Предмети фанни таълимии ҳуқуқ

Ҳар як илм предмети тадқиқоти худро дорад. Предмет ҳамчун қисмати илм дорои доираи зуҳуротҳое аст, ки зери тадқиқот қарор мегиранд. Дар баробари илм инчунин фанни таълимӣ арзи ҳастӣ менамояд. Мақсади илм фаҳмиши воқеияти давлатию ҳуқуқӣ мебошад. Мақсади фанни таълимӣ додани донишҳои аз илм гирифта шуда ба объектҳои таҳсилкунанда мебошад.

Ҳуқуқ ҳамчун фанни таълимӣ омӯхта мешавад. Он илми мустақили худро надорад, чунки ба ягон қисмати низоми илмҳои ҳуқуқшиносӣ ҳамчун илми ҳуқуқӣ дохил намешавад. Объекти омӯзиши онро низоми илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар маҷмӯъ ташкил медиҳанд, чунки он дар доираи фанни таълимӣ донишҳои асосии аз низоми илмҳои ҳуқуқшиносӣ гирифтаро ба донишҷӯён меомӯзонад.

Фанни таълимии ҳуқуқ асосҳои давлат ва ҳуқуқро меомӯзад. Мақсади фанни таълимии ҳуқуқ дар он аст, ки ба донишҷӯёни факултетҳои ғайриҳуқуқии мактабҳои олӣ асосҳои донишҳои ҳуқуқиро дар бораи зуҳуроти давлатию ҳуқуқӣ омӯзонад.

Фанни таълимии ҳуқуқ бо номи «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ», «Асосҳои ҳуқуқ», «Ҳуқуқ», «Ҳуқуқшиносӣ» дар факултетҳои ғайриҳуқуқии мактабҳои олӣ дарс дода мешавад. Таълим додани фанни ҳукуқ дар мактабҳои олӣ ба худ хусусиятҳои хосро соҳиб аст[1]. Омӯзиши фанни таълимии мазкур бо як таваҷҷуҳи хоса аз ҷониби донишҷӯён пазироӣ мегардад, чунки онҳо то омӯхтани фанни мазкур дар мактаби олӣ аллакай донишҳои заминавиро аз омӯхтани фанҳои ҳуқуқӣ дар мактаби миёна[2] аз худ кардаанд. Олимону муҳақиқони соҳаи илми ҳуқуқшиносӣ бо ҳамин номҳо китобҳои дарсӣ барои омӯзиши фанни таълимии ҳуқуқ эҷод кардаанд, ки маҳз барои донишҷӯёни факултетҳои ғайриҳуқуқии макотиби олӣ пешбинӣ шудаанд[3]. Барои омӯхтани фанни таълимии ҳуқуқ инчунин васоити таълимие, ки барои омӯзиши он пешбини гардидааст[4], аз аҳамият холи нест.

Дар ҷамъият бе донистани донишҳои асосӣ дар бораи давлат ва ҳуқуқ зистан мушкил аст, чунки ҳар як муносибатамон дар ҳаёт бо давлат ва мақомоти он, ҳуқуқ ва меъёрҳои он алоқаманд аст. Аз омӯхтани фанни таълимии ҳуқуқ сатҳи тарбияи ҳуқуқӣ, шуури ҳуқуқӣ ва маданияти ҳуқуқии шаҳрвандон баланд мегардад.

Омӯзиши фанни таълимии ҳуқуқ донишҷӯёнро дар бораи нақши давлат ва ҳуқуқ дар ҳаёти ҷамъият, ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, шакли идоракунии давлат, сохти давлатӣ, режими сиёсӣ, ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти он, ҳуқуқэҷодкунӣ, соҳаҳои алоҳидаи ҳуқуқ, тарзи ташкил ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳоказо ошно месозад. Инчунин омӯзиши фанни мазкур ба донишҷӯён барои аз худ намудани масъалаҳои муҳими ҳамарӯзаи давлативу ҳуқуқӣ кумак менамояд. Ба монанди, тартиби муроҷиати шаҳрвандон, намудҳои андозҳо ва тартиби ҳисоб кардани онҳо, аз сарҳади гумрукӣ гузаштан ва намудҳои пардохтҳои гумрукӣ, бастани никоҳ ва ташкили оила, ба кор қабул ва озод намудан, додани музди меҳнат, ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул гардидан ва монанди инҳо.

Ҳамин тариқ, фанни таълимии ҳуқуқ ба донишҷӯён донишҳои асосии ҳуқуқии назариявию амалии воқеияти давлатию ҳуқуқии аз низоми илмҳои ҳуқуқшиносӣ гирифтаро меомӯзонад.


[1] Ниг.: Певцова Е.А. Теория и методика обучения праву: Учебник для студентов высших учебных заведений. – М.: «Владос», 2003. – 400с.[2] Ниг.: Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон. Маҳмудов М.А., Раҳимов М.З. – Душанбе: «Ирфон», 1995. – 192с.; Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон. Маҳмудов М.А., Раҳимов М.З. – Душанбе: «Ирфон», 2006. – 200с.; Ҳуқуқи инсон. Китоби дарсӣ. // Зери таҳрири умумии Маҳмудов М.А., Зиёев Т.Н., Холиқов А.Ғ., Павленко Е.М. ва Сайфуллоев С. – Душанбе: «АВА», 2007. – 320с.[3] Ниг.: Асосхои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон / Дар зери таҳрири проф. Усмонов О.У. – Душанбе: «Маориф», 1999. – 288с.; Нодиров Ф.М. Ҳуқуқ. Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни факултаҳои иқтисодии мактабҳои олӣ. – Душанбе: «Деваштич», 2007. – 404с.; Алексеев Г.В. Правоведение. Учебное пособие. – СПб: «СПбГУИТМО», 2007. – 184с.; Зенин И.А. Основы права. Учебное пособие. – М.: «МЭСИ», 2003. – 184с.; Марченко М.Н., Дерябина Е.М. Правоведение: Учебник. – М.: «Проспект», 2004. – 416с.; Правоведение: Учебник. / Под общ. ред. Г.В. Мальцева. – М.: «РАГС», 2003. – 584с.; Правоведение: Учебник. / Под общ. ред. В.А. Козбаненко. – М.: «Дашков-К», 2006. – 1072с. ва ғ.[4] Ниг.: Асосҳои давлат ва ҳуқуқ. Васоити ҳуқуқӣ. / Шонасридинов Н., Нодиров Ф.М., Шарипов Т.Ш. – Душанбе: «Сино», 1997. – 102с.; Асосҳои давлат ва ҳуқуқ (васоити таълимӣ). / Нодиров Ф.М., Шарипов Т.Ш., Қодиров Ҷ.Ш. – Душанбе: «ДДМТ», 2007. – 140с.; Асосҳои давлат ва ҳуқуқ (васоити санҷишӣ-тестӣ). / Нодиров Ф.М., Қодиров Ҷ.Ш. – Душанбе: «Бахт-LTD», 2009. – 418с.; Основы государства и права: Учебное пособие для поступающих в вузы. / Под ред. академика О.Е. Кутафина. – М.: «Юристъ», 1999. – 384с. ва ғ.
390
Нет комментариев. Ваш будет первым!