Танзими ҳуқуқии фаъолияти аудиторӣ

а) Танзими меъёрии фаъолияти аудиторӣ.

Дар ҷаҳони муосир ду консепсияи танзими фаъолияти аудиторӣ вуҷуд дорад.

Консепсияи якум, бештар дар Австрия, Исландия, Фаронса, Олмон паҳн шудааст ва дар ин давлатҳо аудит бештар ба манфиатҳои бонкҳо ва ташкилотҳои давлатӣ таваҷҷӯҳ дорад. Дар ин давлатҳо фаъолияти аудиторӣ ба тарзи қатъӣ аз ҷониби мақомтҳои марказӣ танзим шудааст. Мақомотҳои марказӣ аз болои фаъолитяти аудиторҳо назорат мебаранд, яъне функсияи асосии ин мақомотҳоро назорати давлатӣ аз рӯи фаъолияти аудиторӣ ташкил медиҳад.

Консепсияи дуюм, дар давлатҳои ИМА, Бритониёи Кабир паҳн шудааст. Фаъолияти аудиторӣ дар ин давлатҳо аз ҷониби иттиҳодияҳои ҷамъиятии касбии аудиторҳо танзим карда мешавад. Аудитор дар ин давлатҳо бештар ба манфиатҳои сармоягузорон, саҳомон, кредиторҳо ва дигар субъектҳои хоҷагӣ таваҷҷӯҳ дорад.

Дар кишварҳои собиқи Шӯравӣ низоми мураккаби танзими фаъолияти аудиторӣ вуҷуд дорад. Дар низоми ин давлатҳо ҷоий асосиро қонун ташкил менамояд, аз ҷумла, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ».

Ба гурӯҳи дуюм, санадҳои меъёрии зерқонуние, ки барои аудиторҳо иҷрои онҳо ҳатмӣ мебошанд, маҳсубанд. Дар баробари ин қонунгузор муқаррар намудааст, ки меъёрҳое, ки дар дигар қонунҳо ҷойгир карда шудаанд ва фаъолияти аудиториро танзим менамаоянд, бояд ба меъёрҳои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» мувофиқ бошанд.

Ба санадҳои гурӯҳи сеюм стандартҳои фаъолияти аудиторӣ дохил карда шудаанд, ки иҷрои онҳо низ барои аудиторҳо ҳатмӣ мебошад.

Чунин стандартҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуда барои ташкилотҳои аудиторӣ ва аудиторҳои инфиродӣ ҳатмӣ мебошанд ва дар асоси онҳо аудит гузаронида мешавад.

Мувофқи моддаи 12 қонун стандартҳои фаъолияти аудиторӣ талаботи ягона нисбати тартиби амалӣ намудани фаъолияти аудиторӣ, ба расмият даровардани натиҷаҳо ва назорати сифатнокии аудит, инчунин хизматҳои ба аудит дахлдор мебошад.

Стандартҳои фаъолияти аудиторӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

Чунин намудҳои стандарти фаъолияти аудиторҳо метавонанд вуҷуд дошта бошанд:

– интихоби аудиторӣ;

– далелҳои аудиторӣ;

– назорати дохилии ташкили сифати аудит;

– амали аудит ҳангоми муқаррар намудани вайронкуниҳои ҳисоботи муҳосибавӣ;

– ҳуҷҷатнигории аудит;

– истифодаи донишҳои эксперт ва ғайраҳо.

Ба замми ин ба ин гурӯҳи санадҳои меъёри инчунин санадҳои меъёриеро, ки аз ҷониби вазорату муассисаҳо қабул шудаанд ва қоидаи ташкил ва гузаронидани аудитро дар дохили як соҳа пешбинӣ менамоянд дохил карда мешаванд.

Ба гурӯҳи чорум стандартҳои дохилифирмавии аудиториро дохил намудан мумкин аст, ки фаъолияти ташкилотҳои мушаххаси аудиториро дар бар мегиранд.

Стандартҳои дохилии ташкилотҳои аудиторӣ, бояд ба як қатор шартҳо ҷавобгӯ бошанд, аз ҷумла:

– стандартҳои дохилии ташкилот набояд ба қоидаҳои фаъолияти аудиторӣ зид бошанд;

– талаботи стандартҳои дохилии ташкилот набояд аз талаботи қоидаҳои стандартҳои марказӣ пасттар бошанд.

Дар адабиётҳо оиди табиати ҳуқуқии ин стандартҳо баҳс вучуд дорад ва мувофиқи ақидаи олимон, онҳо аломатҳои меъёрҳои ҳуқуқиро надоранд, гарчанде ки онҳор ҳамчун санадҳои локалӣ эътироф менамоянд. Чунин ҳуҷҷатҳо одатан дар асос ва барои иҷро намудани санадҳои меъёрии қувваи авлотари ҳуқиқӣ дошта қабул карда мешаванд ва набояд мухолифи онҳо бошанд.

б) Мақомотҳое, ки фаъолияти аудиториро танзим менамоянд

Яке аз субъектҳои бозори хизматҳои аудиторӣ мақомоти ваколатдори танзимсози фаъолияти аудиторӣ мебошад. Чунин мақомот Вазорати молияи Ҷумхурии Точикистон мебошад ва он ба ҳамаи ташкилотҳои аудиторӣ, ташкилоти аудитии суғурта ва сармоягузорӣ иҷозат медиҳад. Бонки миллӣ бошад танҳо ба аудиторҳои низоми бонкӣ иҷозат медиҳад.

Мақомоти ваколатдори танзими давлатии фаъолияти аудиториро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, ки он чунин вазифаҳоро иҷро менамояд:

– дар доираи салоҳияти худ санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки фаъолияти аудиториро танзим менамоянд, қабул менамояд;

– стандартҳои фаъолияти аудиториро таҳия мекунад;

– аз тарафи аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ риоя намудани шарту талаботи иҷозатномавиро назорат менамояд;

– риоя стандартҳои фаъолияти аудиторӣ аз тарафи аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиториро зери назорат мегирад;

– ҳаҷм ва тартиби ба мақомоти ваколатдор пешниҳод намудани ҳисоботҳо барои аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиториро муайян менамояд;

– феҳристи бақайдгирии давлатии аудиторонеро, ки соҳиби аттестати тахассусӣ ва иҷозатнома мебошанд, пеш мебарад (м. 4 Қонун).

Ваколатҳои мақомоти давлатиро ба ду намуд ҷудо намудан мумкин аст:

– муҳайё намудани шароит барои ташкил ва гузаронидани аудит (танзими ташкилӣ);

– созмон додани шароитҳои инкишофи аудит дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (танзимнамоии стратегӣ).

Ба гурӯҳи якуми ваколатҳои мақомоти давлатӣ ташкили низоми аттестатсиякунии аудиторҳо, таълим ва баланд бардоштани дараҷаи тахассусии онҳо, иҷозатдиҳии фаъолияти аудиторӣ, ба амалбаровардани феҳристи давлатиии аудиторҳои аттестатсияшуда ва иттиҳодияҳои аудиторҳои касбӣ дохил мешаванд.

Гурӯҳи дуюми ваколатҳои мақомотҳои далатӣ аз таҳия намудани стандартҳои фаъолияти аудиторӣ ва пешниҳод намудани онҳо барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян намудани ҳаҷм ва тартиби пешниҳод намудани ҳисоботи ташкилотҳои аудиторӣ ва аудиторҳои инфиродӣ иборат аст.

в) Иттиҳоди аудитрон

Аҳамияти махсус ба иттиҳодияҳои аудиторҳои касбӣ дода мешавад ва ҷойи онҳо дар низоми танзимнамоии ҳуқуқии бозори хизматҳои аудиторӣ муқаррар карда шудааст.

Иттиҳодияҳои касбии аудиторон гуфта, иттиҳоди аудиторҳои инфиродӣ, ташкилотҳои аудиториеро меноманд, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади таъмини шароити фаъолияти аудиторон, яъне аъзоёни худ, ҳифзи манфиатҳои онҳо, риояи қоидаҳои фаъолияти касбӣ ва ахлоқи касбӣ таъсис дода шуда, дар асосҳои ғайритиҷоратӣ фаъолият менамоянд.

Бо мақсади таъмини шароит баҳри фаъолияти аудиторӣ ва муҳофизати манфиатҳои касбии аъзоёни худ, аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ метавонанд дар иттиҳоди аудиторони касбӣ, ки дар асоси ғайритиҷоратӣ амал менамояд ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст, муттаҳид шаванд (м. 20 Қонун).

Ҳамин тариқ, қонунгузории ҷорӣ чунин нишонаҳои ҳуқуқии иттиҳодияҳои касбии аудиториро ҷудо менамояд:

– дар асосҳои ғайритиҷоратӣ фаъолият доштан;

– доштани аккредитатсияи мақомоти давлатӣ;

– аккредитатсия эътирофи расми ва бақайдгирии иттиходи касбии аудиторҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ;

– ташкилотҳои аудиторӣ ва аудиторони инфиродӣ метавонанд, ки аъзои иттиҳодия бошанд;

– аз ҷониби аъзоён қоидаҳои ба амал баровардани фаъолияти касбӣ ва ахлоқи касбӣ бояд ҳатман риоя карда шаванд.

Ҳангоми бекор намудани иҷозатномаи аудиторони инфиродӣ ё ташкилотҳои аудиторӣ онҳо аз ҳайати иттиҳодия хориҷ карда мешаванд. Ингуна аудитор дар мӯҳлати на зиёда аз се сол аз лаҳзаи бекор намудани иҷозатнома наметавонад, ки ба ҳамин иттиҳодия ё ин ки иттиҳодияи дигар аъзо шавад.

Иттиҳодияҳои аудиторҳо чунин ҳуқуқҳо дорад:

– ҳуқуки иштирок намудан дар аттестатсияи шахсоне, ки хоҳиши ба фаъолияти аудиторӣ машғул шуданро доранд. Қайд намудан зарур аст, ки аттестатсия аз ҷониби мақомоти давлатии дахлдор гузаронида мешавад;

– гузаронидани тафтиши сифати кори ташкилотҳои аудиторӣ ё аудиторҳои инфиродӣ, ки аъзои иттиҳодияи касбӣ мебошанд;

– мутобиқи талаботҳои квалификатсионии мақомоти ваколатдори давлатӣ таҳия намудани барномаҳои таълимӣ ва барномаҳо, барои ба амал баровардани тайёрии касбии аудиторҳо ва ғайра.

Дар давлатҳои аъзои ИДМ ассотсиатсияи муҳосибон ва аудиторҳо арзи вуҷуд дорад, ки ба сифати аъзоёни ин ташкилот 12 ассотсиатсияи муҳосибон ва аудиторҳои ин давлатҳо баромад менамояд ки дар маҷмӯъ 100 ташкилоти аудиторӣ ва зиёда аз ҳазор аудиторҳои инфиродиро муттаҳид намудааст.

г) Аттестатсияи фаъолияти аудиторӣ<sup/>

Тартиби аттестатсияи фаъолияти аудиториро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Аттестати тахассусии аудитор дар ҳолатҳои зерин бекор карда мешавад, агар:

– аттестати тахассусиро аз рӯи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ гирифта бошад;

– ҳукми суд оиди пешбинӣ намудани ҷазо дар шакли маҳрум намудан аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти аудиторӣ дар мӯҳлати муайян эътибори қонунӣ пайдо карда бошад;

– талаботи моддаҳои 13 ва 15 Қонун риоя нашуда бошад;

– талаботи муқаррарнамудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ин ки стандартҳои фаъолияти аудиторӣ ҳангоми гузаронидани аудит аз тарафи аудитор мунтазам вайрон шуда бошад;

– муқаррар шуда бошад, ки хулосаи аудиторӣ бе гузоранидани санҷиши аудиторӣ аз тарафи аудитор имзо шуда бошад;

– дар мӯҳлати ду соли тақвимӣ паи ҳам аудитор бо фаъолияти аудиторӣ машғул нашуда бошад.

Қарор оид ба бекор намудани аттестати тахассусии аудитор аз тарафи мақомоти ваколатдор қабул карда мешавад. Мақомоти ваколатдор нисбати бекор намудани аттестати тахассусии аудитор қарори асоснок мебарорад.

Шахсе, ки аттестати тахассусиаш бекор карда шудааст, ҳуқуқ дорад аз рӯи қарори қабулнамудаи мақомоти ваколатдор дар бораи бекор намудани аттестати тахассусии аудитор дар мӯҳлати се моҳ аз рӯзи қабули қарор ба суд шикоят намояд.

Шахсе, ки аттестати тахассусии ӯ бо асосҳои бандҳои 1, 3, 5 қисми 1 моддаи 19 бекор карда шудааст, ҳуқуқ надорад, ки такроран дар бораи гирифтани аттестат оид ба ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолияти аудиторӣ дар мӯҳлати се сол аз рӯзи қабул кардани қарор дар хусуси бекор намудани аттестати тахассусии ӯ бо ариза муроҷиат намояд.

Шахсе, ки аттестати тахассусии ӯ дар асоси банди 2, қисми 1 моддаи 19 бекор карда шудааст, ҳуқуқ надорад, ки дар мӯҳлати пешбининамудаи ҳукми эътибори қонунӣ пайдокардаи суд, дар бораи гирифтани аттестат оид ба ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолияти аудиторӣ такроран бо ариза муроҷиат намояд.

§ 4. Хулосаи аудиторӣ

Мақсади фаъолияти аудиторӣ изҳори ақида дар бораи эътимоднокӣ ва дараҷаи аниқии ҳисоботи муҳосибӣ (молиявӣ) мебошад, ки ба истифодабарандаи ҳисобот барои баровардани хулосаҳои дуруст дар бораи натиҷаҳои фаъолияти хоҷагӣ, вазъи молиявӣ ва моликияти шахсони санҷишшаванда имкон медиҳад.

Хулосаи аудиторӣ ҳуҷҷати расмие мебошад, ки барои истифодабарандагони ҳисоботи муҳосибии (молиявии) шахсони санҷишшаванда пешбинӣ гардида, мувофиқи стандартҳои фаъолияти аудиторӣ тартиб дода шудааст ва ақидаи аудиторони инфиродӣ ё ташкилоти аудиториро дар бораи эътимоднокии ҳисоботи муҳосибии (молиявии) шахси санҷишшаванда аз рӯи шакли муқарраршуда, мувофиқати тартиби пешбурди баҳисобгирии муҳосибиро ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода менамояд.

Шакл, мазмун, мундариҷа ва тартиби додани хулосаи аудиторӣ мувофиқи стандартҳои фаъолияти аудиторӣ ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии мақомоти ваколатдор муайян карда мешаванд (м. 14 Қонун).

Дар натичаи гузаронидани аудит яке аз чунин намудҳои хулоса бароварда мешавад:

а) хулосаи мусбӣ – дар он ҳолате таҳия карда мешавад, ки ҳисоботи муҳосибавии санҷидашаванда бо назардошти риояи ҳамаи ҳолатҳои дахлдор мутобиқи санадҳои меъёри – ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда шуда бошад;

б) шартан мусбӣ – дар он ҳолате чунин хулоса дода мешавад, ки агар тартиб додани хулосаи бештар имконият надошта бошад, вале омилҳои мамонияткунанда на то он андозае дахлдор мебошанд, ки хулосаи манфӣ таҳия ё ин ки аз додани хулоса даст кашида шавад;

в) манфӣ – дар он ҳолате таҳия карда мешавад, ки дар ҳисоботи муҳосибавӣ хатогиҳои дахлдор вуҷуд доранд ва ҳуҷҷатҳои муҳосибавӣ ба талаботи қонунгузорӣ дар бораи ҳисоботи муҳосибавӣ мувофиқ намебошанд.

Ҳамзамон. аудитор метавонад аз додани хулоса даст кашад. Радкунӣ дар шакли муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба амал бароварда шуда, дар сурате роҳ дода мешавад, ки объекти аудит маҳдуд шуда бошад ё ин ки имконияти гирифтани далелҳои аниқӣ аудиториро истисно намояд.

Хулосаи аудиторӣ бояд ба принсипҳои зерин ҷавобгӯ бошад:

– принсипи пуррагӣ;

– принсипи дахлдор.

Хулоса бояд мутобиқи қоидаҳои зерин таҳия карда шавад:

– ба хулоса шахси ваколатдори ташкилоти аудиторӣ имзо гузорад ва дар ҳолатҳои зурурӣ онро бо мӯҳр тасдиқ намояд;

– хулоса бояд бо забони давлатӣ таҳия карда шавад;

– нишондодҳои арзишӣ бояд бо асъори миллӣ ифода карда шаванд.

Хулосаи аудиторӣ аз се қисм иборат мебошад:

– қисми муқаддимавӣ;

– қисми таҳлилӣ;

– қисми ҷамъбастӣ.

9 Загрузки

447
Нет комментариев. Ваш будет первым!