ низ пурра ба нишонаи мунтазам будани фаъолияти соҳибкорӣ монанд мебошад.

Ба расмият даровардани фаъолияти аудиторӣ танҳо бо ба қайди давлатии аудиторҳои инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ алоқаманд намебошад, чунки он бо дигар тарзҳо низ ба амал бароварда мешавад, яъне бо роҳи бастани шартнома барои расонидани хизмати аудиторӣ. Фарқи фаъолияти аудиторӣ аз фаъолияти соҳибкорӣ бо хусусияти мақсади ин фаъолият ҷудо карда мешавад.

Фаъолияти аудиторӣ дар як вақт ду вазизифаи ба ҳам наздикро ҳал менамояд:

Якум, дар рафти ба амал баровардани фаъолияти аудиторӣ хулосаи ауидитор дар бораи дуруст будани ҳисоботи муҳосибӣ ва молиявии шахси санҷидашаванда бароварда шуда, инчунин мувофиқати ин амалҳо бо қонунгузории ҷорӣ санҷида мешавад;

Дуюм, дар ҳамин асос гирифтани фоида аз фаъолияти аудиторӣ ва хизматҳои ба он наздик.

б) Намудҳои аудит.

Дар қонунгузории ҷорӣ нишонаҳои таснифкунандаи фаъолияти аудиторӣ вуҷуд надошта бошанд ҳам, вале меъёрҳои алоҳида дар бораи аудити ҳатмӣ, ташаббусӣ, аудитори инфиродӣ, ташкилотҳои аудиторӣ ва ғайраҳо вуҷуд доранд.

Аудити ҳатмӣ ва ташаббусиро вобаста ба он, ки ба сифати таъинкунандаи аудит киҳо баромад менамоянд, ҷудо мекунанд. Аудити ҳатмӣ тафтиши ҳарсолаи ҳисоби муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявии ташкилот ё соҳибкори инфиродӣ мебошад. Бо аудити ҳатмии ҳарсола инҳо фаро гирифта мешаванд:

– бонкҳо;

-ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ, ки шаклҳои алоҳидаи муомилоти бонкиро анҷом медиҳанд ва ташкилотҳое, ки ба хариду фурӯши коғазҳои қиматнок машғуланд;

– ҷамъияти саҳомии кушода;

– ташкилотҳои суғуртавӣ;

– фондҳои ҷамъиятӣ;

– субъектҳои монополияи табиӣ;

– биржаҳои молӣ ва фондӣ, фондҳои сармоягузорӣ ва корхонаҳои воҳиди давлатии дорои ҳуқуқи пешбурди хоҷагӣ.

Ба мақсади баланд намудани сифати аудити ҳатмӣ дар қонун як қатор ҳолатҳо мустаҳкам карда шудаанд:

– аудити ҳатмӣ танҳо аз ҷониби ташкилоти аудиторӣ расонида мешавад;

– тафтиши аудитории шахсоне, ки ҳуҷҷатҳои молиявии онҳо сири давлатиро дар бар мегиранд, танхо аз ҷониби ташкилоти аудиторӣ гузаронида мешавад;

– шартномаи хизматрасонии аудиторӣ дар асоси озмуни кушода баста мешавад.

Аудити ташаббусӣ дар вакти дилхоҳ рӯзи дилхоҳ ва дар он ҳаҷме, ки тибқи қарори мақомоти идоракунии ташкилот ё соҳибкори инфиродӣ муайян намудааст, гузаронида мешавад. Аудити ташаббусӣ бо ташаббуси субъектони санҷишшаванда бо назардошти вазифа, мӯҳлат ва ҳаҷми санҷиши мушаххас гузаронида мешавад, ки дар шартномаи байни шахсони санҷишшаванда ва аудитори инфиродӣ ё ташкилоти аудиторӣ пешбинӣ карда шудааст.

Аудит инчунин дар асоси супориши мақомотҳои суд, прокуратура ва ғайра низ гузаронида мешавад.

Вобаста ба мақомоте, ки аудитро мегузаронад, аудити дохилӣ ва берунаро ҷудо менамоянд.

Аудити дохилӣ чунин хусусиятҳо дорад;

– дар дохилӣ корхона ва аз ҷониби сохторҳои дохилии корхона гузаронида мешавад;

– бо хоҳиши роҳбари ширкат гузаронида мешавад;

– иттилооте, ки дар натиҷаи аудити дохила ба даст оварда шудааст, барои қонеъ намудани талаботи шахсони идоракунанда зарур аст;

– хароҷот барои гузаронидани аудити дохилӣ аз ҷониби субъекти санҷидашаванда ба амал бароварда мешавад.

8 Загрузки

1.27K
Нет комментариев. Ваш будет первым!