Субъектҳои бозори хизматҳои аудитӣ

Қонун дар бораи фаъолияти аудиторӣ ҳайати субъектҳои муносибатҳоеро, ки дар доираи расонидани хизматҳои аудиторӣ ба вучуд меоянд, муайян намудааст. Мутобиқи муқаррароти қонунгузорӣ ба ҳайси субъектони муносибатҳои мазкур инҳо баромад менамояд:

– аудитор, ташкилоти аудиторӣ, шахсе, ки бо хизмати аудиторӣ фаро гирифта мешавад, яъне шахсе, ки бо ташкилоти аудиторӣ шартнома бастааст;

– мақомоти ваколатдори танзими давлатии фаъолияти аудиторӣ;

– иттиҳоди аудиторҳои касбӣ.

Мувофиқи муқаррароти қонунгузории ҷорӣ моддаи 6 Қонун аудитор шахси воқеиест, ки ба талаботи тахассусии муқаррарнамудаи мақомоте, ки танзими давлатии фаъолияти аудиториро иҷро менамояд, ҷавоб дода, аттестати дахлдори тахассуси аудиторӣ дорад.

Аудитор ҳуқуқ дорад, ки фаъолияти аудиториро ба ҳайси аудитори инфиродӣ ё корманди ташкилоти аудиторӣ, ки дар асоси шартномаи меҳнатӣ ба кор ҷалб шудааст, амалӣ намояд.

Аудитор шахси воқеие мебошад, ки ба талаботҳои квалификатсионии аз ҷониби мақомоти ваколатдор мукаррар кардашуда ҷавобгӯ мебошад ва аттестати квалификатсионии аудиторӣ дорад.

Ҳамзамон ба сифати аудитор инҳо баромад карда метавонанд:

– корманди штатии ташкилоти аудиторӣ;

– шахсе, ки аз ҷониби ташкилоти аудиторӣ ба кор дар асоси шартномаҳои ҳуқуқӣ – гражданӣ ҷалб карда шудааст;

– соҳибкоре, ки фаъолияти худро бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба амал мебарорад.

Аудитори инфиродӣ фаъолияти худро бо роҳи гирифтани иҷозатнома (литсензия) ба амал мебарорад. Қонун инчунин маҳдудиятҳоро нисбати санҷиши аудиторҳои инфиродӣ муқаррар намудааст, яъне ташкилотҳоеро номбар наудааст, ки аудитори инфиродӣ наметавонад онҳоро аудит гузаронад.

Қонун талаботҳои касбӣ ба довталабони аттестати квалификатсионии аудитрро муқаррар намудааст. Аудитор бояд таҳсилоти олии иқтисодӣ ё ҳуқуқӣ дошта бошад ва мактабҳои олиеро хатм намуда бошад, ки аккредитатсияи давлатӣ доранд ва худи довталаб собиқаи кории на камтар аз се сол дошта бошад. Аттестат бе мӯҳлат, вале ҳар сол онҳо бояд аз таълимгоҳҳои баланд намудани ихтисос гузаранд.

Ҳамзамон ба сифати аудитор шахсони зерин ҷалб карда намешаванд:

– шахсоне, ки ба фармоишгар, соҳиби моликият ё роҳбари субъекти хоҷагии санҷидашаванда муносибати хешутаборӣ доранд;

– шахсоне, ки бо субъекти хоҷагии санҷидашаванда муносибати шахсии молу мулкӣ доранд;

– кормандони субъекти хочагии санҷидашаванда ё филиали он;

– шахсони мансабдори мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ;

– кредитор, сармоягузор ё шахси дигари ҳавасманд, ё ин ки намояндаи он.

Ташкилоти аудиторӣ – ташкилоти тиҷоратӣ буда, санҷишҳои аудиторӣ ва хизматҳои ба аудит дахлдорро амалӣ менамояд.

Ташкилоти аудиториро дар ҳар кадом шакли ташкилӣ – ҳуқуқӣ ба истиснои ҷамъиятҳои саҳҳомии кушода, кооперативҳои истеҳсолӣ ва корхонаҳои воҳиди давлатӣ таъсис додан мумкин аст.

Ташкилоти аудиторӣ фаъолияти худро оид ба гузаронидани аудит баъди гирифтани иҷозатнома бо тартибе, ки қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» муқаррар намудааст, амалӣ менамояд.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ дар асоси талаботи қонун метавонанд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои аудиторӣ ташкил намоянд ва ё ба сифати аудиторони инфиродӣ ба фаъолияти аудиторӣ машғул шаванд.

На кам аз 70 фоизи шумораи кормандони ташкилоти аудиторӣ бояд шаҳрвандони Ҷумҳурии Точикистон бошанд. Дар сурати роҳбари ташкилоти аудиторӣ будани шаҳрванди хориҷӣ бояд на кам аз 75 фоизи кормандони онро шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намоянд.

Аз миқдори умумии ҳайати кормандони ташкилоти аудиторӣ шумораи аудиторони соҳиби иҷозатнома бояд на кам аз 70 фоиз бошад. Ташкилотҳои аудиторӣ метавонанд шахсонеро, ки аттестати тахассусии аудиторӣ (ва иҷозатнома) барои ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти аудиторӣ надоранд, ба сифати ёрдамчии аудитор ба кор қабул намоянд.

Ташкилоти аудиторӣ ташкилоти тиҷоратие мебошад, ки фаъолияти аудиторӣ ва дигар фаъолияти ба хизматрасонии аудиторӣ алоқамандро ба амал мебарорад. Ташкилоти аудиторӣ дар заминаи ҳамагуна шакли моликият таъсис ёфта метавонад.

Дар вақти гузаронидани санҷиши аудиторӣ аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ ҳуқуқ доранд:

– мустақилона шакл ва методҳои гузаронидани аудитро муайян намоянд;

– тамоми ҳуҷҷатҳои муҳосибии ба фаъолияти молиявӣ – хоҷагии ташкилоти санҷишшаванда вобаста буда, инчунин мавҷудоти ҳақиқии ҳама гуна амволи дар ин ҳуҷҷатҳо инъикосшударо санҷида бароянд;

– аз шахсони мансабдори шахси санҷишшаванда тавзеҳот ва маълумотҳои барои санҷиши аудиторӣ заруриро дар шакли хаттӣ ва шифоҳӣ дархост намоянд;

– дар сурати пешниҳод накардани тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз тарафи шахсони санҷишшаванда ва дар рафти санҷиши аудиторӣ ошкор намудани ҳолатҳое, ки ба хулосаи ташкилоти аудиторӣ ё ин ки аудиторони инфиродӣ дар баҳо додани дараҷаи мукаммалии ҳисоботи муҳосибии (молиявии) шахсони санҷишшаванда таъсир мерасонанд, ё метавонанд таъсир расонанд, аз гузаронидани санҷиши аудиторӣ, ё ин ки ибрози ақида дар хулосаи аудиторӣ дар бораи саҳеҳии ҳисоботи муҳосибӣ (молиявӣ) даст кашад;

– мутахассисони дахлдорро ба истиснои онҳое, ки дар объекти санҷишшаванда кор мекунанд, ё бо роҳбари корхона ягон робитаи хешу таборӣ, ё ин ки манфиатҳои умумии молиявӣ доранд, дар асоси шартнома ба кор ҷалб намоянд;

– дигар ҳуқуқҳоро дар асоси муносибатҳои ҳуқуқӣ, ки дар шартномаи хизматрасонии аудиторӣ муайян карда шудааст ва ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонун мухолиф нестанд, амалӣ намояд (м. 9 Қонун).

Ҳангоми гузаронидани санҷишҳои аудиторӣ аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ ӯҳдадоранд:

– санҷиши аудиториро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намоянд;

– бо талаботи шахсони санҷишшаванда маълумоти заруриро доир ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои гузаронидани санҷишҳои аудиторӣ дахл доранд, инчунин санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки мулоҳиза ва хулосаҳои аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ ба он асос ёфтааст, пешниҳод намоянд;

– дар мӯҳлати муқаррарнамудаи шартномаи хизматрасонии аудиторӣ хулосаҳои аудиториро ба шахсони санҷишшаванда ва ё ин ки ба шахсоне, ки бо онҳо шартномаи хизматрасонии аудиторӣ баста шудааст, супоранд;

– муҳофизати ҳуҷҷатҳоеро, ки дар рафти тафтишҳои аудиторӣ гирифта ва истифода карда шудаанд, таъмин намуда, мазмун ва моҳияти ин ҳуҷҷатҳоро бе розигии шахсони санҷишшаванда ва ё шахсоне, ки ба онҳо шартномаи хизматрасонии аудиторӣ баста шудааст, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, ошкор насозанд;

– дигар ӯҳдадориҳоро дар асоси муносибатҳои ҳуқуқӣ, ки дар шартномаи хизматрасонии аудиторӣ муайян карда шудаанд ва ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд, иҷро намоянд (м. 10 Қонун).

Аудиторҳо ӯҳдадоранд тафтиши аудиториро ихтисосмандона гузаронанд ва дигар хизмаҳои иловагии аудиториро низ расонанд. Аудитор ва ташкилоти аудиторӣ ҳуқуқ надоранд, бидуни розигии субъекти санҷидашаванда сирри тиҷоратиии ӯро фош намоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки аз натиҷаи тафтиш ба соҳиби моликият ё мақомоте, ки санҷишро таъин намудааст, чунин маълумот пешниҳод карда мешавад. Дар ҳолатҳои ошкор намудани ҳуқуқвайронӣ аз ҷониби субъекти санҷидашаванда, аудитор дар хулосаи аудиторӣ онро қайд менамояд ва барои бартараф намудани онҳо таклифҳо пешниҳод менамаояд.

Мақомоти ваколатдори танзими давлатии фаъолияти аудиториро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Принсипҳои асосии фаъолияти аудиторӣ инҳо мебошанд:

– мустақилият;

– воқеият;

– салоҳияти касбӣ;

– махфӣ нигоҳ доштани натиҷаҳои аудит.

Мустақилияти аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ бо кафолатҳои зерин асоснок карда мешаванд.

Мутобиқи моддаи 11 қонун шахсони санҷишшаванда ва ё шахсоне, ки барои хизматрасонии аудиторӣ шартнома ба имзо расонидаанд чунин ҳуқуқ доранд:

– аз аудиторони инфиродӣ ва ташкилоти аудиторӣ маълумотҳоро доир ба қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хулосаҳои аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ ба онҳо асос ёфтааст, дастрас намоянд;

– аз аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ дар мӯҳлати муайяннамудаи шартномаи хизматрасонии аудиторӣ хулосаи аудиториро гиранд;

– дигар ҳуқуқҳоро дар асоси муносибатҳои ҳуқуқӣ, ки дар шартномаи хизматрасонии аудиторӣ муайян карда шудаанд ва ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд, амалӣ намоянд.

Ҳангоми гузаронидани санҷиши аудиторӣ шахсони санҷишшаванда ва ё шахсоне, ки барои хизматрасонии аудиторӣ шартнома ба имзо расонидаанд, ӯҳдадоранд:

– бо ташкилотҳои аудиторӣ барои гузаронидани аудити ҳатмӣ дар мӯҳлати муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти ваколатдор шартнома ба имзо расонанд;

– ба аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ барои сари вақт ва пурра гузаронидани санҷиши аудиторӣ шароит фароҳам оварда, ҳамкорӣ намоянд, ба онҳо маълумот ва ҳуҷҷатҳоеро, ки барои гузаронидани аудит заруранд, пешниҳод намоянд, аз рӯи дархости шифоҳӣ ва хаттии аудиторон ё ин ки ташкилотҳои аудиторӣ дар шакли шифоҳӣ ва хаттӣ шарҳи мукаммал ва тасдиқкунанда диҳанд, инчунин аз шахсони сеюм маълумотҳои заруриро барои гузаронидани санҷиши аудиторӣ дархост намоянд;

– бо мақсади маҳдуд намудани доираи масъалаҳое, ки ҳангоми гузаронидани санҷишҳои аудиторӣ бояд муайян карда шаванд, ҳеҷ гуна амалҳоро наандешанд;

– камбудиҳоеро, ки дар рафти санҷиши аудиторӣ аз тарафи аудиторон доир ба тартиб додани ҳисоботи муҳосибӣ (молиявӣ) ошкор карда шудаанд, ба таври таъҷилӣ бартараф намоянд;

– маблағи хизмати аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиториро мутобиқи шартномаи гузаронидани аудит, аз ҷумла дар ҳолатҳои хулосаи ҷамъбастии аудиторӣ ба нуқтаи назари шахсони санҷишшаванда мувофиқ набудан ва инчунин дар ҳолатҳои нопурра иҷро намудани хизматрасонии аудиторӣ аз тарафи аудиторон бо сабабҳои ба онҳо новобаста сари вақт пардохт намоянд;

– дигар ӯҳдадориҳое, ки дар асоси муносибатҳои ҳуқуқӣ, ки дар шартномаи хизматрасонии аудиторӣ муқаррар карда шудааст ва ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд, иҷро намоянд.

Гузаронидани аудит шахсони санҷишшавандаро аз ҷавобгарии ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ набудани ҳисоботи муҳосибии (молиявии) пешниҳодшаванда ва дигар ҳуҷҷатҳо озод наменамояд.

Тартиби пардохт ва ҳаҷми хизматонаи аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ барои гузаронидани аудит (аз ҷумла аудити ҳатмӣ) ва расондани хизматҳои аудитӣ мувофиқи шартномаҳои расондани хизматҳои марбута муайян карда мешавад ва набояд ба иҷрои ин ё он талаби шахсони санҷишшаванда дар бораи мазмуну мундариҷаи хулосаҳое вобаста карда шавад, ки дар натиҷаи санҷиш бароварда мешаванд.

4 Загрузки

345
Нет комментариев. Ваш будет первым!