Тавсифи умумии ҳуқуқи меҳнат
Предмет ва мафҳуми ҳуқуқи меҳнатӣ
Нишонаи муҳимтарини ба соҳаҳои алоҳида ва мустақил таҷзия намудани ҳуқуқи миллиро предмет ва усулҳои танзимнамои ташкил медиҳанд. Ҳар як соҳаи ҳуқуқ дорои предмети ба худ хос мебошад, ки аз доираи муайяни муносибатҳои ҷамъиятӣ иборат аст. Муносибатҳои ҷамъиятӣ ҳарчанд табиати ягонаи иҷитимоӣ дошта бошанд ҳам, аз якдигар бо мазмун, хусусияти он фаъолияте, ки нисбати он одамон ба робитаи ҷамъиятӣ дохил мешаванд, фарқ мекунанд.
Ҳуқуқи меҳнатӣ ҳамчун як соҳаи алоҳида ва мустақил, муносибатҳои ҷамъиятӣ – меҳнатиеро, ки оиди аз ҷониби шаҳрвандон ба амал баровардани қобилияти меҳнатӣ ба вуҷуд меоянд, танзим менамояд.
Гуногуншаклии моликият, гуногуншаклии татбиқи меҳнатро рӯӣ кор овард, ки бо хусусияти робитаи коркун ва соҳибмулк, дараҷаи иштироки коркунон дар идоракунии истеҳсолот, шаклҳои тақсими даромад ва дигар аломатҳо алоқаманд мебошад<sup/>1. Аз ин рӯ, муносибатҳои ҷамъиятӣ-меҳнатиро вобаста ба шакли моликият ба гурӯҳҳои зерин ҷудо кардан мумкин аст:
1)муносибатҳои ҷамъиятӣ – меҳнатие, ки дар заминаи моликияти давлатӣ ба вуҷуд меоянд;
2) муносибатҳои ҷамъиятӣ – меҳнатие, ки ба моликияти коллективӣ асос ёфтаанд;
3) муносибати ҷамъиятӣ – меҳнатие, ки дар пояи моликияти хусусӣ қарор доранд<sup/>2.
Гурӯҳҳои нисбатан мустақил ва ба иқтисодиёти бозоргони хосро муносибатҳо оиди татбиқи меҳнати кироя ташкил медиҳанд. Онҳо дар тамоми мавридҳое, ки коркун ба ҳайси соҳибмулк баромад намекунад ва дар тақсимоти даромад ширкат намеварзад, ба вуҷуд меоянд. Чунин коркунон дар асоси шартномаи (қарордодӣ) меҳнатӣ кор карда, қувваи кории худро ба кордиҳанда ба киро медиҳад. Ин муносибатҳои меҳнатӣ, хусусияти универсалӣ дошта, бо тамоми шаклҳои моликият алоқаманд буда метавонанд.
Ғайр аз муносибатҳои меҳнатӣ, инчунин дигар гурӯҳи муносибатҳои ҷамъиятӣ низ ҷой доранд, ки ба муносибатҳои меҳнатӣ пайвастагии ногусастанӣ дошта, бо ҳуқуқи меҳнатӣ фаро гирифта мешаванд:
– муносибатҳои ташкилӣ – идоракунӣ ва иҷтимоӣ – иқтисодӣ дар бахши меҳнат;
– муносибатҳои бо кор таъминкунӣ;
– муносибатҳо оиди омадагии касбӣ ва такмили ихтисос бевосита дар корхонаҳо;
– муносибатҳо оиди масъулияти тарафҳои муносибатҳои меҳнатӣ;
-муносибатҳо оиди назорат аз болои ҳифзи меҳнат ва риояи қонунҳои меҳнатӣ;
– муносибатҳо оиди баррасии баҳсҳои меҳнатӣ ва ғайра.
Муносибатҳои меҳнатии дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ басташуда, инчунин шомил шудан ба корхонаҳои кооперативӣ ба вуҷуд меоянд.
Ҳуқуқи меҳнатӣ гуфта, маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқии аз тарафи давлат ё бо иштироки мақомоти дахлдори давлатӣ муқарраршуда ва инчунин дар санадҳои локалӣ сабтшудаеро меноманд, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ – меҳнатӣ ва дигар гурӯҳи муносибатҳои ҷамъиятии ба онҳо алоқамандро танзим менамоянд.
Муносибатҳои меҳнатӣ на танҳо тавассути қонун, балки ба воситаи шартнома низ танзим карда мешаванд.
Сатҳи ҳадди ақали ҳуқуқи меҳнатӣ ва кафолатҳоро барои кормандон санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат муқаррар менамоянд.
Созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ (тарифӣ), минтақавӣ (вилоятӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ), шартномаҳои коллективӣ, шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ метавонанд ҳуқуқ ва кафолати меҳнатиеро, ки дар санадҳои қонунгузорӣ пешбинӣ нагардидаанд, муқаррар намоянд.
Шартҳои созишнома ва шартномаҳое, ки вазъи кормандонро дар қиёс ба муқаррароти санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат бадтар менамоянд, эътибор надоранд.
Шартҳои созишнома ва шартномаҳо оид ба меҳнат, агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, наметавонанд якҷониба тағйир дода шаванд. Масъалаҳое, ки бо санади қонунгузорӣ ва дигар санади меъёрии ҳукуқӣ оид ба меҳнат танзим нагардидаанд, бо розигии тарафҳо тавассути шартномаҳои меҳнатӣ ҳалу фасл мегарданд. Дар сурати байни онҳо ба даст наомадани созиш тибқи тартибе, ки мутобиқан барои ҳалли баҳсҳои меҳнатии коллективӣ ва ё инфиродӣ муқаррар гардидаанд, ҳалу фасл мешаванд.
§ 2. Сарчашмаҳои ҳуқуқи меҳнатӣ
Сарчашмаҳои ҳуқуқи меҳнатӣ ба маънои мушаххас шакли ифодаёбии меъёрҳои ҳуқуқиро меноманд<sup/>.
Ба сифати сарчашмаҳои ҳуқуқи меҳнатӣ санадҳои меъёрӣ баромад мекунанд, ки ба намудҳои зерин ҷудо мешаванд:
1) қонунҳо;
2) санадҳои меъёрии зериқонунӣ.
Қонунҳо бошанд, дар навбати худ ба қонунҳои конститутсионӣ ва муқаррарӣ ҷудо мешаванд. Ба санадҳои меъёрии зерқонунӣ бошад, фармонҳои Президент, қарорҳои ҳукумат, санадҳои меъёрии локалӣ дохил мешаванд.
Аз ин нуқтаи назар, ба сарчашмаҳои ҳуқуқи меҳнатӣ санадҳои зерини меъёрӣ мутааллиқанд:
1) Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) санадҳои ҳуқуқии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ;
5) Санадҳо – созишномаҳо: Созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ (тарифӣ), минтақавӣ (вилоятӣ, ноҳиявӣ шаҳрӣ);
6) шартномаҳои коллективӣ ва дигар санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ) оид ба меҳнат (қоидаҳои дохилии меҳнат, ҷадвали рухсатиҳо, инчунин фармонҳо, амрияҳо, нишондодҳо ва дигар санадҳое, ки роҳбари ташкилот дар дораи салоҳияти худ мебарорад);
7) Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст.
§ 3. Принсипҳои ҳуқуқи меҳнатӣ
Принсипҳои ҳуқуқӣ гуфта, ғояҳои роҳбарикунандаеро меноманд, ки моҳият, хусусиятҳои асосӣ ва раванди умумии такмили меъёрҳои ҳуқуқиро ифода менамоянд<sup/>.
Принсипҳои ҳуқуқӣ ба принсипҳои умумӣ, байнисоҳавӣ, соҳавӣ ҷудо мешаванд.
Ҳуқуқи меҳнатӣ ҳамчун соҳаи алоҳида ва мустақил, дорои принсипҳои ба худ хос мебошад. Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипҳои зерини танзими ҳуқуқии меҳнатро мустаҳкам намудааст:
– озодии меҳнат ва имконияти озодона ихтиёрдорӣ намудан аз қобилияти меҳнатӣ, интихоби шакли фаъолият ва касб;
– манъ будани меҳнати маҷбурӣ;
– ҳуқуқ ба ҳифзи меҳнат;
– ҳуқуқ ба гирифтани маълумот;
-ҳуқуқ ба муттаҳидшавӣ. Кафолати фаъолияти озодонаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;
– ҳуқуқ ба ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳо бо истифода аз тамоми воситаҳои бо қонун манънашуда;
– ҳуқуқ ба гирифтани ҳаққи меҳнат бе ҳеҷ гуна поймолкунии ҳуқуқ ва на камтар аз ҳадди ақали муқарраршуда.
– ҳуқуқ ба истироҳат.
§ 4. Ҳуқуқҳои асосии меҳнатӣ ва вазифаҳои корманд ва корфармо
Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар шахс ба меҳнат, интихоби касб, кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ аз бекорӣ ҳуқуқ дорад.
Давлат ба ҳар як корманд кафолати чунин ҳукукҳоро медиҳад:
1) хизматрасонии бепул барои интихоби касб, омодагии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисос;
2) ба таври одилона қадр кардани меҳнат ва сари вақт пардохтани музди он;
3)мусоидати ройгон дар интихоби кори мувофиқ ва мутобиқи ихтисос, қобилият ва омодагии тахассусӣ таъмин будан бо кор;
4) шароити меҳнате, ки ба талаботи бехатарӣ ва гигиена ҷавобгӯ бошад;
5) истироҳате, ки бо роҳи муқаррар намудани давомнокии вақти корӣ, рӯзҳои истироҳати ҳарҳафтаина, рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда, рӯзҳои кӯтоҳи кор барои як қатор ихтисос ва корҳо таъмин карда мешавад;
6) иштирок дар идора намудани ташкилот;
7) муҳайё намудани кори мувофиқ ба мӯҳлати на камтар аз се сол барои мутахасисони ҷавон – хатмкунандагони муассисаҳои таълимии давлатӣ, ки бо дархости корхнаҳо ба кор омаадаанд;
8) ҷуброни хароҷоти моддӣ барои кӯчидан ба ҷои нави истиқомат ва кор тибқи муқаррароти қонунҳо;
9) ҷуброни зарари вобаста ба кор, ки ба саломатӣ ё амволи ӯ расидааст;
10) муттаҳид шудан дар итифоқҳои касаба ва дигар ташкилотҳое, ки манфиати кормандон ва коллективҳои меҳнатиро ифода мекунанд;
11) корпартоӣ;
12) ҳимояи судии меҳнатӣ аз ёрии тахасусии ҳуқуқӣ;
13) ёрдампулӣ мувофиқи суғуртаи иҷтимоӣ дар ҳолатҳои мувақатан гум кардани қобилияти меҳнатӣ ва дигар ҳолатҳои муқарраркардаи қонун;
14) ҳимоя аз бекорӣ;
Корманд вазифадор аст:
– мутобиқи шартномаи (қарордди) меҳнатӣ вазифаи хешро софдилона иҷро намояд;
– интизоми меҳнатӣ ва технологияро риоя кунад;
– бо амволи корфармо эҳтиёткорона муносибат намояд;
Корфармо ҳуқуқ дорад:
– ташкилотро идора кунад ва дар доираи салоҳияти худ қарор қабул намояд;
– шартномаҳои (қарододҳои) меҳнатӣ бандад ва онҳоро бекор кунад;
– шумораи зарурии кормандонро барои иҷрои кор муайян кунад;
дар доираи салоҳияти худ санадҳои ҷузъии ҳуқуқӣ қабул намляд, ки барои кормандони ташкилот ҳатмист;
– кормандонро барои меҳнатӣ сермаҳсули намунавӣ ҳавасманд гардонад;
– аз кормандон иҷрои қоидаҳои таритиботи дохлии меҳнатӣ, дигар қоидаҳо ва муқаррарот, инчунин шартномаҳои меҳнатиро талаб намояд.
– дар сурати вайрон кардани ( аз ҷониби корманд роҳ додан ба амали ғайриинтизомӣ) интизоми меҳнатӣ кормандро ба ҷавобгарии интизомӣ кашад;
– якҷоя бо дигар корфармоён барои ҳимояи манфиатҳои касбии хеш иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ташкил диҳад ва ба чунин иттиҳодияҳо шомил гардад.
Корфармо ӯҳдадор аст:
Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кодекси мазкури меҳнат, қонунҳо ва дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ ва шартномаҳои меҳнатиро риоя намояд, барои кормандон шароити мусоиди истеҳсолӣ фароҳам орад, дар ташкилот риоя гардидани қоида ва меъёрҳои ҳифзи меҳнат, техникаи бехатарӣ, санитарияи истеҳсолӣ ва ҳимоя аз сӯхторро таъмин намояд;
– ҳангоми бастани шартномаи (қарордди) меҳнатӣ кормандро ба шартномаи коллектвӣ ва дигар санадҳои меъёрии дохилӣ ташкилот шинос намояд;
– музди меҳнати кормандро сари вақт пардозад;
– ба кормандон васоит (таҷҳизот) ва маводи барои иҷрои кор заруриро муҳйё намояд.
Имтиёзҳо барои кормандон, ки дар баробари кор таҳсил мекунанд:
– корфармо вазифадор аст барои маълумоти касбӣ гирифтан дар истеҳсолот, такмили ихтисос ё аз истеҳсолот ҷудо нашуда, дар муассисаи таълимӣ таҳсил кардани кормандон ҷиҳати пешбурди якҷояи кор ва таҳсил шароити зарурӣ муҳайё намояд.
– кафолат ва ҷубронҳои барои кормандони дар баробари кор таҳсилкунанда пешбинишуда танҳо дар ҷойи кори асосӣ дода мешавад.
– корфармо вазифадор аст, ки касбомӯзӣ, бозомӯзӣ ва такмили дониши кормандонро барои соҳиб гаштан ба ихтисоси дуюм (муҷовир) ба роҳ монад, барои бевосита дар истеҳсолот ё дар муассисаҳои касбомӯзӣ такмили ихтисос кардани онҳо шароит муҳайё намояд.
– баъди хатми таҳсили касбӣ ба корманд тахассуси дахлдор (гурӯҳ, дараҷа, категория) – и касбӣ дода, мувофиқи ихтисоси гирифтааш кор пешниҳод карда мешавад. Маълумоти умумии касбии кормандон ҳангоми баланд бардоштани дараҷа, гурӯҳ ва категорияҳои ихтисосӣ, таъини андозаи музди меҳнат ва ба вазифаи баладтар пешбарӣ кардани онҳо ба эътибор гирифта мешавад.
– кормандоне, ки дар баробари кор дар муассисаҳои таълимӣ мехонанд, нақшаҳои таълимиро иҷро менамоянд, бо рухсатии иловагии пулакӣ аз ҷои кор ба ҳафтаи кӯтоҳи корӣ ва дигар имтиёзҳо бо тартиб ва шароити муқарраркардаи қонунҳо ва дигар санади меъёрӣ ҳақ доранд. Дар созишномаҳо, шартномаҳои коллективӣ ва дигар санади меъёрии ҷузъии (локалии) ташкилотҳо барои кормандоне, ки дар муассисаҳои таълими мехонанд, аз ҳисоби маблағи ташкилотҳое, ки онҳоро ба таҳсил фиристодаанд, имтиёзҳои иловагӣ муқаррар шуда метавонанд.
– Имтиёзҳо барои талабагони мактабҳои маълумоти умумӣ:
Кормадоне, ки дар мактабҳои маълумоти умумӣ мехонанд, ба ҳафтаи кӯтоҳи кории на камтар аз як рӯзи корӣ ё ба ҳамон қадар соати корӣ (дар сурати кӯтоҳ кардани рӯзи корӣ дар давоми ҳафта) ҳақ доранд.
Талабагони мактабҳои маълумоти умумӣ дар давоми соли таҳсил на камтар аз 42 рӯзи тақвимӣ ҳангоми шаш рӯз будани ҳафтаи корӣ ё мутобиқан ба ҳамон қадар соати корӣ дар сурати ҳафтаи кории панҷрӯза аз кор озод карда мешаванд. Агар ҳафтаи кор аз панҷ рӯз иборат бошад, миқдори умумии соатҳои кор озод кардани корманд вобаста ба давомнокии басти кори зимни боқӣ мондани миқдори соатҳои фориғ аз кор тағйир меёбад.
Дар муддати аз кор озод будани талаба ба ӯ аз ҷои кори асосӣ на камтар аз панҷоҳ фоизи музди меҳнат, вале на камтар аз андозаи муқарраршудаи ҳадди ақалли музди меҳнат маош дода мешавад.
Талабагони мактабҳои маълумоти умумӣ ба рухсатии пулакии иловагӣ аз ҷои кори асосӣ барои супоридани имтиҳонҳо ба мӯҳлати на камтар аз андозаи муқарраркардаи қонунҳо ва дигар санади меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нигоҳдории музди миёнаи меҳнат дар давраи рухсатӣ ҳақ доранд.
– Имтиёзҳо барои талабагони омӯзишгоҳҳои маълумоти умумии касбӣ:
Ба кормандоне, ки дар баробари кор дар омӯзишгоҳҳои касбиютехникӣ ё ҳамин хел омӯзишгоҳҳои дигар мехонанд, барои омодагӣ ва супоридани имтиҳонҳо ва талабагоне, ки дар баробари кор дар мактабҳои миёнаи махсус ва олӣ мехонанд, барои иҷрои корҳои лабараторӣ, супоридани санҷишҳо ва имтиёзҳо омодагӣ ва дифои лоиҳаи (корҳои) дипломӣ аз ҷои кор ба муддати на камтар аз андозаҳои муқарраркардаи қонунҳо ва дигар санади меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатии иловагӣ ва музди миёнаи меҳнат дода мешавад.
Ба кормандоне, ки дар мактабҳои миёнаи махсус ва олӣ маълумоти касбӣ мегиранд, ҳар ҳафтаи рӯзҳои кориаш иборат аз шаш рӯз барои тайёрӣ ба машғулият дар давоми даҳ моҳи таълимӣ пеш аз навиштани лоиҳаи (кори) дипломӣ ё супоридани имтиҳоноти ниҳоӣ камаш як рӯзи аз кор озод ва музди миёнаи меҳнат дода мешавад.
Дар сурати аз панҷ рӯз иборат будани ҳафтаи кори миқдори рӯзҳои аз кор озод вобаста ба давомнокии басти корӣ тағйир ёфта, миқдори соатҳои аз кор озод боқӣ мемонад.
Ба кормандоне, ки дар мактабҳои миёнаи махсус ва олӣ ғоибона мехонанд, барои пардохти хароҷоти рафтуомад ба маҳалле, ки мактаб воқеъ гардидааст, бо тартиби муқарраркардаи қонунҳо ё дигар санади меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёз дода мешавад.
5 Загрузки